Показаны записи 251-260 из 534
Эй маҳ ғуломи рӯи ту ҳарчи тамомтар
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй маҳ ғуломи рӯи ту ҳарчи тамомтар,
Шаҳре туро ғулому дуогӯ ғуломтар.
Чашмам, ки сохтӣ ба раҳи интизор хушк,
Доранд зулфу орази ту субҳу шом тар.
Гар оҳу нола аз ту баровардаанд ном,
Аз ҳар ду ҳаст дидаи гирён баномтар.
Майро, ки мениҳанд ба ҳар маҷлисе ҳаром,
Гар нест соқие чу ту, бошад ҳаромтар.
Тӯтӣ ба мантиқи ту надорад забони баҳс,
Бо он ки ҳаст аз ҳама ширинкаломтар.
Товуси хушхиром раҳо кун ба саҳни боғ,
Он сарви ноз, бингар, аз ӯ хушхиромтар.
То гаштаӣ муқим бар он остон Камол,
Кас нест дар ҷаҳон зи ту олимақомтар.
Бо рӯи ту чист ҷаннату ҳур?
Ҳар чиз накӯ намояд аз дур.
Моро назаре, ки ҳаст бар туст,
Худ ҳуру фиришта нест манзур.
Лабҳои ту кард бар дилам сард
Андешаи Салсабилу кофур.
Чашми ту ба хуни мост ташна,
Бошад ҳама вақт ташна махмур.
Бар ғамза манеҳ гуноҳи хунам,
Маъмур бувад ҳамеша маъзур.
Наздиктар о, ки медиҳам ҷон,
Аз дида марав, ки меравад нур.
Абёти Камол байти наҳл аст,
Нӯки қаламаш чу неши занбӯр.
Ҳар кас, ки шифо аз ин асал ёфт,
Ҳаргиз нашавад зи ғусса ранҷур.
Бар дида ниҳанд шояд ин шеър
Наззорагиёни байти маъмур.
Он турки маст бин, ки чиҳо мекунад дигар
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Он турки маст бин, ки чиҳо мекунад дигар,
Ҳаргиз вафо накарду ҷафо мекунад дигар.
Чашмаш, ки кофирест, чӣ кофир, ки айни куфр,
Оҳангу азми куштани мо мекунад дигар.
Боди сабо ба шавқ зи дасти хаёли ӯ
Пероҳане, ки дошт, қабо мекунад дигар.
Зинҳор аз ин замонаи бедодгар маро,
К-аз ёру шаҳри хеш ҷудо мекунад дигар.
Мискин Камол аз сари сидқу сафои дил,
Ҷонро фидои аҳду вафо мекунад дигар.
Эй, ба зулф аз шабравон айёртар,
Турра аз ту, ту аз ӯ таррортар.
Абруе дориву чашму ғамзае,
Ҳар яке аз якдигар хунхортар.
Дар ҳама шаҳр аз даҳони танги ту
Ҳуққабозе нест ширинкортар.
Гуфтӣ: Аз ман бигзару осон бизӣ!
Нест бар ман кор аз ин душвортар.
Гарчи бошад ёру ғамхорат басе,
Аз мани мискин набошад ёртар.
Дил худ аз дарди қадим афгор буд,
Доғи ҳаҷраш кард аз он афгортар.
Чашми бедорат ба хун тар беҳ, Камол,
То шаби ҳиҷрон бувад бедортар.
Ёр ҳар дам зи мани хаста чаро меранҷад
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ёр ҳар дам зи мани хаста чаро меранҷад?
Бе гунаҳ мекушаду боз зи мо меранҷад.
Гуфтам: Он ғамза чиҳо мекунад? Омад дар ҷанг.
Бингаредаш, ки зи ошиқ ба чиҳо меранҷад.
Дам задан нест маҷолам ба ҳаводории ӯ,
Ки чу барги гул аз осеби ҳаво меранҷад.
Ман ҳамон беҳ, ки аз ин ғам накунам нолаву оҳ,
Ки дили нозукаш аз боди сабо меранҷад.
Гар рақибе ба ман орад хабараш, гирад хашм,
Аз саге оҳуи мушкин ба хато меранҷад.
Гар аз он ғамза ба ҳар як нарасад тир ҷудо,
Дили ғамдида ҷудо, дида ҷудо меранҷад.
Нест ошиқ ба яқин он дили бадмеҳр, Камол,
Ки зи маъшуқи ситамгар ба ҷафо меранҷад.
______________________
* Бигирӣ – бигирй, гиря кун.
______________________
Як чашм задан чашми ту бе ноз набошад,
Ҷуз фитна дар он ғамзаи ғаммоз набошад.
Гуфтӣ: Биҳилам кун, ситаме бо ту агар рафт.
Ҳаргиз накунам, он ситам ар боз набошад.
Бо ҳар ки насибам зи ғаму дард фиристӣ,
Фармон бирасон, то ба ман анбоз набошад.
Бо носеҳи бедард нагӯем ғами дил,
Беҳудасухан маҳрами ин роз набошад.
Ҷону сару зар - ҳар се дар он хона, ки бошӣ,
Дарбозам агар бошиву дар боз набошад.
З-ин хоки дарам менакашад дил ба ҳавое,
Мурғони ҳарамро сари парвоз набошад.
Сад хона барандохт Камол аз раҳи ӯ дур,
Ошиқ беҳ аз ин хонабарандоз набошад.
Ёр ғуруре ба ҳусни хеш надорад
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ёр ғуруре ба ҳусни хеш надорад,
Шеваву нозу карашма беш надорад.
Ё накунад илтифоти хотири маҷрӯҳ,
Ё хабаре аз даруни реш надорад.
Ошиқ агар захми ӯ муоина бинад,
Дида надорад, ки дида беш надорад.
Гар накунад дил нишона тири балоро,
Кофири ишқаш шумар, ки кеш надорад.
Сӯҳбати нӯшинлабон ҳалол мабодаш,
Ҳар ки таҳаммул ба захми неш надорад.
Гар ба сагони дараш Камол рафиқ аст,
Беш сари ошнои хеш надорад.
Ёри мо сарви баланд аст, бигӯем, баланд,
Паст гуфтан сухан аз бими рақибон то чанд?
Доманаш дер ба дастам фитаду ҳалқаи зулф,
Натавон зуд гирифт оҳуи мушкин ба каманд.
Тирҳои дигараш бар дил агар ояд, ҳайф,
Он чӣ хокист, чаро бар мани хокӣ нафиканд?
Дили садпора ба марҳам нашавад чорапазир,
Ҷоми нозук чу шикастанд, нагирад пайванд.
Баъд аз он, к-оташи дил синаи парвона бисӯхт,
Шамъ, хоҳӣ ба ҳалокаш бигирйӣ*, хоҳ биханд.
Гуфтаӣ: Кори дилат баста аз он зулфи дутост,
Кори туст, ин ҳама бар зулфи диловез мабанд.
Гар биҷӯянд, ба сад қарн наёбанд, Камол,
Булбуле чун ту хушалҳон ба чаманҳои Хуҷанд.
Ёр дар зери лаб чу ханда кунад
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ёр дар зери лаб чу ханда кунад,
Ҳар киро кушт, боз зинда кунад.
Чашму холаш чу куштанӣ талабанд,
Ӯ ишорат ба сӯи банда кунад.
Fамзаҳоро кушанда он дил дошт,
Санг бас теғро буранда кунад.
Ашки афсурдаро, ки гулгун аст,
Ба дилу оҳи ман даванда кунад.
Дил дар он кӯ зи баҳри дидор аст,
Ба биҳиште куҷо басанда кунад?
Инфиоле, ки аз рухат гул дошт,
Fунча берун шудан ба ханда кунад.
То гадои камини туст, Камол,
Подшоҳӣ ба зери жанда кунад.
Ёр сар мехоҳад аз ман, хоҳамаш гардан ниҳод,
Пеши ӯ сар чист, бояд дидаи равшан ниҳод.
Бахти ман меёфтӣ сарриштаи гумкардаро,
Гар сари зулфаш тавонистӣ ба дасти ман ниҳод.
Дида бар нақши даҳонаш дӯхтан фармуд дил,
Ҳар киро дар ҷон зи меҳраш як сари сӯзан ниҳод.
Иқди гесӯ барфишондӣ, рехт ҷонҳо бар замин,
Ҳар чӣ дар пои ту рехт, он зулф дар доман ниҳод.
Мардуми чашми заифам бар умеди пойбӯс,
Баски рӯи хоки он раҳ диду бӯсидан ниҳод.
Сарв худро дошт озод аз ту, кардаш сарзаниш
Боғбон, он гаҳ забони таън бар савсан ниҳод.
Қиссаи ҳуснат шабе мегуфт аз ҳар дар Камол,
Маҳ фуруд омад ба бому гӯш бар равзан ниҳод.
Ё Раб, он шамъи Чигил дӯш ба меҳмони кӣ буд
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ё Раб, он шамъи Чигил дӯш ба меҳмони кӣ буд
В-он ҷигаргӯшаи дил бо намаки хони кӣ буд?
Чун Хизр шуд зи назар ғоибу маълум нашуд,
Ки ба торикии шаб чашмаи ҳайвони кӣ буд?
Он лаби лаъл, к-аз ӯ монд даҳони ҳама боз,
Бозпурсед, ки дӯшина ба дандони кӣ буд?
Сари мо буду дари ӯ ҳама шаб то дами субҳ,
То худ ӯ шамъи сарои киву ҷонони кӣ буд?
Сӯхтам аз ғаму равшан нашуд ин нукта ҳанӯз,
Ки шаб он шамъи шакарлаб ба шабистони кӣ буд?
Аз дили хаста чӣ пурсӣ, ки кӣ озурд туро?
Fамзаро пурс, ки он захм зи пайкони кӣ буд?
Гуфтаӣ: Дар ғами ҳаҷрам накунад нола, Камол,
Бар сари кӯи ту дӯш ин ҳама афғони кӣ буд?
Ёр чандон ки ҷафо ҷусту дилозорӣ кард,
Ошиқи хаста вафоҷӯиву дилдорӣ кард.
Нашунидам, ки сагаш низ ба фарёд расид,
Бедилеро, ки бар он дар ҳама шаб зорӣ кард.
Дӣ даромад зи дарам ногаҳу аз хиҷлати он
Офтоб аз сари равзан пасидеворӣ кард.
Гунаи ошиқи парвонасифат шамъӣ шуд,
Баски дар ишқи ту шабхезию бедорӣ кард.
Дил бибурд аз барам он турраву аз ман бибурид,
Бо ҳама зербурӣ бин, ки чӣ таррорӣ кард.
Ин ҳама ҷавру ҷафо аз паи он дид, Камол,
Ки зи хубон тамаъи меҳру вафодорӣ кард.
Ёди рӯи ту чу дар хотири мо мегузарад
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ёди рӯи ту чу дар хотири мо мегузарад,
Вақти мо дар ҳама вақте ба сафо мегузарад.
Чашми кас маҳрами султони хаёли ту чу нест,
Ба сари мардуми бегона чаро мегузарад?
Пушти савдозадагон сарбасар аз ғусса дутост,
То чаро бод бад-он зулфи дуто мегузарад?
Бар сари кӯи ту бояд ба сару чашм гузашт,
Муддаӣ чашм надорад, ки ба по мегузарад?!
Рафт дар оҳу фиғон бе ту маро умри дароз,
Оҳ, аз ин умр, ки бар боди ҳаво мегузарад.
Тири мижгони туро ҳеч сипар монеъ нест,
Ки ба як чашм задан аз ҳама ҷо мегузарад.
Наравад акси лаби лаъли ту аз чашми Камол,
Дар зуҷоҷест май, аз шиша куҷо мегузарад?
Ёр агар чорагари ошиқи бечора шавад,
Кай аз ин дар сари худ гираду овора шавад?!
Он ҷигаргӯша ҳамон шуд, ки ман аввал гуфтам,
Ки чу шӯяд шакар аз шир, ҷигархора шавад.
Дил ба сад ҷурм гирифтор наёяд дар ҳашр,
Чун гирифтори ғами ёри ситамкора шавад.
Рӯзи васл аз ҳаваси он ки дар он по ғалтад,
Дидаҳоро, аҷаб, ар фурсати наззора шавад.
Боз бо хоки раҳат шуд сари ошиқ ҳамвор,
Гаҳ-гаҳе мешавад, эй кош, ки ҳамвора шавад.
Чун гул аз шавқи ту пероҳани хунини маро
Написандид рақибат, ки ба сад пора шавад.
Гуфтаӣ: Ёр шавам бо дили бечора Камол,
Гар бад-ин шарт равӣ, ёри ту бечора шавад.
Ҳама касро назаре аз ту таманно бошад
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳама касро назаре аз ту таманно бошад
В-ин таваққӯъ ҳама аз дидаи бино бошад.
Дӯш дар хоҳиши як бӯса рақиби ту маро
Чизҳо гуфт, ки дашноми ту ҳалво бошад.
Тиру ханҷар фикан аз дасту ба нозем бикуш,
Чанд ба ҷону сарам миннати инҳо бошад?
Хат нашуд шуста ба об аз варақи орази ту,
Он мураккаб магар аз дуди дили мо бошад?
Ёри мо рӯи чу маҳ дораду болои чу сарв,
Кас надидааст чунин маҳ, ки ба боло бошад.
То кай, эй мӯҳтасиб, аз ҳад заданам тарсонӣ?
Пеши мастон чӣ бувад ҳадди ту, пайдо бошад.
Гарчи чун чашми худ афтода ба кунҷест, Камол,
Бо хаёли ту, мапиндор, ки танҳо бошад.
Ҳеч он даҳони ширин касро аён набошад,
Ту кӯзаи наботӣ, з-онат даҳон набошад.
Гирам, ки созам аз ту ҳамчун қалам забоне,
Номи лаби ту бурдан ҳадди забон набошад.
Бар лавҳи чеҳра ашкам хатҳо кашад ба сурхӣ,
З-ин сон муҳарриронро хатти равон набошад.
Сӯзам ба оҳи сина ҷонҳои дардмандон,
То бар дари ту ҷуз ман кас ҷонфишон набошад.
Аз оҳи ман ба бустон дур аз ту бар дарахтон
Мурғе нагашта бирён дар ошён набошад.
Дил з-он миён наёбад ҳаргиз нишон ба ҷустан,
Бар тан суманбаронро аз мӯ нишон набошад.
Натвон, Камол, бастан тарф аз миёни хубон,
Ҷону саре ки дорӣ то дар миён набошад.
Ҳазор сарв, ки дар ҳадди эътидол барояд
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳазор сарв, ки дар ҳадди эътидол барояд,
Ба қоматат нарасад, гар ҳазор сол барояд.
Шабе миёни гулистон зи чеҳра парда барафкан,
Ки маҳ фурӯ раваду гул ба инфиол барояд.
Зи сирри ҳусни ту илло ба нуқтае набарад пай
Хати узори ту, чандон ки гирди хол барояд.
Агарчи субҳ ба рӯят зи офтоб занад дам,
Куҷо ситора ба хуршеди безавол барояд?
Алассабоҳ тафаъул ба рӯи хуби ту кардам,
Ки то аз он варақи гул маро чӣ фол барояд.
Баромад аввали хат зулфи саркаши ту ба фолам,
Далолат аст ба давлат чу ҳарфи дол барояд.
Камол, арзи таманно ба моҳи орази ӯ кун,
Ки гар барояд умеде, аз он ҷамол барояд.
Ҳама умр аз ту ба ман бӯи вафое нарасид,
Дили ранҷур зи васлат ба шифое нарасид.
Ин ҳама хуни баноҳақ, ки дар айёми ту рафт,
Ҳеч касро ба ту чуневу чарое нарасид.
Ғами ҳиҷрони туям ҷон ба лаб оварду ҳанӯз
Лаби умед ба бӯсидани пое нарасид.
Бар дарат з-он ҳама фарёд, ки кардему хурӯш,
Саги кӯи ту ба фарёди гадое нарасид.
Ҳар касе ёфт ба хони карамат дастрасӣ,
Дасти кӯтоҳи ман илло ба дуое нарасид.
Fояти лутф ҳамин асту карам, к-аз ту маро
Соате нест, ки ташрифи балое нарасид.
Солҳо дар раҳи мақсуд ба сар рафт Камол,
Солҳо бин, ки сар рафту ба ҷое нарасид.
Ҳар гул, ки зи хок ман бирӯяд
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳар гул, ки зи хок ман бирӯяд,
Ошиқ шавад он, ки он бибӯяд.
Дар домани дӯст хоҳад овехт
Хоре, ки зи турбатам бирӯяд.
Маъшуқ шаҳиди ишқи худро
Бо ашк бишӯяду бимӯяд.
То дида шавад ба хоки он пой,
Ошиқ раҳи ӯ ба дида пӯяд.
Хубон ҳама рӯ ба об шӯянд.
Рухсори ту обро бишӯяд.
Ҷӯяд дилам он даҳан ҳамеша,
Чизе, ки наёфт, кас чӣ ҷӯяд?
Васфи даҳанат Камол доим
Дар қофияҳои танг гӯяд.
Ҳазорбора фузун нози ӯ гарам бикушад,
Барам ниёз, ки як бори дигарам бикушад.
Ба ҳайрати назаре з-он ду чашми сайёдам,
Ки боз афканаду чун кабӯтарам бикушад.
Ситодаам лаби пурханда дар баробари теғ,
Ки ҳамчу шамъи рухат дар баробарам бикушад.
Чӣ ҳоҷатам ба кафан накҳати абир, чу дӯст
Ба ҳасрати хату холи муанбарам бикушад.
Чӣ суд бар сари хокам дарахти сарв, ки ёр
Ба орзуи қади чун санавбарам бикушад.
Ба хуни ман чу ҳамон даст хоҳӣ олудан,
Бигӯ, ба ғамза, ки боре накӯтарам бикушад.
Агар чу шамъ ба поён расад ҳалокати ман,
Бигӯ, Камол, ба теғаш, ки аз сарам бикушад.
Показаны записи 251-260 из 534