Показаны записи 171-180 из 534
Дӯш бе рӯи ту рӯ аз хуни дил тар доштам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дӯш бе рӯи ту рӯ аз хуни дил тар доштам,*
Бор дар дил, пой дар гил, даст бар сар доштам.
Дода ҷон барбоду бар хоки раҳат бинҳода рӯй,
Дида ғарқи обу дил дар айни озар доштам.
Бе фурӯғи шамъи рӯи маҷлисороят чу шамъ
Ашки чун сими равон бар рӯи чун зар доштам.
Дар хаёли лаъли гавҳарпӯши луълуъпоши ту
Домани мижгон пур аз ёқути аҳмар доштам.
То саҳар ҳамчун Камол аз интизори ваъдаят
Сар ба зону, чашм бар раҳ, гӯш бар дар доштам.
____________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
____________________________________________
Рафт аз дасти ман он зебо нигоре, чун кунам?
Нест дар дастам инони ихтиёре, чун кунам?
Дар ҳама аҳволам ӯ будӣ, ки будӣ ғамгусор,
Ин замон ҷуз ғам надорам ғамгусоре, чун кунам?
Дӯстон гӯянд, ҳон, тадбири кори хеш кун,
Ман, ки корафтодаам, тадбири коре чун кунам?
Дар миёни мо ҳадисе чун нарафт, ӯро чӣ рафт?
Ҳар яке гӯяд ҳадисе аз каноре, чун кунам?
Ҳеч борам бар тану ҷон инчунин боре набуд,
Охир, эй ёрон, ҳамегӯед боре, чун кунам?
Ваъдаи дидор фармудасту бар уммеди он
Мекунам ночору ноком интизоре, чун кунам?
Ҳар касе гӯяд фалонӣ бедилу бедин шудаст,
Ман чунин гаштам, ки мегӯед, оре, чун кунам?
Як замон бе ӯ бимондам, сад ҳиҷолат мебарам,
Вой, агар бе ӯ бимонам рӯзгоре, чун кунам?
Дар чунин ҳолат зи ёрон чашми ёрӣ доштам,
Чун надидам ёрие аз ҳеч ёре, чун кунам?
Раҳмат ориву кунӣ чораи ин дарди ниҳонам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Раҳмат ориву кунӣ чораи ин дарди ниҳонам,*
Гар бидонӣ, ки зи ҳаҷри ту чӣ сон мегузаронам.
Чанд бар кӯи ту бар бӯи ту бар хок нишинам?
Оташи сина ба оби мижа то чанд нишонам?
Дар каманди худам овардиву чун тир биҷастӣ,
Эй камонабрӯи ман, аз ту на ин буд гумонам!
Рӯи зардам нигару рӯй магардон, ки нашояд,
Ашки ман бину чу ашк аз назари хеш маронам.
Ҷон ба расме чу ба пои ту Камол андозад,**
Қадаме ранҷа кун, эй ҷону зи худ бозраҳонам.
____________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
** Ин мисраъ дар дигар вазн аст ва дар нусхаи
Давлатободӣ чунин сабт шудааст.
____________________________________________
Рух бипӯшиду ҷигар месӯзадам,
Оташи пинҳон батар месӯзадам.
Хона гар аз об созам чун ҳубоб,
Оҳи дил девору дар месӯзадам.
Ёди он лаб, дил, ки хунолуд аз ӯст,
Чун намак бар реши тар месӯзадам.
Боз сар бар мекунам пешаш чу шамъ,
Гарчи аз по то ба сар месӯзадам.
Сӯхт ҷонам нози ӯ, бошад ҳалол,
Гар ба як нози дигар месӯзадам.
Номаи шавқам кабӯтар диду гуфт:
Чун барам, чун болу пар месӯзадам.
Гар зи чашми бад дилаш тарсад, Камол,
Ман сипандам, гӯ, агар месӯзадам.
Дӯш бо худ тарона мегуфтам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дӯш бо худ тарона мегуфтам,
Fазале ошиқона мегуфтам.
Ҷом бар каф ҳикояти лаби ёр
Ба шароби муғона мегуфтам.
Шабам аз зулфи ӯ чу буд дароз,
Бо хаёлаш фасона мегуфтам.
Сифати донаҳои гавҳари ашк
Пеши дурри ягона мегуфтам.
Дар миёни ситораҳо маҳро
Пеши ҳуснаш миёна мегуфтам.
Fамзаашро чу тир мегуфтанд,
Дили худро нишона мегуфтам.
З-оташи рӯи маҷлисафрӯзаш
Шамъро як забона мегуфтам.
Сари зулфаш чу шона мезад бод,
Аслаҳуллоҳ шона мегуфтам.
Гар зи сар мегузашт оби ду чашм,
Бо кас ин моҷаро намегуфтам.
То дами субҳ саргузашти Камол
Сар бар он остона мегуфтам.
Рухат рашки қамар гуфтем, гуфтем,
Даҳонатро шакар гуфтем, гуфтем.
Чу ширинтар зи ҷонӣ дӯстонро,
Зи ҷонат дӯсттар гуфтем, гуфтем.
Чу сирри ишқи мо донист ағёр,
Ба ёрон ин хабар гуфтем, гуфтем.
Fамат гуфто: Бигӯед андар ин роҳ
Ба тарки ҷону сар гуфтем. Гуфтем.
Рақибатро, ки саг бисёр аз ӯ беҳ,
Чӣ шуд, гар з-он батар гуфтем, гуфтем.
Маро номеҳрубон гуфтанд, гуфтӣ,
Нагуфтем ин, агар гуфтем, гуфтем.
Чӣ ранҷӣ, гар Камол, они худат гуфт,
Дурӯғе ин қадар гуфтем, гуфтем.
Дил нест ба дастам, бари дилбар чӣ фиристам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дил нест ба дастам, бари дилбар чӣ фиристам?
Ҷон ҳаст, вале чизи муҳаққар, чӣ фиристам?
Fам нест аз инам, ки фиристам бари ӯ ҷон,
Андеша аз он аст, ки барсар чӣ фиристам?
Аз дида ба хоки дари ӯ ҷуз гуҳари ашк
Нақде, ки расонанд равонтар, чӣ фиристам?
Гар дил талабад марҳами тире ба сари реш,
З-он ғамза ба дил ҷуз сари ништар чӣ фиристам?
Бод аст ҳамин аз ту ба дасти мани муфлис,
Ҷуз нолаву фарёд бар он дар чӣ фиристам?
Берун зи дуое, ки барояд саҳар аз даст,
Дастам надиҳад тӯҳфаи дигар, чӣ фиристам?
Чун бар дару боми ту нахоҳам, ки парад мурғ,
Ман худ бипарам, хат ба кабӯтар чӣ фиристам?
Шавқи лаби чун қанди туам гарчи басе ҳаст,
Пеши ту суханҳои мукаррар чӣ фиристам?
З-ин сон, ки Камол аст зи ҳиҷрони ту гирён,
Бо номабарат ҷуз ғазали тар чӣ фиристам?
Дӯш аз ғами ӯ шикаста будам,
Бо зулфи каҷаш нишаста будам.
Пайванд ба он таноб карда,
Аз риштаи ҷон гусаста будам.
Дасти ману зулфи ёр, ҳошо,
Бар хеш дурӯғ баста будам.
Хуш буд дилам ба нози он чашм,
Аз ғамза агарчи хаста будам.
То бар кафи пош молам ин рӯй,
Сад бор ба ашк шуста будам.
Аз оташи ҳаҷр, чашми бад дур,
К-он шаб чу сипанд ҷаста будам.
Филҷумла, ба давлати рухи дӯст,
Аз нанги Камол раста будам.
Дил зи чашми ӯ ба нозе маст шуд бе хеш ҳам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дил зи чашми ӯ ба нозе маст шуд бе хеш ҳам,
Ноз худ, гӯ, беш кун, то мирамаш з-ин беш ҳам.
Чун бад-он қонеъ шудам, к-аз ғамза дилҳо реш сохт,
Мефишонад аз лаби хандон намак бар реш ҳам.
Хоки пои ӯ ба дида, гуфта будам, тӯтиёст,
Нек будаст он назар, дидам ба чашми хеш ҳам.
Кардаам андешаи неке, ки дигар нашнавам
Дар ғами ӯ қавли носеҳ, панди некандеш ҳам.
Сарзаниш дар ишқи ӯ дилро бад-он монад, ки реш,
Пур бувад аз дарду бар сар мезанандаш неш ҳам.
Вақти қатл, эй теғ, агар беҷурмиям бинӣ, зи шарм
Сурх гардӣ дар даму сар афканӣ дар пеш ҳам.
Гуфта будӣ дӣ: Палосат з-атласи мо беҳ, Камол.
Бо ҳама олам палосу бо мани дарвеш ҳам.
Дил гирифт аз бутони маҳрӯям,
Рост гӯям, дурӯғ мегӯям.
Мастам аз бӯи анбаринмӯён,
Нест ҳушёр як сари мӯям.
Мекунам з-он лабу даҳон пурсиш,
Ошиқам, нуқлу бода меҷӯям.
Номи он лаб чу мебарам ба забон,
Лаб ба оби ҳаёт мешӯям.
Шодии вақти ман, ки дар ҳама умр
Бо ғами ӯву меҳнати ӯям.
Бод агар хоки ман барад ҳар сӯ,
Накашад меҳри дил ҷуз он сӯям.
Обрӯ боядат, бигӯй, Камол,
Ба тафаххур, ки хоки он кӯям.
Дардест дар дарунам, дармони он надонам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дардест дар дарунам, дармони он надонам,*
Соқӣ, биёр ҷоме пурзаҳру вораҳонам.
Аз пеш баргирифтам рахти вуҷуд, пеш ой,
То як нафас бубинам рӯи ту, пас намонам.
Дур аст кӯи ҷонон, эй боду ман заифам,
Фарёди ҷони ман рас в-он ҷойгаҳ расонам.
Ҷонам бикост чун шамъ, эй боди субҳ, охир,
Аз куштанам чӣ хоҳӣ, ман худ зи мурдагонам?!
Ҷаври ман аз табиб аст, дарди ман аз ҳабиб аст,
Он ғусса бо кӣ гӯям, ин қисса бо кӣ ронам?
Дар банди тан дареғ аст ҷони паринажодам,
Девонавор ногаҳ занҷир бигсалонам.
Ҳоли Камол, гуфтам, як шаммае бигӯям,
Чун меҳрубон надидам, мӯҳр аст бар даҳонам.
____________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
____________________________________________
Дил бирафт аз дасти мо, танҳо на дил, дилдор ҳам,
Ҷонам аз дарди ҷудоӣ хаста шуд, афгор ҳам.
Охир омад рӯзи васлу рӯзгори айш низ,
Чашм хобонид бахту давлати бедор ҳам.
Гар бигӯям пеши ёрон дарди бедармони хеш,
Бар мани ғамгин бигиряд ёр ҳам, ағёр ҳам.
Бевафоӣ бин, к-аз ӯ ҷуз пурсишам уммед нест,
Хотири ёрӣ намеҷӯяд бад-ин миқдор ҳам.
Гар биранҷонад маро аз дигарон бисёртар,
Ҳам наранҷам, балки дорам миннати бисёр ҳам.
То ғаму андӯҳи ӯ ғамхору мӯнис шуд маро,
Фориғу осудаам аз мӯнису ғамхор ҳам.
Бо рухи ӯ меҳри пинҳон чанд меварзӣ, Камол?
Ин сухан дар кӯй шуд машҳуру дар бозор ҳам.
Дорам он сар, ки сари зулфи нигоре гирам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дорам он сар, ки сари зулфи нигоре гирам,*
Бар сари кӯи дилором қароре гирам.
Хирқа бифрӯшаму дафтар гарави бода кунам,
Ҷоми май нӯшаму аз равза каноре гирам.
Остин бар ҳама афшонаму аз ҷону ҷаҳон
Даст кӯтаҳ кунаму домани ёре гирам.
Шиканам тавбаву дар ҳалқаи савдозадагон
Бо сари зулфи нигоре сарукоре гирам.
Гарчи рӯзе ба шаб овард, мапиндор, ки ман
Аз хатат бар дили ошуфта ғуборе гирам.
Гӯ, насиҳат макун аз рӯи ту, эй зоҳиди шаҳр,
Носеҳ он нест, ки ӯро ба шуморе гирам.
Гар ту себи занахи хеш напӯшӣ зи Камол,
Ман барои дилам аз рӯи ту боре гирам.
____________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
____________________________________________
Дар ин заҳмат, ки ин навбат ман аз реши дарун дорам,
На ҳастам тоқати рафтан, на имкони сукун дорам.
Даруни хилвати хотир туӣ маҳрам, ту медонӣ,
Ки шавқи орзумандӣ зи ту аз ҳад бурун дорам.
Ту ҳамчун субҳ механдиву ман чун шамъ мегирям,
Намедонӣ, ки ин ҳолат ман аз сӯзи дарун дорам.
Зи васлат подшоҳонро ба ҷуз ҳирмон нашуд ҳосил,
Мани беҳосили мискин чунон уммед чун дорам?
Зи дил як қатра хун мондаст аз ҳаҷри ҷигарсӯзат,
Вале дар ҷӯйбори дида сад дарёи хун дорам.
Надидам ҳеч бархурдорӣ аз сарви қадат ҳаргиз,
Чӣ суд аз ҳиммати олӣ чу бахти сарнагун дорам.
Камол, аз дунйии дунам чӣ тарсонӣ, чу мегӯӣ:
Ҷавонам, ошиқам, мастам, ғам аз дунёи дун дорам?
Хаёли чашму абрӯят шабе дар хоб медидам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Хаёли чашму абрӯят шабе дар хоб медидам,*
Ту гӯӣ, ҷодувони маст бар меҳроб медидам.
Зи дасти чашму дил он дам тани ғамдидаи худро
Гаҳе дар оташи меҳнат, гаҳе дар об медидам.
Таманнои руху зулфат чу мекардам дар он савдо,
Ба рӯзи равшан он соат шаби маҳтоб медидам.
Ба гирди хотири ғамгин чаро гаштӣ майи рангин,
Гар аз ҷоми лабат ҷонро даме сероб медидам?
Чу хоки остони ту ҳамеояд ба чашми ман,
Кушода бар дари бахтам даре з-он боб медидам.
Зи ҳаҷрат сӯхтам, роҳат намекардам таманное,
Вале ҳар гуна меҳнатро басе асбоб медидам.
Камоли хастаро ҳар дам ба ёди лаъли дурборат
Равон аз чашмаи чашмаш ақиқи ноб медидам.
____________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
____________________________________________
Холи лаби туст доғи ҷонам,
Дилсӯхта з-ину кушта з-онам.
Хоке, ки бар он нишони он пост,
Аз оби бақо диҳад нишонам.
То рух ниҳамаш, пас аз фано низ
Шатранҷ кунед аз устухонам.
Аз чашми ту дод хостам, гуфт:
Ман туркаму порсӣ надонам.
Ҳиндуи муборак аст, гуфтӣ,
Дар фоли ту холи дилситонам.
Ман низ бар он сарам, ки сад ҷон
Дар пои муборакат фишонам.
Дар пеши Камол агар нишинӣ,
Бар дидаи равшанат нишонам.
Чӣ ранҷам аз ту, гар куштӣ ба нозам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Чӣ ранҷам аз ту, гар куштӣ ба нозам,
Ки нозат умри нав бахшид бозам.
Чу корам ҷуз буридан нест аз хеш,
Чаро бошад зи теғат эҳтирозам?
Табибӣ, шарбати ман гар насозӣ,
Зи қанд обе ба хуни дил бисозам.
Зи абрӯят чу рӯ орам ба меҳроб,
Сари зулфат бувад иқди намозам.
Назар каҷ бохтӣ, гуфтӣ, ба он зулф,
Ду рух дорад, чӣ гуна каҷ набозам?
Сари зулфат маро умри дароз аст,
Худовандо, бидеҳ умри дарозам!
Камол аз бандагони мост, гуфтӣ,
Бад-ин иқбол доим сарфарозам.
Ҳуқуқи нозу итоби ҳабиб ман донам,
Ту ҳақшинос наӣ, эй рақиб, ман донам.
Ниҳода бар сари хон ишқи ӯ кабоби ҷигар,
Ба нияти кӣ ниҳод он насиб, ман донам.
Чу ман кашидаам аз ҷаври ӯ басе фарёд,
Чиҳо кашид зи гул андалеб, ман донам.
Нуҳуфта маънии нозук басест дар хати ёр,
Ту фаҳми он накунӣ, эй адиб, ман донам.
Дилам ба зулфи ту чун аст, аз ин ғариб мапурс,
Ки шом чун гузарад бо ғариб, ман донам.
Сабо чӣ гуфт, шунидӣ, ба ман раҳо кун зулф,
Ки атрсой манам, қадри тиб ман донам.
Камол, ғам махӯр аз дарди дил, ки дилбар гуфт:
Ки ин илоҷ надонад табиб, ман донам.
Чӣ хуш буд он шабе, к-аз дар даромад ёри маҳрӯям
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Чӣ хуш буд он шабе, к-аз дар даромад ёри маҳрӯям,
Рухаш бӯсидаму лаб ҳам, дигарҳоро намегӯям.
Маҳи хиргаҳнишин он шаб маро зону задӣ сад бор,
Чу он турк аз сари мастӣ ниҳодӣ сар ба зонуям.
Куҷо ёбам ман он дилро, ки кардам бар дари ӯ гум,
Ки дар бутхона гум гаштасту ман дар Каъба меҷӯям.
Зиёратгоҳи ман созед тоқе дар раҳи мастон,
Ки хоҳад кушт, медонам, маро он чашму абрӯям.
Барои мастии ман, гӯ, маёвар оби май, соқӣ,
Ки аз хоки сари кӯяш сабо меоварад бӯям.
Дило, гар гӯядат дилбар, ки дилҳо гӯи мо бошад,
Ба чавгони сари зулфаш, бигӯ, ман ҳам ҳамин гӯям.
Камол аз Хизр пурсиш кард васфи чашмааш, гуфто:
Чу он лаб дидаам, з-он об акнун даст мешӯям.
Чӣ хуштар давлате з-инам, ки як дам бо ту биншинам,
Ки серӣ нест аз рӯят маро, чандон ки мебинам.
Ба чашми нотавон з-ин сон, ки бурдӣ хобам аз мижгон,
Набинад кас ба хоб акнун, ки ояд сар ба болинам.
Шаби ҳиҷронат аз ҳар сӯ фишондам ашк дур аз ту,
Чу маҳ гашт аз назар ғоиб, бирафт аз дида Парвинам.
Гарам пеши касон хонӣ саги кӯю гадои дар,
Барад ҳар кас ҳасад бар ман, макун таъзим чандинам.
Лабатро чун нагӯям, к-аз даҳонат ҳаст нозуктар,
Ки ҷон бар як сари мӯи ту натвонам, ки бигзинам.
Ҳадиси ҳусни рухсорат чу гул то кардаам дафтар,
Варақро сурхрӯиҳост аз гуфтори рангинам.
Маро гӯӣ, Камол, оини ошиқ бедилӣ бошад,
Агар бедил наям, ҷоно, ман аз ишқи ту бединам.
Показаны записи 171-180 из 534