Показаны записи 201-210 из 534
Бе ту маро хобу хаёли висол
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Бе ту маро хобу хаёли висол
Он ҳама хоб аст ба чашму хаёл.
Ҷон сӯи болои ту бе дил нарафт,
Мурғ ба боло напарад ҷуз ба бол.
Ҳоҷатам аз рӯи ту як дидан аст,
Дур маҳалли назар асту суол.
Сӯхтагон рӯй ба оташ ниҳанд,
Гар ту ба ҷаннат нанамоӣ ҷамол.
Ҷону сарам ҳар чӣ барам пеши ту,
Ҳеч нагирӣ зи ман илло малол.
Зулфи ту хоҳам ба тафоул гирифт,
Дол гирифтанд муборак ба фол.
Ломия гуфтам ғазале, то барӣ
Бар гузари қофия номи Камол.
Парӣ ба ҳусну латофат надошт бо ҳама ҳол
Ҳар он чӣ дар рухи туст, эй маҳи хуҷистахисол.
Нигори сарвқади гулузори пистадаҳан,
Бути шакарлаби бодомчашми мушкинхол.
Агарчи абрӯи хубат ба дилбарӣ тоқ аст,
Бар офтоби ҷамоли ту ҳаст ҷуфти ҳилол.
Маро умеди висоли ту чун зи боди ҳавост,
Нишони кӯи ту мепурсам аз насими шамол.
Хаёли васли ту дӣ дар тасаввурам бигузашт,
Зиҳӣ тасаввури ботил, зиҳӣ хаёли муҳол!
Дил ар зи шавқи лабат нола мекунад, чӣ аҷаб,
Фиғони оташи сӯзон бувад зи оби зулол.
Рухат чу моҳи тамом аст, кай бувад нуқсон
Зи роҳи лутф агар бингарад ба сӯи Камол?!
Эй варақи гули биҳишт аз рухи нозукат хиҷил
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй варақи гули биҳишт аз рухи нозукат хиҷил,
Лаъли лаби ту ғунчаро карда ба ханда мунфаъил.
То нагирифт аз лабат нусха мусаввири сабо,
Сурати гул ба ҳар тараф барнакашид аз обу гил.
Ман ба ҳавои қоматат умри дароз ёфтам,
З-он ки ҳамеша кардаам касби ҳавои мӯътадил.
Бар дарат оташи дилам рафтаву даргирифта дон,
Гар наравад ба гирди он оби ду дида муттасил.
Чашми ту чун кушад маро, ту биҳиле талаб кунӣ,
Гар накушад дубораам, нест, ба дӯстӣ, биҳил.
Чун нарасид риштаи умр ба даври васли ту,
Миннати ӯ чӣ мекашам, гӯ, аҷалаш баҳам гусил.
Дӣ ба Камол гуфтаӣ: Дил бари мо биёру ҷон.
Сӯи худам раҳе намо, то биравам ба ҷону дил.
____________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
____________________________________________
Ба зулфу холи ту кардем хуни хеш сабил,
Ба шарти он, ки ситонанд хунбаҳои қатил.
Матоъи мо сару ҷон асту нест лоиқи дӯст,
Ба дӯстон чӣ фиристад касе матои қалил?
Танам гудохт чу шамъу далели заъф дил аст,
Магар ки пеши ту равшан нашуд зи заъф далел?
Рақиб сохт ду чашми тарам ба захм кабуд,
Ду Даҷла буд равон чашми мо, кунун шуд Нил.
Чӣ илтифот муҳибро ба бӯстони наим,
Ки дил зи рӯи ту боғест пур зи нори Халил.
Ба васли сӯҳбати Юсуф, азизи ман, маштоб,
Ҷамоли ёр набинӣ, магар ба сабри ҷамил.
Камол, зулфи бутон гар хаёл мебандӣ,
Марав ба хоб, ки ҳиндустон бубинад фил.
Зи рӯям вақти куштан меравад ранг
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Зи рӯям вақти куштан меравад ранг,
Ки метарсам барорад теғи ӯ занг.
Гузашт аз хуни ман, норонда шамшер,
Чӣ ҳикмат буд пеш аз оштӣ ҷанг?
Агар бӯсе-м мебахшад, равонтар,
Ки дорам бо даҳонаш фурсате танг.
Сагам мехонаду мехоҳадам узр,
Саге бошам, агар дорам аз ин нанг.
Ба бозӣ гул задам ногаҳ бар ӯ, гуфт:
Чаро бар шохи нозук мезанӣ санг?
Ба ман ҳар ғам, к-аз ӯ ояд, равад оҳ
Ба истиқболи ӯ то ним фарсанг.
Камол, аз дил наёрӣ нола берун,
Ки расвоист, чун хориҷ шуд оҳанг.
Эй рояти ҷамоли ту нақши нигини дил,*
Ишқат ниҳода доғи ҷафо бар ҷабини дил.
Хилватсарои ишқи ту доруламони ҷон,
Мушкилкушои сирри ту руҳуламини дил.
Дар домани висоли ту хоҳам бирехтан
Нақди вуҷуди хештан аз остини дил.
Ё раб, чӣ тира мешавадам рӯзи зиндагӣ,
Зеро ки нест субҳи висолат қарини дил.
Аз ҳоли зори хеш Камол ар кунад баён,
Ҳоҷат раво кунӣ, ки надорад ҳазини дил.
Агарчи дур бувад маҳ зи ту ба сад фарсанг
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Агарчи дур бувад маҳ зи ту ба сад фарсанг,
Даҳони ту ба шакар нисбатест танготанг.
Мапӯш рух, ки ғулув кард хатти зангорӣ,
Чу дур шуд зи назарҳо, бигирад оина занг.
Зи ашк ҷумла танам сурх сохт мардуми чашм,
Чунон ки рангразонро ба дил хуш ояд ранг.
Ба роҳи ишқ агар пой бишканад сӯфӣ,
Зи гашти кӯи бутон то сарат баҷост, маланг!
Расам ба зулфи ту аз сабр бо дили пурхун,
Бад-он далел, ки хун мушк мешавад ба диранг.
Зибаски тири ту дорам ба дил, чу хок шавам,
Барояд аз гили ман ҳар тараф дарахти хаданг.
Ба аҳли қибла чу карданд оштӣ туркон,
Чаро ба ошиқи он рӯст ғамзаҳоро ҷанг?
Камол, аз дили сахти рақибу ёр манол,
Туро, ки орд ҳамебояд аз миёни ду санг.
Чу ин ғазал сару пояш дақиқу борик аст,
Сазад, ки нағмасароён бад-ӯ кунанд оҳанг.
То раге меҷунбадам дар тан чу чанг,
Бошад оҳангам ба майҳои чу занг.
Зоҳидо, ризқ аз азал бинҳодаанд,
Дар кафи мо ҷому дар дасти ту санг.
Нест моро дар миён моли падар,
Бо манат, ҷони бародар, чист ҷанг?
Салсабилу мову ҳур, инак ба нақд
Соқии гулбӯ, шароби лоларанг.
Соқиё, май деҳ, ки шоҳид рӯ намуд,
Мавсими гул шуд, чӣ фармоӣ диранг?
Чун даҳону зулфи ӯ бе акси ҷом
Ҳаст бар мастон ҷаҳон торику танг.
Май ба овози бирешим хӯр, Камол,
Мутрибе гар оядат рӯзе ба чанг.
Ҳавои васли ту дорад ғариқи баҳри фироқ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳавои васли ту дорад ғариқи баҳри фироқ,
Чу ташнае, ки ба оби равон бувад муштоқ.
Шунидаам, ки сагам хондаӣ, афокаллоҳ,
Мани фақир бад-ин ҳам надорам истеҳқоқ.
Ҳазор бор ба гирди ҷаҳон маҳу хуршед
Баромаданду назират надида дар офоқ.
Асоси ақл барафтод то ба абруву чашм,
Бинои ҳусн ниҳодиву баркашидӣ тоқ.
Ҳадиси зулфи дарозат ба гӯши ҷон чу расид,
Баҳам баромад аз он ҳалқа-ҳалқаи ушшоқ.
Саҳифаҳои мулавванҳавошии гулро
Фурӯғи рӯи ту оташ фиканд дар авроқ.
Шаванд аҳли Сипоҳон ғуломи шеъри Камол,
Гар ин ду байт сароянд мутрибон ба Ироқ.
Зи ҳасрат хок шуд ин чашми намнок,
Ба хок ар по ниҳӣ боре, ба ин хок.
Накӯ омӯхт он чашм аз ту шӯхӣ,
Чӣ зуд устод шуд шогирди чолок.
Муаллақҳо занад аз шодӣ он сайд,
Ки овезӣ пас аз бисмил ба фитрок.
Чу аз рух х(в)ай ба доман пок созӣ,
Шавад покизатар он домани пок.
Зи шабгардӣ чӣ тарсам, ёр дар чашм,-
Надорам рӯзи равшан аз асас бок.
Ба марги мӯҳтасиб кам хур, дило ғам,
Ба миқдори мусибат ҷома зан чок.
Камол, аз хас шуморад камтарат дӯст,
Магар дар дӯстӣ афтод хошок?
Ба ҳусни хулқ бистон дил зи ушшоқ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ба ҳусни хулқ бистон дил зи ушшоқ,
Ки ваҷҳи аҳсан омад ҳусни ахлоқ.
Дил аз рӯи ту, гӯӣ, нусхагир аст,
Ки ҷамъаш омад аз ҳаргуна авроқ.
Дил аз савдои он абрӯ аҷаб нест,
Ки накнад суду дорад мояҳо тоқ.
Камол, ар гуфтӣ аз дил ғарқи хунам,
Баёни воқеӣ кардӣ, на иғроқ.
Ба масҷид ҳафтае аз ту куҷо як саҷдаи лоиқ,*
Ки дар одинаӣ зоҳид, ба шаш рӯзи дигар фосиқ.
Лаҳу фӣ кулли мавҷудин аломоти ва осоран,**
Ду олам пур зи маъшуқ аст, ку як ошиқи содиқ?
Наёвардӣ касе дар гӯш овози хатибонро,
Фалав ло ясмуъа минҳум ҳувалмуъзим ҳуваррозиқ.***
Чаро аз дӯст вомонӣ, ба лаззатҳои ҷисмонӣ?
Ғами Лайлӣ хурӣ авло, ки ки шаҳду шаккари Фоиқ.
Мариз улишқи ло яфнӣ бисукр илмавти валҳуммӣ,****
Хушо сармастии Маҷнун, хунук саргармии Вомиқ!
Насим улварди яҳйикум, раҳиқ улҳубби яшфикум,*****
Мин аззулмоти янҷикум бидун ишшамсу ашшориқ.******
Дилат гарм аст бо дунё, мапӯшон аз Камол ин таб,
Чу дар дорушшифои дин табибе ёфтӣ ҳозиқ.
________________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаҳои интиқодист.Бо хати имрӯзаи
тоҷикӣ нахустин бор нашр мешавад.
** Маънии мисраъ: Дар ҳар мавҷуде аз ӯ аломат ва
осоре ҳаст.
*** Маънии мисраъ: Касӯ онҳоро мешунавад ва Ӯ бузург ва рӯзидиҳанда аст.
**** Маънии мисраъ:Бемори ишқ намемирад ва дар
мастии марг нобуд намешавад.
***** Маънии мисраъ: Насими гул зинда медорад
ва доруи муҳаббат шифо мебахшад.
****** Маънии мисраъ: Аз торики наҷот мебахшад
бидуни офтобу равшанӣ
_________________________________________________
Табиби ишқ ба хун, гӯ, бисоз шарбати ошиқ,
Ки нест дархури бемор ҷуз ғизои мувофиқ.
Аз он матоъ, ки ошиқ ба ёри хеш фиристад,
Марост ҷоневу он низ нест тӯҳфаи лоиқ.
Рақиб саъй намояд чу ғамзаи ту ба хунам,
Бувад мувофиқи ғаммоз фикру ройи мунофиқ.
Дилам ба зулфи ту чун пай барад ба сирри миёнат,
Ки кас ба зеҳни парешон накард фаҳми дақоиқ.
Пазам хаёли таҷарруд, вале зи зулфи бутонам
Даромадаст ба гардан ҳазор гуна алоиқ.
Агар даҳони ту, гӯянд, ҳасту нест зи тангӣ,
На козибанд дар ин нукта ошиқону на содиқ.
Камол рӯи ту диду зи шавқ дар сухан омад,
Шавад ҳароина тӯтӣ зи акси оина нотиқ.
Дар заврақи ҳаёт аст ҷони рақиби хоиф
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дар заврақи ҳаёт аст ҷони рақиби хоиф,
Ё раб, нигоҳ дораш аз боди номухолиф.
Мо дину дил ниҳодем дар ваҷҳи дилситонон,
Сад шукр, к-ин захира шуд сарф дар масориф.
То биспурӣ ба ҷонон, карданд вақф ҷонро,
Воқиф набуд зоҳид, гӯӣ, зи шарти воқиф.
Гар дарду ғам фиристӣ, васлат кунем ҳосил,
Мо мекунем таҳсил, то мерасад вазоиф.
Маъшуқу ҷоми майро гар ҳақ намешиносӣ,
Дар роҳи ҳақшиносӣ на соликӣ, на ориф.
Дидам лабу даҳонаш, бӯсе, - ба ханда гуфтам,
Гӯянд бо латифон бисёр аз ин латоиф.
Ояд ба бӯи зулфат бар дар Камолу гӯяд:
Чашме ба ҳалқа дорад дар тавфи Каъба тоиф.
Зиҳӣ, бидояти ҳусни хатат ниҳояти лутф,
Хати ту ҳуҷҷати ҳусну лаби ту ояти лутф.
Ғами ту қосиди ҷон шуд, хату лабат нагузошт
Зиҳӣ, риояти ҳусну зиҳӣ ҳимояти лутф!
Ба як хату ду варақ шарҳ кардаанду баён
Хатат мақолати ҳусну лабат ҳикояти лутф.
Вуҷуди ман зи хаёлат чунон латиф шудаст,
Ки об мечакад аз дидаям зи ғояти лутф.
Беҳ аз ниҳояти ҳусни гул асту хандаи ӯ
Даҳони танги ту чун ғунча дар бидояти лутф.
Маро, ки вирди забон зикри он лабу даҳан аст,
Хатост, гар накунам дар сухан риояти лутф.
Камол, бар ту сухан хатм шуд, ба ӯ хубӣ,
Ки ҳадди ҳусн ҳамин бошаду ниҳояти лутф.
Ёр биншаст ба маҷлис, бинишонед чароғ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ёр биншаст ба маҷлис, бинишонед чароғ,
Рӯи ӯ нури таҷаллист, махонед чароғ.
Офтобест, зи толеъ шуда ҳамсояи мо,
На шаб аст ин, ки зи ҳамсоя ситонед чароғ.
Хонаро равшанӣ он чашму чароғ аст имшаб,
Бигузоред ҳама шамъу бимонед чароғ.
Чашм доред, ба маҳ нисбати он рӯй кунед,
Нест торик зи парвона, бидонед, чароғ.
Гар надидед, ки чун дур шавад соя зи нур,
Як шаб аз пеши рухи ӯ гузаронед чароғ.
Барнатобед ба ҳусни рухи ӯ, эй маҳу меҳр,
Гарчи ҳар як ба рух аз нур фишонед чароғ.
То саҳар имшаб дигар ману он зулф, Камол,
Шаб дароз аст, аҷаб, гар бирасонед чароғ.
Эй хатат хубу узорат нозуку лабҳо латиф,
Холи мушкинат малеҳу орази зебо латиф.
Гар ту рух пӯшӣ вагар на, ҳар ду зебо оядат,
З-он ки ҳам пинҳон чу ҷон хубиву ҳам пайдо латиф.
Ту латифӣ, хоҳ дар дил, хоҳ дар чашм о фурӯ,
Қатраи борон бувад дар пасту дар боло латиф.
Зулф сар дар пот суд, ин хаста з-он дар тоб рафт,
Пой то сар нозукиву ҷумла сар то по латиф.
Дар латофат он ду соид мебаранд аз сим даст,
Нест, ҷони ман, тани симини ту танҳо латиф.
Рӯй агар тобӣ зи оҳи гарму сарди мо равост,
Заҳмати сармо надорад, тоқати гармо латиф.
Гӯ, ба лутфи табъ худро мешумар соҳибкамол,
Ҳар ки мегӯяд ҷавоби гуфтаҳои мо латиф.
Дил чӣ кунад майли тамошои боғ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дил чӣ кунад майли тамошои боғ,
То ба туам аз ҳама дорад фароғ?
Маҷлиси мо бо ту чӣ мӯҳтоҷи шамъ?
Чун бинишастӣ, бинишин, гӯ, чароғ.
Сӯхта ҷони ҳама аз доғу дард,
Ҷони ман аз ҳасрати он дарду доғ.
Зоҳиди худбин, ки ҳама рангубӯст,
Бӯи ту нашнид ба чандин димоғ.
Ёр кушад боз, дило, гуфтамат,
Лайса илал мухбири иллалбалоғ.*
Гарчи ду чашмат дили мо бурд асир,
Ҳеч накардем зи туркон суроғ.
Бурд дилат ҳиндуи зулфаш, Камол,
Боз аҷаб гар бишавад сайди зоғ.
________________________________________________
* Паёмрасон ба ҷуз расонидани хабар коре надорад .
________________________________________________
Канори обу лаби ҷӯйбору гӯшаи боғ,
Хуш аст бо санами сарвқад ба шарти фароғ.
Навохт рехтаҳо дар чаман муғаннии об,
Таронаҳои тари ӯ латиф сохт димоғ.
Шаби баҳору шабистони боғу сӯҳбати ёр,
Чунин шабон ба шабистон, дило, биҷӯ ба чароғ.
Агар ба равза равам бо рақиб, дар қафасам,
Шунида бошиву дида ҳадиси тӯтиву зоғ.
Мадор даври гул аз май даме қадаҳ холӣ,
Ки лола дорад аз ин дард бар дил ин ҳама доғ.
Чӣ ғам, ба дафъи ғамам боғу гулшане гар нест,
Ки ошиқи ту фароғат зи боғ дораду роғ.
Ба бӯса, себи зақан, гуфтамаш, зи гулшани кист?
Камол, гуфт, ту ангур хӯр, мапурс зи боғ.
Дорем, соқиё, ҳаваси ишрату нишот
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дорем, соқиё, ҳаваси ишрату нишот,
Ҷӯёи роҳи майкадаем, эҳдинассирот.
Майхонае бисозу бикун вақфи ошиқон,
Чизе, ки бериёст беҳ аз сад пулу работ.
Зоҳид ба рӯзи ҳашр пулу ҷӯй карда гум,
Майхора ҷаста аз пулу бигзашта аз сирот.
Мо ошиқему ринду ба маъшуқ мухталит,
Эй шайхи некном, ба мо кам кун ихтилот.
Дар шаҳр кас намонд аз он шуд касе рақиб,
Фарзин шавад пиёда, чу гардад тиҳӣ бисот.
З-он лаб, равам ба ханда, чу дашном бишнавам,
Нуқлу май аст мӯҷиби шодиву инбисот.
Суръат макун ба васфи лабу оразаш Камол,
Корест ҳар ду нозуку шарт аст эҳтиёт.
Касе, ки дӯст надорад, зи ҷон надорад ҳаз,
Ки ҷисм дур зи ҷон аз ҷаҳон надорад ҳаз.
Чу Кавсар аст ба хулд оби Хизр дар зулмот,
Равост, гар лаби мо з-он даҳон надорад ҳаз.
Чи ранг аз рухи хубон рақибро ҷуз чанг,
Ки боғбон зи гулу гулситон надорад ҳаз.
Накарда зулф ба каф з-он даҳон чӣ баҳра барем,
Ки ташна аз чаҳи бересмон надорад ҳаз.
Хуш оядаш, ки бубинад танам рамиму руфот,
Магар ҳумост, ки ҷуз устухон надорад ҳаз?
Нишони хоки дарат порсо, гирифтам, ёфт,
Зи сурма дидаи аъмо чунон надорад ҳаз.
Ба зоҳид ин сухани тар асар накард, Камол,
Дарахти хушк зи оби равон надорад ҳаз.
Показаны записи 201-210 из 534