Газели


Показаны записи 381-390 из 534

Он сарвқад нигар, ки чӣ озод меравад

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Он сарвқад нигар, ки чӣ озод меравад В-он ғамгусор бин, ки чӣ дилшод меравад. Маҳрӯи сарвқомати гулбӯи лоларух Бо қадди хушхиром чу шамшод меравад. Бар боми ҳафт қалъаи гардун зи бедилон ҳар шаб фиғону нолаву фарёд меравад. Ашк аз Димишқи дида зи савдои Мисри дил Монанди сели Даҷлаи Бағдод меравад. Бунёди ҷон, ки дошт бино бар замини дил, Аз селбори дида зи бунёд меравад. Бар ҷони бедилони ситамкаш зи дилбарон Дар шаҳри мо, нигар, ки чӣ бедод меравад. Умри азиз гар накунӣ сарф бо бутон, Чун хоки роҳ дон ту, ки бар бод меравад. Хусрав мудом бар лаби Ширин ниҳода лаб, Хуни ҷигар зи дидаи Фарҳод меравад. Бо он парӣ паёми Камол, эй насими субҳ, Эълом додамат, магар аз ёд меравад?! Он сарви ноз рафт ба гулшан, назар кунед! Дар боғ гул баромаду савсан, назар кунед! Гулро зи шавқи накҳати он пераҳан чу ман Сад доғи хун ба гӯшаи доман, назар кунед! Оташкадаст ҷони ман аз сӯзи сина, оҳ, Дуде, ки баргузашт зи равзан, назар кунед! Бо чашми тезбин назаре бар даҳони ӯ Гар мумкин аст, як сари сӯзан назар кунед! Ӯ дидаест равшан, агар бурқаъ афканад, Эй ошиқон, ба дидаи равшан назар кунед! Гар бар шумо ҳақиқати ҷон аст мултамас, Аз пираҳан латофати он тан назар кунед! Онҳо, ки мекунанд лабаш орзу, Камол, Гӯ, дар малоҳати сухани ман назар кунед!

Он париваш, ки хаташ гӯшаи маҳ мефарсуд

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Он париваш, ки хаташ гӯшаи маҳ мефарсуд, Дар ман оташ заду овард ба рӯй ин ҳама дуд. Ҳар чӣ кам кард маҳ аз мояи равшанрӯӣ, Рост кард он рухи зебову бар он низ фузуд. То ғами ӯ бизад ангушти талаб бар дили ман, Дили ғамдида ба рӯям дари давлат бикушуд. Бе ту вақте ба шабам дида шудӣ моили хоб, Гӯӣ, он аҳд, ки шуд дида, маро хобе буд. Сухани ботили ҳосид машунав дар ҳақи ман, Ки ҳадис аз даҳани ҳеч кас он худ нашунуд. То Камол аз даҳани ӯ дили худ боз ситад, Гӯиё, бори дигар аз адам омад ба вуҷуд. Онро, ки бар забон сифати рӯи ӯ равад, Дар ҳар сухан зи худ равад, аммо накӯ равад. То уд ҷон насӯхт, ба чашмам ватан насохт, Оре, парӣ ба хонаи мардум ба бӯ равад. ҳар гаҳ хаёли орази ӯ бигзарад ба чашм, Он лаҳза оби давлати ошиқ ба ҷӯ равад. Умри бабодрафта ҳамон беҳ, ки бе лабаш ҳамчун ҳубоб бар сари ҷому сабӯ равад. Маншин чу хол бар лаби ширинаш, эй магас, Тарсам, зи лутф пои ту он ҷо фурӯ равад. Кӯҳлулҷавоҳир аз назар афтад маро чу ашк, Дар чашми дурфишон агар он хоки кӯ равад. Сели сиришк бурд ба кӯят Камолро, ҳар ҷо равад гадои ту, бо обрӯ равад.

Он ҷигаргӯша зи хуни дили мо бас накунад

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Он ҷигаргӯша зи хуни дили мо бас накунад, Маст шуд чашмаш аз ин бода, чаро бас накунад? Ғамзае гар бизанад зулф бубандад ба ду даст, ҳаргиз ин аз ситаму он зи ҷафо бас накунад. Нашикебад дили пурхуни ман аз сӯҳбати ёр, Ғунча аз ҳамдамии боди сабо бас накунад. Гарчи бас новак аз он ғамза маро бар ҷон аст, Ин қадар захм зи ту ҷони маро бас накунад. Дил дар абрӯи ту холӣ зи дуогӯӣ нест, ҳар ки меҳробнишин шуд, зи дуо бас накунад. Ба ғуломии дили ман чу гувоҳ орӣ хол, Хат бурун оварад аз рух, ба гуво бас накунад. Аз сари кӯи ту ҳаргиз нашавад дур Камол, То дари марг зи дарюза гадо бас накунад. __________________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори нахустин ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ манзур мегардад. ** Мисраъ моли ҳофиз ва ин ғазал тазмин аз ғазали ӯст, зеро Камол дар ин ғазал чанд ишораи латиф ба ӯ дорад. __________________________________________ Он чӣ ту дорӣ ба ҳусн, моҳ надорад, Ҷоҳу ҷалоли ту подшоҳ надорад. Ҷониби дилҳо нигоҳ дор, ки султон Мулк нагирад, агар сипоҳ надорад. Ошиқи худ гар кушӣ ба ҷурми муҳаббат, Бештар аз ман кас ин гуноҳ надорад. Сӯфии мо завқи рақс дораду хилват, Оҳ, ки сӯзи даруну оҳ надорад. Солики бедардро зи қатъи манозил Тарки сафар беҳ чу зоди роҳ надорад. Риққати қалб ошкор кард муҳибро, Ҷоми тунук рози дил нигоҳ надорад. Заҳмати сар чун барад Камол аз ин дар, З-он ки ҷуз ин остон паноҳ надорад.

Эй сабо, чанд равӣ бар дари ҷонон густох

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Эй сабо, чанд равӣ бар дари ҷонон густох, Дар шаби тор бар он зулфи парешон густох. Бошад инҳо ҳаракоти хунуку бодсарӣ, Ки дар он равза кунӣ гашти шабистон густох. Зулф каҷ дор, ки бо рӯи ту паҳлу назанад, ҳиндувонро натавон кард ба туркон густох. Гар барам номи лабат гирякунон, хурда магир, Ки худам сохтаӣ бар лаби хандон густох. Порсоён адаби ринд надоранд нигоҳ, Дидаам бештари мардуми нодон густох. Лавҳи рухсори ту пешаш ҳама вақт, ин аҷаб аст, Ки баромад хати мушкини ту з-ин сон густох. Боғи рухсори бутон баҳри тамошост, Камол, Набарӣ даст бар он себи занахдон густох. Он ҷо, ки васфи гесуи он дилрабо кунанд,* Аз мушк агар кунанд ҳадисе, хато кунанд. Гар коми ӯст рехтани хуни ошиқон, Он беҳ, ки комаш аз дили шайдо раво кунанд. Беҳуда ранҷ мебарад аз дасти мо табиб, Ин дарди ишқ нест, ки онро даво кунанд. Моро назар ба рӯи ту, бар хатту хол нест, Соҳибдилон назораи сунъи Худо кунанд. Бар гуфтаи Камол фишонанд зар чу об «Онон, ки хокро ба назар кимиё кунанд».**

Хатат, ки бар хати Ёқут мениҳам тарҷеҳ

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Хатат, ки бар хати Ёқут мениҳам тарҷеҳ, Навиштаанд бар он лаъли лаб, ки анта малеҳ. Ба лавҳи орази ту он хати дигар, гӯӣ, Кашида хомаи қудрат ки ал-баёзу саҳеҳ. Намебарем шикоят зи холу хатти бутон, Агарчи ғорати ҷон мекунанду зулми сареҳ. ҳазор дард кашем аз ту беҳ, ки нози табиб, Ки дарди дӯст беҳ аз шарбати ҳазор Масеҳ. Чӣ гуна васфи ту гӯям, ки ғамзаи ту ба сеҳр Задаст сад гиреҳ аз зулф бар забони фасеҳ. Гирифтаанд ба гардан тааллуқе ҳама кас, Ман он каманди диловезу порсо тасбеҳ. Камол, кӯш, ки илми назар зиёда кунӣ, Чаро ки илми ҳасан гуфтаанду ҷаҳли қабеҳ. ______________________________________ * Роҳ (бо ҳо-и ҳуттӣ) - 1. шодмонӣ; 2. Май, шароб. ______________________________________ Зи ман, ки ошиқу риндам, маҷӯй зуҳду салоҳ, Ки рӯз мастаму шаб ҳам, зиҳӣ сабоҳу равоҳ! Фақеҳу воизи мо гарчи баҳри илм ниҳанд, ҳамон ҳикояти калбаҳр дону калмаллоҳ. Туро, ки нест салоҳияти назарбозӣ, Дар он назар бувад, ар хонамат зи аҳли салоҳ. Ба партави рухи ту офтобро чӣ фурӯғ, Алалхусус чароғе, ки баркунӣ ба сабоҳ. Мапӯш рух зи назарҳо, ки дар шариати ишқ Гирифтаанд тамошои рӯи хуб мубоҳ. Замони ҳодиса, соқӣ, бирез май дар ҷом, Чу боди фитна вазад, дар зуҷоҷ беҳ мисбоҳ. Камол, мӯҳтасиб омад, ба ҷанг хез ту низ, Ба бода ғусл баровар, ки алвузӯъу салоҳ.

Эй пеши шаккарин лаби лаълат набот ҳеч

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Эй пеши шаккарин лаби лаълат набот ҳеч,* Дар маърази даҳони ту оби ҳаёт ҳеч. Аз нозукӣ миёни ту ҳеч асту кас надид Нозуктар аз миёни ту аз мумкинот ҳеч. Бе талъати чамоли ту дилро қарор кам, Бе давлати висоли ту ҷонро сабот ҳеч. Бо турраҳот қиссаи аҳволи мо сабо Гуфту шунид, ҳосил аз он турраҳот ҳеч. Эй бар сарири ҳусну малоҳат ғунуда хуш, Маълум ҳаст нолаву зории мот ҳеч? Қувват гирифт оби ду чашмам чунон, ки ҳаст Бо селҳои чашмаи чашмам Фурот ҳеч. ҳар кас, ки чун Камол ба чашми ту шуд азиз, Бошад ба пеши ҳиммати ӯ коинот ҳеч. ________________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори нахуст дар Тоҷикистон нашр мешавад. ________________________________________ Чу шамъи рӯз барафрӯхт аз насими сабоҳ, Бирез бодаи гулгун дар обгун иқдоҳ. Зи соқиёни паричеҳра хоҳ вақти сабӯҳ ҳаёти ҷон зи лаби ҷому қути руҳ аз роҳ.* Муҷаррадони харобот бин, ки аз сари завқ Ба васли духтари раз тоза кардаанд никоҳ. Ту бода нӯшу маяндеш аз ҳалолу ҳаром, Ки ҳаст хуни суроҳӣ бар аҳли ишқ мубоҳ. Рухи ту ояти «Кашшоф»-и ҳуснро тафсир, Ғами ту «Махзани асрор»-и ишқро «Мифтоҳ«. ҳадиси қомати ту гар муаззинон шунаванд, Ба умри хеш наёянд баъд аз он ба салоҳ. Ба бӯи субҳи висолат Камоли дилшударо ҳадиси зулфу рухи туст вирди шому сабоҳ.

Дил, ки шуд з-он зулф савдоимизоҷ

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дил, ки шуд з-он зулф савдоимизоҷ, Несташ ғайр аз ту маъҷуне илоҷ. Заҳри ноб аз дасти ту азби Фурот, Бе ту оби зиндагӣ милҳи уҷоҷ. Зулфат аз доман фишонд он хоки по, Нест, оре, мушкро дар Чин ривоҷ. Рози ҳуснат чун бипӯшонад дилам, Кай шавад мисбоҳ пинҳон дар зуҷоҷ!? Он рух аз хубон барад шатранҷи ҳусн, Гарчи бошад ҳар якеро рух зи оҷ. Хоки поят бар сарам тоҷи Кай аст, Инчунин сар кай бувад мӯҳтоҷи тоҷ? Дасти султонон намебӯсад Камол, Нест султонро ба дарвеш эҳтиёҷ. Гар он ғамза хоҳад зи туркон хироҷ, Чу зулфат ба гардан биёранд боҷ. Маёред, гӯ, ноз ин ҷову ҳусн, Ки зира ба Кирмон надорад ривоҷ. Муфарраҳ лаби тусту бас, к-ӯ маро Зи савдои хат хушк гардад мизоҷ. Мудовои зоҳид чӣ суд, эй ҳаким, Ки шахсест бас нохушу беилоҷ. Нашуд меҳри он лаб аз ин дил бурун, Тарашшӯҳ нафармуд май аз зуҷоҷ. Чӣ бӯсам шаби васл дасти рақиб, Надорад ғанӣ бо гадо эҳтиёҷ. Ба чашми ҳақорат мабин дар Камол, Ки озода шоҳест бе тахту тоҷ.

Ёр бар хони малоҳат намаки хубон аст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ёр бар хони малоҳат намаки хубон аст, Шӯри ӯ дар сару сӯзи ғами ӯ дар ҷон аст. Гар барояд ба фалак моҳи кулаҳдор, ин аст В-ар хиромад ба чаман сарви чаман ин он аст. Нест пӯшида, ки чун мардуми чашм аст азиз, Он ки чун мардуми чашм аз назарам пинҳон аст. Гуфтам: Аз лаъл закоти мани дарвеш бидеҳ, Зери лаб гуфт, ки дарвешии дарвешон аст. Ишқи булбул ба чи андоза, ки бар гул бошад, Ишқи ман бар гули рухсори ту сад чандон аст. Аз ту бӯсеву зи ман дар ивази он ҷоне, Ҳам ба ҷони ту, ки аз он даҳанат арзон аст. Шод гардон ба висолат дили ғамгини Камол, Ки зи ҳиҷрони ту ҳам хаставу ҳам вайрон аст. Ёр наздик омаду аз хеш моро дур сохт, Партави нури таҷаллӣ сояҳоро нур сохт. Зарраро гуфтам: Ту хокӣ, ин чӣ ному шӯҳрат аст? Гуфт: Ишқи офтобам инчунин машҳур сохт. Зоҳиру пинҳон аз онам, к-аз даҳону чашми хеш Гаҳ чу наргис масту гаҳ чун ғунчаам мастур сохт. Ақл гуфто: Хонумонат боз вайрон кард ишқ? Гуфтам: Эй нодон, чӣ вайрон, ин замон маъмур сохт! То зи дил ҷӯяд кабоб, аз дидаи гирён шароб, Чашмро сармаст карду ғамзаро махмур сохт. Сохт аз лаб шарбате баҳри шифои хастагон, Турфа шарбат, к-орзуяш тозаро ранҷур сохт. Шамъи маҷлис буд дур аз рӯи ӯ, гуфтӣ, Камол, К-аз нахусташ сӯхт аз наздик, охир дур сохт.

Ёди бӯси чун мане ҳайф аст, гуфтӣ, бар забон-т

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ёди бӯси чун мане ҳайф аст, гуфтӣ, бар забон-т, Нек гуфтӣ, нек, пеш о, то бибӯсам он даҳон-т. Зоҳиди камхора мешуд дамбадам бориктар, Гар дили ӯ гаҳ-гаҳе мерафт дар фикри миён-т. З-он миёну з-он даҳон пурсад дилам васли туро, Бе нишон аз бенишонон зудтар ёбад нишон-т. Чун башир аз лайлат-ул-меъроҷи зулфат баргузашт, Дар миёни қобу қавсайнам фикандаст абрувон-т. Сар бар он дар мезанам, бошад дарорӣ сар ба дар, Ин ҳама тасдеъ аз он овардаам бар остон-т. Гуфтамаш: Як шаб маҷолам деҳ чу шамъ, он лаб газид, Гуфт: Агар ту мехӯрӣ ин ангубин, дорад зиён-т. Бо хаёлаш то саҳар рондӣ Камол, аз шавқ ашк, Мечакад дурҳои гуногун зи лафзи дурфишон-т.* Ёр аз ситеза кинаи ёрон ба ҷид гирифт. Озори реши синафигорон ба ҷид гирифт. Диданд ошиқонашу оғози гиря кард. Гуфтам: Даро ба хона, ки борон ба ҷид гирифт. Дил бо хаёли он ки сиёҳон мубораканд, Савдои зулфу холи нигорон ба ҷид гирифт. Афтодаро чу чора набошад зи дастгир, Бечора зулфи симузорон ба ҷид гирифт. Карданд хосу ом ҳама нисбаташ ба ҳазл, Зоҳид, ки таъни бодагусорон ба ҷид гирифт. Пири муридгир чу лӯлисифат фитод, Мӯи касон чу оинадорон ба ҷид гирифт. Бе рӯи ёр чашми тарат гиряро, Камол, Ин бор ҳам чу абри баҳорон ба ҷид гирифт.

Ҳаваси ёр гар озори дили афгор аст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳаваси ёр гар озори дили афгор аст, Нахӯрад ғам дили афгор, ки он бо ёр аст. Шаби васлат сухан аз сабр нагӯям, ки кам аст, Қиссаи шавқ чӣ гӯям ба ту, чун бисёр аст? Накунад ошиқи нолон зи ғами рӯи ту хоб, Андалеб аз ҳаваси гул ҳама шаб бедор аст. Аз туам ҳар шарафу қадр, ки мебояд, ҳаст, Қимате нест маро пеши ту, ин миқдор аст. Рӯзи васли туам аз баҳри нисори ду қадам Кош сар низ ду мебуд, чу чашмам чор аст. Гарчи дидори ту сад бор шавад дида маро, Дидаро бори дигар орзуи дидор аст. Сӯфиён маст шуданд аз суханони ту, Камол, Ки дар анфоси ту бӯи сухани Аттор аст. Ҳеч ақли хурдабин нақши даҳонат дарнаёфт, Дар миёни мо касе рамзи миёнат дарнаёфт. Ҷодуи устод чандоне ки дар худ бозҷуст, Чашмбандиҳои чашми нотавонат дарнаёфт. Ринди соҳибзавқ бе майҳои рангинтар зи лаъл Лаззати лабҳои ширинтар зи ҷонат дарнаёфт. Дар илоҷи дарди мо заҳмат чӣ мебинад табиб, Чун мизоҷи ошиқони ҷонфишонат дарнаёфт. Аз ту рӯи давлате ҳаргиз ба бедорӣ надид Дидаи бахте, ки хоки остонат дарнаёфт. Кас ҳарими ҳурмататро ёфт натвонист дар, То дили дарвеши дур аз хонумонат дарнаёфт. Ташналаб ҷон дод бар хоки сари кӯят Камол, Давлати бӯсидани пои сагонат дарнаёфт.

Показаны записи 381-390 из 534