Газели


Показаны записи 121-130 из 534

Тарки дил гуфт он ду чашму дил зи бими ғамза хун

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Тарки дил гуфт он ду чашму дил зи бими ғамза хун, Турк аз деҳ рафту саҳми ӯ нарафт аз дил бурун. Чун ниҳод аз вусма зеҳ бар тоқи абрӯ, гуфтамаш: Нест чун чашми ту турке зери тоқи нилгун. Ошиқи фард аз сутуни хона ҳам дар ваҳшат аст, Сохт Фарҳод аз паи ин хона бар худ Бесутун. Толиби симурғ бошу кимиё, лекин маҷӯй Дар бутон меҳру вафо в-аз ошиқон сабру сукун. Гуфта будӣ, тарки сар кун, то бибӯсӣ пои ман, Ончунон кардам, ки фармудӣ, чӣ фармоӣ кунун? Сӯзи мо аз гиря шуд чун оташ аз равған зиёд, Шамъро, оре, зи ашк афзун шавад сӯзи дарун. Дур аз он лабҳои хандон чашми гирёни Камол Тифли обафтодаро монад, ки бошад сарнагун. Чашм агар ин асту абрӯ ину нозу шева ин, Алвидоъ, эй зӯҳду тақво, алфироқ, эй ақлу дин! Мекашӣ новак зи мижгон дар камони абрӯвон, Гаҳ бад-онам мекушӣ, эй номусалмон, гаҳ бад-ин. Гар парӣ мегӯядат, ман бо ту мемонам, маранҷ, Беадаб гар одамӣ будӣ, нагуфтӣ инчунин. Дӯш андак бурқаъе аз пеши рӯ бардоштӣ, Дошт моҳи осмон пеши ту рӯе бар замин. Гар малулӣ аз дилам, к-он ҷои торик асту танг, Дида маъвоест равшан, баъд аз ин ин ҷо нишин. Камтарин иқболи ман, бингар, ки худро бар дарат Аз дари ихлос медорам ғуломи камтарин. Баъд аз ин кам ҷӯй озори дили реши Камол, Он чӣ дар дил доштам, гуфтам, ту донӣ баъд аз ин.

Бар дарат бе об шуд ашкам зи бисёр омадан

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Бар дарат бе об шуд ашкам зи бисёр омадан, Баъд аз ин хун хоҳад аз чашми гуҳарбор омадан. Эй дил, ар оҳанги он дар мекунӣ, чун оҳи хеш Бояд аз худ шуд бурун в-он гаҳ бари ёр омадан. Гар ба сад бандам нигаҳ доред чун оби равон, Хоҳам аз шавқи гули хандон ба гулзор омадан. Чун ба даври рӯяш, эй гул, ҳусн натвонӣ фурӯхт, Аз чаман доманкашон то кай ба бозор омадан?! Зоҳидо, шармат намеояд аз он чашмони маст, Пеши арбоби назар то чанд ҳушёр омадан?! Гар малӯлӣ, к-омадам пеши ту, дашномам мадеҳ В-ар диҳӣ, хоҳам ба завқи он дигар бор омадан. Чун табиби ошиқонӣ, ранҷа шав сӯи Камол, Ҳаст қонуни атиббо пеши бемор омадан. Барги гул хондамаш аз лутф, биранҷид зи ман, Магар ин нуктаи рангин написандид зи ман? Он паричеҳра, ки девонаи хешам гардонд, Чӣ хато рафт, ки чун бахт бигардид зи ман? Зоҳиран барги касе нест чу гул сарви маро В-арна чун ғунча чаро рӯй бипӯшид зи ман? То ба меҳри ту чу абрӯи ту пайвастам дил, Чун сари зулф барошуфту бибуррид зи ман. Шаб бар он дар задам аз шавқ чунон фарёде, Ки саги кӯи ту дар хоб битарсид зи ман. Ба вафоят, ки ман имрӯз бағоят хиҷилам Аз рақиби ту, ки бисёр ҷафо дид зи ман. Солҳо мунтазири пурсиши ӯ буд Камол, Умр бигзашт дареғову напурсид зи ман.

Эй ниҳода доғи ҳиҷрон бар дили пурдарди ман

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй ниҳода доғи ҳиҷрон бар дили пурдарди ман,* То чӣ ояд баъд аз ин бар ҷони ғампарварди ман? Эй сабо гар бӯи ӯ дорӣ? Чӣ дорӣ? Зуд бош! Варна чун ман рафта бошам, дарнаёбӣ гарди ман. Мардуми чашмам ба хуни дил барои чашми халқ Обуранге боз меорад ба рӯи зарди ман. Шаб ҳама шаб ашк мерезам ба зорӣ ҳамчу шамъ, Нисбате дорад ҳамоно дарди ӯ бо дарди ман. Абри тардоман ҳамегиряд зи ашки гарми ман, Кӯҳи сангиндил ҳаменолад зи оҳи сарди ман. Дар миёни хоку хун мехуфтаму хун мехӯрам, Хобухурди кас мабодо ҳамчу хобу х(в)арди ман. Эй Камол, он дам, ки бо ман хилвате афтад туро, Гар ту худ ҷони азизӣ, нестӣ дархурди ман. ____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори нахуст ба хати имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад. ___________________________________________ Ба рух қадри гулу гулзор бишкан, Сухан гӯ, қандро бозор бишкан. Агар хоҳӣ шикасти мушк дар Чин, Зи зулфи анбарин як тор бишкан. Ба мижгон чун бикардӣ найзабозӣ, Синон дар синаи афгор бишкан, Шикасти ман дилат гар мекунад хуш, Ба рӯзе хотирам сад бор бишкан. Шигифт, эй боғбон, атрофи гулзор Қафас бар андалеби зор бишкан. Назар ҳам ғайратам ояд бар он сарв, Ба чашми наргис, эй гул, хор бишкан. Бизан сар бар дари майхона, сӯфӣ, Димоғи ақли даъводор бишкан. Ба рӯяш саҷда кун, номус бигзор, Мусалмон шав, бути пиндор бишкан. Камол, ин тавбае сад ҷо шикаста, Ба бодаш деҳ, чу зулфи ёр бишкан.

Баҳри ишқат баҳри бепоёб гуфтан метавон

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Баҳри ишқат баҳри бепоёб гуфтан метавон, Дурри васлат гавҳари ноёб гуфтан метавон. Ошиқи гирён, ки гӯяд бо ту дасте деҳ ба мо, Гарчи густохист, дар ғарқоб гуфтан метавон. Гар кунам бо чашму дил гаҳ-гаҳ зи бахти худ ҳадис, Пеши бедорон ҳадиси хоб гуфтан метавон. Абрӯят аз гӯшагирон дил ба ноҳақ мебарад, Қавли ҳақ дар гӯшаи меҳроб гуфтан метавон. Гар нашуд гуфтан ба оҳу васфи чашмат, чун гурехт, Аз хатат ҳарфе ба мушки ноб гуфтан метавон. Булбулон шаб то саҳар аз гул ҳикоят мекунанд, Ин ҳикоят бо гули сероб гуфтан метавон. Fам махӯр чун зоҳидони хушк аз пирӣ, Камол, То ғазалҳои тари чун об гуфтан метавон. Ба дида сӯи ту ҳайф оядам гузар кардан, Нишони пои ту озурдаи назар кардан. Ниҳодаем ҳама сӯи остони ту рӯй, Ба азми тавба муборак бувад сафар кардан. Лаби ту ҳамдами ҷон, чун бурем аз сари зулф? Зи завқи ҷон кӣ тавонад ба тарки сар кардан? Дуои ҷони ту гӯям ҳамеша пеши рақиб, Ки бе дуо натавон аз бало ҳазар кардан. Рақиб тез кунад, гуфтӣ, аз барои ту теғ, Кирост сабр? Бифармой тезтар кардан. Зи бими он ки ба дармон ҳаволатам накунӣ, Зи дарди худ натвонам туро хабар кардан. Илоҷи дарди худ ар пурсӣ аз табиб, Камол, Дар он мақом забон боядат бадар кардан.

Эй, ғамат ороми ҷони ошиқон

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй, ғамат ороми ҷони ошиқон, Аз ту пуршодӣ ҷаҳони ошиқон. Холи мушкинат саводулваҷҳи* мост, Ин бувад бар рух нишони ошиқон. Бар забонҳо зикри номат рафт, ҳайф,! Ин бувад вирди забони ошиқон. Ходимо, бар зоҳид афшон мирваҳа,** Гар магас ронӣ зи хони ошиқон. Ошиқон аз ҳар тараф дар ҷӯшишанд, Кист оё дар миёни ошиқон? То фузун аз ошиқон бошам басе, Ошиқам бар ошиқони ошиқон. Гар ба ҷонон зиндагӣ ёбӣ, Камол, Зиндагӣ ёбӣ ба ҷони ошиқон. ___________________ * Саводулваҷҳ - рӯсиёҳӣ. ** Мирваҳа – бодбезан. ___________________ Эй лабат чун шакару нуқл, даҳон низ чунон, Дили ман ошиқи номи ту, забон низ чунон. Нури маҳз аст узори ту, ҷабин низ чунин, Сирри ғайб аст даҳони ту, миён низ чунон. Шуд равон сӯи ту ашкам, чу хиромон рафтӣ, Сарв кам рафта чунин, оби равон низ чунон. Гарчи гаҳ зоҳиру гаҳ чун даҳанат пинҳонӣ, Ошкоро ҳама лутфиву ниҳон низ чунон. Гул зи шавқи рухи ту ҷомадарон аст ба боғ, Булбул аз мастии ту наъразанон низ чунон. Зулфу абрӯ агар ин аст туро, рӯзи шикор Нест ҳоҷат ба каманду ба камон низ чунон. Гуфтаӣ: Хуни ту як рӯз бирезам ба яқин, Дар дили хаста маро буд гумон низ чунон. Ёр мехост, ки бе ҷурм шавад кушта Камол, Ҳар чӣ мехост дили ёр, шуд он низ чунон.

Эй, ба дил наздику дур аз дидаи гирёни ман

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй, ба дил наздику дур аз дидаи гирёни ман, Нестӣ ғоиб замоне аз дили пажмони ман.* Гар намехоҳӣ зи васлам шодмон, боре бипурс, К-он фалон чун мегузорад бо ғами ҳиҷрони ман. Дард агар ин аст, к-аз ҳаҷрат мани дилхастарост, Нест ғайр аз ҷонсупорӣ чораву дармони ман. Дасти ишқат хуни ман чандон ки резад бе гуноҳ, Гар нагирам доманат, дасти туву домони ман. Дӯш дилҳои рақибон сӯхт бар ман ҳамчу шамъ, То шуданд огаҳ зи сӯзу гиряи пинҳони ман. Баъд аз ин шаб бар дарат оҳиста хоҳам нола кард, То сагонатро набошад заҳмат аз афғони ман. Гуфтаӣ: Бе мо чӣ гуна зистӣ чандин, Камол? Рост фармудӣ, бале, ҳаст ин гунаҳ бар ҷони ман. ___________________________________________ *Дар нусхаи С.Асадулоев мисраъ чунин омада: «Нестӣ огаҳ замоне аз дили ман, ҷони ман». ____________________________________ Эй ғамат қути ҷони сӯхтагон, Доғи ишқат нишони сӯхтагон. Карда ишқат ҳазор сина кабоб, То шуда меҳмони сӯхтагон. Дар дилу ҷони мо задӣ оташ, Сӯхтӣ хонумони сӯхтагон. Пеши оташ кабоб гиря кунад, Бар дили хунчакони сӯхтагон. Оташи ҷони мо, дило, накушӣ, Накунӣ хом нони сӯхтагон. Огаҳ аз рози шамъ парвона-ст, Ту чӣ донӣ забони сӯхтагон?! Чашми бадро сипанд сӯз, Камол, Гар бубинӣ миёни сӯхтагон.

Омад лаби ту боз ба сад гуна дар сухан

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Омад лаби ту боз ба сад гуна дар сухан, Ширин ҳикоятест, ки гӯяд шакар сухан. Ҳоҷат ба гуфт нест, туро чашму ғамза ҳаст, Гар мекунӣ ба мардуми соҳибназар сухан. Девор гӯш дораду ағёр низ чашм, Мо чун кунем бо ту зи беруни дар сухан? Бо гесуят шабе, ки ба поён барам ҳадис, Хоҳам гирифт бо сари зулфат зи сар сухан. Аз моҷарои ашки манат ҳам шудӣ вуқуф, Гаҳ-гаҳ агар ба гӯши ту кардӣ гуҳар сухан. Ошиқ рухи ту диду сухан баста шуд бар ӯ, Чун шуд тамом кушта, нагӯяд дигар сухан.* Васфи рухат Камол чу овард дар миён, Гуфт аз ҳама накӯтару покизатар сухан. __________________________________ *Дар нусхаи Давлат ободӣ байт чунин сабт шуда: Ошиқ рухи ту диду бар ӯ баста шуд ду лаб, Чун шуд тамом кушта, нагӯяд дигар сухан. _________________________________ Эй, одати қадимат дилҳои мо шикастан, Бар худ дуруст кардӣ аҳду вафо шикастан. Тарсам, ки пои нозук озурда созӣ аз дил, Ин обгина то кай дар зери по шикастан? Тарфи ду рух раҳо кун, то бишканем зулфат, Як орзу чӣ бошад дар моҳҳо шикастан?! Бодому писта карданд ғамзе аз он лабу чашм, Чашму даҳони ҳар як бояд ҷудо шикастан. Сар бар хати ту дорам ҳамчун қалам, чӣ ҳоҷат Рондан ба гуфти мардум, ҳар дам маро шикастан?! Сӯфии шаҳри моро бут шуд асои тавба, Дар ишқ фарз бошад бар вай асо шикастан. Пеши Камол васлат мулки ду олам арзад, Расмест муштариро аввалбаҳо шикастан.

Омад даруни дил ғамат, дигар намеояд бурун

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Омад даруни дил ғамат, дигар намеояд бурун, Савдои он зулфи сияҳ аз сар намеояд бурун. Шавқи биҳишту ҳури ин, савдои ону фикри ин, Аз дил бурун омад, вале дилбар намеояд бурун. То рух напӯшӣ, кай шавад аз дида ашки мо равон? Пинҳон нагашта офтоб, ахтар намеояд бурун. Наққоши Чин ҳар сурате, к-ангехт дар бутхонаҳо, Ҳаргиз зи шарми рӯи ӯ аз дар намеояд бурун.* То дил наруфтам аз ҳама, нақшат дар ӯ пайдо нашуд, Оинаро бе сайқале ҷавҳар намеояд бурун. Гуфтӣ: Бурун ой аз дарам, биншин ба хоки остон, Шаҳ ҳар чӣ гӯяд, з-он сухан чокар намеояд бурун. То ту наронӣ, кай раванд аз кӯи ту дилҳои мо? Норонда ҳукме подшо, лашкар намеояд бурун. Аз ғамза чашми хуният бар реши дил зад ништаре, Хунҳо бурун омад, вале ништар намеояд бурун. Чашми Камол аз талхии ҳаҷри ту шуд гавҳарфишон, Бе талхие аз баҳрҳо гавҳар намеояд бурун. __________________________ * Ин байт аз нусхаи Давлатободӣ бар ғазал афзуда шуд. __________________________ Бо дарди ту орамид натвон, Аз доғи ту ҳам раҳид натвон. Гар теғ биборад аз ту бар сар, Аз ҳамчу туе бурид натвон. Чун аз ҳама дилбарон гузинӣ, Бар ту дигаре гузид натвон. Рухсори чу зар чӣ суд моро, Васлат чу ба зар харид натвон?! Рӯят маҳи иди ошиқон аст, Ҳар дам маҳи ид дид натвон. Себи зақани шакардаҳонон Бӯсид тавон, газид натвон. Гӯянд, Камол, паст кун оҳ, Паст аст сухан, шунид натвон.

Оташи дурӣ дили мо барнатобад беш аз ин

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Оташи дурӣ дили мо барнатобад беш аз ин, Доғи ҳиҷрон ҷони танҳо барнатобад беш аз ин. Тан, ки чун мӯе шуд аз ғам, чанд бинмоям ба дӯст, Заҳмати мӯ чашми бино барнатобад беш аз ин. Пеши ёри сарвболо офтобу моҳро Даъвии хубӣ ба боло барнатобад беш аз ин. Ҳамчу об аз лутф метобад тани симини ӯ, Ҳеч сарви симтанро барнатобад беш аз ин. Гул сӯи ӯ хост шуд доманкашон, гуфташ сабо: Домани тар бурдан он ҷо барнатобад беш аз ин. Мо тамошояш ба моҳе мекунем, он ҳам зи дур, Нозук аст он рух, тамошо барнатобад беш аз ин. Акси ӯ дар шишаҳои ашк бин дигар, Камол, К-он парӣ наззораи мо барнатобад беш аз ин. Ҳар шабе хоки дарат аз гиря пурхун мекунам, Чеҳраи шамъӣ ба оби дида гулгун мекунам. Дар ба рӯям бастиву ман бар умеди фатҳи боб Дар канори баҳри дида дамбадам хун мекунам. Оҳи гармам хонаи дил то насӯзонад ба дам, Мезанам ҳар соате, аз хона берун мекунам. Чун зи макри абрӯят каҷ мешавад табъи Камол, Бозаш аз наззораи рӯи ту мавзун мекунам. Ман ба сад манзил зи Хоразмам ҷудо в-аз оби чашм Ҳамчунон наззораи мардум ба Ҷайҳун мекунам.

Ёр ҳарчанд ба ноҳақ, талабад озорам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ёр ҳарчанд ба ноҳақ, талабад озорам, Гар аз ӯ бошадам озор, зи ҳақ безорам. Бо хаёлаш чу ҳикоят кунам аз чашми пуроб, Гӯш доред, ки дур мечакад аз гуфторам. Агар андешае аз ҳурмати хунам накунад, Ба ҳақу ҳурмати ёрӣ, ки ба он ҳам ёрам. Дил аз он рӯи чу маҳ рӯй ба имон овард, Варна мекард зи зулфаш ҳаваси зуннорам. Бӯсае бар лаби ширини ту дорам даъво, Ту мани хомтамаъ бин, ки чӣ даъво дорам? Гуфтаӣ: Дар ғами мо ҳоли ту чун аст, Камол? Ба ҷигар ташна, ба дил хаста, ба тан афгорам. То навиштам сифати рӯи ту дар дафтари хеш, Бӯи гул мешунаванд аз варақи ашъорам. Як шаб насими зулфат аз халқае шунудам, Мушкиннафас баромад он дам зи сина дудам. Биме зи ҷонфишонӣ ҳечам набуд чун шамъ, Он шаб чу оби дида аз сар гузашта будам. Ман дар латофати он гӯи зақан чӣ гӯям, То дидамаш рабуда аз хеш, даррабудам. Чандон ки кину меҳрат бо ман фузуну кам шуд, Дар сабру беқарорӣ кам кардаму фузудам. Соқӣ, марез ҷуръа, то мӯҳтасиб набинад Доғи шароби гулгун бар хирқаи кабудам. Аз бонги чанг корам шуд сад бирешим афзун, То сӯи боданӯшон дар парда раҳ намудам. Рафт он, ки бе ту дигар чашми Камол хусбад, Он хоб буд вақте, гӯӣ, ки меғунудам.

Показаны записи 121-130 из 534