Газели


Показаны записи 401-410 из 534

Машнав, ки маро беҳ зи ту ёри дигаре ҳаст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Машнав, ки маро беҳ зи ту ёри дигаре ҳаст, Масмӯъ набошад, ки зи ҷон дӯсттаре ҳаст. Рози даҳанат боз намуд он лаби хомӯш, К-ин ҷо сухане нест, ки он ҷо шакаре ҳаст. Гуфтӣ: Бизанам бар ҷигарат тири ҷафое. Аз тир натарсам, ки маро ҳам ҷигаре ҳаст. ҳоли дилам аз новаки он ғамза бипурсед, Ӯро ҳама вақте чу аз ин ҷо гузаре ҳаст. Чун з-они ту шуд сар, талаби он макун аз мо, То халқ бидонанд, ки бо мот саре ҳаст. Манъи назар аз зулфу рухат нест ба тавҷеҳ; ҳар ҷо, ки бувад даври тасалсул, назаре ҳаст. То чанд, Камол, ин ҳама андӯҳи ту з-он зулф? Шаб гарчи дароз аст, умеди саҳаре ҳаст. Матлаъи ҳусну ҷамол аст офтоби рӯи дӯст, ҳусни матлаъ бин, ки дар матлаъ ҳадиси рӯи ӯст. Он рух аз раҳмат ба хатти сабз омад ояте, Аз забони бедилон тафсири он оят накӯст. Вирди субҳ он рӯю зикри шом он мӯясту бас, Ин чӣ маймун субҳу шом аст, ин чӣ зебо рӯю мӯст! Дил, ки чун гӯест дар майдони ғам ошуфтаҳол, Гар ба чавгон нисбати зулфат кунад, беҳудагӯст. Бе лабат гар шуд лаболаб соғар аз ашкам, равост, Аввалин чизе, ки рафт андар сари май оби рӯст. Сарбаландӣ бин, ки боз аз давлати риндӣ маро Бар сари дӯше, ки дӣ саҷҷода буд, имшаб сабӯст. ҳар ҳарифе бехуд аз май, аз лаби соқӣ, Камол, Аҳли маҷлис сарбасар масти маю ӯ масти дӯст.

Марди ишқи ту ба ғам ҳамдард аст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Марди ишқи ту ба ғам ҳамдард аст, Дардманди ту балопарвард аст. Бехабар мефитад, - онаш хоб аст, Дарду ғам мехӯрад, - инаш хвард аст. ҳаст бо дарди ту ҳар фардеро Оламе, к-аз ҳама олам фард аст. ҳар ки аз дарди ту ранге дорад, Ашки ӯ сурху рухи ӯ зард аст. Дардмандон ба ду рух пок кунанд Кафи пои ту, агар пургард аст. Ишқи бедард саре гарм накард, Шамъ то сӯз надорад, сард аст. Чун биронад сухан аз дард, Камол, ҳар ки мард аст, бигӯяд: Мард аст! Масти он чашмему боз он чашм меҷӯем маст, Пеши болоят ҳадиси сарв мегӯем паст. ҳаст гуфтанд он миёнро, ҳар чи мегӯянд, нест, Нест гуфтанд он даҳонро, ҳар чи мегӯянд, ҳаст. Дил шикаст аз ғусса, к-он абрӯ зи чашм андохташ, Буд пурхун шишае, аз тоқ афтоду шикаст. Марҳабое дошт дил мақсуд аз он мақсуди дил, Марҳабо, эй дил, гарат мақсуд хоҳад дод даст. Хуни дил бо ҳар раг аз шодӣ биҷаст аз ҷои хеш, Чун ба қасди ҷони ман тире зи шасти ӯ биҷаст. Гуфта буд аз ғамза пайконҳо нишонам бар дилат, ҳар чи гуфт он сангдил як-як маро бар дил нишаст, Нимкушта монда буд аз нимнози ӯ, Камол, Як карашма гар намекард он ду чашми ниммаст.

Маро гуфтӣ: Бар ин дар ин фиғон чист

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Маро гуфтӣ: Бар ин дар ин фиғон чист? Хурӯши булбулон дар бӯстон чист? Чаро хоҳам шаби васли ту болин, Агар хоб оядам, он остон чист? Чаро хоҳем аз соқӣ маю нуқл, Майи мо он лабу нуқл он даҳон чист? Чу бӯсе з-он даҳон хоҳам, газӣ лаб. Муроди ту аз он озори ҷон чист? Чу бинад нори хандонат хуҷандӣ, Бигӯяд бо ту, Аллаҳ хоҷа, он чист? Даҳонат ҳаст, гуфтам, чун миён нест. Чӣ мебошад даҳон гуфту миён чист? Агар нагирифтаӣ хӯи рақибон, Ба мо ҷангу итоби ҳарзамон чист? Зи ту чашми Камол аз гиря хун аст, Туро бо мовароуннаҳриён чист? Марди бе дард марди ин раҳ нест, Ғофил аз завқ, дардогаҳ нест. Бе рухи зарду ашки сурх ба рӯ Даъвии ошиқӣ муваҷҷаҳ нест. Равшану хуш сабоҳи зиндадилон Ҷуз ба бедории саҳаргаҳ нест. Остинкӯтаҳ аст шайх, чӣ суд Чун зи дунёш даст кӯтаҳ нест. Хоҷа то кай занад зи ҳастӣ дам, Ки шавад зери хок ногаҳ нест. Ҷон бар ин хори раҳ фишонд Камол, Гар занад лофи ишқ, бе раҳ нест.

Маро дилест, ки ҷуз бо ғами ту сархуш нест

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Маро дилест, ки ҷуз бо ғами ту сархуш нест, Туро саре, ки сари ин дили ҷафокаш нест. Зи турраҳои ту танҳо на ман парешонам, Кадом дил, ки ба савдои он мушавваш нест? Ба чашм наргиси маст арчи шевае дорад, Вале мудом чу чашми хуши ту сархуш нест. Халили мост хаёли ту рӯзу шаб, з-он аст, К-аш эҳтироз зи дуди дили пуроташ нест. Зи ҳоли тираи ман носеҳ аз куҷо донад, Чу ӯ муқайяди он банди зулфи саркаш нест, На одамист, ки ҳайвони мутлақаш хонанд, Гараш тааллуқе бобе бад-он париваш нест. Туро зи далқи мураққаъ чӣ ҳосил аст, Камол Гарат суроҳиву ҷоми мудом дар каш нест? Маро, ки соғари чашм аз ғами ту пурхун аст, Чӣ ҷои соқиву ҷоми шароби гулгун аст?! ҳикояти ту ба тафсир шарҳ натвон кард, Ки ҷавру меҳнати хубон зи васф берун аст. Ба ҷон расид маро кор аз ғами туву ҳеч Зи роҳи лутф напурсӣ, ки ҳоли ту чун аст. Чӣ эътибор ба аҳди ту ҳусни Лайлиро, Ки зери ҳар хами мӯят ҳазор Маҷнун аст? Чу ҷони ман ба лаб омад, рақибро чӣ хабар, Ки ман ғариқаму ӯ бар канори Ҷайҳун аст? Бар он шамоили мавзун чӣ гуна дил наравад, Алалхусус касеро, ки табъ мавзун аст? Хуш аст агар ба ҳадиси Камол дорӣ гӯш, Латофати суханонаш чу дурри макнун аст.

Маро бар рух аз дида хун омадаст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Маро бар рух аз дида хун омадаст, Ки ашк аз чӣ бар ман бурун омадаст. Куҷо истад аз давидан сиришк, Ки ин шишаҳо сарнагун омадаст? Дил омад ба худ дар чаҳи он зақан, Ки зиндон илоҷи ҷунун омадаст. Гирифтам ҳисоби ҷамолаш ба моҳ, Рухи ӯ зи сад маҳ фузун омадаст. Касе бурд аз ӯ бӯй чун удсӯз, Ки он ҷо ба сӯзи дарун омадаст. Даҳонаш ба абрӯ ба нақши ман аст, Чу «миме», ки дар пеши «нун» омадаст. Зи қанди сухан сохт ҳалво Камол, Бубинед, ёрон, ки чун омадаст? Маро бе меҳнати ӯ роҳате нест, Ки то айше набошад, ишрате нест. Басе дидам наиму нози олам, Зи нози дӯст хуштар неъмате нест. Бигӯ, хунам бирез, аз кас маяндеш, Ки хуни бекасонро ҳурмате нест. Гуноҳаш менависӣ, эй фаришта, Туро худ ҳеч инсонияте нест. Ба чашмат гар кам аз хас менамоям, Ки хасро назди мардум иззате нест. Ману меҳраш, ки дар хайли гадоён Чу ман дарвеши соҳибҳиммате нест. Камол, ин ҷо чӣ дарвешӣ фурӯшӣ, Ки шоҳонро бад-ин дар қимате нест?!

Маро аз ту нуқлу шароб орзуст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Маро аз ту нуқлу шароб орзуст, Ба он лаб саволу ҷавоб орзуст, Миёни сафои маю шиша боз Маро бо ту ҷангу итоб орзуст. Ба хун гар наӣ қонеъ, инак, ҷигар, Гарат хӯрдани ин кабоб орзуст. Шабе остони дарат зери сар Маро бо хаёли ту хоб орзуст. ҳиҷоби ман аз пеши рӯ дур соз, Ки рӯи туам бе ниқоб орзуст. Агар дида дидор ҷӯяд, равост, Ки намдидаро офтоб орзуст. Паёме бидеҳ гаҳ-гаҳе бо Камол, К-аз он лаб ба гӯшам хитоб орзуст. Маро бо зулфи ӯ гар дастрас нест, ҳамин савдо, ки дар сар ҳаст, бас нест? Инони давлат аз аввал наяфтод Ба дасти мову ин дар дасти кас нест. Шакарро гӯ: Мапӯшон холи мушкин, Ки сабр аз ангубин кори магас нест. Муғаннӣ рахти ман имшаб чунон бурд, Ки ҷуз чашме, ки пӯшам аз асас, нест. Агар донам, ки дар равза наёӣ, ҳамон донам, ки муште хору хас нест. Басе булбул ҳамовози Камол аст, Вале мурғе чу ӯ шириннафас нест.

Маҷлис муаттар асту ба он вақти мо хуш аст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Маҷлис муаттар асту ба он вақти мо хуш аст, К-аз холу рӯи ёр абире дар оташ аст. Бо дарди ишқ нола балоест синасӯз, Мискин дили заиф, ки доим балокаш аст. Дорӣ сари назора, нишин дар сарои чашм, К-аз ашки сурх бому дари ӯ мунаққаш аст. Гуфтӣ, ки мо зи ёркушӣ бас намекунем, Ин нукта боз гӯй ба ёрон, ки бас хуш аст. Дорад ба хастагӣ сари пайкони ӯ ҳанӯз Сайде, ки захмхӯрдаи он тири тиркаш аст. Бояд гуноҳи хеш навиштан фариштаро, Дар ҳусн агар муориза бо он париваш аст. Тӯмори зулфи ёр, ки шаб хонияш, Камол, Пеши чароғ хон, ки саводе мушавваш аст. ___________________________________ * Розем- ихтисори розием, розӣ ҳастем. ___________________________________ Маро аз чашми ту нозе ниёз аст, Ба нозе куш маро, чандин чӣ ноз аст!? Дилам бинвоз, яъне сӯзу бигдоз, Ки дил мискин, ғамат мискиннавоз аст. Рухат доранду хат бечорагон дӯст, Ки ин бечорасӯз, он чорасоз аст. Мадеҳ, гӯ, лаб, чу зулф омад ба дастам, Агар рӯзаш набӯсам, шаб дароз аст. Лабаш, тарсам, гудозад аз дами ман, Ки оҳи синасӯзам ҷонгудоз аст. Ба рӯяш, воизо, шуд саҷда воҷиб, Сухан кӯтоҳ кун, вақти намоз аст. Камол, аз зулфи ӯ бӯе наёбӣ, Гарат аз сад сару ҷон эҳтироз аст.

Моҳ дар ҳусн ба рухсори ту хешованд аст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Моҳ дар ҳусн ба рухсори ту хешованд аст, Офарин бар падаре, к-аш чу туе фарзанд аст! Одамӣ нест бигӯянд маро аҳли назар, Гар бигӯям ба ҷамоли ту парӣ монанд аст. Ошиқи сарви қадатро натавон кард шумор, Бар дарахтон адади барг кӣ донад чанд аст? ҳури инро чу сари зулфи сияҳчашме бин, Ки зи кӯи ту ба фирдавси барин хурсанд аст. Бар дари ёр гар афзун накунад нолаи зор, Чӣ кунад толиби дидор, ки хоҷатманд аст? Хуш бувад мавъизаву ҳикмати соҳибнафасон, Нағмаи най шунав, ар гӯши дилат бар панд аст. Акси лаълаш агар афтад ба лаби ҷом, Камол, Нӯш кун чун шакар он бода, ки дар вай қанд аст. Моему диле пурхун бар хоки сари кӯят, Ғамгин ба ҳама рӯе дар орзуи рӯят. Ту сарвию мо чун об оварда ба поят сар, Шодоб ту, мо ташна бар хоки сари кӯят. Розем,* ба дашноме гар ёд кунӣ вар на, То умр бувад боқӣ, моем дуогӯят. Мо бо ду ҷаҳон кардем қисмат ҳама оламро, Эшону ҷаҳон, эй ҷон, моему ғами рӯят! Зулфи ту дареғ ояд, эй ҷон, ки ба бод афтад, Тадбир, ки ҳам ҳайф аст гар гул шунавад бӯят. Гар ман дили худ ҷӯям дар кӯи ту, нагзорӣ, Мапсанд ҷафо чандин бар ошиқи дилҷӯят. Гӯянд: Камол, ин раҳ то чанд ҳамепӯӣ? То ҳаст такупӯям, моему такупӯят.

Мо диле дорему он бар дилбаре хоҳем баст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Мо диле дорему он бар дилбаре хоҳем баст, Нақши рӯи зард бар хоки даре хоҳем баст. ҳар касе банданд баҳри симу зар бар худ камар, Мо камар дар хидмати симинбаре хоҳем баст. Гарчи дил бар ёри худ бастему бас чун зулфи ёр, То надонад дигаре, бар дигаре хоҳем баст. Бор агар бандем дар кӯи ту боре, бар рақиб Чун ба азми роҳ боре бар харе хоҳем баст. Подшоҳон сайдҳо банданд бар фитрокҳо, Мо бад-он фитрок ҷоневу саре хоҳем баст. Ранг аз рӯи гулу аз гул варақ хоҳем сохт, Сурати ӯ гар ба рӯи дафтаре хоҳем баст. Дар миёни гиря чун бӯсем пои ӯ, Камол, Аз дуру ёқут бар вай зеваре хоҳем баст. Моро на ғами нангу на андешаи ном аст, Дар мазҳаби мо мазҳаби номус ҳаром аст. Гӯ, халқ бидонед, ки пайваста фалонро Рух бар рухи ҷононаву лаб бар лаби ҷом аст. Саҷҷоданишин орифи доно на, ки омист, Модом, ки дар банди қабулияти ом аст. Дар орзӯи маҷлиси мо зоҳиди мағрур Чу уд ҳамесӯзаду ин турфа, ки хом аст. Соқӣ, майи дӯшина агар рафт ба итмом, Моро зи лаби лаъли ту як бӯса тамом аст. Савдозадаро гӯшаи саҷҷода насозад, Эй мутриби раҳзан, раҳи майхона кадом аст? Бархост Камол аз вараъу гӯшанишинӣ, То дид, ки майхона беҳ аз ҳар ду мақом аст.

Мо ба куфри зулфи ӯ дорем имоне дуруст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Мо ба куфри зулфи ӯ дорем имоне дуруст. Бо бути паймоншикан аҳдеву паймоне дуруст. Гарчи чашмат гӯядам ҷӯям дилат, лекин кӣ ёфт Қавли масте рост, аҳди номусалмоне дуруст? Аҳдҳо кардӣ, ки созам оқибат дил бо ту рост, Рост гӯям, ин сухан ҳам нест чандоне дуруст. Бар забонҳо то гузашт он лаб, рақиби ҷангҷӯй Дар даҳони ошиқон нагзошт дандоне дуруст. Ёри мо гар остинафшон дарояд дар самоъ, Кас набинад хирқапӯше бо гиребоне дуруст. Гӯи дилҳо, баски аз ҳар сӯ рабуданду шикаст, Нест бар дӯши бутон аз зулф чавгоне дуруст. Пора созанд аҳли маънӣ ҷомаҳо бар тан, Камол, Гар бихонад ҳафт байти ту ғазалхоне дуруст. Мо дар ин дайр фитодем ҳам аз рӯзи аласт, Ринду девонаву қаллошу хароботию маст. Меҳнати мо–ҳама давлат, ғами мо–ҷумла нишот, ҳастии мо–ҳама не, нестии мо–ҳама ҳаст. Як нафас дар ҳама олам нанишинем зи пой, То наёрем сари зулфи дилором ба даст. Обрӯе нашуд аз зӯҳди риёӣ моро, Соқии ишқ чу паймонаи номус шикаст. Ишқро дар ҳарами Каъбаи мақсуд якест Ринди майхонанишин, зоҳиди саҷҷодапараст. Нест моро сари тӯбову таманнои биҳишт, Шеваи мардуми ноаҳл бувад ҳиммати паст. Зоҳидон ҷои нишаст арчи ба ҷаннат доранд, Ошиқонро набувад дар ду ҷаҳон ҷои нишаст. ҳар чӣ дар чашм ба ҷуз сурати маъшуқ, хатост. ҳар чӣ дар даст ба ҷуз домани мақсуд, бад аст. Гарчи зад сурати хубон раҳи ақли ту, Камол, Нек буд он ҳама сурат чу ба маънӣ пайваст.

Показаны записи 401-410 из 534