Газели


Показаны записи 361-370 из 534

Ба хонае, ки чунин меҳмон фуруд ояд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Ба хонае, ки чунин меҳмон фуруд ояд, Ҳумои сидра дар он ошён фуруд ояд. Ку он саодати толеъ, ки ӯ шабе чун моҳ Ба кулбаи мани бехонумон фуруд ояд. Зи ташнагӣ дилу ҷон бар чаҳи занахдонаш Гаҳ ин зи чоҳ барояд, гаҳ он фуруд ояд. Ба чашми наргис агар сарв бинад он рухсор, Куҷо сараш ба гули бӯстон фуруд ояд? Чу фавҷи жола, ки ояд ба авҷи ғунча фурӯ, Fами ту дар дили танг ончунон фуруд ояд. Чу ашкро зи давидан ба по зад обилаҳо, Раҳо кунам, ки бар он остон фуруд ояд. Камол, ашки туро нек ном шуд борон, Ки гуфтаанд: Лақаб з-осмон фуруд ояд. Бар дил аз ғамза хаданге задӣ, он ҳам гузарад, Чун гузашт аз сипари сина, зи ҷон ҳам гузарад. Ман агар сина зи пӯлод бисозам чу дилат, Гар хаданги назар ин аст, аз он ҳам гузарад. Ту агар бигзарӣ аз сарв ба хушрафторӣ, Ашки гулгуни ман аз оби равон ҳам гузарад. Гар диҳанд аҳли назар пеши ту дашноми рақиб, Мо нахоҳем, ки номаш ба забон ҳам гузарад. Нагзарад гиряам аз абри баҳорон танҳо, К-аз фалак бе ту маро оҳу фиғон ҳам гузарад. Бар сари ошиқ агар сели бало ояд боз, Зи дилу дидаи хунобачакон ҳам гузарад. Гуфтӣ: Аз сар гузарад дар талаби дӯст Камол, Сар чӣ бошад, зи сару ҷону ҷаҳон ҳам гузарад.

Ба ҳалқае, ки зи зулфат сабо хабар бибарад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Ба ҳалқае, ки зи зулфат сабо хабар бибарад, Хабар зи ҷону дилу ақлҳо зи сар бибарад. Барам зи зулфи ту бӯе, чу рух намоӣ боз, Машом бӯи хуш аз нофа дар саҳар бибарад. Агар зи тир фиристӣ таҳияте суи дил, Бибанд нома ба пайкон, ки тезтар бибарад. Ба фикри он лаби ширин чунон заиф шудам, Ки гирадам пашаву пеши ӯ ба пар бибарад. Чӣ миннат аст, ки ман дил ба хидматат бибарам, Ки чашми ту сад аз инро ба як назар бибарад. Ба дарду ҳасрати он ғамза наргиси бемор Бар он сар аст, ки бо хок чашми тар бибарад. Камол, бар дари ҷонон ба сар бубар ҷонро, Ки ҳар ки рафт бар он дар, чунин ба сар бибарад. Ба холи лаб хати сабзат қаробате дорад, Лаби ту аз дами Исо ниёбате дорад. Магар маҳаррири ашкам, ки сохт сурхиҳо, Ба лавҳи чеҳра хаёли китобате дорад?! Шаби фироқи ту тирасту ман аз он ба ҳарос, Шабе, ки моҳ надорад, маҳобате дорад. Чу паҳлуи рухат афтам, ниёзи бӯса кунам, Дуои субҳ умеди иҷобате дорад. Касе, ки дид лаби лаълат аз маи рангин, Надидаем, ки майли инобате дорад. Нишаста хуш ману соқӣ ба кори худ чустем Агарчи мӯҳтасиби мо салобате дорад. Камол, гуфтаи ту дилпазир аз он маънист, Ки маънии суханонат ғаробате дорад.

Бо мани дурдкаш сабӯ бидиҳед

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Бо мани дурдкаш сабӯ бидиҳед. Мунтаҳо бар сарам аз ӯ биниҳед. Ёр соқист, айюҳалушшоқ, Тавба гар бишканед, бегунаҳед. Ба раҳи ишқ агар диҳанд инсоф, Зоҳидон бераҳу шумо ба раҳед. Баски шаҳ рух намояд аз чапу рост, Ки чу фарзин нишаста пеши шаҳед. Эй табибон, ба дарди ишқи ҳабиб Шарбати номухолифам мадиҳед. Марҳами ҷонситон диҳед маро, То зи дарди сарам чу ман бираҳед. Дар самоъе, ки нест шеъри Камол, Сӯфиён, ҳар як аз суе биҷаҳед. Бо ёди лабат соқӣ чун май ба қадаҳ резад, Сад кушта ба як ҷуръа аз хок барангезад. Гар зери дарахти гул бозоиву биншинӣ, Ҳар бод, ки бархезад, гул бар сари гул резад. Бинмой ба хубон рух, дар ҳусн бикун даъво, То зулфи ту аз ҳар сӯ, маншур биовезад. Гӯ, чашми ту камтар хӯр хуни дили мискинон, Бемор зи пур хӯрдан шарт аст, ки парҳезад. Афтод рақиб аз по чун ашк зи оҳи мо, З-ин гуна наяфтодаст ин бор, ки бархезад. То шуд ба лабат ҳамдам, ҷон сӯхт зи ғам, дил ҳам, Дар мум зананд оташ, дар шаҳд чу омезад. Аз ҷаври сари зулфат нагрехт Камол, оре, Айёр, ки шабрав шуд, аз силсила нагрезад.

Бо ғами ишқи ту дил кист, ки маҳрам бошад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Бо ғами ишқи ту дил кист, ки маҳрам бошад? Бо лаби лаъли ту ҷон чист, ки ҳамдам бошад? Ҳар киро давлати савдои ту шуд домангир, Фориғ аз меҳнату осудадил аз ғам бошад. Нисбати рӯи ту чандон натавон кард ба моҳ, К-ӯ ба ҳусн аз рухи зебои ту пур кам бошад. Хунук он ҷон, ки шуд аз оташи савдои ту гарм, Хуррам он дил, ки ба ғамҳои ту хуррам бошад. Гар даме даст диҳад рӯи ту дидан моро, Ҳосил аз умри гаронмоя ҳамон дам бошад. Муфлиси кӯи муғонро ба хароботи ғамаш Давлати ҷом беҳ аз мамлакати Ҷам бошад. Гар ба бӯсидани поят бирасад дасти Камол, Ӯ бад-ин поя ба ушшоқ муқаддам бошад. Бо манат лутф ҷуз ситам набувад, Тангчашмӣ, туро карам набувад! Чашмат аз хуни мо пушаймон нест, Марҳамат мӯҷиби надам набувад. Чӣ фиристам бари ту ҷони хароб? Пеши ту ин матоъ кам набувад. Бо лабат шаҳд гарчи ширин аст, Ончунон ҳалқсӯз ҳам набувад. Гуфтаӣ, сӯзамат бар оташи ғам. Гар хами рӯи туст, ғам набувад. Дар вафо пои мо надошт рақиб, Ноҷавонмардро қадам набувад. Нанависад фаришта ҷурми Камол, Бар сари бедилон қалам набувад.

Бо суруду оҳу нола меравад ашкам чу рӯд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Бо суруду оҳу нола меравад ашкам чу рӯд, Пеши мастони муҳаббат ин бувад рӯду суруд. Ошиқонро дар маҷолис нола созад сарбаланд, Мутрибонро дар маҳофил обрӯ бошад зи рӯд. Бо сиришкам Даҷлаву Ҷайҳун ду ёри ошност, Аз ду рӯди дидаи мо бод бар ёрон дуруд! То чаро теғи туро хӯду зиреҳ гардад сипар, Ҷангҳо шуд гоҳ моро бо зиреҳ, гоҳе ба хӯд. Шавқи болои ту хун аз чашми мо бар хок рехт, ҳар куҷо селе, ки омад, омад аз боло фуруд. Гуфтам: Аз себи самарқандӣ беҳу нори Хуҷанд Бо занахдону лаби чун қанд. Гуфто: Беҳ набуд. Гар нагирӣ чусту чобук себи симинаш, Камол, Пеши аҳли ишқ бошӣ коҳили пои муруд. Бо орази ту зулф дам аз нақши Чин занад, Бар об ҳадди кист, ки нақше чунин занад?! Бояд чу соиди ту зи симаш пур остин, ҳар кас ки даст дар ту чу он остин занад. Ризвон зи шавқи он ки чу Тӯбо кунӣ хиром, Ҷорӯби роҳат аз мижаи ҳури ин занад. Ҷону дилам фитод, бигӯ ғамзаро, ки боз Теғе бар он гумораду тире бар ин занад. Зулфат, ки дод молиши сад паҳлавон ба банд, Боди сабош гираду хуш бар замин занад. Дуздест турраи ту, ки сарҳо барад ба рӯз, Туркест чашми ту, ки раҳи ақлу дин занад. Ҷон офарин занад чу ду чашми ту бар Камол Тир аз кушоди ғамзаи сеҳрофарин занад.

Боз ид омаду лабҳо зи тараб хандон шуд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Боз ид омаду лабҳо зи тараб хандон шуд, Шодии ид ба дидори ту садчандон шуд. Моҳ дар ид напӯшад руху бошад пайдо, Парда баргир, ки дигар натавон пинҳон шуд. Абрӯят дод ба мардум зи маҳи ид нишон, ҳамаро чашм ба наззораи ӯ ҳайрон шуд. ҳар кӣ дидат чу маҳи ид шаб аз гӯшаи бом, Маст чун чашми ту дар хонаи худ ғалтон шуд. Писта ҳар ид гарон будию бодом бақадр, Аз лабу чашми ту ин ид ҳама арзон шуд. Одат ин аст, ки дар ид нахустин бикушанд, Fамзаро аз чӣ ба нокуштани мо фармон шуд? Сабр то иди дигар чун натавонист Камол, Кард иди дигару бар дари ӯ қурбон шуд. Боз гул доман ба дасти ошиқони худ ниҳод, Fунча лаб бикшуду булбулро ба боғ овоз дод. Абр дурҳои Адан пеши гулу савсан кашид, Бод дарҳои чаман бар рӯи гулбӯён кушод. Сарви мо баркард ногаҳ сар зи саҳни бӯстон, Пеши ӯ ҳар ҷо дарахте буд, бар по истод. Гул ҳикоят карду сарв аз нозукиву лутфи ёр, Об гирён омаду дар пои ину он фитод. Дар биҳишту боғ хуш бошад майи чун Салсабил, Хоса аз дасти бутони гулрухи ҳуринажод. ҳар баҳореро, ки ҳаст, эй дил, хазоне дар пай аст, Хуш баро рӯзе ду чун гул бо рухи хандону шод. Бар варақ дорад гули рангин бихон ин хат, Камол, Шод зӣ, чун умр бод аст, эй бародар, умрбод!

Боз ин дили ғамдида ба доми ту дарафтод

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Боз ин дили ғамдида ба доми ту дарафтод, Бас мурғи ҳумоюн, ки ба тири назар афтод. Ин турфа, ки рози ту ба худ низ нагуфтем, То шуд хабарам, дар ҳама шаҳр ин хабар афтод. Лутфе куну тири дигарам сӯи дил андоз, К-он тири нахустин, ки задӣ, бар ҷигар афтод. Пурсидани ёрони кӯҳан расми қадим аст, Чун аст, ки дар аҳди ту ин расм барафтод?! Маъзур бувад ёрам, агар дер напурсид, К-аз кӯи вафо хонаи ӯ дуртар афтод. Шояд, ки бирӯяд ҳама раҳ сарви хиромон З-он соя, ки аз қадди ту бар раҳгузар афтод. Гуфтем ҷавобе на кам аз гуфтаи Саъдӣ, Бал-к ин ду ғазал хубтар аз якдигар афтод. Ин лоф на дархурди Камол аст, валекин «Бо Рустами Дастон бизанад, ҳар кӣ дарафтод».* ____________________ * Мисраъ аз Саъдист. ____________________ Боз тири ғамзаи ӯ бар дили мо кай расад? Ин назар то бар кӣ афтод, ин ато то кай расад? Доруи ҷонҳо ниҳод он абрӯвон бар тоқҳо, Дасти кӯтоҳи мани маҳрум он ҷо кай расад? Кардаанд он лаб тамаъ шоҳон, на танҳо чокарон, Чун гадо бисёр шуд, моро зи ҳалво кай расад? Зарраро садпора бояд кард вақти пойбус, Варна бо мо зарра-зарра хоки он по кай расад? Кай расад, гуфтам, ба болои ту чашм аз зери пой? Гуфт он обест, аз пастӣ ба боло кай расад? Аз лабаш дашном мехоҳӣ, талаб дар ҳар дуо, Бо гадо марсуми султон бе тақозо кай расад? Он зақан бе сӯзи сина кай ба даст ояд, Камол? Себ ширин аст, бе осеби гармо кай расад?

Бод гулбез шуду бар сари гул жола чакид

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Бод гулбез шуду бар сари гул жола чакид, Об дар ҷӯву зи пиромуни ҷӯ сабза дамид. Гул зи рух пардаву наргис ба чаман чашм кушод, Сарви шамшод қаду мурғи чаман нола кашид. Хуррам он дил, ки баҳорон паи тартиби димоғ Бонги мурғи чаману бӯи гули тоза шунид. Бод сӯи чаман омад, ки диҳад мужда, ки боз Гул ба бустону ба гул меваи мақсуд расид. ҳар ки дид он қаду ораз, зи чаман оҳзанон Аввал аз ҷону сар, он гаҳ зи гулу сарв бурид. Бо ту гул дафтари худ хост, ки гирад ба ҳисоб, Боғбон он варақу бод ба гул дарпечид. Умр чун даври гул аз боди ҳаво рафту Камол Доман аз ёру ба доман гули мақсуд начид. Боде, ки нест аз сари кӯи ту, нест бод В-ар ҳасту нест ҳамраҳи бӯи ту, нест бод! То ҳаст дар сабо асари ҳастиеву нест Ошуфтаи салосили мӯи ту, нест бод! ҳар кас, ки ёфт бӯи ту, он гаҳ зи шавқи он Чун бод нест дар такупӯи ту, нест бод! Гӯ, шав хароб хонаи чашмам зи сели ашк, Чашме, ки дур монд зи рӯи ту, нест бод! Рафтам ба боғ бе туву гуфтам ба боғбон: ҳар гул, ки ҳаст бар лаби ҷӯи ту, нест бод! Ту дер зӣ ба майкада, эй ринди боданӯш, Зоҳид, ки санг зад ба сабӯи ту, нест бод! Гар гӯиям, Камол, зи ман ҳоҷате бихоҳ, Гӯям: Рақиб аз сари кӯи ту нест бод!

Эй гули нав, зи туам бӯи касе меояд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Эй гули нав, зи туам бӯи касе меояд. Дар дилам тоза ғами рӯи касе меояд. Бар ту, эй сарви лаби ҷӯй, чу меафтад чашм, Ёдам аз қомати дилҷӯи касе меояд. Вақти тоат чу назар мефиканам бар меҳроб, Пеши чашмам хами абрӯи касе меояд. Бубар, эй нофаи Чин, дарди сари худ, ки маро Накҳати ғолия аз бӯи касе меояд. Мебарад бод дили мову Худо ёраш бод, Агар аз хоки сари кӯи касе меояд. Гӯ, биё, тири бало, бар дилу бар садр нишин, Агар аз ғамзаи ҷодуӣ касе меояд. Пои дил рафт ба занҷир, магар пеши Камол Хабар аз ҳалқаи гесӯи касе меояд? Эй маро дар ҳаҷри рӯят чашми тар чун сар сапед, Шуд зи шустушӯи ашкам ҷомаҳо дар бар сапед. Аз ғами нодиданат в-аз дидани рӯи рақиб Як-ду дам чашмам сиёҳ асту даме дигар сапед. Дида мегардад сапед аз интизори рӯи хуб, З-интизори субҳ инак дидаи ахтар сапед. Гӯиё, рӯи рақибат номаи аъмоли ӯст, К-он ба сад шустан нагардад то дами маҳшар сапед. Пеши рӯят ҳиндувонанд он ҳама холи сиёҳ, Ҳиндувон, бингар, баногӯшу узору бар сапед. Ҳиндувони зулфу холатро дуое мекунам, Бод ҳар ду рӯсияҳро рӯ чу мушки тар сапед. Гӯ, сияҳ боду сапед он растаи дандону хол, Мушк некутар сиёҳу дурри нав хуштар сапед. Рӯи чун динори ту аз ашк сурх авло, Камол, З-он ки бошад камбаҳо, ҳаргаҳ ки бошад зар сапед.

Эй оташи савдои туам сӯхта чун уд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Эй оташи савдои туам сӯхта чун уд, Касро набарояд зи таманнои ту мақсуд. Хубони ҷаҳон ҷумла гадоянду ту султон, Шоҳони замон ҷумла Аёзанду ту Маҳмуд. Гуфтам, ки ба коме расам аз васли ту, лекин Бисёр таманност, ки дар хок бифарсуд. Ногоҳ мабод, эй маҳи хубон, ки барорад Шамъи рухат аз ҷони мани сӯхтадил дуд. Чун давлати дидори ту мақсуди Камол аст, Нуқсон накунад, гар шавад аз васли ту хушнуд. Эй хуш он дам, к-аз ту бӯе бо дилафгорон расад, Накҳати васли Масеҳо сӯи беморон расад. Аз зиёфатхонаи дарди ту дил навмед нест, Ҳам насиме з-он сари хон бо ҷигархорон расад. Кори давлат бошад он, не саъйи мо, гар гоҳ-гоҳ Чун ту маҳбубе ба сарвақти талабгорон расад. Пеши рӯят дидаро аз гиря медорам нигоҳ, Заҳмате бар гул намехоҳам, ки аз борон расад. Рӯи гул нодида булбул, ёфт наргис сад висол, Хуфта нобино бувад, давлат ба бедорон расад. Мову ҷаври душманон бурдан, ки дорад лаззате Ҳар чи баҳри дӯст бар ҷон аз дилозорон расад. Дил ба озори саги кӯят наранҷонад Камол, Ёр миннатдор бошад, ҳар чи аз ёрон расад.

Показаны записи 361-370 из 534