Газели


Показаны записи 51-60 из 534

Боз худро чу гули тоза бароростаӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Боз худро чу гули тоза бароростаӣ, Боғи рухсора ба гулҳои тар оростаӣ. Халқ бар якдигар афтода зи наззораи ту, То ду рух хубтар аз якдигар оростаӣ. Абрӯи шӯх, ки бо моҳи наваш сар ба сар аст, Ба сари зулфи сияҳ сарбасар оростаӣ. Шӯхиву фитнагару сангдилу аҳдшикан, Чашми бад дур, ба чандин ҳунар оростаӣ! Бо вуҷуди лаби ту нест ба соқӣ мӯҳтоҷ Маҷлиси мо, ки ба нуқлу шакар оростаӣ. ҳаст меҳмони ту он маҳ, магар, эй дил, ки зи ашк Хонаи дида ба лаълу гуҳар оростаӣ? Рӯи ороста бинмой, хусусан, ба Камол, Ки ту хос аз паи аҳли назар оростаӣ. Боз даст аз ҷонфишонон барфишондӣ, Доди бедодӣ зи мазлумон ситондӣ. Рафтиву аз орази чун обу оташ Ёдгорам дар дилу дар дида мондӣ. Бар ту, гуфтӣ, сурае хонам чу мирӣ, Мурдаму алҳамдулиллаҳ ҳам нахондӣ. Доштӣ дар сар, ки хунам резӣ аз чашм, Комат ин буд, аз дилам ин низ рондӣ. Ҷой деҳ ашки маро бар хоки он дар, К-аз паи ин ваъда бисёраш давондӣ. Мерасад бар осмон дуди дили ман, Қиссаи сӯзам бад-ин ғоят расондӣ. Пеши худ биншон, Камол, ӯро, пас он гаҳ Ғам махӯр аз сӯхтан, к-оташ нишондӣ.

Боз бигзаштӣ бар он зулф, эй насими мушкбӯй

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Боз бигзаштӣ бар он зулф, эй насими мушкбӯй, Дар шаби торик чун рафтӣ бар он роҳи чу мӯй? Гуфтамаш: Бар лавҳи рухсори ту бемаънист хат. Гуфт: Хат холӣ зи маънӣ нест, бемаънӣ магӯй! Гарчи рафт он орази чун об боз аз ҷӯи чашм, Чашми он дорам, ки оби рафта боз ояд ба ҷӯй. Ман ба бозӣ зулфи ӯ бишкастаму зулфаш дилам, Бишканад, оре, ба бозӣ инчунин чавгону гӯй. Гӯ, машӯ, шабнам, узори лолаву рухсори гул, То ба ту камтар фурӯшад ҳусн ҳар ношустарӯй. Гар биҷӯӣ дар закоти ҳусн мискинтар касе, Чун дили ман аз ҳама мискинтар аст, онро биҷӯй. Хуни мо он ғамза мерезад на зулфу рух, Камол, Ошиқонро нозу шева мекушад, на рангубӯй. Боз ба ноз куш маро, чист ки ноз мекунӣ? Гар надиҳӣ муроди ман, рух зи чӣ боз мекунӣ? Ман чу шаҳиди ишқаму бар дари ту биҳиштиям, Дар ба рухи биҳиштиён аз чӣ фароз мекунӣ? Аз даҳанат чу меравад пеши ду лаб ҳикояте, Ҷони маро дар он сухан маҳрами роз мекунӣ. Аз ту чӣ гуна ҷон барам, чун ту ба мурғи он ҳарам Ҳамлаи боз мекунӣ, чашм чу боз мекунӣ. Чашм ба оразаш, дило, чист зи зулфи ӯ гила? Вақт чунин латифу ту қисса дароз мекунӣ. Бо рухи дӯст, зоҳидо, рӯ чӣ ба қибла шуд туро? Арзи ниёз кун, чаро арзи намоз мекунӣ? Зоири Каъбаро бигӯ, ҳалқабагӯши ин дарам, Гӯш кӣ мекунад, ки ту васфи ҳиҷоз мекунӣ? Бош, Камол, то абад хоки як остону бас, Бандагии шаҳе гузин, гар чу Аёз мекунӣ.

Эй ёри нозанин, магар аз фитна зодаӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Эй ёри нозанин, магар аз фитна зодаӣ,* К-имрӯз чашми фитнагарӣ баркушодаӣ? Дар мулки ҳусн хусрави хубон туӣ, валек Доди маро ту аз лаби ширин надодаӣ. Ҳастанд дар замони ту хубони гулузор, Лекин аз ин миёна ту зебо фитодаӣ. Чун офтоб бар ҳама равшан шуд он, ки ту Аз ҳусну лутф аз маҳи тобон зиёдаӣ. Аз хатти ту зи ғолия ҳар нуқтае, ки ҳаст, Доғест он, ки бар дили анбар ниҳодаӣ. Бо он ки рехт ғамзаи шӯхи ту хуни мо, Бо ошиқон ҳанӯз ба ҷанг истодаӣ. Гуфтам: Камол аз қадди сарви ту бар нахӯрд. Ишқаш бигуфт: Рав, ки дар ин раҳ пиёдаӣ! _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад _____________________________________ Бо ту маҳро намерасад даъвӣ, Шоҳиданд он ду рух бар ин маънӣ. Гар бидидӣ зи дур сарви ту ҳур, Нанишастӣ ба сояи Тӯбӣ. Гуфтамаш, дар ҷавоби куштани ман Не навиштӣ, ба ғамза, гуфт, ки не! Нест ошиқкушӣ раво, чӣ кунам, Чашми маъшуқ медиҳад фатвӣ? Хуни Маҷнун сӯхтаст он зулф, Ки даромад ба гардани Лайлӣ? Оҳ аз ин донаҳои хол, Камол, Ки зад оташ ба хирмани тақвӣ.

Ин чӣ лабҳост в-ин чӣ ширинӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Ин чӣ лабҳост в-ин чӣ ширинӣ В-он чӣ гуфтору он шакарчинӣ?! Сурати ҷон дар оби ораз бин, Бо чунон рух равост худбинӣ. Гар манат пеши хеш биншонам, Ту на он оташӣ, ки биншинӣ. Сӯз ҷонам, ки куштаи онам, Рез хунам, ки ташнаи инӣ. Зоҳидо, мастам аз лабаш ману ту Бехабар аз шароби рангинӣ. Дарнагирад ба ҳеч тар оташ, Доман аз оҳи мо чӣ дарчинӣ?! Чун фитодӣ ба зулфи ёр, Камол, Бинӣ афтодагиву мискинӣ. Эй валвалаи ишқи ту бар ҳар сари кӯе, Риндони сари кӯи ту маст аз ту ба бӯе. Пеши ту ба сар ояму з-он лаб талабам ҷон, Аз хокам агар низ бисозанд сабӯе. Дил дар хами ҷавгони сари зулфи ту гӯест, Ҳар дил, ки ҷуз ин гуфт, бувад беҳудагӯе. Бо рӯи ту аз ёд биҳиштам ҳаваси ҳур, Ҷое, ки ту бошӣ, кӣ кунад ёди чу ӯе? Тан раст зи табҳои ғам аз васли миёнат, Сад шукр, к-аз ин ориза растем ба мӯе. Гар шаҳна биҷӯяд зи ту дузди дили моро, Абрӯи ту сӯе ҷаҳаду чашми ту сӯе. Имрӯз, Камол, аз рухи ӯ чашм барафрӯз, К-аз толеъи худ ёфтаӣ рӯзи накӯе.

Эй сабо, то кай ба зулфи ёр бозӣ мекунӣ

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй сабо, то кай ба зулфи ёр бозӣ мекунӣ? Сар диҳӣ бар бод, чун бисёр бозӣ мекунӣ. Аз ҳаво гар бар замин афтӣ чу зулфи ӯ, равост, Бар расанҳо чун шабони тор бозӣ мекунӣ. Бо лаби ӯ ишқ мебозӣ, дило, хунат ҳалол, Чун ба ҷони хеш дигар бор бозӣ мекунӣ. Марҳами решат диҳам, гуфтӣ, надонам, медиҳӣ, Ё зи шӯхӣ бо мани афгор бозӣ мекунӣ? Дар дабиристон бад-ин шӯхиву тифлӣ лавҳи меҳр Чун биёмӯзӣ, ки дар такрор бозӣ мекунӣ? Дар гулистон ою акси зулфу рух бингар дар об, Дар шаби маҳтоб дар гулзор бозӣ мекунӣ. Баргрезони баҳори зиндагӣ омад, Камол, Чанд бо хубони гулрухсор бозӣ мекунӣ? Эй гули рӯи туро чун ман ба ҳар сӯ булбуле, Аз ту дорад ин масал шӯҳрат, ки шаҳреву гуле. Мекунад дар даври ҳуснат дил ҳама вақте хурӯш, Вақти гул ҳаргиз набошад булбуле бе ғулғуле. Зулфи ту бар рух ба ташвишаст аз оҳи сарди мо, Ҳамчу бар барги гул аз боди саҳаргаҳ сунбуле. Фитнаҳо доранд дар сар анбаринмӯёни шӯх, З-он ки дар зери кулаҳ доранд ҳар як кокуле. Мутрибо, фармони ман бишнав равон гӯ як-ду савт, Чун зи ҳалқи шиша аз ҳар сӯ баромад қулқуле. Гӯ, кулаҳ бар осмон афкан зи шодӣ лолавор, Ҳар ки мегирад ба ёди гулрухе ҷоми муле. Ҷуз сари кӯяш иқоматро намешояд Камол, З-он ки олам бар сари обасту номаҳкам пуле.

Эй рухат ояти ҳусну даҳанат лутфи Худой

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй рухат ояти ҳусну даҳанат лутфи Худой, Ба ҳадисе бигушой он лабу лутфе бинамой. Хонаи туст дилу дида зи борони сиришк, Гар аз ин хона чакад об, дар он хона дарой. Шуд зи наззорагиён хонаи ҳамсоя хароб, Маҳи ман, бо ту кӣ фармуд, ки бар бом барой? Зоҳиди шаҳр ба хушкист зи чӯбе камтар, Ки чу наълайн бимолид ба рӯй он кафи пой. Гуфта будӣ, ки шабе бода хӯрам бо ту, биё, Ҳамчу паймони худу тавбаи ман беш мапой. Рӯзи борони сиришкам марав аз хона ба боғ, Ки равад пои ту чун сарв фурӯ дар гилу лой. Бӯстонест Сарой аз гули он рӯй, Камол, Ба сарой омадӣ, эй булбули хушгӯ, бисарой! Эй сабо, бар хоки кӯи ёри мо хуш меравӣ, Шаб сарандозон бар он зулфи дуто хуш меравӣ. Меравию бозмегӯӣ ба зулфаш ҳоли мо, Гарчи мегӯӣ парешон, эй сабо, хуш меравӣ. Воизо, таҳсини худ то кай, ки хушҳо меравам, Гар ба зудӣ меравӣ аз пеши мо, хуш меравӣ. Новакаш чун меравад дар сина, мегӯяд дилам: Гар аз он мижгонӣ, эй тири бало, хуш меравӣ. Меравӣ дар ҷон ҳама вақтеву меояд хушам, З-он ки ту оби ҳаётӣ, доимо хуш меравӣ. Гар қабо пӯшӣ чу ғунча в-ар кулаҳ ҳам лолавор, Бо кулаҳ хуш мебароӣ, дар қабо хуш меравӣ. Гар равад мутриб ба базме, хонад абёти Камол, Ҳар киро ҷонест, гӯяд, мутрибо, хуш меравӣ!

Эй даҳони ту қанду лаб ҳама май

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй даҳони ту қанду лаб ҳама май, Қанд пеши лаби ту лайса бишай. Нолаи ман зи дурии лаби туст, Бе шакар дур нест нолаи най. Тир аз он қад ниҳод сар ба гурез, Ту камонро чӣ мекунӣ дар пай? Рози мо фош кард хуни сиришк, Чанд резем хок бар сари вай? Сӯхтӣ ҷони мо ба ғамзаву зулф, Ноз то чанду саркашӣ то кай. Офтоб аз ҷамоли ту хиҷил аст, Ки зи рухсорҳо чаконад х(в)ай. Зиндагӣ ёфт аз лаби ту, Камол, Ва минал мои куллу шайъин ҳай.** _________________________________________ * Чизе, ки нест. ** ҳама чиз аз об зинда аст. (Қуръони карим) __________________________________ Эй дил, ин бечорагиву мустамандӣ то ба кай? Чун надорӣ рӯи дармон, дардмандӣ то ба кай? Бар дили пурхуни ман бигрист имшаб чашми ҷом, Шамъи маҷлисро, бигӯ, к-ин ҳарзахандӣ то ба кай! Аз ҳаводории мову ту чу мустағнист ёр, Эй рақиб, ин чоплусиву лавандӣ то ба кай? Пеши қадди ёрам, эй сарви саҳӣ, шарме бидор, Дар чаман бо пои чӯбин сарбаландӣ то ба кай? Бо ту худро кард монандӣ гул аз боди ҳаво, Гуфт дар рӯяш сабо, к-ин худписандӣ то ба кай? Ғамзаи ҷодуят аз мо чанд пӯшонад назар? Оламе кардӣ мусаххар, чашмбандӣ то ба кай? Гӯиям ҳар дам, ки берун рав, Камол, аз шаҳри мо, Ин самарқандигариҳо бо хуҷандӣ то ба кай?

Эй буда бо ту моро хешиву ошноӣ

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй буда бо ту моро хешиву ошноӣ,* Бо ошнои хешат то ҷанд бевафоӣ? Дил медиҳад гувоҳӣ, к-аз мо дилат малӯл аст, Оре, турост фармон, боре чу ҷони моӣ. Мо бандаему оҷиз, ту ҳокимиву султон, Гар лутф менамоӣ в-ар ҷавр мефазоӣ. Гар оқиливу Маҷнун, бигзор ишқи Лайлӣ, Дар ошиқӣ раҳо кун номусу порсоӣ. Наздиктар зи ҷонӣ наздики мову бо мо Чун моҳ рӯи худро аз дур менамоӣ. Оё бувад, ки як шаб нохонда, бе рақибон Чун бахти ногаҳонӣ ногаҳ зи дар дароӣ? Бехобухурдам аз ғам, эй бахти ман, чӣ хусбӣ? Чун нест бе ту умрам, эй умри ман, куҷоӣ? Бечорае, ки бошад ҳамчун Камоли бедил Дар меҳнати ғарибӣ, дар ғуссаи ҷудоӣ. _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба хати имрӯзаи тоҷикӣ ба табъ мерасад. _____________________________________ Эй дарди даруни ҷон, чӣ бошӣ В-эй сӯзи дарун, ниҳон чӣ бошӣ?! Эй хуни дил, аз замин чӣ ҷӯӣ В-эй нола, бар осмон чӣ бошӣ? Эй ашки равон, бурун шав аз чашм, Дар хонаи мардумон чӣ бошӣ? Эй сокини кӯи моҳрӯён, Дар манзили ноамон чӣ бошӣ? Эй он, ки зи пеш рондиям дӣ, Имрӯз дигар бар он чӣ бошӣ? Эй бе ту танам тане зи ҷон дур, Дур аз мани нотавон чӣ бошӣ. Эй шӯх, Камол сӯхт бе ту, З-ин сӯхта баркарон чӣ бошӣ?

Эй офтоби рӯи ту дар авҷи дилбарӣ

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй офтоби рӯи ту дар авҷи дилбарӣ,* Парвонаи чароғи рухат шамъи ховарӣ. Савдои зулфи туст, ки рӯзам сиёҳ кард, То худ ба ҳусн равнақи хуршед мебарӣ. Зулф аст он, ки ҳалқа занад гирди Офтоб, Ё мушк медамад зи баногӯши Муштарӣ? Болои дилфиреби ту, гӯям , ба ростӣ Сарвест гулузор ба бустони дилбарӣ. Дебочаи саҳифаи ҳусну латофат аст Бар сафҳаи ҷамоли ту он хатти анбарӣ. Равшан шавад муроди дили ман ҳароина, Он дам, ки рӯи хеш дар оина бингарӣ. Ҷонат чӣ гуна хонам, ҷонам фидои туст, Умрат чӣ гуна гӯям, к-аз умр хуштарӣ. Ашкам ба оби дида гувоҳӣ ҳамедиҳад Хуне, ки рехт ҷодуи чашмат ба соҳирӣ. Сӯи Камол марҳамате кун ба васли хеш, К-аз ҳад гузашт ҷавру ҷафову ситамгарӣ. _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба хати имрӯзаи тоҷикӣ ба табъ мерасад. _____________________________________ Эй аз хати ту занг бар оинаи шоҳӣ, Ту шоҳиву пеши ту бутон ҷумла сипоҳӣ. Он лаб на зулол аст, ки хамрест биҳиштӣ, Он нуқта на хол аст, ки сиррест Илоҳӣ. Рӯят ба ғуломии дилам хат бадар овард, Медод бар он хат дили ман низ гувоҳӣ. Ту ҷон талабӣ аз ману ман бӯс, чӣ пурсӣ Ҳар дам, ки чӣ хоҳӣ ту зи мо? ҳар чӣ ту хоҳӣ. Хуни ҳама беҷурм бирезиву чу бинем Як рӯз ба роҳат, ҳама гӯем ба роҳӣ. Эй рафта ба фикри зақанаш, зулф ба даст ор, Тадбири расан кун, ки фурӯрафта ба чоҳӣ. Нақши лаби ҷонбахши ту дар чашми Камол аст Чун чашмаи ҳайвон, шуда пинҳон ба сиёҳӣ.

Агар зи меҳнати дунё халос металабӣ

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Агар зи меҳнати дунё халос металабӣ,* Бинӯш бодаи гулгун зи шишаи ҳалабӣ. Чунон ба оби инаб ташнаам, ки сурати он Бурун намеравадам аз ҳадиқаи инабӣ. Шаробу шоҳиду симу зарам туфайли ту бод, Фидока аслу маромӣ ва мунтаҳо талабӣ. Агар на сояи хумхона бар сарат бошад, Зи рӯзгор бубинӣ ҳазор булаҷабӣ. Туро чу сӯҳбати амну кифояте бошад, Ба айш кӯшу ба ишрат, дигар чӣ металабӣ? Шароб нӯш ба фасли баҳору фориғ бош, Фало ялиқа замонашшубоби фӣ карабӣ. Камолро чу мудово ба бода фармоянд, Равост, гар бихӯрад май ба ҳукми шаръи набӣ. _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал дар шакли комил ба хати имрӯзаи тоҷикӣ ба табъ мерасад. _____________________________________ Эй ояти ҳусн аз рухи хуби ту мисоле В-аз ранги рухат дафтари гул нақши хаёле. Хубони ҷаҳон ҳусни дилафрӯзу малоҳат Доранд, валекин на чунин ҳусну ҷамоле. Удест дили сӯхта бар ёди висолат, К-аз оташи ҳиҷрони туаш нест малоле. Бо он ки бувад оташи лаъли ту ҷигарсӯз, Ҳаргиз набувад хуштар аз ӯ оби зулоле. Умрест, ки бар боди ҳаво мегузаронем, Зеро ки набошад зи ту уммеди висоле. Боре ба Камол аз сари раҳмат назаре кун, Имрӯз, ки ҳусни ту гирифтаст камоле.

Показаны записи 51-60 из 534