Показаны записи 391-400 из 534
Ҳаргиз зи ҷони ман ғами савдои ӯ нарафт
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳаргиз зи ҷони ман ғами савдои ӯ нарафт
В-аз хотири шикаста таманнои ӯ нарафт.
Он дил сиёҳ бод, ки савдои ӯ напухт
В-он сар бурида бод, ки дар пои ӯ нарафт!
Бо ин ҳама ҷафо, ки дил аз дасти ӯ кашид,
Савдои дӯстӣ зи сувайдои ӯ нарафт.
Омад арӯси гул ба чаман бо ҳазор ҳусн
В-аз кӯи дӯст кас ба тамошои ӯ нарафт.
Пайки нафас, ки муждарасони ҳаёт ӯст,
Бе ҳукми ӯ наёмаду бе рои ӯ нарафт.
Мискин Камол дар сари ғавғои ишқ шуд
В-он кист худ, ки дар сари ғавғои ӯ нарафт!?
ҳазор шукр, ки он чашми пурхуморам кушт,
Вагарна ҳасрати ӯ хост зор-зорам кушт.
Чу воҷиб аст ба ҳар куштани туам шукре,
ҳазор шукр, ки чашмат ҳазор борам кушт!
Дуои зиндагиам, гӯ, макун кас аз ёрон,
Бас аст зиндагии ман ҳамин, ки ёрам кушт.
Шаби фироқ башорат ба куштанам додӣ,
Чӣ миннат аст зи ту, к-он шаб интизорам кушт.
Гарам ту дил надиҳӣ, чун зиям зи бими рақиб,
Ки ҷуз ба санг ман он морро наёрам кушт.
Зи печутоб чу доме, ки сайдро бикушад,
Даруни ҳар гираҳ он зулфи тобдорам кушт.
Нарафт оби хуше бе лабаш ба ҳалқи Камол,
Магар даме, ки ба шамшери обдорам кушт.
Ҳар ки дар олам кам аз як лаҳза дур аз ёр зист
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳар ки дар олам кам аз як лаҳза дур аз ёр зист,
Кард нақди зиндагонӣ зоеу бисёр зист.
Ошиқи нолон даме нагрифт бе рӯяш қарор,
Андалеби зор натвонист бе гулзор зист.
Гар шунидӣ бӯи ӯ, аз худ бирафтӣ бехабар,
Зоҳиди худбин, ки умре ғофилу ҳушёр зист.
Бо хаёли ёр ошиқ шаб ба умри худ нахуфт,
Шамъ чандоне, ки будаш зиндагӣ, бедор зист.
Шарбати дардат маризи ишқро бошад ҳалол,
Гар касе дармон биҷусту солҳо бемор зист.
Бо рақибонат ба бӯи васл хушдил мезиям,
Бар умеди гул чу булбул метавон бо хор зист.
Гар барояд сарв, шояд, аз сари хоки Камол,
Солҳо чун бо хаёли он қаду рухсор зист.
ҳаргиз ба дарди дӯст дили мо зи ҷо нарафт,
Ранҷури ишқи ӯ сӯи дорушшифо нарафт.
Бемори чашму хастаи он ғамза бар забон
Номи шифо набурду ба фикри даво нарафт.
Бар ҷон зи ғамзаҳои ту беш аз ҳазор тир
Омад, сад офарин, ки хаданге хато нарафт!
Дар сайдгоҳи чашми ту аз ҳалқаҳои зулф
Мурғе надидаам, ки ба доми бало нарафт.
Аз соликони роҳи ту кас бе сиришку оҳ
Нанҳод по бар обу ба рӯи ҳаво нарафт.
Онро, ки пой буд, надод ин талаб зи даст
В-он кас, ки чашм дошт, дар ин раҳ ба по нарафт.
З-ин остон набурд паноҳе ба кас Камол,
Дарвеши кӯи ту ба дари подшо нарафт.
Ҳар кӣ аз дарди ту маҳрум бувад, бемор аст
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳар кӣ аз дарди ту маҳрум бувад, бемор аст
В-он кӣ доғи ту на бар синаи ӯ, афгор аст.
Дилам аз новаки он ғамза шикоят накунад,
Ки бар ин хаста ҳақи неъмати ӯ бисёр аст.
Гила аз бори ғаму бори ситам нест маро,
Гар бувад бори ҷудоӣ, гилаҳо ин бор аст.
Бар сари кӯи ту камтар равам аз бими рақиб,
Ки саги хона забунгиру гадоозор аст.
Пеши он сурати матбӯъ, ки дорад ҷоне,
Чӣ кунам сурати хуршед, ки бар девор аст?
Сабр аз он лаб натавон кард ба даври рухи ёр,
З-он ки дар мавсими гул тавба зи май душвор аст.
Кори май дораду маъшуқ Камол аз ҳама дур,
Сӯфии мо, чӣ тавон кард, ки дур аз кор аст.
Ҳар кӣ туро ёфт, давлати ду ҷаҳон ёфт,
Давлат аз ин беҳ наёфт мурда, ки ҷон ёфт.
То зи ту пай бурд дил, аз ӯ асаре нест,
Кас хабаре з-ӯ наёфт, к-аз ту нишон ёфт.
Гоҳ ниҳон шуд, гаҳ ошкор талабгор,
К-аз ту нишоне ба ошкору ниҳон ёфт.
Ёфт дар ин раҳ яке гуҳар, дигаре хок,
ҳиммати ҷӯянда ҳар чӣ буд, ҳамон ёфт.
ҳам назари ҳиммате, ки ёбӣ, аз он ҷӯ,
З-он, ки касе ҳар чӣ ёфт, ҷумла аз он ёфт.
Ёфт нашуд он ба ҷидду ҷаҳд, чӣ тадбир?
Давлати вақти касе, ки давлати он ёфт.
Лофи аналҳақ бизан, Камол, ки вақт аст,
Ҳар сари мӯи ту чун аз дӯст нишон ёфт!
Ҳар тир, ки бар синаам он фитнагар андохт
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳар тир, ки бар синаам он фитнагар андохт,
Ҷон саҳл гирифт он ҳама чун бар сипар андохт.
Дилхаста нашуд ошиқ аз он тиру наёзурд,
Дил хаста аз он шуд, ки ба рӯзи дигар андохт.
З-он тир, ки андохт касе дур ба даъвӣ,
Моро зи худ он шӯх аз он дуртар андохт.
Бозомаду бар тири дигар чашми назар дӯхт,
ҳар сайд, ки он ғамза ба тири назар андохт.
То мурғ чаро баст пари хеш ба он тир,
Мурғи дилам аз ҳасрати он болу пар андохт.
Ошиқ ба дусад захм чу қонеъ нашуд аз ёр,
Як тир чӣ бошад сӯи ёрон агар андохт?!
Тират ба дили реши Камол омаду шуд гум,
Хоҳӣ, ки шавад ёфта, бояд дигар андохт.
ҳар киро нақши хату холи ту дар хотир нест,
Гар дам аз мушк занад хотири ӯ, отир нест.
Суратат мазҳари ҳусн аст, вале ин маънӣ
ҳамчу ҳусни дигарон бар ҳама кас зоҳир нест.
Сокини кӯи ту, к-аз дур рухат бинаду бас,
Боғбонест, ки бар барги гуле қодир нест.
Дил, ки шуд реш, магар ҳаққи намак нашносад,
З-он лаби ҳамчу шакар гар ба назар шокир нест.
ҳаст дилдор ба мо ҳозиру нозир ҳама ҷо,
Лекин аз тафриқа як ҷо дили мо ҳозир нест.
Зикри ринде, ки дари дайр занад, бод ба хайр,
Гар ба ҳар ҷо, ки фитад ғайри туро зокир нест.
Кард бо васли қадат ҳиммати худ сарф Камол,
ҳиммате, к-он ба ту масруф бувад, қосир нест.
Васли бутони хонабарандозам орзӯст
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Васли бутони хонабарандозам орзӯст,
Соқӣ, биё, ки бодаи дамсозам орзӯст.
Чанги хамидақомати бисёргӯ куҷост,
К-он пири хушкмағзи таровозам орзӯст.
Май хуш ҳарифи мастнавоз асту чанг низ,
Инҳо ба як ду маҳрами ҳамрозам орзӯст.
Дӯшам ба як-ду нағма чӣ хушвақт сохт чанг,
Эй мутриб, он ду нағмаи хуш бозам орзӯст.
Дар қалби найзабозии мижгони он ҳариф,
Хунрезии ду чашми назарбозам орзӯст.
Бар мурғи ҷон фазои ҷаҳон аст чун қафас,
То дар ҳавои кӯи ту парвозам орзӯст.
Аз баҳри поси хотири табрезиён, Камол,
Бо сорбон магӯй, ки Шерозам орзӯст.
Васли ту моро биҳишту ноз наим аст,
Бе ту биҳишти барин азоби алим аст.
ҳалқаи гесӯи ҳуру сӯҳбати ризвон
Гар ту набошӣ, салосил асту ҷаҳим аст.
Дар шаби танҳоии фироқи ту моро
Оҳи ҷигарсӯз ёру нола надим аст.
ҳамдами ушшоқ ҷуз насими сабо нест,
То сари зулфи хушат ба дасти насим аст.
Бода бидеҳ, соқиё, ки мавсими гулрез
Тавба зи мастӣ хилофи рои ҳаким аст.
Гашт басе солу моҳ, к-аз сари кӯят
Ҷон ба сафар рафту дил ҳанӯз муқим аст.
Пой бинеҳ бар сари Камол, ки ӯро
ҳаст тафохур бар ин, Худой алим аст!
Нест маро дӯсттар аз дӯст дӯст
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Нест маро дӯсттар аз дӯст дӯст.
Ӯст маро дӯст, маро дӯст ӯст.
Дам зи рухи дӯст занад оина,
Дар назари мардум аз он дӯстрӯст.
Гӯй чӣ монад ба занахдони ёр?
Ин занахи мардуми беҳудагӯст.
Дил хами абрӯи ту дорад ҳавас,
Садрнишин, бин, ки чӣ меҳробҷӯст.
Он ки зи ҳар ранг май аз хум маро
Бодаи якдаст биёрад, сабӯст.
Нофаи Чинро, ки насими ту дошт,
Дар талаб аз шавқи ту бидрид пӯст.
Чист зи ғам ҳоли ту гуфтӣ, Камол?
То рухи зебои ту дидам, накӯст.
Нест масмӯъ он ки гуфтӣ бо ту моро ҷанг нест,
Дар барат дил ҳаст, агар дар остинат санг нест.
Сабр бояд карданам бар ашки сурху рӯи зард,
Чун зи боғи васли гулбӯён ҷуз инам ранг нест.
Бо ғами рӯят хушам дар меҳнатободи ҷаҳон,
К-аз ҳавои гул қафас бар андалебон танг нест.
Саҳл бошад пеши он ораз хати зангорияш,
Об чун бе тирагию оина бе занг нест.
Мекунад бар нӯҳ фалак оҳанги рафтан нолаам,
Дар миёни пардаҳо з-ин тезтар оҳанг нест.
Эй ки тарки маҷлиси риндон кунӣ, ойӣ ба ваъз,
Гар насиҳат бишнавӣ, хуштар зи бонги чанг нест.
Он даҳони танг, бингар, пур зи гуфтори Камол,
Он ки бошад қанди Мисраш, з-ин шакар дар нанг нест.
Нест ғайр аз ту дастгир, эй дӯст
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Нест ғайр аз ту дастгир, эй дӯст!
Дасти афтодагон бигир, эй дӯст!
Офтобӣ ту, мо чу зарра ҳама,
Ту бузургию мо ҳақир, эй дӯст!
Аз каримон шавад фақир ғанӣ,
Ту каримиву мо фақир, эй дуст!
ҳар дилеро куҷо хабар з-ин роз,
Ки тӯӣ вофиқи замир, эй дӯст!
Гарчи нақд аст қалби дил, бипазир,
Ки туӣ ёри дилпазир, эй дӯст!
Бо кӣ гӯям туро, ки монандӣ,
Чун намебинамат назир, эй дӯст!
Дар ҳама мулк подшост Камол,
То ки дар дасти туст асир, эй дуст!
Нест моро ба ҷуз аз ҷону ҷаҳон дарбоист,
З-он ки бе ӯ на ҷаҳон асту на ҷон дарбоист.
Хоки он дар талабам, то биниҳам рух он ҷо,
Ки рухи зарди маро нест ҷуз он дарбоист.
Дарнамебоядаш аз хубиву зебоӣ ҳеч,
Ин ҳама ҳаст миёнрову даҳон дарбоист.
Пеши он ғамза кабоби ҷигари ман биниҳед,
Ки ба бемор ғизо нест чунон дарбоист.
Чун бидидем рухат ғамзаву абрӯ пеш ор,
Вақти сайд аст, бувад тиру камон дарбоист.
Хушам омад, ки зи ғам доғ ниҳодӣ ба дилам,
То дигар гум нашавад, буд нишон дарбоист.
Бош, гӯ, бар хати ту дидаи гирёни Камол,
Бар сари сабза бувад оби равон дарбоист.
Маҳ лофи ҳусн зад ба ту, он рух бар ӯ гирифт
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Маҳ лофи ҳусн зад ба ту, он рух бар ӯ гирифт.
Хат ҷониби рухи ту гирифту накӯ гирифт.
Бӯи ту чун шунид зи гул андалеби маст,
Чандон кашид нола, ки овози ӯ гирифт.
Аз пойбӯси сарв лабам пӯст боз кард
ҳар гаҳ, ки пойбӯси туам орзӯ гирифт.
Зоҳид ба сӯҳбати ту чу риндони боданӯш
Он рӯз бор ёфт, ки бар сар сабӯ гирифт.
Шавқи лабат ба майкадааш бурд мӯкашон
Пире, ки аз мурид ҳамасола мӯ гирифт.
Гулгунсавор бар раҳи ишқи ту хайли ашк
Дур(р) рехтанду рӯи заминро фурӯ гирифт.
Зоеъ макун, ки ҳайф бувад дар басар, Камол,
Чашми ту сурмае, ки аз он хоки кӯ гирифт.
Майли дилам ба рӯи ту ҳар дам зиёдат аст
В-ин ҳадди дӯстиву камоли иродат аст.
ҳар бомдод рӯи ту дидан ба фоли нек,
Моро далели хайру нишони саодат аст.
Ту офтоби олами ҳусниву ҷоми мо
Доим зи файзи рӯи ту дар истифодат аст.
Хушхотирам зи дарди ту в-аз баҳри маслиҳат
Гар нола мекунам, ғарази ман аёдат аст.
Гар одат аст расми такаллуф миёни халқ,
Мо орифему одати мо тарки одат аст.
Сидқи Камоли содадаруну камоли сидқ
Аз ҳар чӣ дар гумони ту ояд, зиёдат аст.
Ман нахоҳам зи каманди ту наҷот
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ман нахоҳам зи каманди ту наҷот,
Ман наҷо мин камад-ил- ишқи фамот.*
Он Хизир, бин, ки чӣ бозӣ хӯрдаст,
Лаби ӯ дидаву хӯрд оби ҳаёт.
Гар алифро ҳаракат нест, чарост
Алифи қадди ту ширинҳаракот?
Хуш наёмад бари мо омаданат,
Ту шаҳӣ, хуш набувад хонаи мот.
Ба ҷаноби шаҳи мо гар бирасед,
Фоқиру фия рафеъ-уд-дараҷот.**
То дигар аз ту барад ширинӣ,
Кӯза овард ба дарюза набот.
Чун расӣ каъбаи он кӯй, Камол,
Қарриб-ин-нафса ва қиф биларафот.***
_________________________________________________
* Ман наҷо мин камад-ил- ишқи фамот –ҳар касе, ки аз
ғами ишқ вораста шуд, мемирад.
** Фоқиру фия рафеъ-уд-дараҷот – нодор баландпоя
мегардад.
*** Қарриб-ин-нафса ва қиф биларафот – қурбонӣ кун
худро дар Арафот.
_________________________________________________
Маҳро зи тоби ҳусни ту ҳар шаб қиёмат аст,
К-он сарвро чӣ шеваю рафтору қомат аст!?
Гар халқро зи ишқи ту бошад қиёмате,
Боре қиёмати дили мо з-он қиёмат аст.
Аз хоки кӯи дӯст барангехтӣ маро,
Ё айюҳаррақиб, чӣ ҷои маломат аст?!
Барбод медиҳам ба ҳавои ту умри хеш,
То заррае зи хоки вуҷудам саломат аст.
Чашме, ки ҷуз ба рӯи ту рӯзе назар фиканд,
Имрӯз аз хиҷолати он дар надомат аст.
Моро ба рӯзи васли ту бирён ҳазор ҷон,
Бар ошиқони кӯи ту яксар ғаромат аст.
Бишкан, Камол, бар сари саҷҷода тавбаро,
К-ин ҷо чӣ ҷои тавбаву зӯҳду саломат аст?
Мақоми ишқи ту ҳарчанд манзили хатар аст
Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Мақоми ишқи ту ҳарчанд манзили хатар аст,
Фидои як сари мӯят, гарам ҳазор сар аст!
Чӣ ҳолат аст, ки бурдем ганҷу ранҷ набуд,
Ба кӯи дӯст магар бахти нек роҳбар аст?!
Сарест ҳадяи ин раҳ ба аввалин қадаме,
Муқими кӯи саломат на марди ин сафар аст.
Назар ба далқи мураққаъ макун, ки зери гилем
Нишони сурати пӯшидагони ҳақ дигар аст.
Касе, ки раҳ ба хароботи ҳушмандон бурд,
Ба даври чашми ту гар маст нест, бехабар аст.
Биёву бар сару чашмам ба салтанат биншин,
Ки сарв бар тарафи ҷӯйбор хубтар аст.
Агар Камол зи лаъли лаби ту ҷӯяд ком,
Аҷаб мадор, ки савдои тӯтиён шакар аст.
Ман ба шатранҷи ғамат ҷону ҷаҳон хоҳам бохт,
Он ду рух дидаам, ин бор равон хоҳам бохт.
Бохтам ишқ ба он рӯву дилам пурдард аст,
То барад дасти дигар, боз ҳамон хоҳам бохт.
Шаб чу бозам ба рафиқони худ ангуштарие,
Ба хаёли лаби он тангдаҳон хоҳам бохт.
Чун расанбоз, ки ҷон бозаду сар ҳам бар сар,
Ман ба зулфат сару ҷон низ чунон хоҳам бохт.
Ба миёну даҳани танги ту аз бими рақиб
Баъд аз имрӯз назарҳои ниҳон хоҳам бохт.
Зулфаш омад, ки ба савдозадагон каҷ бозад,
Абрӯяш ҷаст, ки ман каҷтар аз он хоҳам бохт.
Гарчи бисёр сару ҷон ба ту дарбохт Камол,
Ман зи хиҷлат, ки кам аст он, ду ҷаҳон хоҳам бохт.
Показаны записи 391-400 из 534