Газели


Показаны записи 41-50 из 534

Турки ман, маҳ бувад ба туркӣ ой

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Турки ман, маҳ бувад ба туркӣ ой,* Хуш бувад, як шабе ба назди ман ой. Дидаӣ маҳ, ки чун бувад бар бом, Ту маҳӣ, ҳам ба боми дида барой! Хонаи банда бандахонаи туст, Хайра мақдам, хуш омадӣ, фармой! Гиряи ошиқон мабин зи бурун, Рӯзи борон, биё, ба хона дарой! Хона холист, аз миён магурез, Дар бубанду миёни баста кушой! Гар вафо мекунӣ, ба ҷои худ аст, Ваъдаҳои куҳан биёр ба ҷой. Кард вайрон сарою кох, Камол, Тоқи абрӯи дилбарони Сарой. _______________________________ * Вожаи туркии «ой» ба тоҷикӣ моҳ аст. ______________________________ Туро чӣ гуна тавон гуфт Юсуфи сонӣ? Санои ҳусни ту ӯ гуфт, ӯ бувад сонӣ! Ҳадиси Юсуфи Мисрӣ, ки аҳсанулқасас аст, Касе ба сӯз нахонад чу пири Канъонӣ. Дило, ҳикояти ҳуснаш куну шунав таҳсин, Гузор қиссаи Юсуф, чӣ қисса мехонӣ?! Шунид нақши рухат нақшбанду дафтар шуст, Чу бишнавӣ ту ҳам, эй гул, варақ бигардонӣ. Бад-он, ки аз лаби худ додиям ду бӯс, маранҷ, Бигир бӯси худ акнун, агар пушаймонӣ. Дарат зи молиши рухсорҳост моломол, Дигар ба пои ту хоҳем суд пешонӣ. Ҳуқуқи бандагиам, гуфтаӣ, шаҳон донанд, Ҳанӯз қиммату миқдори худ намедонӣ. Рақиб гуфт, ту донӣ, Камол, қимати ман, Бигуфтам, эй дили сахтат ба ғусса арзонӣ, Туро ба соҳили дарё ба сад дирам бихаранд Барои лангари киштӣ, ки бас гаронҷонӣ,

Таб чаро дарди сар овард ба нозукбадане

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Таб чаро дарди сар овард ба нозукбадане, Ки чу гул тоб наёвард ба ҷуз переҳане. Бар тани нозуки ӯ ҳамчу арақ ларзон аст Ҳар куҷо ҳаст тару тоза гуле дар чамане. Шакараш дораду бодом зиён, пиндорӣ, Чашм накшояд аз ин рӯю нагӯяд сухане. Дидани набзаш ишорат ба Масеҳо карданд, Гуфт: ҳайф аст, чунон даст ба дасти чу мане. Аз паи раг задан ар кор ба фассод афтад, Нест устодтар аз ғамзаи ӯ нешзане. Ба фидои тани ранҷури туву ҷони ту бод Ҳар киро ҳаст дар айёми ту ҷоневу тане! Сиҳҳати ҷону танат чун ба дуо хост Камол, Буд омин ба забон омада аз ҳар даҳане. Туро дида ҳар бор дидӣ, чӣ будӣ, Ки ҳар бор давлат маро рух намудӣ? Чӣ будӣ, ки он лаб намак барфишондӣ, К-аз он сӯзи реши дили мо фузудӣ? Насими туам, гуфт, уд ар на хом аст, Чаро хештанро чунин месутудӣ? Чӣ разм аст, гуфтан адам он даҳонро, Ки чун ӯ надидем азизулвуҷуде? Шаб аз дур маҳро дуто гашта дидам, Магар хост кардан ба рӯят суҷуде? Рақиби сагат бонг бар ман намезад, Агар оҳи шабҳои ман мешунидӣ. Камол, аз ту ҷуз оҳи дил бар наёмад, Чӣ хоҳад баромад зи хас ғайри дуде?

То ба рухсори маҳ аз ғолия чавгон задаӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
То ба рухсори маҳ аз ғолия чавгон задаӣ,* Рақами ғолиясон бар маҳи тобон задаӣ. Булбули маст намеояд аз ин ҳол ба ҳӯш, Чу саропардаи мушкин ба гулистон задаӣ. Сунбули тоза ба он орази гулранг туро Хатти сабзест, ки бар дафтари хубон задаӣ. Бо чунин қомати зебо, ки ту дорӣ, санамо, Таъна бар ростии сарви хиромон задаӣ. То чаро сирри дили хеш наёрад ба забон, Оташ андар даҳани шамъи шабистон задаӣ. З-он лабони шаккарафшон ҳама шаб то ба саҳар Бӯса бар ҷоми майи бодапарастон задаӣ. _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад _____________________________________ То кай, эй мӯнис, дилам бе муҷибе ғамгин кунӣ, Гиряҳои талхи ман биниву лаб ширин кунӣ? Аз гули рӯи туам ранге ҷуз ин ҳосил нашуд, К-аз сиришки арғувонӣ чеҳраам рангин кунӣ. Чун ҳалоки худ ҳамехоҳам ба зориву дуо, Ношунида орию дар зери лаб омин кунӣ. Гуфтаӣ: Ҷонат ба коми дил расонам ё ба лаб? Он нахоҳӣ кард ҳаргиз, донам, аммо ин кунӣ. Сар ба тоҷи салтанат дигар фурӯ н-ояд маро, Гар ҳама умр илтифоте бо мани мискин кунӣ. Эй дил, аввал остин аз ақлу даст аз ҷон фишон, Гар зи хомӣ панҷа бо он соиди самин кунӣ. Ҷаннатулфирдавс бинмоянд дар хобат, Камол, Гар шабе хоки дари он моҳрӯ болин кунӣ.

Ба ёрони куҳан ёрӣ накардӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Ба ёрони куҳан ёрӣ накардӣ, Ҷафо кардӣ, вафодорӣ накардӣ. Хурам, гуфтӣ, ғами ту, ту бизӣ шод! Маро ғам кушту ғамхорӣ накардӣ. Дилам пайвасти медорӣ бар оташ, Ба ман з-ин беш дилдорӣ накардӣ. Дило, аз нола булбул васли гул ёфт, Чаро зорӣ бар ин зорӣ накардӣ? Ба чашмат, гӯ, чӣ монд аз зулму хорӣ, Ки зери тоқи зангорӣ накардӣ? Касе дар ҳоли сиҳҳат хун кунад кам, Ту худ дар айни беморӣ накардӣ. Камол, он шӯхчашм аз худ маёзор, Чу ҳаргиз мардумозорӣ накардӣ. То хилвати дил холӣ аз ағёр наёбӣ, Бому дари он хона пур аз ёр наёбӣ. Он ҷо, ки шуд ӯ ёфта, худро натавон ёфт, Ғам нест, ки сар ёбиву дастор наёбӣ. Бедор шав, он гаҳ талаб он рӯй, ки ҳаргиз Дар хоб чунин давлати бедор наёбӣ. Гар аз ту ба захме бихарад ҷону сар он теғ, Бистон, ки чунин тез харидор наёбӣ. Чандон ки зи дил бигзарӣ аз ҳар чӣ мурод аст, Роҳи гузаре бар дари дилдор наёбӣ. Даъвои аналҳақ сухани сахт баланд аст, Маънои чунин ҷуз ба сари дор наёбӣ. Зинҳор, Камол, аз сари мастӣ марав он ҷо, Тарсам, ки равӣ бе адабу бор наёбӣ.

Бад-ин ин пастӣ гар он маҳро наёбӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Бад-ин ин пастӣ гар он маҳро наёбӣ, Ба боло ҳам шавӣ, он ҷо наёбӣ. Танобат кай кашад з-ин сӯ ба боло, Сари ришта аз ин ҷо то наёбӣ?! Ту ҳечӣ бо вуҷуди ӯ в-аз ин ҳеч Наёбӣ ҳеч, то ӯро наёбӣ. Шавӣ гум зери пинҳонхонаи хок, Гар он маъшуқро пайдо наёбӣ. Ба дунон кам нишин, к-аз сӯҳбати дун Мақоми қурби ӯ адно наёбӣ. Ҳамеҷӯ аз Камол имрӯзу мепурс, Ки тарсам ҷӯияш фардо, наёбӣ. Ба Туркистон биё, он хок дарёб, Агар дар Рум Мавлоно наёбӣ. Ба кӯи ишқ бошӣ шермарде, Агар бошад ба рӯят гарди дарде. Ба рӯи мард бошад гарди ин дард, Нахондӣ ин масал: Гардеву марде. Ғизои ошиқи муфлис ғам омад, Агар ғам нестӣ, мискин чӣ х(в)ардӣ? Хаёлат гар набудӣ мӯниси ҷон, Дили бекас, тани танҳо, чӣ кардӣ? Дурангӣ нест моро бо ту илло Ҳамин бахти сиёҳу рӯи зарде. Дарахти гул надорад тоби сармо, Наёрам зад бар он дар оҳи сарде. Камол, онҳо, ки фикри бикр доранд, Фузун аз сад ғазал хонанд фарде.

Бар гил ба пои сарв чу рафтор мекунӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Бар гил ба пои сарв чу рафтор мекунӣ, Аз лутф пои нозукат афгор мекунӣ. Гар ҳоли дил зи ғамза бипурсӣ, чӣ гӯямат, Хуш мекунӣ, ки пурсиши бемор мекунӣ. Панде бидеҳ ба зулф, ки хунҳои бедилон Чандин чаро ба гардании худ бор мекунӣ? Бо ғамза ҳам бигӯй, ки дар пеши мардумат Хоҳам задан, ки шӯхии бисёр мекунӣ! Гуфтӣ, ҷамоли хеш намоям ба орифон, Ин худ кароматест, ки изҳор мекунӣ. Эй тӯтӣ, ин ҳадиси шакарбор аз они ӯст, Ё гуфтаи ман аст, ки такрор мекунӣ?! Саъдӣ агар чу тӯтии гӯё бувад, Камол «Тӯтӣ ҳамӯш беҳ, чу гуфтор мекунӣ».* _______________________________ * Мисраъ моли Саъдии Шерозист. __________________________ Ба рӯят бингарам, ногаҳ наранҷӣ? Зи кӯят бигзарам, ногаҳ наранҷӣ? Зи васлат ҳосиле чун нест, боре Ғами ҳаҷрат хӯрам, ногаҳ наранҷӣ? Ҷаҳонат банда шуд, ман низ худро Аз инҳо бишмурам, ногаҳ наранҷӣ? Ту ҳар ҷо теғ бардорӣ, ман он ҷо Сипар ҷон оварам, ногаҳ наранҷӣ? Ба ҳар роҳе, ки бихромӣ, ман он роҳ Ба дида биспарам, ногаҳ наранҷӣ? Бад-ин нозукдилӣ ҷоне ту дорӣ, Таманноят барам, ногаҳ наранҷӣ? Камол ар бигзарад бар остонат, Ки ман хоки дарам, ногаҳ наранҷӣ?

Бар сари роҳи талаб ёфт гадое гуҳаре

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Бар сари роҳи талаб ёфт гадое гуҳаре, Яъне аз аҳли диле бесарупое назаре. Дӣ расид аз ҳарами васл хитобем ба гӯш: Ҳалқае гар бизанӣ, бар ту кушоянд даре. Дидаву дил ду ҳариманд, ки дар ҳар ду ҳарим Ҷуз хаёли рухи ӯ бор наёбад дигаре. Дил, ки бар вай гузаре мекунад андешаи ғайр, На дил аст он ба ҳақиқат, ки бувад раҳгузаре. Бе иноят ба сӯи дӯст қадам то наниҳӣ, Ки ба ҷое нарасӣ ҷуз ба чунин роҳбаре. Ё Раб, он ҷон, ки ҷаҳон гумшудаи ӯст, куҷост, Ки аз ӯ не хабаре ёфт касе, не асаре?! Бохабар нест аз ӯ ҳеч кас илло чу Камол Бехуде, дилшудае, аз ду ҷаҳон бехабаре. Бар мани бедил агар ҷавру ситам фармудӣ, Лутф бисёр намудиву карам фармудӣ. То ба соҳибназарӣ аз ҳама бошам афзун, Сурмаи чашми ман аз хоки қадам фармудӣ. Номасон пеши худам хон, ки зи дур омадаам, Чун давидан ба сарам ҳамчу қалам фармудӣ. Гуфтиям: Пеши рақибон диҳамат сад душном, Боз марсуми дуогӯ, зи чӣ кам фармудӣ? Қисмати ман зи сари хони карам ғуссаву дард Гуфта будӣ, ки бифармояму ҳам фармудӣ. Дигар аз хуни дили реш шаробам фармой, Чун кабоб аз ҷигари сӯхтаам фармудӣ. Рондиам аз дару хун шуд дили мискини Камол, Аз чӣ озурдани оҳуи ҳарам фармудӣ?

Бидеҳ, соқӣ, шароби арғувонӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Бидеҳ, соқӣ, шароби арғувонӣ,* Ки бе май хуш набошад зиндагонӣ. Чу айёми ҷавониро иваз нест, Ба шодӣ бигзаронаш, то тавонӣ. Ҷавоне, к-ӯ набошад масту ошиқ, Чӣ лаззат ёбад аз умру ҷавонӣ?! Сабук, соқӣ, ба ман ратли гарон деҳ, Ки худро вораҳонам з-ин гаронӣ. Фаридунфариву султони одил, Азимушшону султони замонӣ. Чу даври довари Султон Увайс аст, Чаро бошам даме бе шодмонӣ?! Ниҳоли ишрати мо борвар шуд, Ва минҳо яҳбаси суммаламонӣ. _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба хати имрӯзаи тоҷикӣ ба табъ мерасад. _____________________________________ Ба маҷлисе, ки ба мастон шароби ноб диҳӣ, Дилам зи рашк бизӯзӣ, маро кабоб диҳӣ. Суоли бӯс чӣ суд аз туам, ки маълум аст Маро зи ҷунбиши он лаб, ки не ҷавоб диҳӣ. Ба ҳасрати қадаш аз гиряам чаман шуд ғарқ, Ту сарвро дигар, эй боғбон, чӣ об диҳӣ?! Шаби фироқ дар он остон ду чашми маро Чӣ ҷои хоб, агар низ ҷои хоб диҳӣ? Кунад дилам чу кабутар фиғон зи сахтии дом, Чу боз турраи мушкин зи ноз тоб диҳӣ. Ба чашму ғамза мафармо, ки мастро бизанед, Ба як-ду маст чӣ нисбат, ки эҳтисоб диҳӣ. Камол, шаҳнаи ишқ аз дили ту дониш хост, Чӣ гуна боҷи нафис аз дили хароб диҳӣ?

Бо ман ин будат зи аввал шарти ёрӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Бо ман ин будат зи аввал шарти ёрӣ, К-охируламрам ба ёде ҳам наёрӣ. Баски бо шӯридагон чун зулфи мушкин Аҳд бастиву шикаст аз беқарорӣ. Бо рақибони гаронҷон беш маншин, Ту латифӣ, тоқати эшон надорӣ. Меравӣ танҳо ба роҳу ман чу соя Дар паят афтону хезон аз низорӣ. Баъд аз инат бо Худо хоҳам супурдан, З-он ки шарти ошиқ омад ҷонсупорӣ. Бо сагаш гуфтам, чу оям ман бар он дар, Миннате бошад зи ту, к-он дар гузорӣ. Бонг зад бар ман ба ҷангу гуфт: То кай Ҳар шаб ин ҷо оиву дарди сар орӣ?! Дӯш дидам бар сари кӯи ту дилро, Гуфтам: Эй мискин, ту боре дар чӣ корӣ? Гуфт: Ман пеш аз Камол ин ҷо расидам, То кунем аз якдигар фарёду зорӣ. Ба чашму ҷон чу чароғе ту дар миёни зуҷоҷӣ, Зи ишқ оби ҳаётӣ, зи ақл милҳи уҷоҷӣ. Дар ин мураққаъ агар чун кулоҳ соҳиби таркӣ, Зи қолиб ар бишавӣ дур, бар сари ҳама тоҷӣ. Агар ба шеваи Мансур дам занӣ зи аналҳақ, Яқин шавад дами охир, ки чанд мурда ҳалоҷӣ. Ба илму ақл фурӯ мондӣ аз ҳама, аҷаб аст ин, Ки фил дориву асбу пиёда чун шаҳи оҷӣ. Магар димоғи ту, сӯфӣ, ба бонги чанг шавад тар, Ки аз қадаҳ накашидан азим хушкмизоҷӣ. Даруни дил бифурӯз, эй хаёли дӯст, ки моро Дар ин сарочаи тира ту нурбахш сироҷӣ. Ҳазор дард агарат ҳаст аз ӯ, Камол, махӯр ғам, Чу дарди дӯст бувад, қобили ҳазор илоҷӣ.

Бозам аз талъати худ дида мунаввар кардӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Бозам аз талъати худ дида мунаввар кардӣ, Маҷлиси ман ба сари зулф муаттар кардӣ. Бар сари куштаи ҳиҷрон гузарӣ аз сари меҳр, Хайра мақдам, хабар овардиву дарх(в)ар кардӣ! Маҳ муқобил набувад бо ту, магар дидани рӯй, Ки бар оина рухи хеш баробар кардӣ. Мулки дилҳо ғами рӯи ту ба тороҷ бибурд, То бар ӯ мамлакати ҳусн муқаррар кардӣ. Гарчи кардӣ ба танам нисбати он мӯи миён, Бингараш, к-аз паи ин нанг чӣ лоғар кардӣ. Додхоҳон ба сар он хоки қадам кардам, гуфт: Доди худ ёфтӣ, он хок чу бар сар кардӣ. Ёд медор, ки озори дили реши Камол, Гуфта будӣ накунам дигару дигар кардӣ. Бо масканату аҷзу заифиву фақирӣ Дорам тамаъи васли ту, вой, ар напазирӣ. Бо ман назаре кун зи сари лутфу бузургӣ, Ҳарчанд, ки дар чашм наоям зи ҳақирӣ, Коме зи лаби лаъли ту шояд, ки барояд Бо ман, чу даҳони худ агар танг нагирӣ. Сутонии ман ҳаст гадоӣ зи ту кардан, Озодии ман ҳаст ба доми ту асирӣ. Гуфтӣ, ки ба пирӣ тарафи ишқ раҳо кун, Чун ишқ даромад, чӣ ҷавониву чӣ пирӣ. Аҳволи даруни дилу беруни харобам, Мӯҳтоҷи хабар нест, ки бар ҷумла хабирӣ. Бо зиндадиле, гуфт Камол, аз сари ҳолат: Ҳолат беҳ аз он нест, ки дар ишқ бимирӣ.

Показаны записи 41-50 из 534