Газели


Показаны записи 221-230 из 534

Дило, насими иноят вазид, ҳозир бош

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дило, насими иноят вазид, ҳозир бош! Расид мужда, ки дилбар расид, ҳозир бош! Ба хуфтаи шаби ҳиҷрон, бирав, хабар бирасон, Бигӯ, ки субҳи саодат дамид, ҳозир бош! Зи ҷоми васл аз он қатраҳо, ки ҷонафзост, Ба коми ҷони ту хоҳад расид, ҳозир бош! Зи хоки по-ш ғуборе, к-аз он тараф бархост, Ба дида равшание шуд падид, ҳозир бош! Ба шаҳри ишқ шабу рӯз ид бошаду сур, Мабош ғофил аз ин суру ид, ҳозир бош! Макун зи пиру муриди гузашта чандин фикр, Ту пириву ҳама олам мурид, ҳозир бош! Калиди қуфли дил аз ҳар даре маҷӯй, Камол, Зи дербоз ба туст ин калид, ҳозир бош! Дил, ки дилдоре надорад, дил нашояд хонданаш, Нест ошиқ, гар набошад расми ҷон афшонданаш. Гарчи афтодаст бар хоки раҳаш гулгун сиришк, То маҷоле ҳаст, хоҳам аз паи ӯ ронданаш. Саҳл бошад, гар канори мо гирифт аз гиря об, Бар канори об чун гул гар тавон биншонданаш. Сарв, мегӯянд, аз он қомат ба ҳайрат мондааст, З-он чи мегӯянд, мемонад ба як ҷо монданаш. Хандаи ӯ мекушад моро, сараш бозему ҷон, З-он ки тифл аст ӯ, ба бозӣ метавон хандонданаш. Гар нагардад уд пеши зулфу холаш атрсоз, Хуб мебояд нахустин андаке сӯзонданаш. Пеши рӯи дӯст аз носӯхтан тарсад Камол, Зоҳидо, то кай зи оташ дамбадам тарсонданаш?

Дорад ба саҷда шабҳо маҳ рӯй бар заминаш

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дорад ба саҷда шабҳо маҳ рӯй бар заминаш, Бингар, ки нури тоат меборад аз ҷабинаш. Дар ҳусн дорад оне, аз лутф ҳам даҳоне, Чандон ки бозҷӯӣ, он ҳасту нест инаш. Он лаб ба остинҳо чун пок кард аз май, Нуқлу шакар шуд он ҷо резон зи остинаш. Донӣ чарост ҳамдам холу хаташ ба лабҳо? Бархостанд аз ҷон, гаштанд ҳамнишинаш. Мекард ҷони ошиқ бар дилбарон гаронӣ, Бигзоштанд ӯро, бурданд ақлу динаш. Бе ту куҷо бути Чин якҷо қарор гирад, Гар дасту по бибанданд суратгарони Чинаш? Хуни Камол, гуфтӣ, резам ба хоки ин дар, Ҷо дар биҳишт созад, гар мекунӣ чунинаш. Доли зулфу алифи қомату мими даҳанаш Ҳар се доманду бад-он сайди ҷаҳоне чу манаш. Натавонист қабо рози миёнаш пӯшид, Он қабо буд бурида ба қади пераҳанаш. Бо ҳама домани покиза чу гул ҷуз ба хаёл Пераҳан низ наёраст ба судан баданаш. З-он лаби пуршакарат лутф ҳамебораду ҳусн, Ки бипарвард лаби ӯ ба наботи ҳасанаш. Гӯиё, ғунча ба он лаб зи латофат дам зад, Ки даҳон хурд кунад боди сабо аз заданаш. Бо ту ҳар сарв, ки аз бод ба даъвӣ афтад, Боғбонон сӯи оташ бикашанд аз чаманаш. Оламе рӯй ниҳоданд ба ашъори Камол, Ки хаёлоти латиф аст дар оби суханаш.

Ба мутриб шаб чӣ хуш мегуфт чангаш

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ба мутриб шаб чӣ хуш мегуфт чангаш: Хуш он май, к-аз лаби соқист рангаш. Чу соғар рафта буд аз дасти мутриб, Ба сад тасниф овардам ба чангаш. Чӣ бим аз мӯҳтасиб, бимам зи шиша-ст, Ки метарсам барояд по ба сангаш. Ҷадалҳо кард воиз дӣ ба як маст, Ки танҳо мехӯрад, бинед ҷангаш. Камони абрӯи он турки сармаст Намеафтад хато ҳаргиз хадангаш. Даҳони тангу чашми танг дорад, Бувад з-ин ҷинси хубӣ нанги тангаш. Шабурӯзат, Камол, ин май ба каф бод, Ки гаҳ оина хонӣ, гоҳ зангаш. Чӣ гуфт бо ту, шунидӣ, рубобу уд ба гӯш, Зи кас матарс, ба бонги баланд бода бинӯш! Суруши отифат аз нав навиди раҳмат дод, Муоширон ҳама доданд бӯса бар сару рӯш. Ба хоб шайхи ҳарам дид дӯш мастеро Нишаста бар дари Каъба ба Хизр дӯш ба дӯш. Чу Ҷам ба ҷом қаноат куну Сикандарвор, Ба ҳарза дар талаби ризқи нониҳода макӯш! Ба чашми беҳунарон бода, соқиё, айб аст, Чу зоҳиде гузарад, айби мо биёву бипӯш! Аз он замон, ки ба хумхонаҳо ҳадиси ту рафт, Шаробу чанг намеистад зи ҷӯшу хурӯш. Камол, бо лаби соқӣ зи май макун парҳез, Ҳариф қалбшинос аст, зоҳидӣ мафрӯш!

Он ки мехонанд мардум мардуми чашми манаш

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Он ки мехонанд мардум мардуми чашми манаш, Чашми ман равшан ба рӯи ӯст, гуфтам равшанаш. Бар дили ошиқ зи як-як шеваҳои чашми ӯ Шевае хуштар намеояд зи ошиқ куштанаш. Оҳувонро аз давидан шуд ҷигар хуну ҳанӯз Дарнамеёбанд макри ғамзаи шерафканаш. Пераҳан дар бар нагирад он бадан ҷуз бо хаёл, Покдомонӣ биёмӯзед аз пероҳанаш. Зулфро, гуфтам, бибур, нашнид, бар ошиқ чӣ ҷурм, Гар равад сарҳо ба бод аз ҳар тараф дар гарданаш?! Домани зулфаш гирифтам вақти қатл, он ғамза гуфт: Хунбаҳои худ гирифтӣ, чун гирифтӣ доманаш. Акси шамшерат пас аз куштан гар афтад бар Камол, Ҷон аз аввал тезтар ояд ба сарвақти танаш. Ба хоб он чашми майгун дидаам дӯш, Ҳанӯз аз завқи онам масту мадҳуш. Агар орад зи ман он бевафо ёд, Ман аз шодӣ кунам худро фаромӯш. Сари мӯе ба ҷоне мефурӯшад, Чунин арзон, бигӯедаш, ки мафрӯш. Ҳамекардам бар он дар дӯш фарёд, Саге бонге бизад бар ман, ки: Хомӯш! Ба гуфтори ту гар дур(р) лоф мезад, Гирифт инак ба узри он гунаҳ гӯш. Даҳонаш айби ғунча кард зоҳир, Бад-он айб, эй сабо, доман фурӯпӯш! Камол, аз турраи ӯ барҳазар бош, Ки таррорест доим бар баногӯш.

Он ғамза чу аз реши дил озурд сари неш

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Он ғамза чу аз реши дил озурд сари неш, Хун гашт ба озурдани ӯ ҷону дили реш. Эй дил, ту ғами ашки равон хӯр, на ғами ҷон, Аз омаданӣ фикр кун, аз рафта маяндеш. Хоҳам, ки шавам кушта зи кеши ту ба тире, Чун кеши ту дорам, равам охир ба ҳамон кеш. Ҷон бурдан аз он ғамза чӣ имкон, ки гирифтаст Гесӯи туам аз пасу абрӯи ту аз пеш. Гашти сари кӯи ту ба сар хостам, аммо Нагзошт рақиби ту, ки гардам ба сари хеш. Гуфтӣ: Ту бар он дар ба маротиб камӣ аз хок, Ин мартаба кам нест, ки ҳастам ман аз он беш. То кай ба Камол ин ҳама бим аз дили сангин, Шоҳон сухани сахт нагӯянд ба дарвеш. __________________________________________________ *Дар баъзе нусхаҳои қадима мақтаи ғазал байти зер аст: Гуфт: Бас кардаам ҷафои Камол, Он маро беҳ зи сад вафо, ин бас. __________________________________________________ Он ки зи бегунаҳкушӣ, нест даме надоматаш, Бегунаҳе, ки ӯ кушад, ман бикашам ғароматаш. Лаҳза ба лаҳза дар ситам ғамзаи ӯ қиёмате Мекунаду зи кофирӣ нест ғами қиёматаш. Гӯ, сари зулфи ӯ бикаш парда ба офтобу маҳ, То нафитад ба хоки раҳ сояи сарви қоматаш. Эй ба насиҳат омада, пеши зиҳушрафтаӣ, Рафт зи ҳушу ақл ӯ, то накунӣ маломаташ. Ҷон, ки ҳамеша доштӣ дӯст тараддуди сафар, Дӯстии дари ту шуд доияи иқоматаш. Қибла туӣ, ба порсо чанд кунем иқтидо, З-он ки ба қиблаи хато нест раво имоматаш. Дид Камол дар рухат нури Худо муойина, Шайх, ки ошиқӣ кунад, бошад аз ин кароматаш.

Гуфтамаш: Номи ту? Гуфто: Аз маҳи тобон бипурс

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гуфтамаш: Номи ту? Гуфто: Аз маҳи тобон бипурс. Гуфтамаш: Номи лабат? Гуфт: Ин ҳадис аз ҷон бипурс. Гуфтамаш: Боре нишоне з-он даҳон бо ман бигӯй, Зери лаб хандон шуду гуфт: Аз гули хандон бипурс. Гуфтамаш: Дилҳо, кӣ дуздид он ҳама шаб бо чароғ? Холу хат бинмуда, гуфт: Инҳо аз ину он бипурс. Гуфтамаш: Дар пои ту чун гӯ сарам ғалтон чарост? Гуфт: Бо зулфам бигӯ, яъне ки аз чавгон бипурс. Гуфтамаш: Бар синаи решам ҳазорон захми кист? Гуфт: Гӯ бо ғамзаам, яъне ки аз пайкон бипурс. Гуфтамаш: Дар ғорати чашмон дилам бурдӣ асир, Гуфт: Агар хоҳӣ нишони он зи Туркистон, бипурс. Гуфтамаш: Чун пай барад, андар сари зулфат Камол? Гуфт: Бо боди сабо рав, роҳи ҳиндустон бипурс. Ману дардат, маро даво ин бас, Аз туам шарбати шифо ин бас. Эй, ки дорӣ давои дарди дилам, Он туро бош, гӯ, маро ин бас. Мо ба бераҳмӣ аз ту хурсандем, Назари марҳамат ба мо, ин бас. Мекушиву намекунӣ озод, Бандаро аз ту хунбаҳо ин бас. Сӯхтани ҷони ман чӣ суд, чу ҳеч Накунад ҷони ман, туро ин бас. Ба ҳамин қатъ кун, чу рондӣ теғ, Гунаҳи ишқро ҷазо ин бас. Бар дарат ҷуз Камолро магзор, Ки бар он остон гадо ин бас.*

Соқӣ, ба май барафрӯз имшаб чароғи маҷлис

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Соқӣ, ба май барафрӯз имшаб чароғи маҷлис, Хилват бисоз холӣ аз зоҳиди мувасвис. Зоҳид зи дидаи тар, минбарнишин зи хушкӣ - Пайваста ҳар ду боҳам гӯянд ратбу ёбис. Бори раҳ аст дафтар, дастор низ бар сар, Моро сабақ шуд инҳо аз муфтию мударрис. То хушку тар насӯзӣ, маншин ба дилфурӯзӣ, Парвона сӯхт, онгаҳ бо шамъ шуд маҷолис. Мохулиёи васлаш афтода дар сари мо Ҳамчун хаёли ганҷ аст андар димоғи муфлис. Зулфе чу шаст дорӣ, боре бигир иқдаш, То дил барӣ ба ангушт аз дасти ҳар муҳандис. Чун гӯши худ даҳонат кардӣ, Камол, пурдур, Ин нукта гар шунидӣ Султон Абулфаворис. Гар ба масҷид наравам, қиблаи ман рӯи ту бас, Баъд аз ин гӯшаи меҳроби ман абрӯи ту бас. Узрхоҳони гуноҳони шабонрӯзии ман Fами рӯи туву ошуфтагии мӯи ту бас. Рӯзи маҳшар, ки биёрад ҳама кас дастовез, Мани савдозадаро ҳалқаи гесӯи ту бас. Ҳури ин гар накушояд дари фирдавс маро, Ҳаваси рӯи туву хоки сари кӯи ту бас. Гар шаробам надиҳад соқии ризвони биҳишт, Сархуши наргиси ҷодуи туро бӯи ту бас. Боғбоно, наравам дидани боғи ту, ки шуд Дидаро бо қадаш аз сарви лаби ҷӯи ту бас. Нест ҳоҷат, ки кашӣ теғ ба озори Камол, Ки ба хун рехтанаш ғамзаи ҷодуи ту бас.

Дорам ман аз ҷаҳон ғами ёре, ҳамину бас

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дорам ман аз ҷаҳон ғами ёре, ҳамину бас, Дар сар хаёли рӯи нигоре, ҳамину бас. Мо аз бутони мӯймиёни шакардаҳон Бӯсе тамаъ кунему каноре, ҳамину бас. Савдои ҳар касе зару сим асту они мо Савдои ёри симузоре, ҳамину бас. Бе ӯ ба ҳар чи ҳукм кунад ёр, мекашем, Сабре намекунему қароре, ҳамину бас. З-ин сон, ки хоки роҳ шудем аз гузори ту, Мекун ба хоки роҳ гузоре, ҳамину бас. Лашкар ба қасди мулки дили мо чӣ мекашӣ? З-ин сӯ равона соз саворе, ҳамину бас. Гар мекунӣ ғубор зи чашми Камол дур, Аз хоки по фирист ғуборе, ҳамину бас. Дили ман талабгори ёр асту бас, Аз ин дил ҳаминам ба кор асту бас. Ба доғи фаромӯшиям монду рафт, Зи ёрам ҳамин ёдгор асту бас. Шудам хоку нагзашт бар ман чу бод, Аз ӯ бар дил инам ғубор асту бас. Сари худ бар он пой дорам мудом, Ҳамин давлатам пойдор асту бас. Чӣ судам зи савдои он чашми маст, К-аз ӯ ҳосили ман хумор асту бас. Чӣ бандам бар он ваъда уммед низ, К-аз ӯ баҳраам интизор асту бас. Макун ин ҳама душманӣ бо Камол, Ки мискин ба ҷон дӯстдор асту бас.

Ту зи мо васфи он ҷамол мапурс

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ту зи мо васфи он ҷамол мапурс, Лаби ӯ бину аз зулол мапурс. Ақл гуфто: Ба рӯӣ ӯ чунӣ? Гуфтамаш: Рӯй бину ҳол мапурс. Гуфтаӣ: Дар раҳи кӣ рафт сарат? Чун шуд ин қисса поймол, мапурс. Эй дил, аҳволи дарди худ зи табиб Чун набошад туро маҷол, мапурс. Бо ту, эй бевафо, кӣ гуфт дигар, Ки ҳама умр аз Камол мапурс?! Хаёли холи лабаш мекунам ба хоб ҳавас, Агарчи хоб наёяд ба чашми кас зи магас. Ба арзадошт навиштам, ки хуни банда бирез, Хаташ намуд тақаббул, лабаш ситонд нафас. Саре, ки пеши ту дорам бар остон, ҳақи туст, Манам, ки аз ҳама олам сари ту дораму бас. Салои даъвати хубӣ бизан, ки ҳаст имрӯз Хати ту сабзии хони Халилу холи адас. Ду чашми маст сияҳ кардаӣ ба сӯхтанам, Масоз хонаи мардум сияҳ, масӯз ин хас. Камони абрӯи шӯхи туро зи тири мижа Чу буд новаки беҳад, расид бар ҳама кас. Камол ҳаст қарин бо рақиби хонасиёҳ Чу тӯтие, ки ба зоғаш кунанд асири қафас.

Ёр берун нашуд зи хона ҳанӯз

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ёр берун нашуд зи хона ҳанӯз, Ҳаст сарҳо бар остона ҳанӯз. Он ҳумое, ки соягустари мост, Бол накшуд аз ошёна ҳанӯз. Рафта бар осмон дуои ҳама, Ҳоҷати ошиқон раво на ҳанӯз. Партави рӯи ту ҷаҳоне сӯхт, Назада оташе забона ҳанӯз. Нестии даҳон-ш қатъӣ нест, Сухане ҳаст дар миёна ҳанӯз. Тири он ғамза бар дил омад рост, Рост нокарда бар нишона ҳанӯз. Гӯшҳо пур шуд аз ҳадиси Камол, Нашунид он дури ягона ҳанӯз. Аз ёр дину дунё бошад муроди ҳар кас, Мегӯй ҳар чӣ хоҳӣ, ман ёр хоҳаму бас. Ҷон дид он рух, он гаҳ донист, к-аз чӣ сӯзад, Ин нукта ҷуз ба оташ равшан нагашт бар хас. Гар мекушад касонро наздики худ, чу бинад, Аз пеши ӯ нахоҳад рафтан касе аз ин пас. Гӯяд: Расӣ ба он лаб, гар ҷон ба лаб расонӣ, Гӯ: Ҷони ташнаи мо з-он орзӯ ба лаб рас. Дур аз ту мо- ғарибон гар бекасем, шояд, Чун нестем ҳамдам ҷуз бо рақиби нокас. Акси ҷамолат афтад гаҳ-гаҳ ба кӯи дилҳо Чун партави таҷаллӣ бар водии муқаддас. Зебад, Камол, хирқа бар қомате, ки ояд Дар чашми ҳиммати ӯ яксон палосу атлас.

Показаны записи 221-230 из 534