Показаны записи 501-510 из 534
Ҳоли дарди худ муҳиб ҳаргиз нагӯяд бо табиб
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳоли дарди худ муҳиб ҳаргиз нагӯяд бо табиб,
Сахт бедардӣ бувад нолидан аз дарди ҳабиб.
Бӯса бар пои саги кӯи ту хоҳам зад шабе,
То бишӯям лаб, ки бӯсидам бад-он дасти рақиб.
Эй, ки хоҳӣ дод бахши ғам ба мискинони хеш,
Чун манат мискинтарам, боре ба ман деҳ он насиб.
Гуфта будӣ бар дилат хоҳам задан тире дигар,
Ё Раб, ин давлат чӣ хуш будӣ, ки будӣ анқариб!
Пераҳан шуд чок бар тан гулрухони боғро,
Баски аз зулфи ту пур карданд доманҳо зи тиб.
Сояе аз мо ғарибон, эй аҷаб, ҳайф омадат,
Сарвию аз сарв кӯтаҳҳимматӣ бошад ғариб.
Барсар оӣ аз ҳамовозон ба хушгӯӣ, Камол,
Гар сару ҷон бар сари сарве кунӣ чун андалеб.
Дилам аз шамъи рухат дар табу тоб аст имшаб,
Ҷонам аз наргиси масти ту хароб аст имшаб.
Тани ранҷури ман аз дасти дилу дида чу шамъ
Гоҳ дар оташу гаҳ бар сари об аст имшаб.
Заҳмати хеш бубар аз сарам, эй мардуми чашм,
Ки миёни ману ӯ дида ҳиҷоб аст имшаб.
Соқиё, шамъ ба перомуни маҷлис бинишон,
То бидонанд, ки моро сари хоб аст имшаб.
Дар дили шаб асари нури қамар пайдо нест,
Магар аз зулфи ту бар моҳ ниқоб аст имшаб?
Чашми масти ту, надонем, ба мастон зи чӣ рӯй
Аз сари арбада дар айни итоб аст имшаб?
Дӯст меҳмони Камол аст, биёред шароб,
Ки дили душман аз ин ғусса кабоб аст имшаб.
Ҷониби мо хуб меояд. Кӣ меояд? ҳабиб
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Ҷониби мо хуб меояд. Кӣ меояд? ҳабиб
В-аз паи ӯ зишт меояд. Кӣ меояд? Рақиб.
Барнатобад ҷони мо дарди сари ҳар кас дигар,
Менишинад дарди ӯ дар дил, ту бархез, эй табиб!
Чун кашӣ хони бало пеши ҷигархорони ғам,
Ин гадои камтаринро бештар фармо насиб.
Раҳмате гар мекунад чашми ту бар афтодагон,
Дурри ишқи ман ятим асту мани мискин ғариб.
Гар ба меҳроб ояти нури рухат хонад имом,
Оташ афтад дар даруни минбар аз оҳи хатиб.
Дамбадам ҷоне ба тан меоядам, чун вақтҳо
Боди тоиб вақтҳо меорад аз зулфи ту тиб.
Чист ин тезӣ, рақибо, ҳар замонат бо Камол?
Пеши гул, эй боғбон, аз хор беҳтар андалеб.
Чу офтоб фиканд аз рухи замона ниқоб,
Бирез дар қадаҳи гавҳарӣ ақиқи музоб.
Хурӯши нолаи мастон ба гӯши ӯ бирасид,
Вагарна мардуми чашмам куҷо шудӣ дар хоб?
Чу мутриби ғами ӯ чанг зад ба домани ман,
Зи гӯшмоли ҷафо нола мекунам чу рубоб.
Зи ҷайби пераҳан андоми нозанин бинаш,
Чунон ки аз танаи шиша қатраҳои гулоб.
Агарчи рехтани хун ба ҳукми шаръ хатост,
Бирез хуни суроҳӣ, ки ҳаст айни савоб.
Туро ба чашмаи ҳайвон чаро кунам ташбеҳ,
Ки ҳаст ташнаи лаъли ту гавҳари сероб.
Кунун, ки ҷаври фироқ аз ту бар Камол расид,
Зи дасти дида фитодам чу коса бар сари об.
Он рух набинам, ар набурӣ зулфи пур зи тоб
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Он рух набинам, ар набурӣ зулфи пур зи тоб,
Шаб мунқатеъ нагашта, набинад кас офтоб.
Бар гӯшаи узори ту мастест хуфта, чашм
Наздики субҳ аз паи он меравад ба хоб.
Дандони шона мекашад он чини зулфу бас
Номаш хато набуд, ки хондем мушки ноб.
Гуфтӣ: Пас аз ҳалоки ту даст аз ҷафо кашам.
Эй умри ногузир, чаро мекунӣ шитоб?!
Шавқи руху лаби ту зи дил хун чаконд, хун,
Аз оташу намак кунад ин гиряҳо кабоб.
Нақши дарат ҳамеша ба хун баркашад сиришк,
ҳамчун муҳаррирон, ки ба сурхӣ кашанд боб.
Хатҳои ашк бар варақи чеҳраи Камол
Гар оядат ба чашм, равон хониаш ҷавоб.
Бо рухи он маҳ ба даъво гар барояд офтоб,
Кай намояд зарра, ҳар ҷо рух намояд офтоб?
Сӯхтам аз ҳасрат,эй абр, афкан он ҷо сояе,
То дигар бар хоки пояш рух насояд офтоб.
Ту рав, эй дарбон, ки ман дар сояи девори ӯ
Менишинам мунтазир чандон, ки ояд офтоб.
Баъд аз он, к-он рӯи равшан офтоб аз дур дид,
Гар бар ӯ бандӣ дар, аз равзан дарояд офтоб.
Офтоб ар гӯядат: Ман бо ту мемонам. Маранҷ!
Худ ба худ гарм аст, худро меситояд офтоб.
Дар сари зулфат гирифтаст офтоб аз дер боз,
ҳалқае бикшо аз он мӯ, то кушояд офтоб.
Мекашад баҳри ту, гуфтам, дарди сар доим, Камол,
Гуфт: Нашнидӣ, ки дарди сар фазояд офтоб?
Макаш бар ҳар диле тиру макуш боз аз ҳасад моро
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Макаш бар ҳар диле тиру макуш боз аз ҳасад моро,
К-аз он мижгон зи сад новак саду як мерасад моро.
Ба ҳиҷрон ҷангҳо дорем бе зулфу даҳони ту,
Аз он миму ду дол имрӯз мебояд мадад моро.
Рақибо, чанд чун об аз ту бошам даступоларзон?
Раҳо кун, боғбон, як дам ба пои сарви худ моро.
Дили мо мекашад хатте, ки омад ҷониби рӯяш,
ҳамеша ҷониби рӯи накӯ дил мекашад моро.
Намехусбанд мурғони чаман аз нолаам шабҳо,
Ки болодаст шуд оҳ аз ғами он сарвқад моро.
Зи кӯяш бар кафан гарде агар бо худ тавон бурдан,
Даре аз равза бикшоянд бар хоки лаҳад моро.
Камол, ин решро сурат набандад марҳаму дармон,
Чу ин доғ аз азал омад, бисӯзад то абад моро.
Ёр бигзид бевафоиро,
Рафту бибрид ошноиро.
ҳама ғамҳо ҷудо-ҷудо бикашам,
Ҷуз ғаму ғуссаи ҷудоиро.
Шайиллилаҳ маро зи рӯи накуст,
Ман накӯ мекунам гадоиро.
Хонаро гар набошад аз ту чароғ,
Чӣ кунад дида рӯшноиро?!
Бартар аз даст норасоии мост,
Гар гузидем порсоиро.
Зоҳид аз шаҳри ишқ рахт кашид,
Ақл бифканд рустоиро.
Гуфтамаш: Хоки роҳи туст, Камол,
Гуфт: Бигзор, худнамоиро!
Моро ба ишқ мекунад иршод пири мо
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Моро ба ишқ мекунад иршод пири мо,
Донад, ки зоҳидӣ набувад дилпазири мо.
Дил ҷои меҳри туст, чӣ пинҳон кунем роз,
Чун равшан аст пеши ту мо-фӣ-з-замири мо.
Ҷон медиҳем тӯҳфа ба боду намебарад,
Хиҷлат ҳамебарад зи матои ҳақири мо.
Дар ҳусну ҳусни аҳд наёбем солҳо
ҳам мо назири он маҳу ҳам ӯ назири мо.
Гуфтам: Фирист новаке аз кеши хеш. Гуфт:
Тарсам, ки боз чашм бидӯзӣ ба тири мо.
Тороҷи ғамза саҳл бувад, гар кунӣ ба васл
Мискиннавозии дилу ҷони асири мо.
Дасти Камол гир, ки бе ту зи по фитод,
Эй раҳмати ту дар ду ҷаҳон дастгири мо!
Масти ишқам зи харобот маёред маро,
То абад бар дари майхона гузоред маро.
Бодаи поки равон пеши ман оред даме,
Охир аз покравон чанд шуморед маро?!
Ман, ки имрӯз зи тасбеҳ ба истиғфорам,
Беш дар савмаа маҳҷур мадоред маро.
Дилам аз зулфи бутон силсила дорад бар пой,
То ки аз ҳалқаи риндон бадар оред маро.
З-обрӯ даст тавон шустану аз май натавон,
Магар он рӯз, ки бо хок супоред маро.
Дишаб аз майкада сармаст ба дӯшам бурданд,
Гӯ, чунин ҳам ба дари дӯст бидоред маро.
Гар ҳарифона биёед ба сарвақти Камол,
Шакари ноб маёред, май оред маро.
Гар бар дари ӯ судаме рухсори гардолудро
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Гар бар дари ӯ судаме рухсори гардолудро,
Осудахотир кардаме ин ҷони ғамфарсудро.
Хоке, ки наълайни ту суд, аз дида дорам дӯсттар,
Аз моя, оре, дӯсттар доранд мардум судро.
Саҳл аст, агар холи лабат сӯзад ба доғи ғам дилам,
Аз баҳри ҳалво метавон бурдан ҷафои дудро.
Гӯши Аёз аз нолаи бетоқатон гардад гарон,
Бар пушти пилон гар ниҳӣ бори дили Маҳмудро.
Гар омадӣ иқди сари зулфат ба дасти ман шабе,
Бо ӯ ҳисобӣ кардаме ғамҳои номаъдудро.
Вақте зи ошиқнокушӣ будӣ зи ту моро гила,
Имрӯз розӣ сохтӣ дилҳои нохушнудро.
Гуфтӣ: Камол, ар ошиқӣ, пеши рухи ман сӯз ҷон,
Кас пеши оташ сӯхтан таълим надҳад удро.
Гар бурӣ чун сари зулф ин сари савдоиро,
Пойбӯси ту кушад ин дили шайдоиро.
Ман аз ин дар наравам, з-он ки ба ҷое нарасид
ҳеч коре ба талаб ошиқи ҳарҷоиро.
Рӯй нанмуда, гирифтам, ки равӣ аз бари мо,
Ба куҷо мебарӣ ин хубиву зебоиро?
Чӣ варақҳо, ки куҳан кард ба дафтар гули сурх,
То биёмӯхт зи рӯят чаманороиро.
Хори мижгон манигар, пой бинеҳ бар сару чашм,
Ки зиёне нарасад аз мижа биноиро.
Рӯи зоҳид накунад орзуи чашми тарам,
Майли хушкӣ набувад мардуми дарёиро.
Дарнагирад дамат, эй носеҳи доно, ба Камол,
То бар оташ наниҳӣ дафтари доноиро.
Каъбаи кӯяш мурод аст ин дили овораро
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Каъбаи кӯяш мурод аст ин дили овораро,
Бо муроди дил расон, ё Раб, мани бечораро.
Дил дар он кӯ рафту шуд овора, ман ҳам меравам,
То аз он оворатар созам дили овораро.
Дар миёни хору хоро гар туӣ ҳамроҳи ман,
Гул шиносам хорро, дебо шуморам хораро.
Гар аз он доман бад-ин дарвеш васле мерасид,
Вуслае медӯхтам ин ҷони пора-пораро.
Сӯи зулфаш рафтаму дидам, ки дар банди дил аст,
Ҷуз мани шабрав кӣ донад макри ин айёраро?
Пеши ноаҳлон чӣ ҳосил зикри пурдонӣ, Камол,
Донаи гавҳар чӣ резӣ мурғи арзанхораро?
Гар ба ҷустан ёфт гаштӣ ёри мо,
Fайри ҷӯёӣ набудӣ кори мо.
Гар шудӣ дидори ӯ дидан ба хоб,
Хоб ҷустӣ дидаи бедори мо.
Гар ба доғаш сина захме ёфтӣ,
Ёфтӣ марҳам дили афгори мо.
Кас давои мову дарди мо наёфт,
Чанд меҷӯяд табиб озори мо?!
Ҷону сар дар ҳалқаи савдои ӯ
Гар ба ҳеч арзад, зиҳӣ бозори мо!
ҳар ҳикоят, к-аз лаби ӯ мекунам,
Бӯи ҷон меояд аз гуфтори мо.
Ёр чун бишнид гуфтори Камол,
Гуфт: Мавлоноиву Аттори мо.
Тариқи ишқ меварзӣ, раҳо кун дину дунёро
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Тариқи ишқ меварзӣ, раҳо кун дину дунёро,
Халоси хеш меҷӯӣ, маҷӯ номусу даъворо.
Ба нури ақл натвон рафт роҳи ишқ, эй оқил,
Зи Маҷнун пурс, агар дорӣ тариқи ҳайи Лайлоро.
Зи оҳи синаи ушшоқ зулмотӣ шавад ризвон,
Агар дар равза нанмоӣ ба мо нури таҷаллоро.
ҳавои сарви болои ту дорад ростӣ в-ар не,
Барои ҳимаи дӯзах баранд аз равза Тӯборо.
Биёро равзаи ризвон ба рӯи худ, ки бе рӯят
Зи дӯзах бознашносад касе фирдавси аълоро.
Ту то суратпарастӣ, аҳли маъниро куҷо бинӣ,
Ба чашми аҳли маънӣ метавон дид аҳли маъноро.
Камол, аз ғояти риндӣ агар ёбад харидоре,
Ба ҷойи бода бифрӯшад салоҳи зӯҳду тақворо.
Карданд сайд он зулфу рух дилҳои беоромро,
Баҳри шикори булбулон бар гул ниҳодӣ домро.
Пеши гули андоми ту дорад гул андоме, вале
Лутфе набошад ончунон андоми беандомро.
Соқӣ, расид айёми гул, холист аз май ҷоми мул,
Он беҳ, ки дар давре чунин холӣ надорӣ ҷомро.
Гуфтӣ: Диҳемат оқибат май аз кафи симини худ,
Ман сӯхтам, то кай диҳӣ он ваъдаҳои хомро?
ҳусни ҷаҳонгират чу кард он зулф дур аз пеши рӯ,
Додӣ ба яғмо Румро, кардӣ парешон Шомро.
Ӯ зулф бишкасту Камол аз тавбаву зӯҳду вараъ,
Зуннор чун бубрид ёр, ӯ ҳам шикаст асномро.
Тоқати дарди ту з-ин беш надорам, ёро
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Тоқати дарди ту з-ин беш надорам, ёро,
Чорае кун ба назар дарди дили шайдоро.
ҳаваси рӯи туам кард парешонаҳвол,
Зулфат андохт магар дар дили ман савдоро?
ҳар касеро зи лабат лаззати ҷон ҳосил шуд,
Коми безавқ чӣ донад мазаи ҳалворо?
Тоқати ханда надорад лабат аз ғояти лутф,
Ба сухан ранҷа макун он лаби шаккархоро.
То кунад боди сабо ғолиясоӣ ба чаман,
Барфишон бар сари гул сунбули анбарсоро.
Васфи рӯи ту Камол ар накунад, нуқсон нест,
Набувад ҳоҷати машшота рухи зеборо.
Табиби шаҳр чӣ тасдеъ медиҳад моро,
Ки кас наёфт ба ҳикмат илоҷи савдоро.
Зи хоки пот сарам гар ба теғ бардорад,
Ниҳам сару наниҳам аз сар ин таманноро.
Саҳиқадони биҳишт ар ба сарви мо бирасанд,
Чу соя дар қадами ӯ кашанд болоро.
Маломатам чӣ кунӣ, к-аз азал нигоштаанд
Ба ҷоми аҳли назар нақши рӯи зеборо.
Басе ба васфи даҳонат Камол мӯй шикофт,
Наёфт як сари мӯ нақши ин муамморо.
Шона зад бод зулфи ёри маро
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Шона зад бод зулфи ёри маро,
Аслаҳуллоҳ шаънаҳу абадо.*
Гар Худо рост орад, ояд рост
Сарви тӯбохироми мо бар мо.
Дил чу пероҳани ту меларзад,
Бар ту чун бигзарад насими сабо.
То ба боло ту рост чун алифӣ,
Мо чу ломем дар миёни бало.
Дида, бигзор, то лабат бинад,
Ки ба мартуб беҳ бувад ҳалво.
Дил зи дарди ту пур шудаст чунон,
Ки нағунҷад дар ӯ хаёли даво.
Дил маранҷон ба дарди дӯст, Камол,
Фаҳва моъи -л-ҳаёт фиҳа шифо.**
_____________________________________
* Худо ҳамеша барори корашро диҳад.
** Зеро оби ҳаёт ва мояи шифост.
_____________________________________
Шаб сӯи мо ҳаваси омадан аст он маҳро,
Дидаҳо, пок бирӯбед ба мижгон раҳро.
То ту бар гӯшанишинон гузарӣ, чашму мижа
Обу ҷорӯб зада савмааву хонақаҳро.
Ба чӣ мансуба надонам, ки баремат ба висоқ,
Ту шаҳӣ, менатавон бурд ба бозӣ шаҳро.
Ҷони мо беш масӯзон чу баровардӣ хат,
Дуд бархост, манеҳ бар сари оташ каҳро.
Бе садои саҳарӣ мурғи чаман бедор аст,
ҳоҷати бонг задан нест дили огаҳро.
Ҷӯяд аз сӯҳбати мо зоҳиди пурҳила гурез,
Тоқати панҷаи шерон набувад рӯбаҳро.
Мабур он зулф, ки ёдаш шаби мо кард дароз,
Ошиқон дӯст надоранд шаби кӯтаҳро.
Гашт рангин зи сухан дафтари ашъори Камол,
Гӯ, ба сурхӣ менависед ва айзан лаҳро.
Показаны записи 501-510 из 534