Газели


Показаны записи 341-350 из 534

Чу ёр зистани аҳли дард напсандид

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Чу ёр зистани аҳли дард напсандид, Чаро ба қатли мани хаста теғ барнакашид? Ҳикояти дили бемор бовараш нафитод, Ки то муоина онро ба чашми хеш надид. Ҳадиси сӯхтагон зуд-зуд оташро Фурӯ наёмада, то аз кабоб хун начакид. Зи рақс гӯшанишин тавба карда буду самоъ, Рухи ту диду аз он аҳд боз баргардид. Ба хоки роҳ расид он каманди зулфи дароз, Чу ман фурӯтарам аз хоки раҳ, ба ман нарасид. Миёни ҳар мижа чашмам ба ҳайрат аст, ки ашк Ба пои обила дар хорҳо чӣ гуна давид? Камол, дар сухан аксар маонии ту навишт, Накӯ шинохтаӣ лаззати ликулли ҷадид. Чӣ кам шавад зи ту, эй маҳ, ки бар манат гузар афтад, Ки то ба равзанам аз рӯят офтоб дарафтад? Шабе, ки бар сари кӯят кунем ашкфишонӣ, Назора кун, ки Сурайё ба манзили Қамар афтад. Хирад ҳадиси миёнат шунида буд, валекин На мумкин аст, ки ин нуктаи дақиқ дарафтад. Ба дил бигӯй, ки раҳме бикун ба ҳоли заифон, Вагарна санг ба дукони обгинагар афтад. Ту теғ баркашу новак ба дасти ғамза раҳо кун, Ки ин хаданг аз ӯ бар нишона коргар афтад. Ман аз лабат натавонам, ки ҷон барам ба саломат, Бимирад охири кор он магас, ки дар шакар афтад. Ҳама хаёли ту бандад Камоли хаста ба маҳмил, Чу сӯи манзили хокаш азимати сафар афтад.

Чашми мастат гӯшмоли наргиси пурхоб дод

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Чашми мастат гӯшмоли наргиси пурхоб дод, Тоқи абрӯят шикасти гӯшаи меҳроб дод. Гар ҷафо ин аст, к-аз зулфи ту бар ман меравад, Оқибат пеши ту хоҳам домани ӯ тоб дод. Гуфта будӣ: Дод хоҳ аз ғамзаи хунрези мо. Гӯсфанди куштанӣ чун хоҳад аз қассоб дод? Равшан аст имшаб шаби мо, гӯӣ, он маҳпора боз Порае аз нури рӯи хеш бо маҳтоб дод. Пеши чашми ӯ бимирам, гӯ, ба беморони хеш Аз табассум шаккар, аз лаб шарбати унноб дод. Бо хаёли он ки дӯзад дида дар рӯяш Камол, Якбаяк дӯшина сӯзанҳои мижгон об дод. __________________________ * Мисраъ аз Низомии Ганҷавӣ. __________________________ Чашми шӯхат дили ошиқ ба ҳавас мегирад, Ҳамчу сайёд, ки булбул ба қафас мегирад. Дил аз он ғамза нанолад, ки ҳаромӣ ҳама вақт Роҳ бар қофила аз бонги ҷарас мегирад. Рӯи ту аз тарафи мост ба ҷанги сари зулф, Чӣ аҷаб, оташ агар ҷониби хас мегирад. Партави рӯи ту танҳо на маро хирман сӯхт, Оташи ишқи бутон дар ҳама кас мегирад. Нест дар даври лабат нуқлу шакар косиду бас, Ҷоми май ҳам ба лаб имрӯз магас мегирад. Субҳдам мезадам оҳе зи ту, равшантар аз ин Чӣ кунам, дуди дилам роҳи нафас мегирад? Пеши маъшуқ каш ин ҷон, ки баранд аз ту, Камол, Гар ба мутриб надиҳӣ ҷома, асас мегирад.

Чашми ту, ки ороми дили халқи ҷаҳон бурд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Чашми ту, ки ороми дили халқи ҷаҳон бурд, Сеҳрест, ки аз симбарон нақди равон бурд. Болои туро дил ба гумон сарви саҳӣ хонд, Аҳсант, зиҳӣ дил, ки чунин рост гумон бурд! Гуфтам, ки зи масҷид наравам сӯи харобот, Занҷири сари зулфаи туам мӯйкашон бурд. То зулфи чу чавгони ту зуннор фурӯ баст, Банди камарат гӯи латофат зи миён бурд. Лутфи ғазалиёти Камол аст, ки имрӯз Овозаи ҳусни ту дар атрофи ҷаҳон бурд. Чашмаш раҳи ақлу сабру ҷон зад, Ин дузд ҳазор корвон зад. Ҳар тири бало, ки сӯи дилҳо Аз ғамза кашид, бар нишон зад. Хоки дари ӯ чу дида дарёфт, Ашк омаду сар бар остон зад. Маҳ кард шабе тавофи он кӯй, Сад чархи дигар ба завқи он зад. Дарюзаи дастбӯс кардам, Дастам бигирифту бар даҳон зад. Шуд хаста зи лутф он баногӯш, Ҳар гаҳ дури гӯши ӯ бар он зад. Дур(р) шуд сухани Камолу зад лоф, «Лоф аз сухани чу дур(р) тавон зад.*

Чашми ту илтифот ба мардум намекунад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Чашми ту илтифот ба мардум намекунад, Бар хастагони ғамза тараҳҳум намекунад. Зулфат кашид шонаву гуфто: Фурӯ нишин, Бар офтоб соя тақаддум намекунад! Ашкам зи акси рӯи ту шабҳо дари ту ёфт, Дар моҳтоб қофила раҳ гум намекунад. Ҷони муҳиб ба ханда намеояд аз нишот, То зери лаб ҳабиб табассум намекунад. Чандон ки метавон сухани дил ба мо бигӯ, Ошиқ ба савту ҳарф такаллум намекунад. Сӯфӣ ба даври лаъли лабат сангсор бод, Гар сар фидои хишти сари хум намекунад. Бе ишқи гулрухе насарояд ғазал Камол, Булбул, ки маст нест, тараннум намекунад. Чашми туам ба ғамзаи хунхор мекушад, Ин хунбаҳо бувад, ки дигар бор мекушад. Тарсам, кушанд аз ҳасадам ёру ҳамнишин, Гар гӯям ин ба кас, ки маро ёр мекушад. Он қомати чу тиру ду абрӯи чун камон, Пайваста мекашад дилу ҳамвор мекушад. Дар интизори куштани худ то ба кай чу шамъ Месӯзадам, чу оқибати кор мекушад? Фикри миёни ӯ макун, эй дил, ки ин хаёл Танро низор мекунаду зор мекушад. Эй он, ки сиҳҳатам талабӣ, зудтар маро Бинмо ба он табиб, ки бемор мекушад. Бисёр зинда кард лабаш гуфтаӣ, Камол, Бисёр ҳам магӯй, ки бисёр мекушад.

Чаро насими сабо хоки пош месипарад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Чаро насими сабо хоки пош месипарад? Чӣ дидаҳост бар ӯ, зери по наменигарад?! Зи сояи магас он рух чу мебарад озор, Бипӯш, гӯ, лаби ширин, к-аз он тараф напарад. Зи заъф гашт хаёлӣ бад-он ҳавас тани ман, Ки бод як саҳар он ҷо хаёли ман бибарад. Ба зери по чу шикастӣ дилам, бурид зи ҷон, Ҳар обгина, ки дар пой бишканӣ, бибурад. Зи ҳуснат ар варақе мешумурд гул худро, Тамом шуд варақи ӯ, дигар чӣ мешумарад?! Бигуфтӣ: Аз сари зулфам дилат чаро нагузашт? Шаб аст тираву роҳи дароз чун гузарад? Агар ба лаб нафиристӣ зи ғам насиби Камол, Ҳазор луқма касе бе намак чӣ гуна хӯрад? Чашмат ба саъйи ғамза дари фитна боз кард, Зулфат ба зулм дасти татовул дароз кард. Маҳмудро чӣ ҷурм, ки шуд пойбанди ишқ? Он фитнаҳо ҳама сари зулфи Аёз кард. Гӯянд, ноз сард кунад меҳру ишқи ман Шуд бештар ба рӯи ту, чандон ки ноз кард. Ман дар замона пояи қадре надоштам, Савдои қомати ту маро сарфароз кард. Рӯи ту бурд аз дилам андешаи биҳишт, Нози ту аз наим маро бениёз кард. Рафтам бари табиб, ки пурсам илоҷи дард, Чун нолаам шунид, равон дар фароз кард. Наншаст бар вуҷуди заифат магас, Камол, Аз тори анкабут магас эҳтироз кард.

Ҷаҳон ба хобу даме чашми ман наёсояд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Ҷаҳон ба хобу даме чашми ман наёсояд, Чу дил ба ҷой набошад, чӣ гуна хоб ояд?! Ғуломи наргиси бемори дилрабои худам, Ки кушта бинаду бахшоише нафармояд. Чу моя ҳаст, закоте бидеҳ гадоёнро, Ки некӯиву ҷавонӣ ба кас намепояд. Касе, ки дар дили шаб хоби беғаме кардаст, Бар оби дидаи бечорагон набахшояд. Ба рағми душмани бадгӯ Камоли дилшударо Бикуш, магӯ, ки ба хун дасти ман биолояд. Чароғи рӯи ту бар офтоб мечарбад, Лабат зи қанд чу ҳалвои ноб мечарбад. Кашидам он сари зулфи ба хуни дил шуда чарб, Зи мушку ғолия дар печутоб мечарбад. Ба шева пиставу бодоми ту яке зи шакар, Дигар зи наргиси бисёрхоб мечарбад. Дигар ба оби муаллақ чӣ санҷам он ғабғаб, Чу равшан аст, ки равған зи об мечарбад. Бимир ташна, ки парвона аз тааттуши шамъ Чу сӯхт, бар магасони шароб мечарбад. Ғамат ба оташи сӯзон дилам мувозана кард, Ба сӯзу гиря зи оташ кабоб мечарбад. Маҳи фалак чу ба мизон расид, дид Камол, Ки аз маҳ он рухи чун офтоб мечарбад.

Ҷон бо лабаш аз субҳи азал ҳамнафасонанд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Ҷон бо лабаш аз субҳи азал ҳамнафасонанд, Ғофил зи нафасҳои чунин ҳечкасонанд. Гирди лаби ӯ бе сабабе нест басе хол, Он ҷо шакаре ҳаст, ки чандин магасонанд. Парвозгаҳи кӯи ту доранд таманно, З-он рӯз, ки мурғи дилу ҷон ҳамқафасонанд. Ҳар зоҳиди хушке чӣ сазовори биҳишт аст? Шоистаи оташ шумар онҳо, ки хасонанд. Магзор, ки рӯбанд раҳат халқ ба мижгон, Тарсам, ки кафи пои туро чашм расонанд. Аз бандагии сарви қадат ғунчадаҳонон Чун савсани озода ҳама ратблисонанд. Бигзашт ба сад бим Камол аз сари он кӯй, К-аз зулфу ду чашми ту шаб асту асасонанд. Ҷонро ба ғайри васлат хушдил наметавон кард В-аз дил нишони меҳрат зоил наметавон кард. Дар дил нагашт моро з-ин сон қазои мубрам, Оре, қазои мубрам ботил наметавон кард. Баргир банду занҷир аз дасту пои Маҷнун, К-ӯро ба ҳеч панде оқил наметавон кард. Бисёр саъй кардам коре нашуд муяссар, Бадбахтро ба кӯшиш муқбил наметавон кард. Хоки дарат бибӯсам чун боду боз гардам, К-он ҷо зи бими ғавғо манзил наметавон кард. Хоки дари ту, ё Раб, к-он худ чӣ кимиёест, К-онро ба ҳеч ваҷҳе ҳосил наметавон кард. Гуфтӣ: Камоли бедил сабр аст чораи ту, Эй ҷони ман, сабурӣ бе дил наметавон кард.

Ташнаи васли туро бе ту агар хоб ояд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Ташнаи васли туро бе ту агар хоб ояд,* Ҳеч шак нест, ки дар дидаи ӯ об ояд. Ҳар кас он бахт надорад, ки сӯи оби ҳаёт Биравад ҳамчу Хизир ташнаву сероб ояд. Парда аз рӯй барандоз, ки ҳар сӯхтае Ҳамчу парвона сӯи шамъи ҷаҳонтоб ояд. Зоҳиди шаҳр чу бинад хами абрӯи туро, Баъд аз ин маст чу чашми ту ба меҳроб ояд. Ҳаст дарюзаи мо васли туву ҳар нафасе Бар дарат ошиқи бечора бад-ин боб ояд. То кай аз ҳасрати лаъли лабат, эй мардуми чашм, Ашки ман зард ба рухсори чу симоб ояд? Ҳаст аз шавқи лабат ин ҳама гуфтори Камол, Тӯтӣ, оре, ба ҳадис аз шакари ноб ояд. __________________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал ба хатти имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад. ___________________________________________ Ҷоно, ба назар қади ту сарви чаман омад, Шамъи рухат ороиши ҳар анҷуман омад. Пирояи ёқути лабат дурҷи гуҳар шуд, Машшотаи гулбарги рухат ёсуман омад. Бишкаст дили пистаи хандон зи хиҷолат, Ҳар бор, ки тунги шакарат дар сухан омад. Кӯтаҳназар аст он, ки қадат сарви саҳӣ гуфт, Кас сарв надидаст, ки дар пираҳан омад. Як бӯса аз он лаъли шакарбор ба ман деҳ, Дар пистаи танги ту чу шакар ба ман омад. Бар хони сухан табъи Камол аст шакаррез, То васфи лаби лаъли туяш дар даҳан омад.

То зи гулбарги рухат сунбули тар мерезад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
То зи гулбарги рухат сунбули тар мерезад, Лолаи сӯхтадил хуни ҷигар мерезад. Ҳар шаб аз шарми гулистони ҷамолат, санамо, Об аз чеҳраи хуршеду қамар мерезад. Бар лаби соғари ёқутнамо вақти сабӯҳ Лаъли сероб бад-он писта шакар мерезад. Зулфи туст он ки парешон шавад аз боди сабо, Ё магар гарди шаб аз рӯи саҳар мерезад?! Равшан аст ин ба ҷаҳон, к-оинаи бадри мунир Ҳар шаб аз ҳасрати рӯи ту ба сар мерезад. Мардуми чашми Камол арчи надорад зару сим, Дар қадамҳои хаёли ту гуҳар мерезад. Туро раҳме ба он чашмон агар бошад, аҷаб бошад. Мусалмонӣ ба Туркистон агар бошад, аҷаб бошад. Фақеҳам тавба фармояд ба шаръи Мустафо аз ту, Абӯҷаҳл ин чунин нодон агар бошад, аҷаб бошад. Ба рӯзи ҳаҷр меҷӯям туро гирёну мегӯям: Шаби борон маҳи тобон агар бошад, аҷаб бошад. Рухи рангин зи муште хас бипӯшидӣ, вале хасро Наҷот аз оташи пинҳон агар бошад, аҷаб бошад. Гуле, к-аз хоки мо рӯяд, ба ҷои ғунчаҳои ӯ Аз он новак ба ҷуз пайкон агар бошад, аҷаб бошад. Шифои ҷони ошиқ нест илло шарбати дардат, Табибонро аз ин дармон агар бошад, аҷаб бошад. Камол, аҳсант, гӯ бурдӣ ба ширингӯӣ аз Хусрав, Чунин тӯтӣ ба ҳиндустон агар бошад, аҷаб бошад.

То дилам наззораи он қомати зебо накард

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
То дилам наззораи он қомати зебо накард, Ҷони улвӣ орзуи олами боло накард. Гарчи з-он хат дудҳо бархост аз ҳар синае, Дил ба рӯи ӯ чу холаш нуқтае пайдо накард. Дидаи мо гар зи баҳри ӯст хунафшон, чӣ бок? Толиби дур эҳтироз аз ҷӯшиши дарё накард. Дар фироқи ӯ гузашт об аз сару ин саргузашт То шунид он бевафо, дигар гузар бар мо накард. Ваъдаи меҳру вафои он ҷафогустар ба ман Чун набуд асл ин суханро, ҳар чӣ гуфт, асло накард. Гарде аз наълайни он маҳ ногаҳон рафтам ба чашм, Дигар аз нанги ман он наълайнро дар по накард. Аз саодат кас даре накшуд бар рӯи Камол, То хаёли рӯи ӯ дар хонаи дил ҷо накард. То рухат равшании дида нашуд, Дидаро равшание дида нашуд. Дарнапечид бад-ӯ ғам шабу рӯз, То ба рух зулфи ту печида нашуд. Розам аз чоки гиребон шуда фош, Ки чунон буд, ки пӯшида нашуд. Гарчи шуд дил зи ғамат як сари мӯ, Як сари мӯ зи ту ранҷида нашуд. То кай аст ин ситам, эй сангиндил, Ошиқ аз санг тарошида нашуд?! Хост ҳар хуб, ки дуздад дили ман, Буд бо доғи ту, дуздида нашуд. Ҳама дар хоки раҳат пӯсидем, Ҳам кафи пои ту бӯсида нашуд. Магар он дида, ки ту дида шавӣ, Ҳам бубахшӣ, ки бар ӯ дида нашуд. Кай хӯрад бар зи ту нодида Камол? Нахл то дида нашуд, чида нашуд.

Показаны записи 341-350 из 534