Показаны записи 481-490 из 534
Боз о, ки дар фироқи ту ҷонам сабур нест
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Боз о, ки дар фироқи ту ҷонам сабур нест,*
Боз о, ки бе ҳузури ту дилро ҳузур нест.
Чашмам, к-аз офтоби рухат нур мегирифт,
Пур шуд чунон зи хун, ки дар ӯ ҷои нур нест.
Бемори дарди ишқи ту наздики ҳолатест,
Як бор агар бипурсияш, аз кор дур нест.
Моро ҳавои кӯи туву шавқи рӯи туст,
Фикри наиму ҷаннату савдои ҳур нест.
Он кас, ки завқи дурдии дарди ту ёфтаст,
Ҷӯёи ҷӯи ширу шароби таҳур нест.
Гар дигарон зи дӯст тавонанд сабр кард,
Боре, Камол як дам аз эшон сабур нест.
____________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал
бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
____________________________________________
Боз ақлам бурд аз сар кокули мушкини дӯст,
Баст бар дил банди дигар кокули мушкини дӯст.
Дар диловезиву дилбандӣ сари як мӯй нест
Аз каманди зулф камтар кокули мушкини дӯст.
Гар на шамшод аст, к-аз боди сабо дар тоб рафт,
Аз чӣ печад бар санавбар кокули мушкини дӯст?
Чун қабои ғунчаву пероҳани гул бар танаш
Карда пӯшишҳо муаттар кокули мушкини дӯст.
ҳамчу хунрезе, ки аз қатли хато гардад хиҷил,
Шуд зи хуни ошиқон тар кокули мушкини дӯст.
То бувад умри дарозаш, мекунад гум шонаро
Дар миёни мушку анбар кокули мушкини дӯст.
ҳаст лаълеву дуре з-ин гуфта нозуктар , Камол,
Гар бубандӣ зеваре бар кокули мушкини дӯст.
Бо чашми ман ин ашки равонро чӣ фитодаст?
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Бо чашми ман ин ашки равонро чӣ фитодаст?
Бо ҷони ман ин сӯзи ниҳонро чӣ фитодаст?
Гар хун равад аз дил, ки кабоб аст, аҷаб нест,
Ин дидаи хунобачаконро чӣ фитодаст?
Аз пой гар афтам мани дилреш ба роҳам.
Он гесӯи дар пой кашонро чӣ фитодаст?
Чашм аз ҳаваси диданат афтода ба рӯй аст,
Бо рӯи ту чашми нигаронро чӣ фитодаст?
Гар тан ба тани ҳаҷр на побаста чу шамъ аст,
Бо сӯзи дил ин риштаи ҷонро чӣ фитодаст?
Дӣ ронд магас аз мани бетоқату мегуфт:
Гирди пашае ин магасонро чӣ фитодаст?
Дар ҷони Камол омаду афканд сад ошӯб,
Ё Раб, ба ман он шӯхи ҷаҳонро чӣ фитодаст?
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва
бори нахуст ба хати сирилик чоп мешавад.
_______________________________________
Боз оташе ба сина расидан гирифтааст,
Хун аз дили кабоб чакидан гирифтааст.
ҳар кас кашид бар дари дилбар матоъи хеш,
Дил низ оҳу нола кашидан гирифтааст.
Мо дар ту чун расем, чу рафтӣ ба сад шитоб?
Кай умри рафта кас ба давидан гирифтааст?
Гӯӣ, хату рухи ту зи борони ашки мо
Гулҳои шукуфта сабза дамидан гирифтааст.
Сад ҷо сари бурида фитодаст бар замин,
Машшота зулфи ту чу буридан гирифтааст.
Донам, шунидаӣ, ки гузаштаст з-осмон
Оҳам, ки гӯши моҳ шунидан гирифтааст.
Зулфи хамида чанд ниҳӣ дар назар, Камол?
Девори умр бин, ки хамидан гирифтааст.
Эй, ки аз зулфи ту хун дар ҷигари мушки Хитост
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Эй, ки аз зулфи ту хун дар ҷигари мушки Хитост,
Рӯи зебои ту оинаи алтофи Худост.
Моҳро равшанӣ аз рӯи ту мебояд ҷуст,
Сарвро ростӣ аз қадди ту мебояд хост.
Меҳри рухсори ту сӯзест, ки дар ҷони ман аст,
Хатти сабзи ту ғуборест, ки дар хотири мост .
Гар ту, эй сарви хиромон, бинишинӣ аз пой,
Эй басо фитна, ки аз чашми ту бархоҳад хост.
ҳамчу лола дили ман сӯхтахуниҷигар аст,
Ки чаро сунбули гесӯи ту дар дасти сабост?
ҳамчу субҳ аз асари меҳри рухат ҷон бидиҳад,
ҳар киро дар раҳи ишқи ту дам аз сидқу сафост.
Ончунон зору низор аст зи савдот, Камол,
Ки чу моҳи нав аз абрӯи ту ангуштнамост.
Эй кулаҳгӯшаи ҳусн омада бар фарқи ту рост!*
Сарвро нест чунин қомати зебо, ки турост.
Сунбули зулфи ту машшотаи гулбарги тар аст,
Лолаи рӯи ту ороиши бӯстони сафост.
Ҷаъд бар ҳусни хатат нофаи мушки Хутан аст,
Тоқи абрӯи хушат қиблаи хубони Хитост.
То касе мункири хуршеди ҷамолат нашавад,
Хати шабранги ту бар маҳзари даъво-ш гувост.
Ё магар шефтаи сарви сиҳӣ қомати туст,
Ки бар оҳанг навозад ҳама дар пардаи рост?
Хабари васли ту аз боди сабо мепурсам,
З-он ки моро тамаъи васли ту аз боди сабост.
Соқии ҷуръаи ишқат ба Камол аст мудом,
Гарчи аз майкадаи васли ту пайваста ҷудост.
Эй зи сад гулбарг нозуктар танат
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Эй зи сад гулбарг нозуктар танат,
Бар ту ларзонтар гул аз пероҳанат.
Аз сабо чандон нашуд бӯи ту фош,
Пераҳан кард ин хато дар гарданат.
Хоки поят ҳаққу мулки дидаҳост,
Чанд пӯшад ҳаққи мардум доманат?
Хат чӣ ҳоҷат ҳуҷҷати ҳусни туро,
Рӯи чун маҳ бас далели равшанат.
Хирмани мушк аст зулфат гирди моҳ,
Холи мушкин донае аз хирманат.
Ҷон ба тан меояду дил меравад,
Аз хиромон омадан в-аз рафтанат.
Ақлу дин мехост чашмат аз Камол,
ҳар ду бурдӣ, чист дигар бо манат?!
____________________________
* Мисраъ моли Саъдии Шерозӣ.
____________________________
Эй зи нӯши шакаристони лабат руста набот!
Ташнаи пистаи шакаршиканат оби ҳаёт.
Сарв ҳарчанд ки дорад ба чаман зебоӣ,
Ростӣ, несташ ин қомати ширинҳаракот.
Хӯрдаам шарбати ҳаҷрат ба таманнои висол,
Додаам умри гаронмоя ба уммеди вафот.
Мурғи дил сайди чунон бози сари зулфи ту шуд,
К-аш аз ин дом набошад дигар уммеди наҷот.
ҳар ки бинад рухи зебои ту, хонад такбир,
ҳар ки бинад қаду болои ту, гӯяд салавот!
Ба ҷафои ту, агар кушта шавам, саҳл магир,
Куштаи теғи ту бошанд рафеъ-уд-дараҷот.
Натавонад, ки кунад васфи ҷамоли ту Камол,
З-он ки ҳаст оинаи ҳусни ту берун зи сифот.
Эй ба ҷон ошиқон харидорат
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Эй ба ҷон ошиқон харидорат,
Fамзаҳо тез карда бозорат.
Гар кунӣ қасди куштани ёрон,
Дар чунин корҳо манам ёрат.
Ҷони ширини ту манам, гуфтӣ,
Ҷони ширин фидои гуфторат!
То ту, ороми ҷон, зи мо рафтӣ,
Рафт ороми ҷон зи рафторат.
Нимкушта шудам ба як дидан,
Кошки дидаме дигар борат.
Чашми бемор бар аёдати туст,
Назаре кун ба чашми беморат.
Барнагирад сар аз дари ту, Камол,
Гар бимирад ба пои деворат.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва
бори нахуст ба хати сирилик чоп мешавад.
_______________________________________
Эй рӯи дардмандон бар хоки остонат,
Аз обу хок з-он сӯ ғавғои ошиқонат.
Аршошён ҳумоӣ, мо ҷумла сояи ту,
Бо ин сифат чӣ донанд ин мушти устухонат?
Зарроти кавн як-як дар мумкиноти олам
Ҷустанду ёфт бартар аз кавну аз маконат.
З-ин пеш ақлу дониш додӣ зи худ нишонам,
Гум кардам он нишонҳо, то ёфтам нишонат.
Дар бар рухам чӣ бандӣ, чун рафтаам ба бомат?
Рӯй аз чӣ боз пӯшӣ, чун дидаам аёнат?
Дурре зи канзи махфӣ дорад Камол бо худ,
Гар гӯш дорӣ, он дурр ояд ба гӯши ҷонат.
Дӣ мешудӣ хиромон чун сарву ақл мегуфт:
«Хуш меравӣ ба танҳо, танҳо фидои ҷонат!»*
Эй ибтидои дардат ҳар дардро ниҳоят
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Эй ибтидои дардат ҳар дардро ниҳоят,
Ишқи туро на охир, шавқи туро на ғоят.
Завқи азоб то кай бегонаро чашонӣ?
Аз раҳмати ту моро ҳаст ин қадар шикоят.
Дар моҷарои ишқат илму амал нагунҷад,
Он ҷо, ки қиссаи туст, чӣ ҷои ин ҳикоят?
Эй, пеши дониши ту чун тифли роҳнодон
Пирони бокаромат, мардони бовилоят.
Кунҳи ту не набиро маълуму не валиро,
Маълум ин қадар шуд аз Ҷабраилу оят.
Гар дафтари ҳадисам пурхунидил набудӣ,
Ин гуфтаҳо накардӣ дар ҳар диле сироят.
Донӣ, Камол чун раст аз тирарӯзгорӣ?
Сар барзад офтобе аз машриқи иноят.
Эй аз ту ба анвоъ маро чашми риоят,*
Оре, назаре кун ба ман аз айни иноят.
Як бор ба тасреҳ маро бандаи худ хон,
Зеро ки ҳама кас накунад фаҳми киноят.
Гуфтӣ, ки итобе кунаму ноз дигар бор,
Гуфтам накунӣ, то накунам ҳамли шикоят.
Дилбастагии зулфи ту нагзошт, вагарна
Мерафтам аз ин шаҳр вилоят ба вилоят.
Сад чора барангехтаму ҷаҳд намудам,
То домани қурбат ба каф орам ба кифоят.
ҳайҳот, ки он фикри хато буд, ки кардам,
К-ин кор муяссар нашавад ҷуз ба ҳидоят.
Ағёр чӣ донанд, ки бо ҷониби ёрам
Ёрӣ ба чӣ ҳад асту иродат ба чӣ ғоят.
Чун воқифи асрори дили дилшудагонӣ,
Пайғом чӣ ҳоҷат, чӣ зарурат ба ҳикоят?
Аз қасди бадандеш маяндеш, Камоло,
Душман чӣ тавонад чу кунад дӯст ҳимоят?
Ин чӣ хабар ҷустану пурсидан аст?
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Ин чӣ хабар ҷустану пурсидан аст?
Ин талаби кист, чӣ пӯидан аст?
Бар сари он кӯй чӣ кардем гум,
Ёфт нашуд, ин чӣ хурӯшидан аст?
Доғи кӣ доред, чӣ сӯз асту оҳ?
Захми кӣ хӯрдед, чӣ нолидан аст?
Ишқи ту дар сина чӣ савдост ин?
ҳеч на дар дег, чӣ ҷӯшидан аст?
Оина хонанд шуморову моҳ
Нест чунин, ин ҳама рӯ дидан аст.
Васл муяссар нашавад ҷуз ба қатъ,
Қатъ нахуст аз ҳама бибридан аст.
Раҳбари ин раҳ талабанд аз Камол,
Бераҳаҳо ин чӣ давонидан аст?
Ин чӣ сарви қад, ин чӣ рафтор аст?!
Ин чӣ ширин лаб, ин чӣ гуфтор аст?!
Ин чӣ хол, ин чӣ орази зебост?!
Ин чӣ хат, ин чӣ зулфу рухсор аст?!
Ин чӣ рӯй асту ин чӣ зулфи дароз,
Ин чӣ дилбанду ин чӣ дилдор аст?!
Ин чӣ ҳамдам, чӣ ҳамнишин, чӣ қарин,
Ин чӣ мӯнис, чӣ ҷон, чӣ ғамхор аст?!
Ин чӣ турраст, ин чӣ шаб, чӣ каманд,
Ин чӣ дилдузду ин чӣ таррор аст?!
Ин чӣ чашм асту ин чӣ лаб, чӣ шакар,
Ин чӣ доруву ин чӣ бемор аст?!
Ин чӣ ҳусн асту ин чӣ хол, Камол,
Ин чӣ хуш булбул, ин чӣ гулзор аст?!
Инчунин сурати матбӯъ зи ҷон натвон сохт
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Инчунин сурати матбӯъ зи ҷон натвон сохт,
Гар тавон сохт, чу қадди ту равон натвон сохт.
Он ду абрӯи муқаввас ду камонанд ба зеҳ,
Ки ба сад қарн аз он турфа камон натвон сохт.
Гуфтам: Он ғамзаи шӯх аз чӣ зи абрӯст фурӯ?
Гуфт: Болотар аз устод дукон натвон сохт.
Бут тавон сохтану сохтан аз санг дилаш,
Сахттар аз дили бераҳми бутон натвон сохт.
Нест ӯро даҳан, аммо сухане сохтаанд,
Сухани сохта ширинтар аз ин натвон сохт.
ҳайфам ояд ба қалам номи лабат бурд, дареғ,
Ки қаламро зи найи қандзабон натвон сохт.
Дар сухан лутфи Илоҳӣ ба ту ёр аст, Камол,
Варна сад сол ба фикр ин суханон натвон сохт.
Ин меваи ширин магар аз боғи биҳишт аст
В-ин ҳури биҳишт аз шакари ноб сириштаст?!
Дар боғи биҳишт ин қаду рухсор надиданд,
Ин сарв кӣ биншондаву он лола кӣ киштаст?!
Ин ҷо сухани сарв нагӯем, ки паст аст
В-он ҷо сифати моҳ нахонем, ки зишт аст.
Мо равза нахоҳем, ки ҳар ҷо чу ту ҳурест,
Савганд ба хоки сари кӯят, ки биҳишт аст!
Хатте, ки лабат дар назар овард зи ёқут,
Инсоф тавон дод, ки Ёқут навиштаст.
Хишти дари худ бар сари ошиқ мазан, эй дӯст,
Моро зи сари хеш чӣ ғам, ҳайф зи хишт аст.
Аз хирқа танат дид, Камол, он буту мегуфт:
Ин риштаи борик дар ин хирқа кӣ риштаст?
Имшаб зи хаёлаш сари мо хоби дигар дошт
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Имшаб зи хаёлаш сари мо хоби дигар дошт
В-аз орази ӯ чашми тарам оби дигар дошт.
Рухсораи соқиву лаби ҷому рухи шамъ
ҳар як зи фурӯғи рухи ӯ тоби дигар дошт.
Маҳтоб шуд аз равзанаву тира нашуд чашм,
К-ин хона аз ӯ партави маҳтоби дигар дошт.
ҳар ҷо дили савдозадае дид, кашон кард
Зулфаш, ки ба ҳар силсила қуллоби дигар дошт.
Дар ҳасрати унноби лаби ӯ дили ранҷур
Аз хуни ҷигар шарбати унноби дигар дошт.
То қиссаи ин гиря бад-он гӯш расонанд,
Бар ҳар мижа чашмам дури сероби дигар дошт.
Дӯшина Камол аз майи хумхона нанӯшид,
К-аз шавқи лаби ёр майи ноби дигар дошт.
Инчунин мушк дар ҳама Чин нест
В-ин ҳама атр дар раёҳин нест.
Ин сухан шаммаест з-он сари зулф,
Гарчи фикре дарозтар з-ин нест.
Гар бигӯям ба моҳ мемонӣ,
Моҳро хатту холи мушкин нест.
Агарат сарви бӯстон хонам,
Бар сари сарв себи симин нест.
Бо хаёли ту хобро шаби ҳаҷр
Ҷой дар дидаи ҷаҳонбин нест.
Ройи болин намекунад сари мо,
Сари ошиқ барои болин нест.
Офарин бар ибодати ту, Камол,
Худ туро эҳтиёҷи таҳсин нест.
Аз гиря маро хонаи чашм об гирифтаст
Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Аз гиря маро хонаи чашм об гирифтаст,
Дар қиссаи мо чашми туро хоб гирифтаст.
Дорад гираҳе зулфи ту пайваста бар абрӯ,
Гӯӣ, дилат аз сӯҳбати аҳбоб гирифтаст.
Аз бори гуҳар гарчи баногӯши ту озурд,
Сад гӯш ба узраш дури сероб гирифтаст.
Бо талъати ту шамъ чӣ ҳоҷат шаби моро,
Чун равшанӣ аз партави маҳтоб гирифтаст?
Чун обиди пурҳила ба сад макру фан он чашм
Пӯшида сияҳ, гӯшаи меҳроб гирифтаст.
Зоҳид, ки ба ҷуз рӯзаву кунҷе нагирифтӣ,
Бо ёди лабат ҷоми майи ноб гирифтаст.
Бифрист, Камол, ин ғазали тар сӯи Табрез,
Чун сели сиришкат раҳи Сурхоб гирифтаст.
Аз гулистони рухат ҳусни бутон як варақ аст,
ҳолиё аз варақи ҳусни ту инам сабақ аст.
ҳусни гул кам шуду муштоқии булбул ҳам кост,
Ишқи ман бар ту чу ҳуснат ба ҳамон як насақ аст.
То чаро дар таби ҳиҷрони туам зинда ҳанӯз,
Тани ранҷури ман аз ҳиҷлати он дар арақ аст.
Иттифоқи ту гар ин аст, ки хунам резӣ,
ҳар чӣ дорӣ ту, дилу дида бар он муттафақ аст.
Гар зи ҷонам рамақе монаду бо дӯст расам,
Гарчи сад сол зиям, ҳосили он як рамақ аст.
Ақл ботил шумурад чашми ту ҳар хун, ки кунад,
Fолибан бехабар аз нуктаи ал-айни ҳақ аст.
Хоҳад аз шавқи ҳадиси ту қалам сӯхт, Камол,
Дар қалам худ сухане нест, сухан дар варақ аст.
Показаны записи 481-490 из 534