Газели


Показаны записи 531-540 из 534

Эй хати ту сабзии хони бало

Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Эй хати ту сабзии хони бало, Холи сиёҳи ту нишони бало. Лаъли лабат, к-он дили ман кард хун, Хонамаш аз дарди ту кони бало. Зоҳиди худбин ба умеди атост, Ошиқи мискин нигарони бало. Дод нишонам камарат з-он миён, Боз фитодам ба миёни бало. Дур зи пеши ту бало з-они мост, Пеши ту мо низ аз они бало. Чун накашам оҳ, агар баркашӣ Аз мижаҳо теғу синони бало? Рӯ ба дуо ор зи чашмаш, Камол, То раҳӣ аз фитна замони бало. Эй равшанӣ аз рӯи ту чашми нигаронро, Ин равшании чашм мабодо дигаронро. Бо ҳусни туву нози ту сӯзеву ниёзе Ҷони дигаронро, дили соҳибназаронро, Зоҳид зи ту пӯшад назару зӯҳд фурӯшад, Ин бехабаронро нигар, он бебасаронро. Аз пеши ман он ҷони ҷаҳонро гузаронед, То хуш гузаронем ҷаҳони гузаронро. Ҷон аз сари кӯи ту надорад сари парвоз, Мурғе, ки чаман ёфт, наҷӯяд таяронро. Гуфтам: Ба ҳақи он дили сангин, ки вафое, Вақфе набувад пеши ту савганди гаронро. Бинмо ба Камол он лабу хун хӯрдани ӯ бин, К-он бода ҳалол аст чунин нуқлхуронро.

Он ки дар дил ҳаваси рӯзи висол аст ӯро

Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Он ки дар дил ҳаваси рӯзи висол аст ӯро, Хоби хуш дар сар агар ҳаст, хаёл аст ӯро. Дил зи чашмаш чӣ шуд, ар кард саволи назаре, Худ назарҳост дар он, ҷои суол аст ӯро. Холи лабҳош ба хуни дили соҳибназарон Ташна аз чист, чу дар пеш зулол аст ӯро? Офтоб аз ҳаваси он, ки шавад ҳамсари ӯ, Истад рост в-аз ин бими завол аст ӯро. Дили бемори ман аз долу алиф холӣ нест, То қади чун алифу зулфи чу дол аст ӯро. Ба ҷигархунии бисёр ба каф кард ғамаш, Хуни ушшоқ бихӯр, гӯ, ки ҳалол аст ӯро. Ба Камол аст ҳама ҷавру ҷафову ситамаш, Ин сифатҳо, ки шунидӣ, бакамол аст ӯро. Эй бод, макаш турраи ҷононаи моро, Занҷир маҷунбон дили девонаи моро! Он шамъи Чигил, гӯ, ки ба рақс ораду парвоз Ин сӯхтадилҳои чу парвонаи моро. Диданд зиён он, ки ба сад ганҷи Фаридун Карданд баҳо гавҳари якдонаи моро. Диданд сиришкам ҳама ҳамсояву гуфтанд: Ин сел, аҷаб, гар набарад хонаи моро. Дил гарчи хароб аст зи ғам, чун ту дароӣ, Обод кунӣ кулбаи вайронаи моро. Хоби хуши субҳат барад аз дидаи махмур, Шаб гар шунавӣ наъраи мастонаи моро. Хоҳад гилаҳо кард Камол имшаб аз он зулф, Шабҳое чунин гӯш кун афсонаи моро.

Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро

Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро, Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро. Гӯиям: Рав з-ин дару султони вақти хеш бош, Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро. Чокаронатро намегӯям, ки хоки он дарам, Бо бузургон худситоӣ хуш намеояд маро. Гуфтамаш: Дар оби ораз акси рӯятро намо, Гуфт: ҳар дам худнамоӣ хуш намеояд маро. Аз лаби лаълат напарҳезам ба даврони ду чашм, Пеши мастон порсоӣ хуш намеояд маро. Мункири зӯҳдам ба рӯят, то назарбоз омадам, Покбозам ман, дағоӣ хуш намеояд маро. Сӯфиён гӯянд: Чун мо хезу дар рақс о, Камол, ҳолату ваҷди риёӣ хуш намеояд маро. Аз ошиқӣ ҳамеша ҷавон аст пири мо, Холӣ мабод ишқи бутон аз замири мо. Бо он ки чун чароғи саҳар шуд ҷавонамарг, ҳам дер зист муддаии зудмири мо. Сад ҷон зи мо ситонду ба як бӯса ваъда дод, Бисёрбахш дилбари андакпазири мо. Дар дил ба қадри зарра нағунҷад хаёли ғайр, К-аз меҳри ӯ пур аст замири мунири мо. То кай дуои васли камонабрӯвон кунем, Чун бар нишона ҳеч наяфтод тири мо? Ҷонро чу нест аз тану танро зи ҷон гурез, Аз мо ҷудо машав дигар, эй ногузири мо! Дорем сабр андаку беш аз шумор шавқ, Пӯшида нест аз ту қалилу касири мо. Рӯзи ҳисоб ғам нахӯрем аз гунаҳ, Камол, Гар иқди зулфи ёр бувад дастгири мо.

Аз пероҳанат бӯе омад ба гулистонҳо

Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Аз пероҳанат бӯе омад ба гулистонҳо, Карданд пур аз накҳат гулҳо ҳама домонҳо. Бо ришта ҳама чоке шуд дӯхта в-ин турфа, К-аз риштаи зулфи ту чок аст гиребонҳо. То хони малоҳатро орост ба сабзӣ хат, Афканд лаби лаълат шӯре ба намакдонҳо. Гар зулф барафшонӣ, дар по фиканӣ сарҳо, Чун лаб ба ҳадис орӣ, барбод диҳӣ ҷонҳо. Дидори рақиб аз дур афзуд маро гиря, Аз абри сияҳ бошад афзунии боронҳо. Бемори туро ҳар дам шарбат диҳаду марҳам, Бе чошнии дардат фарёд зи дармонҳо. Ид аст, Камол, ар ёр дорад сари қурбонӣ, «Мо низ яке бошем аз ҷумлаи қурбонҳо».*

Показаны записи 531-540 из 534