Газели


Показаны записи 61-70 из 534

Аз дари хеш маро бар дари ғайре чӣ барӣ

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Аз дари хеш маро бар дари ғайре чӣ барӣ? Боз, гӯӣ, ба дари ғайр чаро мегузарӣ? Аз ту ҳам пеши ту ҳам бар дари ту дод маро, Фитнагар ҳам туву гӯӣ, ки чаро фитнагарӣ? Гар дари буткада рафтаам зи дари Каъба, равост, Ҳам дари туст дари буткада, чун дарнигарӣ. Каъбаву дайр туӣ, Каъба куҷо, дайр куҷост? Нест ғайр аз ту касе, ғайр киро мешумарӣ? Каъба гар шуд зи ту пур, буткада ҳам холӣ нест, Камие нест туро, к-аз ҳама бисёртарӣ. Ҷӯямат гаҳ ба дари Каъба, гаҳе бар дари дайр, Чун гадои ту шудам, аз ту шуд ин дарбадарӣ. Рафт овоза, ки имсол ба ҳаҷ рафт Камол, Бас муборак сафаре чун ту ба ӯ ҳамсафарӣ. Агар дар куштанам таъхир кардӣ, Набуд аз марҳамат, тақсир кардӣ. Раҳо кардӣ чу ман девонаеро, Гирифтӣ зулфро, занҷир кардӣ. Зи дил хунҳо чакид он дам, ки бар мо Ба қасди ҷон гузар чун тир кардӣ. Чӣ шӯхӣ, эй писар, к-аз аҳди тифлӣ Ба хунам майл беш аз шир кардӣ. Накардӣ саҷда, эй воиз, бар он рӯй, Ба бединӣ маро такфир кардӣ. Рақибо, менамоӣ одамишакл, Ту он ҳайат чаро тағйир кардӣ? Камол, аҳволи дарди хеш бо ёр Чу гуфтӣ, нек бад тақрир кардӣ.

Ошӯби ҷонӣ, шӯхӣ ҷаҳонӣ

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ошӯби ҷонӣ, шӯхӣ ҷаҳонӣ, Беэътиқодӣ, номеҳрубонӣ. Аз пеши хешам то чанд ронӣ, Заҳри фироқам то кай чашонӣ? Ман меҳр варзам, оре, ман инам, Ту кина варзӣ, оре, ту онӣ. Гоҳам навозӣ, гоҳам гудозӣ, Гоҳе чунинӣ, гоҳе чунонӣ. Бе ҷурм куштан ҳар дам якеро Натвон, валекин ту метавонӣ. З-ин сон, ки дорӣ аз хеш дурам, Гар мирам аз ғам, аз ман надонӣ. Гуфтам: Нисорат созам дури ашк. Гуфто: Чӣ гӯям? Дур мечаконӣ! Бо ту чӣ монад Хизру Масеҳо, Умре ту ҳаргиз бо кас намонӣ. Гар аз Камол, эй мӯнис, малӯлӣ, Рафтам зи кӯят, бурдам гаронӣ. Он шӯх дӣ ба роҳе мерафт ҳамчу шоҳе, Дар пешу пас зи ҷонҳо бо ӯ равон сипоҳе. Медод доди хубӣ, мекард низ бедод, Аз ҳар тараф баромад фарёди додхоҳе. То лола доғбардил, то гул фитода дар гил, Ин зад ба ҷома чоке в-он бар замин кулоҳе. Мекард боз гесӯ, мешуд аз он мушавваш, Мекард боз, гӯӣ, дар ҳоли мо нигоҳе. Ин сӯзи сина то кай? Оҳ, аз диле, ки аз вай Корем барнаёмад ҷуз нолаеву оҳе. Дорӣ аз он ду соид пурсим остинҳо, Аз дилбарон, ки дорад з-ин гуна дастгоҳе? Дар даъвие, ки пайкон, гӯем, ҳаққи сина-ст, Аз тири ту надорад дил росттар гувоҳе. Азбаски кушт чашмат, мардум ба мотами мо Пӯшида ҳар яке бин дар хонаҳо сиёҳе. Гӯяд Камол фар-фар сад шеъри тар ба як шаб, Лекин ба васфи рӯят ҳар як ғазал ба моҳе.

Маро, ки рӯӣ ту бинам, чӣ ҳоҷат аст ба моҳ

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Маро, ки рӯӣ ту бинам, чӣ ҳоҷат аст ба моҳ,* Ки кас назар накунад бо вуҷуди гул ба гиёҳ. Агар зи ҳусни рухат ёфтӣ нишон Юсуф, Зи шарми рӯи ту берун наомадӣ аз чоҳ. Хирад чу қудрати ҳақ дар рухат мушоҳида кард, Бигуфт: Ашҳаду ан ло Илоҳа илаллоҳ. Назар ба сурати хубон агар гуноҳ бувад, Саҳифаи амали банда пур бувад зи гуноҳ. Камол, чун ту шудӣ бандаи ҳама хубон, Агар ту ҷой надорӣ, ба ӯ биёр паноҳ. _______________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад. _______________________________________ Ҳар тир, ки бар ҷони ман аз дур расида, Дил омада наздику бар ӯ дӯхта дида. Мо рӯи ту дидему зи ҷон меҳр буридем, Наззорагии Юсуф агар даст бурида. Ҳар зоҳиди ангуштнамое, ки ба меҳроб Абрӯи ту дида, сари ангушт газида. Ман чун кашам он зулф, ки суратгари Чинаш Чун хома ба ангушти тахайюл накашида?! Гирди даҳани ӯ чу набот он хати мушкин Аз ғояти тангист зи лабҳош дамида. Гуфтори латифи ту, Камол, оби ҳаёт аст, Дар зулмати хат зиндадилонаш талабида. Сад дафтари шеър аз ҳасану Хусрави Лочин В-аз гуфтаи ширини ту як байти ҷарида.

Мо ҷигарсӯхтагон доғи ту дорем ҳама

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Мо ҷигарсӯхтагон доғи ту дорем ҳама, Марҳаме бахш, ки маҷрӯҳу фигорем ҳама. Соқиё, гар назаре ҳаст ба майхоронат, Ба ду чашми ту, ки дар айни хуморем ҳама. Дурди дарде зи хуми ишқ ба паймона барор, К-аз тараб наъраи мастона барорем ҳама. Сели мижгону нами дидаи мо гар талабӣ, Ҳар чӣ з-инҳо талабӣ, дар назар орем ҳама. Муфлисонем, агар даст надорем ба ҳеч, Чун ту дорем, ба маънӣ ҳама дорем ҳама. Буд аҳде, ки нагирем даме бе ту қарор, Ҳамчунон бар сари он аҳду қарорем ҳама. Сару ҷон хостӣ, эй ҷони гиромӣ, зи Камол, Ҳама саҳл аст, биё, то бисупорем ҳама. Ҳар тир, к-аз ту бар дили ғампарвар омада, Дил з-интизор хун шуда, то дигар омада. Аз дасту соиди ту маро теғи обдор Аз оби зиндагӣ ба гулӯ хуштар омада. Хизри хатат надида мисоли лабат дар об, Чандон ки гирди чашмаи ҳайвон баромада. Бархостаст аз лабу холат қиёмате, Инак Билол ҳам ба лаби Кавсар омада. Дар ҷӯи чашм лаҳза ба лаҳза фузуда об, То нақши орази ту ба чашми тар омада. Шохи гулӣ, ба гиря магар орамат ба бар, Бе об шохи тоза куҷо дар бар омада? То карда тоза дафтари ғамҳои дил, Камол, Хунҳои тоза бар варақи дафтар омада.

Гуфтам: Шакар аст он, на даҳон. Гуфт: Туро чӣ

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гуфтам: Шакар аст он, на даҳон. Гуфт: Туро чӣ? Гуфтам: Чӣ намакҳост дар он? Гуфт: Туро чӣ? Гуфтам: Даҳани танги туро дар лаби хомӯш Лутфест, ки гуфтан натавон. Гуфт: Туро чӣ? Гуфтам: Ба хушӣ гар лаби ширини ту ҷон аст, Қад низ равон аст, равон. Гуфт: Туро чӣ? Гуфтам: Ту на ҷониву басе дӯстар аз ҷон, Ҳам ҷониву ҳам шӯхи ҷаҳон. Гуфт: Туро чӣ? Гуфтам: Рухи ту барги гул аст, омада бар рӯй, Холат хушу хат хуштар аз он. Гуфт: Туро чӣ? Гуфтам: Чӣ камандафкану дилбанд фитодаст Он гесуи дар пой кашон. Гуфт: Туро чӣ? Гуфтам: Зи малоҳат ҳама чизат ба Камол аст, Хандон шуду афсункунон гуфт: Туро чӣ? Лаби ёр барҳам чаро зад зи писта, Чӣ муҷиб шикастан зи муште шикаста? Шакар пеши он лаб дурӯғест ширин Ба чандин гиреҳ бар найи қандбаста. Бар он оби ораз хати нозуки ӯ Ғуборест бар хотири мо нишаста. Бичинам ба мижгон ҳама хори роҳаш, К-аз осеби поям нагарданд хаста. Насими сабо, бод дасташ дупора, Ки зулфи дутои ту гирад дудаста! На меҳрест барбаста дилро ба рӯят, Ки чун лола доғест аз сина руста. Камол, ар ба оташ барад чун сипандат, Магӯ бо кас ин сир, магар ҷаста-ҷаста.

Кӯҳли басар нест ҷуз он хоки роҳ

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Кӯҳли басар нест ҷуз он хоки роҳ, Чашм ба сурма макун, эй дилсиёҳ. Дуд, шунидам, сӯи хубон равад, Бо ту расад оқибат ин дуди оҳ. Дарди ту гар ҷурму гунаҳ мениҳанд, Ҳаст зи сар то қадами ман гуноҳ. Моҳ бидид он руху худро гирифт, Бесабабе рух нагирифтаст моҳ. Гар хами абрӯи ту дидӣ зи дур, Каҷ наниҳодӣ маҳи нав ҳам кулоҳ. Васли ту нохоста гуфтам, тавон Ёфт чу фарзин шарафи қурби шоҳ. Гуфт, ки ман шоҳи бутонам, Камол, Гар ҳаваси мот бувад, шаҳ бихоҳ! Гар сар талабӣ, бар дарат орем ба дида, Чун ашк ҳама бар сари кӯи ту давида. Бикшой ба абрӯи сияҳ чашм, ки он ҷо Аз ё Раби мо дуд ба меҳроб расида. Зоҳид, чӣ аҷаб, бе лабаш ар коми ту талхаст, Комест зи ҳалвои муҳаббат начашида. Дар сӯҳбати соҳибназарон бор надорад Соҳибҳаваси бори маломат накашида, Дидӣ рухи Юсуф, зи чӣ бар ҳарфи Зулайхо Ангушт ниҳӣ дамбадам, эй дастбурида. Ту гӯш ниҳодастиву мо дида ба дидор, Аз дида басе фарқ бувад то ба шунида. Бо дидаи тар суд Камол он кафи поро Чандон, ки шудаш рӯ ба кафи пои ту суда.

Зери по аз зулфи мушкин гаҳ-гаҳе мекун нигоҳ

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Зери по аз зулфи мушкин гаҳ-гаҳе мекун нигоҳ, То бубинӣ аз ту мискинон басе дар хоки роҳ. Шавқи он рӯи чу оташ гар гунаҳ гиранду ҷурм, Ман сазои оташам, чун бештар дорам гуноҳ. Бар ду ораз чун кашад он турфа хатҳо дар ду рӯз, К-ончунон нозук хате натвон навиштан дар ду моҳ. Ногирифта зулфи ӯ, бӯсиданаш хоҳам зақан, Ташнаам ман, ташна, хоҳам бе расан рафтан ба чоҳ. Ашк меояд равон, з-он тезтар оҳу фиғон, Мерасад, гӯӣ, фалон, эй дидаву дил, роҳ-роҳ. Меравем аз ҳасрати он чашм, бар тобути мо, Дӯстдорон, гӯ, биафшонед бодоми сиёҳ. Дӯстон гӯянд, мекун бар дараш афғон, Камол, Чун кунам, к-аз бими ҳосид оҳ натвон кард, оҳ?! Шабат хуш бод, эй боди саҳаргоҳ, Ки овардӣ ҳавои зулфи он моҳ. Чӣ суд аз нолаи шабҳо, ки ҷонон Зи ҳоли дардмандон нест огоҳ. Дар он ҳазрат агарчи роҳи он нест, Ки бошам ман зи наздикони даргоҳ, Вале айбе чунон набвад зи дарвеш, Ки дорад орзуи сӯҳбати шоҳ. Ман аз аҳли тариқат будам аввал, Чу рафторат бидидам, рафтам аз роҳ. Маро зоҳид зи шабхезон шуморад, Ману авроди субҳ, астағфируллоҳ! Ту ҷон хоҳ аз Камол, эй роҳати ҷон, Ки ӯро дар ғамат ин аст дилхоҳ.

Рӯи хуб аз мани муштоқ напӯшонӣ беҳ

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Рӯи хуб аз мани муштоқ напӯшонӣ беҳ, Қимати сӯҳбати соҳибназарон донӣ беҳ. Гарчи дастат диҳад озори дили мискинон, Хотири ошиқи бечора наранҷонӣ беҳ. Ман ба савдои ту боз омадам аз шаҳвати чашм, Ки бад-он рӯй назарбозии рӯҳонӣ беҳ. Майли шоҳӣ накунад, ҳар ки гадои ту бувад, З-он ки ин манзилат аз давлати султонӣ беҳ. Суду сармояи ҷонро, ки матоъест гарон, Мани савдозада дорам ба ту арзонӣ беҳ. Дил зи боғи рухи ӯ себи зақан, гӯ, ба каф ор, Гар ба ранҷур расад меваи бустонӣ беҳ. Гарчи ҷон лоиқи он ҷону ҷаҳон нест, Камол, Ҳолиё он чӣ ба даст аст, барафшонӣ беҳ. Зоди роҳи ошиқон дард асту рӯи зарду оҳ, Роҳ аз ин гунаст, бисмиллаҳ, кӣ дорад азми роҳ? Меҳри ӯ даъвӣ кунӣ, оҳ аз Сурайё бигзарон, Нашнавад қавли ту кас, то нагзаронӣ ин гувоҳ. Дӣ назар мекардам он рӯю аз ин беҳ давлате Менадидам дар ҷаҳон, чандон ки мекардам нигоҳ. Гар гунаҳкорӣ шуморанд орзуи рӯи хуб, Мо чӣ гуна рӯи ӯ бинем бо чандин гуноҳ? Дар даҳонаш ҷойгоҳи як сухан гуфтам, ки ҳаст, Боз дидам он суханҳо буд бас бе ҷойгоҳ. Кори ашк аз чеҳраи шамъӣ баакс афтодааст, Акс бошад пеши мардум об бар болои коҳ. Дар миёни хуни мижгон оқибат чашми Камол, Хок гашт аз интизори ӯ сақиллоҳу сароҳ.

Дилам ба захми забонҳо нагардад озурда

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дилам ба захми забонҳо нагардад озурда, Ки ошиқи ту бавад кундаи табархурда. Чӣ хуш бувад санаме чун ту дар бар овардан Ба хилвате, ки бувад ҳуҷра дарбароварда. Диле, ки буд дар ӯ раҳм, кардиаш аз санг, Дигар чӣ бархӯрам аз ёри дилдигаркарда? Ба нози чашми ту парварда шуд дилам, мангар Ба хорияш, ки азизест нозпарварда. Шунидаӣ, ки мавизи сияҳ бувад ширин, Гузин зи сабзхатон дилбари сияҳҷурда. Маро чӣ бим зи оташ, чу сард хоҳад шуд Ҷаҳими пуршарар аз зоҳидони афсурда. Камол, воизи хушгӯи мо зи бонгу хурӯш Чӣ шуд хомӯш, нигаҳ дор, гӯ, ҳамин парда. Дилам тарсад дар он зулфи хамида, Шаб аст ореву сарҳои бурида. Агар гул андалебонро накуштаст, Чӣ хун аст ин бар он доман чакида? Ба рух ашкам гарав бурда зи симоб, Чу бар болои зар бо ҳам давида. Дили мо дидаӣ ҷои ғами хеш, Чӣ некӯ дидаӣ, эй нури дида! Рухи ту оташ асту зулф хирман, Ба хирман оташам з-онҳо расида. Зи оташ оҳи ман чарбида бисёр, Чу бо ин нола онро баркашида. Камол, аз ҳоли дил байте ду бинвишт, Парешон шуд варақҳои ҷарида.

Чу чашми масти ту дидам, хуморам аз дида

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Чу чашми масти ту дидам, хуморам аз дида,* Кушод чашми ту ашкам, диморам аз дида. Зи дида дил ба яке нӯш норасида ҳанӯз, Ҳазор неш ба дил беш дорам аз дида. Қарор кардаму гуфтам дигар наварзам ишқ, Ки бурд ишқи ту хобу қарорам аз дида. Дар оташи ғами ишқи ту рехт хун аз чашм, Бо бод рафт ҳама кору борам аз дида. Дар орзуи хиёлат сиришки ман ҳама шаб Чу Даҷла гашт равон бар канорам аз дида. Бари ту нома навиштан гар иттифоқ афтад, Ба нӯки хома сиёҳӣ барорам аз дида. Зи дида хуни дил аз дида рехт бе ту, Камол, Биё, бубин, ки чӣ сон дилфигорам аз дида. _______________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад. _______________________________________ Дар пои ту танҳо на сари мост фитода, Халқест бар он хоки қадам рӯй ниҳода. Аз бими рақиби ту, к-аз ин дар ҳамаро ронд, Хуни мижаам пеши ту як дам наситода. Дил меҳри лаби лаъли ту дорад, ҳама донанд, Пайдо бувад аз ҷоми тунук ҷавҳари бода. Шарманда наям аз даҳани ӯ ба ду бӯсе, К-он ваъда басе дода, вале ҳеч надода. Ҳарчанд шаҳи мо ба вафо сахт бахил аст, Ҳастанд гадоён ба дуо дасткушода. Дард арчи зиёд аст зи ҳиҷрони ту моро, Аз бими маломат натавон гуфт зиёда. Бигзар ба Камол, аз дили ӯ пурс, ки гӯянд Ман ода маризан фалаҳу аҷри шаҳода.

Показаны записи 61-70 из 534