Газели


Показаны записи 411-420 из 534

Лабашро ҳар ки чун шаккар мазидаст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Лабашро ҳар ки чун шаккар мазидаст, Яқин медон, ки умраш бар мазид аст. Набинад талхии ҷон кандан он кас, Ки лаъли ҷонфизоятро макидаст. Наранҷам аз ту гар тобӣ зи ман рӯй, Ки аз хуршед доим ин сазидаст. Нахоҳам дид ман рӯи саборо Аз ин ғайрат, ки дар кӯят вазидаст. Висолатро ду олам қимат омад, ҳанӯз андар мақоми «ман язид»* аст. Ба бӯи ҳалқаи занҷири мушкин Дили девона дар зулфат хазидаст. ____________________________ * ман язид - кӣ зиёд мекунад? ____________________________ Лаъли ҷонбахшат зи ҷон нозуктар аст, Қаддат аз сарви равон нозуктар аст. Эй дили нозукмизоҷ аз рӯи хуб Он талаб, к-аз ҳусн он нозуктар аст. Омадан ҳар дам ба нозу рафтанат Аз насими ҷонфишон нозуктар аст. Алҳақ аз сарриштаи борик ҳам Сад бирешим он миён нозуктар аст. Ноз кам кун бо чунин дил, ҷони ман, Худ чӣ дил, к-аз ҷони ҷон нозуктар аст. Барги гул чандон ки дорад нозукӣ, Хотири булбул аз он нозуктар аст. Гарчи нозук нуктае гуфтӣ, Камол, З-ин ҳикоят он даҳон нозуктар аст.

Гӯ, халқ бидонед, ки дилдори ман ин аст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Гӯ, халқ бидонед, ки дилдори ман ин аст, Дилдори ҷафоҷӯи ситамкори ман ин аст. Маҳбуби ману ҷони ману ҳамнафаси ман, Хеши ману пайванди ману ёри ман ин аст. Бӯи сари зулфаш ба ман орад ҳама шаб бод, Аз ҳамнафасон ёри вафодори ман ин аст. Ман хоки раҳаш, балки басе камтар аз он низ, Дар ҳазрати ӯ қимату миқдори ман ин аст. Нанвохт ба як тири дигар куштаи худро, Бо ғамзаи сайдафканаш озори ман ин аст. Бо он, ки табиб аст, шавад шод ба дардам. Донад, ки давои дили бемори ман ин аст. Гӯянд: Камол, аз паи ӯ чанд канӣ ҷон? То ҳаст зи ҷонам рамақе, кори ман ин аст. Лаби ту нуқли ҳаётам ба коми ҷон андохт, Ба хандаи намакин шӯр дар ҷаҳон андохт. Гирифт рӯи заминро ба ғамзааш, он гоҳ Каманди зулф сӯи моҳи осмон андохт. Чу дил бирафт дар он зулф, ғамза зад тираш, Зи соҳирист, ба шаб тир бар нишон андохт. Ба пистаи даҳанат ҷуз сухан намегунҷад, Шакар ба мағлата худро дар он миён андохт. Чаро зи хони ҷамолат насиби ман нарасид, Хати ту, к-ин ҳама сабзӣ ба рӯи хон андохт. Ба вақти бӯс барад хиҷлат аз гаронии хеш Саре, ки соя бар он хоки остон андохт. Камол бар қадамат сар чӣ гуна андозад, Зи дур ҳам назаре чун наметавон андохт?

Гуле чун сарви мо дар ҳар чаман нест

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Гуле чун сарви мо дар ҳар чаман нест, Агар бошад, чунин нозукбадан нест. Ба борикии лабҳош ар сухан ҳаст, Дар он мӯи миён боре сухан нест. Аз он ҳалвои лабҳо сӯфиёнро Ба ҷуз ангушти ҳасрат дар даҳан нест. Маро беморпурсӣ омаду гуфт: Биҳамдиллаҳ, ки хавфи зистан нест! Наёсояд шаҳиди ишқ дар хок, Гараш гарде зи кӯят бар кафан нест. Нашуд дил ҷуз миёни ёру ман гум, Ба ӯ бошад яқин боре, ба ман нест. Камол он мушкбӯро нек дарёфт, К-аз ин оҳу ба саҳрои Хутан нест. Ганҷиву туро бе талабидан натавон ёфт, Роҳат зи ту бе ранҷ кашидан натавон ёфт. Он шарбати хосе, ки шифои ҳама ҷонҳост, Бе чошнии дард чашидан натавон ёфт. Он бахт, ки дар домани васли ту расад даст, Бе пераҳани сабр даридан натавон ёфт. Дорӣ сари Юсуф, бибур аз ҳар чӣ азиз аст, К-он васл ба як даст буридан натавон ёфт. Гар бар фалакам даст расад, бар ту муҳол аст, К-он поя ба сад арш расидан натавон ёфт. Бо гармраве воқифи ин роҳ чӣ хуш гуфт: Оҳиста, ки ин раҳ ба давидан натавон ёфт. Гӯ, халқ шунав он чӣ Камол аз даҳанат гуфт, З-ин ҷинси муаммо ба шунидан натавон ёфт.

Гул шукуфту боз нав шуд ишқи мо бар рӯи дӯст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Гул шукуфту боз нав шуд ишқи мо бар рӯи дӯст, Шохи гул, ё Раб, чӣ мемонад ба рангу бӯи дӯст. Сунбул аз ташвиши бод овард сар дар пои сарв, Гӯиё, зулф аст сар бинҳода бар зонуи дӯст. Чашми наргис дар карашма сеҳрҳо хоҳад намуд, К-ӯ назарҳо ёфтаст аз ғамзаи ҷодуи дӯст. Чун намеёбад назири рӯи ӯ гул ҷуз дар об, Бар лаби ҷӯ мекунад з-он рӯй ҷустуҷӯи дӯст. З-интизори пойбӯси сарв об истода буд, Чун бидид он қомату боло, равон шуд сӯи дӯст. То абад райҳони раҳмат сар барорад аз гилам, Гар барам бо хок атре аз насими мӯи дӯст. Бар сари он кӯ кунад афғон ба даври гул Камол, Булбулон дар бӯстон ноланду ӯ дар кӯи дӯст. Гул лофи ҳусн бо рухи он сарвқад задаст, Боди сабош нек бизан, гӯ, ки бад задаст. Зад пой бар сарам, шудам аз худ, чу он бидид, Дар ханда рафту гуфт, ки: Бахташ лагад задаст! Ин дил ба ошиқӣ на аз имрӯз шуд алам, Кӯси муҳаббатат зи азал то абад задаст. Бояд ҳакимро сӯи беморхона бурд, К-ӯ дар замони ҳусни ту лоф аз хирад задаст. Зоҳид чу оҳи ҳасрату мо бода мекашем, Санге, ки зад ба шишаи мо, аз ҳасад задаст. Бошад ба даври чашми ту аз ҳад бурун хато ҳар мастро, ки мӯҳтасиби шаҳр ҳад задаст. Он шаб, ки рафту пои сагаш бӯса зад Камол, То рӯз бӯсаҳо ба кафи пои худ задаст.

Гул аз пероҳанат бӯе шунидаст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Гул аз пероҳанат бӯе шунидаст, Гиребон то ба доманҳо даридаст. Надидаст он даҳон ҳеч офарида, Ба ҳукми он ки аз ҳеч офаридаст. Маҳи нав бар фалак хам менамояд, Магар аз дур абрӯи ту дидаст!? Чу дид андар чаман доманкашонат, Зи ҳусну лутфи худ доман кашидаст. ҳадисе аз лабат ҳар кас, ки бинвишт, Зи килкаш бар варақ сурхӣ чакидаст. Зи чандон тир, к-андар тиркаши туст, Мани бекешро тире расидаст. Камол аз ғусса худро кушт, гӯӣ; Умеди куштан аз теғат буридаст. Гул ба сад лутф бидид он бару пиндошт тан аст, Шакли худ дид ҳамоно, ки зи обат бадан аст. Нозукандом, ки з-осеби сабо тоб надошт, Зулм бошад, агар аз барги гулаш пераҳан аст. Эй гул, аз сими баногӯши бутам гир ба вом Мояи ҳусну маяндеш, ки қарзи ҳасан аст. Накунам ҷуз ба хаёли қади ту қисса дароз, Булбулонро сухан ар ҳаст, ба сарви чаман аст. Нест илло асари оҳу дилу сӯзи дарун Бар лаб аз ҳоли дил ин дуд, ки бар ҷони ман аст. Мушк бар гардани он турк хато нест зи зулф, Бути Чинаш магар оварда хироҷ аз Хутан аст? Мечакад оби ҳаёт аз суханони ту, Камол, Сухан ин аст, ки гӯӣ ту, дигарҳо сухан аст.

Гуфтамаш: Рӯи ту, ҷоно, қамар аст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Гуфтамаш: Рӯи ту, ҷоно, қамар аст.* Гуфт: Валлаҳ, зи қамар хубтар аст. Гуфтамаш: Зулфи ту ошуфта чарост? Гуфт: Ошуфтаи даври қамар аст. Гуфтамаш: Нӯши лабат чист, бигӯ? Гуфт: Полудаи қанду шакар аст. Гуфтамаш: Аз ту кӣ дорад хабаре? Гуфт: Он кас, ки зи худ бехабар аст. Гуфтамаш: Қади ту сарвест баланд, Гуфт: Он нисбати кутаҳназар аст. Гуфтамаш: Умри манӣ, зуд марав! Гуфт: Умр аст, аз он бар гузар аст. _______________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори нахуст ба хати сирилик чоп мешавад. _______________________________________ Гуфтӣ, аз пешам бирав, бигзар зи ҷон,- гуфтию рафт, Қисса кӯтаҳтар, бимир, эй нотавон,- гуфтию рафт. Сӯи ман то чанд ишоратҳои пинҳон бо рақиб? Он парешонро зи ҷамъи мо бирон,- гуфтию рафт. Дӣ шунидам, к-аз гадоёни дарат хондӣ маро, Ин чӣ таъзим аст, хоки остон,- гуфтию рафт. Эй сабо, вақте ки пайғоме ба мо орӣ зи дӯст, Гар надонӣ номи ӯ, номеҳрубон,- гуфтию рафт. Моҷарои мо чу хоҳӣ бозгуфт, эй оби чашм, Пас чаро меистӣ чандин равон,- гуфтию рафт. ҳар замон гӯӣ: Саги дар хонамат ё хоки роҳ? Инчунин гар ҳайф бошад, ончунон,- гуфтию рафт. Гар ба ҷон гӯянд натвон шуд сӯи ҷонон, Камол, Саҳл бошад ин ҳикоят, тарки ҷон,- гуфтию рафт.

Гуфтӣ: Аз они мост дилат. Ҷон аз они кист

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Гуфтӣ: Аз они мост дилат. Ҷон аз они кист? Ҷоно, нигар, ки доғ бар он ҷо нишони кист? Боре маро зи ҳасрати дарди ту сӯхт ҷон, То дарди бедавои ту дармони ҷони кист? Тан хок шуд бар он дару ҳаргиз ба кӯи ту Рӯзе саге нагуфт, ки ин устухони кист? Тарсам, ба вақти бӯс зи шодӣ шавӣ ҳалок, Эй ҷон, зи лаб мапурс, ки ин остони кист? Гуфтам: Ба ҷон ғами ту бихоҳам харид. Гуфт: Эй муфлиси зиёнзада, бингар, зиёни кист? Дашном медиҳиву намедонӣ ин қадар, К -ин роҳатам ба гӯш расад, к-аз даҳони кист? ҳар лаҳза пурсиям, ки ту з-они киӣ, Камол? Оре, ту ин қадар нашиносӣ, к-аз они кист. Гуфтамат: Сангдилӣ, омад аз ин қисса гаронат, Он ҳам аз сангдилӣ буд, ки гуфтем нишонат. Гар сабо хонамат аз лутфу гул аз ғояти хубӣ, ҳам аз ин хаста шавад хотири нозук, ҳам аз онат. Ману бедории шаб в-орзуи шамъи ҷамолат, Ману бемории борику таманнои миёнат. Гар ҷафо хонаму гар ҷавр ҳамон асту ҳамин аст В-ар вафо ҷӯяму меҳр аз ту на ин асту на онат. Гуфта будӣ, чу шавӣ ҳеч, бароӣ ба забонам, Ман шудам ҳеч, вале ҳеч нагунҷад ба даҳонат. Рехт он тири назар хуни Камол аз хами абрӯ, ҳайфам ояд на аз ин кушта, ки аз тиру камонат.

Гар ёр табиби дарди ман нест

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Гар ёр табиби дарди ман нест, Дардо, ки умеди зистан нест. Бемори туро ба тандурустӣ Ҷуз нола даруни пераҳан нест. ҳар сар, ки бурид аз дари ёр, Монад ба саре, ки бар бадан нест. Тавба зи ту буд бут, шикастам, Мӯъмин набувад, ки бутшикан нест. Рӯят ҳама бо чароғ ҷустам, Ин шамъ ба ҳеч анҷуман нест. Монад ба ту ғунча, ин қадар ҳаст, К-ӯро сухану туро даҳан нест. Олам сухани Камол бигрифт, Имрӯз ҷуз ин сухан, сухан нест. Гар ёри маро бо мани мискин назаре нест, Моро гила аз бахти худ аст, аз дигаре нест. Андеша зи сар нест, ки шуд дар сари кораш, Андеша аз он аст, ки бо мош саре нест. Дӣ бар асари ӯ рамақе доштам аз ҷон, Имрӯз чунонам, ки аз он ҳам асаре нест. ҳар шарбати роҳат, ки расид аз кафи хубон Бе чошнии ғуссаву хуну ҷигаре нест. Гуфтӣ: Паси ҳар тирагие равшание ҳаст, Чун аст, ки ҳаргиз шаби моро саҳаре нест!? Модом, ки ҷон сокини манзилгаҳи хок аст, Дилро зи сари кӯи ту рои сафаре нест. Зинҳор, Камол, ар гузарӣ бар сари кӯяш, Аз сар гузар аввал, ки аз инат гузаре нест.

Гар маро аз назар андохтӣ, он ҳам назарест

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Гар маро аз назар андохтӣ, он ҳам назарест, ҳар ҷафое, ки расад, беҳ зи вафои дигарест. Дили маҷрӯҳи маро ҳаст бар он тир гирифт, Ки чаро аз ҳарами хоси ту ӯро гузарест? Бош, то ҳусни ту рӯзе ба зуҳур анҷомад, Ки аз он рӯз ҳанӯз ин рухи зебо асарест. Эй ҳасуд, аз сари кин айби муҳиббон то чанд? Айби худ бин ту, ки пиндоштаӣ, к-он ҳунарест. Бирасонед зи ман бар саги кӯяш, к-имшаб Авф фармо, гарат аз нолаи мо дарди сарест. Дӣ рақиб аз лаби ӯ дод ба ман муждаи қатл, Даҳанаш пур зи шакар бод, ки ин хуш хабарест! Васли ӯ металабӣ, мухтасар ин аст, Камол, К-он таманно на ба андозаи ҳар мухтасарест. ___________________________________ * ҳар ду мисраъ матлаъест аз Саъдӣ: Офарини Худой бар ҷонат, Ки чӣ ширин лаб асту дандонат! ___________________________________ Гар маро сар биравад аз ғами ҷонон, ғам нест. Ошиқи шефтадилро хабар аз олам нест. Аҳд бастӣ, ки дигар аз ту набардорам дил, Тарсам он аст, ки паймони бутон маҳкам нест. Дорам аз дасти ту бисёр шикоят, лекин Бо кӣ гӯям, ки дар ин ҳол касам маҳрам нест? Ҷуз ба майли ту надорад дили мискин завқе, Булбули сӯхтаро боғу гулистон кам нест. Ба гадоён назаре доранд шоҳони ҷаҳон, Лиллаҳулҳамд, туро қоидаи он ҳам нест. Лаби лаъли ту чу ҷомест пур аз оби ҳаёт, Чӣ тавон кард, ки бо мо нафасе ҳамдам нест? Рав, ғанимат шумар имрӯз, Камол, ин дамро, З-он ки андар ду ҷаҳон хуштар аз ин як дам нест.

Гар қасди хуни мост пас аз дил рабуданат

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Гар қасди хуни мост пас аз дил рабуданат, Мебояд он рух аз паси бурқаъ намуданат. Берун машав зи дида, ки бо он ҷамолу зеб Зебад даруни хона паси парда буданат. ҳарчанд хубтар шавад аз бастан ангубин, Ширинтар аст аз он ба сухан лаб кушуданат. Гар дил шаби фироқ чунин нолаҳо кашад, Эй дил, касе ба хоб набинад ғунуданат! Фарёди мо шунав ба ту гӯему нашнавӣ, Фарёду оҳи мо зи сухан ношунуданат. Эй бӯи гул, туро ба кафи пош нисбат аст, Мурғи чаман чунин натавонад сутуданат. Озурдан аз газоф бувад нури дидаро, То кай, Камол, дида бар он пой суданат? Гар кушандам ба ғамза чашмонат, Нест дар дини ишқ товонат. Бар дилам омадаст тири ту, ҳайф, Ки ҷароҳат кашид пайконат. Лаб ба оби ҳаёт тар накунанд Ташнагони чаҳи занахдонат. Сарв агар дар чаман кашад майдон, Нест дар ҳусн марди майдонат. Таъна бар гул задӣ ба сад гулбонг, Гар бидидӣ ҳазордастонат. Лаби ту офаридаанд аз ҷон, «Офарини Худой бар ҷонат!»* Зоҳид ангушт мегазад чу Камол, «Ки чӣ ширин лаб асту дандонат».*

Показаны записи 411-420 из 534