Газели


Показаны записи 441-450 из 534

Сари зулфи ту дузди дилҳои мост

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Сари зулфи ту дузди дилҳои мост, Гар овезӣ ӯро зи гардан, равост. Ба болои хат нуқтаи холи ту Хато нест, он нуқта мушки Хитост. Сафоҳост бо он ду рух дидаро, Fуборе агар ҳаст, аз он хоки пост. Ба даври ту сӯфӣ қабопӯш шуд, Ки аз ҷаври ту пераҳанҳо қабост. Ба ман гуфтаӣ, сабр кун ним дам, Аз он рӯй чандин сабурӣ кирост? Ҷудо мекунад фурқатат ҷон зи тан, Қарорам зи дил нест, ин худ ҷудост. Куҷо шуд дилат, боз гуфтӣ, Камол, Ту худ нек донӣ, маро дил куҷост? Сарв пеши қаду болои ту дидам, паст аст, Иқди зулфи ту ба ангушт гирифтам, шаст аст. Андалебе, ки қадат диду сари сарв гузид, Сохт дар рост наво, лек мақомаш паст аст. Гирди ту саф зада хубони камарбаста чу най, Гӯӣ, аз ҳар тарафе гирди шакар най бастаст. З-остин соиди симин ба муҳиббон бинамой, То бидонанд, ки нозукбаданӣ з-ин даст аст. Зулф то кай кашӣ аз гӯшу кашонӣ дар хок, Молиши чашм диҳӣ, беҳ, ки сияҳдил маст аст. Гуфтамаш: Бӯси ту бояд, на даҳони ту маро. Гуфт: Бечора туро ҳеч намебоистаст. Даст баргиру висолаш ба дуо хоҳ, Камол, З-он ки доим ба дуо кори ту болодаст аст.

Зулфи маъшуқ саркаш афтодаст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Зулфи маъшуқ саркаш афтодаст, Ошиқонро ба он хуш афтодаст. Мекашам доманаш агарчи балост, Ошиқи ӯ балокаш афтодаст. Дил ба ишқи рухи дилафрӯзон Чун кабобе бар оташ афтодаст. Дидаро аз назора серӣ нест, Лавҳи хубӣ мунаққаш афтодаст. Нақши зулфи ту рост натвон хонд, Ки саводе мушавваш афтодаст. Зулфат аз боду риштаи ҷонам Аз ҳаво дар кашокаш афтодаст. Одамият маҷӯ зи ёр, Камол, К-он ҷафоҷӯ париваш афтодаст. Соқӣ, лаби ту як карам аз ман дареғ дошт, Майҳо, ки дошт як-ду дам аз ман дареғ дошт. Бинмуд сад карам ба ҳарифон, ҳазор ҳайф, Бӯсе ду низ бар қадам аз ман дареғ дошт. Дӣ гуфтамаш: Бигаз лаби худ, ё ба ман бидеҳ! Он нуқл ҳам зи хешу ҳам аз ман дареғ дошт. Ман мӯраму нигини Ҷам он лаб, ғариб нест, Гар хотаму нигини Ҷам аз ман дареғ дошт. Пушти дилам чу тоқи ду абрӯш хам гирифт, З-ин ғам, ки зулфи хамбахам аз ман дареғ дошт. Эй номабар, биёр ту боре саломи хушк, Гар ёр рашҳаи қалам аз ман дареғ дошт. Бар дар нахост то шунавад оҳи кас, Камол, Бонги кабӯтари ҳарам аз ман дареғ дошт.

Зулфи ту аз ғолия мушкинтар аст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Зулфи ту аз ғолия мушкинтар аст, Ашки ман аз лаъли ту рангинтар аст. Аз шакарангури самарқандиён Себи занахдони ту ширинтар аст. Дод зи дастат, ки чу туркони дашт Чашми ҷафокеши ту бединтар аст. Нисбати хоро чӣ кунам бо дилат, Чун дили бераҳми ту сангинтар аст. Гар ба масокин назаре мекунӣ, Бар дили ман, к-аз ҳама мискинтар аст. Гар ба сари ғамзадагон меравӣ, Хотири ман аз ҳама ғамгинтар аст. Гарчи лабат хушк шуд аз ғам, Камол, Чеҳраат аз дидаи хунин тар аст. Зулфи камандафканат иқлими ҷон гирифт, Бо ин каманд рӯи замин метавон гирифт. Туркон чӣ сон ба теғ бигиранд мулкро, Чашмат ба ғамза мулки дили мо чунон гирифт. Хубон ҳама зи шарм гирифтанд рӯи хеш, Пеши ту аз нахуст маҳи осмон гирифт. Эй дил, матарс аз он, ки накардӣ шикори ёр, Он ки зи ғамза тиру зи абрӯ камон гирифт. Сар пеши ӯ ниҳодаму нагрифт он ба ҳеч, Ҷони азиз чун биниҳодам, равон гирифт. Аз лоғарӣ гирифт ба як так шабам рақиб, Хандид ёру гуфт, ки: Саг устухон гирифт! Дар боби ошиқист ҳадисе ба зар, Камол, ҳар нақш, к-аз рухи ту бар он остон гирифт.

Зи ишқат бекасу мискинам, эй дӯст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Зи ишқат бекасу мискинам, эй дӯст! Агар бедил наям, бединам, эй дӯст! Маро сад бор гуфтӣ: Хоҳамат кушт! Бикуш як раҳ, макуш чандинам, эй дӯст! Ту душмандӯстӣ, ман дӯстдушман, Ту онӣ дар вафо, ман инам, эй дӯст! Гузинтар аз ҳама ройи ман ин аст, Ки бар ту дигаре нагзинам, эй дӯст! Чу шамъам, гуфтаӣ, биншин бар оташ. Зи ҷон бархезаму биншинам, эй дӯст! Ба шабҳои ғамат парвонасон сӯхт Магасро болу пар болинам, эй дӯст! Камол аз заъф шуд ҳечу ту ҳечаш Намебинӣ, чунин мебинам, эй дӯст! Зи кӯят ба фирдавси аъло дарест, Нисори дари туст, ҳар ҷо сарест. Ту ризвони нӯшинлабиву шароб Зи дасти ту ҳар қатраи Кавсарест. Ту аз раҳматӣ ояту банди зулф Зи товус бар рӯи оят парест. Марав ҳамчу биноӣ аз пеши чашм, Дар он хона биншин, ки хуш манзарест. Куҷо мулки ҳусни ту ёбад шикаст, Ки ҳар сӯ зи дилҳо туро лашкарест? Зи дудам бипарҳез, к-аз сӯзи ишқ Ба ҳар узви ман оташи дигарест. Аҷаб оташест оташи дил, Камол, Ки дӯзах аз ин шӯъла хокистарест.

Рӯи ту қиблаи муноҷот аст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Рӯи ту қиблаи муноҷот аст, Диданат аҳсан-ул-ибодот аст. Огаҳ аз рози он миёну даҳон Олим-ус-сирр в-ал-хафийёт* аст. Мухлисонро висоли туст хаёл, Мухлисӣ боиси хаёлот аст. Бар бисоти чаман ба сад рух гул Пеши нақши рухи ту рухмот аст. Ту равонӣ ба қад, ба лаб ҷонӣ, Зиндагӣ бе ту аз муҳолот аст. Гар ба нозам кушӣ, макун таъхир, Ки зи таъхир бими офот аст. Зиндатар шуд зи куштани ту Камол, Ошиқонро басе каромот аст. ____________________________________________ * Олим-ус-сирр в-ал-хафийёт – огоҳ аз рамзу роз, донандаи рози пинҳон. ____________________________________________ Зоҳидон камтар шиносанд он чӣ моро дар сар аст, Фикри зоҳид дигару савдои ошиқ дигар аст. Носеҳо, даъват макун моро ба фирдавси барин, К-остони ҳиммати соҳибдилон з-он бартар аст. Гар биронд аз хонақоҳам пири хилват, бок нест, Дигаронро тоату моро иноят раҳбар аст. Май ба рӯи гулрухон хӯрдан хуш аст, аммо чӣ суд, К-ин саодат зоҳидони шаҳри моро камтар аст. Чун қалам ангушт бар ҳарфам манеҳ, сӯфӣ, ки ман Хирқа кардам раҳни мастону сухан дар дафтар аст. Мо ба риндӣ дар бисоти қурб рафтему ҳанӯз ҳамчунон пири маломатгар ба пои минбар аст. Дошт он савдо, ки дар поят сар андозад Камол, Сар ниҳоду ҳамчунонаш ин таманно дар сар аст.

Рӯзгорест, ки ҳечаш назаре бо мо нест

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Рӯзгорест, ки ҳечаш назаре бо мо нест В-ин шаби фурқати моро саҳаре пайдо нест. Бо ту сӯзи дили ушшоқ магар дарнагирифт, З-он ки ҳечат ба ҷигарсӯхтагон парво нест. Муфтии шаръ, ки аз рӯи ту манъам фармуд, Зоҳир он аст, ки дар илми назар доно нест. Эй, ки гӯӣ, ҳаваси ишқ бурун кун зи димоғ, Ба чӣ кор оядам он сар, ки дар ӯ савдо нест!? Як нафас ҳаст ҳанӯз аз асари ҷон боқӣ, Ин гуноҳ аз қибали бахти бад аст, аз мо нест, Ақл дид он қаду мегуфт ба овози баланд: Алҳақ, инсоф, ки болотар аз ин боло нест. Парда баргир, ки бинад рухат имрӯз Камол, Ки чу кӯтаҳназарон мунтазири фардо нест. Рӯзе, ки ба ман нозу итобат баҳисоб аст, Он рӯз маро рӯзи ҳисоб асту азоб аст. Гуфтӣ: Паси қарне зи ҷафоят бикашам даст, Фарёди ман аз дасти ту, боз ин чӣ итоб аст!? Хоҳанд шудан сайди ту аз моҳ ба моҳӣ, К-аз оразу зулфи ту басе шаст дар об аст. Гирди лабу рухсори ту ҷон бар сари оташ Аз завқи намак рақскунон ҳамчу кабоб аст. Ман панди ту чун бишнавам, эй шайх, ки чун уд Гӯшем сӯи мутрибу гӯше ба рубоб аст? Дар маҷлиси ваъзам ба қадаҳ беш кашад дил, Рӯзе, ки ҳаво сард бувад, рӯзи шароб аст. Аз ғамза маяндеш Камолу бикаш он зулф, Гӯ, мурғ, бубар дом, ки сайёд ба хоб аст.

Дида дар умре зи рӯят бо хаёли қонеъ аст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дида дар умре зи рӯят бо хаёли қонеъ аст, Умр, к-он бигзашт бе рӯи ту, умри зоеъ аст. Ҷон, ки рафт аз пеши мо, хоҳад ба он лаб бозгашт, Чун ба асли хеш ҳар чизе, ки бинӣ роҷеъ аст. Нуқтаи холу хатат оёти ҳуснасту ҷамол, Як-як ин оётро он рӯи зебо ҷомеъ аст. Мешавад ҳар рӯз толеъ з-он гиребон офтоб, Бар бадан пероҳанат, ё Раб, чӣ соҳибтолеъ аст! Пеши маҳрӯён чу абри беҳаё садпора бод ҳар рақибе, к-аз тамошо ошиқонро монеъ аст! ҳар куҷо дил меравад дар ҷустуҷӯи дилбаре, Пешрав ашк аст он ҷо, оҳу нола тобеъ аст. З-оби чашмат гашт тӯфони дигар воқеъ, Камол, Нест иғроқе дар ин маънӣ, баёни воқеъ аст. Рухсори дилфурӯзат хуршеди безавол аст, Пайдост, маҳ, ки пинҳон аз шарми он ҷамол аст. Он рух кашида доме гирди қамар, ки зулф аст В-он лаб ниҳода доғе бар ҷони мо, ки хол аст. З-ин сон, ки чун миёнат шуд ҷисми мо хаёле, Акнун умеди васле моро ба он хаёл аст. Чун зулфу орази ту даври тасалсул омад, Он ҳар ду гар бубинанд аҳли назар, муҳол аст. Дарду ғамат нашояд бар мо ҳаром кардан, Инъоми подшоҳон дарвешро ҳалол аст. ҳадди ҷавоби султон набвад, Камол, моро, Дар ҳазрати салотин расми гадо суол аст. Нақше аз он ҷамол аст дар ҳусни матлаи шоҳ, Худ мақтааш чӣ гӯям, дар ғояти Камол аст.

Дӯстон, ёри ману дилбару дилдори ман ӯст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дӯстон, ёри ману дилбару дилдори ман ӯст, Ман дигар дӯст надорам ба ҷуз ин мӯнису дӯст. Фикри бисёр чӣ ҳоҷат, ду рухаш чун дидам, Гар бибозам сару гар низ назар, ҳар ду накӯст. Хондаӣ қиссаи тӯбо, ки баромад зи биҳишт, Тӯбӣ он қомати дилҷӯю биҳишт он сари кӯст. ҳамчу зулфаш ба салосил натавон дошт нигоҳ ҳар киро силсилаҷунбон дили он силсиламӯст. Бори саҷҷода кашидӣ ҳама вақте дӯшам, Дар сар акнун маю бар дӯш маро бори сабӯст. Баски дар пой кашон кард сари мискинон, Зулфи мушкинаш аз ин шарм сар афканда фурӯст. Зоҳидам гуфт: Нашуд оқилу ҳушёр Камол. ҳар ки ҳушёртар аст, аз ҳама девонатар ӯст. Дӯст дар ҷону нест з-ӯ хабарат, Ташна мурдиву об дар назарат. Номи дарёёдилӣ баровардӣ, Турфа ин, к-об нест дар ҷигарат. Баски пеши ту рафт зикри Фурот, Сифати об кард ташнатарат. Бираҳад ҷонат аз тааттуши об, Гар ба сарвақти мо фитад гузарат. Ба Худову биҳишт муждадеҳон, Ба Худо, медиҳанд дарди сарат. Одам аз худ биҳишт нек биҳишт, Мард бояд ба ҳиммати падарат. Ба ду олам назар макун чу Камол, То намоянд олами дигарат.

Дур аз Худост хоҷа, магар беиродат аст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дур аз Худост хоҷа, магар беиродат аст? Хидмат насиби бандаи соҳибсаодат аст. Аз сидқ дам мазан, чу нагаштӣ шаҳиди ишқ, Даъвии ин мақом дуруст аз шаҳодат аст. Бишкан бути ғурур, ки дар дини ошиқон Як бут, ки бишкананд, беҳ аз сад ибодат аст. Зоҳид ниҳад миёни кулоҳу амома фарқ, Мискин ҳанӯз дар ҳуҷуби расму одат аст. Нози табиб дур зи ҳикмат бувад кашид Моро, ки аз ҳабиб умеди аёдат аст. Бо ҷавр меҳри дил нашавад мунтаҳӣ, Камол, Он ҷо, ки мунтаҳои камоли иродат аст. Гӯ, ҷавр беш кун ба муҳиббони хеш боз, Чандон ки ҷавр беш, муҳаббат зиёдат аст. _____________________________ * Мисраъ аз ҳаким Фирдавсист. ______________________________ Дӯстон, гар кушт моро дӯст, мо донему дӯст, Чун ҳалоки мо ризои ӯст, мо донему дӯст. Гар навозад, гар гудозад ҷони мо, касро чӣ кор В-ар ба ҷон душман шавад, ё дӯст, мо донему дӯст. Дидаи гирёни мо дар пои ҳар сарву гуле Гар ба ҷустуҷӯи ӯ чун ҷӯст, мо донему дӯст. Кас надонад аз барои кист сар бар хоки роҳ, Он, ки доим бар сари он кӯст, мо донему дӯст. Чанд печидан дар ин к-аз ғам танат шуд риштае, Гар аз ин ғам кам зи тори мӯст, мо донему дӯст. Ин суханҳо то каят гуфтан, ки бе раҳмасту меҳр, Гар дилаш дил нест, сангу рӯст, мо донему дӯст. Бо накӯхоҳону бадгӯён бигӯ аз мо, Камол, Дӯст бо мо бад в-агар некӯст, мо донему дӯст.

Дил мулки ту шуд, навбати лутф асту иноят

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дил мулки ту шуд, навбати лутф асту иноят, Шоҳӣ, бинишон фитнаву биншин ба вилоят. Ту ояте аз раҳмату бар рӯи ту он зулф ҳамчун пари товус нишон бар сари оят. Бо писта магӯ ин ки лаби ман ба ту монад, Тарсам ба даҳони ту дарояд ба ҳикоят. Ҷаври саги кӯи ту нагӯям ба рақибон, Аз дӯст ба душман натавон бурд шикоят. Гуфтӣ: Биканам ҳар кӣ маро хост зи бунёд. Бунёд зи ман неҳ, агар ин аст ҷиноят. Кардам биҳилат хуни худ, эй ёр, ба шарте, К-он дам, ки кушӣ, авф наёрӣ ба ҳимоят. Бар оҳи Камол ар дили ту сӯхт, аҷаб нест, Дар санг кунад нолаи Фарҳод сироят. ____________________________________ * лаффу нашр – ҷамъу парешон кардан, дар ҳам печидан ва пароканда кардан. ____________________________________ Дили ҳар кӣ бемори ӯ шуд, хуш аст, Зи шодист пур, гарчи ғамгинваш аст. Равад ҷон чу пайкон ба дунболи тир, Чу ёбад нишоне, к-аз он таркаш аст. Бисоти шаҳон зери по афканад, Зи хоки дарат ҳар киро мафраш аст. Сазовори оҳам ман аз рӯ-т дур, Гунаҳкор шоистаи оташ аст. Ду чашму ду абрӯ, ду зулфат гувост, Ки нақши ту дар нарди хубӣ шаш аст. Бувад донакаш ҳар куҷо мӯр ҳаст, Аз он мӯри хатти лабат дилкаш аст. Бар он лаб маёзор мӯре, Камол, «Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст».*

Показаны записи 441-450 из 534