Показаны записи 231-240 из 534
Мижа тез асту ғамза тезу ту тез
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Мижа тез асту ғамза тезу ту тез,
Рехтӣ хуни ошиқон ба ситез.
Гар касе бе баҳона натвон кушт,
Сад баҳона ба шевае ангез.
Аз ман он пойбӯс магрезон,
Ҳамчу умри гурезпо магрез.
Гӯ, бипарҳез чашмат аз хунам,
Нест беморро беҳ аз парҳез.
Кард хуни ҳама ба гардани зулф,
Гуфт: Каҷ дор туррарову марез!
Порсо дасти хушк рафт он ҷо,
Чун зи тасбеҳ дошт дастовез.
Зоҳидо, ту биҳишт, ҷӯ, ки Камол,
Валиёнкӯҳ хоҳаду Табрез.
Нест аз шавқи ту ҷонро на гузиру на гурез,
Сар надорад зи сари ханҷари ту низ ситез.
Орзу мебарам он рӯй, зиҳӣ оташи табъ!
Хотирам мекашад он теғ, зиҳӣ хотири тез!
Гуфтаӣ: Зулфи каҷам дор ба дасти дигаре,
Монад ин ҳам ба ҳамон нуқта, ки каҷ дору марез.
Нест шарти адаб, эй гард, бар он дар манишин,
Заҳмати худ бибар, эй бод, аз он кӯ, бархез!
Халқ гӯянд: Гурез аз ситами зулфу рухаш!
Рӯзи равшан ба чунин банд чӣ имкони гурез?
Ҳар ки хонд аз суханам васфи рухи хуби ту, гуфт:
Накунад кас беҳ аз ин маънии нозук ангез.
Даст зад дар расани зулфи ту дуздида Камол,
Ёфтӣ дузд, ду дасташ ҳам аз он ҷо овез.
Мо сар фидои хоки раҳат кардаем боз
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Мо сар фидои хоки раҳат кардаем боз,*
Дарди саре ба кӯи ту овардаем боз.
Натъи адими чеҳраи гулгун ба хуни дил
Бар хоки остони ту густардаем боз.
Дар мо нигар ба гӯшаи чашми риояте,
К-аз ҷаври рӯзгор дилозурдаем боз.
Бо мо даме баровару моро ҳаёт бахш,
Эй Исии замона, ки дилмурдаем боз.
Сар бо мани шикаста гарон кардаӣ, чӣ буд,
Дар бехудӣ магар гунаҳе кардаем боз?
Бар хоки кӯи ту ба умеди риояте
Умре дар интизор ба сар бурдаем боз.
Аз лавҳи ҷон ба хуни дили хастаи Камол
Нақши хаёли ғайр ту бистурдаем боз.
____________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
____________________________________________
Маҷлиси мо ба ҳузури ту чунон аст имрӯз,
Ки камин ходимааш ҳури ҷинон аст имрӯз.
Аз сари зулфи парешони ту дар ҳалқаи ҷамъ
Ақли савдозада занҷиркашон аст имрӯз.
Соқиё, бода бидеҳ, к-аз майи дӯшина маро
Рахти хилват ба хароботи муғон аст имрӯз.
З-он ду ҷодуи фиребандаи меҳробнишин
Зоҳиди савмаа расвои ҷаҳон аст имрӯз.
Офтоб аз чӣ сабаб рӯй ба меҳроб намуд?
Fолибан дар сари зулфи ту ниҳон аст имрӯз.
Дӯш бо хоки дарат буд магар боди сабо,
Ки бар атрофи чаман мушкфишон аст имрӯз?
Гарчи бедилтар аз он аст, ки дӣ буд Камол,
Бар ҷамоли ту ба сад дил нигарон аст имрӯз.
Гули рухсори туро вақти тамошост ҳанӯз
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гули рухсори туро вақти тамошост ҳанӯз,
Наргиси масти ту манзури назарҳост ҳанӯз.
Нақшбанди рухат аз ғояти ҳайронии хеш
Батамомӣ маҳи рӯи ту наёрост ҳанӯз.
Нест моро ба баҳои сари мӯят ҷоне,
Варна он зулфи сияҳ бар сари савдост ҳанӯз.
Гар ба шамшери ҷафо хуни дили мо резӣ,
Ба вафои ту, ки ҷурм аз тарафи мост ҳанӯз.
Сарв бо қадди ту даъвои латофат мекард,
Солҳо гарчи баромад, нашуд он рост ҳанӯз.
Ҳамчу ашкам зи назар гарчи фикандӣ сад бор,
Бар сару чашми ҷаҳонбини манат ҷост ҳанӯз.
Ҳаст наззорагии рӯи ту имрӯз Камол,
Бебасар мунтазири ваъдаи фардост ҳанӯз.
Моро ба чӣ ҷурм аз назар андохтаӣ боз,
Мо сӯхтаву ту ба хасон сохтаӣ боз?
Сад шаб ба ман оварда ба рӯзу зи такаббур
Рӯзи дигарам дидаву нашнохтаӣ боз.
Гар доияи сӯхтани ҷони манат нест,
Чун шамъи вуҷудам зи чӣ бигдохтаӣ боз?
Бо абрӯи ту дида ниҳонӣ назаре бохт,
Дил гуфт: Назар кун, ки чӣ каҷ бохтаӣ боз!
Эй омада дар ҳалқаи ушшоқсаворон,
Бар лашкари мағлуб чаро тохтаӣ боз?
Аз дуди дарунҳо, шаҳи ман, нек бияндеш,
К-аз оташи дилҳо алам афрохтаӣ боз.
Гар сайди ту шуд зуд Камол, ин аҷабе нест,
Бар мурғи парандохта андохтаӣ боз.
Сари ман хоки поят боду ҷон низ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Сари ман хоки поят боду ҷон низ,
Ки дар пои ту хуштар ину он низ.
Чӣ гуна дар ҳарими ӯ ниҳам пой,
Ки нагзоранд сар бар остон низ?
Ба кӯят ҷуз сабо касро гузар нест,
Валекин ғайратам ояд аз он низ.
Чӣ танг аст он шакар – яъне даҳонат,
Ки ваҳм он ҷо намегунҷад, гумон низ.
Дили овораи ман то куҷо шуд,
К-аз ӯ номе намеёбам, нишон низ.
Тавонад буд дил ҷои ғами ту,
Чӣ ҷои дил, ки ҷони нотавон низ.
Камол, он шаб, ки дар чарх ояд он моҳ,
Зи ҷон дасте барафшон, аз ҷаҳон низ.
____________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
____________________________________________
Кушт чашми туам ба шеваву ноз,
Назаре сӯи куштагон андоз.
Хастагонро ба пурсише дарёб,
Бедилонро ба ваъдае бинвоз.
Имшаб афкан зи рӯи хуб ниқоб,
Шамъи маҷлис зи шарм, гӯ, бигдоз!
Дили бечора шуд зи ҳаҷри ту хун,
Чораи кори ӯ ба васл бисоз.
Мо гадоему муфлису ту карим,
Мо ғарибему ту ғарибнавоз.
Аз ту гар сар талаб кунанд, эй дил,
Ҷон бинеҳ бар сару равон дарбоз.
Оқибат зулфи ӯ ба даст орӣ,
Гар биёбӣ, Камол, умри дароз.
Рафт умру нашуд он шӯх ба мо ёр ҳанӯз
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Рафт умру нашуд он шӯх ба мо ёр ҳанӯз,
Мекунад ҷавр ба ёрони вафодор ҳанӯз.
Дӣ дар аснои сухан гуфт: Фалонӣ саги мост!
Ҳаст дар гӯши ман он лаззати гуфтор ҳанӯз.
Турфа коре, ки расид аз ғами ӯ кор ба ҷон,
Накунад зории мо дар дили ӯ кор ҳанӯз.
Ман аз он чашми хуш он рӯз шудам аҳдшикан,
Ки набуд аз маю аз майкада осор ҳанӯз.
Зоҳидон аз паи он ошиқи рафтори худанд,
Ки наянд огаҳ аз он қомату рафтор ҳанӯз.
Гарчи дил аз марази ишқи ту аз хеш бирафт,
Орзуи ту нарафт аз дили бемор ҳанӯз.
Ҳар кас аз банди ғаме ёфт наҷотеву Камол
Ҳамчунон аст ба қайди ту гирифтор ҳанӯз.
Зоҳиди шаҳраму соҳибназару шоҳидбоз,*
Шуста саҷҷода ба май, карда ба майхона намоз.
Тоати бодапарастон чӣ ба масҷид, чӣ ба дайр,
Ишқ варзидани риндон чӣ ҳақиқат, чӣ маҷоз!
Дигарон мӯътақиди зӯҳду намозанд ҳанӯз,
Мо ба мақсуд расидем ба риндиву ниёз.
Остони дари ту манзили шаҳбозон аст,
Магасонро чӣ маҳал бар сари кӯят парвоз?
Бандаи толеъи шӯридаи хешам, ки маро
Дар сари зулфи парешон-ш бишуд умри дароз.
Бирасон ҳар ситаму ҷавр, ки хоҳӣ ба Камол,
Хуш бувад бар дили Маҳмуд ситамҳои Аёз.
Чу ишқ омад, эй ақл, хезу гурез
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Чу ишқ омад, эй ақл, хезу гурез,*
Ки хошок накнад ба оташ ситез.
Агар дида хоҳад, ки ёбад дилам,
Бигӯ, хоки пояш ба мижгон бибез.
Сари худ ба теғи ту хоҳам фурӯхт,
Ки беҳ з-ин надорам харидор низ.
Чу дид оҳу аз дур он чашми маст,
Равон аз ҳамон ҷо бигашту гурез.
Зи дил рехт он ғамза хунам, Камол,
Агар мениҳам ҷурм, хунам бирез.
____________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
____________________________________________
Дареғ аз ҷаврат омад, аз ҷафо низ,
Ки бо ман он намедорӣ раво низ.
Ту дашномам диҳӣ беҳтар, ки ғайре
Бихонад раҳматам, гӯяд дуо низ.
Чӣ сайдам ман, ки як борам ба фитрок
Намебандӣ, намесозӣ раҳо низ?
Ҳанӯз андар сарам меҳри ту бошад,
Агар аз хоки ман рӯяд гиё низ.
Ба қатли ман ҳавас ӯро на танҳост,
Ки ҳаст ин орзу дар ҷони мо низ.
Дароз афтодааст он риштаи зулф,
Расад он ришта як рӯзе маро низ.
Камол, оини хунрезӣ раво ҳаст,
Махӯр андуҳ, ки нагзорад туро низ.
Бо чашми хуш, эй шӯх, маро ҷанг маяндоз
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Бо чашми хуш, эй шӯх, маро ҷанг маяндоз,
Меҳнатзадаеро ба бало ҷанг маяндоз.
Дар дасти сабо силсилаи зулф маяфкан,
Шӯридадилонро ба сабо ҷанг маяндоз.
Шаб бар дари ту будаам, ин роз ниҳон дор,
Он ҳосиди сагро ба гадо ҷанг маяндоз.
Гуфтӣ, бари ёрон барадам куштани ёре,
Ноомада дар маҷлиси мо, ҷанг маяндоз.
Як новаки дигар бизану рост бизан низ,
Бо ҷон дили маҷрӯҳи маро ҷанг маяндоз.
Дар дасти Камол он сари зулф афкану кун сулҳ,
Худро ба мани бесарупо ҷанг маяндоз.
Ба даъвии қадат сарви сарафроз
Табар бар пои худ хоҳад задан боз.
Зи сар то по гулӣ, эй шохи нозук,
Ки баргат шева асту меваат ноз.
Чу зар мо бедилон софем бо ту,
Чу қалбе нест моро, беш магдоз.
Равон созем, гуфтӣ, хунат аз чашм,
Зи таъхирам чӣ сӯзӣ, ҷон равон соз?!
Чу зое мекунӣ оби даҳонат,
Зи хоки раҳ ба рӯи ошиқ андоз!
Бар он дар ҳалқа зад ҷон, омадам ҳайф,
Ки дар гӯше расад з-он ҳалқа овоз.
Камол, ин ҳалқа бар сандон задан чист?
Гарат ҷонест, дар боз аст, дарбоз!
Орзу бурдаам, ки чашми ту боз
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Орзу бурдаам, ки чашми ту боз
Кушадам гаҳ ба ишва гоҳ ба ноз.
Мо харидем, гар фурӯшад дӯст
Ними нозе ба сад ҳазор ниёз.
Гар кашӣ хони васл, лаб бикшой,
Ки нахуст аз намак кунанд оғоз.
Сари мо зери по фикан, ҷон низ,
Ҳар чи гуфтем, бар замин андоз.
Гуфтам:Аз зулф аз чӣ дурам? Гуфт:
Боз рафтӣ ба фикри дурудароз.
Дар шакар рез фикри хеш, Камол,
Қанди ҳар як сухан мукаррар соз.
То биёяд ба чошнигирӣ
Шакар аз Миср, Саъдӣ аз Шероз.
Он ки андохт зи поям чу сари зулфи дароз,
Ё Рабаш, дар дили бераҳм вафое андоз.
Бозии тифл ба хок асту бутам шоҳиди тифл,
Эй аҷал, зудтарам бар дари ӯ хок бисоз.
Мурғи руҳам ба ту худро бинамояд паси марг,
То ба тир афканадам ғамзаи сайёди ту боз.
Гӯшаи чашм нигар, гунаи рухсор бубин,
Нозанинӣ туву моро ба ту ҳар гуна ниёз.
Ҳар дарахте, ки барояд ба сари кӯи бутон,
Меваи ӯ ҳама шевасту гули ӯ ҳама ноз.
Дар азал дил ба ту шатранҷи тааллуқ мебохт,
Ишқбозӣ ман аз имрӯз накардам оғоз.
Дил гарав баст ба ӯ, ҳар ки назар бохт, Камол,
Бо ҳарифе, ки ду рух дораду ту, ҳеч мабоз!
Ошиқ кунад мушоҳидаи ҳақ ба рӯи ёр
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ошиқ кунад мушоҳидаи ҳақ ба рӯи ёр,*
Ёре чунон талаб куну ишқе чунон биёр.
Бечора ғофилон, ки надоранд дарди ишқ,
Машғул гаштаанд ба тазйеъи рӯзгор.
Гар нест дар даруни ту сӯзе ба сони шамъ,
Боре бурун, риё бувад, ин ашкро маёр!
Ту ҷони худ ба худ натавонӣ нигоҳ дошт,
Дилдор худ биҷӯву равоне ба ӯ супор.
Чун субҳ дар ҳавои ту ҷон медиҳам ба сидқ,
Бо ҳамдами чунин ба сифат ҳамдаме биёр.
Гӯянд, куштагони муҳаббат намурдаанд,
Ман мирам аз барои ту рӯзе ҳазор бор.
Бӯе чу бурдаӣ зи гулистони маърифат,
Зинҳор, эй Камол, қаноат макун ба хор!
__________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори
нахуст ба хати имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
__________________________________________
Орзӯ бурдаам, ки чашми ту боз
Кушадам гаҳ ба ишва, гоҳ ба ноз.
Мо харидем, агар фурӯшад дӯст
Нимнозе ба сад ҳазор ниёз.
Гар кашӣ хони васл, лаб бикшой,
Ки нахуст аз намак кунанд оғоз.
Сари мо зери по фикан, ҷон низ,
Ҳар чӣ гуфтем, бар замин андоз!
Гуфтам: Аз зулфат аз чӣ дурам? Гуфт:
Боз рафтӣ ба фикри дуру дароз.
Дар шакар рез фикри хеш, Камол,
Қанди ҳар як сухан мукаррар соз.
То биёяд ба чошнигирӣ
Шакар аз Мисру Саъдӣ аз Шероз.
Мани гирён чӣ кунам з-он мижаву ғамза ҳазар
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Мани гирён чӣ кунам з-он мижаву ғамза ҳазар,
Чӣ яке найза, чӣ сад, чун бигузашт об зи сар.
Гар аз он кеш ба ёрони ту ояд тире,
Сӯи садраш ҳама гӯем, ки фармою гузар!
Ҳар ки пеши ту равад, то ба ман орад хабарат,
Чун туро дид, аҷаб, гар дигар ояд ба хабар.
Эй сабо, домани он зулф чӣ бошад, ки кашам,
Рафъ кун хоҷати мо, к-омадаем аз паи ҷар.
Нимаи шаҳр ба оҳам, нашунидӣ, ки бисӯхт,
Ба ғарибон назаре, то назанем оҳи дигар.
Пеши соҳибназарон ҷой нигаҳ дор, эй ашк,
Нест бархостан имкон, чу фитодӣ зи назар.
Кас бар он дар натавонист равон рафт, Камол,
Fайри ашки туву он низ ба сад хуни ҷигар.
Мехурад хунам ба шӯхӣ шоду хандон, он писар,
Шири модар мехурад пиндориву моли падар.
То муаллим ғамзааш бошад, кӣ омӯзад адаб?
Чун зи шогирд аст бисёрӣ муаллим шӯхтар.
Бозии тифлон ба хок омад, шавам хоки раҳаш,
То кунад бозикунон бар хоки роҳи худ гузар.
Чун ба тираш ҷон диҳам, созед мурғе аз гилам,
То занад бар ҷои тири аввалам тири дигар.
Эй магас, дур аз лаби ёрам чу тори анкабут,
Меравӣ он ҷо шакар хӯрдан, маро бо худ бубар.
Сеҳр агар донистаме, худро магас месохтам,
Менишастам бар лабаш густох, мехӯрдам шакар.
Аз дари хилват чу дид он зулфу он ораз, Камол,
Дар дуо печид, чун шаб буд наздики саҳар.
Показаны записи 231-240 из 534