Показаны записи 81-90 из 534
Эй бо лаби ширин суханат талх фитода
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй бо лаби ширин суханат талх фитода,*
Шуд дар ҳама халқ аз намаки шӯр зиёда.
Абрӯ-т камон бар мани бечора кашида,
Чашмон-т камин бар дили хунхора кушода.
Аз навъи башар чун башарат дида надида
В-аз ҳусни парӣ чун ту паризод назода.
Дар боғ саҳисавр ба умеди қабуле
Дар хидмати болои ту бар пой ситода.
Ушшоқи сари кӯи ту бар ёди лабонат
Мастанд чу чашмони ту бе заҳмати бода.
Аз пеши Камол арчи гузаштӣ ту савора,
Дил дар пайи қаддат шуда чун сарви пиёда.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Эй аз ҳадиси зулфи туам бар забон гиреҳ,
Бикшой бурқаъ аз руху аз зулф он гиреҳ.
Хубон, ки дона-дона кунанд ашки ошиқон,
Аз соҳирӣ зананд бар оби равон гиреҳ.
Чашмам гуле начид зи боғи рухат ҳанӯз,
То кай занад ду зулфи ту бар абрувон гиреҳ?
Зулфат дилам бубасту даровехт аз ҳаво,
Ҷуз боди дилкушо кӣ кушояд аз он гиреҳ?
Абрӯ туруш кунӣ, чу бигӯям, зиҳӣ камон!
Оре, фитад ҳамеша зи зеҳ бар камон гиреҳ.
Мӯи миёни ӯ ба камар ҳаст дар хаёл
Чун риштае, ки бошадаш андар миён гиреҳ.
Назми Камол баста ба ҳам риштаи дур аст,
Гуфтори дигарон ҳама бар ресмон гиреҳ.
Аз фурқати ту ҳар дам хун борам аз ду дида
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Аз фурқати ту ҳар дам хун борам аз ду дида,*
Гар диданат набошад, безорам аз ду дида.
Чашмам наметавонад рӯи рақиб дидан,
Оре, ҳамин таваққуъ медорам аз ду дида.
Гар нестам ба меҳрат содиқ чу субҳ, бодо
Ҳамчун шафақ пур аз хун рухсорам аз ду дида!
То дида дид рӯят, афтод дар бало дил,
Афтад чунин балоҳо ҳар борам аз ду дида.
Бодам ба дасту оташ дар ҷону хок бар сар,
Ҳамвора оби ҳасрат меборам аз ду дида.
З-он дам, ки вақфи ошиқ кардам харобаи дил,
Тухми вафову меҳрат мекорам аз ду дида.
Гарчи Камол дар ҷон дарди ту кард пинҳон,
Чун об мебихонам асрорам аз ду дида.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Ашки чу лаъл резад он лаб маро зи дида,
Дар шиша ҳар чӣ бошад, аз вай ҳамон чакида.
Бошад ҳанӯз чашмам ҳамчун магас бар он лаб,
Гар анкабут бинӣ бар хоки ман танида.
Аз об баркашида суратгарон варақро,
Гулбарги орази ту ҳар ҷо, ки баркашида.
Себи зақан расад худ бо ман, чу дидам он рух,
Аз офтоб гардад ҳар мевае расида.
Гар оядам ба меҳмон шабҳо хаёли рӯят,
Гирам барои шамъаш пиҳ аз чароғи дида.
Пеши ту гул ба хубӣ аз муфлисон баромад,
Инак гувоҳи ҳолаш пероҳани дарида.
Зоҳид либоси тақво гар аз ту пора созад,
Бар қомати Камол аст ин ҷомаҳо бурида.
Он оразу рухсору ҷабин ҳаст ду-се моҳ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Он оразу рухсору ҷабин ҳаст ду-се моҳ,
К-аз дида ниҳонанд, ниҳон кардамат огоҳ.
Гар дида гунаҳ кард, ки аз хона кашемаш
В-ар ашк, ба зудиш биронем зи даргоҳ.
Бар шоҳ гадоро набувад ҳеч гирифте,
Ҷуз домани давлат, ки бигирад гаҳу бегоҳ.
Гар ҳаст худ аз ҷониби он рӯй, мапӯшон,
То рӯй бубинему бигирем бар ӯ роҳ.
Ҳарчанд, ки ақлам равад аз сар, чу занад теғ,
Ҷурм аз тарафи дӯст нагирам, алимуллоҳ.*
Ҷон хост, шунидам, лабат аз бандаи ҷонӣ,
Ин буд маро худ ҳама аз лутфи ту дилхоҳ.
Бинҳод, Камол, он ба адаб бар кафу мегуфт:
Ал-абду ва мо фӣ ядиҳи кона лимавлоҳ.**
_____________________________________________________
* Алимуллоҳ - Худо гувоҳ аст, Худо медонад.
** Банда ва ҳар он чӣ дар дасташ дорад азони мавлояш аст.
____________________________________________
Надонад қадри ҳуснат кас беҳ аз ту,
Ки хоки пои худ рӯбӣ ба гесӯ.
Шароби ҳусн менӯшӣ зи лабҳо,
Дарояд зулф аз он пешат ба зону.
Зи рӯят муштабеҳ шуд қибла бар халқ,
Сӯи меҳроб ишорат кун ба абрӯ.
Ба ман ҳалвои лаб манмой, гуфтам,
Агар даст оварам дар гардани ту.
Ба ҳусн аз Моҳ мечарбиву Парвин,
Агар мункир шавӣ, инак тарозу.
Сари рақс аст имшаб моҳи моро,
Бизан бар найзанон бонге, ки даф ку?
Камол, имшаб самоъи ошиқон аст,
Чунин шабҳо нашояд рақси паҳлу.
Гуфтаӣ: Аз мо дилат бардор, зинҳор, ин магӯ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гуфтаӣ: Аз мо дилат бардор, зинҳор, ин магӯ,
Ҷони ман, бо он лабу гуфтор, зинҳор, ин магӯ!
Гуфтаӣ: Роҳи вафо мо рост натвонем рафт,
Бо чунон қадди хушу рафтор, зинҳор, ин магӯ!
Гуфтаӣ: Хоҳам буридан аз ту дигар бор меҳр,
Ҳам ба меҳри худ, ки дигар бор, зинҳор, ин магӯ!
Гуфтаӣ: Субҳи умедат ман наёвардам ба шом,
Аз руху аз зулф шарме дор, зинҳор, ин магӯ!
Гуфтаӣ: Дар офтобу маҳ тавон ҳаргиз расид,
Васли рӯям ҳам ҳамон ангор, зинҳор, ин магӯ!
Гуфтаӣ: Оби хуше ҳаргиз касе хӯрд аз сароб,
Ваъдаи мо ҳам ҳамон пиндор, зинҳор, ин магӯ!
Гуфтаӣ: Аз дӯстӣ ҷони худам хондӣ, Камол,
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ, зинҳор - зинҳор, ин магӯ!
Мо бакуллӣ тамаи васл буридем аз ту,
Марҳабое назада, даст кашидем аз ту.
Дил, ки дар ишқи ту худро ба ғуломӣ бифурӯхт,
То ба ҳечаш надиҳӣ, боз харидем аз ту.
Солҳо гарчи ниҳодем ба ту чашми умед,
Ҷуз ҷафову ситаму ҷавр надидем аз ту.
Ҳар суолеву дуое, ки бар он дар кардем,
Ғайри дашном ҷавобе нашунидем аз ту.
Чӣ дарахтӣ ту, ки то дар чамани ҷон рустӣ.
Бар нахӯрдему гуле низ начидем аз ту?
Дар ду лаби рангбаранг ин ҳама ҳалво, ки турост,
Эй аҷаб, чошние ҳам начашидем аз ту.
Рафтӣ аз чашми тару гирякунон гуфт, Камол:
Рафт умру ба муроде нарасидем аз ту.
Гуфтам, ки будам ман бандаи ту
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гуфтам, ки будам ман бандаи ту,*
Бе ҷурм аз чашм афкандаи ту.
Гоҳе аз ин дар, гоҳе аз он дар,
Боре зи ҳар дар ҷӯяндаи ту.
Дар ҷустани ту з-онам, ки бошад,
Ҷӯяндаи ту ёбандаи ту.
Гар пои имкон беш аст моро,
Бошад дар ин раҳ пӯяндаи ту.
Гӯй, он даҳонро бошад, ки моро
Созад ба бӯсе шармандаи ту.
Дил, к-аз бари ман гум шуд, ту дорӣ,
Донистам, эй ҷон, аз хандаи ту.
Гуфтӣ: Камолат баҳри чӣ гӯянд?
З-он рӯ, ки бошам ман бандаи ту.
______________________________________
* Дар нусхаи Давлатободӣ мисраъи аввал
ба ин шакл аст:
«Гуфтӣ: Киӣ ту? Ман бандаи ту»
______________________________________
Гуфтам: Малакӣ, ё башари? Гуфт, ки ҳар ду.
Кони намакӣ, ё шакарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: Ба латофат гулӣ, эй сарви қабопӯш,
Ё найшакаре дар камарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: Ба лаби лаълу хати сабзи равонбахш
Оби Хизирӣ, ё Хазарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: Ба ҷабине, ки ба он рӯй тавон дид
Ё оинаӣ, ё қамарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам, ки ба як ишва рабоӣ зи сарам ақл,
Ё ҳуши ман аз тан бибарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: Дили моӣ, ки надонам, ки куҷоӣ,
Ё дидаи аҳли назарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: Зи Камолӣ ту чунин бехабару бас,
Ё худ зи ҷаҳон бехабарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Гар маро сад сар бувад, ҳар як пур аз савдои ӯ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гар маро сад сар бувад, ҳар як пур аз савдои ӯ,
Чун сари зулфаш бияфшонам ба хоки пои ӯ.
Чашми мо аз гиря шуд торик, чун созем ҷо-ш,
Нест ҷои чашми равшан худ, ки бошад ҷои ӯ.
Бо хаёлаш мардуми чашмам намеояд ба чашм,
Дигаронро чун тавонам дид дар маъвои ӯ?
Дар чаманҳо з-он қаду боло ҳикоят кард сарв,
Ҳар куҷо мурғест, ошиқ гашт бар болои ӯ.
Хост ҷон бӯсеву рафт аз худ, лабаш гуфто, ки ло,
Май чунин бояд, ки ҷон мастӣ кунад аз лои ӯ.
Гарчи умре талхкомиҳо кашидам аз рақиб,
Гар бимирад, ман ба ширинӣ пазам ҳалвои ӯ.
Хоки пои ӯ ба тоҷи салатанат надҳад Камол,
Гарчи дарвеш аст, бингар, ҳиммати волои ӯ.
Гуфтамаш: Моҳи пур аст он чеҳра. Гуфто: Пур магӯ,
К-аз замин то осмон фарқ аст аз мо то бад-ӯ.
Гуфтам: Он мӯи миён ҳеч аст, ҳеч, ар бингарӣ.
Гуфт: Агар дилбастагӣ дорӣ бад-ӯ, ҳечааш магӯ.
Гуфтамаш: Он рангу накҳат дар гулу мушк аз чӣ хост?
Гуфт: ҳар як бурдаанд аз рӯю мӯям рангу бӯ.
Гуфтамаш: Дил фикри рӯю рои қаддат мекунад.
Гуфт: Ин роест олӣ в-он дигар фикри накӯ.
Гуфтам: Аз чоҳи занахдони ту дил дар ҳайрат аст.
Гуфт: Рафтастанд бисёре дар ин ҳайрат фурӯ.
Гуфтам: Ар бо дида бикшоям, чӣ бошад рози дил?
Гуфт: Пеши мардумат, тарсам, ки резад обрӯ.
Гуфтам: Аз меҳри рухат дил кай тиҳӣ созад Камол?
Гуфт: Он соат, ки созад чарх аз хокаш сабӯ.
Зиҳӣ з-он қомати зебои дилҷӯ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Зиҳӣ з-он қомати зебои дилҷӯ,*
Ки чун сарв истода бар лаби ҷӯ.
Гувоҳӣ медиҳад рӯи накӯяш,
Ки ин ҳур омада аз боғи бетӯ.
Дил аз тири нигоҳаш сайд гардид,
Камондор аст он пайвастаабрӯ.
Ба рағми хубрӯён он парирух
Хушахлоқ асту хушрафтору хушхӯ.
Бинозам гунаҳои тобнокаш,
Ки мебошад чу гул хушрангу хушбӯ.
Басе шодон шавад ҳар кас, ки бинад
Ба рӯи синаяш шибҳи ду лимӯ.
Камол, он лаъллаб себест хандон,
Ки бошад себи симинаш ба паҳлӯ.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Гар тир кашӣ ҳар тараф аз ғамзаи ҷоду,
Сад оҳ кашад бо ҷигари сӯхта оҳу.
Хунам чу шавад рехта, мастӣ кунад он чашм,
Аз рехта завқасту тараб дар сари ҳинду.
Сад ҳусн ба он рух ту ба як дафъа фурӯшӣ,
Маҳ рафт ба мизон, ки фурӯ шуд ба тарозу.
З-он чашм дили гумшуда пурсидаму з-он хол,
Холи ту ба лаб дод нишон, чашм ба абрӯ.
То дод диҳад он рухи зебо ба ду мискин,
Ҳар лаҳза дароянд ду зулфи ту ба зону.
Гуфтам ба дарахтон, ки қади ёр кадом аст?
Мурғе зи сари сарв бизад бонг, ки ку-ку.
Бишкуфт, Камол, аз ту ба ҳар ҷо гули маънӣ,
То шуд чу сабо мунташир анфоси ту ҳар сӯ.
Ду бӯсам, ки гуфтӣ, агар гӯям он ку
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ду бӯсам, ки гуфтӣ, агар гӯям он ку? *
Маро он забон ку, туро он даҳон ку?
Камар, гуфта будӣ, бубандам ба хунат,
Камар худ бубандӣ, нагӯӣ миён ку?
Дилат, гуфта будӣ, бар оташ нишонам,
Нишонӣ, валекин аз ин дил нишон ку?
Фишондам сари зулфи ту, рехт ҷонҳо,
Бар ин дар чу ман ошиқе ҷонфишон ку?
Ту чоки гиребони мо гар бидӯзӣ,
Ба андозаи чокҳо ресмон ку?
Агар аз табибем марҳам ситонӣ,
Ба қадри алам марҳамаш дар дукон ку?
Камол, аз ту, дилбар, дилу ақл ҷӯяд,
Касе ин чӣ донад куҷо рафту он ку?
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Ғуломи пири хароботаму табиати ӯ,
Ки нест ҷуз маю шоҳид ҳарифи сӯҳбати ӯ.
Дар он замон, ки тани ман ғубор хоҳад буд,
Нишаста бошам бар остони хидмати ӯ.
Чу нест дар кафи зоҳид бизоати ихлос,
Чӣ фисқу маъсияти мо, чӣ зӯҳду тоати ӯ.
Мапӯш рух зи ман, эй порсо, ба айби гуноҳ,
Гуноҳи банда чӣ бинӣ, нигар ба раҳмати ӯ.
Ҳазор бор хирад кард ҳалли нуктаи ишқ,
Ҳанӯз ҳеч надонист аз ҳақиқати ӯ.
Ба ҳеч қибла наояд фурӯ сари авбош,
Зиҳӣ маротиби ринду улувви ҳиммати ӯ!
Камол, хоки харобот гавҳарест шариф,
Ки ҳар касе нашиносад қадру қимати ӯ.
Дил сӯи ӯ рафт, ҷон ҳам, гӯ, бирав
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Дил сӯи ӯ рафт, ҷон ҳам, гӯ, бирав,*
Ҷону сар, гӯ, дар сари дилҷӯ бирав.
Гар сари шӯридае чун гӯ бирафт,
Бар сари чавгони зулфаш, гӯ, бирав!
То наяфтад рози мо бар рӯи рӯз,
Эй сиришк, имшаб зи пеши рӯ бирав!
Ҷӯи чашм оби равон дорад ҳанӯз,
Гар малӯлӣ, лаблаби ин ҷӯ бирав.
Эй дил, аз ҷоми адам дил бармагир,
Дар пайи рӯи накӯ некӯ бирав.
Эй сабо, гар ҷонфишонит орзуст,
Бар сари он сунбули гулбӯ бирав.
Чун сарояд бар гули рӯят Камол,
Аз чаман, гӯ, булбули хушгӯ, бирав!.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Сар хуш аст, эй писар, маро бо ту,
Кушт чашми туам, на танҳо ту.
Бар дару боми дил чӣ гардад ҷон?
Ӯ дар ин хона бош, гӯ, ё ту!
Кавсару салсабил ҳар ду равон
Шуда пинҳон, чу гашта пайдо ту.
Воизо, чанд хониям ба биҳишт,
Мо аз ӯ нагзарем, фармо ту!
Гул фурӯтар нишондаанд аз сарв,
Баргузашта аз ӯ ба боло ту.
Гуфта ширинлабон туро дар рӯй
Магасонем мову ҳалво ту.
Навхатон дар ҷавоби нома, Камол,
Ло навиштанд ҷумла, илло ту.
Чу дар ҷон кард ҷо дил ғамзаи ту
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Чу дар ҷон кард ҷо дил ғамзаи ту,
Миёни мардумаш хонанд ҷоду.
Ба тири ту шикориро назарҳост,
Ки бинад аз қафо сӯи ту оҳу.
Ба ҷаннат бештар сӯзанд мардум,
Агар бошад буҳур ин чашму абрӯ.
Чу хоки по фурӯшӣ баркашида,
Ду чашми тар бисоземаш тарозу.
Зи лаб шафтолуе ду лутф кун, лутф,
Агарчи алинаб гӯянд ду-ду.
Магар зулфат парешон аст аз зулм,
Ки дорад аз надомат сар ба зону?
Камол, он турк агар ояд ба меҳмон,
Сару ҷон пеш каш бар расми тарғу!*
__________________________________
* Дар баъзе нусхаҳо мақтаъ ин аст:
Сари зулфи муанбар гар фишонӣ,
Равад дар мушк поят то ба зону.
Камол, он лаъллаб норест хандон,
Ки бошад себи симинаш ба паҳлу.
_____________________________
Дили заиф баякбора нотавон шуд аз ӯ,
Падид нест нишонаш, магар ниҳон шуд аз ӯ?
Агарчи дар ғами ӯ шуд ҳалоки ман наздик,
Бад-ин қадар ситаме дур чун тавон шуд аз ӯ?
Ба роҳи ошиқ агар баҳри оташ омад ишқ,
Зи тирагист, ки чун дуд баркарон шуд аз ӯ.
Бад-ин гуноҳ, ки бе ӯ ба хоб мешуд чашм,
Чунон задам шаби ҳаҷраш, ки хун равон шуд аз ӯ.
Камол, умри гаронмояат ба савдо рафт,
Чӣ моя, бин, ки дар ин раҳ туро зиён шуд аз ӯ.
Показаны записи 81-90 из 534