Газели


Показаны записи 431-440 из 534

Ишқ аз ному аз нишон яктост

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ишқ аз ному аз нишон яктост, Бенишонӣ нишони марди Худост. ҳар киро аз мақоми берангӣ ҳаст ранге, зи ранги ӯ пайдост. Хилъати ишқ нест лоиқи ақл, К-ин қабо бар қади дил омад рост. Дилу ҷон худ кадому ақл чӣ чиз, Ишқро дил куҷову сабр куҷост? Гар задӣ ҷуз ба ёди ӯ нафасе, Он нафас нест, балки боди ҳавост. ҳар ки дар зери пои мардон рафт, Аз ҳама даст дасти ӯ болост. Ишқи ту саросар ҳама сӯзу ҳама дард аст, Ин шева ба андозаи мардест, ки мард аст. Он кас, ки дар ин сарф накардаст ҳама умр, Бечора, надонам, ки ҳама умр чӣ кардаст? Зоҳид, чӣ аҷаб гар кунад аз ишқи ту парҳез, Кас лаззати ин бода чӣ донад, ки нахӯрдаст? Ошиқ, ки на гарм аст чу шамъ аз сари сӯзе Гар оташи маҳз аст, ба ҷони ту, ки сард аст! Ашке, ки бувад сурх чу рухсори ту, дорем, Моро зи ту ташриф на танҳо рухи зард аст. Бас шаб, ки бар он дар мани хокӣ зи заифӣ Биншастаму пиндошт рақиби ту, ки гард аст. Гар ҳаст Камол аз ду ҷаҳон фард, аҷаб нест, Ин низ камолест, ки озодаву фард аст.

Аҷаб, он дилбари ҷоду куҷо рафт

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Аҷаб, он дилбари ҷоду куҷо рафт? Аз ин сӯ дил рабуд, он сӯ куҷо рафт? Рамид аз мо - сагони кӯ чу оҳу, Наёбад кас паяш, оҳ, ӯ куҷо рафт? Ниҳода дар камон тир аз паи сайд, Ба он чашму ба он абрӯ куҷо рафт? Ба раҳ, гӯӣ, ба ганҷе мор рафтаст, Чунин дар по кашон гесӯ куҷо рафт? Дилу ақлат набурдам гӯяду ҷон, Бале, ҳаст ин яке, он ду куҷо рафт? Рақибо, одамият ёрпурсист, Бипурсед он парирух ку, куҷо рафт? Камол аз ғам чу зулфаш сар ба зонӯст, Рафиқу ёру ҳамзонӯ куҷо рафт? Ишқ оини порсоён нест, Бехудӣ расми худнамоён нест. Май ба сӯфӣ мадеҳ, ки он софӣ Дархӯри ҳоли бесафоён нест. Магар он дил, ки бар қарори худ аст, Воқиф аз ҳоли дилрабоён нест? Ёр бегона шуд чунон имрӯз, К-аш дигар ёди ошноён нест. Он, ки машғули неъмату ноз аст, ҳечаш андӯҳи бенавоён нест. Давлати васл хостам, гуфтанд: Салтанат дархури гадоён нест! Раҳбаре ҷӯ, Камол, к-ин раҳро Солҳо рафтаанду поён нест.

Ошиқам бар ту зи ошиқ куштанат

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ошиқам бар ту зи ошиқ куштанат, Дӯст куш, то дӯстар дорам манат! Сар талаб аз ман, ки орам дар назар Бар сари он ҳам ду чашми равшанат. Гар диҳӣ хуни шикорӣ ғамзаро, Ман шикори ғамзаи сайдафканат. Моҳ дуздӣ мекунад хубӣ зи ту, З-он дарояд ҳар шабе аз равзанат. Дидае дорем бар рӯи ту пок, Поктар аз дидаи мо доманат. Остин гар соидат пӯшад зи мо, Хуни мо дар гардани пероҳанат. Меравад зулфи ту дар хуни Камол, Хуни ноҳақ мекунад дар гарданат. Ошиқам бар дилбаре, бо кас чаро гӯям, ки кист, Ту киӣ, боре рақибо, то туро гӯям, ки кист? Он, ки ҳушам бурд аз тан накҳати пероҳанаш, Гар биёрад бӯи ӯ боди сабо, гӯям, ки кист. Чун зи рӯи хуб манъам мекунед, эй зоҳидон, Қиблаву меҳроби худ кай бо шумо гӯям, ки кист? Ошиқи худро чаро ҳар бор гӯӣ: Бевафо! Гар наранҷад хотири ту, бевафо гӯям, ки кист. Дар миёни дилрабоёну бутони шӯхчашм Гар нагирад хашм шӯхи пурҷафо, гӯям, ки кист. Ошиқи ман кист гӯӣ, то бирезам хуни ӯ? Ҷониби ман ҳамла кун шамшер, то гӯям, ки кист. Гӯядам ҳар дам рақибат, к-аз гадоёнӣ, Камол, Гар саги кӯи ту бигзорад, гадо гӯям, ки кист?

Ошиқон, дардаш талаб дорам, маро ҳамдард кист

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Ошиқон, дардаш талаб дорам, маро ҳамдард кист? Он, ки дорад дар ғами ӯ ҷони ғампарвард, кист? Эй, ки гарму сарди олам ҳар ду некӯ дидаӣ, Гӯ, яке чун ман ба ашки гарму оҳи сард кист? Ошиқи якранг хоҳӣ, ҷӯй дар мо хокиён, К-аз миён бо чеҳраи пургарду рӯи зард кист? Сели ашкам бурд як шаб дар дараш, хандиду гуфт: Пеши мо ин шахси обоварди лойовард кист? Гар наранҷидӣ зи мо он ғамза, мекардем ғамз, К-он, ки бе мӯҷиб дили аҳли назар озурд, кист? Бар дарат ҷуз чашми бедору дили ҷонсери ман, Ошиқе, к-ӯ дарнаёрад сар ба хобу хвард кист? Дарду ғам бифрист бо ёрон, нахустин бо Камол, То шавад маълум, к-аз ушшоқи дардат мард кист? Ошиқи бедардро бар дари ӯ бор нест, Марҳами ин боргоҳ ҷуз дили афгор нест. ҳаст мани хастаро пеши ту мурдан ҳавас, Чун ҳаваси зиндагӣ дар сари бемор нест. Дил ба ҷуз инкори зӯҳд кор надорад дигар, Кор ту дорӣ, дило, чун беҳ аз ин кор нест. Ақл наёрад ниҳод бар мани бедил сипос, Бар сари озодагон миннати дастор нест. Қимати ман кард ёр, гуфт: Наярзад ба ҳеч! Беҳтар аз ин бандаро ҳеч харидор нест. Мунтазири рӯи ҳур монд зи рӯи ту дур, Дидаи холӣ зи нур дархури дидор нест. Гарчи хуш ояд ба чашм гулшани ҷаннат, Камол, Дар назари мо беҳ аз хоки дари ёр нест.

Табъи латиф донад лутфи лабу даҳонат

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Табъи латиф донад лутфи лабу даҳонат, Фикри дақиқ бояд сарриштаи миёнат. Дӣ мешудӣ хиромон чун сарву ақл мегуфт: «Хуш меравӣ ба танҳо, танҳо фидои ҷонат!»* Лутфи сабо, шунидам, бод аст бо насимат, Оби ҳаёт дидам, ҳеч аст бо даҳонат. Донӣ, чаро рақибат кард аз дари ту дурам, Нагзошт, то нишинад гарде бар остонат. Дил тири ғамзаатро гар ҷон сипар насозад, Он беҳ, ки гӯша гирад з-абрӯи чун камонат. Пероҳани сабурӣ кардем пора-пора, То дидаем чун гул дар дасти ину онат. Дар пояи салотин бошад Камол мискин, Гар бишмаранд ӯро аз хайли бандагонат. ___________________ * Мисра аз Саъдист. ___________________ Орифи пинҳон зи пайдо хуштар аст, Ганҷро ганҷина маъво хуштар аст. Олами озодагӣ хуш оламест, Эй дил, он ҷо рав, ки он ҷо хуштар аст. Андар ин пастӣ дилат нагрифт ҳеч, Азми боло кун, ки боло хуштар аст. Ошиқонро дил ба ваҳдат мекашад, Мурғи обиро ба дарё хуштар аст. Хоҷа инкори қиёмат мекунад, З-он ки имрӯзаш зи фардо хуштар аст. Як назар қонеъ шав аз олам, Камол, Нахли мумиро тамошо хуштар аст.

Шаҳиди теғи ишқ ар бегуноҳ аст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Шаҳиди теғи ишқ ар бегуноҳ аст, Ба ҷаннат ҷои мо дар пешгоҳ аст. Зи ишқ имрӯз ҳар, к-ӯ сурхрӯ нест, Ба маҳшар номааш фардо сиёҳ аст. Муҳибро рӯзи машҳар рӯзи ҳаҷр аст, Ки ҳар узвеш бар дарде гувоҳ аст. Шаби мо кай шавад равшан ба сад моҳ? Шаби ошиқ сиёҳ аз дуди оҳ аст. Ба рӯи зард ҳар гарде аз ин роҳ, Ки мебинӣ нишони марди роҳ аст. Хаёли хоки пои ӯ гадоро Агар дар сар бувад, соҳибкулоҳ аст. Камол аз подшо дорад фароғат, Ба вақти хеш ӯ ҳам подшоҳ аст. Сӯфӣ, ки зи чашми ту барад ҷон ба саломат, Сар бар накунад то ба қиёмат зи ғаромат. Имрӯз гар он лаб нагазад зоҳиди худком, Бисёр ба дандон газад ангушти надомат. Дар дида хаёли қади ту рӯзи ҷудоӣ Чун сояи тӯбост ба гармои қиёмат. Гар зулфи каҷат бинад имом аз хами меҳроб, Ҷуз сураи «Валлайл» нахонад ба имомат. Дӣ дид қиёми ту муаззин ба намозе, «Қадқомат»-и ӯ бурд зи ёд он қаду қомат. Мо аз паси сад парда тамошои ту кардем, Соҳибназарӣ ҳаст зи анвои каромат. Бархез, Камол, аз сари номус, ки риндон Карданд иқомат ба сари кӯи маломат.

Шодӣ наёфт ҳар ки ғами дилбаре надошт

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Шодӣ наёфт ҳар ки ғами дилбаре надошт, Дар сар ҳавои меҳри ҷафогустаре надошт. Дар ҳайратам зи одамие, к-ӯ ба умри хеш Савдои ишқи рӯи парипайкаре надошт. Бо мо саре ба васл даровар, ки гесуят Дар пой аз он фитод, ки бо мо саре надошт. Чун бод рафт киштии умрам бар оби чашм, Гарчи сақил буд, вале лангаре надошт. Дил дар саводи зулфи ту гум кард роҳи ақл, Шаб буду ӯ ғариб, магар раҳбаре надошт? Аз ҳар ҷиҳат Камол ба сӯи ту кард рӯй, Зеро ки чашми марҳамат аз дигаре надошт. Шӯхчашме хонумони мо ба яғмо бурду рафт, Дид ақлу дил бари мо, ҳар ду якҷо бурду рафт. Бар сари мо хокиён аз ғайб омад ногаҳӣ ҳамчу ҷон танҳову ҳуш аз ҷумла танҳо бурду рафт. Хостам зулфаш гирифтан аз сари девонагӣ, Ӯ зи мо девонатар занҷир дар по бурду рафт. Дар дарун омад хаёли рӯи ӯ шуд ақлу ҳуш, Буд дузде бо чароғ, анвои коло бурду рафт. Мардуми наззорагиро ашкам аз ҳар сӯ рабуд, ҳар чи медидам ба соҳил мавҷи дарё бурду рафт. Ошиқе рӯзе ба саффи воизи мо по ниҳод, Якбаяк ангуштҳои пош сармо бурду рафт. То фишонад бар қаду болош нақди худ Камол, Ҷону улвиро зи пастӣ сӯи боло бурду рафт.

Саги кӯяш ба ман дар банди ёрист

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Саги кӯяш ба ман дар банди ёрист, Азизеро сари савдои хорист. Маро ҳаст аз сагаш ҳам чашми ёрӣ, Гадоро орзуи шаҳриёрист. Чу ояд дар ҳарими дил хаёлаш, Бар он дар кори дида бурдборист. Лабаш хоҳам супурд акнун ба дандон, Ки роҳу расми ошиқ ҷонсупорист. Ба пои сарву гул аз лутфи сайрат ҳанӯз оби равон дар шармсорист. Агар сад пераҳан дар гул бипӯшанд, Ба даври рӯи ту аз ҳусн орист. Камол, ар сар дарорад бо ту зулфаш, Махур бозӣ, ки он аз шонакорист. Саволи бӯс, ки кардам, маро ҷавоб фирист, Агар шакар нафиристӣ, зи лаб итоб фирист. Паём деҳ ба ман аз лаб, ки сӯхт ташна дилам, Кабоб ҳаст маро, ваъдаи шароб фирист. Ба рӯзи ҳаҷр зи ораз маро салом расон, Ба ташнагони қиёмат зи равза об фирист. Чу дурам аз ту, рақибе фирист қосиди ман, Гунаҳкори чунинро чунон азоб фирист. Агар закоти гадоёни ҳусн бифиристӣ, Нухуст бар маҳу он гаҳ ба офтоб фирист. Равоеҳи хуши сад нофа то ба бод равад, Насими зулфи муаттар ба мушки ноб фирист. Судоъ шуд саги ӯро зи нолаи ту, Камол Ба дафъи дарди сар аз дидааш гулоб фирист.

Сарве зи боғи ҳусн ба лутфи қадат нахост

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Сарве зи боғи ҳусн ба лутфи қадат нахост, З-он бартар аст қадди ту, к-ояд ба васф рост. Ҷони ба лаб расидаи моро ба бӯсае Дарёб, к-аз даҳани ту дар маърази фаност. То аз лабат вазифаи дашном кардаӣ, Доим дуои давлати ту бар забони мост. Сарриштаи қарор шуд аз дасту ҳамчунон Ангуштпечи мо сухани зулфи дилрабост. Он ҷо, ки содиқон зи ақидат нафас зананд, Аз мо сари иродату аз дӯст хоки пост. Моро зи рӯи хуб макун, эй фақеҳ, манъ, К-ин шева дар шариати аҳли назар равост. Гар шеваи Камол бипурсад касе, бигӯй, К-ӯ сӯфиест ринду вале ошнонамост. Саре, ки пеши ту бар остони хидмат нест, Саре бувад, ки сазовори тоҷи иззат нест. Ба ҷидду ҷаҳд муяссар куҷо шавад васлат, Ки қурби подшаҳон ҷуз ба саъйи давлат нест. Зи қомати ту ба тӯбо кашад дили зоҳид, Касе, ки ишқ надорад, баландҳиммат нест. Кадом куштаи ишқ аст аз ту рафта ба хок, Ки ҷони ғарқа ба хунаш ғариқи раҳмат нест? Ба чашми аҳли назар кам бувад зи парвона Диле, ки сӯхтаи оташи муҳаббат нест. Зи ашки ношуда рангин, маноз бо рухи зард, Заре, ки сурх набошад, чунон бақимат нест. Камол, толиби дардӣ, ба ғусса шокир бош, Ки ҷуз ба шукр касеро мазиди неъмат нест.

Сарви қаддат равон, лабат ҷон аст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Сарви қаддат равон, лабат ҷон аст, Ҷони ман ин, равони ман он аст. ҳалқа-ҳалқа агар на масти туанд, Дурри гӯши ту аз чӣ ғалтон аст? Ёдгорам зи тири ғамзаи ту, Бар дили хаста доғи пайкон аст. Ишқи мо бар хатат, ки нест ҳанӯз Сӯзи пайдову дуди пинҳон аст. Дида дар илми гиря дарёест, Ин маонӣ на ҳадди борон аст. Гуфтамаш: Мурғи зирак аст дилам. Гуфт: Сайёд низ пурдон аст. Гуфтам: Он миму ҳост, рӯй битофт, Бингаредаш, ки чун сухандон аст. Хатм шуд бар Камол лутфи сухан, ҳар чӣ баъд аз камол нуқсон аст. Сарви моро қадду болое хуш аст, Дидани он гул тамошое хуш аст. То рухаш бинем, гӯ, боло намой, З-он ки маҳ дидан ба болое хуш аст. Аз сари мо пои ӯ шуд кӯфта, Кӯфтан, сӯфӣ, чунин пое хуш аст, Сӯи лаб чашмаш ишорат мекунад, К-он чӣ бодомест, ҳалвое хуш аст. Аз сари савдоиён холӣ мабод Сояи зулфаш, ки савдое хуш аст. Куштани мо гарчи ӯро орзуст, Орзуи ӯ таманное хуш аст. Гар равад сар ҳам, марав аз ҷо, Камол, Пойбарҷоӣ, чунин ҷое хуш аст.

Показаны записи 431-440 из 534