Показаны записи 291-300 из 534
Гар дарди ту аз ҳабиб бошад
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Гар дарди ту аз ҳабиб бошад,
Дарди сарат аз табиб бошад.
Моро чӣ ғариби шаҳр хонӣ?
Ошиқ ҳама ҷо ғариб бошад.
Оҳам машунав, ки гул парешон
Аз нолаи андалеб бошад.
Ё Раб, ки бар он дар аз гадоён
Ман бошаму ё рақиб бошад.
Шоистаи гӯши воизи мо
Овози хуши хатиб бошад.
Гӯяд: Ба ту ёр бошам аз дур.
Хоҳем, ки анқариб бошад.
Бо ёр расӣ, Камол, рӯзе,
Аз умрат агар насиб бошад.
Гар дил зи дасти зулфи ту афғон кашида буд,
Айбаш макун ба нола, ки каждумгазида буд.
Ҳар неши ғам, ки хӯрд дили хаста, он ҳама
Аз ғамзаи ту дид, ки дар хоб дида буд.
Ошиқ зи чашми шӯхи ту чашми вафо надошт,
Будаш тамаъ ба зулфи ту, он ҳам бурида буд.
Бар лаб хатат навиштаи Ёқут хондаанд,
Он холи нуқта, к-аз қалами ӯ чакида буд.
Гар бозёфт донаи холи ту мурғи ҷон,
Машмур аҷаб, ки мурғи нишотам парида буд.
Дидем боз он рухи зебо, алассабоҳ,
Имрӯз субҳи мо чӣ муборак дамида буд.
Кард он нафас ба ҷон сару зар пешкаш Камол,
К-он шӯхро ба дилшудагон дил кашида буд.
Гар туро аз ситаму ҷавр Худо тавба диҳад
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Гар туро аз ситаму ҷавр Худо тавба диҳад,
Зоҳиди шаҳр зи ишқи ту маро тавба диҳад.
Порсо аз лаби шоҳид ба даҳон орад об,
Дигареро зи маю нуқл чаро тавба диҳад?
Зоҳид он нест, ки аз даст гузорад тасбеҳ,
Магараш ҳиммати риндӣ зи риё тавба диҳад?
Бахшиши пири муғон бингару машраб, сӯфӣ,
К-ӯ суроҳиву маю шайх ба мо тавба диҳад.
Кардам аз бими рақибон ба забон тавба зи ишқ,
Ҳама касро зи гунаҳ бими бало тавба диҳад.
Гар ту аз фитнагарӣ тавба диҳӣ абруро,
Fамзаро чашми ту з-ин шева куҷо тавба диҳад?
Бас накард аз лабу чашми хуши маъшуқ, Камол,
Гарчи ӯ аз маю мастӣ ҳамаро тавба диҳад.
Гарчи сарви чаман аз об равоне дорад,
Натавон пеши қадат гуфт, ки ҷоне дорад.
Ба лаби ташна нишон медиҳад аз оби ҳаёт
Хоки роҳе, ки зи пои ту нишоне дорад.
Ошиқ ар қадди ту хонад ба гумон сарви биҳишт,
Ошиқи покназар рост гумоне дорад.
Нисбате кард дил он мӯи миёнро ба хаёл,
Камараш баст хаёле, ки миёне дорад.
З-он миён нест нишоневу сухан ҳаст дар он,
Сухан он ҷост касеро, ки даҳоне дорад.
Эй, ки гуфтӣ, зи паяш ашк чу Гулгун мадавон,
Бо касе гӯй, ки дар даст иноне дорад.
Бори андӯҳу ғами ёри сабукрӯҳ, Камол,
Ба гарон омаду ҳар чиз гаронӣ дорад.
Гар бигзарӣ сӯи чаман сарви сиҳӣ аз ҷо равад
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Гар бигзарӣ сӯи чаман сарви сиҳӣ аз ҷо равад
В-ар з-он ки бурқаъ афканӣ, сабр аз дили шайдо равад.
То ҳаст бар лавҳи бақо аз ҷон нишон, бовар макун,
К-аз дидаи соҳибдилон нақши рухи зебо равад.
Гар шуд сарам дар кори он зулфи абирафшон, чӣ шуд,
Шӯридагонро доиман сар дар сари савдо равад.
Гуфтам: Расон, эй дил, бар ӯ аз оби чашми ман хабар.
Дил гуфт: Моро кай расад, к-он ҷо ҳадиси мо равад?
Бӯи вафодорӣ равад то рӯзи ҳашр аз обу гил,
Дар ҳар замине, к-аз ману ишқаш ҳикоятҳо равад.
Ҳон, эй рақиб, аз доманаш дасти тасарруф бигсилон!
Бигзор, к-имшаб ҳамчу ман ҳар ҷо равад, танҳо равад.
Бо бехабар кам кун, Камол, аз хоки пои у сухан,
Чӣ суд, агар кӯҳли басар дар чашми нобино равад?
Гар ту аз парда ба мо рух бинамоӣ, чӣ шавад
В-ар даре бар мани дарвеш кушоӣ, чӣ шавад?
Ба фаромӯшӣ ар, эй шамъи дилафрӯз, шабе
Аз дари ҳуҷраи мо боз дароӣ, чӣ шавад?
Субҳи умеди ман, ар бори дигар аз сари меҳр
ҳоли мо тира надориву бароӣ, чӣ шавад?
Бар сари кӯи висолат ба умеди назаре
Агар оям мани маҳзун ба гадоӣ, чӣ шавад?
Меҳнати ғурбату танҳоии шаб кушт маро,
Охир, эй шоми ғарибӣ ба сар оӣ, чӣ шавад?
Мо ҳарифи маю чангем, ба овози баланд,
Мутрибо, гар ту ҳамин парда сароӣ, чӣ шавад?
Ҷоми май нӯш Камолу макун андешаи он,
Ки туро ҳосил аз ин зӯҳди риёӣ, чӣ шавад?
Гадои кӯи туро подшоҳ мехонанд
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Гадои кӯи туро подшоҳ мехонанд,
Чу роҳ ёфт бар он дар, ба роҳ мехонанд.
Камар ба хидмати ту ҳар кӣ баст, шоҳонаш
Ба қадру мартаба соҳибкулоҳ мехонанд.
Бар остони ту дарвеши бесарупоро
Сарони мулк зи асҳоби ҷоҳ мехонанд.
Хаёли рӯи ту ҳар порсо, ки қибла насохт,
Ҳама ибодати ӯро гуноҳ мехонанд.
Касе, ки лавҳи дил аз нақши ғайр пок нашуст,
Ба ҳашр номаи ӯро сиёҳ мехонанд.
Дило, раҳе ба ҳарими висол ҷӯ боре,
Туро чу маҳрами он боргоҳ мехонанд.
Муриду пир ба сар рақс мекунанд, Камол,
Чу гуфтаҳои ту дар хонақоҳ мехонанд.
Гар он маҳ дар закоти ҳусн мискинтар гадо ҷӯяд,
Чу ман гумгаштаи ӯям, бигӯедаш, маро ҷӯяд.
Чу аз сад мил равшан кард хоки пои ӯ чашмам,
Кашам милаш сади дигар, ки дигар тӯтиё ҷӯяд.
Нишоне дар руху лабҳош хоҳад ёфт, медонам,
Гар аз ёрон пас аз мурдан касе хуни маро ҷӯяд.
Сари зулфи ту ошӯби дил асту лаб балои ҷон,
Маро дил хоҳад он ошӯбу ҷон ҳам ин бало ҷӯяд.
Чу бар парвона ҳоли шамъ аз шамъ аст равшантар,
Ҳама шаб бо чароғе чун талаб дорад, варо ҷӯяд.
Дило, кам ҷӯй васли ӯ, ки дарвеши бузургиҷӯ
Ҳалоки ҷони худ хоҳад, чу қурби подшо ҷӯяд.
Хатат хоҳад, ки ангезад ғубори фитна аз ҳар сӯ,
Вале оинаи рӯят аз ӯ ҳар дам сафо ҷӯяд.
Хушо ҷоне, ки чун гирад танат дар бар, миёнатро
Даме аз пираҳан пурсад, замоне аз қабо ҷӯяд.
Ба дилгумкарда мегӯӣ, ки пеши ман чӣ меҷӯӣ?
Дил ин ҷо карда мискин гум, бигӯ, охир, куҷо ҷӯяд?
Чӣ тарсонӣ зи тирам, к-аз ҳаво ояд сӯи ҷонҳо,
Ки он давлат ҳавохоҳони худро аз ҳаво ҷӯяд.
Чаро бар толиби васли ту ҷӯяд айбҷӯ нукта,
Туӣ матлуби муштоқон, туро монда, киро ҷӯяд?
Камол, он ғамза хунат рехт, чун кардӣ ба ӯ бозӣ,
Набудат ёд, пиндорӣ, ки қассоб ошно ҷӯяд.
Гар ба санги ситамам ишқи ту дандон шиканад,
Дил зи лабҳои ту дандони тамаъ барнаканад.
Ончунон сода рухе дориву лағзон, ки бар ӯ
Гар нишинад магасе, афтаду пояш шиканад.
Чун ба қонуни назар васли бутон мумкин нест,
Бе ту дил сабри зарурӣ чӣ кунад, гар накунад?
Зоҳид аз гиря гар андохт мусалло бар об,
Ошиқи рӯи ту саҷҷода дар оташ фиканад.
Накунам аз магаси холи ту бас, к-аз паси марг
Анкабут ояду бар хоки мазорам битанад.
Ақли Фарҳод бирафт аз лаби Ширин в-ар не,
Ҳеч кас ҷӯ ба лаби чашмаи ҳайвон наканад.
Гар шавад огаҳ аз устодии он ғамза Камол,
Пеши ӯ соҳири Бобул разиаллаҳ бизанад.
Касе, ки дарди ту хоҳад, дилаш даво чӣ кунад
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Касе, ки дарди ту хоҳад, дилаш даво чӣ кунад?
Зи ишқ сина, ки ранҷур шуд, шифо чӣ кунад?
Агар назар нагуморад ба ошиқи дарвеш,
Инояту карами хеш подшо чӣ кунад?
Гирифтам, он сари зулф аз ситам надорад даст,
Шаби висол чу афтад ба дасти мо, чӣ кунад?
Туро чӣ ҷурм, ки худ меравад дил аз дастам,
Диле, ки худ равад аз даст, дилрабо чӣ кунад?
Чу дар биҳишт намоӣ ҷамол, гӯ, ризвон,
Бигӯ ба ҳур, ки дигар касе туро чӣ кунад?
Хаёли орази ту нест дар дили беишқ,
Чунин латиф чунон ҷои бе ҳаво чӣ кунад?
Дуои ҷони ту гуфт, абруят чу дид Камол,
Ниёзманд ба меҳроб ҷуз дуо чӣ кунад?
Камтарин коре маро, к-аз дидаи гирён фитод,
Дар шаби торе дару деворам аз борон фитод.
Хат лабаш кард орзу, холаш зақан, толеъ нигар,
К-ин яке дар чоҳу он дар чашмаи ҳайвон фитод.
Зулфи ту чавгон, занахдони ту гӯи давлат аст,
Гӯи давлат бурд он, к-ӯ бо ту дар чавгон фитод.
Ҷуз ба саъйи ғамза тират хуш наёяд бар дилам,
З-он ки набвад коргар тире, ки бе пайкон фитод.
Доди лабҳо чун ситонам аз кафи пояш ба бӯс,
Ҳамчу домонаш агар дар пои ӯ натвон фитод.
Гар на мастанд аз насими дӯст гулбӯёни боғ,
Бо қадаҳ наргис чаро бар сабзаи бустон фитод.
Бӯяш омад дар чаман, зад ончунон оҳе Камол,
К-аз дарахти хештан мурғи чаман бирён фитод.
Қалам саҳифаи шавқ ар ҳазорбора нависад
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Қалам саҳифаи шавқ ар ҳазорбора нависад,
Ҳазор узр зи тақсир бар канора нависад.
Фитад зи риққати коғаз ба гиря хомаи котиб,
Ба нома дарди ниҳонам гар ошкора нависад.
Илоҷи дил талабидам, намуд рух, ки хатам бин,
Касе накӯтар аз ин дардро чӣ чора нависад.
Нахуст пири муғон номи ман барад ба ҳарифон,
Таҳияте, ки ба риндони дурдхора нависад.
Чу кори ман ба даҳону миёни ӯст, чӣ ранҷам,
Гарам фариштаи аъмол ҳечкора нависад.
Гар ин ҷамол ба тақвимсоз боз намоӣ,
Хироҷи ҳусну рухат бар маҳу ситора нависад.
Камол, нақши ту дар дил нигошт, дасту қалам бин,
К-аз ин хате ба сари лавҳи пора-пора нависад.
Кадом нозу танаъум ба завқи он бирасад,
Ки бӯи ёр ба ёрони меҳрубон бирасад?
Диле, ки бе дури васлаш миёни баҳри ғам аст,
Умедвор чунонам, ки бар карон бирасад.
Зиҳӣ ҳуҷиста замоневу вақти маймуне,
Ки аз ту муждаи васле ба гӯши ҷон бирасад.
Қадам ба кулбаи мо ранҷа кун шабе, эй моҳ,
К-аз он шараф сари ошиқ ба осмон бирасад.
Зи давлати ту ҳамин обрӯ бас аст маро,
Ки бар ҷабинам аз он хоки остон бирасад.
Ҳанӯз меҳри сагонат зи дил бурун накунам,
Агар зи захми ту дардам ба устухон бирасад.
Камол, рӯзи мулоқоти дӯстон, бинӣ,
Чу булбулест, ки ногаҳ ба бӯстон бирасад.
Фараҳ ба синаи пурғусса бе ту чун ояд
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Фараҳ ба синаи пурғусса бе ту чун ояд,
Ки гар ба кӯҳ бисанҷам, ғамат фузун ояд.
Гузашт аз ғами Фарҳод солҳову ҳанӯз
Садои нолааш аз кӯҳи Бесутун ояд.
Агар равад зи дили реши ман ба гардун дуд,
Бисӯзад абру аз ӯ жола лолагун ояд.
Бубин тафовути роҳ, эй фақеҳи хушкдимоғ,
Туро зи биниву моро зи дида хун ояд.
Зи чашми силсиламӯён шикояти аҳбоб
Ҳикоятест, ки аз мастию ҷунун ояд.
Ҳамин, ки нақши даҳонаш чу мим бандад чашм,
Хаёли абрӯи ӯ пеши ман чу нун ояд.
Аҷаб мадор, ки рӯзе ба оби чашми Камол
Зи остонаи ӯ сарву гул бурун ояд.
Қадаҳ ба даври лабат пур зи хун диле дорад,
Fамаш мабод, к-аз ин сон диле ба даст орад!
Замин ба ҷуръа бидеҳ обу тухми ишрат кор,
Ки хоҷа он даравад оқибат, ки мекорад.
Миёни зоҳиду риндон зи бода дарёҳост,
Равон-равон сӯи мо омадан куҷо ёрад?
Саҳар ба дафъи хуморам чӣ ҳоҷати туршист?
Зи чеҳра мӯҳтасиби мо чу сирка меборад.
Иборатест аз он лаб ба сурхӣ ин ҳама хат,
Ки бода бар лаби борики ҷом бингорад.
ҳикояти лаби борики соқиву лаби ҷом
Ба ҷуз муғаннии борикнағма нагзорад.
Муғанниё, суханони Камол борик аст,
Бихон ба чанг, ки борик нағмае дорад.
Fубори хоки дари ӯ чу дар хаёл оред
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Fубори хоки дари ӯ чу дар хаёл оред,
Ба нури чашми худ он тӯтиё маёзоред.
Гуле, ки аз чаман орад насими пераҳанаш,
Чу бод домани он гул зи даст магзоред.
Гар аз хаёли лабаш нест дидаро ранге,
Зи нӯки ҳар мижа ҳангоми гиря хун боред.
Агарчи шаст шуморед иқди он сари зулф,
Ба дилкашӣ рухи ӯ кам зи зулф машморед.
Ба хоки пош суфориш кунед чашми маро,
Ҳар он, ки резад хунаш, ба хок биспоред.
Зи ёри сангдил, эй дӯстон, надорам даст,
Маро ба сахтдилӣ ҳамчу худ мапиндоред.
Зи роҳи дидаву дил мерасад сиришки Камол,
Мусофири бару баҳр аст, ҳурматаш доред!
Fами ишқат дили моро ҳамеша шод медорад,
Чунин мулки хароберо ба адл обод медорад.
Мадеҳ таълими хунрезӣ ба ноз он чашми ҷодуро,
Ки худро андар ин санъат қавӣ устод медорад.
Маро аз гиряи беҳад матарсонед, эй ёрон,
Ки гурге инчунин борон фаровон ёд медорад.
Ба аҳди қоматат барканда бод он чашми кӯтаҳбин,
Ки чун наргис назар ба сарву бар шамшод медорад.
Зи хайли бандагони худ шумурдӣ сарви бӯстонро,
Ки худро чун ғуломони фузул озод медорад.
Камол, ин дардро з-он лаб давое мумкин аст, аммо
Куҷо Ширин беғамро ғами Фарҳод медорад?
Андалебе мезанад бар гул навое, бишнавед
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Андалебе мезанад бар гул навое, бишнавед!
Бӯи ёри ошно аз ошное бишнавед.
Аз лаби Лайливу Маҷнун нуктае доред гӯш
В-аз забони булбулу гул моҷарое бишнавед.
Ҷониби майхона махмурони ҷоми ишқро
Мезанад ҳар хум ба зери лаб салое, бишнавед.
Кӯҳҳо дар нолаанд аз риққати мастони Тур,
З-ин ҳама шӯру шағаб боре садое бишнавед.
Навбати Қайсар гузашт, он салтанат дар қасри мост,
Навбати шоҳӣ зи айвони гадое бишнавед.
Корҳо дар банди вақт омад, нигаҳ доред вақт,
Вақт бошад, к-аз лаби ӯ марҳабое бишнавед.
Аз Худо дар ҳар дуое васл мехоҳад Камол,
Гар намегӯед омине, дуое бишнавед.
Ид меояду мардум маҳи нав металабанд,
Дидаҳо тоқи хами абрӯи ӯ металабанд.
Шаби қадру маҳи иде, ки кам ояд ба назар,
Ҳама дар турраи он силсиламӯ металабанд.
Ҳар тараф сарвқадон чун алами ид равон,
Ҷой дар идгаҳи он сари кӯ металабанд.
Рӯй дар қибла бутон карда зи абрӯ меҳроб,
Ҳоҷати худ ҳама з-он рӯи накӯ металабанд.
Соқиё, ратл неҳ аз даст, ки мастон имрӯз
Май зи хумхонаи ишқат ба сабӯ металабанд.
Аз ҳарифон майи идӣ талабад он лабу нуқл,
Ҳар чӣ хоҳад лаби ту, ҷумла аз ӯ металабанд.
Маҳрухон зулфи чу чавгон ҳама бар дӯш, Камол,
Вақти сар бохтан аст, аз ту чу гӯ металабанд.
Ишқ бар оташ ниҳод дафтари буду набуд
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Ишқ бар оташ ниҳод дафтари буду набуд,
Ояти «фатҳун қариб» сирри ҳақоиқ кушуд.
Қатра ба дарё расид, абр бирафт аз миён,
Нур фурӯ шуд ба шамъ, шамъ баромад зи дуд.
Аз нафаҳоти бухур кавну макон даргирифт,
Чун ба ҳам омехтанд оташу миҷмар ба уд.
Дар паси оина чист? Қобили ин ҳарф кист,
К-оина бо худ надошт он чӣ ба тӯтӣ намуд?
Ваҷҳи дурӯӣ намонд сурати дебоҳро,
Боз бирафт аз миён воситаи тору пуд.
Ҳар ки ба дори фано ҷуббаи ҳастӣ бисӯхт,
Рамзи савиллаҳ бихонд, сирри аналҳақ шунуд.
Ҷома бидеҳ, ҷон ситон, рӯй мапеч аз зиён,
Ошиқи бемояро айни зиён аст суд.
Сирри фано гӯш кун, ҷоми бақо нӯш кун,
Ҳоҷати тақрир нест, к-аз адам омад вуҷуд.
Халқ зи нуқсони ҳол бехабаранд аз Камол,
К-аз ҳама бе қилуқол гӯи саодат рабуд.
Акси рӯят чун фитад дар об, об аз худ равад,
Гар фишонӣ зулфи мушкин, мушки ноб аз худ равад.
Бод ҳоҷат нест, к-аз рӯят барандозад ниқоб,
Бо ту худ чун рӯбарӯ афтад ниқоб, аз худ равад.
Остинафшон даро гаҳ-гаҳ хиромон дар самоъ,
То дарояд маҳ ба чарху офтоб аз худ равад.
Ашки ман дурри хушоб аст он лаби хомӯш лаъл,
Лаъл чун гӯё кунӣ, дурри хушоб аз худ равад.
Ман на танҳо рафтаам дар ҳайрати он чашми маст,
Ҳар ки бинад ончунон масте ба хоб, аз худ равад.
Сина бар оташ кабоб асту зи сӯзи ӯ дилам
Бар мисоли қатраи хун, к-аз кабоб аз худ равад.
Бо хаёли он ду лаб ҳар дам равад аз худ Камол,
Ҳар киро дар сар бувад чандин шароб, аз худ равад.
Показаны записи 291-300 из 534