Показаны записи 191-200 из 534
Ба бӯи хеш гардон зинда бозам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ба бӯи хеш гардон зинда бозам,
Ҳамекуш соате дигар ба нозам.
Ба шамъ имшаб магар дил ҳамзабон аст,
Ки ӯ месӯзаду ман мегудозам?!
Сари зулфат маро умри дароз аст,
Худовандо, бидеҳ умри дарозам!
Агар кардам назарбозӣ ба рӯят,
Биҳамдиллаҳ, ки боре покбозам.
Ба чашмам кай парад мурғе, ки то боз
Биёрад нома аз сӯи ту бозам?
Камоли хаста, гуфтӣ, чокари мост,
Бад-ин иқбол доим сарфарозам.
Биҳамдиллаҳ, ки дигар бор рӯи дӯстон дидам,
Чу булбул мекунам мастӣ, ки боғу бӯстон дидам.
Ман он мурғи хушилҳонам, ки берун аз қафас худро
Ба иқболи баҳор эмин зи ташвиши хазон дидам.
Фалак гар тофт рӯй аз меҳру баргардид аз ёрӣ,
Фаромӯшам шуд он ҳар ду, чу ёри меҳрубон дидам.
Муроди ман миёни ёр буд, он дар канор омад,
Миёни роҳат афтодам, чу ранҷи бекарон дидам.
Шаби қадре, ки меҷустам ба хобу рӯзи некӯӣ,
Чу он рӯ дидаму он мӯ, ҳам ин дидам, ҳам он дидам.
Замони васл, к-аз дигар замонҳо беҳ ниҳад ошиқ,
Ба рӯи дӯстон ман он замонро ин замон дидам.
Камол, он дам, ки хоҳӣ дид бо ёрони худ худро,
Бигӯ, ин давлат аз юмни шаҳи соҳибқирон дидам.
Боз дар ишқи яке дил ба ғуломӣ додам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Боз дар ишқи яке дил ба ғуломӣ додам,
Хоҷаро гӯ, ки биёяд ба муборакбодам.
Бандаро аз ту чӣ ҷои гила, озодиҳост,
Нест ҷои гила, вақте ки кунӣ озодам.
Ту чу шохи гуливу бе ту маро рух шуда зард,
Манам он барг, ки аз шох ҷудо афтодам.
Бар фалак нолаи ман гӯши малоик кар сохт,
Оҳ, агар дар дили шабҳо шунавӣ фарёдам.
Аз майи ишқи ту соқӣ қадаҳе дод маро,
Ки майи хулду лаби ҳур бирафт аз ёдам.
Бо ту бунёд ниҳам боз тарабхонаи ишқ,
Тоқи абрӯи ту гар барнаканад бунёдам.
Алифи қадди ту он рӯз бизад роҳи Камол,
Ки ба мактаб алифу бе бинавишт устодам.
Боз майи бехудӣ ба рӯи ту хурдем,
В-аз ҳараму дайр азми кӯи ту кардем.
Хоки дари дайру Каъба чанд тавон буд?
Навбати он шуд, ки гарди кӯи ту гардем.
Шукр, ки ҳар шом аз ту бо дили гармем,
Оҳ, ки ҳар субҳ бе ту бо дами сардем.
Гар ҳама дармони мо табиб фиристад,
Кай расад онҳо ба мо, ки мо ҳама дардем?
Рӯй ба мо карда гуна-гуна балоҳост,
То зи ту бо ашки сурху чеҳраи зардем.
Гар варақи умри мо тамом бипечанд,
Мо сари тӯмори дӯстӣ нанавардем.
Дар раҳи ӯ то Камол тӯшаи мо сохт,
Ҷуз ҷигару гурда дарди ҳеч нахурдем.
Бо ту аз дил нишона ёфтаам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Бо ту аз дил нишона ёфтаам,
Хабар аз дузди хона ёфтаам.
Ҳар чӣ гум шуд маро, гумон бар туст,
Ҷӯямат, чун баҳона ёфтаам.
То шудам гум ба кӯи меҳнати дӯст,
Давлати ҷовидона ёфтаам.
Саҷдаҳо кардаам, сари худро
То бар он остона ёфтаам.
Гар наёбам қабули зарбаи теғ,
Шарафи тозиёна ёфтаам.
Бӯсам он лаб било ғарома, ки боз
Дастгаҳ сӯфиёна ёфтаам.
То Камол аз ту шуд зи олам фард,
Дар ҷаҳонаш ягона ёфтаам.
Боз дар он кӯ гузаре ёфтам,
Бар дараш аз Каъба даре ёфтам.
Пеши гадоёни сари кӯи дӯст
Ҳар ду ҷаҳон мухтасаре ёфтам.
Гар назари мардуми муқбил ба мост,
Он зи қабули назаре ёфтам.
Ҷону сару дида чӣ дорем дӯст,
Аз ҳама чун дӯсттаре ёфтам?
Эй, ки гурезад дилат аз доғи ишқ,
Рав, ки туро беҷигаре ёфтам.
Бехабар афтода дар он кӯст дил,
Ин қадар аз дил хабаре ёфтам.
Дил шуду дилбар ба каф омад, Камол,
Гар шаба гум шуд, гуҳаре ёфтам.
Эй бахт, ёрие, ки ба ёрон расониям
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй бахт, ёрие, ки ба ёрон расониям,
Аз тангнои фурқаташон вораҳониям.
Ман мурдаам, на зинда, бад-ин ҳол кас мабод,
Ҳаққо, хиҷолат аст аз ин зиндагониям.
На пурсише, на тоби бақое, на номае,
Ин чашмдошт нест зи ёрони ҷониям.
Хун мехӯрам ба ҷои май, ин аст ишратам,
Ҷонам ба лаб расид, аз ин комрониам.
Бо сад дареғ ҷон ба ҷавонӣ диҳам ба бод,
Гар з-он ки раҳмате накунӣ бар ҷавониям.
Эй бод, ранҷа кун қадаме дар ҳарими шоҳ,
Он гаҳ ба арзи ӯ бирасон нотавониям.
Поям ба даст нест, валекин ба сар давам,
Чун хома боз гар ба хати хеш хониям.
Сидқи Камоли соддадаруну камоли сидқ,
Донам, ки нек дониву беҳ з-ин бидониям.
Эй зангиёни зулфи туро шоҳи Чин ғулом,
Оинадори ҳоҷиби рӯят маҳи тамом.
Шуд равшанам, ки манзили сарв аст ҷӯйбор,
К-аз чашми ман намеравад он сарви хушхиром.
Дил интизори ваъдаи васли ту мекашад,
Мискини дилшикаста, ки дорад хаёли хом.
Ҷонам ба лаб расад, чу зи васли ту бигзарад,
Ояд ба лаб ҳароина, чун бигзарад ба ком.
Чашмам чу дид рӯи ту дар тоби зулф, гуфт:
Субҳи умеди мост, ки шуд пойбанди шом.
Хунаш ҳалол бод, ки бе мӯҷибе кунад
Наззораи ҷамоли ту бар ошиқон ҳаром.
Ҳар кас зи ному нанг тариқе гузидаанд,
Бо ишқи ту Камол баромад зи нангу ном.
Аз лаби ӯ то хабаре ёфтем
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Аз лаби ӯ то хабаре ёфтем,
Оби ҳаёти дигаре ёфтем.
Гарчи ба ҷустан даҳанаш кас наёфт,
Мо лаби ӯро шакаре ёфтем.
Аз паси чандин талаб он шӯхро
Кинаваре, фитнагаре ёфтем.
Бар дили мо гарчи зад аз ғамза тир,
Нест шикоят, назаре ёфтем.
Дар ҳарами васл, ки ҷон асту дӯст
Заҳмати тан, дарди саре ёфтем.
Гарчи гадоему кам аз хоки роҳ,
Бар сари роҳе гуҳаре ёфтем.
Ин ҳама иксири саодат, Камол,
Аз талаби хоки даре ёфтем.
Аз лабу зулфи ӯ нишон ҷустаму бозёфтам,
Оби ҳаёт хӯрдаму умри дароз ёфтам.
Сирри Худост нуқтаи он даҳану дар он сухан,
Воқифи сирри ғайбро маҳрами роз ёфтам.
Роҳравони Каъба, гӯ, бар пайи ман ниҳед пай,
К-аз сари кӯи ӯ раҳе сӯи Хиҷоз ёфтам.
Ҷаннати нася, зоҳидо, ту ба намоз ёфтӣ,
Давлати васли нақдро ман ба ниёз ёфтам.
Чун ба назора омадам рӯзи шикори дилбарон,
Доми дили Сабуктакин зулфи Аёз ёфтам.
Не ту ба бандагони худ ҷавру ситам ҳамекунӣ,
Ҷумла шаҳони ҳуснро банданавоз ёфтам.
Бар сари кӯи дилбарон буд Камол гум шуда,
Гирди дари туаш талаб кардаму бозёфтам.
Нест касро ба ҳусни рӯи ту қил
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Нест касро ба ҳусни рӯи ту қил,
Чӣ тавон гуфт? Равшан аст далел!
Бо лабат чашмро музоиқа чист,
Маст кай дидаӣ ба нуқли бахил?
Мекашад сар зи хоки пои ту зулф,
Рост аст ин сухан, ки куллу тавил.
Fами ту хӯрдам, он гаҳам куштӣ,
Хунбаҳо пешхӯрд кард қатил.
Дили сангини ту ба ҷониби меҳр
Накашад бо ҳазор ҷарри сақил.
Дину дунё фишонд бар ту Камол,
Ки ҳамин дошт аз касиру қалил.
Он даҳонро ба ду лаб қанди мукаррар гуфтем,
Сухани мухтасари хуб чу шаккар гуфтем.
Оразатро, ки шуд аз холу хат олуда ба мушк,
Пеши дилсӯхтагон шамъи муанбар гуфтем.
Чун ба васфи рухи ту рӯз шуд имшаб шаби мо,
Сифати зулфи сиёҳат шаби дигар гуфтем.
Дил зи мушкинии он хол ҳадисе мегуфт,
Чун ба зулфи ту расид, он сухан аз сар гуфтем.
Зикри болои ту гуфтем баробар бо сарв,
Ҳар ду чун зикри баланд аст, баробар гуфтем.
Дида бар хоки дарат кард ба хуноба нигор
Моҷарое, ки шаби ҳаҷр бар он дар гуфтем.
Бо ту аз бими маломат сифати ашки Камол
Гарчи рангин сухане буд, равонтар гуфтем.
Маро, гӯянд, ошиқ карду бедил
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Маро, гӯянд, ошиқ карду бедил,
Чӣ кор ояд маро таҳсили ҳосил?
Ҳадиси оби чашми хеш бо дӯст
Нагуфтам, к-он ҳадисе буд нозил.
Чӣ ахтар буд, к-имшаб бар сарам тохт,
Ки маҳ дар хонаи ман сохт манзил.
Маро чун дид гирён, гуфт: Рафтам,
Ки борон асту хоҳад роҳ шуд гил.
Ба оҳи хастагон дорад басе майл,
Бувад сарви сиҳӣ бо бод моил.
Ба дил гуфтам, ки: ҳеч он зулфи дилбанд
Кушояд мушкили мо? Гуфт: Мушкил? !
Накӯ хонанд моҳи осмонат,
Яқин будаст «алалалқобу танзил».
Дару бомат пур аз дилҳо, аҷаб нест,
Ту айёрӣ, бувад айёр пурдил.
Камол он дам, ки даври реҳлати ӯст,
Нахоҳад бурд ҷуз меҳрат ба маҳмил.
Нест ҷуз дарди саре з-ин дили ғамгин ҳосил,
Бо кӣ гӯям, ки чиҳо мекашам аз меҳнати дил.
Зоҳир он аст, ки аз лаззати ҷон бехабар аст,
Ҳар киро нест дил аз ҷониби хубон моил.
Бирав, эй носеҳу девона макун боз маро,
Ки набошад ба насиҳат дили Маҷнун оқил.
Қосиди куштани мо гаштиву додем ризо,
Хуни мо рехта бе мӯҷибу кардем биҳил.
Нест чун холи ту ҳиндуи муборакрӯе,
Ки ба шодиш бихонанд ҷаҳоне муқбил.
Эй, ки ҳар лаҳза намоӣ раҳи масҷид ба Камол,
Ту рав он ҷову мар ӯро ба харобот биҳил.
Лофи риндӣ мазан, эй зоҳиди покизахисол
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Лофи риндӣ мазан, эй зоҳиди покизахисол,
Дарди он ҳол надорӣ, ба ҳамин дард бинол!
Туву мастуриву саҷҷодаи тоат ҳама умр,
Мову мастиву назарбозиву риндӣ ҳама сол.
Ҳар кас аз моидаи васл насибе талабад,
То киро бахт нишонад ба сари хони висол.
Чашми ҳақдида куҷо толиби фардо бошад?
Толибу ваъдаи дидор, зиҳӣ амри муҳол!
Толиби дӯст, к-аз ӯ дур шуморад худро,
Бехабар ташна ҳамемираду дар айни зулол.
Мо на ошуфтаи нақшем, ки дар обу гил аст,
Назари пок набошад нигарон бар хату хол.
Гарчи нуқсони Камол аз маю шоҳидбозист,
Дар мақоме, ки ҳама ӯст, чӣ нуқсон, чӣ камол.
Маро саргашта медорад хаёли зӯҳди беҳосил,
Биё соқиву магзорам дар ин андешаи ботил.
Маро носеҳ ба ақлу дин фиребад ҳар замон, ёро,
Касе, к-аз ишқ парҳезад, бар инҳо кай шавад моил?
Маломатгӯи беҳосил, ки дарди мо намедонад,
Гаҳам девона мехонад ба нодонӣ, гаҳе оқил.
Ҳанӯз ин тору пуди мо набуд аз обу гил пайдо,
Ки дар кӯи парирӯён дили мо буд подаргил.
Сабо, аз шамъи маҷлис пурс ҳоли сӯзи парвона,
Ки аз аҳволи ҷонбозон бувад наззорагӣ ғофил.
Басе хунҳо, ки аз чашмат миёни чашму дил рафтӣ,
Агар хайли хаёли ту набудӣ дар миён ҳоил.
Як имшаб барфишон доман, Камол, аз меҳри маҳрӯён,
Чаро чандин наёсояд кас аз савдои беҳосил?
Ишқ, ҳарфест, ки дол аст бар оёти камол
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ишқ, ҳарфест, ки дол аст бар оёти камол,
Он кӣ дар қол фурӯмонд, нашуд воқифи ҳол.
Зоҳиди хушк ба инкори муҳиббон ҷон дод,
Гӯ, бихӯр хок, чу маҳрум шуд аз оби зулол.
Варақи илм бигардон, қалами зӯҳд шикан,
Сокини роҳи яқин шав, гузар аз кӯи хаёл.
Ончунон бодаи ишқи ту рабуд аз ҳушам,
Ки надорам сари мӯе хабар аз ҳаҷру висол,
Тан чӣ кор ояд, агар ҷон сӯи ҷонон биравад,
Сел чун рехт ба дарё, чӣ кашӣ ранҷи сафол?
Дили гумгашта зи нуқсони фироқ ояд боз,
Агараш доияи васл расонад ба Камол.
_____________________________________
* Ҳар ҷине ба ҷинси худ моиёл мекунад
_____________________________________
Гар чашми шӯхи туст ба ошиқкушӣ масал,
Мо бар ту ошиқем, биҳамдиллаҳ аз азал.
Дил з-он ки гуфт дар даҳанат нест ҷои нутқ,
Шарманда шуд, чу он сухане буд бемаҳал.
Бо коми пуршакар магаси ангубин зи дур
Қанди лаби ту диду фиканд аз даҳон асал.
Ушшоқро чу ҳусни бутон қиблаи дил аст,
Рӯи ту қиблаи дили мо шуд аз ин қибал.
Чашмам зи гиря рӯ ба харобӣ ниҳодааст,
Оре, фитад ба хонаи мардум зи нам халал.
Моро ба гуфтугӯи ту он зулфу рух фиканд,
Дар ҳалқаҳо зи даври тасалсул фитад ҷадал.
Донад вафову меҳр накӯ ёр бо Камол,
Лекин чӣ ҳосил аст зи илми било амал?
Зоҳиди шаҳрам зи риндӣ мекунад ҳар дам суол
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Зоҳиди шаҳрам зи риндӣ мекунад ҳар дам суол,
Соқиё, май, деҳ, ки ӯ дар сар надорад ҷуз хаёл.
Нолаи дилсӯзу оҳи хастагон бе дард нест,
Эй ки дардат нест, боре аз паи дарде бинол!
Хилвати васл аст, даргир, эй чароғи субҳдам,
То наёбад шамъ роҳе дар шабистони висол.
Борҳо дар ҳасрати боди саҳаргоҳам, ки чун
Бо чунон бетоқатӣ ёбад дар он ҳазрат маҷол?
Ҷон ба рӯят ҳамчу гул, гуфтам, барафшонам равон,
З-он ҳаметарсам, ки таъби нозукат гирад малол.
Бо чунин бахти парешоне, ки дар толеъ марост,
Давлати васли ту мехоҳам, зиҳӣ фикри муҳол!
Гар ту рӯзе аз сагони кӯи худ хонӣ маро,
Худ ҳамин бошад камоли давлату бахти Камол.
Сарв моил ба қади туст, чӣ ҳоҷат ба далел,
Ҳама донанд, ки алҷинсу илал ҷинси ямил.*
Он хати сабзу лаби лаъл, к-аз ӯ серӣ нест,
Сабзии хони Халил асту намакдони Халил.
Менамояд рухат афрӯхтатар аз сари зулф,
Чун чароғе, ки аз ӯ нур фазояд зи фатил.
Равшан аст аз маҳи мо хонақаҳ имшаб, сӯфӣ,
Шамъ биншон ту ба канореву раҳо кун қандил!
Дидаи тира агар гарди раҳат созад кӯҳл,
Хоки пои ту маро дида шавад аз ду-се мил.
Нили Миср аст ду чашми ману ту Юсуфи Миср,
Баҳри наззора, Худоро, бинишин бар лаби Нил.
Мекунад бе ту шикебоии Яъқуб Камол,
Ки ҷамилӣ туву сабр аз ту бувад сабри ҷамил.
Показаны записи 191-200 из 534