Газели


Показаны записи 511-520 из 534

Дӣ чоштгаҳ зи чеҳра фикандӣ ниқобро

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Дӣ чоштгаҳ зи чеҳра фикандӣ ниқобро, Шарманда сохтӣ ҳама рӯз офтобро. Теғи туро чӣ ҳоҷати рухсат ба хуни мост? Бар ҳалқи ташна ҳукм равон аст обро. Бинам ҳамеша чашми ту бемору саргарон, Инҳост шева мардуми бисёрхобро. Дил сӯхт дар самоъу намеистад зи чарх, Рақсест гарм бар сари оташ кабобро. Эй пардадор, ҳоли дилам бину арза дор Бо шаҳриёр қиссаи шаҳри харобро. Ошиқкушӣ савоб бувад дар китоби ишқ, Он шӯх ҳам зи даст надод ин савобро. Гуфтӣ: Чаро ба сурати мо ошиқӣ, Камол? Сурат надида чун бинависам ҷавобро? Серӣ набувад аз лаби ширини ту касро, Кас сер надид аз шакари ноб магасро. Нолон ба сари кӯи ту оем, ки завқест Дар қофилаи каъбаравон бонги ҷарасро. Бо субҳ бигӯед, ки бевақт мазан дам, К- имшаб шаби васл аст, нигаҳ дор нафасро! Зулфи ту, ки шабрав шуд аз ӯ зоҳиду обид, Аз хирқаи пашмина ғанӣ сохт асасро. Хоҳам, ки ниҳам оинае пеши рақибон, Дар чашми хасон то фиканам ин ҳама хасро. Нагзошт, ки холи рухи ӯ бингарад ин чашм, Ин хони Халил аст, чӣ нангест адасро? Чун дид Камол он сари кӯ, тарки ватан кард, Булбул чу чаман дид, раҳо кард қафасро.

Дӯст медорад дилам ҷавру ҷафои дӯстро

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Дӯст медорад дилам ҷавру ҷафои дӯстро, Дӯстар аз ҷону сар дарду балои дӯстро. Заҳмати худ бо табиби муддаӣ хоҳам намуд, То бисозад чора дарди бедавои дӯстро. Чун муроди дӯст ҷон афшондан аст аз дӯстон, Зудтар дарёб, ҷони ман, ризои дӯстро! Дар ҳавои ӯ тавонад дод ошиқ сар ба бод, Лек натвонад ниҳод аз сар ҳавои дӯстро. Гар бадал кардӣ ба сад фирдавс гарди кӯи дӯст, Ройгон аз даст додӣ хоки пои дӯстро. Дастбӯси дӯст мехоҳӣ, бишӯ даст аз ду кавн, Дастолуда нашояд марҳабои дӯстро. Дӯстиҳои ҳама олам бирӯб аз дил, Камол, Пок бояд доштан хилватсарои дӯстро. Дӯш аз дари майхона бидидем ҳарамро, Май нӯшу бубин фусҳати майдони карамро. Фармони хирад бар дили ҳушёр нависанд, ҳукме набувад бар сари девона қаламро. Эй маст, гар афтӣ ба сари турбати шоҳон, Муштоқи лаби ҷом биёбӣ лаби Ҷамро. Пои ситам аз соҳати ҷон гард баровард, Биншину ба май бознишон гарди ситамро. Чангат хабар аз роҳи тараб дод, зи пирон Бишнав сухани рост, мабин пушти бахамро. Дар шиша гар аз май камие ҳаст, зиён нест, Лекин ғами бисёр бувад давлати камро. Субҳ аст Камолу майю овози дафу най, Бархезу ғанимат шумар ин як ду-се дамро

Дил мекашад ба доғи ту ҳар лаҳза синаро

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Дил мекашад ба доғи ту ҳар лаҳза синаро, Доғе бикаш ба сина ғуломи каминаро. З-он сон, ки мушк зулфи туро сар ниҳодааст, Гарданкашӣ чарост ба ту анбаринаро? Тарсам бар абрӯи ту ниҳодан дили заиф, К-аз тоқҳо шикаст фитад обгинаро. Холи рухат зи банда бидуздид ақлу дин, Шаб бо чароғ ёфт матоъи дафинаро. Дар лутф агарчи нақши даҳону лабат якест, Мо чашм кардаем зи хотам нигинаро. Дурҳост дар сафинаи шеърам, ки пеши шоҳ Онҳо кашам, ба банда бибахшад хазинаро. Шоҳ аз ту гар сафина талаб мекунад, Камол, Бояд равона сохт ба дарё сафинаро. Дилу ҷон то раҳанд аз банд, бикшо зулфи мушкинро, Ба поят мефитанд, охир, раҳо кун як-ду мискинро. Зи чандин тир, к-аз ғамза ба шӯхӣ бартарошидӣ, Яке бар ҷони ман афкан, чӣ хоҳӣ кард чандинро?! Сари зулфи туро дар Чин бад-ин сурат рухи рангин, Чаро бармекашад чандин мусаввир сурати чинро? Зи заҳматҳои худ шармандаи он остонам ман, Ки аз бемор дарди сар бувад пайваста болинро. Ба тасхири хаёли он парипайкар шаби ҳиҷрон Ду чашми дурфишони ман фуруд оранд Парвинро. Миёни гиряҳои талх дар дил нагзаронемаш, Ки натвон бигзаронидан ба талхӣ ҷони ширинро. Камол, аз ҳар мижа ашкат магар ҳамранги Салмон шуд, Ки аз ашъори мардум бурд маъниҳои рангинро.

Дилам рафту гум шуд дар он кӯ маро

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Дилам рафту гум шуд дар он кӯ маро, Тавон ёфт, гар ӯст дилҷӯ маро. Сабо омаду рафт ақлам ба бод, Зи зулфи кӣ овард ин бӯ маро? Рақибаш бадам гуфту донист рост, Дареғо, надонист некӯ маро. Маро оқибат хоҳад он ғамза кушт, Чунин гар набошад, бикуш, гӯ, маро. Маяфкан дигар куштани ман ба ҳаҷр, Ки бисёр шуд миннати ӯ маро. Чу бо ман нахоҳад, ки бӯяш расад, Чаро зинда дорад ба ин бӯ маро? Камин бандаи мост, гуфтӣ, Камол, Кам аст ин қадар, беш аз ин гӯ маро.

Дил чу рафт аз даст. Гӯ: Дилбар, биё!

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Дил чу рафт аз даст. Гӯ: Дилбар, биё!* Гӯ: Аниси ҷони ғампарвар, биё! Бе ту бар чашмам ҷаҳон торик шуд, То бубинам, эй баландахтар, биё! Мо чу аз ёди рухат дар ҷаннатем, Сӯи мо, эй чашмаи Кавсар, биё! Борҳо меомадӣ чун маҳ зи бом, Кӯрии ҳосид! Шабе аз дар биё! Дасти хушк, эй дилбари ҷонон, марав! ҳечат ар набвад, ба чашми тар биё! Гар зи роҳи масканат дар кӯи дӯст Дарнагунҷӣ, аз раҳи дигар биё! Бо Камол он симбар,бингар, чӣ гуфт: Зар надорӣ, сӯи мо камтар биё! _________________________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Азизи Давлатободист ва бори нахуст бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ интишор мешавад. _________________________________________________

Дар чаман мерафт зикри қомати дилдори мо

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Дар чаман мерафт зикри қомати дилдори мо, Сарв доман барзаду омад ба бустон ростпо. То чаро пероҳан аввал он тани нозук бисуд, Мекунад аз ғайрати он дар бараш гармӣ қабо. Мо накӯ донем шукри неъмату ҳаққи намак, Зери он лаб аз ту як дашному аз мо сад дуо. Гуфтаӣ, дастат бурам, гар марҳабо хоҳӣ зи ман, Гар бад-он соид кашӣ теғам, ҳазораш марҳабо! Дил ба ангушти тахайюл баски зулфат мекашад, Оқибат хоҳад даридан бар сари ӯ торҳо. Ваъдаи нозем кардӣ, ин ҳама таъхир чист? Он нахондӣ, дар бало беҳтар, ки дар бими бало? Чанд гӯӣ шуд ба дарё сели мижгонат, Камол? Эй маломатгӯ, раҳо кун як даме моро ба мо! Дил бурдиву дин, равост инҳо, Эй ҷону ҷаҳон, чиҳост инҳо? Бандам зи ғамат ҷудо шуд аз банд, Аз ҷавру ситам ҷудост инҳо. Гуфтӣ: Диҳамат ҳазор дашном. Дашном магӯ, дуост инҳо! Хоки раҳу гарди пош гирд ор, Эй дида, ки тӯтиёст инҳо. Бар рӯи ту холҳои мушкин - Бар дил ҳама доғҳост инҳо. Чашми хушу холи хуш, хати хуш, Аз ҷумла бутон кирост инҳо? Дил шуд зи Камол ғоибу ақл, Гар нест ба ту, куҷост инҳо?

Ҳалол бод майи хулду ҳур зоҳидро

Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳалол бод майи хулду ҳур зоҳидро, Ки вогузошт ба риндон шаробу шоҳидро. Мабур зи гардани сӯфӣ қилодаи тасбеҳ, Гузор, то бибурад гардани муқаллидро. Зи фикру зикру риёзат димоғро халал аст, Бигир ҷому бимон фикрҳои фосидро. Ба рағми зоҳиди худбин чу май кашам аз ҷом, Ба обгина кашам мил чашми ҳосидро. Машав ба майкада ғоиб зи чашми пири муғон, Ки бо мурид назарҳост пири муршидро. Аҷаб, ки шаҳна нагашт аз имоми мо воқиф, Ки харҷ кард ба май вақфҳои масҷидро. Камол, лофи ибодат мазан, ки чашми бутон Ба як назар барад аз раҳ ҳазор обидро. Доми дилҳост зулфи дилбари мо, Хонамаш дома зиллаҳу абадо. Сайд аз он доми зулф чун биҷаҳад, З-он ки домест печ-печу дуто. То ҷудо сохтӣ зи банди ду зулф, Дили ман сохтӣ зи банд ҷудо. Гаҳ кашам нозу гаҳ кашам зулфат, Бинигар, к-аз ту мекашем чиҳо. Рехт хунҳои тоза дар кӯят, То буриданд сар ду зулфи туро. Гӯяд он зулф ло, чу хоҳам васл, Чанд гуфт он сиёҳрӯ ло-ло? Хоки роҳи ту шуд Камолу ту зулф ҳам накардӣ ба хоки роҳ раҳо.

Макун пеши ман зикри ҳалвои лаб

Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Макун пеши ман зикри ҳалвои лаб, Чу кардӣ, бикун раҳмате бар гадо. Гадои дари мост гуфтӣ, Камол, Чунин аст шоуллаҳ, эй подшо! Чӣ раҳо кунӣ ба шӯхӣ сари зулфи дилраборо, Ки аз ӯ баҳам барорӣ ҳама вақт ҳалқҳоро. Ба дусад адаб бар он дар чу хатост баргузаштан, ҳаракоти номуносиб зи чӣ рӯ бувад саборо? Шабу рӯз ғайри дарде нахӯрам бар остонат, Ки давои хубрӯён нарасад мани гадоро. Нашавад зи гарди фитна сари кӯи дӯст холӣ, Ба ду зулф агар бирӯбад ҳама умр хоки поро. Чӣ диҳӣ дигар ба чашмат зи балои худ амонат? Ба ато макун ҳаволат, ба бало супор моро. Чу ба дасти хеш теғам бизанӣ, даме раҳо кун, Ки зи соидат бигирам ба ҳавола хунбаҳоро. Медиҳед, гӯ, табибон ба Камол марҳами ҷон, Чу супурд ҷон ба ҷонон, чӣ кунад дигар даворо?

Чу зулфи ту буд аз такассур дуто

Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Чу зулфи ту буд аз такассур дуто, Ба боде бияфтод мискин зи по. Кушудан зи зулфат гираҳ мушкил аст, Дар ин шева мӯ мешикофад сабо. Бикаш домани ҳусн чун гул ба ноз, Ки бар қадди ту дӯхтанд ин қабо. Кас он хоки раҳ ҷуз ба мижгон нарӯфт, Ба чашм аз паи он равад тӯтиё. Даҳони ту мим асту боло алиф, Худо офарид ин ду аз баҳри мо.

Чашми ту аз ҳад мебарад бо ошиқон бедодро

Дата добавления: 01.12.2015 Добавил: Администратор
Чашми ту аз ҳад мебарад бо ошиқон бедодро, Аз нолаи мурғон чӣ ғам он дилсияҳ сайёдро?! Мардум ба даври рӯи ту дар гиряанд аз оҳи ман, Шарт аст борон рехтан дар мавсими гул бодро. Гуфтӣ: Зи бунёд афканам онро, ки бар ман дил ниҳад, Гар ҷурм ин бошад, нахуст аз ман бинеҳ бунёдро. Бӯсе ба ширинкорӣ ар кардам тарош аз ту, чӣ шуд? Айбе набошад сӯи худ теша задан Фарҳодро. ҳошо, ки аз ғамҳои ту ман банда бошам дар гила, ҳаст аз ғамат озодие ҳам банда, ҳам озодро. Зикри баланди қоматаш меоядам дар гӯши ҷон, Эй порсо, оҳиста хон, баҳри Худо, авродро! Манъи Камол аз ошиқӣ, ҷони бародар, кай тавон? Панди падар монеъ нашуд расвои модарзодро. Чашму абрӯи ту гӯянд, ки дар мазҳаби мо ҳақ бувад куштани ушшоқ алайҳилфатво. Бо рақиб ар ба сари ман ту шабехун орӣ Ӯ маё, гӯ, ба сари ман ҳама вақте ту биё. Масал аст ин ки: «Бувад дӯст фидои раҳи дӯст». Кушт ғам Вомиқу Маҷнун, ту бикуш низ маро. ҳар чӣ хоҳам ман аз он лаб ту ба «ло!» дафъ кунӣ, Бахшише кун ба гадое, ки кунад дафъи бало. ҳама кас нози ту ҷӯянд, на чун ман ба ниёз, ҳама дашноми ту хоҳанд, на чун ман ба дуо. Ба саломат, ки нахоҳам, ки равад сӯи ту бод, ҳайфам ояд, ки фиристам ба саломи ту сабо. Қиссаи дарди ҷудоӣ чу нависем, Камол, Дил ҷудо нола кунад, хома ҷудо, нома ҷудо.

Показаны записи 511-520 из 534