Газели


Показаны записи 131-140 из 534

Ёр гуфт: Аз ғайри мо пӯшон назар! Гуфтам: Ба чашм

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ёр гуфт: Аз ғайри мо пӯшон назар! Гуфтам: Ба чашм! В-он гаҳе дуздида дар мо менигар. Гуфтам: Ба чашм! Гуфт: Агар ёбӣ нишони пои мо бар хоки роҳ, Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар! Гуфтам: Ба чашм! Гуфт: Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод, Ташнагонро муждае аз мо бубар! Гуфтам: Ба чашм! Гуфт: Агар гардад лабат хушк аз дами сӯзону оҳ, Боз месозаш чу шамъ аз дида тар! Гуфтам: Ба чашм! Гуфт: Агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк, Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар! Гуфтам: Ба чашм! Гуфт: Агар гардӣ шабе аз рӯи чун моҳам ҷудо, То саҳаргоҳон ситора мешумар! Гуфтам: Ба чашм! Гуфт: Агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол, Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар! Гуфтам: Ба чашм! __________________________________ * Аз пайванди долу мим «дам» ҳосил мешавад, ки ба маънои хун аст. __________________________________ Ёри ман ёри дигар металабад, донистам, Ошиқи зори дигар металабад, донистам. Ораш ояд дигар аз ёриву ғамхории ман, Ёру ғамхори дигар металабад, донистам. Хуни мижгони ман аз ноз наёрад дар чашм, Чашми хунбори дигар металабад, донистам. Ман тиҳидастаму он донаи дур бешбаҳост, Дур харидори дигар металабад, донистам. Рахт барчид зи савдои ман он ҳуснфурӯш, Сари бозори дигар металабад, донистам. Дӣ бизад теғаму нагзошт, ки бӯсам он даст, Қатли ман бори дигар металабад, донистам, Fамзаро гуфт, ки кам ҷӯ дигар озори Камол, Бар дил озори дигар металабад, донистам.

Эй хуш он бод, ки аз кӯи ту ояд бари ман

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй хуш он бод, ки аз кӯи ту ояд бари ман, Миннати хоки дарат боз ниҳад бар сари ман. Нафурӯзад шабам аз маҳ, ки фитад бар дару бом, Хона равшан куну чун шамъ даро аз дари ман. Тира ҷоест дили сӯхта, бар дида нишин, Ки бувад дидаи тар хонаи равшантари ман. Шарбати васл бидеҳ аз лаби ҷонбахш маро, К-аз таби ҳаҷри ту бигдохт тани лоғари ман. Бодбезан чу касе бар мани бемор занад, Аз заифӣ чу магас бод барад пайкари ман. Ҳеч кас гирди мани хаста нагардад ҷуз ашк, Оҳу фарёд зи баргаштагии ахтари ман. Ҳар чӣ ҷуз шарҳи ғамат дар қалам овард, Камол, Оби чашм омаду шуст аз варақи дафтари ман. Ёр ашкам диду шуд бар ман раҳим, Соилонро дӯст медорад карим. Бар баногӯшат зи мискинӣ ду зулф Ҳар ду меафтанд бар болои сим. Чашми мастат турки яклухт аст, лек Дил ба теғи ғамза месозад дуним. З-он сари зулфу даҳон дил хун шудаст, Хун шавад, чун дол пайвандад ба мим.* Кас нашуд аз чашму зулфат мустафид, К-ин саводи нодуруст аст, он сақим. Машварат карданд бо дил сабру ғам, Он сафар кард ихтиёр, ин шуд муқим. Нест ҳамдам ҷуз ба дарду ғам Камол, Хуш бувад сӯҳбат ба ёрони қадим.

Ҳар шабе то ба саҳар дасти дуо бикшоям

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳар шабе то ба саҳар дасти дуо бикшоям, Ки магар як шабе он банди қабо бикшоям. Ҳамчу ман уқдакушое набувад дар олам, Гар гиреҳ з-абрӯи он турки Хито бикшоям. Дӯст дар хона фуруд омаду ман дар бастам, Бар рухи хасм дари баста чаро бикшоям? Мурғи дил боз ҳавои сари зулфаш дорад, Гоҳи он шуд, ки манаш банд зи по бикшоям. Ҳама офоқ шавад мушкфишон, гар нафасе Рози гесӯи ту бо боди сабо бикшоям. Ҳолиё азми сафар дораму раҳ дар пеш аст, Бори барбаста, надонам, ки куҷо бикшоям? Чӣ гираҳҳо, ки кушода шавад аз кори Камол, Гар шабе ҳалқаи он зулфи дуто бикшоям. Ҳар гаҳ, ки ба нокомӣ дур аз лаби ёр афтам, Чун хастаи бемарҳам маҷрӯҳу фигор афтам. Махмури хароб омад ҷон бе лаби ширинаш, Чун май набувад, лобуд дар ранҷи хумор афтам. Ҳар ҷо назар андозам бе ту ба дарахти гул, Аз гиря ба болояш чун абри баҳор афтам. Он ёр ба ман сад бор наздиктараст аз ман, Гар дур ба сад манзил аз ёру диёр афтам. Бошам ҳама шаб бо маҳ дар гашт, бувад ногаҳ Бо чордамоҳи худ як шаб ба дучор афтам. Сад мавҷ занад ашкам аз шавқи канори ӯ, Гӯ, мавҷ бизан, дарё, бошад ба канор афтам. Бо зоҳид агар афтам, сокин шавадам гиря, Чун пеши Камол оям, дар нолаи зор афтам.

Нест ҷуз ғам бе ту хӯрди дигарам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Нест ҷуз ғам бе ту хӯрди дигарам, Гар диҳӣ савганд, биллаҳ, мехӯрам. Ман саги кӯи ту в-он гаҳ ор аз ин, Гар аз он камтар наям, з-ин камтарам. Хоки поят бар сари ман миннат аст, Бод ин миннат ҳамеша бар сарам! Бигзарад ҷон аз ман он соат, ки ту Гӯӣ, аз ҷон бигзару ман нагзарам. Гиря дарди сар ҳамеорад маро, Аз ту гар дарди сари худ мебарам. Fайратам, гӯяд, зиҳӣ хуни ҳалол, Вақти куштан, гар ба рӯят бингарам. Ҷон биёр ин ҷо сабук, гуфтӣ, Камол, Бас гарон аст он сабук, чун оварам? Васфи даҳани танги ту ман ҳеч нагӯям, Чун нест зи лутфаш хабаре як сари мӯям. Он беҳ, ки нагӯям пас аз ин рози ниҳонӣ, То халқ надонанд, ки ман ошиқи ӯям. То зулфи чу чавгони туам мебарад аз ёд, З-он рӯ мани саргашта надонам, ки чӣ гӯям. Ҷуз бар гули рӯят нашавад дидаи ман боз, Сад бор чу наргис агар аз хок бирӯям. Бо он, ки дил аз даст бурун шуд батамомӣ, Берун нашуд аз дил ҳаваси рӯи накӯям. Дар дафтари ушшоқ наёям ба ҳисобе, То лавҳи вуҷуд аз рақами зӯҳд нашӯям. Гуфтӣ: Дили гумгашта, Камол, аз чӣ наҷӯӣ? Чун ёфтамаш бар сари кӯи ту, чӣ ҷӯям?!

Наравад нақши хаёли ту замоне зи замирам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Наравад нақши хаёли ту замоне зи замирам, Худ мани содадарун сурати ғайре напазирам. Мурдаам дар ҳаваси он, ки бувад фурсати онам, Ки ниҳӣ пой дар ин дидаву дар пои ту мирам. Ҳоли худ бо кӣ бигӯям, ки шикоят зи ту дорам, Ё халос аз кӣ биҷӯям, ки ба доми ту асирам? Ба қалам сурати Ихлос навиштан чӣ зарурат, Чун замири ту бувад вофиқи асрори замирам? Гуфтаӣ, ҳоли Камол аз ғами ман дар чӣ нисоб аст? Чӣ тавон гуфт, ҳамон оҷизу мискину фақирам. Нақди ҷон чист, ки дар домани ҷонон резам? Гар бихоҳад, зи сари ҳар ду ҷаҳон бархезам. Бе гуноҳ ар ҳама теғам бизанад ёри азиз, Адаб он аст, ки гардан ниҳаму настезам. Расм бошад, ки гурезанд ғуломон зи ҷафо, Ман – ғуломи ту чунонам, ки кушӣ, нагрезам. Дари раҳмат бикушоянд ба рӯям фардо, Гар бувад силсилаи зулфи ту дастовезам. Мебаранд аз шакари ноб ба ширинӣ даст Бо ҳадиси лаби ӯ нуқтаи дардомезам. Гар гуноҳ аст тааллуқ ба чунин рӯй, Камол, Ман на онам, ки аз ин гуна гунаҳ парҳезам. Ман, ки Хоразм гирифтам ба суханҳои ғариб, Набувад майли Ироқу ҳаваси Табрезам.

Маҳе нишаста хаёли рухат ба хонаи чашм

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Маҳе нишаста хаёли рухат ба хонаи чашм, Ту моҳӣ, аз ту ситонем моҳиёнаи чашм. Чиҳо фитод, шунидӣ, зи гиря чашми маро? Дур(р) аст ин суханон, гӯш кун фасонаи чашм. Касе ба хок чунин бедареғ дона нарехт, Ки мо ба кӯи ту дурҳои дона-донаи чашм. Гарат чу ашк наяфтад канори ошиқ хуш, Чу нури чашм фуруд ой дар миёнаи чашм. Ба дуди дил чӣ ғам, ар тира шуд сарочаи ҷон, Ки равшан аст зи рӯи ту то ба хонаи чашм. Шаҳи бутониву шоҳон чунон ки ганҷ ниҳанд, Ниҳад ҳаёли лабат лаъл дар хизонаи чашм. Камону тир чӣ ҳоҷат туро ба сайди Камол, Ки мекушӣ ба назарҳои оҳувонаи чашм. Номи он лаб ба хати сабз ба ҷое дидам, Қоғазе ёфтаму қанд, дар ӯ печидам. Он хат аз шавқ кашидам мани гирён дар пеш, Ҳарф-ҳарфаш чу қалам гирякунон бӯсидам. Номаро нима ба хун сурх шуду ниме зард, Нақши он нома чу бар дидаву рӯ молидам. Нуқтаи он даҳон имкон, ки бибӯсам ба хаёл, Ки чу паргор ба гирди ту басе гардидам. Рост нокарда забон, хост қалам номи ту бурд, Бандаш аз банд ҷудо кардаму сар бибридам. Дил бигуфто: Гул аз он дафтари хубӣ ҳарфест, Он чу ҷузве зи сухан буд, зи дил нашнидам. То касе бӯ набарад аз ту ба анфоси Камол, Чу гул авроқи ҷарида зи сабо пӯшидам.

Ману дарди ту в-он гаҳ ёди марҳам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ману дарди ту в-он гаҳ ёди марҳам, Набошад ин қадар дарде маро ҳам. Ҳадисам аз каму афзун ҷуз ин нест, Ки афзун бод ин дарду даво кам! Ба хунрезам иҷозат чист гуфтӣ? Иҷозат ин, ки бисмиллаҳ, ҳамин дам. Набинам ҳаргиз он рӯзе, ки бе дӯст Бубинам дидаи ғамдида бе нам. Аҷаб ғамхорае дорам, ки ҳар кас Fами ӯ мехӯрад, ман мехӯрам ғам. Камол аз хуни дил бинвишт фатво, Расонд он гаҳ бад-он дерина ҳамдам, Ки кас ёбад муроде аз ту ё не, Ҷавоб омад, ки не, валлоҳу аълам. ____________________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад. ____________________________________________ Ман ҳамчу гардам дар раҳат, з-он рӯ талабгори туам, Меҳри ту дорам заррасон в-аз ҷон ҳаводори туам. Бишнав, ки бо Юсуф чӣ гуфт он пиразан гирякунон: Гар бар дирам қодир наям, боре харидори туам. Ҳар хишт, к-аз хокам занад дасти аҷал, кардам биҳил, Лекин ба шарте, к-афканад дар пойдевори туам. Як шаб ғамат дар мезадӣ, гуфтам, ки оё кист он? Гуфто: Дарат бикшо, ки ман ёри вафодори туам. Гар оядам боз он табиб, ин нукта хоҳам гуфтанаш: Ҳолам чӣ мепурсӣ, чу медонӣ, ки бемори туам? ! Сахт ояд аз теғат маро, гӯ, ҳар нафас барҳам занад, Гар роҳате бар дил расад аз лутфи озори туам. Гуфтӣ: Камол, аз кори худ ғофил машав, коре бикун, Ин аст кори ман, ки шуд сар дар сари кори туам.

Ман тоқати дурӣ зи рухи ёр надорам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ман тоқати дурӣ зи рухи ёр надорам, Ҷуз бурдани бори ғами ӯ кор надорам. Оҳ, аз мани дилхаста, ки ман мираму дар даст Тадбири илоҷи дили бемор надорам. Хоҳам, ки ба рӯи ту кунам рӯз шаберо, Ин аст, ки он давлати бедор надорам. Бо ишқ баромехтаму тарки хирад, гуфт: Яъне, ки сари сӯҳбати ағёр надорам. Гар мартабаи хидмати дарбони ту ёбам, Фармони сагонат бараму ор надорам. Сад бор фузун чокари даргоҳи худам хонд, Бо ин ҳама дар хидмати ӯ бор надорам. Гӯянд, Камол, аз сари кӯяш сафаре кун, Побастааму қуввати рафтор надорам. Мани дилхаста ба дарди ту даво ёфтаам,* Ранҷҳо дидаву имрӯз даво ёфтаам. Мурда бо дарди туву зиндаи ҷовид шуда, Шуда дар ишқи ту фониву бақо ёфтаам. Кардаанд аҳли назар хоки дарат сурмаи чашм, Мани хокӣ назар аз лутфи шумо ёфтаам. Рафтаам бар асари бод ба бӯят ҳама умр, Хоки пои ту на аз боди ҳаво ёфтаам. Давлат он нест, ки ёбам ду ҷаҳон зери нигин, Давлат он асту саодат, ки туро ёфтаам. Зоҳидон бар сари саҷҷода гарат ёфтаанд, Мани майхора туро дар ҳама ҷо ёфтаам. Шукри Эзад, ки аз ин дар ба дуоҳои Камол Ҳар чи дил хоста буд, он ҳамаро ёфтаам.

Ман зи ғамат хурраму ба ёди ту шодам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ман зи ғамат хурраму ба ёди ту шодам, Дарди ту дорам, ки ҳеч дард мабодам. То варақи рӯи ту мутолиа кардам, Ҳар чӣ бихондам, ҳама бирафт зи ёдам. Қиссаи сӯзи даруни хеш ба мардум Мурдаму чун шамъ дар миён наниҳодам. То набарад бӯе аз ту боди сабо низ, Аз дили пурхун чу ғунча лаб накушодам. Рӯи ту дидам шабе дар оинаи ҷом, Ҷоми май аз дасту ман зи пой фитодам. Сайъ намудам ба пойбӯси ту умре, Ба ҳама ҷаҳд он мурод даст надодам. Аз ту, Камоли шикаста ҷуз ту нахоҳад, З-он ки муриди туам ману ту муродам. Ман зи меҳрат ҳар саҳар, к-аз сӯзи дил дам мезанам, Оташи ҷон дар тару хушки ду олам мезанам. Эй бути сангиндил, охир, сустпаймонӣ макун Бо мани мискин, ки лофи ишқ мӯҳкам мезанам. Гар намебинам хаёлат соате дар пеши хеш, Хонумони дидаро аз гиря барҳам мезанам. Оби чашмам мекунад рози дилам ҳар лаҳза фош, Ман бад-ин гуна гуноҳаш низ ҳар дам мезанам. То дар он ҳазрат ғубори раҳ наёбад ҳар замон, Бар дарат пайваста об аз чашми Замзам мезанам. Ман бар он хоки дар аз шавқи даҳони ӯ, Камол, Он Сулаймонам, ки лоф аз тахту хотам мезанам.

Ман тарки зӯҳд кардаву риндӣ гузидаам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ман тарки зӯҳд кардаву риндӣ гузидаам, Хошоки роҳ додаву гавҳар харидаам. То кардаам зи манзили ҳастӣ сафар гузин, Норафта ним гом, ба мақсад расидаам. Нақши ҷамоли дӯст, ки хуршед акси ӯст, Ҳар субҳидам дар оинаи ҷом дидаам. Имшаб ба ёди лаъли лаби ӯ аладдавом То рӯз бода хӯрдааму нуқл чидаам. Май нӯшу такя бар карами ом кун, ки ман Дӯш ин сухан зи ҳотифи ғайбӣ шунидаам. Гар з-он ки ёр чошнии васл медиҳад, Боре ба ман, ки шарбати ҳиҷрон чашидаам. Аз бими зоҳидон, ки нагиранд бар Камол, Пӯшида хирқа бар маю дам даркашидаам. Ман зи бӯяш бехуду девонаам, Гаҳ ба масҷид, гоҳ дар майхонаам. То ба он ҷону ҷаҳонам ошно, Ҳам зи ҷон, ҳам аз ҷаҳон бегонаам. То бад-он дар ёфтам ҷои қарор, Кас намеёбад дигар дар хонаам. Фитнаи он ғамзаи ошиқкушам, Куштаи он наргиси мастонаам. То ғамат бунёди вайронӣ ниҳод, Ёфт ободӣ дили вайронаам. Гуфтаӣ: Девонаи ӯям магӯй! Ҳаргиз ин гӯям, магар девонаам? Сар макаш аз сӯзи мо, гуфтӣ, Камол, Шамъро гӯ ин, ки ман парвонаам.

Показаны записи 131-140 из 534