Газели


Показаны записи 161-170 из 534

Шӯхчашмем кашад дил, ки кушад аз нозам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Шӯхчашмем кашад дил, ки кушад аз нозам, Ҳиммате дор, ки худро бари ёр андозам. Ман чу шамъам, ки гарам сӯз ба поён бирасад, Сӯхтан пеши рухи дӯст зи сар оғозам. Пеши мардум агар аз дида наяфтодӣ ашк, Ҳаргиз аз парда бурун менафитодӣ розам. Гар садам айб ба майхориву риндӣ пайдост, Дар ниҳон як ҳунарам ҳаст, ки шоҳидбозам. Нашнавад нолаам аз заъфи дарун ҳеч табиб, З-он ҷаҳон ояд, аз ин чун шунавад овозам? Дӯш таб доштаму шаб ҳама шаб гарм бад-он, Ки шавӣ ранҷаву оӣ ба аёдат бозам. Боз гуфтам ба таби ҳарза, ки гӯянд, Камол, Ин суханҳои муҳол аст, ки мепардозам. Дарди ҷонсӯзам агар ину ҷароҳат ин аст, Марҳам он беҳтару дармон, ки бад-инҳо созам. Сӯҳбати ошиқу ҳабиб ба ҳам, Васли гул дону андалеб ба ҳам. Fам ҷигар сохт қисмати ману дил, Ҳар ду хӯрдем он насиб ба ҳам. Ба тафоул қирони таҳсинрост Дидани носеҳу адиб ба ҳам. Мешикофанд сақфи мақсура Наъраи воизу хатиб ба ҳам. Нест фарқе миёни он ду бузург, Гар бубинӣ сагу рақиб ба ҳам. Ранҷ диданд ҳар дуву ваҳшат Аз ман афсунгару табиб ба ҳам. Ёфт шӯҳрат, чу ҷамъ кард Камол Fазалу маънии ғариб ба ҳам.

Шаб, ки зи ҳасрати рухат чашм ба моҳ кардаам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Шаб, ки зи ҳасрати рухат чашм ба моҳ кардаам, Сӯхта Моҳу Зӯҳраро, сина пуроҳ кардаам. Дархури теғ дидаам пеши ту фарқи хешро, Аз ту ба офтоб агар тез нигоҳ кардаам. Гарчи зи хуни куштагон гашт рақиб сурхрӯй, Боз манаш ба дуди дил рӯйсиёҳ кардаам. Носеҳ, агар бубиниям рӯй ба хоки роҳи ӯ, Ҳеч магӯй, к-аз ту беҳ рӯй ба роҳ кардаам. Буд ҳамеша, ҷони ман, расми ту бегунаҳкушӣ, Ҳеч намекушӣ маро, ман чӣ гуноҳ кардаам? Хат чу дамид бар рухат, меҳри дилам зиёд шуд, Номи хатат ба он нишон меҳргиёҳ кардаам. Он чӣ Камол аз он ду рух кард баён дар ин ғазал, Саҳл мабин, ки фикри он ман ба ду моҳ кардаам. ____________________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад. ____________________________________________ Шабе, ки бе рухи он шамъи маҳҷабин бошам, Ба нола ҳамдаму бо дард ҳамнишин бошам. Маро, ки меҳри дилафрӯз дар дил аст чу субҳ, На содиқист, ки бе оҳи оташин бошам. Гарам маҷол бувад дар ҳарими ҳазрати дӯст, Чаро муқайиди фирдавсу ҳури ин бошам? Туро, ки хирмани мушк аст гирди моҳ, чӣ бок, Агарчи ман зи гадони хӯшачин бошам? Камол ошиқу риндаст ҳолиё зи азал, Зиҳӣ саодат, агар то абад чунин бошам!

Сар, ки бар пои ту бинҳодам, аз он бардорам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Сар, ки бар пои ту бинҳодам, аз он бардорам, То бад-ин ҷурму хато ҷон ба ғаромат орам. Баъд аз ин рух наниҳам бар кафи поят бе чашм, Рухи гулбарг ба хори мижа чанд озорам? Чун шавад бебаракат ҳар чӣ шуморанд онро, Бӯсаҳое, ки бар он по бизанам, нашморам. Дузд дар хоб барад рахт, аҷаб, чун дуздид Дилам он маҳ, ки зи ишқаш ҳама шаб бедорам? Шуд ду чашми ту зи нодидани рӯят бемор, Ба ҳамин ранҷ мани хастаҷигар беморам. Нақш бар об задан гарчи набандад сурат, Ман ба ҷуз нақши ту бар дидаи тар нангорам. Ту ба рух моҳу хурӣ, бар рухи ту чашми Камол, Шукрҳо дорам аз ин чашм, ки бархурдорам. Шоҳи мурғонам, сӯи тахти Сулаймон мепарам,* Сайди ман ишқ асту дил пиру иноят раҳбарам. Хирқаи мо то ба далқи жандапӯшон шуд бадал, Нусхаҳо бурданд наққошони Чин аз пайкарам. Бе хату килку варақ равшандилон бархондаанд Ояти нурассамовот аз замири анварам. Дигарон ҷон мекананд аз ҳасрати молу манол, Ман ба мулки нестӣ имрӯз ҷон мепарварам. То ҳимоят ёфтам андар ҷавори Маслаҳат, Дар миёни аҳли ирфон ман Камоли мазҳарам.

Сар бар дари туам, бинигар сарбаландиям

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Сар бар дари туам, бинигар сарбаландиям, Эй ман саги ту, авф кун ин худписандиям. Гӯ, ҳиндуи ду чашми ту баркаш зи ғамза теғ, Ман он наям, ки аз ту бурад теғи ҳиндиям. Хуш гуфт зулф бо лаби ҷонбахши ту шабе: Хунӣ туӣ, чаро мани афтода бандиям? Гуфтӣ: Ба пурсиши ту чу оям, чӣ орамат? Раҳме биёр бар ману бар мустамандиям. Хез, эй табиб, марҳаму дармон зиён макун, К-ин дарди ӯст, доғ кунад судмандиям. Аз ман бубаст чашм ба ҳангоми нозу гуфт: Ҳорут, гӯ, биёву бубин чашмбандиям. Бо лутфи табъ мардуми Шероз, эй Камол, Бовар намекунанд, ки гӯӣ Хуҷандиям. Сари зулфи ту кард охир ба савдое гирифторам, Ки дигар аз парешонӣ сари худ барнамеорам. Табиби ман, илоҷе кун, ба ҳар ҳоле, ки медонӣ, Ки пеши чашми ту мирам, к-аз ин андеша беморам. Зи лаълат бурдаам бӯе, аз он афтода дар дайрам, Ба зулфат бастаам аҳде, аз он дар банди зуннорам. Ба шавқи чашми ҷодуят, ба завқи тоқи абрӯят Гаҳе дар гӯшаи масҷид, гаҳе дар кунҷи хамморам, Камол, аз мастиву риндӣ чу як соат нашуд холӣ, Надонам, оқилон аз чӣ сабаб хонанд ҳушёрам?

Солҳо шуд, ки дар такупӯем

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Солҳо шуд, ки дар такупӯем, Ту ба моӣ, аҷаб, чӣ меҷӯем? Вақти он шуд, ки аз ҳадиқаи унс Гулу райҳони дӯстӣ бӯем. Шокириҳост з-он даҳон моро, Аз ту розӣ ба як сари мӯем. Васфи қадди ту пеши абрӯи ту Қаҷ нишастему рост мегӯем. Сар фурӯ бурда чун сари зулфат, Ҳалқа-ҳалқа ба фикри он мӯем. Халқ резанд хуни мо аз рашк, Гар бигӯем куштаи ӯем. Ёфтӣ шоҳии ду кавн, Камол, То ки гуфтӣ, гадои он кӯем. Саҳар хурӯшкунон бар дарат гузар кардем, Зи ҳоли худ саги кӯи туро хабар кардем. Миёни мову сагонат хусумате гар буд, Бар остони ту дӯшина сарбасар кардем. Шаби фироқ зи дасти шикояти дили хеш Ба оҳи субҳидаму нолаи саҳар кардем. Агарчи шамъ ба рӯи ту хирагиҳо кард. Бубин, ки бар сари ҷамъаш чӣ гуна баркардем. Зи мушк дарди сар афзояду зи зулфи ту мо Аҷабтар ин ки мудовои дарди сар кардем. Агар Камол зи зулфи ту кард қисса дароз, Биё, ки мо ба даҳони ту мухтасар кардем.

Зери лаб қанди мукаррар суханатро гуфтам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Зери лаб қанди мукаррар суханатро гуфтам, Гар туро ҳеч нагуфтам, даҳанатро гуфтам. Гарчи гуфтам ба шабехун дари дилҳо шиканӣ, Ин сухан зулфи шикандаршиканатро гуфтам. Аз суханҳои латифам зи тарӣ об чакид, Ҳар сухан, к-аз дили софӣ баданатро гуфтам. Ман ба ҷонат, ки нагуфтам, тани ту барги гул аст, Ба либоси дигаре пераҳанатро гуфтам. Даст бардошт басе сарву суман омин гуфт, Ҳар дуое, ки саҳар ҷону танатро гуфтам. Зақанат дидаму гуфтам, ки ту себиву биҳӣ, Ҳар чӣ омад ба даҳонам, зақанатро гуфтам. Дил, ки аз тири ту бигрехт, нишонаш ба Камол Чашми ошиқкуши новакфиканатро гуфтам. Соқӣ, биёр шишаи май, то ба ҳам хурем, К-аз чархи шишабоз ҷигархун чу соғарем. Киштист ҷоми бодаву ғам баҳри пур зи мавҷ, Киштӣ равона соз, к-аз ин варта бигзарем. Мутриб талаб кунему ба базм оварем чанг, Гар чангамон ба чанг наёяд, най оварем. Ринди шаробхона ба сар мебарад сабӯ, Мо ҳам бар он сарем, ки бо ҳам ба сар барем. Бар фарқ хоки он дару бар сар шароби лаъл, Гоҳе зи лаълу гаҳ зи гуҳар тоҷбарсарем. Бинем оби Хизр дар оинаи қадаҳ, Моро мабин ҳақир, ки Хизру Сикандарем. Бо мӯҳтасиб бигӯву матарс аз касе, Камол, Гар бода мехӯрем, ҳаққи кас намехурем.

Рӯзу шаб аз ғами ишқи ту дар андеша дарам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Рӯзу шаб аз ғами ишқи ту дар андеша дарам,* Курта аз сабр зи ҳаҷри ту ба ҳар лаҳза дарам. Ашки ҳамчун дуру рухсораи чун зар дорам, Ғайри ин ҳасту маро нест дигар ваҷҳи дирам. Гарчи дар хонаи дилгири фироқам, ногаҳ Дар ҳарими ҳарами васл кушоед дарам. Марази ишқи туро сабр даво месозам, Ту ҷафо мекуниву ман ба вафои ту дарам. То бубинам рухи зебои ту ногоҳ зи дур, Мани дилхаста ба кӯи ту аз он мегузарам. Эй, малак, сурати хуби ту чу шуд мулки дилам, Ҷон зи дасти ғами ишқат ба саломат набарам. Даст аз ишқи туву пой зи кӯят накашам, Агар андар раҳи ишқи ту бибурранд сарам. Аз сари ҳар ду ҷаҳон бигзарам аз шодии он, Гар кунад чашми ту аз лутфи дигар як назарам. З-он ки дар хотири ман ишқ гирифтаст Камол, Ҳаст дар хотир аз он дарду алам бештарам. ____________________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ манзур мешавад. ____________________________________________ Рӯзи нишот асту айш, бода биёреду ҷом, З-он ки ба ҷон омадам дар ғами номусу ном. Ҳаст маро орзу як-ду мурод аз ҷаҳон - Сӯҳбати ёрони хуш, сиҳҳату шурби мудом В-ар набувад ҳеч аз ин, давлати ҳусни ту бод, Ишқи ту моро бас аст, дарди ту моро тамом. Завқи даруниву дард лозимаи ошиқист, Ҳар кӣ дар ӯ ин ду нест, ишқ бар ӯ шуд ҳаром. Гар на бишӯям ба май синаи пурҷӯшро, Аз сари ман кай равад ин ҳама савдои хом? Пушту паноҳи ман аст сарвқади олият, Сояи олӣ-т бод бар сари мо мустадом. То ба ту вобастаам, кулливу ҷузвии кор, Фориғам аз неку бад, эминам аз хосу ом. Сайъ басе кардаам, то ба ту раҳ бурдаам, Fояти саъйи Камол ҳаст ҳамин, вассалом!

Рӯят гули сероб нагӯем, чӣ гӯем

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Рӯят гули сероб нагӯем, чӣ гӯем? Он лаб шакари ноб нагӯем, чӣ гӯем? Он зулфи камандафкану рухсору ҷабинро Дузду шаби маҳтоб нагӯем, чӣ гӯем? Тафсири ду абрӯи ту, к-он сураи Нун аст, Пайваста ба меҳроб нагӯем, чӣ гӯем? Дидем шабе зулфи ту, ҷуз фитнаву тороҷ Таъбири чунин хоб нагӯем, чӣ гӯем? Чавгони сари зулфи туро шуд дили мо гӯй, Ин қисса ба аҳбоб нагӯем, чӣ гӯем? Ин чеҳраву ин ашки равонро ба давидан Лавҳи зару симоб нагӯем, чӣ гӯем? Чун қасди Камол аз ғазал он сурати зебост, Шеъри тари чун об нагӯем, чӣ гӯем? Рӯзи ид асту ман имрӯз бар он дар мирам, Ки диҳам ҳосили сирӯзаву соғар гирам. Ду-се моҳ аст, ки дурам зи рухи соқиву ҷом, Бас хиҷолат, ки бар ӯ омад аз ин тақсирам. Ман ба хилват нанишинам пас аз ин, гар ба масал Зоҳиди савмаа бар пой ниҳад занҷирам. Панди пирона диҳад воизи шаҳрам, лекин Ман на онам, ки дигар панди касе бипзирам. Он ки бар хоки дари майкада ҷон дод, куҷост? То ниҳам бар қадами ӯ сару пешаш мирам. Халқ гӯянд, ки бе пир мабар ранҷ, Камол, Солхӯрда майи имрӯз беҳ аз сад пирам.

Дӯш бе рӯи ту рӯ аз хуни дил тар доштам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дӯш бе рӯи ту рӯ аз хуни дил тар доштам,* Бор дар дил, пой дар гил, даст бар сар доштам. Дода ҷон барбоду бар хоки раҳат бинҳода рӯй, Дида ғарқи обу дил дар айни озар доштам. Бе фурӯғи шамъи рӯи маҷлисороят чу шамъ Ашки чун сими равон бар рӯи чун зар доштам. Дар хаёли лаъли гавҳарпӯши луълуъпоши ту Домани мижгон пур аз ёқути аҳмар доштам. То саҳар ҳамчун Камол аз интизори ваъдаят Сар ба зону, чашм бар раҳ, гӯш бар дар доштам. ____________________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад. ____________________________________________ Рафт аз дасти ман он зебо нигоре, чун кунам? Нест дар дастам инони ихтиёре, чун кунам? Дар ҳама аҳволам ӯ будӣ, ки будӣ ғамгусор, Ин замон ҷуз ғам надорам ғамгусоре, чун кунам? Дӯстон гӯянд, ҳон, тадбири кори хеш кун, Ман, ки корафтодаам, тадбири коре чун кунам? Дар миёни мо ҳадисе чун нарафт, ӯро чӣ рафт? Ҳар яке гӯяд ҳадисе аз каноре, чун кунам? Ҳеч борам бар тану ҷон инчунин боре набуд, Охир, эй ёрон, ҳамегӯед боре, чун кунам? Ваъдаи дидор фармудасту бар уммеди он Мекунам ночору ноком интизоре, чун кунам? Ҳар касе гӯяд фалонӣ бедилу бедин шудаст, Ман чунин гаштам, ки мегӯед, оре, чун кунам? Як замон бе ӯ бимондам, сад ҳиҷолат мебарам, Вой, агар бе ӯ бимонам рӯзгоре, чун кунам? Дар чунин ҳолат зи ёрон чашми ёрӣ доштам, Чун надидам ёрие аз ҳеч ёре, чун кунам?

Дӯш бе рӯи ту рӯ аз хуни дил тар доштам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дӯш бе рӯи ту рӯ аз хуни дил тар доштам,* Бор дар дил, пой дар гил, даст бар сар доштам. Дода ҷон барбоду бар хоки раҳат бинҳода рӯй, Дида ғарқи обу дил дар айни озар доштам. Бе фурӯғи шамъи рӯи маҷлисороят чу шамъ Ашки чун сими равон бар рӯи чун зар доштам. Дар хаёли лаъли гавҳарпӯши луълуъпоши ту Домани мижгон пур аз ёқути аҳмар доштам. То саҳар ҳамчун Камол аз интизори ваъдаят Сар ба зону, чашм бар раҳ, гӯш бар дар доштам. ____________________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад. ____________________________________________ Рафт аз дасти ман он зебо нигоре, чун кунам? Нест дар дастам инони ихтиёре, чун кунам? Дар ҳама аҳволам ӯ будӣ, ки будӣ ғамгусор, Ин замон ҷуз ғам надорам ғамгусоре, чун кунам? Дӯстон гӯянд, ҳон, тадбири кори хеш кун, Ман, ки корафтодаам, тадбири коре чун кунам? Дар миёни мо ҳадисе чун нарафт, ӯро чӣ рафт? Ҳар яке гӯяд ҳадисе аз каноре, чун кунам? Ҳеч борам бар тану ҷон инчунин боре набуд, Охир, эй ёрон, ҳамегӯед боре, чун кунам? Ваъдаи дидор фармудасту бар уммеди он Мекунам ночору ноком интизоре, чун кунам? Ҳар касе гӯяд фалонӣ бедилу бедин шудаст, Ман чунин гаштам, ки мегӯед, оре, чун кунам? Як замон бе ӯ бимондам, сад ҳиҷолат мебарам, Вой, агар бе ӯ бимонам рӯзгоре, чун кунам? Дар чунин ҳолат зи ёрон чашми ёрӣ доштам, Чун надидам ёрие аз ҳеч ёре, чун кунам?

Показаны записи 161-170 из 534