Газели


Показаны записи 281-290 из 534

Маро бе ту аз дида хун меравад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Маро бе ту аз дида хун меравад, Зи дил низ сабру сукун меравад. Дили ман дар он кӯ зи бими бало Намерафт вақте, кунун меравад. Чӣ оҳуст чашмат, ки дар пеши ӯ Агар шер ояд, забун меравад?! На аз зиракӣ дил дар он зулф рафт, Ки дар силсила аз ҷунун меравад. Ба рухсори ту чашм кардем сурх, Аз он ашки мо лолагун меравад. Ду чашми ту аз ҳар тараф холҳо, Ба чандин магас хоб чун меравад? Чу шуд ташна зулфат ба хуни Камол, Ба чоҳи зақан сарнагун меравад. Маро дилест, ки аз ёр ёр металабад, Ба сӯзи синаи афгор ёр металабад. Маро дилест, ки гар маст бошад, ар ҳушёр, Зи маст, хоҳ зи ҳушёр ёр металабад. Зи тавф бар дару девори Каъба ӯст мурод, Ки ошиқ аз дару девор ёр металабад. Нахост ҷаннати аълову ҳур соҳиби тур, Зи ёр толиби дидор ёр металабад. Ба шохсори талаб андалеби шаб ҳама шаб Нишаста бо дили бедор, ёр металабад. Ду кавн толиби гулзори ҷаннатанд, Камол На бӯстону на гулзор, ёр металабад.

Мо зи кӯи ёри худ бехуд гузар хоҳем кард

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Мо зи кӯи ёри худ бехуд гузар хоҳем кард, Бар рухи ӯ ҳам ба чашми ӯ назар хоҳем кард. Ҳар касе аз сарзамине сар барорад рӯзи ҳашр, Мо зи хоки остонаш сар бадар хоҳем кард. Ҷангҳо дорем бо зулфаш, вале дар пои ӯ Боз агар афтем, бо ҳам сар ба сар хоҳем кард. Гар сипар монеъ шавад тире, ки бар мо афканад, Бори дигар ҷанги сахте бо сипар хоҳем кард. Ногаҳонӣ, к-аз ту ташрифи бало камтар расад, Аз балои ногаҳон як-як ҳазар хоҳем кард. Машнав, эй оқил, ҳикоятҳои мо–девонагон, В-арна мо аз худ туро девонатар хоҳем кард. Гар ба мо ҳамроҳ хоҳӣ шуд, зи худ бигзар, Камол, З-он ки мо аз манзили ҳастӣ сафар хоҳем кард. Маро бе ту осудаҳолӣ набошад. Даме бе рухат бемалолӣ набошад. Хаёли ту бошад маро дар дилу бас, Таманнои ҷоҳу ҷалоле набошад. Ману оби чашмеву савдои сарве, Чӣ ҳиммат бувад он, ки олӣ набошад. Зи сирри дили ҷом ғофил мебошед В-ар ӯ нест, як ранги холӣ набошад. Маҷӯед ин машраб аз зоҳиди хушк, Ки гавҳар ба ҷоми сафолӣ набошад. Чӣ кор ояд ин зоҳидӣ шайхи моро, Чаро ошиқи лоуболӣ набошад? Камол, ар ба риндон мусоҳиб набошӣ, Туро ҳеч соҳибкамолӣ набошад.

Моро гуле рӯи ту чидан нагузоранд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Моро гуле рӯи ту чидан нагузоранд, Чидан чӣ хаёл аст, ки? вазн дидан нагузоранд. Сад шарбати ширин зи лабат хастадилонро Наздики лаб оранду чашидан нагузоранд, Гуфтам, шунавад муждаи дашноми ту гӯшам, Он низ шунидам, ки шунидан нагузоранд. Зулфи ту чӣ имкони кашидан, ки рақибон Сар дар қадамат низ кашидан нагузоранд, Бахшой бар он мурғ, ки хунаш гаҳи бисмил Бар хок бирезанду тапидан нагузоранд. Дил шуд зи ту садпораву фарёд, ки ин қавм Наъра задану ҷома даридан нагузоранд. Магрез, Камол, аз сари зулфаш, ки дар ин дом Мурғе, ки дарафтод, паридан нагузоранд. Моро ҳаваси масҷиду саҷҷода набошад, Мастӣ сифати мардуми озода набошад. Аз содадилӣ пири маломатгари моро Завқи маи рангину рухи сода набошад. Сӯфӣ ба қадаҳ гар надиҳад дасти иродат, Ориф набувад солику бар ҷода набошад. Нисбат натавон кард ба ҳеч одамӣ ӯро, Бинед, ки ногоҳ паризода набошад. Дар хонаи дарвеш чӣ асбоби нишот аст, Гар давлати ғамҳои ту омода набошад? Зинҳор, Камол, аз сари зулфаш накунӣ ёд, То дар қадами ӯ сарат афтода набошад.

Моро дигар бар он дар хоби шабон набошад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Моро дигар бар он дар хоби шабон набошад, Болини дардмандон ҷуз остон набошад. Чашмам ситора гирад шабҳо ба хоб рафтан, Гар оҳу нолаи мо бар осмон набошад. Пеши ту барнадорад сӯфӣ сари ғаромат, Шукронавор ҷонаш то дар миён набошад. Ман кай чунон дилеро паҳлӯи худ нишонам, К-аз новаки ту сад ҷо бар вай нишон набошад. Дил аз ту баргирифтан, ба дигаре ниҳодан, Дар ақл ин нагунҷад, дар хотир он набошад. Чашми ту дӯст дорам в-он тири ғамзаат ҳам, Озори дӯстонам бар дил гарон набошад. Дорӣ, Камол, ҷоне, бар дӯстон барафшон, Ошиқ ҷаве наярзад, гар ҷонфишон набошад. Моро шаби фироқ куҷо хоб мебарад? Сад хобро зи гиряи мо об мебарад. Доруи ҷони мо зи лабаш соз, гӯ, табиб, Заҳмат чаро ба шарбату унноб мебарад? Махмури ишқро ба ҷуз он лаб илоҷ нест, Дарди сари хумор маи ноб мебарад. Сар мениҳад ба сидқ хами абрӯи туро Ҳар порсо, ки саҷда ба меҳроб мебарад. Пеши рух аз рақиб бипӯшон беҳи зақан, К-аз боғ мева дузд ба маҳтоб мебарад. Гар оби дида сӯи ту орад Камолро, Хошок пеши гавҳари сероб мебарад. Табрез агар ҳавас кунад, ӯро аз ин мақом Селоби ашк рост ба Сурхоб мебарад.

Мо бисоти некномӣ боз тай хоҳем кард

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Мо бисоти некномӣ боз тай хоҳем кард, Хирқаву саҷҷода раҳни нуқлу май хоҳем кард. Зӯҳду тақво – сарбасар ин ному он овозаро Дар сари овози чангу бонги най хоҳем кард. Навбаҳор асту ҷавониву авони ошиқӣ, Гар кунун накнем тарки тавба, кай хоҳем кард? Гар ба зоҳид риндиву мастӣ намекардем фош, Баъд аз ин инкорҳо дар пеши вай хоҳем кард. Май чу Лайлӣ гар шавад дар шаҳри мо душворёб, Мо чу Маҷнун ҷустуҷӯяш ҳай ба ҳай хоҳем кард, Пеши мо пайке, ки орад муждаи иқболи ёр, Номи он пайки муборак некпай хоҳем кард. Чун расад дар дафтари зуҳҳод номи мо, Камол, Он варақ гардон, ки мо он нома тай хоҳем кард. Моро ба пойбӯси ту гар дастрас бувад, Дар давлати ғами ту ҳамин поя бас бувад. Дар сар ҳавои туст маро беҳтарин ҳавас, Боқӣ ҳар он чӣ ҳаст, ҳавову ҳавас бувад. Бӯсе бар остони ту дорем илтимос, Моро бар ин дар аз ту ҳамин мултамас бувад. Бе заҳмати рақиб даме бо шакарлабе Гар даст медиҳад шакаре, бе магас бувад. Зоҳид агар қадаҳ зи каромат ниҳад бар об, Наздики мо ба мартаба камтар зи хас бувад. Гӯ, мӯҳтасиб, зи шаҳна матарсон маро, ки ман Аз подшоҳ фориғам, ӯ худ чӣ кас бувад?! Най зери лаб ба майкада мехонадат, Камол, Бишнав, ки муқбилӣ зи қабули нафас бувад.

Лабаш ҷони ошиқ ҳавас мекунад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Лабаш ҷони ошиқ ҳавас мекунад, Шакар орзуи магас мекунад. Дуогӯю серӣ зи дашноми ту? Зи ҳалвои қандӣ кӣ бас мекунад? Равад дил дар он зулф тарсон зи чашм, Чу шабрав, ки хавф аз асас мекунад. На касро бар он дар гузорад рақиб, На ӯ илтифоте ба кас мекунад. Ба тири ту дорад назар з-он, ки сайд Давон асту рӯ бозпас мекунад. Зи сӯзам рухатрост ҳангома гарм, Чу оташ, ки гармӣ ба хас мекунад. Ба гулзор бе ёр нолад Камол, Чу булбул, ки бонг аз қафас мекунад. Моем дилу дин ба ту дарбохтае чанд, Дур аз дари ту хонабарандохтае чанд. Эй донаи дур, қимати худ дону маёмез Бо мушти хасе, қадри ту нашнохтае чанд. Дар оташу обанд гурӯҳе зи ту чун шамъ, То чанд ҷафо бар дили бигдохтае чанд? Ҷон бар ту фишонида равон, нақди равон низ Ганҷинаи маънӣ ба ту дарбохтае чанд. Гуфтӣ, ки Камол, аҳли муҳаббат чӣ касонанд? Ҷон сӯхтаву бо ғами ту сохтае чанд.

Гирам, ки аз ту бар мани мискин ҷафо равад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Гирам, ки аз ту бар мани мискин ҷафо равад, Султон туӣ, касе ба тазаллум куҷо равад? Сӯи ту чун салом фиристам, ки бодро Перомуни дарат нагузоранд, то равад? Бифирист сӯи гул саҳаре бӯи пераҳан, К-аз рашки он чу ғунча ба зери қабо равад. Чандон дуои ҷони ту гӯем, к-аз малол Бехост бар забони ту дашноми мо равад. Эй дил, зи сели хун, ки шуд аз чашми мо равон, «Шодӣ макун, ки бо ту ҳамин моҷаро равад».* Чун зулфи ӯ ба гӯш наёрӣ ҳадиси мушк, Пеши ту гар ҳикояти он хоки по равад. Рафт он чӣ рафт з-оташи дил бар сари Камол, Минбаъд аз оби дида бар ӯ то чиҳо равад. ______________________ * Мисраъ моли Саъдист. ______________________ Лаб ар ин асту гуфтор ин, шакар боре чӣ мегӯяд?! Агар хуршеди рухсор ин, қамар боре чӣ мегӯяд?! Ба сад нукташиносӣ ақл натавонист ҳам бастан Вуҷуде бар миёни ӯ, камар боре чӣ мегӯяд? Агар гул пеши наргис зад ба рӯяш лофи якрангӣ, Ба чашми масти ту он бебасар боре чӣ мегӯяд? Гирифтам, худ, ки нашнид он ситамгар дарди пинҳонам, Ба зории шабу оҳи саҳар боре чӣ мегӯяд? Гирифтам, к-он дарахти гул ба худ надҳад маро боре, Гар аз дур афканам бар вай назар боре, чӣ мегӯяд? Ба танз ар гуфт: Хоҳам кард аз ошиқкушӣ тавба. Рақиби шум бо мо ин хабар боре чӣ мегӯяд? Адӯ, гуфтӣ: Ба ақлу ҳуш натвон шуд, Камол, он ҷо. Чу рафт ин аз тан, он аз сар, дигар боре чӣ мегӯяд?

Гуфтамаш: ҳоли дили гумшуда донӣ, чун шуд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Гуфтамаш: ҳоли дили гумшуда донӣ, чун шуд? Гуфт: Бо мо чу дарафтод, ҳамон дам хун шуд. Порсоён, ки назар аз ҳама мепӯшиданд, Чашми фаттони ту диданду ҳама мафтун шуд. То лаби ҷом гирифт аз лаби лаълат ранге, Эй басо хирқаи азрақ , ки ба май гулгун шуд. Мо чу шамъем, ки аз сарзаниши душману дӯст Сӯзи мо кам нашуду оташи дил афзун шуд. То нагӯянд ба пеши ту маро обе нест, Ашкам аз дида ба берун шуданат берун шуд. Мутриб аз гуфтаи ӯ гар ғазале хоҳад хонд, Гӯш доред, ки дурри суханаш мавзун шуд. Менавиштӣ сухан аз васфи ту дӯшина Камол, Ҳар чӣ омад ба забони қаламаш, мақрун шуд. _____________________________ * Мисра аз ҳофиз аст _____________________________ Гулро ба даври рӯи ту кас бӯ намекунад, Булбул ба бӯстон сухани ӯ намекунад. То дида бозёфт хаёли қадат дар об, Дил ҷустуҷӯи сарви лаби ҷӯ намекунад. Бо ошиқон рақиб дили нозуки туро Бад мекунад ҳамешаву некӯ намекунад. Ширинлабе, ки дид даҳони чу қанди ту, Васфи даҳони худ сари як мӯ намекунад. Инкори зардии рухи мо расми ёр нест, Ин кор ҷуз ҳасуди сияҳрӯ намекунад. Кори талаб зи пеш ба сар бохтан баранд, Солик чаро қиёси худ аз гӯ намекунад? Доим ҳадиси рӯи накӯ мекунад Камол, Андеша аз ҳикояти бадгӯ намекунад.

Гар қарори ту ба дилҳо на чунон аст, ки буд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Гар қарори ту ба дилҳо на чунон аст, ки буд, Аҳди мо бо ғами ишқи ту ҳамон аст, ки буд. Майли дил бо рухат имрӯз ба навъе дигар аст, Ту мапиндор, ки з-он сон нигарон аст, ки буд. Гар сари зулфи ту аз пой дарафтод, маранҷ, Пояи иззати ӯ бартар аз он аст, ки буд. Машав аз хат, ки ба насхи рухат омад дар кор, Кони лаъл асту ҳамон роҳати ҷон аст, ки буд. Сари савдозадаи ман, ки сари зулфи ту дошт, Рафт барбоду ҳанӯзаш сари он аст, ки буд. Гулшани умри ту бар боди фано рафт, Камол, Ҳамчунонат ҳаваси лоларухон аст, ки буд. Гар маҳ ба замин бошад, он зӯҳраҷабин бошад. Дурӣ талабад аз мо, маҳ низ чунин бошад. Натвон талаби бӯсе кард аз лаби хандонаш, Ҳалво натавон хӯрдан, ҳар гаҳ намакин бошад. Бе зикри хафӣ набвад аз ёди даҳонаш дил, Дар гӯша хаёли ӯ бо гӯшанишин бошад. З-ин хоки дарам бодо рух дур, агар рӯе Чун рӯи мани хокӣ дар рӯи замин бошад. Хат кард ба гирди лаб лутфи даҳанаш пайдо, Ангуштнамо хотам аз нақши нигин бошад. З-ин нукта, ки ҳаст он рӯ аз хулди барин хуштар, Гар зулфи ту печад сар, холи ту бар ин бошад. Гуфтори Камол арзад ҳар байт ба девоне, «Як нукта аз ин дафтар гуфтему ҳамин бошад».*

Гар дилам дар зулф пинҳон кардаӣ, пайдо шавад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Гар дилам дар зулф пинҳон кардаӣ, пайдо шавад, Мушк ғаммоз асту ин дуздӣ аз ӯ расво шавад. Ноҳақ афтодаст зулфат дар кафи ҳар муддаӣ, Чун ба дасти мо биафтад, ҳақ ба дасти мо шавад. Эй сабо, баргӯй имшаб аз забони мо ба шамъ, Сӯхтӣ парвонаҳоро, бош, то фардо шавад. Гарм шуд бозори ҳусн аз оташи рухсори ту, Вақти он омад, ки зулфат бар сари савдо шавад. Шавқи болои баланди туст он, к-аз ҳар тане Ҷони улвиро ҳавои олами боло шавад. Хоки он дар дар назар ҷаннатталаб зоҳид ҳанӯз, Чашми нобино куҷо аз тӯтиё бино шавад? Он лаби хандон чу бинад, дар ҳадис ояд Камол, Булбули хомӯш чун гул бишкуфад, гӯё шавад. Гар дам занам бе рӯи ӯ, шарм оядам аз рӯи худ, Ошиқ наҷӯяд зиндагӣ бе сӯҳбати дилҷӯи худ. Ман ҷон ҳамекандам зи ғам, он лаб зи ман мехост ҷон, Фарҳод мезад тешаҳо бар сангу Ширин сӯи худ. Бо моҳ гуфтам: Ин ҳама ҳусн аз куҷо овардаӣ? Гуфто: Зи хоки кӯи ӯ молидаам бар рӯи худ. Гуфтӣ: Сари як мӯи ман ҳар ду ҷаҳон дорад баҳо. Дидӣ, ки ҳам нашнохтӣ миқдори тори мӯи худ. Рӯзе ки чашмат уфтад бар куштагони хештан, Гӯ, узри заҳматҳои мо бо ғамзаи ҷодуи худ. Дар даври чашмат шуд сияҳ аз дуди дил меҳробҳо, Гар боварат н-ояд зи мо, бингар хами абрӯи худ. Гуфто: Камоли сахтҷон ҳаст аз сагони кӯи мо. Бишкаст боз он сангдил қадри сагони кӯи худ.

Показаны записи 281-290 из 534