Показаны записи 181-190 из 534
Чӣ будӣ, гар шабе дар хоб рафтӣ чашми бедорам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Чӣ будӣ, гар шабе дар хоб рафтӣ чашми бедорам,*
Магар дидор бинмудӣ зи рӯи марҳамат ёрам?
Агар соҳибдиле будӣ, ки бар ман марҳамат кардӣ,
Ба гӯши ӯ расонидӣ ҳадиси чашми беморам.
Дилам дилбастагӣ дорад, ки бар хоки дараш мирам,
Вале ҳаргиз ба кӯи ӯ гузар кардан намеёрам.
Гар он бадмеҳри сангиндил нагирад дасти ман рӯзе,
Шабе дар ҳазрати Борӣ ба зорӣ даст бардорам.
Шавад рашки гулистони Ирам саҳни сарои ман,
Агар рӯзе чу бахт аз дар дарояд сарви гулборам.
Агар сарви қабопӯшам ба хокам бигзарад рӯзе,
Кафан бар худ қабо созам, ҳазорон наъра бардорам.
Камоли хастаро дигар насиҳат кай қабул афтад?
Худоро, бигзар, эй носеҳ, ба ҳоли хеш бигзорам.
____________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
____________________________________________
Чун рӯз равшан аст, ки мо ринду ошиқем,
Чун субҳ дар парастиши меҳри ту содиқем.
Фикри ту мекунем дар он дам, ки хостем,
Зикри ту мекунем замоне, ки нотиқем.
Морост як алоқаву он меҳри рӯи туст,
Боқӣ зи ҳар чӣ фарз кунӣ, бе алоиқем.
Ратбуллисон ба шукри ту монанди савсанем,
Не чун гули дурӯй дурӯю мунофиқем.
Девона аз такаллуфу таклиф фориғ аст,
Маъзур дор, зоҳид, агар ринду фосиқем.
Худро бар остини дарат бастаем боз,
Ҳарчанд бандагии даратро на лоиқем.
Худ нест дар миёна дуӣ, аз ягонагӣ
Гар нек бингарӣ, ҳама бар хеш ошиқем.
Гар хотири азизи азизон хилофи мост,
Бо хотири азизи азизон мувофиқем.
Дорад Камол чашми навозиш зи лутфи ту,
Гарчи ба дилнавозии лутфи ту восиқем.
Чаро ранҷид ёр аз ман, гуноҳи худ намедонам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Чаро ранҷид ёр аз ман, гуноҳи худ намедонам,
Чӣ гуна пок созам боз роҳи худ, намедонам.
Агар қасди гурез афтад маро аз ҷаври чашми ӯ,
Ба ҷуз дар сояи зулфаш паноҳи худ намедонам.
Ба сӯи ӯ гарам чун обу оташ қосиде бояд,
Чунин қосид бурун аз ашку оҳи худ намедонам.
Ба маҳ дидан касонро ҳаст иду шодмониҳо,
Маро ин ид кай бошад ба моҳи худ? Намедонам!
Парирӯён ҳама ҷисманду ӯ нуру дар ин даъвӣ
Зи рӯи дӯст равшантар гувоҳи худ намедонам.
Маро дар ҷаннати аъло қарори дил куҷо бошад,
Ки ҷуз хоки дараш оромгоҳи худ намедонам?
Агар гӯяд Камол аз хоки роҳи мост ҳам камтар,
Ман ин беҳурматӣ ҷуз иззу ҷоҳи худ намедонам.
Чӣ хаста мекунӣ, охир, ба ғамза хотири мардум?
Яке нигар сӯи ғамдидагон ба чашми тараҳҳум.
Шунидаам, ки ту гуфтӣ, бад аст чашми фалонӣ,
Туро кӣ гуфт, ки бикшо забон ба ғайбати мардум?
Шабе, ки бо ту нишинам, кадом бахту саодат?!
Даме, ки бо ту барорам, кадом нозу танаъум?!
Агар ба садри чаман мегузашт сарв ба боло,
Ба аҳди қадди ту дигар надошт ҳадди тақаддум.
Шаби фироқ мапурсед аз Камол ҳикоят,
Чу гул бирафт, наёяд зи андалеб такаллум.
Туро гар бевафо гуфтам, чӣ гуфтам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Туро гар бевафо гуфтам, чӣ гуфтам,
Fалат кардам, хато гуфтам, чӣ гуфтам.
Агар, гуфтам, ситам чандин раво нест,
Ҳадиси нораво гуфтам, чӣ гуфтам.
Ба ҳар дашном мегуфтӣ, чӣ гуфтӣ?
Якеро сад дуо гуфтам, чӣ гуфтам.
Мани хокӣ ба хоки остонат
Ҳадиси тӯтиё гуфтам, чӣ гуфтам.
Мани бедил давои дидаи хеш
Бурун з-он хоки по гуфтам, чӣ гуфтам.
Дили ман бо чунон бегонахӯӣ
Куҷо шуд ошно гуфтам, чӣ гуфтам.
Камол, оҳиста мепурсӣ, чӣ гуфтӣ?
Намепурсӣ маро гуфтам, чӣ гуфтам.
Ҷон дораму дил дорам, сар дораму зар дорам,
Гар аз ту расад фармон, дил аз ҳама бардорам.
Ту умри манӣ, з-он ваҷҳ ман бе ту наҳоҳам ҷон,
Ту чашми манӣ, з-он рӯ ман бо ту назар дорам.
Ман ҳеч намемонам бо зоҳиди хушк, аммо
Ӯ домани тар дорад, ман дидаи тар дорам.
Аз оҳи саҳар, сӯфӣ, биздой дили тира,
К-ин оина равшан ман аз оҳи саҳар дорам.
Гӯянд, Камол, аз ту айб аст назарбозӣ,
Гар айби ман ин бошад, ман худ чӣ ҳунар дорам?
Туро шӯхи андаквафо гуфтаем
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Туро шӯхи андаквафо гуфтаем,
Ҳанӯз андак аст ин, ки мо гуфтаем.
Дили мо зи ғам сӯхтӣ чанд ҷой,
Ба ту ин сухан чанд ҷо гуфтаем.
Ҳалоки тани мост доим дуот,
Ту омин бигӯ, мо дуо гуфтаем.
Ба ҷамъе, ки ошиқкушон ҳозиранд,
Зи аввал туро марҳабо гуфтаем.
Ҳадиси дилу ақл аз мо мапурс,
Ки мо тарки ин моҷаро гуфтаем.
Бар он хон, ки нуқлаш кабоби дил аст,
Нахустин ғаматро сало гуфтаем.
Суханҳои нав бишнавед аз Камол,
Ки инҳо дар ин рӯзҳо гуфтаем.
Туро, ки ҳаст зи соид ду остин пурсим,
Ба пули кӯҳна наярзанд муфлисони қадим.
Дури ятим фишонам мани ғариб зи чашм,
Тараҳҳуме накунӣ ҳеч бар ғарибу ятим.
Хати ту сӯхт бар оташ ҳазор дафтари илм,
Надонамат зи кӣ ин хат гирифтаӣ таълим?
Ба даври ишқи ту ишрат ҳамин бувад, ки марост
Шароб хуни дилу ғам ҳарифу ғусса надим.
Ҳамеша бим кунанд аз рақиб ошиқро,
Умеди васл агар бошад, аз рақиб чӣ бим?
Маро тамом бувад ниммуддао дар ишқ,
Куҷост теғ, ки созад рақибро ба ду ним.
Камол, кист, ки ӯро гадои худ шумарӣ?
Маро ҳақир шумар, к-аз ту миннатест азим.
Туро чун чашми худ дигар ба мардум дид натвонам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Туро чун чашми худ дигар ба мардум дид натвонам,
Ду чашми дигаре хоҳам, ки аз ғайрат бипӯшонам.
Зи рашк аз дида хун борам, гарам дар дил фуруд оӣ,
Зи дил фарёд бархезад, гарат бар дида биншонам.
Чу аз рух зулф бибридӣ, гусастӣ риштаи умрам,
Чу бар лаб хол бинҳодӣ, ниҳодӣ доғ бар ҷонам.
Ба тоқи абрӯвон хонам туро пайваста пеши худ,
Биё, эй ояти раҳмат, ба меҳробат чу мехонам.
Ба хоки пои ту худ чун расад Гулгуни ашки ман,
Ки дар пай мефитад ҳар дам, манаш чандон ки меронам.
Камол, аз дуриям, гуфтӣ, чиҳо бигзашт бар чашмат?
Чу ту рафтӣ, дури сероб рафт аз чашми гирёнам.
Дар ашъор аз ду чашми тар чу гуфтам саргузаште ду,
Зи ҳар баҳре равон шуд хун ба ҷадвалҳои девонам.
Туро дар дил вафо бошад, надонам,
Зи хубон ин киро бошад, надонам.
Фикандӣ васлро бар рӯзи дигар,
Пас аз мурдан раво бошад, надонам.
Дуо нокарда, орӣ қасди дашном,
Ато пеш аз дуо бошад, надонам.
Бикуш гуфтам маро, гуфтӣ: Раво нест!
Чунин куштан раво бошад, надонам.
Ба дидан қонеам гуфтам зи ту, гуфт:
Қаноат дар гадо бошад, надонам.
Маро гуфтӣ: Куҷо бошад дили ту?
Чунин мискин куҷо бошад, надонам.
Камол, ин решро марҳам сабурист,
Валекин он туро бошад, надонам.
Пеши рухи ту маҳро ҳусне чунон надидам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Пеши рухи ту маҳро ҳусне чунон надидам,
Ин ахтари саодат бар осмон надидам.
Аз заъф шуд тани ман дур аз ту устухоне,
Пеши сагони кӯят ин устухон надидам.
Бори ғамат гар онро бар дил гарон намояд,
Ман бар ду дида онро боре гарон надидам.
Эй дил, ба хоб ӯро ҳангоми бӯсу оғӯш
Гар ту даҳон надидӣ, ман ҳам миён надидам.
Монад қади ману ту ин тиру он камонро,
Тир инчунин фитода дур аз камон надидам.
Чандон ки хӯрд хунам, аз дида хоки он дар
Чун реги гарм ҳечаш серӣ аз он надидам.
Омад ба хоки он дар ашки Камол ғалтон,
Обе бад-ин равонӣ дар бӯстон надидам.
Туро бар дидаи ман ҷост, гуфтам,
Ки ин ҷӯю ту сарви рост, гуфтам.
Лабат гуфт: Аз туам ҷон аст дархост.
Маро аз туст ин дархост, гуфтам.
Даҳонат бо дилам гуфто: Куҷоӣ,
Ки пайдо нестӣ? Пайдост, гуфтам.
Дилат ку, гуфт, то бо ман супорӣ?
Агар дил нест, ҷон барҷост, гуфтам.
Ба танҳоӣ ба сар чун мебарӣ, гуфт?
Хаёлат рӯзу шаб бо мост, гуфтам.
Зи ман пурсид: ҳаргиз мекунӣ хоб?
Накардам ин гунаҳ шабҳост, гуфтам.
Камол, ин дардро, гуфтӣ, чӣ дармон?
Намедонам, Худо доност, гуфтам.
Биё, соқӣ, ки бехи ғам ба даври гул барандозем
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Биё, соқӣ, ки бехи ғам ба даври гул барандозем,
Бути гулрух талаб дорему мул дар соғар андозем.
Сари рақсу сарандозист сарву лоларо, мо ҳам
Сиҳисарве ба даст орему дар пояш сар андозем.
Гар аз шавқи ҷамоли гул гирифта лола ҷоми мул,
Кулаҳ бар осмон андохт, мо з-он бартар андозем.
Ба овози рубобу най бинӯшем ошкоро май,
Ба шаҳр овозаи риндиву майхорӣ дарандозем.
Ҳамин дам бошад, эй воиз, ки то қозӣ хабар ёбад,
Кашем ӯро зи меҳробу туро аз минбар андозем.
Ба хоки пои худ чандон бидеҳ фурсат сари моро,
Ки баргиремаш аз пову ба пои дигар андозем.
Камол, аз мавҷи ғам чун нест гирдоби ҷаҳон холӣ,
Биё, то бар лаби дарёи бода лангар андозем.
Бе ту нафасе, ки зинда монам,
Гар мекӯшиям, сазои онам.
Лекин набурам зи теғи ту меҳр,
Гар корд расад ба устухонам.
Дилро зи лабат чу созам огоҳ,
Бар сӯхтае намак фишонам.
Ин сӯзи дарун зи сӯхтан нест,
Носохтани ту сӯхт ҷонам.
Гуфтӣ, ғами ту хӯрам, чӣ донӣ,
Fамхора агар туӣ, чӣ донам?
Хуноба дили маро ҳалол аст,
Эй дида, ки ман намечаконам.
Гӯянд, Камол бар дари дӯст
Аз хок кам аст, беш аз онам.
Бикуш ба ноз маро, эй ба ғамза офати мардум
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Бикуш ба ноз маро, эй ба ғамза офати мардум,
Ки ман ба нози ту хӯ кардаам ба нозу танаъум.
Чу аз дарат ба дари Каъба рафтаму бинишастам,
Кабӯтаре зи ҳарам бонг баркашид, ки қум-қум!
Маро ки мерасад аз ғайб сад латифаи ширин,
Чу мерасам ба даҳони ту, мешавад суханам гум.
Биёр ҷоми хуморишкане, ба ҷони ту, соқӣ,
Ки саргаронаму савганд мехӯрам ба сари хум.
Ба пойбӯси ту з-он дам, ки ёфтем башорат,
Лаби умед фароҳам намешавад зи табассум.
Дар оби дида фурӯ рафтаам чу мардуми обӣ,
Накарда дидаи ман бар мани ғариб тараҳҳум.
Камол, чашми тарат шуд халалпазир зи гиря,
Макун хароб ба борони гиря хонаи мардум.
Бигзор, то ба гулшани рӯи ту бигзарем,
Дар боғи васл аз гули рӯи ту бар хурем.
Бошанд сер чашми гадоёни подшоҳ,
Бардор парда, то ба рухат сер бингарем.
Кӯи ту дида, гӯ, бишикан, ҳур, пои мо,
Гар сар ба ғурфаҳош чу Тӯбо бароварем.
Дар хилвате, ки сонии иснайн он сабост,
Худро зи хайли робеъуҳум низ нашмарем.
Эй бод, аҳли равза зи ҳасрат бисӯхтанд,
Дигар ба кас магӯй, ки мо хоки он дарем.
Моро ба рӯзи воқеа хотир бад-он хуш аст,
К-аз хоки остони ту тасдеъ мебарем.
Гар ҷон талаб кунад зи ту ҷонони мо, Камол,
Ҷонест орият, ба Худованд биспарем.
Баромад ҷон зи шавқи он даҳонам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Баромад ҷон зи шавқи он даҳонам,
Баровардӣ ба ҳеч, эй дӯст, ҷонам.
Гиребонам ба дасти худ чӣ дӯзӣ,
Ки аз дасти ту бозаш медаронам?
Туро мепӯяму мегирям, эй дӯст,
Сухан мегӯяму хун мечаконам.
Чу дар гуфтор меорӣ лаби хеш,
Шакар мечинаму дур мефишонам.
Агар бӯят ба ман ҷоне расонад,
Чӣ метарсӣ? Якеро сад расонам.
Маро пурсӣ, зи ақлу дин чӣ донӣ?
Туро донам ман, ину он надонам.
Камол аз ҷонситонаш ранҷа шуд, гуфт:
Чӣ меранҷӣ? ҳақи худ меситонам.
Басе дард аз ғами ишқат кашидам,
Зи бедардӣ батар дарде надидам.
Якояк дарди ман дармон пазируфт,
Аз он дам, к-аз ту ин шарбат чашидам.
Ба ним андӯҳ аз сад ғусса растам,
Ба як дард аз ҳазорон ғам раҳидам.
Ман он мурғам, ки дар доми балоят
Чу печидам, ғаму дарди ту чидам.
Фиғони худ мани саргашта з-ин дард
Расондам бар фалак, ҳар ҷо расидам.
Табиби ошиқонам ном карданд,
Чу дардат марҳаму дармон гузидам.
Ба авсофи Камол имрӯз дар ишқ
Аз он фардам, ки ҳамдарди фаридам.
Ба холат нисбати мушки Хито кардам, хато кардам
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ба холат нисбати мушки Хито кардам, хато кардам,
Ман ин ташбеҳи бе нисбат чаро кардам, чаро кардам?
Сабо андохт дар дастам шабе зулфи чу чавгонаш,
Чӣ гӯям, к-он нафас бо ӯ чиҳо кардам, чиҳо кардам.
Чу дидам қиблаи рӯят, ба меҳроби ду абрӯят
Дусадсола намози худ қазо кардам, қазо кардам.
Рақибат тарбият фармуд як борам ба дашноме,
Ман аз шодӣ ду бор ӯро дуо кардам, дуо кардам.
Дили худро, ки аз реши куҳан шуд навбанав тоза,
Ба дорухонаи дардат даво кардам, даво кардам.
Навиштам, к-аз ту нагрезам ба хуни худ хате в-он гаҳ
Ду чашматро бад-он маънӣ гуво кардам, гуво кардам.
Камол, ар андаке з-он хат ғуборе дошт дар хотир,
Чу дидам рӯи ӯ, бо ӯ сафо кардам, сафо кардам.
Ба дарди ту ҷуз нола ҳамдам надорам,
Касеро дар ин парда марҳам надорам.
Ҷафои ҷаҳон мекашад оқилу ман
Fамат дораму в-аз ҷаҳон ғам надорам.
Агар дам занад бо ту тӯтӣ зи мантиқ,
Ман ин нукта чандин мусаллам надорам.
Fаму меҳнату ранҷ чандон ки хоҳӣ,
Ман аз давлати ишқи ту кам надорам.
Ба меҳри рухат оламе дорам имрӯз,
Ки як зарра парвои олам надорам.
Мани бодадардаст дур аз даҳонат
Сулаймони вақтам, ки хотам надорам.
Аз он дам, ки ғоиб зи чашми Камолӣ,
Дили беғаму чашми бенам надорам.
Показаны записи 181-190 из 534