Показаны записи 331-340 из 534
Дили ғамдида шикоят зи ғами ӯ накунад
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дили ғамдида шикоят зи ғами ӯ накунад,
Толиби дард фиғон аз алами ӯ накунад.
Кист он кас, ки расад дӯст ба фарёди дилаш?
Он ки фарёд зи ҷавру ситами ӯ накунад.
Ҳар ки хурсанд набошад ба ҷафоҳои ҳабиб,
Носипосест, ки шукри ниами ӯ накунад.
Чашми зоҳид нашавад пок зи худбинии хеш,
То чу мо сурма зи хоки қадами ӯ накунад.
Порсо пушти фароғат чӣ ниҳад бар меҳроб,
Гар кунад такя, чаро бар карами ӯ накунад?
Шарбати дарди ту ҳар хаста, ки нӯшид даме,
Илтифоте ба Масеҳову дами ӯ накунад.
То ба гирди дари ту тавфкунон аст Камол,
Ҳаваси Қаъбаву ёди ҳарами ӯ накунад.
Дил куҷо шуд, хабараш ғамзаи ӯ медонад,
Маст ҳар ҷо, ки кабоб аст, ба бӯ медонад.
Ҳар парешонию ошӯб, ки ҷонро зи қафост,
Дили девона аз он силсиламӯ медонад.
Носеҳо, маслиҳати ман ҳаваси рӯи накӯст,
Ҳар касе маслиҳати хеш накӯ медонад.
Ман аз он сарв, ки бар дида нишондам, набурам,
Боғбон қимати сарви лаби ҷӯ медонад.
Ёр, гӯянд, чӣ хоҳад ба ту дод аз лаби хеш?
Ман чӣ донам? Карами ӯст, ҳам ӯ медонад!
Бар дарат тоқати бедории ман касро нест,
Нест ҳоҷат ба гувоҳам, саги кӯ медонад.
Кард чун зулфи ту бо ғамза фурӯ, дошт Камол,
З-он ки бадмастии он арбадаҷӯ медонад.
Дил дар талабат рӯй ба саҳрои ғам овард
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дил дар талабат рӯй ба саҳрои ғам овард,
Ҷон бе даҳанат рахт ба кӯи адам овард.
Моро ҳаваси рӯи ту дар кӯи ту андохт,
Ҳоҷӣ зи паи халқа қадам дар ҳарам овард.
Маҳрум марон аз дари хешам, ки гадоро
Уммеди ато бар дари аҳли карам овард.
Рӯзе, ки ба сарвақти ман оӣ, ҳама гӯянд:
Шоҳест, ки дар кӯи гадое қадам овард.
Фарёди ман аз ғамзаи шӯхи ту, ки дар даҳр
Оини ҷафокориву расми ситам овард.
Бод ин тани савдозада хоки раҳи он бод,
К-аз кӯи ту ҷон дар тани мо дамбадам овард.
Нақши дилу дин шуст Камол аз варақи ҷон,
То васфи хату холи бутон дар қалам овард.
Дил зи дорухонаи дардат даво дорад умед,
Шарбати хосе аз он дорушшифо дорад умед.
Ҳар касе дорад аз он ҳазрат таманнои ато,
Муфлиси ишқи ту ташрифи бало дорад умед.
Ҷону дил то завқи он ҷавру ситам дарёфтанд,
Ин ситам дорад таваққӯъ, он ҷафо дорад умед.
Куштаи шамшери ғам, яъне шаҳиди ишқро
Зиндагӣ ин бас, ки аз ту хунбаҳо дорад умед.
Бар сари роҳи талаб шуд хок чашми интизор,
ҳамчунин аз хоки поят тӯтиё дорад умед.
Дорам уммеде, ки ёбам бар бисоти қурб роҳ,
Ин гадо, бингар, ки васли подшо дорад умед.
Давлати бӯсидани поят намеёбад Камол,
Бо чунин кӯтоҳдастӣ марҳабо дорад умед.
Дилбар чӣ зуд хат ба рухи дилситон кашид
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дилбар чӣ зуд хат ба рухи дилситон кашид,
Хатте чунон латиф ба моҳе тавон кашид.
Наққоши сунъ сурати хуби ту менигошт,
Чун нақш баст қадди ту, чусту равон кашид.
Мӯе, ки дар сари калами нақшбанд буд,
Нақши даҳони танги ту, гӯӣ, бад-он кашид.
Чашмат чӣ хуш кашид ба абрӯ камони ҳусн,
Бемор буд, турфа, чӣ гуна камон кашид?!
Бар пои нозукат зи сарам сояе фитод,
Маҷрӯҳ шуд, ки бори гароне чунон кашид.
Хоҳам нахуст бар сафи зулфат фишонд ҷон
В-он гаҳ чу бод зулфи туро ройгон кашид.
Шабҳо кашид оҳу фиғон бар дарат Камол,
Дарвеш ҳар чӣ дошт, бар он остон кашид.
Дил чароғест, ки нур аз рухи дилбар гирад
В-ар бимирад зи ғамаш, зиндагӣ аз сар гирад.
Сифати шамъ ба парвонадиле бояд гуфт,
К-ин ҳадисест, ки бо сӯхтагон даргирад.
Муфтӣ ар фикр кунад дар варақи рухсораш,
Бишканад хомаву тарки хату дафтар гирад.
Соқиё, бода бигардон, ки малӯлем зи хеш,
То замоне зи миён ҳастии мо баргирад.
Об зан, гӯ, дари майхона, ки фарроши ҳарам
Остон бӯсазанон ҳалқаи ин дар гирад.
Гар аз он лаб бичашад чошние зоҳиди шаҳр,
Ба хароботи муғон ояду соғар гирад.
Бикаш аз ҳар тарафе теғ ба озори Камол,
Ки ба ҳар захми ту ӯ лаззати дигар гирад.
Дигар, гуфтӣ, наҷӯям бар ту бедод
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дигар, гуфтӣ, наҷӯям бар ту бедод,
Муборак мурду он гаҳ кардӣ озод.
Чӣ миннат бошад аз сайёди бераҳм,
Ки пои мурғ бисмил карду бикшод?
Чӣ ҳосил з-он ки Ширин аз лаби хеш
Пас аз куштан диҳад ҳалвои Фарҳод?
Фаромӯшам нахоҳӣ шуд чу алҳамд,
Дар он дам, к-ам ба такбир оварӣ ёд.
Ба бодат мефиристам хидмату боз
Намехоҳам, ки бар ту бигзарад бод.
Шудам хоку ба ҳар сӯ бурд бодам,
Касе, к-аз дӯст дур афтад, чунин бод!
Камол, аз хуни дил тар соз нома,
Саломи хушк чун натвон фиристод.
Дилбаро, чашми хушат офати мастон омад,
Ташнаи лаъли ту сарчашмаи ҳайвон омад.
Партаве з-оинаи рӯи ҷаҳонороят
Матлаъи ҳусну латофат, маҳи тобон омад.
Шаммае аз сари гесӯи абирафшонат
Нофаи оҳуи Чин, турраи райҳон омад.
То расид аз сари кӯи ту насиме ба биҳишт,
Бандаи хоки раҳат равзаи ризвон омад.
Солҳо пеши висоли ту набитвон гуфтан
Он чӣ бар ҷони ман аз меҳнати ҳиҷрон омад.
Дил ба умеди саропардаи васлат, ҳайҳот,
Рафт чандон, ки раҳи умр ба поён омад.
Ҳар киро дар ду ҷаҳон орзуи рӯи ту нест,
ҳаявонест, ки дар сурати инсон омад.
Эй, ки дил металабӣ, дар шикани зулфаш ҷӯй,
З-он ки ӯ маҷмаъи дилҳои парешон омад.
Кӣ расонад ба Камол аз сари кӯи ту нишон,
Пои умед чу андар раҳи нуқсон омад?
Дар ғами дилдор касро ин гирифторӣ мабод
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дар ғами дилдор касро ин гирифторӣ мабод!
ҳеч ошиқро зи ёре дарди беёрӣ мабод!
Хуни дил омад шаробам, нуқл дашноми рақиб,
Ҳеч касро инчунин хориву хунхорӣ мабод!
Чашми бемори маро гар хоб мепӯшад назар,
Ҷуз хаёлаш мӯнисе дар хобу бедорӣ мабод!
То зи ҳою ҳуи мастон зоҳидон дар заҳматанд,
Ошиқонро аз маи ишқи ту хушёрӣ мабод!
Гар дили ёрони худ дорад бар оташ ҳамчунин,
Инчунин ҷуз бо манаш ёриву ғамхорӣ мабод!
Бонги мурғ аз дом чун бахшад фараҳ сайёдро,
Кори ман дар зулфи ӯ ҷуз нолаву зорӣ мабод!
Аз талаб гар мефазояд доғу дарди ӯ, Камол,
Дар дили реши ту ҷуз дарди талабгорӣ мабод!
Дузди дилҳост сари зулфи ту з-онаш бастанд,
Мебурад банди худ, оре, на чунонаш бастанд.
Расани зулфи ту пайванди дилу ҷон бигусаст,
Чӣ сабаб буд, ки бар риштаи ҷонаш бастанд?
Дар чаман пеши гул аз лутфи ту рамзе мерафт,
Об шӯридагие кард, равонаш бастанд.
Хост бо накҳати ту дам занад аз шиша гулоб,
Бизаданаш ҳама бар рӯю даҳонаш бастанд.
ҳаҷр куштаст, на он ғамзаву абрӯ моро,
Ин ҳама ҷурм чу бар тиру камонаш бастанд.
Бар сари оташи ғам сӯхт кабоби ҷигарам,
Гӯиё, бар дили хунобчаконаш бастанд.
Захми ҳар тир, ки омад зи ту бар ҷони Камол,
Марҳаме буд, ки бар реши ниҳонаш бастанд.
Дар сӯҳбати дӯст ҷон нагунҷад
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дар сӯҳбати дӯст ҷон нагунҷад,
Шодию ғами ҷаҳон нагунҷад.
Дар хилвати қурбу ҳуҷраи унс
Ин роҳ наёбад, он нагунҷад.
Мо хонахаробкардагонро
Дар дил ғами хонумон нагунҷад.
Эй хоҷа, ту марди худфурӯшӣ,
Рахти ту дар ин дукон нагунҷад.
Пур шуд дару боми ёр аз ёр,
Ағёр дар он миён нагунҷад.
Танро чӣ маҳал, ки дар ҳаримаш
Сар низ бар остон нагунҷад.
Ё дӯст гузин, Камол, ё ҷон,
Як хона ду меҳмон нагунҷад.
_______________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори нахуст
дар Тоҷикистон нашр мешавад.
_______________________________________________
Дар ишқи ту тарки сар чӣ бошад,
Аз дӯст азизтар чӣ бошад?!
Ҷон низ агар фиристам он ҷо,
Ин тӯҳфаи мухтасар чӣ бошад?!
Эй мардуми чашми равшани ман,
Бар ман фиканӣ назар, чӣ бошад?!
Гуфтӣ: Чӣ кунӣ, агар кашам теғ?
Бисмиллаҳ, гӯ, дигар чӣ бошад.
Чун куштани банда бар ту саҳл аст,
Лутфе кунӣ ин қадар, чӣ бошад.
ҳарчанд кам аст давлати васл,
Хуш зиндагияст, ҳар чӣ бошад.
Гӯянд: Камол, дар дилат чист?
Андешаи ӯ, дигар чӣ бошад?
Хушо ғаме, ки ба рӯям зи рӯи ӯ ояд
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Хушо ғаме, ки ба рӯям зи рӯи ӯ ояд,
Ки ҳар чӣ ояд аз он рӯ, маро накӯ ояд.
Ба шӯхӣ омадану ношикастани дили мо
Гаронтар аст зи санге, ки бар сабӯ ояд.
Савори ашк, ки ронад ба ҳар тараф Гулгун,
Чу хоки пои ту бинад, равон фурӯ ояд.
Сабо гирифта каманди бунафша дастовез,
Ки шаб ба ҳалқаи он зулфи мушкбӯ ояд.
Бад-он хаёл, ки бинад рухи ту гул дар об,
Равонтар аз дигарон бар канори ҷӯ ояд.
Чӣ ҷои чашмаи ҳайвон, ки ҷӯйбори биҳишт
Агар даҳони ту бинад, ба ҷустуҷӯ ояд.
Камол васли миёнат чӣ гуна бинвисад,
Ки он сухан ба забони қалам чу мӯ ояд.
Дар роҳи ишқ ҳар ки ба мо иқтидо кунад,*
Бояд, ки сар бибозаду ҷонро фидо кунад.
Девонавор хонаи ҳастӣ кунад хароб,
Ҳар к-ӯ асоси ишқи ҳақиқӣ бино кунад.
Ёре гузидаем, ки дар ҳосили ҳаёт
Гар сар кунем дар сари кораш, киро кунад.
Дар ҳақи ман рақиб агар гуфт тӯҳмате,
Соҳибназар ҳароина ин ифтиро кунад.
Рӯзе зи рӯи лутф напурсӣ, ки ин ғариб
Бе мо чӣ гуна мегузаронад, чиҳо кунад?
Вақте нидое аз сари кӯят шунидаме,
Ку ҳотифе, ки бозам аз он ҷо нидо кунад?
Сисола бандагии Камол ар қабул нест,
Рафт он чӣ рафт, боз зи нав ибтидо кунад.
Хабаре зи ҳеч қосид зи диёри ман наёмад
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Хабаре зи ҳеч қосид зи диёри ман наёмад,
Чӣ сиёҳнома пайке, ки зи ёри ман наёмад.
Зи азал, ки рафт қисмат ғаму шодие ба ҳар кас,
Fами ёр ҷуз насиби дили зори ман наёмад.
Ҳама рӯз бар рух аз гиря чӣ суд дурри ғалтон,
Ки шаб он дуре, ки ғалтад, ба канори ман наёмад.
Ба шумори зулф, гуфтам, зи лаби ту бӯса гирам,
Чӣ кунам, ки иқди зулфат ба шумори ман наёмад.
Қалами мусаввири Чин чу кашид нуқтаҳо, бин,
Ки чиҳо кашиду нақше ба нигори ман наёмад.
Ба фариштагони раҳмат барам аз ғамат шикоят,
Ки маро ҳабиб кушту ба мазори ман наёмад.
Чӣ аҷаб, Камол, агар ҷон ба лаб ояд аз фироқат,
Чу лаби ту марҳами ҷони фигори ман наёмад.
Хатат гирди лабат амдо набошад,
Чу дуде ҳаст, бе ҳалво набошад.
Касе нисбат кунад чашмат ба наргис,
Ки ҳечаш дидаи бино набошад.
Ба хубӣ гарчи маҳ болонишин аст,
Ба болои туаш боло набошад.
Ба теғам, гӯ, бизан душман, ки аз дӯст
Сари бибридаям қатъо набошад.
Хаёлаш ҷуз ба чашми ман наҷӯед,
Ки ин дур дар ҳама дарё набошад.
Агар аз дида нопайдо бувад низ,
Аз он бошад, ки ҷон пайдо набошад.
Камоли хастаро имрӯз дарёб,
Ки сабраш аз ту то фардо набошад.
Ҳалқае пеши рух аз турраи он маҳ во шуд
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳалқае пеши рух аз турраи он маҳ во шуд,
Офтобе дигар аз ҷониби Чин пайдо шуд.
Гар бутон сеҳр надонанд, чаро он лаби лаъл
Гаҳ ба ханда намаку гаҳ ба сухан ҳалво шуд?
Ҳар ки меҳри лаби ӯ бурд ба хеш, аз хокаш
Хорҳое, ки баромад, ҳамагӣ хурмо шуд.
Кӯр шуд чун ба рухам хоки дарат дид рақиб,
Тӯтиё рафт ба чашмаш, зи чӣ нобино шуд?
Гашт шайдои рухат зоҳиду ин нест аҷаб,
З-он ки бо шед чу пайваст алиф, шайдо шуд.
Ҷон набурданд зи гирдоби сиришк аҳли назар,
Бештар мардуми мо ғарқаи ин дарё шуд.
Ёфт аз сирри Худо огаҳии ғайб Камол,
То миёну даҳани танги туро ҷӯё шуд.
Хонаи дида зи дидори ту равшан бошад,
Байти эҳзони ман аз рӯи ту гулшан бошад.
Сарв ҳарчанд сарафроз бувад дар бӯстон,
Пеши болои баланди ту фурӯтан бошад.
Он ҳама дуд, к-аз оинаи рӯят бархост,
Асари оҳи мани сӯхтахирман бошад.
Набарам то ба қиёмат ба забон номи биҳишт,
Агарам хоки сари кӯи ту маскан бошад.
Тарафи ошиқи худ гир, ки то муддаиён
Ҳама донанд, ки ҳақ бар тарафи ман бошад.
Гар ту з-ин ор надорӣ, ки манат дорам дӯст,
Баъд аз инам чӣ ғам аз таънаи душман бошад.
Турфа мурғест дили хонабарандози Камол,
Ки мудомаш сари кӯи ту нишеман бошад.
Чунин ки сӯзи фироқам зи сина дуд барорад
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Чунин ки сӯзи фироқам зи сина дуд барорад,
Аҷаб мадор, гарам абри дида сел биборад.
Сиёҳпӯш аз он гаштааст мардуми чашмам,
Ки ҳар диранг ҷигаргӯшае ба хок супорад.
Вуҷуди хокии моро бисӯхт оташи ҳиҷрон,
Гар оби дида набошад, ба кӯи дӯст кӣ орад?
Ту офтоби ҷаҳонӣ, раво мадор, ки чашмам
Дар интизори ту шаб то саҳар ситора шуморад.
Аз он нафас, ки шунидам ҳикояте зи даҳонат,
Ба ҷони ту, ки дили ман ҳавои ҳеч надорад.
Умеди ман зи хаёлат чунин набуд, зи Камолат
Карона гираду зорам ба дасти ҳаҷр гузорад.*
_____________________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Гулисурхист ва ба эътиқоди ӯ машкук
аст.Аммо аз лиҳози сабк ва гармии сухан банда ин шеърро
аз Камол мешуморам ба истиснои мисраъи дуюми байти
панҷум ва мисраъи аввали байти охир, ки шояд аз дастхат
хато баргардон шуда ва ё таҳриф гардида. Ғазали мазкур
бори нахуст бо алифбои имрӯзи тоҷик манзур мегардад.
А.Сурӯш.
_____________________________________________________
Ҳадиси ҳусни ӯ чун гул ба дафтар дарнамегунҷад,
Аз он ораз ба ҷуз хатте дар ин дафтар намеуунҷад.
Нагӯянд он даҳону лаб зи лутфи он миён рамзе,
Чу он ҷо сӯҳбати танг аст, мӯе дар намегунҷад.
Ба он лаб, соқиё, гӯӣ, баробар доштӣ майро,
Ки майҳои сабӯ аз завқ дар соғар намегунҷад.
Сиришку оҳ чун дорам миёни чашму дил пинҳон,
Ки дуди ину сели он ба баҳру бар намегунҷад.
Чунон пур кардам аз хуни ҷигар домони мижгонро,
Ки ҷуз хоки кафи пояш ба чашми тар намегунҷад.
Таманнои ту мегунҷад даруни синаву дил бас,
Дар ин ғамхонаҳо дигар ғами дигар намегунҷад.
Камол, аз сар гузар, он гаҳ қадам неҳ дар ҳарими ӯ,
Ки аз бисёрии ҷонҳо дар он дар сар намегунҷад.
Показаны записи 331-340 из 534