Газели


Показаны записи 271-280 из 534

Нахоҳам ман, ки кас бо он шакарлаб ҳамнафас бошад

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Нахоҳам ман, ки кас бо он шакарлаб ҳамнафас бошад, Вале ҳар ҷо, ки ширинист, ғавғои магас бошад. Табиб аҳволи ман пурсид, гуфтам: Зулфи ӯ дол аст. Гар аҳли ҳикмат аст, ӯро ҳамин як ҳарф бас бошад. Аз он лаб, гуфтам, ар бӯсе диҳӣ, беш аз канорам деҳ. Бигуфт: Ин нукта нашнидӣ, ки ҳалво бозпас бошад. Шунидам он санамро ҳаст бо ушшоқ дилсӯзӣ, Вале з-он навъ дилсӯзӣ, ки оташро ба хас бошад. Фалак бар офтобу маҳ расонад пояи қадрам, Гарам бо хоки пои ту чу зулфат дастрас бошад. Камол, аз лутфи табъ омад асири ишқи маҳрӯён Чу булбул, к-аз хушовозӣ гирифтори қафас бошад. ___________________________________ * Аз Офтоби Табрез мурод Шамси Табрезист. ________________________________________ Надорад он даҳон, гуфтам, нишон. Гуфто: Чунон бошад, Вале моро миёне ҳасту он ҳам бе нишон бошад. Fами холи ту осон нест бар ҷону тани лоғар, Ки тори анкабутонро магас бори гарон бошад. Набошад бар замин сарве чу ту, бар осмон моҳе, Гувоҳи ман бад-ин маънӣ замину осмон бошад. Хиҷил з-он боғи рухсоранд гулбӯён яке з-онҳо, Ки пеши он зақан шуд сурх, себи бӯстон бошад. Аҷаб сарвест он қомат, аҷабтар оби он ораз, Хилофи одат ин доим ситода в-он равон бошад. Ба ҷои афсари шоҳист бар фарқ он ғубори дар, Касеро зебад ин афсар, ки хоки остон бошад. Замони васл чун ёбӣ, Камол, он дам ғанимат дон, Ки хуш айшест султонӣ, агар худ як замон бошад.

Номи маҳ бурдам шабе, рӯи туам омад ба ёд

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Номи маҳ бурдам шабе, рӯи туам омад ба ёд,* Дар дили шаб ҳалқаи мӯи туам омад ба ёд. Дар намози ишқ пеши қиблаи рухсори ту Сураи Нун хондам, абрӯи туам омад ба ёд. Васфи ағлолу салосил хондам андар ояте, Аз гирифторони гесӯи туам омад ба ёд. Ашкро дидам ба сар ғалтон миёни хоку хун, Куштагони чашми ҷодуи туам омад ба ёд. Зоҳиде мекард рӯзе зикри ризвону биҳишт, Аз муқимони сари кӯи туам омад ба ёд. Чун шунидам васфи Тӯбӣ гаҳ баланду гоҳ паст, Эътидоли зулфи дилҷӯи туам омад ба ёд. Мекушудам ҳамчу гул авроқи девони Камол, Бӯи ҷон омад, аз он бӯи туам омад ба ёд. ___________________________________________________ * Ин мисраъ аз ғазали дигар ва ё баракс такрор шуда. Аммо ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори нахуст бо алифбои русиасоси тоҷик нашр мешавад. ___________________________________________________ Нахли маданӣ самар баровард, Паҳлӯи рутаб шакар баровард. Омад ҳасани дигар ба Басра, Нахлаш рутаби дигар баровард. Дар Даҷла бирафт пири Бағдод, Дарё ивазаш гуҳар баровард. Соқӣ бишикаст ҷому Ҷомӣ З-он ҷом латифтар баровард. Аз равзана Офтоби Табрез* Дар хона бирафту дар баровард. Румӣ ба замини Рум зад нақб, Аз хоки Хуҷанд сар баровард. З-он хок Камол доман афшонд, Гард аз малаку башар баровард.

Мебаранд аз ту ҷафо бесарусомоне чанд

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Мебаранд аз ту ҷафо бесарусомоне чанд, Чанд резӣ ба хато хуни мусалмоне чанд? Бе манат домани гулзор чӣ домангир аст, Пора гир, эй гули навраста, гиребоне чанд. Кишвари ҳусни бутон кард парешон сари зулф, Ки нахурданд ғами ҳолпарешоне чанд. Рафта пайкони ту дар синаву хун омада гир, Худ чӣ ояд зи дилу дидаи гирёне чанд? Аз рух овехтаӣ ҳар тарафе зулфи бахам, То барӣ гӯи диле чанд ба чавгоне чанд. Зоҳидон фоидаи ишқ надонанд, ки чист, Накунад фоида ин нукта ба нодоне чанд. Мекашидӣ зи ҷигар тири ту як рӯз Камол, Ёфт дар оташи дил тофта пайконе чанд. Номи маҳ бурдам шабе, рӯи туам омад ба ёд, Зикри шаб кардам, дил аз маҳ бо сари зулфат фитод. Дида чун нақши санавбар баст бо дил дар хаёл, Қаддат омад пеши чашму дар баробар истод. Гар намоӣ бо ду доли зулфу қади чун алиф, Ҳар куҷо дар ишқ мазлумест, ёбад аз ту дод. Дур бод аз доли зулфат дасти мо савдоиён, То касе ангушт бар ҳарфи ту натвонад ниҳод. Гуфта будӣ: Чун кунӣ ёдам, шавад дарди ту кам. То чунин кардам, ки гуфтӣ, ин зи ёдат шуд зиёд. Буд дар ишқат муроди дидаву дил хун шудан, Ҳар дуро, алҳамдулиллаҳ, дар канор аст ин мурод. То бидӯзад бо хаёлат дидаи гирён Камол, Якбаяк дӯшина сӯзанҳои мижгон об дод.

Маҳи ман ид шуд, муборак бод

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Маҳи ман ид шуд, муборак бод! Идии ошиқон чӣ хоҳӣ дод? Идиву иди мо маҳи рухи туст, Иди мо бе рухи ту ид мабод! Гуфтаӣ: Пурсам аз ту иди дигар, Оҳ, к-ин ваъда ҳам ба ид афтод. Ҷонам аз ғам раҳон, чу ид расид, Ид зиндониён кунанд озод. Ид шуд, бигзар аз ваъид, Камол, Ид созанд хотири ҳама шод. Маҳи номеҳрубони ман вафодорӣ намедонад, Ба аҳли дил ба ҷуз зулми ситамкорӣ намедонад. Чу додам дил да дасти ӯ, ба пои меҳнат афкандаш, Чӣ донистам мани бедил, ки дилдорӣ намедонад?! Ба наздики табиб аҳволи дарди хеш мегуфтам, Вале ӯ чораи ин навъи беморӣ намедонад. Чӣ суд аз нолаву зорӣ бар ин дар додхоҳонро, Ки султон ҳоли мискинони бозорӣ намедонад. Муроди хотири мо нек медонад, ҳабиб, аммо Тағофул мекунад з-он сон, ки пиндорӣ, намедонад. Лабу дандони чун ӯе ба коми чун мане авло, Ки кас ширинтар аз тӯтӣ шакархорӣ намедонад. Камол аз халқ натвонист пӯшидан назарбозӣ, Ки ӯ риндасту чун зуҳҳод таррорӣ намедонад.

Маҳи рӯи ту на дархурди мани мискин буд

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Маҳи рӯи ту на дархурди мани мискин буд, Чӣ кунад банда, чу тақдири Худованд ин буд? Барнаёмад ба ҳавои дили шӯридаи хеш, Варна Фарҳод чӣ марди ҳаваси Ширин буд. Ҳар ки он рӯи накӯ диду дил аз даст надод, На диле дошт, на ҳечаш хабаре аз дин буд. Баски чашмам зи фироқи рухи ту ашк фишонд, Дар шаби ҳаҷр чароғаш зи маҳу Парвин буд. Хок дар дидаи ин бахт, ки хуфту нашинохт Қадри он шаб, ки маро хоки дарат болин буд. Ин ҳама чошнӣ аз завқи лабат ёфт Камол В-арна аввал сухани ӯ на чунин ширин буд. Маҳ талъати туро ба тамомӣ ғулом шуд, Дар матлаъи сухан сухани мо тамом шуд. Дар орзуи рӯи ту бигзашт рӯзи умр, Аз чеҳра барфурӯз чароғе, ки шом шуд. Зулфат сабо кашиду нашуд огаҳ он ду чашм, Сайёд хоб дошт, ки мурғаш зи дом шуд. Бар хоки дар ҳалол макун хуни ошиқон, Сайди кабӯтарони ҳарам чун ҳаром шуд. Сӯфӣ нашуд ба даври лабат холӣ аз шароб, Хоки вуҷудаш арчи суроҳиву ҷом шуд. Зоҳид шудаст дар тамаъи бодаи биҳишт, Танҳо на хидматаш, ки тамаъ низ хом шуд. Дигар чӣ ҳосил аз лақаби зоҳидӣ, Камол? Номус чун бирафт ба риндиву ном шуд.

Маҳ бо рухи ту худро бе ваҳҷ меситояд

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Маҳ бо рухи ту худро бе ваҳҷ меситояд, Ин номи ҳусн бар вай баръакс менамояд. Эй гул, чӣ мекушоӣ пеши ман он варақҳо? Гар нозу шева набвад, з-инҳо чӣ мекушояд? Дарвеши кӯи худро марсуми ғамрасонӣ, Гуфтӣ, нашояд, аммо ин бухл ҳам нашояд. Дил фол зад ба риндӣ, номи қадат баромад, Кори савоб бошад, ҳар ҷо алиф барояд. З-ин зӯҳди бастабархуд, ман даст шустам аз худ, Ранге, ки хом бандӣ, з-ин бештар напояд. Завқи самоъ дорем, эй мутрибони хомӯш, Бонге занед бар ҷанг, то нағмае сарояд. Табъи Камол аз он лаб ҷомест пурлатофат, Ҷуз бода ҳар чӣ гӯянд, ӯро фурӯ наёяд. Меҳри қиёматиро ҳаргиз завол бошад? Ҳай-ҳай, наъузибаллаҳ, ин худ чӣ қол бошад? Дӯшам хаёли рӯят пурсиду гуфт: Чунӣ? Гуфтам, ки хастагонро донӣ, чӣ ҳол бошад. Гуфтам, ки дар рикобат фитроки сайд гардам, Ишқ аз дарам даромад, гуфт, ин хаёл бошад. Дар кори покбозон бода ҳаром дидам, Чун соқиям ту бошӣ, бо ту ҳалол бошад. Ҷоно, ба теғи абрӯ қасди дилам чӣ дорӣ? Аз хуни ман чӣ хезад? Лекин вубол бошад.

Ман ба дарди худ хушам, ҷони моро сиҳҳат чӣ суд

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ман ба дарди худ хушам, ҷони моро сиҳҳат чӣ суд? Нӯши он лаб дархур аст ин ташнаро, шарбат чӣ суд? Орзуманди қаду қанди лабу рӯи туро Сояи Тубию оби Кавсару ҷаннат чӣ суд? Нози ту созад маро, на неъмату нози ҷаҳон, Гар набошад нози ту, аз нозу аз неъмат чӣ суд? Мекунам дарду балоро бар дилу ҷон қисмате, Чун маро ин буд аз хони ғамат қисмат, чӣ суд? Гарчи масруф аст ҳиммат дар тулӯи субҳи меҳр, Ахтаре чун нест дар толеъ маро, ҳиммат чӣ суд? Гуфтаӣ: Фармоямаш лат, гар бадат гӯяд рақиб. Нек мефармоӣ, аммо куштаниро лат чӣ суд? Чун надорӣ дархури махдумиаш ваҷҳе, Камол, Рӯи гардолуд судан бар дари хидмат чӣ суд? Ман бар сари он кӯ ба чӣ корам, ҳама донанд, Дар сар ҳаваси рӯи кӣ дорам, ҳама донанд. Ронӣ чу сагам аз дару гӯӣ, ки бикун авф, То ҳашр ман ин дар нагузорам, ҳама донанд. Гар оҳи ман он сарв надонад, ки баланд аст, Мурғони чаман нолаи зорам ҳама донанд. Гирам, ки ба хун захм бипӯшам зи табибон, Аз нолаи дил ҷони фигорам ҳама донанд. Гирам, зи бузургӣ саги хешам шумурад ёр, Ман кистаму дар чӣ шуморам, ҳама донанд. Ёрон агарат ҷону сар оранд ба тӯҳфа, Ман низ ба ёрони ту ёрам, ҳама донанд. Гар халқ надонанд, Камол, ин сухани кист, Чун маънии ту дар қалам орам, ҳама донанд.

Маризи ишқи бутонро сари табиб набошад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Маризи ишқи бутонро сари табиб набошад, Ба иттифоқ табибе беҳ аз ҳабиб набошад. Умед ҳаст, ки ёр аз дарам чу бахт дарояд, Агар чунончи бадомӯзии рақиб набошад. Зи нолаҳои ҳазинам матарсу рӯй мапӯшон, Ки ин муомала гулро ба андалеб набошад. Ту дар замона ғарибӣ ба лутфу банданавозӣ, Гар илтифоти ғарибон кунӣ, ғариб набошад. Насими боди саборо ба гоҳи атрфишонӣ Ба ҳалқаҳои сари гесувон-т тиб набошад. Макун маломатам, эй порсо, ки дилшудагонро Сари муҷодалаи носеҳу адиб набошад. Ба хурдани ғами дил ғам махур, Камол, ки касро Зи хони давлати хубон ҷуз ин насиб набошад. Макун бимам, ки шамшери рақиби мо бурон бошад, Ман аз куштан наметарсам, раҳо кун, то бар он бошад. Пур аз ҷонҳост доманҳои зулфи ту, маяфшонаш, Ту маъшуқӣ, маро фармо, ки ошиқ ҷонфишон бошад. Ҳадиси лутфи гуфторам магар аз дигаре пурсӣ, Ки моро з-он лаб ангушти таҳайюр дар даҳон бошад. Чӣ нисбат мекунӣ худро ба маҳ, худро накӯтар бин, Ки аз ту ба то маҳ фарқ аз замин то осмон бошад. Миёнат, гуфтам, ар гум шуд, манаш ёбам, чӣ мебахшӣ? Қабо гуфту кулаҳ бар сар, камар ҳам дар миён бошад. Ба хони ошиқи дарвеш агар меҳмон расад ҷонон, Кабоб аз дил, намак аз дида, ширинӣ зи ҷон бошад. Камол аз дида мерезад сиришки гарм дар поят, Хунук обе, ки дар пои саҳисарви равон бошад.

Маро зи сӯҳбати ёрон чӣ кор бикшояд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Маро зи сӯҳбати ёрон чӣ кор бикшояд, Ки корам аз гираҳи зулфи ёр бикшояд. Чу турра боз кунад бар қарори ҳаррӯза, Зи банди ғусса дили беқарор бикшояд. Ҳисори умр чӣ мӯҳкам кунӣ, ки ғамзаи ӯ Ба як хаданги назар сад ҳисор бикшояд. Агарчи бо даҳанаш кори бӯс вобаста-ст, Ҳазор кор чунин з-он канор бикшояд. Чу баргирифт зи ораз ду зулф, донӣ чист? Маҳи гирифта, ки шабҳои тор бикшояд. Зи қайди мӯймиёнон халоси ман вақтест, Ки анкабут магасро зи тор бикшояд. Чу дар ба рӯи ту бандад, умед банд, Камол, Ки ҳар чӣ баста бувад устувор, бикшояд. Маро лутфи гуфтораш аз роҳ бурд, Лабаш ҳушам аз ҷони огоҳ бурд. Рухи моҳро монад он рух, магар Ба шатранҷи хубӣ рух аз моҳ бурд? Fамаш ҳар куҷо дар диле хона сохт, Барои гил аз рӯи мо коҳ бурд. Ҷаҳон пур зи овозаи ошиқист, Магар сити ӯ нолаву оҳ бурд? Муродам туӣ, аз ту хоҳам мурод, Ки дарвеш хоҷат бари шоҳ бурд. Бар он остон дар ҳиҷолат сарест, Ки тасдеъи худ гоҳу бегоҳ бурд. Чӣ гавҳаршинос аст чашми Камол, Ки сурма аз он хоки даргоҳ бурд.

Маро зи пеш бирондӣ, ҷафо ҳамин бошад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Маро зи пеш бирондӣ, ҷафо ҳамин бошад, Ниҳояти ситам, эй бевафо, ҳамин бошад. Бад-он чӣ шукр накардам висоли рӯи туро, Гар интиқом намоӣ, ҷазо ҳамин бошад. Намекунад дили мо ҷуз ба сарви қадди ту майл, Улувви ҳиммати муште гадо ҳамин бошад. Намезанем нафас ҷуз ба ёди он лаби лаъл, Нишони нозукии табъи мо ҳамин бошад. Бар остони ту мурдан саодатест азим, Зи бахти хеш таваққӯъ маро ҳамин бошад. Камол, агар зи гадоёни ҳазрати ӯӣ, Мақоми салтанати подшо ҳамин бошад. Маро зи хоки раҳ он маҳ ҳамеша кам дорад, Бад -ин масоба гадоро, кӣ мӯҳтарам дорад? Зи кимиёи ҳаётам нишон деҳ, эй раҳбин, Ки чашмам орзуи хоки он қадам дорад. Ба ёди рӯи ту ҷоме, ки дорадам соқӣ, Ҳазор бор аз он ҷом беҳ, ки Ҷам дорад. Даҳони танги ту хоҳад дилам, музоиқа чист Ба хастае, ки зи ғам рӯй бар адам дорад? Рухат ба чашм зи хат, чун нагирадаш зангор? Касе кай оина ҷое ниҳад, ки нам дорад? Зи ҳайрати хати ту чун қалам кунад ангушт Фириштае, ки ба ангуштҳо қалам дорад. Камол аз сари кӯят чаро рамад зи рақиб, Чу оҳуи ҳарам аст, аз саге чӣ ғам дорад?

Показаны записи 271-280 из 534