Показаны записи 521-530 из 534
Ашкам аз баҳри нисори кадами дӯст ба чашм
Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Ашкам аз баҳри нисори кадами дӯст ба чашм
Мардумӣ карду ба доман гуҳар овард маро.
Ҷустам аз ҳоли дили рафта нишоне зи насим,
Бӯи ёр омаду аз ҷон хабар овард маро.
Ҷони ман чошние з-он лаби ширин талабид,
Fами ҳаҷр омаду хуни ҷигар овард маро.
Масту савдозада чун наргиси соқист Камол,
Мастӣ он май зи лаби чун шакар овард маро.
Чашмат аз гӯшаи тақво бадар овард маро
Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Чашмат аз гӯшаи тақво бадар овард маро,
Масту ғалтон сӯи аҳли назар овард маро.
Хирқаи азрақи ман боз ба май гулгун шуд,
Ишқ ҳар дам ба дигар ранг даровард маро.
Дод беш аз дигарон ҷоми маям пири муғон,
Он тиҳӣ ношуда, ҷоми дигар овард маро.
Бода ҳарчанд ки хӯрдам, ба лабаш ташнатарам,
Ташнагӣ нуқлу шакар бештар овард маро.
Сухан аз мутрибу май гӯй ба ман, эй воиз,
Ки суханҳои дигар дарди сар овард маро.
Хоҳад омад ба сарам масту сабӯҳизада боз,
Саҳаре ҳотифи ғайб ин хабар овард маро.
Чашмат ба ғамза кушт мани бегуноҳро
Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Чашмат ба ғамза кушт мани бегуноҳро,
Худ зулфро чӣ гӯяму холи сиёҳро.
Бо оҳу рӯи зард зи холат шудем дур,
Бод омаду зи дона ҷудо кард коҳро.
Мардум зи маҳ ҳисоб гирифтанд солҳо,
Нагрифт дар ҳисоб ҷамоли ту моҳро.
Ҷавҳар, ки қимат аст, кашандаш ба эҳтиёт,
Ман ҳам ба дида мекашам он хоки роҳро.
Аз ҳиммати гадои ту бошад фурӯ ҳанӯз,
Бар арш агар кашанд шаҳон боргоҳро.
Султони ҳусн, гӯ, сӯи дилҳо назар гумор,
Мулк они ӯст, к-ӯ бинавозад сипоҳро.
Номи Камоли хоҷа, ки дарвеш хондаӣ,
Дарвеш хондаӣ ба ғалат подшоҳро.
Ҷаҳоне пур зи мақсуд асту роҳе равшану пайдо,*
Дареғо, ташналаб хоҳем мурдан бар лаби дарё.
Касе, к-аз талъати хуршед ҷуз гармӣ намебинад,
Дило, маъзур медораш, ки дорад чашми нобино.
Ба бӯи васли ҷон мехӯр ғами ҳиҷрон, ки хуш бошад
Кашидан заҳмати хор аз барои роҳати хурмо.
Ҷаноби ишқ бас олист, Мусоҳиммате бояд,
Ки натвон бар чунин Туре шудан бе ҳиммати воло.
Чу бо худ ҳамсафар бошӣ дар ин раҳ, борҳо афтӣ,
Ки борат обгина-сту раҳат пурхору пурхоро.
Гарат донистани илми ҳуруф аст орзу, сӯфӣ,
Нахуст афъол некӯ кун, чӣ суд аз хондани асмо?
Зи чашму зулфи ӯ ошиқ куҷо ёбад ҳузури дил,
Ки дар ҳар гӯшае фитнасту дар ҳар ҳалқае ғавғо.
Зи хуршеди ҷамоли ӯ шаби зиндадилон равшан,
Ба даври қадди ӯ бигрифт кори ошиқон боло.
Магӯ, к-арбоби дил рафтанду шаҳри ишқ шуд холӣ,
Ҷаҳон пур Шамси Табрез аст, марде ку чу Мавлоно?
Ба кунҷи эминӣ натвон нишаст аз чашму зулфи вай,
Ки дар ҳар ҷонибе шӯрасту дар ҳар хонае яғмо.
Ба ноаҳл ар нишон додӣ, Камол, аз хоки даргоҳаш
Кашидӣ кӯҳли биноӣ, вале дар дидаи аъмо.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободӣ дар шакли комил
ба нусхаи ҳозир афзуда шуд.
Ту худ ба гӯш наёрӣ ҳадиси зории мо
Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Ту худ ба гӯш наёрӣ ҳадиси зории мо,
Ки дар ту кор накардаст дарди кории мо.
Шунидам он, ки кушодӣ забон ба дашномам,
Азизи ман, чӣ кушояд туро зи хории мо?
Гар, эй насим, шабе бигзарӣ ба он сари зулф,
Ба гӯши ӯ бирасон зикри беқарории мо.
ҳазор бор ба ҷон бори меҳнатат бурдем,
Ба ҳеч барнагирифтӣ ту бурдбории мо.
Агарчи аз ду ҷаҳон кардаем қатъи умед,
Ба лутфу раҳмати ӯ ҳаст умедвории мо.
Сазад, ки зайли карам бар гуноҳи мо пӯшанд,
Ба рӯзи ҳашр чу бинанд шармсории мо.
Камол, дар саги кӯяш улувви ҳиммат бин,
Ки ор оядаш аз ҳамдамиву ёрии мо.
Ҷоно, зи гарди кӯят пур бод домани мо
В-ин далқи гардхӯрда сад пора бар тани мо.
Дил сокинӣ надорад бе хоки остонат,
Эй хоки остонат то ҳашр маскани мо!
Мо чашми хеш равшан дидан наметавонем,
То ту наменишинӣ дар чашми равшани мо.
Гуфтем: Теғ баркаш! Гуфтӣ: Гуноҳ бошад.
Бод ин гунаҳ ҳамеша аз ту ба гардани мо!
Дӣ мешудам дар он кӯ, омад нидо аз он сӯ,
К-эй ошиқи сару зар, магзар ба гулшани мо!
Донӣ, чӣ гуфт Исо бо ошиқони дунйӣ:
Чандин ҳиҷоб бинед аз ним сӯзани мо.
Шаб бо Камол, эй тан, дар хоб шав, ки он моҳ
Ояд ба дуздии дил аз бому равзани мо.
Бе ғамат шод мабод ин дили ғампарвари мо
Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Бе ғамат шод мабод ин дили ғампарвари мо,
Fам хур, эй дил, ки ба ҷуз ғам набувад дар(х)вари мо.
Дардмандему хабар медиҳад аз сӯзи дарун
Даҳани хушку лаби ташнаву чашми тари мо.
Муфлисонем, ки дар давлати савдои ғамат
ҳосили ҳар ду ҷаҳон ҳеч наярзад бари мо.
Гар ту дар миҷмараи ғам дили мо сӯзонӣ,
ҳамчунон бӯи ту ёбанд зи хокистари мо.
Мекунам шодӣ аз он рӯз, ки гуфтӣ ба рақиб,
К-ин гадоест, ки ҳаргиз наравад аз дари мо.
Дили мо гум шуду ҷуз бод наёбем касе,
Ки шавад ранҷаву орад хабари дилбари мо.
Қимати сӯҳбати мо дон, ки ҳамин дам бошад,
Ки барад ҳаҷри ту аз кӯи ту дарди сари мо.
Узри соҳибназаронат шавад он дам равшан,
Ки бубинад маҳи рӯи ту маломатгари мо.
Сифати рӯи ту чун дар қалам овард Камол,
Гул барад нусхаи ҳусн аз варақи дафтари мо.
Бигзор дар он кӯй мани ашкфишонро
Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Бигзор дар он кӯй мани ашкфишонро,
То дида диҳад об гулу сарви равонро.
ҳайф аст бар он рух, ки фитад сояи гулбарг,
Гулбарг таҳаммул накунад бори гаронро.
Душвор кашад нақши ду абрӯи ту наққош,
Осон натавонанд кашидан ду камонро.
Гуфтам, ки лабат зери ду дандон чу бигирам,
Дорам нигаҳаш. Гуфт: Нигаҳ дор забонро!
Fайр аз дили ошиқ чу нашуд чизи бутон кам,
Ин турфа, чӣ карданд даҳонрову миёнро?!
Бӯсе зи лабаш гуфт ба мову зақани ёр
Шуд зомини он ваъда ҳам инрову ҳам онро.
Бигрифт Камол он зақан акнун ба тақозо,
«Оре, бадали хасм бигиранд замонро»*
_____________________________
* Мисраъ аз Анварии Абевардӣ.
Баъд аз имрӯз ошкоро дӯст медорам туро
Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Баъд аз имрӯз ошкоро дӯст медорам туро,
Аз ту чун пӯшам, нигоро, дӯст медорам туро
Дар вуҷуди ман зи ҳастӣ ҳар сари мӯе, ки ҳаст,
Дӯст медорад маро, то дӯст медорам туро.
Хоҳ дар дил бош сокин, хоҳ дар ҷон шав муқим,
Гар дар ин ҷоӣ в-ар он ҷо, дӯст медорам туро.
Орам ояд пеши сарву лола рафтан дар чаман,
То бад-он рухсору боло дӯст медорам туро.
Гар набошӣ дӯстдорам, дӯст дорам ҳамчунон,
З-он ки ман бе ин таманно дӯст медорам туро.
Дидаву дил ҳар яке танҳо туро доранд дӯст,
Худ мани бедил на танҳо дӯст медорам туро.
Гуфтаӣ: Хун резамат, то душманам дорӣ, Камол,
Ман худ аз баҳри чунинҳо дӯст медорам туро.
Айюуҳалатшон фӣ водилҳаво
Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Айюуҳалатшон фӣ водилҳаво,
Ҷӯй-ҷӯён ҷониби дарё биё!
Ёрро пеши дари ҳар ташнае
Қолат-ил-аквоба қул-қул қавлано.
Аз сақоҳум раббуҳум ибриқҳост
То ба лаб пеши лаби мову шумо.
Гиря то чанд аз аташ, эй нури чашм,
Пеши чашма оби чашме баркушо!
Лав ваҷадт-ал-Хизра айнан фантабаҳ,
Кайфа Яҳйӣ-н-нуна фӣ айнулбақо.
Аз насит-ал-ҳут агар ёдет ҳаст,
ҳамчу он моҳӣ ба ҳазрат ошно.
Гар талабгорӣ, машав дур аз Камол,
Лам таҷид бӯъдӣ валиян муршидо.
_________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва
бори аввал беғалат ва мавзун дар
Тоҷикистон нашр мешавад.
Эй ғамат ёри бенавоиҳо
Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Эй ғамат ёри бенавоиҳо,
Бо ман аз дераш ошноиҳо.
Аз чароғи рухат ба хонаи чашм
Дар шаби тира рӯшноиҳо.
Кафи пой аз рухам гурезонӣ,
То каят ин гурезпоиҳо?
Саги кӯят ба ман намуд рақиб,
Будаш ин ҳам зи худнамоиҳо.
Муфлисонем масту бодаталаб,
Мекунем аз лабат гадоиҳо.
На самарқандиӣ, на зоҳид, чист
Хунукиҳову порсоиҳо?
Покбозӣ, бишӯй даст, Камол,
Бо майи равшан аз дағоиҳо.
Ин чӣ маҷлис, чӣ биҳишт, ин чӣ мақом аст ин ҷо,
Умри боқӣ, рухи соқӣ, лаби ҷом аст ин ҷо.
Давлате, к-аз ҳама бигзашт, аз ин дар нагузашт,
Шодие, к-аз ҳама бигрехт, ғулом аст ин ҷо.
Чун дароӣ ба тарабхонаи мо бо ғами дил,
ҳама гӯянд, махур ғам, ки ҳаром аст ин ҷо,
Мо ба боми фалакем, аз бари мо гар биравӣ,
Бирав оҳиста, ки ҷому лаби бом аст ин ҷо.
Нест дар маҷлиси мо пешгаҳу саффи ниол,
Шоҳу дарвеш надонанд кадом аст ин ҷо.
Сифати уд ҳама сӯхтаву гарм равем,
Ба ҷуз аз зоҳиди афсурда, ки хом аст ин ҷо.
Чанд пурсӣ, чӣ мақом аст, Камол, ин ки турост,
Ин мақоме, ки на манзил, на мақом аст ин ҷо.
Эй зи ғамат дил ба ҷафо мубтало
Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Эй зи ғамат дил ба ҷафо мубтало,
Бе ту ба сад гуна бало мубтало.
Сокини кӯи ту ба чанги рақиб
Чун ба саги хона гадо мубтало.
ҳамчу дили хуншуда аз дасти туст
Бо рухи мо он кафи по мубтало.
Бо ту чӣ гӯям, ки чиҳо мекашад,
Доим аз он зулфи дуто мубтало?
Fуссаи хат ё ғами холат хӯрам,
Бин, ки шуд ин дил ба чиҳо мубтало.
Кард дар оина назар ҳусни ту,
Дид ба худ низ туро мубтало.
ҳаҷр басар шуд ба ниёзи Камол,
Ёфт раҳоӣ ба дуо мубтало.
Эй саропардаи султони хаёлат дили мо,
Карда дарду ғами ту хона ба обу гили мо.
Сар ба фирдавс наёрем чу зулфи ту фурӯ,
То ба хоки сари кӯи ту бувад манзили мо.
Мушкили мо даҳани туст, ки ҳаст он ё нест,
Ҷуз ба мантиқ лаби ту ҳал накунад мушкили мо.
Шамъ худро сазад ар бар накашад чун қандил,
Шаб чу аз талъати худ нур диҳӣ маҳфили мо.
Бикун, эй шайх, дуое, ки бимирем ҳама,
То дигар нанги чунин хун накашад қотили мо.
Дида чандон ки биронад сухан аз гавҳари ашк,
Ёр дар гӯш наёрад сухани нозили мо.
Дид сели мижа дар пеши Камол он маҳу гуфт:
Дур ба доман барад, ар гиря кунад соили мо.
Показаны записи 521-530 из 534