Газели


Показаны записи 31-40 из 534

Дар ин раҳ ҳар чӣ ҷӯй, он биёбӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Дар ин раҳ ҳар чӣ ҷӯй, он биёбӣ, Биҷӯ нақде, ки ногоҳон биёбӣ. Ба кӯи ӯ диле гум кун, ки он ҷо Яке дил гум кунӣ, сад ҷон биёбӣ. Ба ҷон гар толиби як дард бошӣ, Талаб нокарда, сад дармон биёбӣ. Гирӣ* бар хеш чун абри баҳорӣ, Ки сарсабзӣ аз ин борон биёбӣ. Шаби васл он ҳама хандонлабиҳо Чу шамъ аз дидаи гирён биёбӣ. Дигар аз ёфтан серӣ надорӣ, Чунин ганҷе агар пинҳон биёбӣ. Камол, ар ҳар замоне ёбӣ ӯро, Ҳанӯзаш ҳамчунон ҷӯён биёбӣ. ____________________ * Гирӣ – гирйӣ, гиря кунӣ. ____________________ Хоҳам бари ту бурдан танро, ки шуд хаёле, Боре барам хаёле, чун нестам висоле. Эй бод, кай гузорат з-он сӯ маҷол бошад? Бемориву набошад, донам, туро маҷоле. Имрӯз нест зоҳид ғофил зи ҳоли риндон, К-ӯро ба ҳеч вақте вақте набуду ҳоле. Чун зулфу рух намудӣ, кардам суоли бӯса, Дидам, тасалсулу давр омад маро суоле. Аз зулфи хеш дилро занҷир кун муҳайё, Гар абрӯят намояд девонаро ҳилоле. Мехост гул, ки худро молад бар он баногӯш, Он шӯхи беадабро боист гӯшмоле. Ҳамкосаи сагонат дорӣ мани гадоро, Гар кӯзагар бисозад аз хоки ман сафоле. Рӯи ту барнатобад аз зулф сояе ҳам, Дорӣ зи сояи худ аз нозукӣ малоле. Дорад, Камол, бо худ зулфаш туро муқайяд, Доранд моҳрӯён дар дилбарӣ камоле.

Дорам зи абрӯвони ту чашми инояте

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Дорам зи абрӯвони ту чашми инояте, К-аз нозам ар кушӣ, накунандам ҳимояте. Чашми ту бегунаҳкушу ман зинда инчунин, Аз ғамзаи ту нест ҷуз инам шикояте. Берун аз он, ки ҷуз ту нахоҳам муроди хеш, Аз банда дар вуҷуд наояд ҷинояте. Рӯят, ки оятест зи раҳмат бар абрӯвон, Зоҳид чу дид, хонд ба меҳроб ояте. Оне, ки дорад он маҳу ин ғам, к-аз ӯ марост, Он ғояте надораду ин ҳам ниҳояте. Пеши рақиб қадри саги кӯ шинохтем, К-ӯ мекунад ба қадр гадоро риояте. Гӯ, бар дарат, рақиб, гадо бош, ё Камол, «Ғавғо бувад ду подшаҳ андар вилояте».* _______________________________ * Мисраъ моли Саъдии Шерозист. __________________________ Даст надорам аз ту ман, гарчи зи поям афканӣ, Тезтарам ба дӯстӣ, гар ҳама теғ мезанӣ. Нест зи ҳам муфориқат сояву офтобро, Ҳар тарафе, ки меравӣ, ман ба туву ту бо манӣ. Эй нафаси сабо, зи мо бо сари зулфи ӯ бигӯ: Чанд ба дилшикастагон аҳд куниву бишканӣ? Сарви баландпояро ин ҳама роз кай расад, Пеши дарахти қоматат гар накунад фурӯтанӣ. Эй ба умеди васли ту барзада дасту остин, Ин нашавад муяссарат ҷуз ки ба покдоманӣ. Шукр, ки гар даме задам дар ҳама умри хештан, Бо ту ба дӯстӣ задам, бо дигарон ба душманӣ. Шавқи лаби ту медиҳад завқи сухан Камолро, Мурғ сухансаро нашуд, то ки нагашт гулшанӣ.

Хоҳӣ, ки ба ҳеч ғам намирӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Хоҳӣ, ки ба ҳеч ғам намирӣ,* То даст диҳад, пиёла гирӣ. Май нӯш ба шодиву шав аз ӯ Он дам, ки ба дасти ғам асирӣ. Най гуфт ба зери лаб: ҳамин аст, Гар аҳли дилӣ, нафаспазирӣ. Дар сар зи маят чу тоҷи лаъл аст, Султониву соҳиби сарирӣ. Ман дурдкашам, на шоҳу дарвеш, Фориғ зи бузургиву фақирӣ. Дар ишқ ҷавонаму тавонгар, Ғам нест зи пириву фақирӣ. Шуд пир Камол, боядаш сохт Аз сарви равон асои пирӣ. _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба хати имрӯзаи тоҷикӣ ба табъ мерасад. _____________________________________ Дигарбора теғи ҷафо баркашидӣ, Зи ёрони дерина ёрӣ буридӣ. Ба қатли муҳиббон шудӣ боз ранҷа, Бақо бодат, эй дӯст, заҳмат кашидӣ! Ман аз ҳасратат гарчи мурдам, хушам ҳам, Ки боре ту бо орзуе расидӣ. Туро ҳар чӣ гуфтем, гуфтӣ: Шунидам! Ҳадисе шунидӣ, вале кай шунидӣ? Чӣ донӣ зи ҳоли ман, эй ҷони ширин, Ки ту талхии ҳаҷр камтар кашидӣ? Ба кӯи ту чун об ҳаргиз нарафтам, Ки чун сарв доман зи ман даркашидӣ. Камол, орзу доштӣ хоки пояш Ба чашми худ, алҳамдуллилаҳ, ки дидӣ.

Ҳадиси хуше ҳеч бо мо нагӯӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳадиси хуше ҳеч бо мо нагӯӣ, Сухан ҷуз ба шамшер қатъо нагӯӣ. Биҳил кардамат хуни худ, гар бинозӣ, Кушӣ зудам имрӯз, фардо нагӯӣ. Чу гӯӣ, лақаб нозил аз осмон шуд, Чаро номи ашкам Сурайё нагӯӣ? Ҳар он шарбати ғам, ки додӣ, нахустин Ба ман деҳ, ба шарте ки саҳҳо нагӯӣ. Ниҳон аз чӣ шуд оби ҳайвон, кӣ донад, Ту бо он даҳон нуктае то нагӯӣ. Мабодо, ки ёбанд нақши даҳонат, Ба ҳар кас дигар ин муаммо нагӯӣ. Камол, он чӣ гӯӣ аз он рӯи зебо, Ба рӯяш, ки ҷуз хубу зебо нагӯӣ. Хуррам он дам, ки туям мӯнису ҳамдам бошӣ, Ман ба ғамҳои ту дилтангу ту хуррам бошӣ. Гар кунӣ пурсишам, андешаи ранҷурӣ нест, Чӣ аз он дард накӯтар, ки ту марҳам бошӣ? Аҷаб ояд ҳама касро зи ту, эй рашки парӣ, Гар бад-ин лутф ту аз тинати одам бошӣ. То касе бар мани муфлис накунад тӯҳмати ганҷ, Беҳ аз он нест, ки дар сӯҳбати мо кам бошӣ. Мулки дил гир, ки шоҳи рӯхат овард хате, Ки ба ҳусн аз ҳама хубон ту муқаддам бошӣ. Ғами ҳиҷрон сабаби роҳати васл аст, Камол, Давлати вақти ту, гар шод бад-ин ғам бошӣ.

Чӣ лутфаст ин, ки бо ман менамоӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Чӣ лутфаст ин, ки бо ман менамоӣ, Лаби нозук ба пурсиш мекушоӣ. Лабат ҷон асту ҷонам мефазояд Хати сабзе, ки бар лаб мефазоӣ. Хатат бар рух накӯтар хондам аз мушк, Накӯ хонанд хат дар рӯшноӣ. На ошиқро бало ояд зи ҳар сӯ, Чаро з-ин сӯ наоӣ, чун балоӣ? Чу қомат рост кардӣ вақти рафтан, «Қиёмат дидам аз рӯзи ҷудоӣ».* Малӯлам з-ошноии рақибон, «Чӣ будӣ, гар набудӣ ошноӣ?»* Намехоҳад Камол аз ёр, ҷуз ёр, Биёмӯзед, дарвешон, гадоӣ! _________________________________________ * Ин ду мисраъ матлаъе аз ғазали ҳумоми Табрезист. _________________________________________ Чӣ мӯҷиб аст, ки ҳеч илтифоти мо накунӣ, Тараҳҳуме ба ғарибони бенаво накунӣ? Ба душманони мухолиф ба сар барӣ, боре Ба дӯстони вафодор ҷуз ҷафо накунӣ. Чу ком менадиҳӣ з-он даҳон, бигӯ, бо мо, Ки ин музойиқа бо дигарон чаро накунӣ? Ту подшоҳи ҷаҳониву мо гадо, чӣ сабаб, Ки илтифот ба ҳоли мани гадо накунӣ? Ба ваъда чанд диҳӣ интизори васл маро, Чу ҳоҷати дили бечорае раво накунӣ? Савоби кори ман аст он, ки бар нишонаи дил Ба нӯки ғамза кашӣ новаку хато накунӣ. Камоли дилшуда бегона шуд зи хешу ҳанӯз Ту ҳамчунон ба висоли худ ошно накунӣ.

Чу ту душман аз дӯст нашнохтӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Чу ту душман аз дӯст нашнохтӣ, Маро сӯхтиву ба ӯ сохтӣ. Бипардохтам ман ду олам ба ту, Ту як лаҳза бо ман напардохтӣ. Чӣ шукр аз лаби чун шакар гӯямат, Ки чун най ба як бӯса нанвохтӣ. Зи по то сарам риштаи ҷон бисӯхт, Чу шамъам зи сар аз чӣ бигдохтӣ? Ба шоҳӣ нишастӣ ба мулки дарун, Алам з-оташи дил барафрохтӣ. Раҳу расми ман буд сабру қарор, Ту он расмҳоро барандохтӣ. Назар бохтӣ бар рухи ӯ, Камол, Ду олам бибар, чун накӯ бохтӣ. Чу гул ба лутфи ту зад лофи нозукандомӣ, Дарид пераҳани некӯӣ ба бадномӣ. Дилам ба шоми сари зулфи тусту метарсам, Ки боз бишканӣ он обгинаи шомӣ. Яке, ки мебарад ороми дил ба шеваи чашм, Чӣ чашм дорам аз ӯ шаваи дилоромӣ? Шабе ба ҳалқаи мо зикри исматат мерафт, Шуданд ҳалқабагӯши ту орифу омӣ. Зи накҳати сари зулфи ту уд дам мезад, Аҷаб, ки сӯхту аз сар намениҳад хомӣ. Касе, ки ҳеч набурдӣ ҳадиси май ба забон, Лаби ту диду масал шуд ба дурдошомӣ. Камол, агар зи даҳонаш наёфтӣ коме, Мабош тангдилу сабр кун ба нокомӣ.

Чаро ҳар дам аз пеши мо мегурезӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Чаро ҳар дам аз пеши мо мегурезӣ? Шаҳӣ, аз гадоён чаро мегурезӣ? Бахилӣ магар,эй ба хубӣ тавонгар, Ки аз ошиқи бенаво мегурезӣ? Чароӣ, чаро аз дуогӯ гурезон? Балоӣ, бало, к-аз дуо мегурезӣ. Ту он тоза барги гулӣ, к-аз латофат Зи осеби боди сабо мегурезӣ. Гар ӯ мегурезад зи чашм, эй хаёлаш, Ту бигрез, бинам, куҷо мегурезӣ?! Камол, ар ба ӯ мегурезӣ зи чашмаш, Зи як фитна дар сад бало мегурезӣ. Чашми шӯху дили сангин, бари симин дорӣ, Холи мушкин, рухи рангин, лаби ширин дорӣ. Ту чӣ донӣ зи ману ҳоли ман, эй шамъи Чигил, Ки чу ман ошиқи дилсӯхта чандин дорӣ. Бениёзиву ниёзат ба мани бедил нест, Подшоҳиву фароғ аз мани мискин дорӣ. Гуфтаӣ: Расми вафо дораму оини ҷафо. Он надорӣ сари як мӯй, вале ин дорӣ. Эй сабо, накҳати он зулф магар нашнидӣ, Ки ҳавои чаману барги раёҳин дорӣ? Даъвии зиндадилӣ аз ту на некӯст, Камол Гар шаби фурқати ҷонон сари болин дорӣ.

Чаро ба тӯҳфаи дардам ҳамеша нанвозӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Чаро ба тӯҳфаи дардам ҳамеша нанвозӣ, Ба нозу шева насӯзӣ марову нагдозӣ? Хаси туем ҳама, кори хас чӣ бошад? - Сӯз. Ту оташиву тавонӣ, ки кори мо созӣ. Ба дасти теғи ту кори ҷароҳати дили реш Тамом ношуда, хоҳам, ки аз сар оғозӣ. Ба зери по шиканад ҳар чӣ афтад, ин аҷаб аст, Ки нашканад дилам, ар зери по наяндозӣ. Бибурд даст ба зулфат сабо ба бозӣ низ, Ҳариф зербур асту намехӯрад бозӣ. Агарчӣ сарвари бӯстон санавбар омаду сарв, Туро расад ба сари сарварон сарафрозӣ. Камол, боз гузидӣ ҳавои қомати ёр, Бадат мабод, ки мурғи баландпарвозӣ! Чаро ҷанибати шоҳӣ ба зулф тохтаӣ, Ба қомат ин алами фитна барфарохтаӣ? Ба меҳри ту зи зарам софтар мани бедил, Чу қалб нест маро, аз чӣ рӯ гудохтаӣ? Ҳасудро раги ҷон ҳамчу чанг дар назъ аст, Аз он нафас, ки зи най хуштарам навохтаӣ. Ту мурғи он ҳарамӣ, донам, эй рақибу маро Фиғон зи туст, ки беҳудахон чу фохтаӣ. Бигуфтӣ: Аз ҳама хубон марост рӯй накӯ. Бадат мабод, ки худро накӯ шинохтаӣ! Бад-он ду турраи каҷбоз ишқ чун бозам? Чунин ки бозии моро ба банд сохтаӣ. Камол, фориди илми назар туӣ, к-имрӯз Ба он даҳону миён ғоибона бохтаӣ.

Ту дард надориву рухи зард надорӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Ту дард надориву рухи зард надорӣ, Эй ошиқи бедард, чӣ ноливу чӣ зорӣ?! Дилҳо барад он оҳ, ки аз дард барояд, Фарёд зи оҳе, ки ту бедард барорӣ. Рухсора ба хуни мижа бингор даме нақш, Гар ашкфишон ошиқи рухсори нигорӣ. Ғам рӯяду меҳнат дамаду дард барорад Бар хоки шаҳидони ғамаш ҳар чӣ бикорӣ. Дидӣ, ки чӣ ғамҳост туро бар дил аз ин бор, Эй дидаи ғамдида, чаро ашк надорӣ? То чанд ба гардан барӣ ин сар, ки ҳақи ӯст? Он беҳ, ки барӣ бар дараш ин ҳақ, бисупорӣ. Сар чист, Камол, аз ту агар металабад ёр? Гар дидаи равшан талабад, дар назар орӣ. Ту сарвию гули хандон, ҳамон, ки медонӣ, Рухи ту шамъи шабистон, ҳамон, ки медонӣ. Намози шом ту пайдо шудиву шуд филҳол Зи шарми рӯи ту пинҳон ҳамон, ки медонӣ. Лаби ту орзуи ҷони мардум асту маро Аз он лаб орзуи ҷон ҳамон, ки медонӣ. Агар ба васл мудовои реши дил накунӣ, Равад зи дидаи гирён ҳамон, ки медонӣ. В-агар ба ғамза кунӣ қасди новакандозӣ, Расад ба ҷони заифон ҳамон, ки медонӣ. Магар ба боғ зи пероҳанат насиме рафт, Ки пора кард гиребон ҳамон, ки медонӣ. Дили Камол, ба бӯят ҳамин, ки рафт аз даст, Равон шуд аз ақиби он ҳамон, ки медонӣ.

Тан дар пайи ҷон меравад, эй бахт, куҷоӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Тан дар пайи ҷон меравад, эй бахт, куҷоӣ? * Мавқуфи ту мондем, ки роҳе бинамоӣ. Аз кори фурӯбастаи дарҳамшудаи мо Лутфе бинамоӣ, гираҳе бозкушоӣ. Гӯянд, ки таъҷил макун, то бирасад вақт, Пайдост, ки то чанд бувад ҳадди ҷудоӣ. Эй дил, макун андеша аз ин роҳ, ки сабъ аст, Навмед нашояд шудан аз лутфи Худоӣ. Дигар надиҳам домани мақсуди худ аз даст, Гар ёбам аз ин воқеаи сабъ раҳоӣ. Гуфтӣ, ки Камоло, макун андешаи рафтан, Оё мани муштоқ куҷову ту куҷоӣ?! _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба хати имрӯзаи тоҷикӣ ба табъ мерасад. _____________________________________ Ту чашми он, ки ҳақбинӣ надорӣ, Вагарна ҳар чӣ бинӣ, ҳақ шуморӣ. Макун айби ғариқ, эй зоҳиди хушк, К-аз ин дарё ту чун хас барканорӣ. Зи аҳволи даруни дардмандон Чӣ гӯям бо ту, чун дарде надорӣ?! Зи абрӯяш чӣ рӯй орӣ ба меҳроб, Намози нораво то кай гузорӣ? Дило, аз мо бигӯ бо чашми гирён, Чу файёзи иноят кард ёрӣ. Нисори хоки он дар аз дуру лаъл Биёр, эй кони гавҳар, то чӣ дорӣ. Камол, аз хоки наълайн ар кунӣ тоҷ, Зи дарвешӣ ба шоҳӣ сар барорӣ.

Показаны записи 31-40 из 534