Показаны записи 91-100 из 534
Бе лаби соқӣ маро май наравад дар гулӯ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Бе лаби соқӣ маро май наравад дар гулӯ,
Нуқлу май они шумо бод, кулу в-ашрабу.*
Пири муғон гӯядам, бода бихӯр, ҳам бубар,
Бода куҷо мебарам бо лаби ӯ карда хӯ?
Мӯҳтасиби хумшикан гар кадуи май шикаст,
Мешиканам ман сараш, гарчи кам аст аз каду.
Чун бикашӣ хони ҳусн, лаб зи назарҳо бипӯш,
Варна гадоён кунанд аз паи ҳалво ғулӯ.
То биниҳам пеши ту ҳар қадамеро саре,
Соя сари ман бисохт рӯзи висоли ту ду.
Гар бикашам зулфи ту, фикр зи бадгӯ макун,
Ман чу нагуфтам ба кас ҳар чӣ шунидам зи ту.
Дӯсттар аз ҳар чӣ ҳаст сӯҳбати ёр асту бас,
Дар ҳама олам, Камол, дӯст куҷо, ёр ку?
__________________________________________________
* Аз Қуръони маҷид: Бихӯред ва биошомед (бинӯшед).
__________________________________________
Чораи кас накунад ғамзаи хунхораи ту,
Чун нагиряд, чӣ кунад ошиқи бечораи ту? Кард бо хок сару ҷони азизон ҳамвор
Доғи пайваставу дарду ғами ҳамвораи ту.
Ҳар касеро зи дили реш бувад нолаву оҳ,
Нолаи мо зи дили сахттар аз хораи ту.
На манам аз ватан афтода ғариби туву бас,
Эй, муқимону ғарибон ҳама овораи ту.
Рӯзи ҳашр аз дили ошиқ ба ҷуз ин нест суол,
Ки чӣ омад ба ту аз ёри ситамкораи ту?
Гар кунӣ парда зи рух дур, марон чашми маро,
Ки бувад лоиқу шоистаи наззораи ту.
Чанд пӯшӣ зи халоиқ чу шуниданд, Камол,
Лайса фӣ ҷуббати аз хирқаи садпораи ту.
Эй кош рафтаме чу сабо дар ҳарими ту
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй кош рафтаме чу сабо дар ҳарими ту,
То зинда гаштаме нафасе аз насими ту.
Аз ту умед қатъ кунам, ин раво бувад,
Моро умедҳост ба лутфи амими ту.
Гар бигзарӣ ту аз сари аҳди қадими мо,
Мо нагзарем аз сари аҳди қадими ту .
Эй он, ки манъ мекунӣ аз ошиқӣ маро,
Фарёд аз ин табиати номустақими ту.
Моро ба сӯҳбати худ агар раҳ намедиҳӣ,
Боре рақиб кист, ки бошад надими ту?!
Оё чӣ гуна сабр кунад дар ғами фироқ
Парварда дар висол ба нозу наими ту?
Мағрури ишвае шудаӣ боз, эй Камол,
Оҳ аз саломати туву табъи салими ту.
Эй нури дидаро нигаронӣ ба рӯи ту,
Ҷоно, тааллуқест диламро ба кӯи ту.
Гар дигарон зи васли ту дармон талаб кунанд,
Моро бас аст дарди туву орзуи ту.
Чашми ҷаҳон ба моҳ рухат дид солҳо,
Бигзашт солҳову нидидем рӯи ту.
Аз раҳгузори ёр чӣ бархезад, ар даме
Дилро кушоише расад аз банди мӯи ту.
Бо мо даме барор, ки ҷони ғариби мо
Мондаст дар бадан мутааллиқ ба бӯи ту.
Биншин даме, ба ҳаққи дили мо, ки солҳо
Наншастаем як нафас аз ҷустуҷӯи ту.
Гӯӣ, ҳикояте зи лабаш гуфтаӣ, Камол,
К-оби ҳаёт мечакад аз гуфтугӯи ту.
Эй дил, ҳикояти ғами худ бо сабо бигӯ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй дил, ҳикояти ғами худ бо сабо бигӯ,*
Бо ёри ошно сухани ошно бигӯ.
Чун бигзарӣ ба манзили ёр, эй насими субҳ,
Аз рӯи лутф шаммае аз ҳоли мо бигӯ.
Сӯзе, ки ҳаст дар дили ман, шарҳи он бидеҳ,
Ҳоле, ки рафт бар сари ин мубтало, бигӯ.
То кӯҳ дар хурӯшу фиғон ояд аз ғамам,
Рамзе зи дарду меҳнати ман босадо бигӯ.
Алқисса, муҷмале зи тафосили дарди ман
Гар бошадат маҷоли сухан, эй сабо, бигӯ!
Чун бишнавӣ ҷавоби Камол, аз камоли лутф
Лафзан ба лафз ҳар чӣ шунидӣ, биё, бигӯ!
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Эй дил, ғуломи ӯ шудӣ, эй ман ғуломи ту,
Бодат муборак ин, ки ҷаҳон шуд ба коми ту!
Аз ман ба расми банданавозӣ ба ӯ бигӯ:
Муштоқи хидмат аст ғуломи ғуломи ту.
Охир, на аз туам ҳама вақт омадӣ паём,
Охир, куҷо шуд он карами мустадоми ту?
Пеш аз салом пеш равам қосиди туро,
Гар дар намоз бошаму орад саломи ту.
Номи канору бӯс чу бурдан наметавон,
Ҳам дар канори нома бибӯсем номи ту.
Сад гӯши дигарам зи Худо бошад орзу,
Рӯзе, ки бишнавам зи расуле паёми ту.
Эй кош, нома рӯй бипечидӣ аз Камол,
То ӯ ба гӯши хеш шунидӣ каломи ту.
Эй ҳарими Каъбаи дил кӯи ту
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй ҳарими Каъбаи дил кӯи ту,
Қиблаи риндони муқбил рӯи ту.
Гӯшагирон карда дар меҳробҳо
Ҳамчу чашмат мастӣ аз абрӯи ту.
Порсо чандин бузургӣ дар димоғ
Кай тавонад, кай шунидан бӯи ту?
Гар кунам васфи даҳонат солҳо,
Кардаам васфи сари як мӯи ту.
Хоб чашмони ту доранд аз чӣ рӯй?
Сар ниҳад зулфи ту бар зонуи ту.
Дилкаш аст он зулфу ин қуллобҳост,
Он ки моро мекашад дил сӯи ту.
Гарчи гум шуд бар сари кӯят Камол,
Ёфтам бозаш ба ҷустуҷӯи ту.
Эй, диловезтар аз риштаи ҷон кокули ту,
Бурда сӯи ту дилам мӯйкашон кокули ту.
Сунбули ғолиясоят чу сабо шона зада,
Шуда бар хирмани гул мушкфишон кокули ту.
Дода аз кори фурӯбастаи ман мӯй ба мӯй
Хабар он турраи дилбанду нишон кокули ту.
Ҳамчу шамшод, ки аз бод ба печ афтаду тоб,
Дар ту печидаву афтода чунон кокули ту.
Гар бисозанд гул аз ғолияву оби ҳаёт,
Ҳам нашояд, ки бишӯянд ба он кокули ту.
Уд хушбӯ буваду мушк, валекин зи ҳама
Барсар омад, чу баромад зи миён кокули ту.
Дил, ки дуздид сари зулфи ту аз дасти Камол,
Бурду дар зери кулаҳ кард ниҳон кокули ту.
Агар дашном мегӯӣ, маро гӯ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Агар дашном мегӯӣ, маро гӯ,
Ки аз ҷонат дуогӯям, дуогӯ.
Чу гӯӣ носазои ҳар кӣ хоҳӣ,
Манат пурсам: Киро гуфтӣ? Туро - гӯ.
Равам гуфтиву дарде оварам боз,
Чу дард овардӣ, эй мӯнис, даво гӯ.
Нахоҳам ёр шуд, гуфтӣ, ба ёрон,
Чӣ ёр, эй шӯхи бадмеҳр, ошно гӯ.
Гар эҳсоне набошад дар ту боре,
Бар ин дар чанд бошад, ин саногӯ?
Камол, он шӯх агар надҳад туро даст,
Ҷафоҳои ҷаҳонро марҳабо гӯ.
Оҳ, ки хоки роҳ шуд дидаи ман ба роҳи ту,
Карда чу коҳ чеҳраам фурқати умркоҳи ту.
Бар дили ман ҷафои ту баски ниҳод бори ғам,
Ғайр набурда пай бад-он, то шуда боргоҳи ту.
Бандааму ба ҷуз дарат нест паноҳи ман дигар,
Чун ту паноҳи бандаӣ, бод Худо паноҳи ту!
Шоҳи бутониву туро куштаи ишқ лашкаре,
Нест шаҳони мулкро бештар аз сипоҳи ту.
Гарчи баландпояӣ чун қади худ ба салтанат,
Ҳаст аз он баландтар нолаи додхоҳи ту.
Ёр чу нест мустамеъ, чанд кунӣ, дило, фиғон?
Боди ҳавост пеши ӯ нолаи мову оҳи ту.
Партави рӯи ӯ дилат сӯхт, Камолу ҳамчунон
Тавба накард аз назар дидаи рӯсиёҳи ту.
Нест бозӣ бо рухи ӯ ишқи пинҳон бохтан
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Нест бозӣ бо рухи ӯ ишқи пинҳон бохтан,
Бо чунон рух ғоибона нест осон бохтан.
Ҷон басе дарбохт ошиқ, то ба он рух ишқ бохт,
Покбоз ояд муқомир* аз фаровон бохтан.
То барӣ аз ман ба бозӣ ҷону сар, он гаҳ равон,
Хоҳам ин шатранҷро бо ту ба поён бохтан.
Чун ба лаб бозӣ кунӣ, дар ишва ҷон бозам манат,
Ҳар чӣ бояд бохт, бояд бо ҳарифон бохтан.
Дар миёни гиря чун бо зулфи ту бозам назар,
Рӯзи борон нест, гӯӣ, рӯзи чавгон бохтан.
Дастбозӣ хуш бувад гаҳ бо ту, гаҳ бо зулфи ту,
Ин муяссар нест илло бо сару ҷон бохтан.
Бо даҳонаш пеши он ораз назарбозӣ, Камол,
Чун тавон, к-ангуштарӣ дар рӯз натвон бохтан?!
______________________
* Муқомир – қиморбоз.
______________________
Он ки ранге нест касро аз лаби нӯшини ӯ,
Бод ҷони ман фидои ишваи ширини ӯ.
Домани васлаш агар бори дигар ояд ба чанг,
Мову шабҳои дарозу гесуи мушкини ӯ.
Дил ба чандин обгина ҷониби ӯ рафт боз,
Сахт ғофил буд мискин аз дили сангини ӯ.
Гӯ, бипурс аз ҳоли ранҷуре, ки ғайр аз оби чашм
Кас набошад з-ошноён бар сари болини ӯ.
Ошиқиву масканат чандон ки роҳу расми мост,
Ҳаст айёриву шӯхӣ шеваву оини ӯ.
Бо қадаш рӯзе баробар дид наргис сарвро,
Хок зад боди сабо дар чашми кӯтаҳбини ӯ.
Гарчи султониву дорӣ ҳукм бар ҷони Камол,
Раҳмате кун, то тавонӣ бар дили мискини ӯ.
На ҷӯест он равон дар қасри Ширин
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
На ҷӯест он равон дар қасри Ширин,
Ки гиряд санг бар Фарҳоди мискин.
Ҷигар хун гашт мушкин оҳувонро
Зи оҳу нолаи Маҷнуни ғамгин.
Чӣ афтодаст Лайлиро, бипурсед,
Ки пурсад дер-дер аз ёри дерин?
Рақиби мо бимурд, алҳамдулиллоҳ,
Бихон бар Бӯлаҳаб Таббат, на Ёсин!
Маро вақте дар он раҳ по ба гил рафт,
Ки Одам буд «байнал мои ваттин».*
Камол, аз соддагӣ бо нақшу тазҳиб
Маёро ҳафт байти хеш чандин.
Сухан ҳаргиз тару рангин нагардад
Ба заркориву ҷадвалҳои рангин.
_____________________
* Байни обу хок
_____________________
Ҳар замон бо дигарон ноз макун,
Чашм бар рӯи хасон боз макун.
Чун насибе диҳӣ аз дард маро,
Дигаронро ба ман анбоз макун.
Мекунам нози дигар аз ту ниёз,
Ноз кун бори дигар, ноз макун.
Ғамзаро ҷониби ман тез масоз,
Мадади мардуми ғаммоз макун.
Сари ошиқ мафикан зери қадам,
Бозаш аз кибр сарафроз макун.
Чун кунӣ тарки ҷафои ҳама кас,
Он нахустин зи ман оғоз макун.
Гуфтаӣ: Хоки раҳи мост Камол.
Хокро ин ҳама эъзоз макун.
Намедиҳад даҳанат коми мо аз он лаби ширин
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Намедиҳад даҳанат коми мо аз он лаби ширин,
Чаро ба тангдилон мекунад музоиқа чандин?
Чу бӯсае зи ту хоҳам, сӯи рақиб газӣ лаб,
Зиҳӣ тааллули ширин, зиҳӣ баҳонаи рангин!
Ҳамеша ман зи Худо давлати висоли ту хоҳам,
Бувад, ки вақти дуо бигзарад фариштаи омин.
Агар саодату давлат дуаспа оядам аз пас,
Чу дар рикоби ту бошам, кадом мартаба беҳ з-ин?!
Чунин, ки хоби шаб аз мо ба чашми маст рабудӣ,
Дигар ба хоб набинӣ, ки сар ниҳем ба болин.
Дило, чу нақди ту ҷуз бори обгина наёмад,
Макун муомила бори дигар бад-он дили сангин.
Расид то дари Деҳлӣ қавофили сухани ман,
Куҷост Хусрав то бишнавад мақолати Ширин?!
Камол чун суханат беҳ зи Хусраву зи ҳасан омад.
Дигар мадор аз ину аз он таваққӯъи таҳсин.*
_____________________________________________________
* Дар нусхаи чопи Душанбе байтҳои се, чаҳор ва ҳафтуми
ғазали боло ихтисор шудаанд. Аз нусхаи Давлатободӣ ба
ғазал тасҳеҳу такмил ворид намудем. А.Суруш.
____________________________________________
Нӯш кун, хоҷа, алорағми суроҳишиканон
Бодаи талх ба ёди лаби шириндаҳанон.
Ба талаб ёфт нишони лаби Ширин Фарҳод,
Раҳ сӯи лаъл набурданд ба ҷуз кӯҳканон.
Хок бар фарқи касоне, ки зару сим ба хок
Боз бурданду нахӯрданд ба симинзақанон.
Дӯш рафтам ба чаман аз ҳаваси булбулу гул,
Ин яке ҷомадарон дидаму он наъразанон.
Гуфтам: Ин чист? Бигуфтанд, ки он қавм, ки пор
Мерасиданд дар ин равза ба ҳам ҷилвакунон,
Ҳамаро хок бифарсуд, кунун навбати мост,
Ҳоли шамшодқадон бингару нозукбаданон.
Булбул ин гуфту дигар гуфт, ки май нӯш, Камол,
Фасли гулрезу ба мутриб бигузор ин суханон.
Нахоҳам беш аз ин аз халқ рози хеш пӯшидан
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Нахоҳам беш аз ин аз халқ рози хеш пӯшидан,*
Намеояд зи ман коре ба ғайр аз бода нӯшидан.
Агарчи дидани хубон ҳама айни бало бошад,
Ба ҳар сурат, ки мебинем дидан беҳ зи нодидан.
Дилу динро зи дарвешӣ бубахшидем ба дарвеше,
Биёмӯзед, эй шоҳон, аз ин дарвеш бахшидан.
Агарчи ишқ ногоҳон ба хотирҳо фурӯ ояд,
Валек ӯро ба муддатҳо бубояд низ варзидан.
Фалак, гӯ, ҳар замон мегард аз ин авзои беҳосил,
Нахоҳад маркази хокӣ зи вазъи хеш гардидан.
Насиҳатгӯ агар панде диҳад, саҳл аст, гӯ, мегӯ,
Забони ӯву он гуфтору гӯши мову нашнидан.
Камоли хастахотирро хуш омад субҳдам нола,
Бале, хуш бошад аз булбул ба вақти субҳ нолидан.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Ман нахоҳам дида аз рӯят дигар бардоштан,
Мушкил аст аз дидаи равшан назар бардоштан.
Чашм дорӣ, эй кабӯтар, ин чӣ густохист боз,
Номае, к-он ҷост номи ӯ, ба пар бардоштан.
Ҳамчу бар мӯест аз ҷо баргирифтан бори кӯҳ,
Пеши он мӯи миён бори камар бардоштан.
Дида гирён хост гарде аз дараш, хандиду гуфт:
Чун тавон, эй дида, гард аз хоки тар бардоштан?
Эй магас, маншин бар он лаб, ҷони ширин, гӯш дор,
Бори ту натвонад аз лутф он шакар бардоштан.
Бори шабҳои фироқат чун тавонад баргирифт,
Он ки натвонад зи заъф оҳи саҳар бардоштан.
Сар муҳаққар буд, чун бинҳод бар пояш Камол,
Аз хиҷолат боз натвонист сар бардоштан.
Маро, ки хирқаи азрақ ба бода шуд гулгун
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Маро, ки хирқаи азрақ ба бода шуд гулгун,*
Ҳавои шоҳиду май кай равад зи сар берун?
Ба ҳар қадаҳ, ки биёбад табассуми лаби ёр,
Ҳиҷобвор аз ӯ ақлро кашам берун.
Зи нуҳ равоқи фалак бартар аст хонаи ишқ,
Гумон мабар, ки кас он ҷо расад ба ҳиммати дун.
Камоли ишқ ҳамин бошаду ниҳояти фикр,
Ки ҷуз тасаввури Лайлӣ намекунад Маҷнун.
Ба ҷуз дуои висолаш зи даст барнояд,
Муроди он ба иҷобат намешавад мақрун.
Чӣ суд аз он, ки бипӯшам ба доман оташи дил,
Ки мекушад рухи шамъӣ миёни сӯзи дарун.
Ба ҷаври дӯст ризо деҳ Камолу ҳеч магӯй,
Ки дар тариқи муҳаббат чаро нагунҷаду чун.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Маҳи идат муборак бод, эй хуршеди маҳрӯён!
Зи лаб ҳалвои идӣ деҳ нахустин бо дуогӯён.
Халоиқро назар дар моҳу моро бар ту наззора,
Ба рӯят ошиқонро иду мардум моҳи нав ҷӯён.
Маҳи иду шаби қадре, ки меҷустанд ону ин,
Дили мо ёфт дар зулфи сиёҳи анбаринмӯён.
Сабоҳи ид агар созанд атрӣ маҷлиси моро,
Шакар гиранду уд аз зулфу лабҳои суманбӯён.
Рақиб, эй кош, аз ногаҳ чу моҳи рӯза мешуд гум,
Ки ман бе рустоӣ ид мекардам ба дилҷӯён.
Намози ид хоҳам кард, ҳон, соқӣ, биёр обе
Барои обдасти ман зи ибриқи қадаҳшӯён!
Касон шод аз маҳи иду Камол аз ёри маҳманзар,
Ҳама муштоқи рӯи моҳу ӯ муштоқи маҳрӯён.
Показаны записи 91-100 из 534