Газели


Показаны записи 261-270 из 534

Ҳаргиз зи зулфи хубон бӯи вафо наёяд

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳаргиз зи зулфи хубон бӯи вафо наёяд, Гар ту шунидӣ ин бӯ, боре маро наёяд. Муштоқи пойбӯсам, з-он бар сарам наёӣ, Мунъим зи бими хоҳиш пеши гадо наёяд. Дӣ гуфтаӣ: Ба тӯҳфа оред сар бар ин дар. Ошиқ ба сар биёяд он ҷо, ба по наёяд. Пеши ту баҳри ном аст омадшуди рақибон, Дур аз Худо ба Каъба баҳри Худо наёяд. Гар хуррамему шодон, аз умр нашмурем он Рӯзе, ки аз ту моро дарду бало наёяд. Ошиқ нахост дунё аз дӯст, балки уқбо, Ҳирсу лаимтабъӣ аз порсо наёяд. Натъи Камол хуштар аз фарши подшоҳон, К-аз бӯрёи риндон бӯи риё наёяд. Ҳаргизам рӯзӣ надод он турфаи Бағдод дод, Хирмани уммедро з-он додаам бар бод, бод! Охир, эй сарви чаман, дил бандаи болои туст, В-арна аввал модари фитрат маро озод зод. Зодам аз хуни ҷигар то кай кунӣ дар ҳаҷри хеш? Бас бувад моро дар ин раҳ ишқи модарзод зод. Дил, ки набвад оташин дар ишқи ту бе об беҳ, Ҷон, ки набвад хоки раҳ дар кӯи ту, барбод бод! Чун зи гулзори рухат боди сабо орад насим, Ҳар замон гардад дилам з-он қадди чун шамшод шод. Бар сари кӯи ту ҳар шаб мезанам фарёду оҳ, Бӯ, ки аз мо оядат з-ин нолаву фарёд ёд. Гӯш хуш мекун, Камол, аз ваъдаи ҷонону бас, З-он ки ман нашнидаам, к-он бут касеро дод дод.

Ҳар ки васлаш талабад, тарки сараш бояд кард

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳар ки васлаш талабад, тарки сараш бояд кард, В-арна андешаи кори дигараш бояд кард. Он ки хоҳад, ки ниҳон аз сари кӯяш гузарад, Субҳхезӣ чу насими саҳараш бояд кард… Зулфи ошуфтаи ӯ мӯҷиби ҷамъияти мост, Чун чунин аст, пас ошуфтатараш бояд кард. Ҳар кӣ ӯро хабар аз ҳолати мастон набувад, Ба яке ҷуръаи май бехабараш бояд кард. Ё Раб, ин дарди ҷигарсӯз чӣ мушкил дард аст, Ки мудово ҳама хуни ҷигараш бояд кард. Гар Камол орзуи сӯҳбати ҷонон дорад, Зуд з-ин кулбаи эҳзон сафараш бояд кард. Ҳаргиз ба ёди зулфи худ он маҳ раҳо накард, К-аз ҳар тараф зи дӯш сареро ҷудо накард. Ҳаргиз ду чашми ӯ ба ҷафо ваъдае надод, К-он ваъдаро ба чашм ҳамон дам вафо накард. Рӯе намонд, к-аз хами турра ба чин насохт, Пуште намонд. к-аз хами абрӯ дуто накард. Бемор карду дард фиристоду ҷон ситонд, Бемори ишқро беҳ аз ин кас даво накард. Хоҳем кард, гуфт, ба дафъи рақиб фикр, Фикре савоб буд, надонам, чаро накард? Миннатпазири он лаби лаълам, ки пеши хол Хатро ба бӯсаҷои мани хаста ҷо накард. То хоки остони ту овард дар назар Чашми Камол орзуи тӯтиё накард.

Ҳар касе дар сар аз ин гуна ҳавасҳо доранд

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳар касе дар сар аз ин гуна ҳавасҳо доранд, Ки чу мо чашми яқину дили доно доранд. Шеваи аҳли сафо ҳеч надониста ҳанӯз, Хештанро ҳама сӯфивашу раъно доранд. Қавли эшон ҳама ин, к-аҳли яқинему шинохт, Ба Худо, гар сари мӯе худ аз инҳо доранд. Ҳусн нашнохтаву дард надониста, ки чист, Ҳаваси ишқу висолу рухи зебо доранд. Fофил аз дилкашии холу хати лоларухон, Барги ошуфтадиливу сари савдо доранд. Бо чунин мояи пастӣ, ки худ он толеърост, Дар дил андешаи он қомату боло доранд. Орифон воқифи ин нукта нагаштанд, Камол, Хоса ин қавм, ки фаҳми сухани мо доранд. ______________________________ * Ин байт моли Саъдии Шерозист. ______________________________ Ҳар ки дар роҳи ту аввал қадам аз хеш бурид, Ҳам ба аввалқадам он ҷо, ки ҳамехост расид. Ҳеч кас дар ту наёвехт, ки аз ҷон нагурехт, Ҳеч кас бо ту напайваст, ки аз худ набурид. Ба талаб кас хабаре, ҳам асаре аз ту наёфт, Беталаб низ нишонат нашуниду набидид. Ҳама бо нолаву оҳанд, чӣ ҳушёру чӣ маст, Ҳама бо ҳасрату дарданд, чӣ пиру чӣ мурид. Зоҳид аз савмаа гар рахт кашад дар кӯят, Мо нахоҳем дар он кӯй ба ҷуз дард кашид. Он ки осон шумарад ин ҳама хун хӯрдани мо, Дур аз он рӯй магар шарбати ҳаҷре начашид?! То дили реш пур аз дарди талаб ёфт, Камол, Ёфт ҳар гуна муроде, ки аз ӯ металабид.

Ҳар куҷо зикре аз он абрӯи пурхам меравад

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳар куҷо зикре аз он абрӯи пурхам меравад, Гар равад, он ҷо ҳадиси моҳи нав кам меравад. Гӯиё, мӯри Сулаймон аст он хат гирди лаб, К-ончунон густох бар болои хотам меравад. Дӣ ҷудо аз ҳамдамон мешуд ба роҳе, гуфтамаш: Ҳайф аз ин умре, ки бе ёрони ҳамдам меравад. Давлати дардат чӣ хуш будӣ ба ғам як ҷо муқим, Лек чун дарди ту меояд, зи дил ғам меравад. То ту рафтӣ, меравад аз чашми мо пайваста об, Ҳар куҷо ҷон меравад, аз пай равон ҳам меравад. Хоки он дар дар назар в-ин турфа, гирёнам ҳанӯз, Каъба пеши чашму об аз чашми Замзам меравад. Гарчи як ҷоӣ чу миҷмар пой дар доман, Камол, Тайби анфоси ту дар атрофи олам меравад. Ҳар касе дар ҳарами васли ту маҳрам нашавад, Ҳар Бироҳим ба даргоҳи ту Адҳам нашавад. Мард то рӯй наорад зи ду олам ба Худой, Мустафовор гузини ҳама олам нашавад. Қалъаи дин накунӣ бе мадади дилҳо фатҳ, Лашкарат гар набувад, мулк мусаллам нашавад. То мушарраф нашавад банда ба султонсифатон, Ҳаргиз андар назари халқ мукаррам нашавад. Дили ушшоқ маёзору зи ҷон узр махоҳ, Ки мудовои чунин реш ба марҳам нашавад. «Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад, Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад».* Гар шикасти ту кунад ҳосиди бадхӯй, Камол, Дилат аз ҷо наравад донаму дарҳам нашавад.

Ҳар қатра хун, ки аз мижа бар рӯи мо чакад

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳар қатра хун, ки аз мижа бар рӯи мо чакад, Ояд давон-давон, ки бар он хоки по чакад. Аз ғамза неш зад ба ҷигар, соҳирӣ нигар, К-ӯ неш бар куҷо заду хун аз куҷо чакад. Он дам, ки теғи фурқати ӯ созадам ҷудо, Аз дида хун ҷудо чакад, аз дил ҷудо чакад. Резад ситора рӯзи қиёмат, аҷаб мадор, Рӯзи видоъ ашк ҳам аз дидаҳо чакад. Гар зери по дилам бишикастӣ чу зулфи хеш, Доим зи шишаи дили ман хун чаро чакад? Ҳар шаб ду дида обчакон дар ҳавои туст, Шабнам, ки дидаӣ, ҳама ҷо аз ҳаво чакад. Абри балост ҳаҷри туву гиряи Камол Борони меҳнате, ки зи абри бало чакад. Ҳар куҷо бо ёди он лаб маҷлисе ангехтанд, Майпарастон май ба каф аз ҳар тараф даррехтанд. Талхкомӣ бурд ҷом аз мо ба даври он ду лаб, Соқиён дар бодаҳо, гӯӣ, шакар омехтанд. Оҳувон бар гӯшаи гулзор диданд он ду чашм, Ҳар яке з-он тири ғамза ҷонибе бигрехтанд. Нозукиву лутф дуздид аз баногӯши ту дурр, Fӯтаҳо доданд, дар об он гаҳаш овехтанд. Дар суҷуд омад дару девор пеши он ҷамол, Аз ту дар бутхонаҳо ҳар сурате, к-ангехтанд. Қиссаи дардам фурӯ мерехт гардам пеши дӯст, Гар пас аз ман дӯстон гарди маро мебехтанд. Муддаӣ, гӯяд, Камол, аз ишқи рӯят шуд чу зар, Чанд гӯяд, чун маро дар бӯта з-ин сон рехтанд.

Ҳар саҳар, к-аз сари кӯи ту сабо бархезад

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳар саҳар, к-аз сари кӯи ту сабо бархезад, Оламеро дили ошуфта зи ҷо бархезад. Кӣ расонад ба сари кӯи ту хоки тани ман, Магар ин кор ҳам аз дасти сабо бархезад? Барнахезам пас аз ин аз сари кӯят ҳаргиз, Ҳар ки дар кӯи ту биншаст, куҷо бархезад? Фитнаҳо хост аз он зулф, ки ҳиндуи ту буд, То аз он турки камондор чиҳо бархезад? Чӣ шавад, гар нафасе хуш биншинӣ бо мо, То ба якбор ғам аз хотири мо бархезад. Ту мапиндор, ки бечора Камол аз дари ту Ба боло дур шавад, ё зи ҷафо бархезад. Ҳар шаб, ки аз ту сӯхтае оҳ баркашад, З-он оҳ доғҳо ба рухи моҳ баркашад. Зулфи туам чу домани дар по кашон маро Гоҳе ба хоки раҳ фиканад, гоҳ баркашад. Бори фироқи хеш чӣ санҷӣ ба ҷисми ман, Кас кӯҳро надид, ки бо коҳ баркашад? Тӯбо кашид пеши қадат сар ба осмон, Худро чаро ба қомати кӯтоҳ баркашад? Наққоши Чин гаҳе, ки кашад нақши он даҳан, Аз мӯ қалам бисозаду он гоҳ баркашад. Афтода бош, гӯ, сари зулфи ту бар зақан, Дилҳо, ки афтад, он расан аз чоҳ баркашад. Аз ғамза новаке, ки задӣ бар дили Камол, Чун баркашад, зи сина магар оҳ баркашад?

Вақте мурид буд дил, акнун ғулом шуд

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Вақте мурид буд дил, акнун ғулом шуд, Зулфи буте гирифту гирифтори дом шуд. Чашмам ба орзуи тамошои зулфи туст, Чун чашми рӯзадор, ки муштоқи шом шуд. Лабҳои ташнапарвари ту то зи дида рафт, Обам ба ҳалқу хоб ба мижгон ҳаром шуд. Сӯфии мо зи ишқ ба риндӣ гирифт ном, Аз нанги зуҳд расту бад-ин некном шуд. Гар ғам биканд аз чамани дил санавбараш, Дар ҷон хаёли қадду ту қоиммақом шуд. Маҳро, ки кӯси ҳусн бар офоқ мезанад, Ту дер мон, ки навбати он ҳам тамом шуд. Нозуксухан ба васфи лаби ӯ шудӣ, Камол, Тӯтӣ шакар шикаст, ки ширинкалом шуд. «Ҳидоя» хондиву ҳечат ҳидояте нарасид, Ано кашидиву з-он сӯ инояте нарасид. Зи хони илм, ки пур нуқли ҳикмат аст, туро Бурун зи нақли ҳадису ривояте нарасид. Ба қисса гӯш ниҳодӣ, сабаб нузулу ҳамин Зи лаҳни ғайб ба гӯши ту ояте нарасид. Туро чӣ суд ба рӯзи ҷазо виқояву ҷузв, Чу аз виқояи авфаш ҳимояте нарасид? Надида дидаи бино бидояти ин роҳ, Ба ҳар мукошафа то дар ниҳояте нарасид. Зи соликон хабаре ёфтам бағоят рост, Ки як раванда дар ин раҳ ба ғояте нарасид. Аз он даҳон, ки хазалилм лутфи ӯст, Камол, Ба гӯши ҳарфшунав ҷуз ҳикояте нарасид.

Варақи рӯи ту ушшоқ накӯ мехонанд

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Варақи рӯи ту ушшоқ накӯ мехонанд, Чун расад кор ба зулфат, ҳама дармемонанд. Суратат соҳиби маънӣ зи малак беҳ донист, Лек аҳли назарат беҳтар аз ин медонанд. Соиду дасти туам бим намоянд ба теғ, Ташнаро ин ҳама аз об чӣ метарсонанд? Рафтию монд хаёли даҳанат бо дили танг, Чун надоранд асаре, ҳар ду ба ҳам мемонанд. Мекунам пеши рақибон ба қадат нисбати тир, Ки чу оӣ, ба сару чашми манат биншонанд. Ашкро хоки дарат соили беҳосил хонд, Ҳар ки шуд рондаи даргоҳ, чунинаш хонанд. Чанд пӯшӣ зи касон рози дилу дида, Камол, К-ин ду чун амри муҳол аст, ки пинҳон монанд. Васли ӯ монда, чаро давлати дунё талабед? Давлатеро, ки беҳ аз дунйиву уқбо талабед. Дӯстдорон, ба ҷуз аз дӯст махоҳед зи дӯст, Ки набошад беҳ аз ӯ, ҳар чӣ аз ӯ металабед. Мекунад аз сари ҳастӣ ҳаваси хоки дараш, Аз паси хок шудан ҷаннати аъло талабед. Пеши болову лаби ӯ хунукиҳост ҳама Сояву об, ки аз Кавсару Тӯбо талабед. Нӯшдоруст лабаш, дард надоред, дареғ, Чанд шарбат зи шифохонаи Исо талабед? Ба сари турбати Маҷнун чу бисӯзед абир, Шакару уд зи холу лаби Лайло талабед. Дигар аз майкада пурсед хабарҳои Камол, То каяш бар сари саҷҷодаи тақво талабед?

Нури чашме бари соҳибназаре меояд

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Нури чашме бари соҳибназаре меояд, Пеши Яъқуб зи Юсуф хабаре меояд. Кард ширин даҳани мо хабари ёри азиз, Ки зи Мисри дигар инак шакаре меояд. Ҳар якеро зи тараб пой фурӯ рафт ба ганҷ, Кай ба дасти мани муфлис гуҳаре меояд? Менишинад зи ҳасад дар дили ман пайконе, Ҳар хаданге, ки аз ӯ бар ҷигаре меояд. Бод гарде, ки зи хоки раҳаш овард ба чашм, Чашм доред, ки куҳли басаре меояд. Чун ситора бадар оед ба истиқболаш, К-аз раҳи дур маҳе аз сафаре меояд. Гар равад ҷони ту, аз пеш маяндеш, Камол. Меравад ҷону зи ҷон дӯсттаре меояд. Нури чашмӣ, зи ту моро назаре мебояд, Сад назар гар расад аз ту, дигаре мебояд. Боз бинмо рухи зебо, чу буридӣ сари зулф, Мунқатеъ шуд шаби тира, саҳаре мебояд. Ба аёдат сухане гӯй, ки ранҷуронро Аз шифохонаи он лаб шакаре мебояд. Тутиёро натавонам, ки бубинам ба ду чашм, Сурмаи чашми ман аз хоки даре мебояд. Дили ушшоқ гирифтӣ, ба сари зулф супор, То баҳам барнаравад мулк, саре мебояд. Ба кабӯтар чӣ фиристам, ки барад номаи шавқ, Ки маро сӯи ту болеву паре мебояд. Чӣ матоъест суханҳои диловези Камол, Лоиқ гӯши ту беҳ з-ин гуҳаре мебояд.

Нуқтаи доираи лутф даҳони ту бувад

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Нуқтаи доираи лутф даҳони ту бувад, Ояти ҳусн хати мушкфишони ту бувад. Ончунон дод хатат доди накӯӣ, к-аз шавқ То ба гулбарги таре ҷомадарони ту бувад. Сар ба бемории борик кашад охири кор, ҳар киро орзуи мӯи миёни ту бувад. Пояи ҳиммати дарвешу сарафрозии ӯ Ба ҳавои қади чун сарви равони ту бувад. Бе гули рӯи ту ҳар лола, ки рӯяд зи гилам, Дар дилаш доғи ту, бар сина нишони ту бувад. Дами охир, ки бипӯшам зи ҷаҳон чашми умед, Ҳамчунон гӯшаи чашмам нигарони ту бувад. Мулки дилҳо зи ту обод бувад беҳ, ки хароб, Хоса мулке, ки саропой аз они ту бувад. Гуфтаӣ: Сурати ӯ мазҳари маънист, Камол. Худ аён аст, чӣ ҳоҷат ба баёни ту бувад? Навбаҳорон зи гулам бӯи ту хуш меояд, Ҳамаро боғу маро рӯи ту хуш меояд. Ҳамчу наргис наниҳам чашм ба сарви лаби ҷӯ, Ки маро қомати дилҷӯи ту хуш меояд. З-он ҳама халқа, ки шамшод занад бар сари гул, Бандаро халқаи гесӯи ту хуш меояд. Бӯи гулзор хуш ояд ҳама касрову маро Накҳати хоки сари кӯи ту хуш меояд. Шеваи чашми ту наргис чӣ кунад? шеваву ноз, Шева аз наргиси ҷодуи ту хуш меояд. Печи сунбул ба чаман ҳеч намеояд хуш, Пеши рӯи ту хами мӯи ту хуш меояд. Чашм накшуд ба рӯи гул аз он рӯй, Камол, Ки назар бар гули худрӯи ту хуш меояд.

Показаны записи 261-270 из 534