Газели


Показаны записи 371-380 из 534

Имшаб он маҳ ба висоқи кӣ фурӯ меояд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Имшаб он маҳ ба висоқи кӣ фурӯ меояд? Гар ба меҳмони ман ояд, чӣ накӯ меояд! Биниҳам уди дили сӯхта бар оташи шавқ, Гар бидонам, ки паривор ба бӯ меояд. Дида аз дасти назар хуни ту резад, гӯянд. Зоҳиран ҳар чӣ бигӯянд, аз ӯ меояд. Ҳалқа-ҳалқа дили аҳбоб ба ҳам барзадааст, Магар ин аст, ки он силсиламӯ меояд? Он ки дар савмаа мерафт ба ибриқи вузу, Аз дари майкада инак ба сабӯ меояд. Зери лаб ҳар чӣ суроҳӣ ба қадаҳ мегӯяд, Дар дили нозуки ӯ ҷумла фурӯ меояд. То чиҳо дар сари он ғамзаи маст аст, Камол, Ки сӯи ғамзадагон арабадаҷӯ меояд. Аҳли дил зулфи дарозат риштаи ҷон гуфтаанд, З-ин ҳадисам бӯи ҷон омад, ки эшон гуфтаанд. То даҳонат ҳаст пайдо, к-аз назарҳо шуд ниҳон, Хурдабинон васфи он пайдову пинҳон гуфтаанд. З-он даҳони чун шакар ҳар гаҳ ҳадис омад ба лаб, Аз латофат он сухан ширину хандон гуфтаанд. Қомате ҳамчун алиф дориву абрӯе чу нун, Дар ту ҳар оне, ки гуфтанд, аз паи он гуфтаанд. Васфи он зулфу даҳон савдоиёни тангдил Нек номафҳуму беш аз ҳад парешон гуфтаанд. Дар чаман бархостаст аз сарв фарёду фиғон, То аз он боло ҳадисе андалебон гуфтаанд. Гуфтаҳои туст аз шавқи ҷамоли ӯ, Камол, Ҳар чӣ мурғони хушилҳон дар гулистон гуфтаанд.

Агар ту фахр надорӣ ба далқи гардолуд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Агар ту фахр надорӣ ба далқи гардолуд, Аёзи хос набошӣ ба ҳазрати Маҳмуд. ҳар он ки ҳалқаи султони ишқ дарбӯсад, Ба ҳалқаҳои биҳиштӣ куҷо шавад хушнуд?! Зи ранги хирқаву з-ин руқъа бӯи дурде нест, Чу дарди ишқ надорӣ либоси фақр чӣ суд?! Зи тайласони сияҳ кас бисоти қурб наёфт, Ҷуз ин ки тирагие дар гилеми бахт афзуд. Зи неку бад натавон раст то хирад боқист, Ки ҷома аз кафи ҳушёр мушкил аст рабуд. Чу марди роҳ шудӣ, бигзар аз сару дастор, Ки шоҳи ишқ ба мардони худ чунин фармуд. Зи ҳар чӣ арз кунанд аз мақоми дунйиву дин, Камол хоҳ, ки он аст ғояти мақсуд. Агар вазифаи дардат замон-замон нарасад, Ҳаловате ба дилу лаззате ба ҷон нарасад. Ту ҳар тараф, ки кашӣ теғ, ман ба рашк он ҷо Сипар шавам, ки ба ҳар сина завқи он нарасад. Макуш маро, ки зи бас лоғарӣ, ҳаметарсам, Ки рӯи теғи ту ногаҳ ба устухон нарасад. Куҷо ба мо расад он зулф, к-аз занахдонат, Фитодаем ба ҷоҳе, ки ресмон нарасад. Чунин ки нисбати рӯи ту мекунанд ба моҳ, Чӣ гуна аз ту сари ӯ бар осмон нарасад? Маро сарест, ки бар хоки пош хоҳам суд, Зи муфлисони худ ӯро ҷуз ин зиён нарасад. Камол, то нашавӣ ҳеч, магзар аз дари ӯ, Ки заҳмати ту бад-он хоки остон нарасад.

Аз ман, эй аҳли назар, илми назар омӯзед

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Аз ман, эй аҳли назар, илми назар омӯзед, Нозук аст он рух, аз ӯ чашму назар бардӯзед. Пеши он рӯй мадоред раво зулмати шамъ, Хона пурнури таҷаллӣ, чӣ чароғ афрӯзед?! Сӯхтед аз аташ, эй аҳли вараъ, бе маи ишқ, Ки чу хушкед, бисӯзед, ки хуш месӯзед. Ба ҳаво ҷангкунон дар сафи ушшоқ, равост, Ки дар он саф ҳама лашкаршикану пирӯзед. Гар бидӯзед дили пора фақире ба карам, Беҳ, ки сад новаки дилдӯз ба кин андӯзед. Дар таби меҳнати ӯ сабр кунед, эй дилу ҷон, Ки аз ин ориза имрӯз беҳ аз ҳаррӯзед. Аз шифохонаи дард аст суханҳои Камол, Дард доред, аз ин ҷо сухане омӯзед. Афтод дил аз пову нагуфтам, зи ки афтод, Фарёд зи шӯхе, ки малӯл аст зи фарёд. ҳар хона, ки дар кӯи тараб сохта будем, Селоби ғаме омаду барканд зи бунёд. Гӯяд ба рақибон, ки фаромӯш кунедаш, Бингар, ба чӣ фан мекунад аз ошиқи худ ёд. Маҷнун чӣ кунад, к-ин кашиш аз ҷониби Лайлист, Гар майл намедид, дил аз даст намедод. Манъам макунед аз лаби Ширин, ки дар охир Гаштанд пушаймон ҳама аз куштани Фарҳод. Фарҳод ба ҷуз санг намесуфту ман имрӯз Дур суфтаам аз ишқ, бубин санъати устод. Бифрист ба Хоразм Камол ин ҳама дурҳо, К-аз шавқ биғалтанд ба овози гуҳарзод.

Аз лабаш ҳар гаҳ, ки хоҳам бӯса, дашномам диҳад

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Аз лабаш ҳар гаҳ, ки хоҳам бӯса, дашномам диҳад, Гар на тифл асту хурад бозӣ, чаро комам диҳад? Соҳирӣ бингар, ки чун нуқле бихоҳам з-он даҳон, Писта бинмояд зи лаб в-аз ғамза бодомам диҳад. Гӯядам: Як рӯз симин соидам бинӣ ба даст. З-интизорам сӯхт, то кай ваъдаи хомам диҳад?! Мастие хоҳам, ки ҳушёрӣ набошад ҳаргизаш, Соқиё, гӯ, то ба ёди рӯи ӯ ҷомам диҳад. Қосиди онам, ки ҷон афшонамаш аз ҳар тараф, Қосиде гар з-он тараф ояд, ки пайғомам диҳад. Дар баҳои хоки пояш нестам дурре, дареғ, Ку Фаридун, то дусад ганҷи гуҳар вомам диҳад? Халқ гӯянд: Аз сухан машҳури олам шуд Камол. Маънии хос асту бас, к-ӯ шӯҳрати омам диҳад. Аз лаби ӯ сухане чун ба забон меояд, Гӯиё, оби ҳаёте ба даҳон меояд. Хоҳад омад зи манат тири бало бар ҷон, гуфт. Дар дили хаста маро низ чунон меояд. Бар дари ӯ на манам омада ҷон бар кафи даст, Ҳар ки дур аст аз он рӯй, ба ҷон меояд. Чун наёяд ба чаман наъразанон булбули маст, Аз гул афтод ҷудо, з-он ба фиғон меояд. Қиссаи бори ҷудоист дар ин нома, равост, Бар кабӯтар агар ин бор гарон меояд. З-оташи шавқ ҳама сӯхтагиҳои дил аст, ҳар чӣ дар нома қаламро ба забон меояд. Дар қалам худ сухане нест, дар ин ғусса, Камол, Оташе ҳаст, ки дуд аз сари он меояд.

Аз сар ҳавои васли ту берун намеравад

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Аз сар ҳавои васли ту берун намеравад, Савдои Лайлӣ аз дили Маҷнун намеравад. Чашмам назар ба ғайри ҷамолат намекунад, Ёдат худ аз табиати мавзун намеравад. То дурам аз канори ту, як лаҳза нагзарад, К-андар миёни дидаву дил хун намеравад. Он сурате, ки бо ту маро даст дода буд, Аз қуввати мусаввара берун намеравад. Кардам басе илоҷи дилу беҳ намешавад, Оре, магар илоҷ ба қонун намеравад. Гуфтӣ: Намеравад ба дилат орзуи ман. Эй орзуи дидаву дил, чун намеравад?! Дил хуш кун, эй Камолу шикоят макун зи дӯст, Гар бар муроди рои ту гардун намеравад. Аз кӯи дӯст дӯш насиме ба ман расид, К-аз лутфи ӯ рамида равонам ба тан расид. Ҷонам фидои бод, ки аз як насими ӯ Сад рӯҳ роҳатам ба дили мумтаҳан расид. Яъқуб равшанӣ зи қудуми Азиз ёфт, Ё худ зи Миср роиҳаи пираҳан расид. Ҷонҳо дам аз равоеҳи раҳмон ҳамезананд, Оре, магар паёми Увайс аз Қаран расид? Гӯӣ чӣ кардаам зи накӯӣ, ки дар иваз, К-он- ч аз Худой хоста будам, ҳамон расид. Ранҷе, ки бе Суҳайл кашидем дар Яман, Саҳл аст, чун Суҳайли дигар бо Яман расид. Хуршеди заррапавару Ҷамшеди меҳрвар, Моҳи ситоралашкару шоҳи Хутан расид. Дам даркашида буд Камол аз сухан, кунун Дурҷи сухан кушода, ки вақти сухан расид.

Аз парда ҳар ки рӯят як рӯз дида бошад

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Аз парда ҳар ки рӯят як рӯз дида бошад, Кас дар назар наёрад, гар нури дида бошад. Суратнигор донад, к-аз моҳ чарбад он рух, Бо сурати ту маҳро гар баркашида бошад. Аз ҳолати Зулайхо он бӯ барад, ки чун гул Пероҳани сабурӣ сад ҷо дарида бошад. Дуздида ҳусни Юсуф диданду каф буриданд, З-ин шева дасти дуздон доим бурида бошад. Дорад маҳи нав инак, хунҳо ба гирди нохун, Ангушти ҳасрат аз ту шояд газида бошад. Аз қатраҳои ашк аст аз чашми андалебон ҳар шабнаме, ки бар гул як-як чакида бошад. Оҳи Камол, донам, шабҳо шунида бошӣ, Кайвон шунида сад раҳ, маҳ ҳам шунида бошад. Аз ту чашмам чу хатат кай тарафи маҳ бошад, Бо хаёли ту киро дар дили ман раҳ бошад?! Пеши рухсори ту афзунтар аз ин оҳ кашам, Бештар нолаи мурғон ба саҳаргаҳ бошад. Турра аз ноз мадеҳ тоб, ки он зулфи дароз Шаби умр аст, нахоҳем, ки кутаҳ бошад. Кас надонист, ки он нуқли даҳон рӯзии кист, Ризқ дар пардаи ғайб аст, кӣ огаҳ бошад?! Қадду рафтор гар ин аст, зиҳӣ бар роҳе, Ки ба ҷуз сояи ту кас ба ту ҳамраҳ бошад. Устухонам зи паи воқиа шатранҷ кунед, То ниҳам рух ба бисоте, ки чунин шаҳ бошад. Гар бубинӣ даҳани тангу қади ёр, Камол, Бӯса даҳ хоҳу бигӯ сифру алиф даҳ бошад.

Оҳанин ҷони маро, к-аз ғусса тобе медиҳад

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Оҳанин ҷони маро, к-аз ғусса тобе медиҳад, Оҳан аз оташ чу берун кард , обе медиҳад. ҳамчунин ҷонҳои ташна чун зи оташ мераҳанд, ҳар якеро ҳур аз Кавсар шаробе медиҳад. Он ки доғаш мениҳам бар синаи худ низ ҳайф, Раҳмате бошад, гарам бими азобе медиҳад. Гарчи мебандад дари дорушшифо бар ман табиб, ҳалқае чун мезанам бар дар, ҷавобе медиҳад. Даст агар надҳад, ки гирад кас инони он савор, Бӯсае афтону хезон бар рикобе медиҳад. Шаб, ки гиряд чашми мо, фардо тамаъ дорад висол, ҳар ки обе медиҳад, баҳри савобе медиҳад. Дигар аз шодӣ наояд хоб дар чашмам, Камол, Гар шабе бахташ бар он дар ҷои хобе медиҳад. Аз бод сари зулфат як рӯз парешон шуд, Ҷону сари мискинон дар пои ту резон шуд. ҳоли дили худ гуфтам бо чорагари дарде, Бечора ба дарди дил оҳе заду гирён шуд. Чашми кӣ расид оё боз ин дили хуррамро, К-аз новаки мижгоне озурдаи пайкон шуд? Дил хост шудан сӯе, ҷон низ равон бо ӯ, То ту зи назар рафтӣ, ҳам ин шуду ҳам он шуд. Бошад ҳамагӣ товон бар чашми мани гирён ҳар хона, ки аз борон дар кӯи ту вайрон шуд. Он маҳ, ки шабе дидӣ дар ҳусн тамом ӯро, Аз шарми ҷамоли ту моҳест, ки пинҳон шуд. Мегуфт Камол: Аз май дорам ҳаваси тавба. Чун дид рухи соқӣ, аз гуфта пушаймон шуд.

Онҳо, ки лаби чун шакаристони ту ёбанд

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Онҳо, ки лаби чун шакаристони ту ёбанд, Он нуқл ҳамон дархури дандони ту ёбанд. Аз чашмаи ҳайвон натавон ёфт ҳама умр Он лутф, ки дар чоҳи занахдони ту ёбанд. Он ҷо, ки ба хат сабз кунӣ хони малоҳат, Товуси малоик магаси хони ту ёбанд. Ҷаннатталабон ҳар чӣ биҷӯянд зи Тӯбо, Дар қомати чун сарви хиромони ту ёбанд. З-ин гуна, ки ман ёфтам он лаъли равонбахш, Гар ҷӯи биҳишт аст, ки ҷӯёни ту ёбанд. Зери қадамат хокшуда ҷони азиз аст ҳар гард, ки бар гӯшаи домони ту ёбанд. Аз хоки шаҳидон гули раҳмат шукуфонад ҳар ғунча, ки дар сина зи пайкони ту ёбанд. Гар Хизр бақо чун хатат аз оби бақо ёфт, Ушшоқ ҳаёт аз лаби хандони ту ёбанд. Бурдӣ дили ушшоқ, Камол, аз сухани хуб, Хубон амали фитна зи девони ту ёбанд. Он ёр, ки пайваста ба мо дилнигарон буд, Машғул ба мо буду малӯл аз дигарон буд. Аз мо бирамиду дигаронаш бирабуданд, Оре, магараш маслиҳати вақт дар он буд. Он ёр куҷо рафт, ки дар сояи ҳуснаш Аҳволи мани хаста ба хубӣ гузарон буд? Дӣ бар сари он буд, ки бозам бинавозад В-имрӯз бар он нест, ки дӣ бар сари он буд. Дӯшаш бигирифтам, ки барорам ба канораш, Дидам, ки сараш бо мани дилхаста гарон буд. Ошуфтагии зулфашу бемории чашмаш, Гӯӣ, ки зи дуди дили соҳибназарон буд. Мерафт Камол аз паи ӯ дода дил аз даст В-ин дидаи ғамдида ба ҳасрат нигарон буд.

Он кӣ ҳаргиз сӯи ман чашми ризоӣ накушод

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Он кӣ ҳаргиз сӯи ман чашми ризоӣ накушод, Ё Раб, аз чашми бади халқ газандаш марасод! Марҳабое тамаам буд аз ӯ дар ҳама умр, Саъй бисёр намудем, вале даст надод. Солҳо рафт, ки холӣ наям аз ёди касе, Ки наёяд ҳама умраш зи мани дилшуда ёд. Ояд он рӯз, ки хоҳад лаби Ширин, эй дил, Узри он доғ, ки бар синаи Фарҳод ниҳод. Ман зи дасти ғами ӯ гарчи фитодам аз пой, ҳеч коре ба ҷаҳон хуштар аз инам нафитод. Дил ҳалоки тани худ хост, ғамаш омаду гуфт: Махӯр ин ғам, ки манат зуд расонам ба мурод. Дӯш мегуфт фироқи рухи ҷонон ба Камол, Ки ҳанӯзат рамақе ҳаст зи ҷон, шармат бод! Он маҳ зи бутон гӯи латофат ба зақан бурд, Лабҳош дили пистаи хандон ба даҳан бурд. Он рӯз, ки шатранҷи ҷафогустарӣ омӯхт, Дар аввали бозӣ рухи хубаш дили ман бурд. Мекард ҳикоят дур(р) аз он лутфи баногӯш, ҳар ҷо санаме гӯш сӯи дурри Адан бурд. Дар ҳасрати қадди ту зи бас гиря маро об Бардошт чу хошок, сӯи сарви чаман бурд. Дил буд баҷономада дар тан зи ғарибӣ, Дар зулфи ту бозаш кашиши ҳубби ватан бурд. Бистонд рақибам сари зулфат зи кафу рафт, Нав шуд масали кӯҳна, ки хар рафту расан бурд. Он дил, ки набурданд, Камол, аз ту ба сад сол, Афсӯс, ки он ғамза ба як чашм задан бурд.

Он шӯх ба мо ҷуз сари бедод надорад

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Он шӯх ба мо ҷуз сари бедод надорад, Бо ваъда дили ғамзадае шод надорад. Кард аз мани дилшефта он аҳдшикан боз З-он гуна фаромӯш, ки кас ёд надорад. Булбул чӣ фиристад сӯи гул тӯҳфа, ки дар даст, Бечора, ба ҷуз нолаву фарёд надорад. Бар аҳди ту такя натавон карду вафо низ, К-ин ҳар ду биноест, ки бунёд надорад. ҳар дил, ки напӯшад назар аз фитнаи он чашм, Мурғест, ки андешаи сайёд надорад. Ту ҷанг маёмӯз ба он ғамза, ки он шӯх Дар фитнагарӣ хоҷати устод надорад. Бар ҷони Камол ар накунӣ раҳм, аҷаб нест, Ширин зи таҷаммул сари Фарҳод надорад. Он шаҳсавори хубон, ё Раб, чӣ ном дорад? Дар ҳусну дилрабоӣ лутфи тамом дорад. Ушшоқро ҳалол аст андӯҳи дӯст хӯрдан, Хунаш ҳалол бодо он, к-ӯ ҳаром дорад! Дил хоҳадам, ки гирад сими бараш дар оғӯш, Бечора дар сари худ савдои хом дорад. Оҳуи шергираш бар тарфи лолазораш Аз баҳри сайди дилҳо аз мушк дом дорад. Маҳ чун тамом гардад, пайваста дар Камол аст, З-он рӯй дар дили ӯ меҳраш мақом дорад.

Показаны записи 371-380 из 534