Показаны записи 461-470 из 534
Дарди ман гӯед бо ёрон, ки дармон ёфт нест
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Дарди ман гӯед бо ёрон, ки дармон ёфт нест,
Ёр дармон аст, дармон чист, чун он ёфт нест?
Бар ҷароҳатҳои пайкон хастаи он ғамзаро
Нӯшдорӯ ҷуз дар он лабҳои хандон ёфт нест.
Дил сикандарвор хоҳад ташналаб ҷон барфишонд,
Аз даҳонаш чун нишони оби ҳайвон ёфт нест.
Кас намеёбам, ки раҳме бар ғарибон оварад,
Гӯиё, дар шаҳри хубон як мусалмон ёфт нест.
Пеши болоят ҳадисе рост гӯему равон,
Инчунин сарви равон дар ҳеч бустон ёфт нест.
Дар чаманҳо гар намеёбанд чун рӯят гуле,
Андалебе низ чун ман дар гулистон ёфт нест.
Гуфтаӣ: Бе хоки поям чанд мегирйӣ, Камол?
Чун нагирям, чун илоҷи чашми гирён ёфт нест?!
Дар сар аз дуди дилам шамъсифат савдоест,*
Оре, ин гиряву сӯзи ману шамъ аз ҷоест.
ҳамчу шамъам ҳама тан оташи савдои маҳест,
ҳамчу субҳам ҳама ҷон меҳри ҷаҳонороест.
Гар ба маъво нарасад ин дили ман, маҷмӯъам,
Ки сари зулфи парешони ту хуш маъвоест.
Абрӯят гӯшанишин гашт, вале фоида чист,
Ки ба ҳар чонибе аз фитнаи ӯ ғавғоест?
Чашми моро бигузорӣ ба лаби Даҷлаи рӯ,
Даҷла рӯдест, вале дидаи мо дарёест.
Роз ҳам бо лаби худ гӯй, ки хуш ҳамнафасест,
Ишқ бо қомати худ боз, ки хуш болоест.
Дар ғами рӯи ту чун мӯи ту ошуфта Камол,
Умрбарбоддиҳе, дилсияҳе, каҷроест.
Дарди ту замон-замон фузун аст
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Дарди ту замон-замон фузун аст
В-ин сӯзи дарун зи ҳад бурун аст,
Ақл аз ҳаваси ту беқарор аст,
Дил дар талаби ту бесукун аст.
Бо ишқи ту ҳушмандии мо
Осору аломати ҷунун аст.
Дар дасти ту дил, ки хонияш қалб
Хокест сияҳ, агар на хун аст.
Қофи қаду нуни абрувонат,
Бар ту зи «Таборак»-у зи «Нун» аст.
То ҷон зи ту ёфт бар сухан даст,
Дар дасти сухан забон забун аст.
То аз ту Камол ҳикмат омӯхт,
Дар ҳикмати ишқ зӯфунун аст.
Дард, к-аз дил хост, дармонеш нест,
Хун, ки дилбар рехт, товонеш нест.
Аз лабат дурам чу маҳҷурам зи ту,
Ҷон надорад ҳар ки ҷононеш нест.
Бе рухат шуд чун даҳонат айши ман,
Тангайш аст он ки бӯстонеш нест.
Нест мискине, ки бар бӯят чу уд
Дуди пайдо, сӯзи пинҳонеш нест.
Зоҳид омад пеши риндон тифли роҳ,
Лоҷарам ҷуз чашми гирёнеш нест.
Пири мо бӯсе аз он лаб барнаканд,
Чун кунад бечора дандонеш нест?!
Нест бе ӯ лаззате дархӯр, Камол,
Бенамак хоне, ки меҳмонеш нест.
Даромад аз дари арбоби хирқа ногаҳ дӯст
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Даромад аз дари арбоби хирқа ногаҳ дӯст,
Баромад аз дили дарвеши хаста: «Аллаҳ, дӯст!».
Чу офтоб нишасту чароғҳо афрӯхт
Даруни хилвати дилҳо ба рӯи чун маҳ дӯст.
Ба раҳгузари дилу дида селҳост зи хун,
Чӣ гуна бигзарад, эй дӯстон, бар ин раҳ дӯст!?
Гарат зи завқи дарунӣ нуҳуфта ҳолатҳост,
Гумон мабар, ки зи ҳоли ту нест огаҳ дӯст.
Бигӯ, нишин ба дилат дарду нола чун бархост,
Ки дард мекунад он ҷо мақому в-он гаҳ дӯст.
Маризи ишқ ба умри дубора шуд махсус,
Ба пурсише чу қадам ранҷа кард гаҳ-гаҳ дӯст.
Кунанд пурсиши ман дӯстон, ки кист Камол
Даруни ҷони ту? Биллаҳ ҳабибу таллаҳ дӯст.
Дарди ту беҳ аз давост, эй дӯст!
Андӯҳи ту ҷонфазост, эй дӯст!
Дарюзагари дари ту аз ту
Ҷуз дарду бало нахост, эй дӯст!
Бо он ки зи муфлисӣ надорам
Чизе ки туро сазост, эй дӯст!
Пеши ту ниҳам ду чашми равшан,
Гӯям назари сафост, эй дӯст!
Гуфтӣ: Кушамат, вале раво нест,
Гар дӯст кушад, равост, эй дӯст!
Дил ҳар чӣ ба васфи қоматат гуфт,
Овард Худой рост, эй дӯст!
Кардам ба қади ту ин ғазал рост,
Бинвис, Камолрост, эй дӯст!
Хаёли рӯи ӯ дар дида нур аст
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Хаёли рӯи ӯ дар дида нур аст,
Махонаш дил, ки аз дилбар сабур аст.
Ба он рух мекунад даъвии хешӣ,
Маҳи тобон, валекин хеши дур аст.
Миёни нестӣ дидему ҳастӣ,
Миёни ёри мо хайрулумур аст.
Маро бо он биҳиштирӯ дар оташ
Салосил хуштар аз гесӯи ҳур аст.
Камол, ин як ғазал гӯ, бош кӯтоҳ,
Зи кӯтоҳӣ чӣ нуқсони Забур аст!?
Доғи ишқат бар рухи ҷонон нишони давлат аст,
ҳар ки маҳрум аст аз ин давлат, сазои меҳнат аст.
Гар бало афзун фиристӣ, ман бад-ин неъмат ҳанӯз
Шукр мегӯям, ки дар шукрат мазиди неъмат аст.
Бо ту дар дӯзах маро нору азобу силсила
Хуштар аз рухсору зулфи ҳуриёни ҷаннат аст.
Аз бузургӣ гар саги худ хониям гаҳ-гаҳ, равост,
ҳар кӣ шуд хоки дарат, ӯро беҳ аз сад иззат аст.
Гар бубинӣ ошиқе дар гиря, эй зоҳид, зи ашк,
Аз назар магрез, к-он борон зи абри раҳмат аст.
Заҳмати он дар мадеҳ, эй сар, ки хоки дӯстро
Ин гаронӣ бас, ки ҷон бар остони хидмат аст.
Нест ҷуз васле аз ӯ дарюзаи ҷони Камол,
Офарин бар ҷони дарвеше, ки соҳибҳиммат аст.
Хатат чу Хизр ба оби ҳаёт наздик аст
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Хатат чу Хизр ба оби ҳаёт наздик аст,
Ба он лаби чу шаккар ин набот наздик аст.
Зи хоки пои ту сарсабзиест сарҳоро,
Ба ин сухан сари зулфи дутот наздик аст.
Нишони Кавсару Тӯбо, ки медиҳанд аз дур,
Ба чашми мову қади дилработ наздик аст.
ҳикояти дили пурхуни мо мапурс аз ҷом,
Ки пеши лаъли лаби ҷонфазот наздик аст.
Агарчи гирякунон дур аз он лабему канор,
Ба чашми ташна хаёли Фурот наздик аст.
Ба рух чӣ гуна наронам пиёдаҳои сиришк?
Чунин ки шоҳи дил аз ғам ба мот наздик аст.
Камол ҷон ба лаб овард бар умеди вафот,
Дилаш биҷӯй, ки вақти вафот наздик аст.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва
бори нахуст ба хати сирилик чоп мешавад.
_______________________________________
Хатат сабзу лабат мушку гулоб аст,
Даҳонат зарра, рӯят офтоб аст.
Ту ганҷи ҳусниву бас хонаи дил,
Ки аз шавқи чунин ганҷе хароб аст.
Дили ман аз маҳи рӯи ту сӯзон,
Чу каттон аз вуҷуди моҳтоб аст.
Шабе, к-он остон болини ман нест,
Чӣ ҷои бистару чӣ ҷои хоб аст!?
Бирав, носеҳ, матарсон аз азобам,
Ки дидори ту моро худ азоб аст.
Биҳамдиллаҳ, надорам домани тар,
Вале бар хирқаам доғи шароб аст.
Камол, он хоки дар аз гиря тар соз,
Ки дар борон умеди фатҳи боб аст.
Харобаи дили ман пур шуд аз муҳаббати дӯст
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Харобаи дили ман пур шуд аз муҳаббати дӯст,
Мабод ҳеч диле холӣ аз муваддати дӯст.
Кадом давлату фурсат биёфт, ҳар кӣ наёфт
Саодати шарафи васли ёру сӯҳбати дӯст?
Агарчи дархури ӯ ҳидмате намеояд,
Шавем мӯътакифи остони хидмати дӯст.
Ниёзи ҷозибаи хотири шикастаи ман
Магар маро бирасонад даме ба ҳазрати дӯст?
Расам ба ғояти ҳиммат чунон ки дилхоҳ аст,
Чу ҳаст бо мани шӯрида ҳоли ҳиммати дӯст.
Заифу оҷизу қосир шаванду чун нашаванд
Забону дасту дили ман зи шукри неъмати дӯст.
Камол хастадили дардманди беҳосил
Чӣ бошад, ар ба муроде расад зи давлати дӯст?
Хизри ҷон оби ҳаёт аз лаби дилҷӯи ту ёфт,*
Мӯсӣ анвори таҷаллӣ ҳама аз рӯи ту ёфт.
Мурдаро зинда аз он кард Масеҳо ба даме,
К-аз дами боди саҳаргоҳи азал бӯи ту ёфт.
Хоҷаи ҳар ду саро Аҳмади маҳмудхисол
ҳусни ахлоқу макорим ҳама аз хӯи ту ёфт.
ҳар киро буд саре, дар сари савдои ту шуд
В-он киро буд диле гумшуда, дар кӯи ту ёфт.
Дар миёни зуламоти сари зулфи ту, Камол,
ҳамчу Хизр оби ҳаёт аз лаби дилҷӯи ту ёфт.
Ҳалқа бар дар мезанад ҳар дам хаёли рӯи дӯст
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳалқа бар дар мезанад ҳар дам хаёли рӯи дӯст,
Гӯш дор ин ҳалқаро, эй дил, гарат савдои ӯст.
Субҳгоҳе мегирифтам иқди гесӯяш ба хоб,
З-он замон дасти хаёлам то ба акнун мушкбӯст.
Дил, ки чун гӯй аст дар майдони ишқ ошуфтаҳол,
Гар ба чавгон нисбати зулфаш кунад, беҳудагӯст.
Сарбаландӣ бин, ки боз аз давлати риндӣ Камол,
Бар сари дӯше, ки дӣ саҷҷода буд, имшаб сабӯст.
Лофи якрангӣ мазан бо дӯст ҳар соат, Камол,
То чу гул берун наёӣ хурраму хандон зи пӯст.
Хоки дарат ба чашми ман ба сад чаман беҳ аст,
Боғе хуш аст оразат, аммо зақан беҳ аст.
Кӯи ту хоҳад ин дили овора, не биҳишт,
Мурғи ғарибро зи гулистон ватан беҳ аст.
Танҳо на рӯи туст беҳ аз гулрухони Чин,
Бӯи ту ҳам зи накҳати мушки Хутан беҳ аст.
Гуфтӣ: Ба дастбӯси ту бӯсе зиён кунам,
Дар дасти кас чӣ суд шакар, дар даҳан беҳ аст.
Чун чашми сӯзан аст даҳони ту дар хаёл,
Моро ҳамеша чашм бад-он дӯхтан беҳ аст.
Эй дил, ҳадиси дӯст беҳ аст аз дури Адан,
Ин нукта гӯш кун, ки зи дурри Адан беҳ аст.
Гуфтанд: Гуфтаи ту бувад беҳ зи ту, Камол,
Ман булбулам, бале, сухани ман зи ман беҳ аст.
Чашми мусулмонкуши ту кофири маст аст
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Чашми мусулмонкуши ту кофири маст аст,
ҳиндуи зулфи ту офтобпараст аст.
Дил, ки зи дастам бирафт, бо ту дарафтод,
Зуд бияфтад зи по, чу рафта зи даст аст.
Зулфи ту дар чашми мо басе фитадаш сайд,
З-он ки ба дарё фиканда ин ҳама шаст аст.
Бод ба гулзор аз он ки бӯи ту овард,
Шохи гули тозаро ҳамеша шикаст аст.
Пеши ту карданд васфи нози қади сарв,
Мурғ ба бонги баланд гуфт, ки паст аст.
Зулфи ту гуфто: Ба марҳабо диҳамат даст,
Лутфи ту бо мо ҳамеша аз сари даст аст.
Fамзааш инак, Камол, ҳозири дил бош,
Шиша нигаҳ дор аз он ҳариф, ки маст аст.
ҳусн бас ёри маро, меҳру вафо гар нест, нест,
Шеваи ошиқкушон ғайр аз ҷафо гар нест, нест.
Дар сари ӯ ин ки резад хуни мо гар ҳаст, ҳаст,
Куштаро з-он лаб умеди хунбаҳо гар нест, нест.
Ишрату айши бутон бо ошиқон ҷавру ҷафост,
Айшу ишрат бош, гӯ, ӯро, маро гар нест, нест.
ҳаст шабҳо маҷлиси моро маҳи рӯяш тамом,
Шамъи дигар дар миёни ҷамъи мо гар нест, нест.
Хоки пош аз гиря чун куҳл-ул-ҷавоҳир сохтам,
Дидаи гавҳарфишонро тӯтиё гар нест, нест.
Он ҳадиси чун шакар моро писанд асту нигар,
Ин даҳон пайдо, миён ҳам дар қабо гар нест, нест.
Рӯзу шаб дарюзагар бас гирди кӯи ӯ Камол,
Бар дари султони мо дигар гадо гар нест, нест.
Ҷоно, ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Ҷоно, ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,*
Ширинтар аз лаби ту ба олам набот нест.
Рӯзи нахуст, эй шаҳи хубон, ба ошиқон
Рухро чаро намудӣ, агар майли мот нест?
Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис,
Гуфто: Давот чун бинависам, давот нест.
Доғи ҷафо ба ҷони мани хастадил манеҳ,
Рӯзе, ки дар вафот бимирам, вафот нест.
Гуфтам: Закоти лаъли лабат бӯсае бидеҳ,
Гуфто: Бирав, Камол, ки вақти закот нест.
______________________________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи (соли 1995, Душанбе) таҳияи Устод С.Асадуллоев
ба нусхаи ҳозир афзуда шуд. Дар матнҳои интиқодии дар Эрон ва
Маскав интишоршудаи Девони Хоҷа Камол ин ғазал дучор наомад.
Ба андешаи ин хоксор дар матлаъ такрори матлаб, яъне ду навбат
дар тавсифи лаб сухан гуфтан, ҳашв аст ва шеваи Хоҷа Камол нест.
Эътиқоди банда бар он аст, ки дар мисраъи дувум ба ҷои «лаби ту»
таркиби «хати ту» айни матлаби Хоҷа ва нусхаи асл буда, ба далели он,
ки дар матлаъе бо истифода аз назири тиркиботи боло Хоҷа Камол
фармуда:
Хатат чу Хизр ба оби ҳаёт наздик аст,
Ба он лаби чу шаккар ин набот наздик аст.
( А. Суруш)
______________________________________________________________
Чашмам зи хаёли ту пур аз нури таҷаллист,
Чашме, ки чунин аст, ба дидори ту авлист
Суратгар аз он сурату маънӣ чӣ хабар ёфт?
Ангехтани сурати чинаш ба чӣ маънист?
Бар тарфи чаман сарв ба сад шарм барояд
Аз сояи қадди ту, ки ҳамсояи Тӯбист.
З-он тоқи ду абрӯ, ки ба хубӣ ҳама тоқанд,
Касрест дар он тоқ, ки мансуб ба Касрист.
Хуне, ки ба ҷӯ меравад аз дидаи Маҷнун,
Селест, ки роҳи гузараш бар дари Лайлист.
З-он зулф ба дардам, шуда ранҷур чу Айюб,
Аз лаб шакаре деҳ, ки шифох онаи Исист.
ҳар хуб, ки дар чашми Камол ояду маҳбуб
Гӯяд: Беҳ аз онӣ туву фикре беҳ аз ин нест.
Чашми ғамдидаи моро нигаронӣ ба шумост
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Чашми ғамдидаи моро нигаронӣ ба шумост,
Қоматат шоҳиди адл аст, ки мегӯем рост.
Сарви болот чаро соя зи мо бозгирифт?
Оре, ин низ ҳам аз толеъи шӯридаи мост.
Аз шифохонаи эҳсони ту аз баҳри наҷот
Хастагонро тамаъи марҳаму уммеди давост.
Шамъу ман дӯш ба ҳам сӯзи дарун мекардем,
Шамъро ашк равон буду маро ҷон мекост.
Яъне он бандаи ғурбатзадаи мискинро
Худ напурсӣ, ба чӣ ҳол аст дар ин шаҳру куҷост.
Хоки роҳи туам, эй хоки дарат тоҷи сарам,
Тоҷдор аст Камол, арчи тиҳидасту гадост.
_______________________________
* Мисраъ моли Саъдии Шерозист.
_______________________________
Чашми шӯхи ту ҳаркиро куштаст,
Аввал аз рашк он маро куштаст.
Ба шакар, гуфтаанд, душман куш,
Дӯстонро лабат чаро куштаст?
Fами ту лашкари Сулаймон аст,
Ки чу мӯрам ба зери по куштаст.
Гуфтаӣ: Хунбаҳои кушта манам,
ҳамаро ишқи хунбаҳо куштаст.
Хастаи ғамзаро лаби ту давост,
Хастагони туро даво куштаст.
Офтоб аз ту ҳусн медуздад,
Субҳ аз он рӯ чароғро куштаст.
Ваъдаи куштанӣ бидеҳ ба Камол,
Ҷони ман ваъдае киро куштаст?!
Показаны записи 461-470 из 534