Показаны записи 241-250 из 534
Маро гӯӣ: Бимир, аз ман чӣ тақсир
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Маро гӯӣ: Бимир, аз ман чӣ тақсир?
Зи чандон дилбарӣ як ноз кам гир.
Хушо хилватгаҳе, зулфат ба дастам,
Хуш ояд хилвати ишрат ба занҷир.
Сагам хондӣ, зи саг боре чӣ ояд,
Ки аз вай ёд меорӣ ба таҳқир?
Насиҳат кард ақлам, дил чӣ хуш гуфт:
Бидон, эй рустоӣ, ҷои тазкир!
Ба ҳар тире, ки хоҳӣ дӯхт чашмам,
Ман аввал чашм медӯзам бар он тир.
Бимирам бо лаби пурханда филҳол,
Чу шамъ ар гӯиям дар пеши ман мир.
Агар мирад Камол аз ишқи он рӯй,
Ба рӯҳи поки ӯ гӯед такбир.
Мо дар ин шаҳр малӯлему аз ин қавм нуфур,*
Дур аз ин ҷамъи парешону зи дилҳо шуда дур.
Ба кӣ бандам дилу дар рӯи кӣ бикшоям чашм,
На дилором рафиқе, на ҳарифе манзур.
Ғайбате нест дар ин, лек ба ғоят бирасид
Ғайбати аҳли дил аз сӯҳбати арбоби ҳузур.
Давр даври гулу айёми нишот асту баҳор,
Чун тавон буд дар ин давр зи ёрон маҳҷур?
Рӯ ба роҳ ор чу мардону зи сар соз қадам,
Варна, ҳаққо, ки ту аз ақл набошӣ маъзур.
Танам аз рӯҳ бимонд, аз паи он ҳур бирафт,
Оҳ, аз ин хаста чӣ ояд ба ҷуз аз аҷзу қусур?
Нурам аз дида бирафтасту чу Юсуф биравад,
Лоҷарам дидаи Яъқуб бимонад бе нур.
Ноумед аз карами ҳақ натавон буд, Камол,
Моҳи пинҳоншударо ҳам бирасад вақти зуҳур.
Оқибат оқибати кор ба хайр анҷомад,
Охируламр мубаддал шавад ин ғам ба сурур.
Ношиносе ду-се гӯсолапарастанд, чӣ суд?
Сабр кун, то бирасад Мӯсии Имрон аз Тур.
Дару девори ҷаҳон нури таҷалливу ба шаб
Ба гили тира чунин нур намонад мастур.
__________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори
нахуст ба хати имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
__________________________________________
Магир тарки ҷафову бикун ҷафои дигар,
Ки бошад аз ту ҷафои дигар, вафои дигар.
Бало фиристиву ман боз баста дил ба умед,
Ки аз ту боз расад бар сарам балои дигар.
Саре, ки доштам, андохтам ба пои ту, ҳайф,
Ки нестам сари дигар барои пои дигар.
Гадоӣ аз ту ҳамин бошадам, ки нагзорӣ,
Ки бар дари ту равад ғайри ман гадои дигар.
Дуои мурдани ман мекунӣ, чӣ ҳоҷати он,
Бақои дарди ту бодо, бикун дуои дигар!
Агарчи нисбати рӯят ба офтоб кунанд,
Ту ҷои дигариву офтоб ҷои дигар.
Камол, ҳусни табиат ҳамин бувад, ки туро
Варои дидани он рӯй нест, рои дигар.
Зиҳӣ, чу Каъба туро сад ҳазор сар дар дар
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Зиҳӣ, чу Каъба туро сад ҳазор сар дар дар,
Дилат ба бар ҳаҷаруласвадест дар мармар.
Нагуфта номи лаби нозукат ба ҷуз ҷон ҷон,
Надида лоиқи хоки дарат ба ҷуз сар сар.
Зи нозукӣ хати ту сар бупечад аз райҳон,
Ба ҳамдамӣ қади ту ор дорад аз ар-ар.
Кабуду сурх барояд чу барги гул аз лутф,
Агар зи пераҳанат сояе фитад бар бар.
Ҳазор бор фузун гирди худ баромад абр,
Надид аз мижаи селбори мо тартар.
Баҳои бӯс, ки гуфтам, чӣ медиҳӣ, пурсид?
Дубора гуфтамаш: Эй умри ройгон, зар, зар!
Равон-равон зи дили реш он чӣ гуфта Камол,
Навишта бар варақи чеҳра ашки мо фар-фар.
__________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори
нахуст ба хати имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
__________________________________________
Гар қабули ту фитад аз мани бедил сару зар,
Ҳар ду пеши ту фиристам маъа шайин охар.
Шаб, ки меҳмони ман оӣ, мани дарвеш зи оҳ
Созам аз баҳри ту бирён ҳама мурғони саҳар.
Бас кун, эй боди сабо, ин ҳаракатҳои хунук,
Чанд кардан ба ҳавои худ аз он сӯй гузар?
Ончунон ганҷи хаёли ту ғанӣ сохт ду чашм,
Ки бируфтанд ба ҷорӯби мижа лаълу гуҳар.
Сифати қанди лабат кард мукаррар тӯтӣ,
Писта гуфташ: Ба адаб гӯ сухану мағз мабар!
Холҳо бар лаби ширини ту донӣ чӣ бувад?
Нуқтаҳое, ки ниҳоданд ба болои шакар.
Дид чашмони ту дар даври руху гуфт Камол:
Фитнагар мардумаконанд дар ин даври қамар.
Диле дорам зи чашмат нотавонтар
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Диле дорам зи чашмат нотавонтар,
Вуҷуде аз миёнат бенишонтар.
Чу ашкам дар канор, эй дурри сероб,
Агар оӣ шабе, боре равонтар.
Дил аз чашми ту худ будӣ чунон маст,
Чу кардӣ як назар, гашт ончунонтар.
Миёнат, гӯиё, розест ғайбӣ,
Ки аз сирри замир омад ниҳонтар.
Ба меҳрат гар бисанҷам зарраеро,
Ҳанӯз он зарраам ояд гаронтар.
Рақибат меҳрубониҳо намояд,
Вале аз мо набошад меҳрубонтар.
Маяфшон аз Камол, эй бевафо, даст,
К-аз ӯ ошиқ наёбӣ ҷонфишонтар.
Зи савдои сари зулфат чу занҷир *
Шудам девона чун Маҷнун, чӣ тадбир?
Муриде қадри ин маънӣ бидонад,
Ки рӯзе карда бошад хидмати пир.
Аз он дорам ҳавои сарви қаддат,
Ки ғайр аз ростӣ завқ асту тазвир.
Бувад маъвои пайкони ту ҷонам,
Агар бар дил занӣ з-он ғамза сад тир.
Агар наққош дидӣ нақши рӯят,
Куҷо кардӣ дигар даъвои тасвир?
Чу уд аз оташи шавқат ба оҳанг
Гаҳе бам бошадам нола гаҳе зер.
Ба доми зулфи ту масте дарафтод,
Зи по афтодаам, аз роҳ баргир!
Камол, аз васли ӯ дар айш мебош,
Бигӯ, ҳосид дар ин андӯҳ мемир!
Дил дигар ғам дорад аз ту, ҷон дигар
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дил дигар ғам дорад аз ту, ҷон дигар,
Сина дигар, хотири пажмон дигар.
Ин чӣ ашк аст ин? Маро борони чашм!
Ашк дигар бошаду борон дигар.
Ин чӣ ханда, ин чӣ хуш ширин лабест,
Лаб дигар бошад, гули хандон дигар.
Носеҳам гуфто: Ба хубон дил манеҳ!
Эй Худо, ақлаш бидеҳ, ё он дигар.
Эй хуш он соат, ки ту дашноми ман
Гӯиву ман гӯямат: Эй ҷон, дигар!
Мо ба дилбанд аз азал бастем аҳд,
Аҳди ӯ кардан дигар натвон дигар.
Дар вафо кам хонд он маҳро, Камол,
Инчунин маҳбубро кам хон дигар.
Дил рафту намонд ақлу тадбир,
Дилбар ба ҷафо накард тақсир.
Оред ба ман насими он зулф,
Доред маро нигаҳ ба занҷир.
Бод аст ба гӯшу ҳуши Маҷнун
Панди падару насиҳати пир.
Тадбири қатили ишқ теғ аст,
Боз о, ки ба дасти туст тадбир,
Чун ошиқи хастадил ба болот
Бар тири ту ҷонфишонда нахҷир.
Бар хони балои дӯст, эй ҷон,
Хунҳо хӯру залла низ баргир.
Магзор, Камол, бахши дил ҳеч,
Бар ғоиб гуфтаанд такбир.
Дорам андак рӯшноӣ дар басар
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дорам андак рӯшноӣ дар басар,
Бе ҷамоли ӯ, вале фиҳин назар.
Чашми муштоқе ба роҳи интизор
Хок шуд в-аз хуни дида хоки тар
Сурх гардад ҳар кӣ ӯ ҳар сӯ равад,
Ашки мо сурх аз давидан шуд магар?
Ишқи ӯ афтода дар дилҳои мост
Ҳамчу масте дар дукони шишагар.
Ман шакарҳо хӯрдам аз шаккарлабаш,
Рост фармуданд: «Таҷзӣ ман шакар».
Шаб задам сар бар дару девори ӯ,
Чун саҳар шуд, боз бурдам дарди сар.
Гиря бедодаш нашуст аз дил, Камол,
Ло язил алмоу нақшан филҳаҷар.
Дардо, ки рафт умру накардем ҳеч кор,
Соқӣ, биё, ки кор ту дорӣ, шароб дор!
Эй чашмасори чоҳи ҷавонӣ, ба ташнае
Обе бидеҳ, ки пир шавӣ, эй умедвор!
Ту шаҳриёри ҳусниву шаҳри қадими туст
Дилҳои беқарор, ки кардӣ дар ӯ қарор.
Чашми рамадгирифтаи мо бар ту гар фитад,
Аз мардуми заиф фитодан аҷаб мадор.
З-он дам, ки сӯҳбати ту маро ихтиёр шуд,
Карданд ақлу ҳуш зи ман сӯҳбат ихтиёр.
Пирони кордида шиносанд кадри ҳусн,
Дар рӯзгори ҳусни ту моем пири кор,
Покизарӯй чун гулу покизадоманӣ,
Шоистаи ту ошиқи покизарӯзгор.
Дар дил нишон муҳаббати холаш ба бӯи зулф,
То хӯшаҳо ба даст кунӣ, донае бикор.
Гар бингарад равонии оби сухан, Камол,
Аз чашмсори хеш равад Хизр шармсор.
Хоки Хуҷандро, ки зи Шероз кам ниҳанд,
Омад ба рӯзгори ту обе ба рӯи кор.
Хоки пои ту аз он рӯз, ки омад ба назар
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Хоки пои ту аз он рӯз, ки омад ба назар,
Дидаҳо миннати сурма накашиданд дигар.
Тӯтиё равшании дида агар дошт, чаро
Дида он хоки қадам, дар назар овард басар?
Fам нагунҷад ба дил аз шавқи даҳони ту маро,
Сӯҳбати танг фитодаст магасро ба шакар.
Чун тани лоғари ман тири ту з-он буд борик,
Ки ба хунобахурон мегузаронад ба ҷигар.
Теғҳои мижа бар хоки дарат додам об,
То кунад чашми ман аз куҳли басар қатъи назар.
Машнав оҳи саҳари ман, ки парешон накунӣ
Хотири нозуки худ ҳамчу гул аз боди саҳар.
Дӣ табибам бари худ хонду зи заъфам пашае
Бигирифту бари ӯ нолакунон бурд ба пар.
Лаҳза-лаҳза рухам аз хоки дарат тозатар аст,
Тозатар мешавад аз хок, бале, гунаи зар.
Дӯш мегашт ба сар бар дари ту бе ту Камол,
Гар намегашт чунин, бо ту намегашт басар.
Хуш насимест бӯи сӯҳбати ёр,
Хуш наиме висол бе ағёр.
Васли ҷонон хуш аст ҳамвора,
Гар набошад рақиби ноҳамвор.
Эй гул, аз баҳри хотири булбул
Домани худ кашида дор аз хор.
Аз гадоёни мустаманди ғариб
Назари марҳамат дареғ мадор.
Ту худовандигориву махдум,
Мо ҳама бандагони хидматгор.
Гуфтамаш: Рух намо, ситон ҷон, гуфт:
Ройгон рух наменамояд ёр.
Ҷои он аст, к-аз Камоли ҳақир
Дорӣ аз ғояти бузургӣ ор.
Чароғи умр надорад фурӯғ бе рухи ёр
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Чароғи умр надорад фурӯғ бе рухи ёр,*
Кирост заҳра, ки бинад тулӯи меҳри нигор?!
Ҳадиси ишқ магӯ ҷуз ба ринди бодапараст,
Ки аҳли зӯҳд надонанд сирри ин асрор.
Зи илми зӯҳд гузар, даст аз он бибурру бишӯй,
Ки сар ҳиҷоби раҳи туст, хоса худ дастор.
Ту гар зи мастиву ҳастӣ зи ҷумла бехабарӣ,
Бинӯш ҷоми майи ишқ, то шавӣ ҳушёр.
Ба рӯи дӯст на танҳо ману ту ҳайронем,
Ҳазор булбули мастанд андар ин гулзор.
Зи кӯи ишқ марав сӯи каъбаи асном,
Ки ҳеч кор наояд зи сурати девор.
Агар Камол бисӯзад зи ишқ, нуқсон нест,
Ба сӯхтан наравад зарри сурхро миқдор.
__________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори
нахуст ба хати имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
__________________________________________
Чеҳраам дида, чӣ ҳосил, ки ба хун кард нигор,
Ки бурун нақшу нигор асту дарун нолаи зор.
Ёр, гӯянд, ки дорад сари ошиқ куштан,
Хабари ошиқии ман бирасонед ба ёр.
Ин муҳол аст, ки мо ҳар ду зи ҳам металабем,
Ман зи ту меҳру вафову ту зи ман сабру қарор.
Он ду соид манамо беш ба соҳибназарон,
Ки рабудӣ дили халқе зи ямину зи ясор.
Мижа то хоки дарат пештар аз дида бируфт,
Дар миёни мижаву дида фитодаст ғубор.
Лаб май асту баданат сим чу ҳаст он ҳама хом,
Хом бошад зи ту моро тамаъи бӯсу канор.
Умр дар нолаву фарёд ба сар бурд Камол,
Дар ту дарди дили ӯ кор накард охири кор.
Чашми ту, ки дошт хоби бисёр
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Чашми ту, ки дошт хоби бисёр,
Лаб дошт ба ӯ шароби бисёр.
Он ғамза, ки маст аз ин шароб аст,
Хӯрд аз ҷигарам кабоби бисёр.
Ҳаргиз нашавад ду чашми ту сер
Аз нози пуру итоби бисёр.
Бе ишқ фақеҳро чӣ суд аст
Бо дониши кам китоби бисёр?
Гар куштани ошиқон савоб аст,
Ту ёфтаӣ савоби бисёр.
То пой бибӯсамат ба рафтан,
Эй умр, макун шитоби бисёр!
Пеши ду рухи ту себи симин
Ширин шуд аз офтоби бисёр
Аз дурии оразу лабат рафт
Аз чашми Камол оби бисёр.
Чандон бигирям бар дари он бевафо шому саҳар,
К-аз оби чашмам оварад сарве аз он ҷо сар бадар.
Ҷанге, ки будӣ аз ҳасад бо он сагони кӯ маро,
Дӯшина бо хоки дараш кардем бо ҳам сарбасар.
Мискинию афтодагӣ зебад зи зулфу холи ӯ,
Ҳар як чу бо рӯи накӯ доранд савдое дигар.
Пайваста доранд он ду лаб мӯҳри хомӯшӣ бар забон,
Доранд, гӯӣ, бе сухан розе миёни якдигар.
Эй лавҳи дида, чеҳраро бо ашк агар рангин кунӣ,
Нақши рухе дорӣ ҳавас, бинвис панди мо ба зар.
Гар бар кабӯтар номаи шавқам гаронӣ мекунад,
Гӯ, нома бигзору маро бар пар бигир, он ҷо бубар.
Дар ҷанг рафт он сафшикан, омад сипар монеъ шудан,
Ӯ ҷанг бо тиру камон мекарду ошиқ бо сипар.
З-ин сон, ки дорад чашми ӯ ҳар сӯ зи мижгон теғҳо,
Аз мо, Камол, он шӯхро осон бувад қатъи назар.
Барфурӯз имшаб ба талъат маҷлис, эй моҳи мунир
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Барфурӯз имшаб ба талъат маҷлис, эй моҳи мунир,
Гӯ, бикуш худро чароғ аз рашку шамъ аз ғам бимир.
Шуд тиҳӣ, он остон аз хоку чашми мо ҳанӯз
Пур намегардад, ки бодо хок дар чашми фақир!
Мекашам ҷони муҳаққар пеши мӯрони дарат,
Афв фармо, з-он ки бошад тӯҳфаи мӯрон ҳақир.
Гар назири ҳоли ман ҷӯӣ, бубин дар зулфу хол,
Ман назири худ намудам, ку туро боре назир?
Нест холӣ аз хаёли зулфи чун дол аз дарун,
Нест берун аз даҳони танги чун мим аз замир.
Тири мо ҳайф аст, гуфтӣ, бар ту, хоҳемаш гирифт,
З-он камон гар рафт ҳайфе бар мани мискин, магир!
Ҳар ки бар тири қадаш чашме намедӯзад, Камол,
Рост гӯям, рост чашмаш дӯхтан бояд ба тир.
Ту он шохи гулӣ, эй шӯх дилбар,
Ки оремат ба оби дида дар бар.
Чу он рухсору боло боғбон дид,
Зи гул бибриду барканд аз санавбар.
Ба ҳар масҷид, ки овардӣ ту қомат,
Зи ҳайрат гуфт имом: Аллоҳу акбар!
Барам пеши лабу зулфи ту саҷда,
Чу хонанд ояти «Валлайлу Кавсар».
Рухаш моҳ аст, агар бинемаш ин моҳ,
Ба чашми мо наёяд моҳи дигар.
Ҳадиси қанд гуфтам бо лабаш, гуфт:
Мулӯлем аз суханҳои мукаррар.
Камол, ин гуфта Саъдӣ, гар шунидӣ,
Фурӯ шустӣ ба козургоҳ дафтар.
На он дафтар, ки дар вай «Тайибот» аст,
«Хабисот»-аш фурӯ шустӣ саросар,
Ки чун оби сухан диду равонӣ,
Суханро поктар созад суханвар.
Бибояд бар он дида бигрист зор
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Бибояд бар он дида бигрист зор,
Ки маҳрум монад зи дидори ёр.
На ашк аст он дурри якдона, оҳ,
Ки аз гиря бозоядам дар канор.
На он барги гул низ, к-аз нозукӣ
Кашам доманаш чун сабо дар гузор.
Бар он пой дорем сар, то ки ҳаст,
Ҳамин аст бас давлати пойдор.
Ба хок ар барам меҳри абрӯи дӯст,
Бароред тоқе ба пеши мазор.
Муҳиб гарчи ҷуз ҷони ғамгин надошт,
Равон бурд тӯҳфа бари ғамгусор.
Камол, ин ҳама интизори ту чист?
Гарат ҳаст ҷоне, биёву биёр.
Бар сари кӯи ту гар будӣ маро роҳи гузар,
Гоҳ мерафтам ба дида, гоҳ мерафтам ба сар.
Мурғ агар аз нолаи шабҳои ман мекард хоб,
То равам пеши ту, медуздидам аз вай болу пар.
Дар китоби толеъи мо дида буд ахтаршинос
Аз сари зулфат шабе ташвир дар даври қамар.
Гар барӣ аз мо, рақибо, тӯҳфае пеши ҳабиб,
Сӯҳбате дорем хуш, бархезу сӯҳбатро бубар.
Ҳоли дил аз бод пурсидам, надорад огаҳӣ,
К-аз насими зулфи ӯ ман мастаму ӯ бехабар.
Ҳамчунон аз шавқи он лаб ман бигирям пеши ҷом,
Гар суроҳӣ созад аз хоки вуҷудам кӯзагар.
Гар ба ёди рӯи ӯ нӯшӣ майи равшан, Камол,
Чун қадаҳ гирӣ ба каф, афкан назар бар моҳу х(в)ар.
Показаны записи 241-250 из 534