Показаны записи 111-120 из 534
Рӯи ӯ аз зулф дидан метавон
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Рӯи ӯ аз зулф дидан метавон,
Гул шаби маҳтоб чидан метавон.
Гарчи зулфи ӯ зи сар то по ҷафост,
Ин ҷафо аз вай кашидан метавон.
Куштанӣ мурғе, ки бошад хонагӣ,
Гар ба боми ӯ паридан метавон.
Бо лабаш дар меваи ширини васл
Гар расад вақте, расидан метавон.
Аз даҳонаш чашмаи оби ҳаёт
Гар бақо бошад, чашидан метавон.
Дил ба захме аз ту тарки нола гуфт,
Вақти марҳам орамидан метавон.
Дид акси ҷон дар он ораз Камол,
Акси гул дар об дидан метавон.
Зулф бар дӯш он парӣ дар моҳтоб омад бурун,
Гӯиё, аз сӯи Чин сад офтоб омад бурун.
Дур созам, гуфтам, ашк аз чашми тар бо остин,
Чашма чандоне, ки кардам пок, об омад бурун.
Меравад оҳам ба гардун, то зи дил хун меравад,
Дуд аз равзан зи хуноби кабоб омад бурун.
Ков-кови хирқаҳо карданд дар даври лабаш,
З-остини сӯфиён ҷоми шароб омад бурун.
Гар зи дил берун шуду биншаст бар чашмам, чӣ бок?!
Буд ганҷе ҳусн, аз кунҷи хароб омад бурун.
Бӯсаҳо додам ҳамоилро, ки аз баҳри рақиб
Чун кушудам фол, оёти азоб омад бурун.
То наяфтад дар давидан пеши болояш Камол,
Аз дари хилват ба таъҷилу шитоб омад бурун.
Дӯстон, марҳамате бар дили бечораи ман
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дӯстон, марҳамате бар дили бечораи ман,
Ки бирафт аз бари ман ёри ситамкораи ман.
Дил ниҳодам мани мискин ба ҳалоки тани хеш,
Чӣ кунам, дар ғами ӯ нест ҷуз ин чораи ман?!
Вой бар ҷони ману бекасиву танҳоӣ,
Ки набудӣ ғами ӯ мӯнису ғамхораи ман.
Ҳаваси лаъли лаби ӯ ба хароботи муғон
Кард садбора гарав хирқаи садпораи ман.
Эй сабо, гар гузар аз кӯи дилором кунӣ,
Бозпурсӣ хабаре з-ин дили овораи ман.
Дорам имрӯз сари он, ки кунам ҷонбозӣ,
Гар қадам ранҷа кунад дӯст ба наззораи ман.
Гар наёрад ба забон сӯзи ту чун шамъ, Камол,
Худ гувоҳ аст бар ӯ гунаи рухсораи ман.
Рози ишқат зи дил омад ба забон,
Меҳр дар зарра нуҳуфтан натавон.
Гуфтӣ: Аз чашми ту хун меояд.
Ҳар чӣ меояд аз ӯ, даргузарон.
Даҳанат дидаму гуфтаам: Шакар аст!
Гуфтамаш ҳар чӣ хуш омад ба забон.
Лоф агар зад ба қадат сарви чаман,
Гӯяш инак фарас, инак майдон!
Нисбати рӯи ту карданд ба моҳ,
Моҳ чархе бизад аз шодии он.
Гуфтаӣ: Хуни ту резем, Камол,
З-интизорам чӣ кушӣ, бош бар он?!
Бандаам, хоҳ бикуш, ҳоҳ бубахш,
Ҳокимӣ, хоҳ бихон, хоҳ бирон.
Дил нисори зулфи ҷонон кард ҷони хештан
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дил нисори зулфи ҷонон кард ҷони хештан,
Ҷон диҳад мурғ аз барои ошёни хештан.
Ҳамчу шамъ аз ангубин комам зи ширинӣ бисӯхт,
То гирифтам номи он лаб бар забони хештан.
Қумрии нолон, ки ошиқ буд бар болои сарв,
Дар сари ӯ кард охир хонумони хештан.
Дарди сар овардаам бар дар, бимолаш зери по,
Дафъ кун дарди саре аз остони хештан.
Аз лабат кардам сухан, бигзор, то номат барам,
Чун ба оби зиндагӣ шустам даҳони хештан.
Гар надорӣ бовар аз бемории ин нотавон,
Худ бубин инак ба чашми нотавони хештан.
Мехӯрад хуни ҷигар бе ту, ба ҷони ту, Камол,
Мехӯрад савганд, бовар кун ба ҷони хештан.
Дил, ки мерафт зи худ, чун наравад боз чунин,
Чашму абрӯи туро шева чунон, ноз чунин.
Мани бедил чу зарам бо ту зи ихлоси дарун,
Қалб чун нест маро, ин ҳама магдоз чунин.
Тири хокӣ набувад расм, ки дур андозанд,
Хокиям ман, зи худам дур маяндоз чунин.
Чун шавӣ қосиди ҷонҳо, бинеҳ аз ман бунёд,
То барояд ҳама корат, бикун оғоз чунин.
Воиз, он гӯш, ки панди ту шунидӣ ҳама вақт,
Шуд зи фарёди ту кар, бармакаш овоз чунин!
Ҳамдамиҳост ба он ғамза дили пурхунро,
Кас нашуд ҳамдаму ҳамроз ба ғаммоз чунин.
Гуфтаӣ, ҷои ту бар хоки дари мост, Камол,
Он маҳал нест гадоро, макун эъзоз чунин.
Диламро сабр мумкин нест аз рӯи накӯ кардан
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Диламро сабр мумкин нест аз рӯи накӯ кардан,
Диле гар инчунин бошад, нашояд айби ӯ кардан.
Ба шабгардӣ баромад номи ман чун моҳ дар кӯяш,
Шабе аз равзанаш ночор хоҳам сар фурӯ кардан.
Ба ҳусн, оина мегӯяд, ки ҳастам чун маҳи рӯяш,
Ман он рӯсахтро бо дӯст хоҳам рӯбарӯ кардан.
Кунун гар фурсате дорӣ, манеҳ як лаҳза ҷом аз каф,
Ки хоҳад кӯзагар рӯзе зи хоки мо сабӯ кардан.
Ба хуни дил вузӯ созам, чу орам рӯ ба абрӯяш,
Ки дар меҳроби дилҳо саҷда натвон бе вузӯ кардан.
Дили ман ошиқи ёрест, ки гуфтан натавон,
Рӯзу шаб дар паи корест, ки гуфтан натавон.
Ин ҳама чеҳра, ки кардем ба хуноба нигор,
Аз ғами рӯи нигорест, ки гуфтан натавон.
Дида з-он дам, ки зи хун хоки дарат шуст ба ашк,
Бар дил аз дида ғуборест, ки гуфтан натавон.
Домани чун ту гуле кай ба каф орам, ки рақиб
Дар ту овехта хорест, ки гуфтан натавон.
Чашми хунрези туро дӯш ба хунам, ки бирехт,
Дар сар имрӯз хуморест, ки гуфтан натавон.
Бо ту, эй сангдил, аз ман кӣ расонад, ки маро
Бар дил аз ҳаҷри ту борест, ки гуфтан натавон.
Саҳл машмар, ки ба зулфи ту дарафтод Камол,
Ки дар ин дом шикорест, ки гуфтан натавон.
Дилбари нозукдили ман ҳар замон ранҷад зи ман
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дилбари нозукдили ман ҳар замон ранҷад зи ман,
Гар лабаш гӯям ба ҷон монад, ба ҷон ранҷад зи ман.
Гар бубандам нақши бӯсаш дар хаёл, ояд ба чанг
В-ар барорам номи он лаб бар забон, ранҷад зи ман.
Гар бигӯям, нест хубонро мусалмониву раҳм,
З-ин шикоятҳо нахуст он дилситон ранҷад зи ман.
Фитнаангезиву шӯхиро агар айбе ниҳам,
Аввал он чашм, он гаҳе он абрувон ранҷад зи ман.
Дӯсттар дорам зи хубонаш, ҳама донанд, - гӯ,
Ман чӣ ғам дорам, гар ин озорад, он ранҷад зи ман.
Хотири ҷону ҷаҳони ман чу бошад барқарор,
Саҳл бошад, гар дили халқи ҷаҳон ранҷад зи ман.
Дарди сар кам деҳ ба нола он саги кӯро, Камол,
Гар намехоҳӣ, ки ёри меҳрубон ранҷад зи ман.
Дил аст ҷояш, ё дидаи фитода ба хун,
Бад-ин хушем, ки боре аз ин ду нест бурун.
Аҷаб мадор, ки парвона шаб наёромид,
Ки шамъ Лайлии ҳусн асту ошиқаш Маҷнун.
Фузун зи моҳи нав аст абруяш ба сад хубӣ,
Ки сад бувад чу бигиранд дар ҳисоб ду нун.
Чу ҳамнишини қадат шуд дил, изтироб намуд,
Зи дил сукун равад, ар бо алиф шавад мақрун.
Ба анкабут бигӯед то ба як-ду магас
Тани низори ман орад ба хона баҳри сутун.
Даруни дил чу нишастӣ, наистод даме
Зи дида хуну бад-ин ваҷҳ рафт то акнун.
Зи ҷаври қандлабе гарм рафт ашки Камол,
Ба тозиёнаи Ширин даванда шуд Гулгун.
Хуш аст бар лаби маъшуқи маст бӯсидан
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Хуш аст бар лаби маъшуқи маст бӯсидан,*
Ба ёди рӯи дилором бода нӯшидан.
Чӣ умри хуш, ки гузаштӣ ба васли ёр маро,
Агар мурод муяссар шудӣ ба кӯшидан.
Рақиб арчи насиҳат кунад, вале натавон
Ба бонги ҳар саге аз кӯи дӯст гардидан.
Буто, зи коми дили худ зи боғи рухсорат
Гуле чунон ки ту донӣ, куҷо тавон чидан?
Чу акси ҷавҳари оби ҳаёт рӯҳафзост
Ақиқи бодафурӯшат ба гоҳи хандидан.
Касе, ки васфи ҷамолат шунид, мумкин нест,
Ки бигзарад ба малолат зи ишқ варзидан.
Агарчи теғи аҷал бар сари Камол омад,
Ба ҳеч рӯ натавонад дил аз ту бибридан.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Дар сари занҷири зулфи ӯ мани беақлу дин
Боз дарпечидаам, ҳазо ҷунунулошиқин.
Дӣ табиб омад ба пурсиш бар сари болини ман,
Гуфт: Бинам заҳмати ту. Гуфтамаш: Заҳмат мабин!
Пеши лаб холи сияҳро он ду рух гар ҷой дод,
Содагӣ бошад магасро бар шакар кардан амин.
Чун шавӣ, эй тир, аз он тиркаш равон, маншин ба хок,
Ту ба қадди ёр мемонӣ, биё, дар ҷон нишин!
Лутфи андомат, ки пероҳан ба доман менуҳуфт,
Тарсам аз соид, ки нанҳад дар миён бо остин.
Остинбӯсат чу касро барнамеояд зи даст,
Доман аз мо - хокиён чун зулф боре бармачин.
Ё нишон дар пеши теғам, ё нишин пеши Камол,
Ман нахоҳам умр бе ту, ё чунон кун, ё чунин.
Хоҷа, чаро нишастаӣ, хез, ки рафт корвон
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Хоҷа, чаро нишастаӣ, хез, ки рафт корвон,*
Бор бубанду шав ту ҳам аз пайи корвон равон!
Қасри амал чӣ мекунӣ? Равзани дилкушо бубин!
Кулбаи фақр хуштар аз шоҳнишини хусравон.
Рехт баҳори зиндигӣ барги худу ту бехабар,
Бар сари гул чу наргисӣ масти шароби арғувон.
Марди Худош афканад нафс, ки кӯҳ барканад,
Панҷаи шер бишканад зӯри ҳазор паҳлавон.
Рӯза гирифта порсо, вирд чӣ хонаду дуо?
Гурсунаи серӯзаро бар сари хон бигӯ, бихон.
Пир ҳарис бошаду ҳаст зи ҳирс пиртар,
Ин ки ба ҷаннат ояду боз шавад зи сар ҷавон.
Чист, Камол, ҷаннати адн, ки бигзаранд аз ӯ?
Аз ҳама метавон гузашт, аз дари ӯ наметавон.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Дорӣ лабу даҳоне ширин, вале чӣ ширин!
Бар рух хатеву холе мушкин, вале чӣ мушкин!
Fоратгарест зулфат, золим, вале чӣ золим!
Ошиқкушест чашмат, бедин, вале чӣ бедин!
Аз моҳ ранг гирад ҳар чизу ашки мо ҳам
Аз акси он ду рух шуд рангин, вале чӣ рангин!
Бинам биҳишт шояд дар хоби хуш, ки шабҳо
Дорам зи остонат болин, вале чӣ болин!
Бемор буд ошиқ в-он лаб, ки нӯш бодаш
Аз қанд сохт шарбат ширин, вале чӣ ширин!
Об аст оби он бар, дар об санг бошад,
Дар бар диле туро ҳам сангин, вале чӣ сангин!
Дар хайли дилбаронӣ султон, вале чӣ султон!
Пешат Камоли бедил мискин, вале чӣ мискин!
Дило, тӯҳфаи ҷон ба ҷонон расон
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дило, тӯҳфаи ҷон ба ҷонон расон,
Ниёзи гадо пеши султон расон.
Заминбӯси мӯрони баргаштабахт
Ба хоки ҷаноби Сулаймон расон.
Шунидам, ки чашмаш мусалмонкуш аст,
Маро пеши он номусалмон расон.
Аз он зулфи дилбанду чоҳи зақан
Маро муждаи банду зиндон расон.
Ҳадиси сари мову пои ҳабиб
Чу аз сар гирифтӣ, ба поён расон.
Зи ашки ман ин моҷаро гӯш дор,
Якояк ба он дурри ғалтон расон.
Зи селоби мижгон дуруди Камол
Ба Ҷайҳуну Хоразму Уммон расон.
Хабаре ёфтам аз ёр, мапурсед зи ман,
То наёред бари ман хабари дору расан.
Хабари дору расан рояти Мансур бувад,
Хабари рояти Мансур бувад қалбшикан.
Хабаре ёфтаам аз гулу аз боди баҳор,
Хабари ман бирасонед ба мурғони чаман.
Хабари мурғи чаман боғу гулистон бошад,
Хабари боғу гулистон чӣ кунад?
- Дафъи ҳазан.
Хабаре ёфтам аз накҳати пероҳани дӯст,
Ба хато чанд давед аз пайи оҳуи Хутан.
Хабари накҳати ҷонон чӣ бувад?
- Муждаи ҷон,
Муждаи ҷон чӣ бувад?
- Сӯҳбати ақлу дилу тан.
Хабаре ёфтам, эй ҷавҳарӣ, аз маъдани лаъл,
Ту чаро меравӣ аз баҳри ақиқе ба Яман?
Хабари маъдани лаъл он лаби ширин бошад,
Лаби ширин бибарад талхии ғамҳо зи даҳан.
Хабаре ёфтам аз давлати васли набавӣ,
Ту куҷо меравӣ аз баҳри Увайсе ба Қаран?
Хабари васл бувад муждае аз дӯст, Камол,
Хатм шуд қиссаи он рӯй ба ваҷҳи аҳсан.
Хоҳем нақди ҷону сар дар пои ҷонон рехтан,
Бар хоки кӯяш хуну ашк аз чашми гирён рехтан.
Ҳар гарди дарде, к-аз раҳи савдош гирд овард ҷон,
Дар хок ҳам натвонам он аз домани ҷон рехтан.
Маҷрӯҳи тири ғамзаро, гуфтӣ, зи лаб созам даво,
Суде намедорад намак бар захми пайкон рехтан.
Бар хони ҳусни худ накӯ кардӣ парешон зулфро,
Одат бувад бар рӯи хон сабзӣ парешон рехтан.
З-он сон, ки доманҳои зулф аз ҷону дил пур кардаӣ,
Ҷонҳои мо дар зери по хоҳӣ ба домон рехтан.
То бар дарат ҳар кас равон чун оби чашмам нагзарад,
Бар хоки он раҳ хорҳо хоҳам зи мижгон рехтан.
Аз гиря об аз хонаи чашми Камол омад фурӯ,
Бошад харобӣ хонаро аксар зи борон рехтан.
Чӣ хуш аст аз ту бӯсе ба хушӣ ниёз кардан
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Чӣ хуш аст аз ту бӯсе ба хушӣ ниёз кардан,*
Зи лаби ту ваъда додан, паси ваъда ноз кардан.
Мани дилсияҳ чу холат накунам шикеб аз он лаб,
Зи шакар куҷо тавонад магас эҳтироз кардан?
Ба суоли бӯса аз мо чӣ кунӣ ба хоб чашмон?
Дари мунъимон нашояд зи гадо фароз кардан.
Рухи хуб боз бикшо, ки қиёмат аст бе ту,
Чу қиёмат аст, бояд дари хулд боз кардан.
Ба суҷуд пеши қибла биниҳам хаёли рӯят,
Ки ҳузур бояд аввал, пас аз он намоз кардан.
Зи дари Ту ошиқонро ба ҳарам куҷо кашад дил,
Чу Ту Каъбаӣ, чӣ ҳоҷат ҳаваси ҳиҷоз кардан?
Ту киӣ, Камол, боре, ки бисоти қурб ҷӯӣ?
Ба ҳадди гилем бояд сару по дароз кардан.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Хоки поят дӯст дорад рӯи ман,
Нест айб, эй дӯстон, ҳуббулватан.
Хок гаштам, ин сухан чанд, эй рақиб?
Дар даҳан дорӣ, ки: Хокат дар даҳан!
Орзӯи мост зулфат, бишканаш,
Дар ҷаҳон як орзӯи мо шикан.
Гуфтаӣ: Дигар насӯзам ҷони ту.
Ҷони ман, дигар чӣ бошад сӯхтан?
Ман хасам, ту оташӣ, чанд интизор?
Дар дили ман з-интизор оташ мазан.
Эй рақиб, ар чашмам аз сар барканӣ,
Чашм агар з-ӯ барканам, чашмам бикан!
Ақлу дил, гуфтам, кӣ дуздид аз Камол?
Зери лаб хандон «Чӣ донам, - гуфт,- ман».
Ҳадиси ёри ширинлаб нагунҷад дар даҳони ман
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳадиси ёри ширинлаб нагунҷад дар даҳони ман,*
Кӣ бошам ман, ки номи ӯ барояд бар забони ман.
Рақибам рӯзе аз чашмат ба куштан дод пайғоме,
Ҳанӯз он муждаи давлат нарафт аз гӯши ҷони ман.
Насими дӯстӣ ояд сагони остонашро,
Зи баъди мурдан ар як-як бибӯянд устухони ман.
Ғами ӯ то тавон дорад ба ҷон меҷӯяд озорам,
Чӣ меҷӯяд, намедонам, зи ҷони нотавони ман?
Гумон мебурдаме, к-он маҳ ба сарви бӯстон монад,
Чу дидам шакли ӯ, шуд рост аз қаддаш гумони ман.
Камол, ар бишнавад Саъдӣ ду байте з-ин ғазал, гӯяд:
Ки хоки боғи табъат бурд об аз «Бӯстон»-и ман.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Чу зулфи ёр зи худ лозим аст бибридан,
Гар ихтиёр кунӣ хоки пош бӯсидан.
Дило, чу дар ҳарами ишқ меравӣ, худро
Чу шамъи ҷамъ адаб нест дар миён дидан.
Агар на доияи шабравист зулфи туро,
Чӣ мӯҷиб аст ба доман чароғ пӯшидан?
Бикушт печиши он зулфи тобдор маро,
Чунон ки дом кушад мурғро ба печидан.
Ҳамеша гирди ту хоҳем чун камар гардид,
Ки гирди мӯймиёнон хуш аст гардидан.
Ба хокбӯсии поят ҳанӯз дорам чашм,
Дар он замон, ки бихоҳам ба хок пӯсидан.
Камол, васфи миёнаш агар кунӣ таҳрир,
Қалам бибояд бориктар тарошидан.
Показаны записи 111-120 из 534