Показаны записи 141-150 из 534
Ман бар ин дар бандаам, то зиндаам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ман бар ин дар бандаам, то зиндаам,
То чунинам, бандаи пояндаам.
Гуфтаӣ: Резам ҳамин дам хуни ту.
Бе ҳамин ар зиндаам, арзандаам.
Мурдам аз гиря, ба андӯҳи наве
Муждаам гӯю бикуш аз хандаам.
Толеъи фархундаам дидори туст,
Офарин бар толеъи фархундаам!
Рӯзи равшан бе рухат манмо маро,
З-он, ки ман дар шаб қавӣ тарсандаам.
Чашми ман чун барканад ҳосид зи рашк,
Чун ман аввал чашми ӯ баркандаам.
Бандаи мо нест, мегӯӣ, Камол,
Нест ҳуҷҷат, ҳар чӣ гӯӣ, бандаам.
Ман туро монда ба ҳар ёр, куҷо ёр шавам
В-ар бувад низ вафодор, чаро ёр шавам?
Ту мапиндор маро дар сабукӣ шеваи хеш,
Ки ба ҳар хас чу ту аз боди ҳаво ёр шавам.
Гар кунад ҳар сари мӯи ту ҷудо бори дигар,
Ман ба ҳар як сари мӯи ту ҷудо ёр шавам.
Fамзаи шӯхи ту дар даъвии хунам, ки равост,
Гар гувоҳӣ бидиҳад, ман ба гуво ёр шавам.
Ҷони ширин чу аз он лаб набаред, эй магасон,
Чӣ шавад, гар мани мискин ба шумо ёр шавам?
Бе риё саҷда барам абрӯи шӯхе авло,
Гар ба меҳробнишинони дағо ёр шавам.
Гуфтамаш: Чист, ки ҳаргиз нашавӣ ёри Камол?
Гуфт: Ман подшаҳам, кай ба гадо ёр шавам?
Маро гӯянд ёрон, кист ёри ту? Чаро гӯям
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Маро гӯянд ёрон, кист ёри ту? Чаро гӯям?
Зи маҳрӯён кадом аст ихтиёри ту? Чаро гӯям?
Нишаста бар сари роҳи талабгорӣ чу муштоқон,
Барои кист чандин интизори ту? Чаро гӯям?
Намонд аз хӯрдани ғамҳои ту ному нишоне ҳам,
Нагӯӣ, чист номи ғамгусори ту, чаро гӯям?
Рақиб, ар гӯядам, к-эй бехабар аз кору бори худ,
Ба ман боре бигӯ бо кист кори ту? Чаро гӯям?
Гарам бошад маҷоли нутқ пеши ту ба рӯзу шаб,
Сухан ҷуз аз сари зулфу узори ту чаро гӯям?
Агар боз аз қарори дӯстӣ он зулф баргардад,
Чарову чун ба зулфи беқарори ту чаро гӯям?!
Агар хуни Камол он ғамза резад аз сари мастӣ,
Ман аз ранҷиш ба чашми пурхумори ту чаро гӯям?!
Ман ба ҷонон зи ҷон гурехтаам
В-аз ҷафои ҷаҳон гурехтаам.
Офарин бар гурезпоии ман,
К-аз ғами ину он гурехтаам.
Халқ дар хонаам куҷо ёбанд,
Ки ман аз хонумон гурехтаам.
Бар дараш дидаам рақибонро,
Чун гадо аз сагон гурехтаам.
Банда ҳаргиз гурехт з-озодӣ,
Аз дари ӯ ман он гурехтаам.
Гуфт: Аз ман гурез натвонӣ.
Гуфтамаш: Ман аз он гурехтаам.
Гар ту ногаҳ, гурехтӣ зи Камол,
Ман аз ӯ ҳар замон гурехтаам.
Мо лабатро намаки хони малоҳат хонем
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Мо лабатро намаки хони малоҳат хонем,
Холи мушкини туро донаи дилҳо донем.
Ба даҳонат, ки беҳ аз қанди мукаррар бошад
Ҳар ҳадисе, ки аз он лаб ба забон меронем.
Зоҳид он беҳ, ки гузорад ба сари худ моро,
З-он ки мо маслиҳати худ беҳ аз ӯ медонем.
Беш аз он нест, ки ӯ домани олуда зи халқ
Бозмепӯшаду мо бознамепӯшонем.
Мо на онем, ки гар хок шавад қолаби мо,
Гарди савдои ту аз домани ҷон афшонем.
Эй дил, он беҳ, ки нагӯӣ марази худ ба табиб,
Ки ваят сабр бифармояду мо натвонем.
То наёбад кас аз ин орази мо ваҷҳи вуқуф,
Ранги рухсора ба хуни мижа мешӯёнем.
Халқ гӯянд, ки ринд асту назарбоз Камол,
Ҳар чӣ гӯянд, ба рӯи ту, ки садчандонем.*
______________________________________
* Байтҳои 3, 4, 5 ва 8 такрор аз ғазале
бо матлаъи зерин:
Мо чу қатъи назар аз рӯи накӯ натвонем,
Дил ба беҳудаи бадгӯй чаро ранҷонем?
______________________________________
Маризи ишқаму дарди ту дорам,
Зи дардат то абад сар барнадорам.
Хато гуфтам, чӣ дард, астағфируллоҳ,
Ман ин худ айни дармон мешуморам.
Fамат гӯяд: Барор аз сина оҳе!
Ба ҷон, инак, муродаш мебарорам.
Рақиб ар бегуноҳам аз дарат ронд,
На инам ман, агар он дар гузорам.
Ба ҷурми он, ки рӯзе гуфтамаш моҳ,
Ҳанӯз аз рӯи хубаш шармсорам.
Бад-ӯ гуфтам: Камол аз ғам хароб аст,
Бигуфто: Гар бимирад, ғам надорам.
Мо зи сагони дарат бештару камтарем
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Мо зи сагони дарат бештару камтарем,
Умр гузашту ҳанӯз мӯътакифи он дарем.
Зинда зи сӯзи дилем дар шаби ҳиҷрон чу шамъ,
Бин, ки чи сон-зиндагӣ бе ту ба сар мебарем.
Бори раҳи мо сар аст, манзилаш он хоки по,
Чунки ба манзил расем, бор фуруд оварем.
Дида чу дид офтоб, зарра наёрад ба чашм,
Мо, ки туро дидаем, беш ба худ нангарем.
Гар ту бихоҳӣ, ба чашм, дар назар орем ҷон,
В-ар ту бигӯӣ равон, аз сари он бигзарем.
Гарчи дарахти мурод ҳаст бағоят баланд,
Бар ту чу ёбем даст, ҳар як аз он бар хурем.
Дар марази ишқи мо гуфт, ки чунӣ, Камол?
Аз қибали дарди ту, шукр, ки ҳам хуштарем.
Ман аз ин хирқаи олуда, ки дар бар дорам,
Ор бошад, агар аз хеш набошад орам.
Гуфтам, оям ба сӯи дайру бубандам зуннор,
Боз дидам, ки аз он ҳам накушояд корам.
Карами пири муғон бин, ки дусад бор ба чашм
Куфри пинҳони маро диду накард изҳорам.
Дилам аз сӯҳбати асҳоби тариқат бигирифт,
Раҳбаре ку, ки расонад ба дари хамморам?
Андалеби гули рӯят на Камол имрӯз аст,
Солҳо шуд, ки дар ин кӯй бад-ин гуфторам.
Моро сари он аст, ки дар пои ту афтем
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Моро сари он аст, ки дар пои ту афтем,
Чун зулфи ту бар хоки қадамҳои ту афтем.
Бори ту бар он хоки раҳ, эй соя, гарон аст,
Бархез ту, то мо ҳама бар ҷои ту афтем.
Чун соя, ки дар пои санавбар фитад аз меҳр,
Хоҳем, ки пеши қаду болои ту афтем.
Дар оина бинмой ба мо он рухи зебо,
Чун чашми ту то масти тамошои ту афтем.
Ё Раб, чӣ хуш аст он, ки ба хун рехтани мо
Фармон диҳиву мо ба тақозои ту афтем.
Сад гуна чу гул рӯй диҳад маънии нозук
Моро, чу ба фикри рухи зебои ту афтем.
Озод шавад ҷони Камол аз ҳама андӯҳ,
Он лаҳза, ки бо шодии ғамҳои ту афтем.
Мо ринду қаландарсифату ошиқу мастем,
Маъзур тавон дошт, агар тавба шикастем.
Бо ҳеч касе кор надорем дар ин мулк,
Моро бигузоред дар ин ҳол, ки ҳастем.
Он оқили дунёталаб ар чоҳ парастад,
Шак нест, ки мо ошиқу девонаву мастем.
Гар нӯш кунад ҷуръае аз ҷоми муҳаббат,
Он гоҳ бидонад, ки чаро бехуду мастем.
То пай набарад кас ба сири мо, зи дари халқ
Бархоста, дар кунҷи харобот нишастем.
Гӯянд, ки девонаи ин давр Камол аст,
Шукрона, ки аз ҷумлаи таклиф бирастем.
Аз касрати сӯҳбат чу дари дил накушояд,
Бар худ дари омадшудани ғайр бубастем.
Мо дар ин шаҳр ба доми санаме дар бандем
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Мо дар ин шаҳр ба доми санаме дар бандем,
Ки ба дашном аз ӯ шоду ба ғам хурсандем.
Ҳамчу паргор зи ёрем ҷудо, саргардон,
То дар ин доира кай боз ба ҳам пайвандем?
Дар ғами фурқати ӯ нолакунон бо дили реш
Гаҳ-гаҳе зор бигирйему гаҳе механдем.
Аз дили сӯхтаи мо чӣ хабар дорад шамъ,
Беш аз ин нест, ки дар гиря ба ҳам монандем.
Як раҳ аз боди саҳар пурс, ки мо дилшудагон
Ҷамъ дар ҳалқаи он зулфи парешон чандем?
Шарҳи он зулфи пароканда дароз аст, мапурс,
Беҳтар он аст, к-аз ин қисса забон дарбандем.
Гарчи риндему назарбоз, макун айб, Камол,
Ин ҳунар бас, ки на сӯфиву на донишмандем.
Мо даст ба зулфи ёр бурдем,
Сабр аз дили беқарор бурдем.
Симу зару ҷону сар бар он дар -
Ҳар чор ба ихтиёр бурдем.
Сар дар пайи оҳувони мушкин
Чун раҳ сӯи лолазор бурдем,
Ҷонҳо кардем дар сари теғ,
Сар низ ба пои дор бурдем.
Бурдем рақибро кашона,
Сагро ба ситам ба кор бурдем.
Бурдем ба хок меҳри он рӯй,
Шамъе ба сӯи мазор бурдем.
Гар шуд зи Камол саргарон ёр,
Дарди сар аз ин диёр бурдем.
Мо хонаи дил ҷои таманнои ту кардем
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Мо хонаи дил ҷои таманнои ту кардем,
Дар хона чароғ аз рухи зебои ту кардем.
Шӯридасарӣ ҷумла гирифтем ба гардан
В-он гаҳ чу сари зулфи ту савдои ту кардем.
Дидем дилу ақл зи худ дур ба сад гом,
Он рӯз, ки аз дур тамошои ту кардем.
Аз пастиву боло ҳама кас наъра баровард,
Ҳар ҷо, ки ҳадиси қаду болои ту кардем.
Ҳар лаҳза ба мо гармтарӣ аз ситаму ҷавр,
То дар дили оташзада маъвои ту кардем.
Бар синаи мо чанд ниҳад фурқати ту доғ,
Охир на ба ин сина таманнои ту кардем?
Чун рафт Камол аз назарат талъати дилдор,
Қатъи назар аз дидаи бинои ту кардем.
Мо дар ҳарими маҷлиси ушшоқ маҳрамем,
Бо дарди ёр соҳибу бо нола ҳамдамем.
То мансаби ғуломии он дар ба мо расид,
Ҳар ҷо, ки меравем, азизу мукаррамем.
Оқил хабар наёфт, ки моро тариқа чист,
Девона пай набурд, ки мо дар чӣ оламем?
Дар даври ғуссаҳои ту, к-он мустадом бод,
Фориғ зи шодмониву осуда аз ғамем.
Аз хун чу ғунча гарчи дили мо лаболабаст,
Пеши лабу даҳони ту хандону хуррамем.
Дарди сари табиб гарон асту барсарӣ
Моро, ки хастахотир аз осеби марҳамем.
Гар ҳоли дарди мо накунӣ бовар аз Камол,
Аз ғам суол кун, ки шабу рӯз бо ҳамем.
Мо ба савдои ту доман зи ҷаҳон барчидем
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Мо ба савдои ту доман зи ҷаҳон барчидем,
Меҳнати ишқи ту бар роҳати ҷон бигзидем.
Пеш аз он дам, ки набуд аз дилу ҷон осоре,
Дар миёни дилу ҷон меҳри ту меварзидем.
То бағоят дили мо моили хубон мебуд,
Дар ба рӯи ҳама бастем, чу рӯят дидем.
Халқ дар ишқи ту бар ваҷҳи насиҳат моро
Ҳар чӣ гуфтанд, шунидем, вале нашнидем.
Хабари мастии мо рафт ба атрофи ҷаҳон,
То зи майхонаи ишқат қадаҳе нӯшидем.
Ор ояд дигар аз хилъати шоҳӣ моро,
Далқи савдои ту з-он рӯз, ки дарпӯшидем.
Роҳ паймуд басе дар талаби дӯст, Камол,
Дӯст дар хонаву мо гирди ҷаҳон гардидем.
Мо чу қатъи назар аз рӯи накӯ натвонем,
Дил ба беҳудаи бадгӯй чаро ранҷонем?
Маҳраме ку, ки ба соҳибғараз аз мо гӯяд,
Ки дигар дар ҳақи мо ҳар чӣ бигӯӣ, онем.
Зоҳид он беҳ, ки гузорад ба сари худ моро,
З-он, ки мо маслиҳати худ беҳ аз ӯ медонем.
Беш аз он нест, ки ӯ домани олуда зи халқ
Бозмепӯшаду мо бознамепӯшонем.
Мо на онем, ки гар хок шавад қолаби мо,
Гарди савдои ту аз домани ҷон афшонем.
Халқ гӯянд, ки ринд асту назарбоз, Камол,
Ҳар чӣ гӯянд, ба рӯи ту, ки садчандонем.
Мо аз лаби ту ком надидему гузаштем
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Мо аз лаби ту ком надидему гузаштем,
Ташна ба лаби чашма расидему гузаштем.
Гуфтем дуои туву аз бахти мухолиф
Аз лафзи ту дашном шунидему гузаштем.
Бо доғи фироқи ту, ки ҷонсӯз азобест,
Аз зиндагӣ уммед буридему гузаштем.
Як шаб накашидем туро дар бару ҳар рӯз
Сад ҷавру ҷафо аз ту кашидему гузаштем.
Дар бешаи дунё, ки чарогоҳи дили мост,
Рӯзе ду чаридему чамидему гузаштем.
Шаҳди лаби ту шарбати васли дигарон буд,
Мо заҳри фироқи ту чашидему гузаштем.
Монанди Камол аз ҳаваси он гули рухсор
Сад ҷома ба ёди ту даридему гузаштем.
Мо бо ғами ту хурраму осудахотирем,
З-он лаб ба коми мо шакаре нею шокирем.
Fоиб наӣ зи чашми ҷаҳонбин чу нури чашм,
Ту ҳозирӣ ҳамешаву мо бо ту нозирем.
Наззорагӣ ба ҳайрати он сурат асту мо
Ҳайрони ҷоннигории килки мусаввирем.
З-он дам, ки номи ҷом бар он лаб ниҳодаанд,
Онро, ки нест мӯътақиди бода, мункирем.
Гуфтам: Ба дайр бо ту расам, ё ба Каъба? Гуфт:
Моро ба ҳар мақом, ки ҷӯянд, ҳозирем,
Чун дид, к-аз татовули он зулфи беқарор
Шӯридарӯзгору парокандахотирем,
Бубрид зулфу гуфт ба афсӯс бо Камол:
Гар дер мерасем ба хидмат, муқассирем.
Мо аз ту суханвари ҷаҳонем
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Мо аз ту суханвари ҷаҳонем,*
Соҳибназарему нуктадонем.
Сӯзӣ дили мо, чу хат барорӣ,
Мо мардуми нонавиштахонем.
Чун нақши даҳони ту муаммост,
Мо низ ба фикри он даҳонем.
Он оби бақост, ёфтемаш,
Чун ёфтанаш наметавонем?!
Дилҳост кашону дилкаш он зулф,
Инҳо ба куҷо кашад, надонем?
З-он гуна саворие, ки морост,
Ашке зи пайи ту медавонем.
Гар буд Камол ошиқу ринд,
Валҳолату ҳозиҳи ҳамонем.
____________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
____________________________________________
Мо аз шаробу шоҳид сад бор тавба кардем,
Он тавбаҳо шикастем, бо ту чу бода хурдем.
Соқӣ, бирез дурде бар дарди мо, к-аз он лаб,
Ҳам ташнагони дурдем, ҳам хастагони дардем.
Моему гашти кӯят рақсону боданӯшон,
З-ин кӯча барнагардем, то бехабар нагардем.
То чанд бар ту хондан томоту зӯҳду тақво?
Тӯмори зулф бикшо, то қисса дарнавардем.
Ҳар кас чу бод аз он кӯ бархостанду рафтанд,
Мо хокиён бар он дар биншаста ҳамчу гардем.
Дорем сурхрӯӣ аз ашкҳои рангин,
Чун шамъ агарчи гирён бо чеҳраҳои зардем.
Ҳар фардро камоле бошад зи рӯи ҳиммат,
Моро, Камол, ин бас, к-аз ҳар ду кавн фардем.
Показаны записи 141-150 из 534