Показаны записи 421-430 из 534
Гар сурати Чин бо рухи хуби ту ба даъвост
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Гар сурати Чин бо рухи хуби ту ба даъвост,
Он ҷо ҳамагӣ сурату ин ҷо ҳама маъност.
Эй бод, бар он рӯи накӯ ин ҳама бурқаъ
Расмест, ки он расм барандохтан авлост.
Аз партави рӯи ту ҷаноби сари он кӯй
Тӯрест, ки он ҷо ҳама анвори таҷаллост.
Зери хами абрӯи ту он турраи мушкин,
Гӯӣ, ба тамошогаҳи тоқ омада Кисрост.
Дар кавсар агар акс фитад з-он қаду рухсор,
Гӯянд, ки дар равза ду ризвону ду тӯбост.
Гуфтӣ: Чӣ диҳӣ дил ба сари зулфи сиёҳе?
Маҷнун чӣ кунад, к-ин кашиш аз ҷониби Лайлост.
Дар мактаби ишқ аст, Камол, омада чашмат
Тифле, ки равон карда ба гиря алифу бо-ст.
_________________________________________
* фӣ ҷуббатӣ – дар либоси ман дар, ҷомаи ман.
_________________________________________
Гар ишқи ту доғи ҷонгудоз аст,
Сад шукр, ки доғи дилнавоз аст.
Гар дарди ту ёри сӯҳбати мост,
Ғам низ зи маҳрамони роз аст.
Дил кам накунад ниёзмандӣ,
Сармояи ошиқон ниёз аст.
Маҳмуд, магӯ, ба марги худ мурд,
К-ӯ куштаи ғамзаи Аёз аст.
Ту покрухиву покдоман,
Шоистаи он, ки покбоз аст.
Бо зулфи ту қиссаҳо, ки дорам,
Кӯтаҳ накунам, ки шаб дароз аст.
ҳалқа чӣ занад Камол бар дар?
Доим дари раҳмати ту боз аст.
Гар ҳоли дил ба дӯст на имкони гуфтан аст
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Гар ҳоли дил ба дӯст на имкони гуфтан аст,
Бар шамъ сӯзи синаи парвона равшан аст.
Аз ман бигӯ ба муддаӣ, эй ёри ошно,
Ман фориғам зи қасди ту, чун дӯст бо ман аст.
Онро, ки дил ба сӯи лаби ӯ кашад чу ҷом,
Бар сар навиштаанд, ки хунаш ба гардан аст.
Ҷон бигзарад ба кӯи ту, к-он андалеби ғайб
Мурғест, к-аш хатираи қудсӣ нишеман аст.
Ошиқ шикаста по-ш на дар даври тусту бас,
ҳар ҷо фитад чу зулфи ту, мискин фурӯтан аст.
Эй дил, чу бишнавӣ сухани васл аз он даҳон,
Бовар макун, ки он сухани номуайян аст.
Номи Камол рафт ба покизадоманӣ,
То дар ғамат ба хуни дил олудадоман аст.
______________________________
* Мисраъ аз Саъдии Шерозист.
______________________________
Гар зоҳиди камхора муҳаббат начашидаст,
Хуноба нахӯрдасту риёзат накашидаст.
Беш аз турушӣ бахше аз ин хон нарасидаш,
З-он рӯй, ки ғӯрасту ба ҳалво нарасидаст.
Бар сина надорад асари захме аз он теғ,
Ин низ далелест, ки аз худ набуридаст.
Гӯяд: Ба Худо, дидаам он рӯй, бипурсед,
Гар гуфт бидидам, ба Худо, ҳеч надидаст!
Бисёр газидаст ба ҳасрат сари ангушт,
Як бор ба ишрат лаби соғар нагазидаст.
Кардаст ба масҷид, ба савомеъ талаби дӯст,
Ӯ бо ману бингар ба куҷоҳо талабидаст?!
Пиндошт, ки овози Камол аст ба хирқа,
Овозаи фӣ ҷуббатӣ* охир нашунидаст.
Гар ҷониби муҳиб назаре аз ҳабиб ҳаст
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Гар ҷониби муҳиб назаре аз ҳабиб ҳаст,
Ғам нест гар ҳазор - ҳазораш рақиб ҳаст.
Бо кас магӯ, ки чора кунад дарди ишқро,
Эй хоҷа, гар табиб набошад, ҳабиб ҳаст.
Сар дармакаш зи нолаи мо, эй дарахти ноз,
ҳар ҷо, ки ҳаст шохи гуле, андалеб ҳаст.
Гӯше, ки шуд ба ҳалқаи зулфи бутон гарон,
Нашнидаам, ки қобили панди адиб ҳаст.
Гар шаҳна мебурад сари воиз ба теғи кунд,
Шамшери зангхӯрда ба дасти хатиб ҳаст.
Дархурди гӯши ёр ба дасти мани ғариб
Гар нест гавҳаре, суханони ғариб ҳаст.
Аз ҷоми васл ҳам расадат қатрае, Камол,
К-аз ҷуръа хокро ҳама вақте насиб ҳаст.
Гарчи аз борони дида хоки он кӯ пургил аст.
Пои ошиқ дар гил аз дасти дил, аз дасти дил аст.
Бандаи дарвеши хеш ар мубтало хонӣ равост,
ҳар ки рӯ дар қиблаи рӯи ту кард, ӯ муқбил аст.
Дил ҳама тан ашки хунин гашту омад сӯи чашм,
То фуруд ояд равон, ҳар ҷо, ки ӯро манзил аст.
Дурри ашкам дид бар хоки дару гуфт: Ин ятим
Рӯзгоре рафту ҳам з-ин сон бар ин дар соил аст.
Майлҳо дорад ба ашку оҳи мо он сарвиноз,
Савр бо обу ҳаво ҳар ҷо, ки бошад, моил аст.
Менагунҷад дар даҳони ӯ зи тангӣ ҷуз сухан,
Гар ман ин маънӣ нагӯям, он даҳон худ қоил аст.
Теғу ханҷар чун ҳақ омад дар ҳақи хуни ҳалол,
Гар бирезад хуни ошиқ, ҳақ ба дасти қотил аст.
Нест мушкил дил зи ҷон бардоштан бар ошиқон,
«Дида аз дидори хубон баргирифтан мушкил аст».*
Медиҳад пандам зи рӯи хубу мегӯяд, Камол,
ҳар кӣ моро ин насиҳат мекунад, беҳосил аст.
Кадом дил, ки зи дасти ту пой дар гил нест
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Кадом дил, ки зи дасти ту пой дар гил нест!?
Чӣ ҷавр, к-аз ту бар ошуфтагони бедил нест!?
Ба фурқати туам аз зиндагӣ малол гирифт,
Ки бе висоли ту аз умр ҳеч ҳосил нест.
Муайян аст, ки дорад табиати ҳайвон
Касе, ки рӯи ту диду ба табъ моил нест.
Нарафт сели сиришкам зи остони ту дур,
Ки рафтан аз дари давлат тариқи соил нест.
Туро, ки ақли тамом аст, носеҳо, боре
Чаро насиҳати шахсе кунӣ, ки оқил нест!?
Камоли ҳусни туро бар ту чун кунам равшан,
Ки ҳеч оина бо он чунон муқобил нест.
Бағояте бирасид иттисоли ман бо дӯст,
Ки ҷуз Камол касе дар миёна ҳоил нест.
Кас чораи дарди мани бечора надонист,
Дил хун шуд аз ин дард, ҷуз ин чора надонист.
Дардам ба табиб арчи бад-ин гуна нагуфтанд,
Чун буд, ки аз гунаи рухсора надонист.
Дар таҷрибаи сангдилон сахт хато кард
Он кас, ки дилат сахттар аз хора надонист.
Дар матбахи ишқи ту кабоби дили моро
Лаззат беҳ аз он ғамзаи хунхора надонист.
Донист дили ғамзада дафъи ҳама андӯҳ,
Дафъи ғами маъшуқи ситамкора надонист.
Шуд умри талабгор ба роҳи талаб охир,
Охир хабаре аз дили овора надонист.
Мижгони Камол ин ҳама сӯзан чӣ диҳад об,
Чун дӯхтани хирқаи садпора надонист!?
Ғами ишқро ҳеч тадбир нест
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ғами ишқро ҳеч тадбир нест
Ба ҷуз васлу он ҷуз ба тақдир нест.
Ба қатли муҳиббон қазо монеъ аст,
Вагарна зи маҳбуб тақсир нест.
Гирифтам, ки бар дил задӣ новакам,
Дареғет ҳеч, охир, аз тир нест.
Раҳо кун сари зулф дар дасти дил,
Ки девонаро беҳ зи занҷир нест.
Макун, носеҳо, зикри хилват ба ман,
Ки бешам сари зӯҳду тазвир нест.
Ба покиву равшандилӣ, эй ҷавон,
Майи солхӯрда кам аз пир нест.
Ба мақсуд зудӣ қадам неҳ, Камол,
Ки ҷуз офат аз дасти таъхир нест.
«Коф»-и куфри мо зи «то-ҳо» бартар аст,
«Қоф»-и ишқ аз «коф»-у «ё»-ҳо бартар аст.
Бар забони ошиқон куфре, ки рафт
Аз маҳомид в-аз саноҳо бартар аст.
Ишқ агар з-он лаб диҳад дашноми заҳр,
Иззати ин аз дуоҳо бартар аст.
Иқтидо бо он қаду қомат бикун,
К-аз намоз ин иқтидоҳо бартар аст.
Дард, к-аз дил нола бар гардун кашад,
Ин чунин дард аз давоҳо бартар аст.
Гуфтугӯи ӯ ба мо аз кина нест,
З-оштӣ ин моҷароҳо бартар аст.
ҳар замон ҷангест ӯро бо Камол,
Турфа ҷанге, к-аз сафоҳо бартар аст.
Fамат дорам, маро шодӣ ҳамин аст
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Fамат дорам, маро шодӣ ҳамин аст,
Зи бахтам ҷои озодӣ ҳамин аст.
Зи бедодат харобобод шуд дил,
Дар ин вайрона ободӣ ҳамин аст.
Дигар бедод накнам бар ту гуфтӣ.
Муроди ту бедодӣ ҳамин аст.
Туро дар дил зи мо, гуфтӣ, чӣ шодист?
Fуломи туст дил, шодӣ ҳамин аст.
Накӯ омӯхт чашмат аз ту шева,
Дар ин шогирдӣ устодӣ ҳамин аст.
Зи ман пурсӣ дилат чун сайд кардам?
Чӣ гӯям, ҳадди сайёдӣ ҳамин аст.
Камол, аз худ бибур, он гаҳ рав ин роҳ,
Ки қатъи ин чунин водӣ ҳамин аст.
Ғамат рехт хунам, шаҳодат ҳамин аст,
Шаҳодат чӣ бошад, саодат ҳамин аст.
На имрӯз расми ҷафо кардаӣ ту,
Туро солҳо шуд, ки одат ҳамин аст.
Нахоҳӣ даме бе ҷафо ошиқонро,
Аз ин бевафоӣ муродат ҳамин аст.
Чу мурдам зи дардат, гузар бар мазорам,
Маро аз ту чашми аёдат ҳамин аст.
Агар бар дарат бор ёбам ба хидмат,
Нишони қабули ибодат ҳамин аст.
ҳалоки ман аз ишқ бошад иродат,
Муриди талабро иродат ҳамин аст.
Камол, аз саги кӯяш омӯз афғон,
Ки дар ошиқӣ истиодат ҳамин аст.
Ид шуд, хоҳем дидан моҳ яъне рӯи дӯст
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ид шуд, хоҳем дидан моҳ яъне рӯи дӯст.
Рӯзадорон моҳи нав бинанду мо абрӯи дӯст.
Дидаҳо аз бому дар дар ҷустуҷӯи моҳи нав,
Ошиқон аз пастию боло ба ҷустуҷӯи дӯст.
Лайлат-ул-қадре, ки дар вай буд ҳалқа-ҳалқа руҳ,
Ёфтам онҳо ҳама дар ҳалқаҳои мӯи дӯст.
Пеши рӯяш хост халқе сӯхт ид аз офтоб,
Кард дафъи партави он сояи гесӯи дӯст.
Бод паймояд алам дар идҳо пеши касон,
Он ки худро баркашад бо қомати дилҷӯи дӯст.
Ид агар бозӣ кунад, чавгону гӯҳо бишканад,
Боз битрошам мани сарбоз аз сар гӯи дӯст.
То намози ид нагзорӣ, марав з-ин дар, Камол,
Идгоҳи ошиқон чун нест илло кӯи дуст.
Fорати чашми ту моро муфлису бечора сохт,
Мӯъминеро кофире аз хонумон овора сохт.
Аз лаби Ширин тароши бӯс кардӣ Кӯҳкан,
Гар тавонистӣ дили бераҳми ӯ аз хора сохт,
ҳар чӣ хӯрд он нӯшлаб, хуни дили Фарҳод буд,
ҳавзи Ширин чун зи чашми хунфишон фаввора сохт.
Воизи гирён, чӣ месозанд мардум минбарат?
Тифливу дар гиря, мебояд туро гаҳвора сохт.
Сӯфиёна зад ба меҳроб оташу пашмина сӯхт
Он ки он тоқи ду абрӯ басту он рухсора сохт.
Аз тамошои ту бемаънист манъи ошиқон,
Чун мусаввир сурати хуб аз паи наззора сохт.
Шуд ҳамоил як шабе дар гарданаш дасти Камол,
Он ҳамоилро зи ғайрат хостам сӣ пора сохт.
Умрест, ки бо ӯ дили мискин нигарон аст
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Умрест, ки бо ӯ дили мискин нигарон аст,
Умрест зи мо рафта, вале бо дигарон аст.
Эй бод, мабар хоки кафи пош ба ҳар сӯ,
К-он равшании дидаи соҳибназарон аст.
То булбулу гул ёфта бӯят ба гулистон,
Ин наъразанон аз ғаму он ҷомадарон аст.
Гар бар дили маҷрӯҳ расад тири ту, саҳл аст,
Он ҳам гузарад, чун ҳама чизе гузарон аст.
Доғат натавон гуфт, ки бар сина азоб аст,
Борат натавон дид, ки бар дида гарон аст.
ҳам умр ба охир шуду ҳам қисса ба поён,
Ин роҳи талабро на канору на карон аст.
Гар рехтани хуни Камол аст муродат,
Мо низ бар онем, ки майли ту бар он аст.
Аҳди ту сусту ваъдаҳо хом аст,
Чашми шӯхат миёнабодом аст.
Fамзаат-захма, зулфу холат-уд,
Хуни ошиқ маю лабат ҷом аст.
Зулфи ту баҳри сайд аз чапу рост
Чашмҳо баркушода чун дом аст.
Ҷои дилҳои нозук аст он зулф,
Беҳтарин обгина дар Шом аст.
Он ки гӯянд: Гармрӯст парӣ.
Пеши рӯи ту нақши ҳаммом аст.
Он чӣ зоеъ шавад ба мо зи лабат
Бар рух оби даҳону дашном аст.
Омадӣ, хезу рез хуни Камол,
Баъди ташриф расми инъом аст.
Ишқ варзидан ба ҷони нозанинон нозук аст
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ишқ варзидан ба ҷони нозанинон нозук аст,
Хоса ин бечораро, к-ӯ худ, ки ҷонон нозук аст.
Нозукиҳо менамояд он миён, яъне ба ман
Зиндагонӣ кардан ар хоҳӣ бад-ин сон, нозук аст.
Як даме бигзар зи айни мардумӣ бар чашми ман,
З-он ки бар оби равон сарви хиромон нозук аст.
Гул надорад пеши сарви симбар ҳам нозукӣ,
Гарчи мегӯянд гулро, к-аз гиёҳон нозук аст.
Расми хубони ҷаҳон ошиқкушӣ бошад, Камол,
Кори ҳар мискин, ки ошиқ шуд бар эшон, нозук аст.
__________________________________________________
* Соҳибони бол, парандаҳо; сифати фариштаҳо
(ишора ба ояти аввали сураи Фотири Қуръони маҷид)
___________________________________________________
Илму тақво сар ба сар даъвист, маъно дигар аст,
Марди маънӣ дигару майдони даъво дигар аст.
Ошиқ ар омад ба кӯяш, дунйиву уқбо нахост,
Ҷониби Тур омадан мақсуди Мӯсо дигар аст.
ҳусни маҳрӯён чӣ мемонад ба рӯи ёри мо?
Партави маҳ дигару нури таҷалло дигар аст.
Аз дараш то равза фарқ аст аз замин то осмон,
Хоки ин кӯ дигару фирдавси аъло дигар аст.
Гарчи парҳез аз биҳишту ҳур ҳаст аз шаръ дур,
Дар ривоят дидам ин фатвост, тақво дигар аст.
Чашм бар фардо манеҳ чун зоҳидон дидорро,
Баркушо имрӯз чашме, кори аъмо дигар аст.
Гар дилат бишкаст дилбар, мастӣ афзун кун, Камол,
К-аз шикасти ҷоми Маҷнун қасди Лайло дигар аст.
Ишқи туву тавба обгинаву санг аст
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ишқи туву тавба обгинаву санг аст,
Номи накӯ дар раҳи ту мӯҷиби нанг аст.
То ба туам улфат аст, аз ҳама дурам,
То ба туам оштист, бо ҳама ҷанг аст.
Гӯш куҷо мекунад фасонаи воиз
Маст, ки чун уд гӯшҳош ба чанг аст!?
Аз хату рухсори ёр чеҳраи мақсуд
Дер тавон дид, чу бар оина занг аст.
Сурхии ашкам бидиду зардии рухсор,
Гуфт, ки: Дар ишқи мо ҳанӯз дуранг аст.
Бахту саодат занад ба домани ӯ чанг,
Домани он зулф ҳар киро, ки ба чанг аст.
Дар сухани зулфи ӯ, Камол, чӣ печӣ?
Васфи даҳонаш макун, ки қофия танг аст.
Ишқ дар тинати дилҳо намак аст,
Шӯри ошиқ зи само то самак аст.
Барпар аз ишқ ба боли малакӣ,
Ки улиаҷниҳа* васфи малак аст.
Нақди қалбу сараи оламро
Ишқ саррофу муҳаббат маҳак аст.
Сарбаландӣ талабӣ, ишқ гузин,
Исӣ аз ишқ ба боми фалак аст.
ҳасад, эй зоҳид, аз ин роҳ бирӯб,
Ки ҳасад дар раҳи покон хасак аст.
Ишқ дар иду маҳи зӯҳд ҳанӯз,
Рамазон асту дар он низ шак аст.
ҳафт байти ту дар ин гуфта, Камол,
ҳар як аз маънии ҳар ҳафт як аст.
Показаны записи 421-430 из 534