Показаны записи 491-500 из 534
Аз он лаб шунидан ҳикоят хуш аст
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Аз он лаб шунидан ҳикоят хуш аст,
Суханҳои ширин бағоят хуш аст.
Ба абрӯ рухаш ояти ҳусн хонд,
Ки хондан ба меҳроб оят хуш аст.
Наёяд зи ту хуб ҷавру ситам,
Ки аз хуб лутфу иноят хуш аст.
Сари кӯи ту хуштар аст аз биҳишт,
Зи ҳар рустоӣ вилоят хуш аст.
Ба рӯят нагӯям зи оғӯшу бӯс,
Ки инҳо ба ваҷҳи кифоят хуш аст.
Ба даври рухи хуб хуш бигзарон,
Ки даврони гул бениҳоят хуш аст.
Ривоят аз ӯ кун, на аз гул, Камол,
К-аз он сад варақ ин ривоят хуш аст.
Аз пеши ман он шамъ чӣ таъҷилкунон рафт,
Дил наъра баровард, ки ҷон рафту равон рафт!
Гар хома биронад гузаре паҳлӯи номаш,
Дар нома нависед, ки сар рафту забон рафт.
Парвона, ки мурд аз ғами рӯе, ба сари хок
Шамъаш мафурӯзед, ки бо сӯзи ниҳон рафт.
Аз дида гар аз судани пояш биравад нур,
Суде накунад дида, ки нураш ба зиён рафт.
ҳар ҷо хабари хоки кафи пои ту гуфтанд,
Доман бигирифт ашк ба дандону равон рафт.
Бӯи ту расонданд зи Юсуф ба Зулайхо,
Ин наъразанон омаду он ҷомадарон рафт.
Ҷуз меҳри ту нагзид Камол аз ҳама олам,
Он рӯз, ки аз ҷону ҷаҳон дастфишон рафт.
Он нури дида як назар аз ман дареғ дошт
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Он нури дида як назар аз ман дареғ дошт,
Тире зи ғамза бар ҷигар аз ман дареғ дошт.
Мешуд накӯ ба захми дигар реши синаам,
Дардо, ки марҳами дигар аз ман дареғ дошт.
Ӯ донаи дур асту манаш муштарӣ, дареғ,
К-он дур(р) рақиби бадгуҳар аз ман дареғ дошт.
Равшан нагашт хонаи чашмам ба сад чароғ,
То хоки кӯю гарди дар аз ман дареғ дошт.
Аз хоки пош буд хабар боди субҳро,
Сардӣ нигар, ки он хабар аз ман дареғ дошт.
Васли худ арчи дошт зи камтолеъон дареғ,
Толеъ нигар, ки бештар аз ман дареғ дошт.
Номи Камол тӯтии ширинзабон ниҳод
В-ин турфа, к-он ду лаб шакар аз ман дареғ дошт.
Оҳ, к-аз оҳи дилам ҳабиб надонист,
Мурдаму дарди дилам табиб надонист.
Гул магар он бевафоӣ аз паи он кард,
К-аз дили маҷрӯҳи андалеб надонист?
Ақл зи ҳар кас, ки моҷарои ту пурсид,
ҳеч кас ин қиссаи аҷиб надонист.
То дили овора дар каманди ту афтод,
ҳеч кас аҳволи ин ғариб надонист.
Халқ чӣ донад муроди хотири моро?
Коми муҳиббон ба ҷуз ҳабиб надонист.
Дӯш бар он дар чӣ айшҳо, ки намудам
Бо саги кӯяш, ки он рақиб надонист.
ҳам ба муроде расид Камол, чу касро
Аз карами дӯст бенасиб надонист.
Он шӯх, ки рафт аз бари мо, боз куҷо рафт?
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Он шӯх, ки рафт аз бари мо, боз куҷо рафт?
Дур аз назари аҳли вафо боз куҷо рафт?
Ҷон тозакунон бар сари болини заифон
Ноомада, чун боди сабо боз куҷо рафт?
Дарди дили ранҷури маро з-он лаби ҷонбахш
Нодода башорат ба шифо, боз куҷо рафт?
Он шоҳ, к-аз ӯ хонаи дил шоҳнишин буд,
Аз кулбаи эҳзони гадо боз куҷо рафт?
Шаҳбозсифат кард басе сайди дилу боз
Бигрифт ба тарки ҳама, то боз куҷо рафт?
Дил рафт ба бӯи ту зи масҷид ба харобот,
Бечора, назар кун, зи куҷо боз куҷо рафт?
ҳам майкада, ҳам савмаа холӣ зи Камол аст,
То аз ту ба зориву дуо боз куҷо рафт?
Он гули нав аз кадомин бӯстон бархостаст,
К-аз насими ӯ зи ҳар сӯ бӯи ҷон бархостаст?
Андалебон то ҳикоят карда з-он болобаланд,
Аз даруни сарв фарёду фиғон бархостаст.
Гарди мушк аст он нишаста гирди рӯяш хатти сабз,
Зоҳиран ин гард ҳам з-он бӯстон бархостаст.
Нолаи болонишин аз дард наншинад фурӯ,
Бар сари садре, ки ин биншинад, он бархостаст.
Гирди лаб холу хати ӯ синаҳо азбаски сӯхт,
Дудҳо, инак зи ҷони ошиқон бархостаст.
Нақши ҳастӣ бар миёни дӯст натвонем баст,
Бо вуҷудаш номи ҳастӣ аз миён бархостаст.
ҳар касе гӯяд, зи сар бархост дар ишқаш Камол,
Сар чӣ бошад, аз сари ҷону ҷаҳон бархостаст.
Он рух аз маҳ ҳуҷастафолтар аст
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Он рух аз маҳ ҳуҷастафолтар аст,
Лаб зи Кавсар басе зулолтар аст.
З-он сари зулфи чун пари товус
Мурғи ҷонам шикастаболтар аст.
Дил аз ӯ кай расад ба донаи хол,
Ки зи мӯре заифҳолтар аст?
Сари савдоиён ба хоки раҳаш
Аз сари зулф поймолтар аст.
Сабр дар дил марову раҳм ӯро
ҳар ду аз якдигар муҳолтар аст.
Хуни мо он писар чунон пиндошт,
К-аш зи моли падар ҳалолтар аст.
НақшиЧин гарчи дилкаш аст, Камол,
Нақши килки ту пурхаёлтар аст.
Он сарв, ки омад бари мо, аз чамани кист
В-он ғунча, ки дилҳо шуд аз ӯ хун, даҳани кист?
Он мева, ки аз боғи биҳишт аст дарахташ,
Наздики даҳон омада себи зақани кист?
Чун талъати хуршед, ки пӯшид ғубораш,
Зери хати райҳон рухи чун ёсумани кист?
Дар домани гул чок фитодаст зи ҳар сӯ,
Эй боди сабо, бӯи ту аз пераҳани кист?
Он хирқа, ки аз дасти ту садпора набошад,
Дар савмаа аз гӯшанишинон ба тани кист?
ҳар ҷома, ки бошад ба тан, аз об шавад тар,
Он об, к-аз ӯ ҷома нашуд тар, бадани кист?
Аҳсант, Камол, ин на ғазал, оби ҳаёт аст,
Имрӯз бад-ин лутфи равонӣ сухани кист? !
Он чӣ рӯест, ки ҳусни ҳама олам бо ӯст.
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Он чӣ рӯест, ки ҳусни ҳама олам бо ӯст.
Дил дар он кӯй на танҳост, ки ҷон ҳам бо ӯст.
Дами Исо, ки ба ранҷур шифо мебахшад,
Дами нақд аз лаби ӯ ҷӯй, ки ин дам бо ӯст.
Хонаи дил ба хаёли лаби ӯ дори шифост,
Чанд нолад дили маҷрӯҳ, ки марҳам бо ӯст.
Даҳанаш, гарчи зи мо хотами дилҳо дуздид,
Чун бихандад, ҳама донанд ки хотам бо ӯст.
Гӯ, маёред ба мо шодии бигрехтаро,
Чӣ кунам шодии бе дӯст, ки сад ғам бо ӯст?
Соҳиби дард зи тӯфони бало ҷон набарад,
Нӯҳ ҳар ҷо, ки равад, дидаи пурнам бо ӯст.
Рӯи зебои ту дар дидаи гирёни Камол
Каъбаи ҳусну ҷамол аст, ки Замзам бо ӯст.
Он чӣ сарвест, чӣ хушрафторест?!
Он чӣ тӯтӣ, чӣ шакаргуфторест?!
Он чӣ шӯхеву чӣ шаҳрошӯбе
В-он чӣ хуш ёреву хуш айёрест?!
Дили мо дошта дар зулф нигоҳ,
Бингаредаш, ки чӣ хуш дилдорест!
Пеши чашм он лаби ширин, гӯӣ,
Шарбате дар назари беморест.
Ишқи шириндаҳанон саҳл магир,
Кори Фарҳод на осон корест!
Сари савдои ту танҳо на марост,
ҳар дилеро ба ғамат бозорест.
Бар рухат он ҳама доғ аз хату хол
Дуди дилсӯхтаи афгорест.
Нақди дарвеш агар бедирамист,
Банда дар бедирамӣ Динорест.
Насяву нақд, Камол, аз ту ҳамин
Сими ашкеву зари рухсорест.
Он чашми ниммаст ҷаҳоне хароб сохт
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Он чашми ниммаст ҷаҳоне хароб сохт,
Дилҳо бисӯхт нимею ниме кабоб сохт.
Сайёдвор ғамзаи шӯхаш зи зулфу хол
Бинҳод дому донаву худро ба хоб сохт.
Шармандаанд аз рухи зебош навхатон,
Оре, сиёҳрӯ ҳамаро офтоб сохт.
Аз қанд то бисохт шароб он лаби латиф,
Моро насохт шарбату дигар шароб сохт.
Дар ҳуққа карду бурд даҳони ту аз миён,
Он лаб муфарраҳе, ки зи ёқути ноб сохт.
Дар кӯи ёр дидаи гирён барои хеш
ҳамчун ҳубоб хона ба болои об сохт.
Лаб бо Камол деҳ, чу зи ҷон нола баркашид,
Соқӣ, шароб дор, ки мутриб рубоб сохт.
Он-ч аз Худой ҷуст дили банда, боз ёфт ,
Худро ба чашми масти ту дар айни ноз ёфт.
Аз ишқ хоҳ давлати боқӣ, ки дар ҷаҳон
Маҳмуд ҳар чӣ ёфт, зи зулфи Аёз ёфт.
Он беқадам, ки дар ҳарами ишқ пай набурд,
Омад ба диданат, дари давлат фароз ёфт.
ҳар к-ӯ газид лаъли ту, оби ҳаёт хӯрд
В-он к-ӯ гузид қадди ту, умри дароз ёфт.
Месӯз дил, Камол, ки касро фурӯғ нест,
Рухсори шамъ нур зи сӯзу гудоз ёфт.
Ман талаб кардам висолаш рӯзу шаб
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Ман талаб кардам висолаш рӯзу шаб,
Ёфтам, инак ба ҳукми мин* талаб.
ҳалқаи қалъакушои ман қараъ
Бар дилам бикшода дарҳои тараб.
Аз Мадина шамъ гиранду чароғ,
Чанд меоред қандил аз ҳалаб?
Каъбаи дил з-оташи ишқи ту сӯхт
Дар таби Таббат тани сад Бӯлаҳаб.
Яъне аз мо ишқ омӯзед, ишқ,
Чанд хонӣ, беадаб, илми адаб?
Дар китоби иззаташ ин интихоб,
Гар усуле дорӣ, инак мунтахаб.
Дар Аҷам фатҳи сухан кардӣ, Камол,
Фа-фтаҳ абвоб-ал-маъонӣ фи-л-Араб.**
_____________________________________
* Мин-дар забони арабӣ пешоянди аз аст.
** Дарҳои маъниҳои Арабро низ боз кун.
_____________________________________
Обе куҷост, к-оташи ишқам ҷигар бисӯхт
В-ин барқи ҷонгудоз ҳама хушку тар бисӯхт.
Мурғи сапедадам, ки хабар додӣ аз туам,
Акнун намедиҳад, магараш болу пар бисӯхт?
Бояд, ки шамъро нарасад боду оташе,
Парвонаи заиф чӣ бошад, агар бисӯхт?
Бозам бисӯхт оташи ҳиҷрони ту ҷигар,
Дидӣ, чӣ гуна сӯхт, ба боре дигар бисӯхт.
Гуфтам, ки сӯзи оташи дил кам шавад ба ашк,
Ин сӯз кам нагашт, аз он ҳам батар бисӯхт,
Месӯхт ёру шамъи гудозону пас Камол
Аз шамъ андакеву аз ӯ бештар бисӯхт.
Лаъли дурахшон нигар, ғайрати ёқути ноб
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Лаъли дурахшон нигар, ғайрати ёқути ноб,
Лолаи сероб бин, бастаи сунбул ниқоб.
То шавад аз зулфи ӯ ҳуҷҷати хубӣ тамом,
Хатти мусалсал кашид бар варақи офтоб.
Эй гули райҳони ту сунбули бӯстонфурӯз,
Турраи маҳпӯши ту силсилаи мушки ноб.
Аз арақи рӯи туст орази гул қатрае,
Чунки зи шабнам фитад бар рухи насрин гулоб.
Боди сабо дар чаман васфи ҷамоли ту кард,
Шуд ба гулистон зи шарм лолаи сероб об.
Қимати гавҳар шикаст бар сари бозори ҳусн,
Лаъли лабат чун намуд донаи дурри хушоб.
ҳаст нишони рухат ояти хубӣ дуруст,
Нест ба мушки Хито нисбати зулфат савоб.
Гар равад аз ҳаҷри ту хуни дили ман, равост,
Чун набувад хунчакон бар сари оташ кабоб?
Ҷаври ғамат бар Камол, чунки камоле гирифт,
З-оташи ҳаҷраш мадор рӯзу шаб андар азоб.
Матлаи анвори ҳусн аст он рухи чун офтоб,
Матлае гуфтам бад-ин хубӣ, кӣ мегӯяд ҷавоб?
Бо ту чун зулфат чӣ хуш бошад шаб овардан ба рӯз,
Кошки ин давлати бедор медидам ба хоб.
Гӯ, дили решам биҷӯед он ду чашм аз рӯи лутф,
З-он ки бар мастон басе ҳаққи намак дорад кабоб.
Дар миёни дидаву дидори ҷонафрӯзи дӯст
Чанд монеъ мешавӣ? Ё Раб, бирафтӣ, эй ниқоб!
Чашми тар хоки дарат хоҳад, фикан дар доманаш,
Мардумон гӯянд: «Некӯӣ куну афкан дар об».
Эй имом, он абрувон гар дар намоз орӣ ба чашм,
Баъд аз ин меҳробро чун чашми ӯ бинӣ ба хоб.
Қиссаи парвона фардо бозпурсанд аз чароғ,
Гуфт: Не, эй равшанӣ, валлоҳу аълам биссавоб.
Гуфтамаш: Дар ишқи рӯят фатвие дорад Камол:
Дур чакон, яъне ҷавобе гӯ, на бар ваҷҳи итоб.
Рафтам аз даст, мани бесарупоро дарёб
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Рафтам аз даст, мани бесарупоро дарёб,
Подшоҳӣ, зи сари лутф гадоро дарёб!
Бе гули васл дилозурдаам аз хори фироқ,
Булбули хастаи бебаргунаворо дарёб.
Бар дарат дербадерӣ, ки равам, гӯ ба рақиб,
Ки биё, ошиқи деринаи моро дарёб!
Зери лаб ин ҳама дашному дуо, гӯ, чӣ кунӣ?
Лутф кун бӯсеву мақсуди дуоро дарёб.
Ваъдаи васли туро гарчи вафо мумкин нест,
ҳам бар он ваъда дили аҳли вафоро дарёб.
Ҷон ба лаб мерасад аз ташнагиам, пеш биё,
Эй лаби ташна, ба бӯс он кафи поро дарёб!
Дастбӯсе гарат аз дӯст таманност, Камол,
Марҳабо гӯ ғами ӯрову балоро дарёб!
Анбар аст он доми дил, ё мушки ноб?
Ё зи сунбул бар гули сурӣ ниқоб?
Ё зи шаъри сабз бар маҳ соябон?
Ё ҳарир аст он ба гирди офтоб?
Дурҷи ёқут аст, ё оби ҳаёт?
Ё ниҳон дар лаъли майгун дурри ноб?
ҳар дам аз лаъли лаби ҷонпарварат
Меравад сарчашмаи ҳайвон дар об.
Дорам аз чашмат аҷоиб ҳолате,
Ман хароби масту ӯ масти хароб.
Дил надорад бе лаби лаълат намак,
Бе намак завқе намеёбад кабоб.
Тӯтии табъи Камол аз васфи ту
Мефишонад дар сухан дурри хушоб.
Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб?!
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли ман?
Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло ғариб.
ҳаргиз аз рӯи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист
ҳоли зори мустаманди монда дур аз мо ғариб?
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли худ,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, кӣ афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғариб!
Дӯш расидам ба гӯш аз лаби ҷонон хитоб,
Эй дил, агар ошиқӣ, дида бипӯшон зи хоб!
Нақши хаёлат, ки ҳеч дур мабод аз назар,
Хоб чӣ бошад, ки нест дар назарам ҷои хоб.
Баски латиф аст он орази нозук бар ӯ,
Чунки назар мекунӣ, мечакад аз дида об.
То ба садорат нишаст ишқи ту дар синаам,
Шуд ҳавасободи дил аз ситами ӯ хароб.
Бе ту набошад сабот ҳастии моро, бале,
Зарра нагардад падид, то набувад офтоб.
Дар ҳақи мо, эй рақиб, ҳар чӣ ту хоҳӣ, бигӯй,
Нест ба ҳамчун туе, беҳ зи хамӯшӣ ҷавоб.
ҳосили тақвову зӯҳд дар сари риндӣ, Камол,
Кардиву сар бар накард ҳамчу ҳубоб аз сароб.
Показаны записи 491-500 из 534