Газели


Показаны записи 451-460 из 534

Дили мо бурдию рафтӣ, на чунин мебоист

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дили мо бурдию рафтӣ, на чунин мебоист, Нек рафтӣ, қадаре беҳтар аз ин мебоист. Баҳри сӯзи дили асҳоб ба ҷуз доғи фироқ Буд ҳосил ҳама асбоб, ҳамин мебоист. Порсо зулфи ту нагрифт, ки тарсид зи дин, Он ба чанголи мани бедилудин мебоист. Дархури рӯи накӯи ту зи соҳибназарон Покбозӣ ба ҳама рӯи замин мебоист. То шикаст аз тарафи мушк ба ваҷҳ афтодӣ, ҳалқае аз сари зулфи ту ба Чин мебоист. То чу чашми сияҳат маст биғалтидӣ ҳур, Бӯи гесӯи ту дар хулди барин мебоист. Аз суханҳои ту ин гуфта гузин кард Камол, Дӯстро чун зи суханҳои гузин мебоист. Дилам бад-он, ки ту мехонияш ғулом, хуш аст, Ки номи бандагӣ ин ҷо барои ном хуш аст. ҳамора хоҳаму пайваста доғи бандагият, Ки подшоҳию давлат аладдавом хуш аст. Дигар ба зулфи ту хоҳам зи ҷаври ғамза гурехт, Ки даври фитна таваҷҷӯҳ ба сӯи Шом хуш аст. Хуш омадаст нишастан ба зулфу чашм туро, ҳамеша мардуми сайёдро ба дом хуш аст. Ба даври ҳусни рухат боядам аз он лаб ком, Чу дар авони гулу лола нуқлу ҷом хуш аст. Хуш аст аз ту саломе маро дар охири умр, Чу нома рафт ба итмом, вассалом хуш аст. Камол ҳоли дилу зулфи ӯ хушу бад гуфт, Чу лаффу нашри* мушавваш дар ин мақом хуш аст.

Дил сифати холи ту бо зулф гуфт

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дил сифати холи ту бо зулф гуфт, Донаи дур дар шаби торик суфт. Сарв қадатрост, чаман сарврост, Кас сухани рост наёрад нуҳуфт. То наравад гард ба ҳар дида ҳайф, Дида дарат об зад, он гаҳ бируфт. Нолаи ман хоби шабат бурду оҳ, Чун накунам нола, ки чашмам нахуфт? Байдақи холи ту наронда ҳанӯз, Турраи каҷ боз ду рух бурд муфт. Эй дил, агар сарварият орзуст, Чун сари зулфаш ба қадамҳо биуфт. ҳар кӣ шунид ин суханони Камол, Салламаҳуллоҳу ва абқоҳ** гуфт. ___________________________________ * Аз Худо осоишу бахшиш металабам. ___________________________________ Дил қиблаи худ хоки сари кӯи ту донист, Ҷон тоати аҳсан ҳаваси рӯи ту донист. Меҳроб ду шуд зоҳиди саҷҷоданишинро З-он рӯз, ки меҳроби ду абрӯи ту донист. Ошиқ зи дилу дин назари ақл бипӯшид, То кофирии ғамзаи ҷодуи ту донист. Ақл аз сипаҳи ишқ инон боз бипечид, То силсилаҷунбонии гесӯи ту донист. Ваҷҳи назари даври тасалсул ба бадеҳӣ Ақл аз назари рӯи туву мӯи ту донист. Ин нукта, ки касро зи ту на рангу на бӯяст, Аз ранги ту дарёфт дил, аз бӯи ту донист. Беш аст Камол аз ҳама з-он рӯз, ки худро Дар мартаба камтар зи саги кӯи ту донист.

Дил зинда шуд аз бӯи ту, бӯи ту маро сохт

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дил зинда шуд аз бӯи ту, бӯи ту маро сохт, Хосияти хоки сари кӯи ту маро сохт. Фарбеҳтарам аз хӯрдани ғамҳои ту ҳар рӯз, Бингар, ки чӣ гуна ғами рӯи ту маро сохт. З-ин пеш намесохт маро ҳеч ҳавое, Акнун ҳаваси рӯи накӯи ту маро сохт. Чун шарбати талхе, ки ба ранҷур бисозад, ҳангоми ситам тундии хӯи ту маро сохт. Бадмастии хубон чу қадим аст, зарурист, Он чашми хуши арбадаҷӯи ту маро сохт. ҳар як сари мӯи ту чу аз ноз маро сӯхт, Боист ба ҳар як сари мӯи ту маро сохт. Бигзашт Камол аз дилу ҷон дар талаби ту, Сад шукр, ки боре такупӯи ту маро сохт. ___________________________________________________ * Дар нусхаҳои бо алифбои имрӯзаи тоҷик интишоршуда байти мазкур афтода. ___________________________________________________ Дили сахтат ба сандон сахт ёр аст, Даҳонатро миён бас роздор аст. Ба он хоки қадам ҷон ҳамнишин аст, Ба он чоҳи зақан дил ёри ғор аст. Зи бори ҷавру бори ғам натарсам, Ману он остон, чандон ки бор аст. Чу бар гул мехиромӣ, по нигаҳ дор, Ки гулро бештар заҳмат зи хор аст. Ба тоқи абруят дар риштакорист Сари зулфат, вале рух содакор аст. Кӣ баст он нақши ораз? Офарин бод, Ки оби даст дар вай ошкор аст! Камол, аз гуфтаи худ ҳар чӣ дорӣ, Тахаллусҳои ту бас номдор аст.

Дил зи дастам ба талабгории ёре рафтаст

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дил зи дастам ба талабгории ёре рафтаст, Дер хоҳад ба ман омад, чу ба коре рафтаст. ҳар қароре, ки ба дил дорам аз ӯ, хоҳад рафт, Ки ба дилдорам аз ин гуна қароре рафтаст. Рафт дар кӯи ту сад ҷони гирифтор ба бод, То ба бод аз гираҳи зулфи ту торе рафтаст. Бо хаёли даҳани тангу хати мушкинат Кай шавад дида, чу дар дида ғуборе рафтаст? ҳар куҷо зулфкашон рафт ба роҳе, гуфтанд: Ганҷ рафтаст бар ин роҳ, ки море рафтаст! ҳамаро кушт ба зориву пас аз хок шудан, Нашунидем, ки касро ба мазоре рафтаст. Агар аз заъф наёрад бари ӯ рафт Камол, Бар дараш ҳар саҳаре нолаи зоре рафтаст. Дил зи зулфу холи хубон тираву ошуфта аст, Хонаро чун ду-ст бону, лоҷарам норуфта аст. Парда аз ораз фикандӣ, рози мо шуд ошкор, Оби равшан рози дил ҳаргиз зи кас нанҳуфтааст. Ҷуз ба бӯят кай кушояд дил дар он банди ду зулф? Бе насиме дар гулистонҳо гуле нашкуфтааст. Дар фироқи рӯи Лайлӣ бар сари болини ноз Кас куҷо дидаст Маҷнунро, ки лайле хуфтааст!? Нест дар ошиқ бадӣ ҷуз ишқу медонад рақиб, Гар бади мо гуфт пеши ёр, некӯ гуфтааст. Пеши ҳусни пойдорат, к-он бурун аст аз шумор, Даври ҳусни гул ду ҳафта, даври гул якҳафтааст.* Васфи лаъли ёр кардам дар ҷигар сӯрох шуд, Зери лаб гуфто: Камол, аз ишқи ман дур суфтааст.

Дил дар талабат ҳаёти ҷон ёфт

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дил дар талабат ҳаёти ҷон ёфт, Ҷон аз ту ҳаёти ҷовидон ёфт. Гумкардаи ному нангу ҳастӣ То ҷуст зи ту нишон, нишон ёфт. Дар кунҳи ту хотири яқинҷӯй Худро аҷамитар аз гумон ёфт. Ақл ин қадар аз ҳарими васлат Дарёфт, ки дарнаметавон ёфт. Дарёфт туро ҳар он, ки худро Сар бар дару рух бар остон ёфт. Толиб ба ду дида нақши ӯ баст, Матлуб чу айн шуд, аён ёфт. Дар хоки талаб Камол умре Гавҳар талабид, шукр, кон ёфт. Дил з-он тусту дида, бад-инам низоъ нест, Ин аст, к-он ду пеши ту чандон матоъ нест. Кай ёбам аз даҳони ту з-он лаб нишон, чу ҳеч Бар сирри ғайб ҷони маро иттилоъ нест. Бе бӯи сӯҳбати ту маризи фироқро Гар накҳати гул аст, аз ӯ ҷуз судоъ нест. Ошиқ чу андалеб ба бӯи гул аст маст, Ҷӯшу хурӯши ӯ зи шаробу самоъ нест. Некӯ фитодаанд ба ҳам он руху ҷабин, Хуршеду моҳро беҳ аз ин иҷтимоъ нест. Чашми ту ҳар кӣ дид, зи ҷон боядаш бурид, Чун гӯшае гузид, беҳ аз инқитоъ нест. Мулки висол боядат, аз сар гузар, Камол, Хилъат ба лашкарӣ нарасад, то шуҷоъ нест.

Дил беҳ аз васли рухат дар ҷон таманное наёфт

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дил беҳ аз васли рухат дар ҷон таманное наёфт, Дида аз дидори ту хуштар тамошое наёфт. Ақл дар даври рухат чандон ки ҳар сӯ гирд гашт, Чун сари зулфат саре холӣ зи савдое наёфт. Чун замони васли рӯят буд нозук фурсате, ҳеч ошиқ фурсати бӯсидани пое наёфт. ҳамчу наргис масти ишқ аз сад қадаҳ сархуш нашуд, То сари худ зери пои сарвболое наёфт. Бо хаёлаш ошно шуд дидаи гирёну гуфт: Инчунин гавҳар касе дар ҳеч дарёе наёфт. Дил чӣ донад з-он даҳон чун аз миёнаш пай набурд, Кай кунад фаҳми дақоиқ чун муаммое наёфт!? Ёфт ҷое хуштар аз ҷаннат дари ӯро Камол, Лекин аз бисёрии сар хешро ҷое наёфт. Дил ба ёди зулфи ӯ бар хеш печидан гирифт, Шамъ дидаш дар миёни ҷамъу ларзидан гирифт. Шаб хаёли рӯи ӯ ногоҳ дар чашмам гузашт, Ашкам аз шодӣ равон бар рӯй ғалтидан гирифт. Дӣ яке дар маҷлиси мо қиссаи он моҳ гуфт, Офтоб аз дар даромад, қисса бишнидан гирифт. Солҳо бӯсидани пояш муроди дида буд, Он нашуд бӯсида, аммо дида пӯсидан гирифт. Оби ҳайвон нест рӯзӣ ҳамчу Искандар, Камол, Хизри хатташ чашмаро бо сабза пӯшидан гирифт.

Дар гулистонҳо тамошое беҳ аз рӯи ту нест

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дар гулистонҳо тамошое беҳ аз рӯи ту нест, Дар биҳишти адн ҷое хуштар аз кӯи ту нест. Бомдодон аз пушаймонӣ бимонад дар хумор, ҳар ки имрӯзаш чу наргис мастӣ аз бӯи ту нест. ҳамчу ашки зоҳидон хоҳанд зад бар рӯи ӯ Тоати ҳар кас, ки меҳробаш зи абрӯи ту нест. Мо ба сад ҷон бӯи он зулф аз сабо чун мехарем, Чун ба дасти мо баҳои як сари мӯи ту нест. Дил гирифтор аст дар доми бало, мушкилтар он-к ҳалли ин мушкил ба ҷуз дар иқди гесӯи ту нест. Хуни мо бе ҷурм резиву ба ин фикри хато Ҷуз сари зулфат саре ҳаргиз ба зонуи ту нест. Гуфтаӣ: Хоки раҳи моӣ в-аз он камтар, Камол, Инчунин таъзимҳо ҳадди дуогӯи ту нест. Дил аз он ғамза қавӣ шокиру бас хушнуд аст, Гар ба хун рехтани банда карам фармудаст. Куштаи ишқи рухи ӯст гули рангин низ, Доманаш бе сабабе нест, ки хунолуд аст. Гуфтӣ: Аз хоки дари хеш фиристам гарде. ҳамчунон чашми риҷо бар карами мавъуд аст, Бахше аз хони малоҳат ба ҷигарсӯхтае Бидеҳ имрӯз, ки ҳалвои лабат бедуд аст. Ба ҷафо дур шудан аз ту набошад маҳмуд, ҳар куҷо пои Аёз аст, сари Маҳмуд аст. Сафари ишқи ту бе воситаи роҳбаре Натавон рафт, ки он раҳ раҳи номаҳмуд аст. Гар ба савдои бутон умр зиён кард, Камол, Ин ки сар дар қадамат суд, саросар суд аст.

Дар илми муҳаққиқон ҷадал нест

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дар илми муҳаққиқон ҷадал нест, Аз илм мурод ҷуз амал нест. Кафши Хизиру асои Мӯсо Шоистаи пою дасти шал нест. Гар фикр кунӣ, дар ин чӣ бошад, З-ин фикр димоғро халал нест. Аз оби Хуҷанд бигзару кӯҳ, Дар шаҳри ту ин ба ҷуз масал нест. Ин дур(р) на дар ин ҳақир дарёст, В-ин лаъл ба кӯҳи Мевағал нест. Дар кӯҳ чӣ мекунӣ? Ба ман бош, К-имрӯз маод дар ҷабал нест! Инҳо на мақолати Камол аст, Асрори Худост ин, ғазал нест. ___________________________ * Ин ду мисраъ моли Саъдист. ___________________________ Дар кӯи ту хуни мижа хайлест, ки сайлест, Ҳар қатра аз ӯ қобили сайлест, ки хайлест. Саҳл аст ба чашми ман, агар дурҷи Сурайёст Пеши дури гӯши ту, ки тобон чу Суҳайлест. Бар тоқи фалак маҳ қади худ кард хаму гуфт: Моро ба навӣ бо хами абрӯи ту майлест. Мақсуди ду олам чӣ кунӣ бар дили мо арз? Мақсуд туӣ, ҳар чӣ ҷабал ту туфайлест. Ҷуз зулфу рухат дил накашад лайлу наҳорам, Фаррухтар аз инам на наҳореву на лайлест. Ман донаму дил қадри шаби васл, ки Маҷнун Донист шаби қадр шаберо, ки ба Лайлист. Дар дидаи гирёни Камол абрӯву зулфат Барбаста ба занҷир пуле бар сари сайлест.

Дар сина маро ғайри ту ҳамхона касе нест

Дата добавления: 03.12.2015 Добавил: Администратор
Дар сина маро ғайри ту ҳамхона касе нест В-ар ҳаст, бурун аз дили девона касе нест. Дил аз чӣ ба танг аст зи ағёр, ки имрӯз Ҷуз ёр дар ин манзили вайрона касе нест. Дар дида туӣ мардумак, он рӯ зи кӣ пӯшӣ? Дар хона чу аз мардуми бегона касе нест. Ин ҷурм, ки ошиқ зи ту хурсанд ба сӯзест, Бар шамъ чи гирем, ки парвона касе нест. Зулфат ба дари дил чӣ нишастаст, чу дил рафт, Ин ҳалқа задан чист, чу дар хона касе нест? То чашми ту бо гӯшанишинон назаре кард, Дар савмаа бе наъраи мастона касе нест. Май нӯш, Камол, аз лаби соқӣ, ки дар ин давр Масте чу ту бе соғару паймона касе нест. Дар сафи дилҳо ғами ту садрнишин аст, Мартабаи нола аз ту бартар аз ин аст. Бар ту на танҳо манам фишонда дилу дин, Доия ин аст ҳар киро дилу дин аст. Кас нашавад сер, гуфтаӣ, зи висолат, Хосияти умри ногузир чунин аст. ҳаст сари фитна дар замин сари зулфат, Фитна чӣ бошад, балои рӯи замин аст. Акси ҷамолат зи чини зулф тавон дид, Матлаъи хуршед чун зи ҷониби Чин аст, Марги рақиб омаду ҳанӯз ҷавонрӯст, «Бахти ҷавон дорад он ки бо ту қарин аст».* Гарчи зи ғам пир шуд Камол дар ин дар, «Пир набошад, ки дар биҳишти барин аст».* Шеъри манат гар ба хотир аст, ки хонӣ, Чист тааммул? Бихон, ки сеҳри мубин аст!

Дар сари зулфи ту танҳо на дили шайдо рафт

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Дар сари зулфи ту танҳо на дили шайдо рафт, Ҷону дил низ баҳам дар сари ин савдо рафт. Рафт дил якшаба чун бод дар он ҳалқаи зулф, Шаби торик, зиҳӣ дил, ки чунин танҳо рафт! Аз сари зулфи ту дӯшина ҳикоёти дароз ҳама гуфтанд, вале боди сабо хушҳо рафт. Бар дарат гарчи задам хок ба чашмони рақиб, ҳайф аз он сурма, ки дар дидаи нобино рафт. Донаи хол ба болои лабат чист, магар З-ин дили сӯхта дудест, ки бар боло рафт? Рӯй нанмуда ба як зоҳиду майхора ҳанӯз, Аз ту дар савмааву майкада сад ғавғо рафт. Дар самоъе, ки ғазалҳои ту хонанд, Камол, Сӯфиёнро ҳама аз сар ҳаваси ҳалво рафт. ____________________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад. ____________________________________________ Дар сари занҷири зулфи ӯ дили девона рафт, Нуктае з-он лаб шуниду ҷониби майхона рафт. Саргузаште гуфтам аз дил, оташи ҷон шӯъла зад, Гарм шуд ҳангома, хоҳам бар сари афсона рафт. Огаҳ аз сӯзи дили мо дилфурӯзонанду бас, Шамъ донад он чӣ шабҳо бар сари парвона рафт. Бар хӯрад як рӯз ошиқ, донам, аз кишти мурод, Инчунин к-аз ашки ӯ дар хок чандин дона рафт. Дар дили решам хаёли он ду зулфи печ-печ Рост мори ганҷро монад, ки дар вайрона рафт. Ҷои торик асту зулфат, бе шуои оина Кас намеёрад бар он роҳи чу мӯ ҷуз шона рафт. Бурд дастовез ҷону сар, чу рафт он ҷо Камол, Ошиқи дарвеш ҳар ҷо рафт, дарвешона рафт.

Показаны записи 451-460 из 534