Газели


Показаны записи 211-220 из 534

Ба нийяте, ки бар он дар барем саҷдаи хос

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ба нийяте, ки бар он дар барем саҷдаи хос, Ҳамеша фотеҳа хонем аз сари ихлос. Дило, чу толиби васлӣ, зи оби дида манол, Ки дур ба чанг наояд, чу дам занад ғаввос. Муроди ҳар ду ҷаҳон ёфтам ба давлати дӯст, Даме, ки ёфтам аз меҳнати рақиб халос. Лаби ту кушт маро, соқиё, ба расми фидо Бирез хуни суроҳӣ, ки валҷуруҳу қасос. Ба зоҳидон нарасад бӯи ту, ба риндон низ, Авомро чӣ расад, чун намерасад ба хавос? Ҳадиси симузорон карон гарон шунаванд, Гирифтаанд магар гӯши порсо ба расос? Камол шаҳр гирифтӣ ба қиссаҳои ғариб, Ки омгир бувад дар сухан маонии хос. Куҷо кунанд ба теғ аз ту ошиқон эъроз? Зи шамъ ёрии парвона кай бурад миқроз? Биё, ки бар ту кунам арзи сӯзу дарди ниҳон, Ки аз табиб напӯшанд хастагон амроз. Ба лаълу дур накунад нисбат он лабу дандон Касе, ки лутфи ҷавоҳир шиносад аз аъроз. Дило, кадом риёзат бувад қавитар аз он, Ки як замон бинишинӣ ба зоҳиди муртоз? Саводи чашми ман аз гиря шуд тару абтар, Кунун муҳаррири ашкам ҳамебарад ба баёз. Чу бӯи дӯст шунидему кӯи ӯ дидем, Дигар ҳавои раёҳин чаро кунему риёз? Ту мустаъиди назар шав Камолу қобили файз, Ки мунқатеъ нашавад файз ҳаргиз аз файёз.

Нестам дастраси он, ки бибӯсам пояш

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Нестам дастраси он, ки бибӯсам пояш, Сар бирафту зи сари ман наравад савдояш. Ошиқ аз сирри дили хеш наёрад ба забон, Худ гувоҳӣ диҳад аз сирри дарун симояш. Шуд чунон гарм ба рухсори худ он шамъи Чигил, Ки ба парвонадилон нест дигар парвояш. Ҷои он аст, ки чун соя равад сарв зи ҷой, Гар бигӯянд ба бустон сифати болояш. Тӯтӣ аз гуфтаи мо қанди мукаррар чинад, То бирондем ҳадис аз лаби шаккархояш. Ҳоли бедории шамъ аз дили ранҷур бипурс, Ки чӣ омад ба сар аз дидаи шабпаймояш? Гӯ, қадам ранҷа кун он сарв ба сарвақти Камол, Ки саре дораду хоҳад, ки ниҳад бар пояш. Ёри хирмансӯзи ман, гӯ, рӯи гандумгун бипӯш, Варна хохад сӯхт хирман ҳар киро ақласту ҳуш. Рӯи гандумгун намуду ҷони мо як ҷав фурӯхт, Аз чӣ шуд ёр инчунин гандумнамои ҷавфуруш?! Шоҳидон аз гӯшҳо карданд дурҳоро раҳо, Бар ҳадиси нозукат як-як чу бинҳоданд гӯш. Сӯфии пашминапечаш гар бубинад печи зулф, Афканад саҷҷодаи тақвӣ чу зулфи ӯ зи дӯш. Баски рухсори ту дилҳо бурду бар оташ ниҳод, Об дар дарёи чашми ошиқон омад ба ҷӯш. Зулфи ӯ умр асту он кас ёбад он умри дароз, К-аз лабаш бар ваъдаи бӯс оби ҳайвон кард нӯш. Булбулон бар шохаҳо карданд з-он боло ҳадис, Аз дарахтони чаман бархост афғону хурӯш. Қиссаҳо хондиву нашнид аз ту ҳам ҳарфе, Камол, Андалеб аз сад варақ баргуфт ҳолу гул хамӯш.

Май мерасад аз боғ, ба хидмат бираседаш

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Май мерасад аз боғ, ба хидмат бираседаш, Пӯшида ба хилватгаҳи ишрат бикашедаш. Норехта дар коми сӯроҳӣ зи лаби хум, Бо ёди лаби ёр нахустин бичашедаш. Аз бода лаби ҷом лаби оби ҳаёт аст, Дар зулмати ғамҳо чу Сикандар талабедаш. Он ҷавҳари розе, ки зи май маҷлисиёнрост, Гар шамъ барорад ба забон, сар бибуредаш. Мутриб магузоред, ки бекор нишинад, Пашмина фурӯшеду бирешим бихаредаш. Эй мӯҳтасиб, ин фитна ҳама дар сари чанг аст, Фармой, ки некӯтар аз ин ҳам бизанедаш. Бо бутшиканон гӯй, Камол, аз сари ихлос, К-ин тавба бути роҳи ман омад, шиканедаш. _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад. _____________________________________ Нишони шабравон дорад сари зулфи парешонаш, Далели равшан аст инак чароғи зери домонаш. Ҳар он шамъе, ки дар маҷлис ниҳӣ бо рӯи ӯ, соқӣ, Чу худро дар миён бинад, равон бархезу биншонаш. Дили реш арчи рози худ зи ҷон дар парда медорад, Набошад бар ту пӯшида ҷароҳатҳои пинҳонаш. Ба чавгони сари зулфаш, сабо, мекун накӯ бозӣ, Вале, зинҳор, бозӣ нест бо гӯи занахдонаш. Ба рӯят даъвии хубӣ чу домангир шуд гулро, Бар ин тӯҳмат намедорад сабо даст аз гиребонаш. Сари зулфи сумансои ту товусест, пиндорӣ, Ки пои баста медоранд дар саҳни гулистонаш. Бигӯ, эй сарвқад, хуш дор чун ман андалеберо, Ки дар қарне ба даст ояд чу ман мурғи хушилҳонаш. Камол, ар як сухан з-ин шеър дар хоки Ироқ афтад, Чу мӯ дар айни борикӣ бичинад чашми Салмонаш.

Маро ба гуфти касон чун қалам марон аз пеш

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Маро ба гуфти касон чун қалам марон аз пеш, Ки ман зи дасти ту хоҳам гирифт худ сари хеш. Чу дил ҳадиси ту гӯяд, зи дида хун бичакад, Равад ҳароина хун, чун даҳан кушояд реш. Агар ба реши дилам неш тез дарнигарад, Дар он назора ба ҳайрат фурӯ равад сари неш. Ба дасти ғамза равонтар равона кун тире, Ки сабри он накунад дил, ки баркашӣ аз кеш. Ба ҳалқаҳои ғуломӣ маро гарон шуд гӯш, Чунон ки нашнавам ин бор панди некандеш. Дило, биёр дилу ҷон ба расми дарвешӣ, Ки бемуомала ояд муриди нодарвеш. Мазиди ҷавр зи дил кам накард меҳри Камол, Чаро ки ҷаври ту беш асту меҳр беш аз беш. Ман бода мехӯрам, чӣ кунам, гӯ, ҳаром бош!* Зоҳид бирав ту, дар пайи номусу ном бош! Хоҳӣ, ки бар хурӣ ду-се рӯзе зи умри хеш, Тарки салоҳ гиру хароби мудом бош! Бигзор роҳи Каъбаву бутхона қибла соз, Аз нангу ном бигзару бо чангу ҷом бош! Зоҳид, риёву фисқи ниҳонӣ на кори туст, Эй нотамом, дар ҳама коре тамом бош! Хоҳӣ, ки пеши зиндадилон мӯҳтарам шавӣ, Дар майкада муҷовири байтулҳаром бош! Мо нангарем маърифати хосу омро, Ту дар пайи шинохтани хосу ом бош! Шероз ҷои мардуми соҳибкамол нест, Ҳон, эй Камол, озими Доруссалом бош!

Мо ба шодии чаҳоне нафурӯшем ғамаш

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Мо ба шодии чаҳоне нафурӯшем ғамаш, Давлат ин аст, ки мо ёфтаем аз ситамаш. Соҳиби дард шиносад, ки чӣ лаззат дорад Он ҳаловат, ки ба маҷрӯҳ расад аз аламаш. Ту ба суратгари Чин бознамо орази хеш, То хатат бинаду аз даст бияфтад қаламаш. Ҳар ки ошуфтаи он силсилаи мушкин нест, Кардаанд аҳли муҳаббат ба ҷунун муттаҳамаш. Солик он аст, ки ҳар дам зи сари роҳи вуҷуд Бибарад ҷозибаи ишқ ба кӯи адамаш. То қадам бар сари ҳастӣ наниҳад мард, Камол, Кас нахонад ба ҷаҳон ошиқи собитқадамаш. Чун қалам бар варақи ишқ нашуд ҳарфшинос, То нашуд пок зи дебочаи ҳастӣ рақамаш. ______________________________________ * ҳарқат ва ҳурқат – сӯзиш, таб, ҳарорат. ______________________________________ Мо ба фарёд омадем аз нолаи шабҳои хеш, Пурсише мекун зи ранҷурони шабпаймои хеш. Бо ҳама хандонлабӣ бар ман бигиряд шамъи ҷамъ, Гар бар ӯ пайдо кунам ин сӯзи нопайдои хеш. Ман, ки беқиматтарам пеши касон аз хоки роҳ, Худфурӯшиҳо кунам, гар хониям мавлои хеш. То ба болои баландат сар фуруд овардаам, Сарбаландам, ростӣ, аз ҳиммати волои хеш. Сарв бар тарфи чаман вақте ба ҷои хеш буд, То ту сӯи ӯ бирафтӣ, сарв рафт аз ҷои хеш. Ҳусну зебоӣ баногӯши туро зебад, ки ёфт Хилъати савдои зулфат рост бар болои хеш. Ҳам ба хоки по-т, к-аш бар дида биншонад Камол, Гар фиристӣ сӯи ӯ гарде зи хоки пои хеш.

Гунаҳи дида гарон аст, ки кардам нигаҳаш

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гунаҳи дида гарон аст, ки кардам нигаҳаш, Дил наяфтод шабу рӯз ба ҷуз дар гунаҳаш. Рӯи ӯ моҳи тамом, абрӯи ӯ моҳи нав аст, Дидаме ҳар ду, агар дида шудӣ маҳ ба маҳаш. Чун равам бар асари ӯ, марав, эй соя, ба ман, Ки таҳаммул накунад бори гарон хоки раҳаш. Гар ба ашкам назар афкандиву шуд чашми ту сурх, Боз бар рӯи рақиб афкану гардон сияҳаш. Дил дарафтод бад-он чоҳи зақан, чашм ба зулф, Ба расанҳои бурида кӣ барорад зи чаҳаш? Ҷон бар ин аст, ки танҳо хӯрад андешаи ту, Дил дар андешаи он низ, ки надҳад фараҳаш. Аз ту бӯсе талабидаст ба дарюза Камол, То кай ин бухл? Ту дашном, ки дорӣ, бидеҳаш. Лоуболеро агар сомон набошад, гӯ, мабош!* Бутпарастеро агар имон набошад, гӯ, мабош! Дигаре гар бар сари ҷон мекушад худро, равост, Ман ба ҷонон зиндаам, гар ҷон набошад, гӯ, мабош! Кори васли ӯ агар осон барояд, давлатест, Варна гар кори дигар осон набошад, гӯ, мабош! Чун намехоҳам, ки бошам як замон бе дарди ӯ, Бо чунин дарде гарам дармон набошад, гӯ, мабош! Ошиқонро чун ба дарде завқи олам ҳосил аст, Дар ҷаҳон гар чашмаи ҳайвон набошад, гӯ, мабош! Гар ба зоҳир душманӣ бо мову дар дил дӯстӣ, Ман бад-ин розӣ шудам, гар он набошад, гӯ, мабош! Бар гадову подшо чу ранҷу роҳат бигзарад, Гар гадоро неъмати султон набошад, гӯ, мабош! Гар Камол аз ишқи рӯяш бесарусомон шудаст, Ошиқонро гар сару сомон набошад, гӯ, мабош! Бар сари майдони ишқ ин нафси кофиркешро Мекушам, гар лоиқи қурбон набошад, гӯ, мабош! _______________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад. _____________________________________________ Лаб мегазад, чу чашм кушоям ба диданаш, Хуштар зи дидан аст маро лаб газиданаш. Ларзон дилам зи бими ҷудоист ҳамчу барг, Бингар зи шох ларза ба вақти буриданаш. Чандон ки бо қадат сифати сарв мекунанд, Паст аст ин сухан, натавонам шуниданаш. Чун сайд аз кашидани дом уфтад ба банд, Доми дил аст зулфи ту, хоҳам кашиданаш. Дил дар каманди зулфи ту, гӯ, мекун изтироб, Сайёдро зи мурғ хуш ояд тапиданаш. Дар ҷон чу дарди ишқи ту оромгоҳ сохт, Дармон мабодам, ар талабам орамиданаш. Сокин накард гиря зи дил ҳарқати* Камол, Сӯзи кабоб кам нашуд аз хун чакиданаш.

Касе, ки дил тарафи зулфи ёр мекашадаш

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Касе, ки дил тарафи зулфи ёр мекашадаш, Агар фиканд дар он ҳалқа даст, мерасадаш. Рухи ту сӯхт ба хат ҷону дудҳо бархост, Дигар ба хоки муанбар чӣ доғ мениҳадаш? Каманди зулфи ту афтода аз қафо чӣ накӯст, Чу нек буд, касе аз қафо нагуфт бадаш. Ту сайд гиру раҳо кун ба дигаре, ки кушад, Ки зиндатар шавад, ар мекушӣ ба дасти худаш. Даҳони танги шакархандаяш чунон карданд Пур аз шакар, ки зи лабҳо набот медамадаш. Ба пой зад ба сари ошиқ ончунон ки фитод, Зи по чӣ гуна наяфтад, чу бахт зад лагадаш? Дили Камол ба нозу карашма бистаду гуфт, Ки боз бо ту диҳам, лек дил намедиҳадаш. Гар зулфи дароз афканӣ аз тарфи баногӯш, Бисёр сар афтад ба қадамҳои ту аз дӯш. Ҳар гаҳ, ки ба васфи ду рухи хуби ту афтам, Дорам чу сари зулфи ту аз ҳар ду тараф гӯш. Натвон ба забон бо ту ғаме гуфт, чу нома Аз дасти ту бар хеш ҳамепечаму хомӯш. Чандон ки бигӯяд, наравам аз сари кӯяш, Гар з-он ки равам аз сухани ӯ, равам аз ҳуш. Чун фотеҳа бар хони висол он лаби ширин Ҳаргиз чу намехонд маро, кард фаромӯш. Эй ошиқи хом, аз лаби ӯ нӯш, на аз ҷом, Боре зи майе нӯш, ки бошад ҳамагӣ нӯш. Май нӯш Камол ин даму мепӯш зи зоҳид, Бар рағми мухолиф ба хушӣ мехӯру менӯш.

Сарв девона шудаст аз ҳаваси болояш

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Сарв девона шудаст аз ҳаваси болояш, Меравад об, ки занҷир ниҳад бар пояш. Дошт аз об чу гул оина дар пеши ҷамол, Об шуд оина аз шарми рухи зебояш. Пеши ман қиссаи ошиқкушии ӯ макунед, Тарсам, ин бишнавам, аз дил биравад ғамҳояш. Гар буранд аз паи савдош сари ман чу қалам, Бартарошам саре аз нав, бикашам савдояш. Зери по то нашавад хаста зи ман хоки раҳаш, Кардаам чун мижа бар дидаи равшан ҷояш. Даҳанат дузди дили мост, ба ӯ пинҳонӣ Гар забони ту яке нест, ба мо бинмояш. Гуфтаӣ: Бе рухи мо кори ту сабр аст, Камол! Ин намеояд аз ӯ, кори дигар фармояш. Шӯхе, ки кушад ошиқ, наздики ман оредаш В-ар хуни ман аз шӯхӣ резад, бигузоредаш. Ман куштаи он рӯзам, к-аз хашм ба каф теғе Гӯяд ба рақибонам: Барбаста биёредаш! Тухме, ки аз ӯ рӯяд дар дил ғами дилдоре, Тан хок кунед, он гаҳ дар сина бикоредаш. Дорам ҳаваси холаш, гӯед ба он лабҳо Ман хокаму ӯ дона, бо ман бисупоредаш. Моҳ аст, агараш майле афтад ба баландиҳо, Бар боми ду чашми ман гиреду бароредаш. Гар нақши кафи пояш бар об тавон бастан, Ҳайф аст ба хоки раҳ, дар дида нигоредаш. Бо он ки Камол омад пеши ту зи хас камтар, Дар чашми рақиб аз хас камтар машуморедаш.

Рафтӣ зи барам оқибат, эй шӯхи ҷафокеш

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Рафтӣ зи барам оқибат, эй шӯхи ҷафокеш, Аз дида бирафтиву нарафтӣ зи дили реш. Дар кӯи ту чандон ки бидидем зи гиря, Ҷуз ашк надидем, ки коре равад аз пеш. Гар менагузорӣ, ки сари зулфи ту гирем, Чун зулфи ту, бигзор, ки гирем сари хеш. Чандон ки ба гул хотири булбул нигарон аст, Дорам ба ҷамолат нигаронӣ ман аз он беш. Дӣ кардам аз он ғамза шикоят, лаби ӯ гуфт: Дорӣ ҳаваси нӯш, маранҷ аз алами неш. То кай кунӣ андешаи озори дили ман? Эй марҳами ҷонҳо, зи дили реш бияндеш! Бар ҷони Камол ин ҳама бедоди ту то чанд? Шоҳон написанданд ситам бар дили дарвеш. Зиҳӣ, кашида камон абрӯи ту то буни гӯш, Дамида сабзаи хаттат ба гирди чашмаи нӯш. Рухи ту шамъи шабистону ишқи мо дар тоб, Лаби ту чашмаи оби ҳаёту мо дар ҷӯш. Кунун, ки шамъи ҷамолат чароғи ҳусн афрӯхт, Дигар ба турраи мушкин рухи чу моҳ мапӯш. Куҷост мутрибу соқиву ҷоми май, к-ин дам Барорад аз дили мастон садои нӯшонӯш? Ниҳодам аз сари мастӣ инони тақвиро Зи дасти наргиси мастат ба дасти бодафурӯш. Агарчи дурри хушоб аст гуфтаҳои Камол, Вале чӣ суд, ки як дур намекунӣ дар гӯш.

Дили мискин, ки мебинӣ аз ин сон бе зару зӯраш

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дили мискин, ки мебинӣ аз ин сон бе зару зӯраш, Ба хоки майкада карданд хубон муфлису ураш. Шароби лаъл менӯшам ман аз ҷоми зумуррадгун, Ки зоҳид афъии вақт асту месозам бад-ин кӯраш. Ба қасди ҷоми мо дар даст дорад сангҳо, ё раб, Намонад мӯҳтасиб в-онҳо бимонад бар сари гӯраш. Зи ҳоли рафтагони мо дигар бо мо магӯ, соқӣ, Ки дорад бодаи талхи ту оби дидаҳо шӯраш. Сулаймон ку, ки дар ҷавви ҳаво маҳдаш кашидандӣ, Кунун ҷав-ҷав шуд андар хоку ҳар сӯ мебарад мӯраш. Ҷаҳону ҷумла лаззоташ ба занбӯри асал монад, Ки ширини-ш бисёр асту з-он афзун шару шӯраш. Камол аз заъфи тан чун шамъ дорад зарфишон чеҳра, Муяссар кай шавад васли бутон бо ин зару зӯраш? Рафт ёри ману бигзошт маро бо дили реш, Ошно ношуда, бегона шуд аз ошиқи хеш. Нӯш нокарда ҳанӯз аз майи васлаш ҷоме, Хӯрдам аз фурқати ӯ бар дили реш ин ҳама неш. Қосиде ку, ки биёрад хабари омаданаш, То фиристам бари ӯ ҷону дили хаста зи пеш. Гар такаббур кунаду ноз ба ман, мерасадаш, З-он, ки ӯ мӯҳташам асту мани мискин дарвеш. Он камонгӯшаи абрӯ чӣ балоест, зиҳӣ, Ки баровард маро рост чу тир аз ҳама кеш. Ҷои он аст, к-аз андешаи дурии ту боз Сар барорад ба ҷунун ақли мани дурандеш. Ҷамъ буд аз ту пароканда дили реши Камол, Боз рафтию парокандӣ намак бар дили реш.

Показаны записи 211-220 из 534