Газели


Показаны записи 351-360 из 534

Пеши рӯи ту моҳро чӣ вуҷуд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Пеши рӯи ту моҳро чӣ вуҷуд, Ки рухи туст мо ҳувал мақсуд.* Дар шаби қадр абрувони туро Ҳама меҳробҳо баранд суҷуд. Ояд аз зулфи ту фиғони дилам, Ҳамчу оҳанги сӯзнок аз уд. Он даҳонро куҷо вуҷуд ниҳанд, Ки ба бӯсе наменамояд ҷуд? Хоки ин раҳ шудам, ҳамин бошад Ҳадди рафтан ба роҳи номаҳдуд. Иқди зулфат гирифтам аз сари даст, Чанд гирам ҳисоби номаъдуд? Гуфтаҳои тари чу об, Камол, Ғӯта доданд лӯълӯи манзуд. ______________________________________ * Мо ҳувал мақсуд – он чӣ мақсуди мо буд. ______________________________________ Пайваста абрӯят дили ин нотавон кашад, Мардум камон кашанду маро он камон кашад. Ҳар ҷинсро, ки ҳаст, кашад дил ба ҷинси хеш, З-онат каманди мӯ тарафи он миён кашад. Фарҳод нақши ёри худ ар барзадӣ ба санг, Нақши рухи ту дида бар оби равон кашад. Бикшой лаб ба ханда ту пеши шакарфурӯш, То рахти худ ба хона зи пеши дукон кашад. З-он сон, ки сӯи хеш кашад мӯр донаро, Хатти ту донаҳои дили мо чунон кашад. Овози мо зи гиряи бисёр нам кашид, Ошиқ дигар чӣ гуна бар он дар фиғон кашад? Сӯзад дубора ахтари баргаштаи рақиб, Шабҳо Камол оҳ чу бар осмон кашад.

Пеши рухи ту дида париро накӯ надид

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Пеши рухи ту дида париро накӯ надид, Шуд нозири фариштаву ин лутфу хӯ надид. Рӯят надид ошиқу маҳ ғоибона гуфт: Бечора бе риё сухане гуфту рӯ надид. Сӯфӣ наёфт баҳра зи авқоти субҳу шом, То бе ҳиҷоб тобиши он рӯю мӯ надид. Рӯзи накӯст рӯи ту, шукри Худо, ки ҳеч Зоҳид ба рӯзгори ту рӯзи накӯ надид. Наргис мисоли чашми ту дар хобу ҳам дар об Чандон ки кард бар лаби ҷӯ сар фурӯ, надид. Чашми рамадгирифтаи гавҳарфишони мо Куҳлулҷавоҳире беҳ аз он хоки кӯ надид. Буд орзуи ҷони Камол он даҳон, дареғ, К-ин ҷон расид бар лабу он орзу надид. __________________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал ба хатти имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад. __________________________________________ Пеши рӯят, санамо, васфи қамар натвон кард, Нисбати ҳуққаи лаълат ба шакар натвон кард. Бо вуҷуди руху зулфайни абирафшонат Сифати барги гулу анбари тар натвон кард. Меҳмонест таманнои ту дар хотири мо, Ки ба сад солаш аз ин хона бадар натвон кард. Гуфтам: Аз ғам ба висоли ту гурезам, лекин Пеши шамшери қазо ҳеч сипар натвон кард. Гар набинам рухат аз турраи мушкин, чӣ аҷаб, Дар шаби тира ба хуршед назар натвон кард. Гузар аст аз ҳама олам мани дилсӯхтаро, Лекин аз кӯи висоли ту гузар натвон кард. Натавонад, ки Камол аз ту гурезад ба ҷафо, З-он ки аз ханҷари тақдир ҳазар натвон кард.

Париро дилбарӣ чандин набошад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Париро дилбарӣ чандин набошад, Малакро бадхӯӣ оин набошад. Дар эшон ҳусн агар бошад, вафо низ, Туро он бошад, илло ин набошад. Мабодам бе лабат ҷон з-он ки хуш нест, Ки Хусрав бошаду Ширин набошад. Ба он чашмон туро оҳу тавон гуфт, Вале оҳу чунин мушкин набошад. Наёяд хоби хуш дар дида моро Шабе, к-он остон болин набошад. Маро гӯӣ ба меҳнат хоҳамат кушт, Маро худ давлате беҳ з-ин набошад. Ғамат то мӯниси ҷони Камол аст, Дили ӯ соате ғамгин набошад. Пеш аз он дам, ки маю майкада лар олам буд,* Ҷони ман бо лаби хандони қадаҳ ҳамдам буд. Бӯи хун, к-аз даҳанам медамад имрӯзӣ нест, З-он ки ин роиҳа дар обу гили Одам буд. Лаби ҷонбахши ту дар ханда маро дил медод, Варна ҷону дил аз он зулфи сияҳ дарҳам буд. Гул зи шарми рухат он рӯз ҳамекард арақ, Ки ба перомуни саҳрои ҷаҳон шабнам буд. Ақли мадҳуши ман он дам ба хароботи азал Гоҳе аз лаъли ту дилтангу гаҳе хуррам буд. Ҳар ҷароҳат, ки ҳамекард ғамат бар дили реш, Захми шамшери ҷафоҳои туяш марҳам буд. Зоҳиди хом чӣ донад, ки чиҳо гуфт Камол, К-ӯ на дар пардаи дилсӯхтагон маҳрам буд.

Бемори ишқ ҷуз лаби ӯ орзу накард

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Бемори ишқ ҷуз лаби ӯ орзу накард, Ин нӯшдору аз дигаре ҷустуҷӯ накард. Реши дили ту, гуфт, ба марҳам накӯ кунам, Дардо, ки кард ваъда хилофу накӯ накард. Шакли қадам надиду сарам низ бар қадам, Тифл аст, чун назораи чавгону гӯ накард. Дастат надид ошиқи мискин ба гардане, То рӯзгор хоки вуҷудаш сабӯ накард. Ҳаргиз нарехт чашми ман обе ба ҷои хун, Дар пеши мардум ин қадарам обрӯ накард. Як рӯз номи хеш навиштам ба рӯи нон, Онро зи нанги ман саги кӯи ту бӯ накард, Дар дини ишқ рост нашуд қиблаи Камол, То рӯи дил ба қомати чун сарви ӯ накард. Бе ёди ту ушшоқ диле шод наёбанд, Бе бандагӣ аз банди ғам озод наёбанд. Девонадилонро кӣ кашад пой ба занҷир, Гар бӯи сари зулфи ту аз бод наёбанд? Аҳли назар аз ҳусн зи шӯхони ситамкор Ёбанд ҳама чиз, вале дод наёбанд. Ҳар тир, ки гум гашт ба нахчир зи Ширин, Ҷуз дар ҷигари хастаи Фарҳод наёбанд. Ангуштарии дил, ки зи ҳар даст шудӣ ёфт, Акнун, ки ба дасти ту бияфтод, наёбанд. Зулфи ту ба қарне натавон ёфт, ки он шаст Гар умр расад низ ба ҳафтод, наёбанд. Сеҳр аст, Камол, ин суханон, бод ҳалолат, Санъатталабон беҳ зи ту устод наёбанд.

Бе лабат дар ҷигари ташнадилон об намонд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Бе лабат дар ҷигари ташнадилон об намонд, Бе сари зулфи ту дар синаи мо тоб намонд. То хаёли рухат афтод ба хотир моро, Ба ду чашми ту, ки дар дидаи мо хоб намонд. Бар сари зулфи ту бигзашт шабе бод вазон, Гираҳе боз шуду равнақи маҳтоб намонд. Дар чаман боди сабо бӯи ту оварду зи шарм Ранг дар рӯи гулу лолаи сероб намонд. Давлати васли ту рафт аз сару шуд айш ҳаром, Комронӣ натавон кард, чу асбоб намонд. Мӯҳтасиб, гӯ, дари масҷид ба гил имрӯз барор, Ки зи абрӯи ту моро сари меҳроб намонд. Гӯ, бубандед дари майкада бар рӯи Камол, К-аш зи савдои лабат завқи маи ноб намонд. Бемори туро кас натавонист даво кард, Ҳам дарди ту хуштар, ки илоҷи дили мо кард. Ушшоқи қаландарсифат аз ишқ намиранд, Он кас, ки бимирад, ҳама гӯянд, хато кард. Бо пири ман аз ишқ яке гуфт, ки парҳез! Зад кафш бар ӯ аз ғазабу рӯ ба асо кард. Дод аз сари кин зулфи ту сарҳо ҳама барбод, Бозаш ба сари хеш, надонам, кӣ раҳо кард? Хушнудам аз он ғамзаи дилҷӯ, ки зи шӯхӣ Ҳар ваъда, ки кардӣ ба ҷафо, ҷумла вафо кард. Гар дошт ғуборе зи хат оинаи рӯят, Гирад ба канораш, чу таваҷҷӯҳ ба сафо кард. Чун дид Камол он хату рух фотиҳа бархонд, Шаб буд, қариби саҳарӣ бар ту дуо кард.

Бе ту маро зиндагӣ ба кор наёяд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Бе ту маро зиндагӣ ба кор наёяд, Неъмати бе дӯст хушгувор наёяд. То ту наоӣ чу орзӯ ба канорам, Ҳеч муродем дар канор наёяд. То надиҳӣ зулфи беқарор ба дастам, Хотири ман бар сари қарор наёяд. Гар саги худ хониям, иҳонати туст он В-арна маро з-ин ҳадис ор наояд. Чашми аёдат аз ӯ кирост, ки гар низ Хок шавем аз ғамаш, мазор наёяд. Кас натавонад гирифт он расани зулф, То ба сари худ ба пои дор наёяд. Нақди ду олам бинеҳ, Камол, ки он ҷо Ҷони гаронмоя дар шумор наёяд. Безорам аз он дил, ки дар ӯ дард набошад, Ҳар дил, ки битарсад зи бало, мард набошад. Ёрони маро дарди мани бесарупо нест, Душман беҳ аз он дӯст, ки ҳамдард набошад. Гар ҳаст ғуборе зи дилат пок фурӯ шӯй, К-оина ҳамон беҳ, ки бар ӯ гард набошад. Қадри маю маъшуқу харобот чӣ донад Он кас, ки чу ман майкадапарвард набошад? Ҷаннат наравам, то рухи зебош набинам, Фирдавс чӣ кор ояд, агар вард набошад? Чун шамъ ҳар он кас, ки бувад сӯхтаи ишқ, Бе дидаи гирёну рухи зард набошад. Дилгармии мастон зи ғазалҳои Камол аст, Оре, нафаси сӯхтагон сард набошад.

Бӯи хушат чу ҳамдами боди саҳар шавад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Бӯи хушат чу ҳамдами боди саҳар шавад, Ҳоли дилам зи зулфи ту ошуфтатар шавад, То ақли хӯрдадон набарад пай ба нестӣ, Мушкил, ки аз даҳони ту ҳечаш хабар шавад. Ширинии лаби ту чӣ гӯям, ки васфи он Гар бар забони хома равад, найшакар шавад. Акси ҷамол дар қадаҳи май фикан, ки гул Хуб асту чун дар об фитад, хубтар шавад. Бар остон-т саҷдаи шукр орам, ар маро Рӯзе аз он мақом маҷоли гузар шавад. Табъам чунон зи накҳати зулфи ту шуд латиф, К-аз боди мушкбӯй маро дарди сар шавад. Аз зулфи ӯ сухан ба дарозӣ кашад, Камол, Васфи даҳон-ш кун, ки сухан мухтасар шавад. Баҳор омад, хабар аз май фиристед, Саломи гул ба бод аз пай фиристед. Дуруди уд як-як гӯш доред, Ба гӯши най дуруди вай фиристед. Агар даст аз адо кӯтаҳ кунад чанг, Ба нохунҳои чангӣ най фиристед. Насими зулфи ҷонпайванди Лайлӣ Ба Маҷнуни ҷудо аз ҳай фиристед. Заминбӯси камони абрӯи дӯст Зи сайди банда пайдарпай фиристед. Сару зар мехаранд он ҷо, на зорӣ, Дуои оҷизон то кай фиристед?! Камол аз фақр чун биншаст бар хок, Гилеми ӯ ба раҳни май фиристед.

Бигӯ ба гӯшанишинон, ки рӯ ба роҳ кунед

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Бигӯ ба гӯшанишинон, ки рӯ ба роҳ кунед, Зи мол даст бидореду тарки ҷоҳ кунед! Ба як мақом мабошед солҳо сокин, Назар ба манзалати меҳру қадри моҳ кунед! Ба кӯи бодафурӯшон равед ошиқвор, Бинои тавбаи беаслро табоҳ кунед! Ба гардани ман агар ошиқӣ гуноҳ бувад, Кадом тоат аз ин беҳ? ҳамин гуноҳ кунед! Ба оби илм бишӯед рӯи дафтари ақл, Ба нури ишқ рухи ақлро сиёҳ кунед! Чу вақт хуш шавад, эй дӯстон, барои Камол Агар кунед дуое, ба субҳгоҳ кунед! Ба маҷлисе, ки зи рӯи ту парда баргиранд, Чароғу шамъ барафрӯхтан зи сар гиранд. Чу дар муҳовара оӣ ба мантиқи ширин, Лабу даҳони ту сад нукта бар шакар гиранд. Зи хоки роҳи ту, гӯ, рӯи мо ғубор бигир, Ки аҳли ишқ чунин хокро ба зар гиранд. Ба дӯстӣ, ки агар пой бар ду дида ниҳӣ, Ҳанӯзат аҳли дил аз дида дӯсттар гиранд. Дил аз муқобили он абрӯвон ниҳад маҳи нав, Гуноҳи ӯ ҳама бар чашми каҷназар гиранд. Зи бода дар сари риндон ҷунун шавад мастӣ, Ба ёди рӯи ту гар соғари дигар гиранд. Бар остони ту ҷонҳо зи сӯзу оҳи Камол, Агар на об занад гиря, ҷумла даргиранд.

Бас шуд зи тавба моро, бо пири мо кӣ гӯяд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Бас шуд зи тавба моро, бо пири мо кӣ гӯяд? Яъне ба майфурӯшон ин моҷаро кӣ гӯяд? Пири муғон диҳад май бо мову шайх тавба, Толиб, бигӯ, иродат з-ин ҳар ду бо кӣ гӯяд? Худбин ҳунар шиносад айби худошиносон, Имрӯз айби риндон ҷуз порсо кӣ гӯяд? Гар чанг пеш нанҳад пое ба дилнавозӣ, Сӯи шаробхона моро сало кӣ гӯяд? Дилбар магар ба ошиқ дашном дод в-ар не, Бе марҳамат касеро чандин дуо кӣ гӯяд?! Гуфтӣ маро, рақибо: ҳастам саги дари ӯ! Ин ном одамиро зебад, туро кӣ гӯяд?! Аз зоҳидӣ ба риндӣ кардӣ, Камол, тавба, Ҷуз покбози қодир, тарки дуо кӣ гӯяд? Баъд аз ту аз қаринон дар қарнҳо аз ин сон Шеъри тари мухайял сар то ба по кӣ гӯяд?! Бикӯш, то ба каф орӣ калиди ганҷи вуҷуд, Ки бе талаб натавон ёфт гавҳари мақсуд. Бар остони муҳаббат, кӣ сар ниҳод шабе, Ки лутфи дӯст ба рӯяш даричае накушуд? Ту чокари дари султони ишқ шав чу Аёз, Ки ҳаст оқибати кори ошиқон маҳмуд. Ба кунта канз чӣ рамзест дӯстро, яъне, Ки ту набудиву моро ҳавои ишқи ту буд. Гарат чу шамъ бисӯзанд, рух матоб аз ёр, Зи тирагист, к-аз оташ ҳамегурезад дуд. Чу бор бастаӣ моле, гилеми фақр гузор, Чу бар палос туро нест ранг, хирқа чӣ суд? Даруни каъбаи дил дилбарест рӯҳонӣ, Ки қудсиён-ш ба таъзим кардаанд суҷуд. Забони қол фурӯ банд назди аҳли Камол, Рамузи ишқ набошад ҳадиси гуфтушунуд.

Бар азизон ғамзаи шӯхи ту хорӣ мекунад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Бар азизон ғамзаи шӯхи ту хорӣ мекунад, Fамзаи ту хориву зулфи ту ёрӣ мекунад. Дар ҳалоки ошиқи бечора чашму зулфи ту Ин яке бесабрию он беқарорӣ мекунад. Гар намояд хубрӯ ҷавру кунад сад душманӣ, Меҳрубонӣ менамояд, дӯстдорӣ мекунад. Ошиқи бедорро дидор орад дар хурӯш, Андалеб аз шавқи гул фарёду зорӣ мекунад. Хоки роҳам ман, ба ман гар бигзарӣ, он лутфи туст, Обро бар хок лутфи хеш ҷорӣ мекунад. Чун зи пешам меравӣ, ҷон месупорам ман ба ғам, Ҳҳар киро шуд умр, лобад, ҷонсупорӣ мекунад. Гарчи буд аввал гадои шаҳри ёр, акнун Камол То ба он маҳ кард ёрӣ, шаҳриёрӣ мекунад. Ба рӯи дӯст, ки рӯяш ба чашми ман нигаред, Ба хоки пош, ки он раҳ ба рӯи ман сипаред. Ба по гузаштан аз он сӯ нишони бечашмист, Чу чашм нест шуморо, ба чашми ман гузаред. Ҳаром бод шуморо, ки мехуред ғамаш, Ғами ман аст ғами ӯ, ғами маро махуред. ҳамин ки номи гадоёни ӯ кунед шумор, Маро нахуст гадои камини ӯ шумаред. Бигӯй бо магасони лаби шакаргуфтор, Ки нозук аст рухи ёр, аз он тараф мапаред. Бар аҳли зӯҳд табассумкунон гузашту бигуфт: Аҷаб, ки умр гузашту ҳанӯз бехабаред. Зи баъди он ки дари дӯст бозёфт Камол, Агар биҳишт биҷӯяд, ба дӯзахаш бибаред.

Показаны записи 351-360 из 534