Газели


Показаны записи 11-20 из 534

Мапӯшон рӯи хуб, эй шӯхи худрой

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Мапӯшон рӯи хуб, эй шӯхи худрой, Ту чашмӣ, чашм бар ушшоқ бикшой! Ситам то кай кунӣ, фармоиям ҷавр? Карам фармо, дигар инҳо мафармой! Зи дасти мо куҷо бигрезад он зулф, Ки товусест, чандин ришта бар пой. Ту моҳӣ, дидаву дил манзили туст, Дилат ҳар ҷо фуруд ояд, фуруд ой! Дили вайрона маъвои ту кардем, Чу дар маъво набошӣ, вои маъвой. Равам гуфтиву соям рух бар он дар, Агар осудагӣ хоҳӣ, биёсой! * Камол, он остон кардӣ таманно, Биҳишти адн бодат маскану ҷой! ________________________________________ * «биёсой!»-ро, ки амре ба осоиш кун аст, «биё, сой!»- яъне биёву соиш деҳ низ метавон хонд ва ин аз лутфи зебои Хоҷа Камол аст. А.Суруш. ________________________________________ Маро дар дарди беёрӣ, дареғо, ёр боистӣ, Ҳазорон ғам, к-аз ӯ дорам, яке ғамхор боистӣ. Намудӣ чеҳра мақсуде зи рухсору хати хубон, Вале оинаи мо, оҳ, безангор боистӣ. Чӣ суд, ар ҳамраҳам шуд Хизр сӯи чашмаи ҳайвон? Маро ҳамроҳии он сарви хушрафтор боистӣ. Қадам гар ранҷа фармудӣ ба сарвақти ман аз ёрӣ, Рақиб он рӯз дур аз ёру гул бехор боистӣ. Тавонистӣ бути Ҷин кард бо ӯ даъвии хубӣ, Вале аз наргисаш чашму зи гул рухсор боистӣ. Зи лаб гар ваъда фармудӣ, ки бӯсе бо ту бифрӯшам, Чу Нӯҳам умру чун Қорун зари бисёр боистӣ. Камол, аз ҷумла ташрифе, ки бахшад ёр бо ёрон, Туро боистанӣ васл асту он ҳар бор боистӣ.

Лаб аст ин, бигӯ, ё шакар хӯрдаӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Лаб аст ин, бигӯ, ё шакар хӯрдаӣ? Зи худ хӯрда бошӣ, агар хӯрдаӣ. Чаро медамад з-он даҳон бӯи ҷон, Чу доим ба лабҳо ҷигар хӯрдаӣ? Гарам бо саги хеш бахшӣ насиб, Ғами ман аз ӯ бештар хӯрдаӣ. Туро бо ман, эй коҳ, якрангӣ аст, Магар бо рухи банда зар хӯрдаӣ? Зи алтофи он ғамза, эй дил, манол, Чу ҳар лаҳза тири дигар хӯрдаӣ. Зи саргаштагиҳои мо, эй сабо, Ту донӣ, ки гарди сафар хӯрдаӣ. Чу он сарв дидӣ, яқин дон, Камол, Ки аз шохи уммед бар хӯрдаӣ. Муборак манзиле хуш сарзамине, К-аз он ҷо сар барорад нозанине. Бар инам ман, ки гар бошад, ҷуз ин нест, Ки ҳуре ҳасту фирдавси барине. Яқин донӣ, ки чашмаш айни фитнаст, Гарат ҳосил шавад айнуляқине. Ба он лаб мулки дилҳо шуд мусаллам, Сулаймон мулк ронад бо нигине. Чу пеши рух хат орӣ, сӯзиям ҷон, Шуд ин ҳарфам дуруст аз пешбинӣ. Бишӯяд чашмам аз ғайрат ба сад об, Чу бинам бар дарат нақши ҷабине. Камол, аз сина магсил меҳри он сарв, Назебад садр бе болонишине.

Гуфтам: Эй симзақан! Гуфт: Киро мегӯӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Гуфтам: Эй симзақан! Гуфт: Киро мегӯӣ? Гуфтам: Эй аҳдшикан! Гуфт: Чиҳо мегӯӣ? Гуфтам: Эй он ки надорӣ сари як мӯй вафо! Гуфт: Маълум шуд акнун, ки маро мегӯӣ. Гуфтам: Эй ҷон, зи дили сахти ту фарёд маро. Гуфт: Бо мо сухани сахт чаро мегӯӣ? Гуфтам: Он зулфи парешони ту, ё мушки Хитост? Гуфт: То чанд парешону хато мегӯӣ? Гуфтам: Аз бод насими ту шунидан чӣ хуш аст. Гуфт: То кай сухан аз боди ҳаво мегӯӣ? Гуфтам: Аз дасти дили худ ба ҳолокам розӣ. Гуфт: Ин худ зи забону дили мо мегӯӣ. Гуфтамаш: Кай расад аз бахт паёме ба Камол? Гуфт: Он лаҳза, ки аз мош саломе гӯӣ. Гулу рухсори ту доранд ба ҳам якрангӣ, Лаби ширину даҳонат ба шакар ҳамтунгӣ. Ба маломат нашуд аз лавҳи дил он нуқтаи хол, Ки сиёҳӣ натавон шуст ба об аз зангӣ. Холҳои сияҳи ту ба занахдон, гӯӣ, Даҳанат дона ба чаҳ кард зи бими тангӣ. То чаро ғамзаву абрӯи туам зуд накушт, Солҳо рафт, ки бо тиру камон дар ҷангӣ. Сӯфӣ аз ҷом лабат бинаду дар кунҷи ҳузур Нашканад шишаи солус, зиҳӣ бесангӣ! Ҷома рангин чӣ кунӣ, ҷом талаб, к-аз маи ишқ Ранг ӯрост, ки дорад сифати якрангӣ. То ҳанӯзат қадаме дар раҳи ҳастист, Камол, Рав, ки аз мақсади худ дур ба сад фарсангӣ.

Гар лаззати хунрезии он ғамза шиносӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Гар лаззати хунрезии он ғамза шиносӣ, Аз теғ натарсиву зи куштан наҳаросӣ. Эй дил, ҳама рафтанд зи дилбар ба шикоят, Сад шукр, к-аз ин дард ту дар шукру сипосӣ. Маҳ нест ба андозаи рӯи ту, ки дар ҳусн Афзунӣ аз андозаву берун зи қиёсӣ. Озурда чӣ созӣ ба либос он тани нозук? Ҷонӣ ту саропой, чӣ мӯҳтоҷи либосӣ? Дарвеши туро хона пур аз атласи чарх аст, Хуш бош ду-се рӯз, ки дар зери либосӣ. Эй дил сари Ковус гарат коси шароб аст, Ёд ор зи давре, ки туяш ҷомеву косӣ. Дасте натавон бурд, Камол, аз фалаку меҳр, Модом ки бозичаи ин мӯҳраву тосӣ. Гар ҳама вақте ҳама дилхун наӣ, Лайлии вақтӣ туву Маҷнун наӣ. Нест чу мо мардии хун хӯрданат, Дархури ин бодаи гулгун наӣ. Дар талаби зар чӣ кунӣ ганҷи ишқ? Хоҷа, гадоӣ ту, Фаридун наӣ! Дар сифати ҷустани дурӣ зи меҳр Кам наӣ аз моҳ, гар афзун наӣ. Пеши даҳону лабаш, эй қанди Миср, Қанд чӣ хонем туро, чун найӣ. Ҷои ту ё дидаи мо, ё дил аст, З-ин ду яқин аст, ки берун наӣ. Эй маҳи дар хона, ту оҳи Камол Чун шунавӣ, з-он ки ба гардун наӣ?

Гар зулфи худ ба фитнаву шӯхӣ раҳо кунӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Гар зулфи худ ба фитнаву шӯхӣ раҳо кунӣ, Сарҳои саркашон ҳама дар зери по кунӣ. Гуфтӣ: Намоямат руху комат зи лаб диҳам. Лутф асту айни меҳр, ту инҳо куҷо кунӣ? Шӯхӣ, фароғ аз оташу обат, аз он мудом Дар дил мақом созиву дар дида ҷо кунӣ. Ман он наям, ки аз ту кунам нола чун қалам, Гар худ ба теғ банд зи бандам ҷудо кунӣ. Бар ошиқон ҳабиб, ки як-як ҷафо кунад, Аз ту беҳ, эй рақиб, ки сад-сад вафо кунӣ. Дидӣ сафои оразаш, эй дида, гиря чист, Баъд аз сафо ба гиря чаро моҷаро кунӣ? Он хат ҳамеша мушки Хито хондаӣ, Камол, Дар як хат, эй аҷаб, ки ту чандин хато кунӣ. Гар гум шавӣ аз худ, хабари ёр биёбӣ, Чун ёфтӣ он, гумшуда бисёр биёбӣ. Бо Мусии дидорталаб ваъда ҳамин буд: Гар маҳв шавӣ, давлати дидор биёбӣ. Чун сар ба гирибон бариву ғайр набинӣ, Дар хирқа накӯ ҷӯй, ки зуннор биёбӣ. Гум шуд сару дастори ту аз заҳмати ағёр, Гар ёр биёбӣ, сару дастор биёбӣ. Дил ҷониби дилдор чунон дор, ки аз дил Ҳарбора, ки чӯӣ, бари дилдор биёбӣ, Гар толиби дардӣ ту, зи сӯзи нафаси худ Ноҷуста илоҷи дили бемор, биёбӣ. Он ошиқи дилсӯхта имрӯз Камол аст, К-аз гуфтаи ӯ гармии Аттор биёбӣ.

Гар ба ман ёр шавӣ в-ар нашавӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Гар ба ман ёр шавӣ в-ар нашавӣ, Ту ҳамон ёриву дигар нашавӣ. Ман ба дида назаре ҳам накунам, Гар ту дар дида мусаввар нашавӣ. Эй дил, ин дард, ки дорӣ, гар аз ӯст, Шарбате нӯш, ки хуштар нашавӣ. Машав, эй дида, шаби ҳиҷрон хушк, Ки чу бинӣ рухи ӯ, тар нашавӣ. Махӯр, эй зоҳиди ғамхора, ғамам, Ғами худ хӯр ту, ки лоғар нашавӣ! Эй ҳасуд, аз ғами ӯ гар нолам, Ту чаро кӯр шавӣ, кар нашавӣ? Бар дараш ҳалқа задам, гуфт: Камол, Хоки ин дар нашавӣ, дур(р) нашавӣ, Гар ту дили мо сӯхтӣ аз оташи дурӣ, Мо бе ту ба дил барназадем оби сабурӣ. Ҳарчанд ки дур аз ту чу Фарҳод фитодем, Чун сангдилон дил наниҳодем ба дурӣ. Донам, нахӯрӣ ғам ба ҳалоки мани ранҷур, Дар мотами булбул нанишинад гули сурӣ. То бо туам, аз равза наандешааму аз ҳур, Ҳар ҷо туӣ, он равзаи хулд асту ту ҳурӣ. Сӯфӣ, агарат рӯй дар он ғамзаву абрӯст, Пайваста ба меҳробиву дар айни ҳузурӣ. Хубон, ки ба чашми ҳама маҳбуб намоянд, Онон ҳама чашманд, ки бинанду ту нурӣ. Гар бе ту сабур аст, Камол, ин гунаҳе нест, Ин нукта зарурист, ки сабр аст зарурӣ.

Гар бар дарат ин ин ашк чу селоб гузаштӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Гар бар дарат ин ин ашк чу селоб гузаштӣ,* Дар кӯи ту ин хас ҳам аз ин боб гузаштӣ. Хори мижа гар дур шудӣ аз гузари ашк, Бар дидаи ғамдида шабе хоб гузаштӣ. Гар пайрави ин ашк шудӣ сӯфиву ин оҳ, Бар рӯи ҳаво рафтиву аз об гузаштӣ. Абрӯи ту гар дида шудӣ гӯшанишинро, Аз ғуссаву ғам пушт зи меҳроб гузаштӣ. Ҷон низ гузаштӣ чу магас з-он лаби ширин, Гар з-он ки магас аз шакари ноб гузаштӣ. Ҷуз лола намеруст, Камол, аз Валиёнкӯҳ, Гар сели сиришки ту зи Сурхоб гузаштӣ. Як нома расидӣ ба ту аз ҷониби Табрез, Гар ёди ту бар хотири аҳбоб гузаштӣ. _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал хати имрӯзаи тоҷикӣ ба табъ мерасад. _____________________________________ Гар барӣ даст ба оинаву дар худ нигарӣ, Бибарӣ даст зи ушшоқ ба соҳибназарӣ. Нангарӣ дуди дарунҳо, ки ба боло зи ту рафт, Шарм дорӣ магар аз мо, ки ба боло нигарӣ? Рӯзи васлам зи шаби ҳаҷр батар сӯзӣ ҷон ҳамчу оташ, ки ба хирман чу расӣ, тезтарӣ. Оташ аз сар гузарад хирмани дилсӯхтаро, Чун ба сарвақти дарунсӯхтагон даргузарӣ. Ҷону сар, ҳар ду ба пои ту аз он месупурам, Ки агар хок шавам, боз ба поят сипарӣ. Шуд зи хун шишаи дилҳо пуру даври лаби туст, Фурсатат бод, ки ин май батамомӣ бихӯрӣ! Зоҳид аз рӯи ту маҳҷуру ба худ мағрур аст, Хештанбинии ӯ бин ба чунин бебасарӣ. Мӯҳтасибро зи мани ринд хабардор кунед, Ки ман аз бӯи яке мастаму ту бехабарӣ. Ҳар касе ҷон бибарад тӯҳфа бари дӯст, Камол, Сар бибар низ ту, ҷон гар натавонӣ, ки барӣ.

Гар ба покӣ Хизри вақтиву руҳулқудусӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Гар ба покӣ Хизри вақтиву руҳулқудусӣ, То наёбӣ назари аҳли сафо, ҳеч касӣ! Фарз кардем, ки саҷҷода фикандӣ бар об, Чун надорӣ гуҳари маърифате, кам зи хасӣ! То наёрӣ қадам аз манзили ҳастӣ берун, Солҳо гар биравӣ роҳ, ба ҷое нарасӣ. Эй, ки аз дил нафасат рост бурун меояд, Нафас ин аст, ки аз хеш бибуррӣ нафасе. Нест ҳоҷат, ки бувад садди Сикандар дар пеш, Дар миёни туву ӯ монеъу ҳоил ту басӣ. Рондаанд аз шакаристони саодат, з-ин аст, Ки шабу рӯз ҳавохоҳи ҳаво чун магасӣ. Ҳосил аз зуҳд ба ҷуз дарди саре нест, Камол, То ки дар савмаа машғули ҳавову ҳавасӣ. Гар ба фирдавс аз ҳарими васл бикшоӣ даре, Пеши ҳар ҳуре зи оби дида бошад Кавсаре. Гар на дар ҳар ғурфа занҷире бувад аз мӯи дӯст, Дар биҳишт аз ҳар даре бошад аз оби дигаре. Гар на он сарв афканад бар шохи Тӯбо сояе, Ҳар варақ аз шарҳи бебаргӣ барорад дафтаре. Бо лаби ризвони мо аз мо бигӯ, эй салсабил, Соқии ҷонҳо, равон кун бодаи равшантаре! Мунтазир маншон чу гул бар хок аҳли равзаро, То зи ҳасрат хун нагардад ҳар диле дар ҳар баре. Дар қиёмат хуш баро чун зулфи худ доманкашон, То бубинӣ зери по афтода ҳар ҷониб саре, Гар ба фардо афканӣ дидори зебо бо Камол, То ба рӯзи ҳашр бошад ҳар дам ӯро маҳшаре.

Гар ӯ ёди мани дилхаста кардӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Гар ӯ ёди мани дилхаста кардӣ, Дил оҳу ноларо оҳиста кардӣ. Наёмад бар сарам, чун ҳайф мерафт, Ки пои нозук аз ман хаста кардӣ. Ба меҳроб ар бидидӣ зоҳид он рӯй, Дуои абрӯяш пайваста кардӣ. Куҷо парвона бо шамъе нишастӣ, Ҳазар гар з-оташи наншаста кардӣ? Куҷо пеши хаташ мӯри Сулаймон, Ки хидмат бо миёни баста кардӣ? Чу бахшаш бо набот афтодиву қанд, Лаби ӯ кӯзаҳоро даста кардӣ. Камол, он писталаб гар хостӣ нуқл, Шакарҳо дар даҳони писта кардӣ. Гар бод сӯи хоки ман орад зи ту бӯе, Чун зулфи туам ҷон дамад аз ҳар сари мӯе. Ширини замонӣ ту, мани дилшуда Фарҳод, К-аз дида равон сохтаам сӯи ту ҷӯе. Гӯи дили мо, гӯ, шикан он зулфи чу чавгон, Ман боз тарошам зи сар аз баҳри ту гӯе. Ғайрат бараму боз канам дидаи худро, Аз рӯи ту чун боз кунам дида ба рӯе. Дар маҷлиси аҳли назар имрӯз зи мастон Ҷуз ғамзаи ту нест дигар арбадаҷӯе. Эй маст, ту султониву аз лаъл туро тоҷ, Гар бар сарат аз бодаи ноб аст сабӯе. Бигзашт Камол аз Ираму равзаи Фирдавс, То роҳи гузар ёфт ба хоки сари кӯе.

Гар аз дар ба теғам биронӣ, ту донӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Гар аз дар ба теғам биронӣ, ту донӣ, Агар куштаи хеш хонӣ, ту донӣ. Маро, гуфтаӣ, хонамат, ё биронам? Надонам ман инҳо, ту донӣ, ту донӣ. Ҳанӯзат наафшонда ҷонҳо ба доман, Зи мо остин барфишонӣ, ту донӣ. Ҳанӯзат чакон хуни ошиқ зи лабҳо, Зи дилҳои мо хунчаконӣ ту донӣ. Чӣ пурсӣ чӣ доғ аст ин бар дили ту? Ту худ кардаӣ он нишонӣ, ту донӣ. Чӣ гӯӣ, заифӣ қавӣ, чист ҳикмат? Табибӣ ту, ин нотавонӣ ту донӣ. Камол, аз дили реш дид ошкоро, Ки дармони дарди ниҳонӣ ту донӣ. Гар аз шохи давлат гуле чидаме, Насиме зи кӯи ту бишнидаме. Ба бӯи ту ҷонам харидӣ сабо, Агар ман бад-он давлат арзидаме. Зи кӯят саге гар расидӣ ба ман, К-аз он дар ҳадисе бипурсидаме, Даҳону лаб аз сад шакар шустаме, Ҳама гарди пояш билесидаме. Гар ин ҳусн будӣ чу зулфат маро, Ба гирди рухи хеш гардидаме. Шабу рӯз савдои худ кардаме, Ба рухсори худ меҳр варзидаме. Ба оташкада дар ҷамоли бутон Гар аз рӯи ту партаве дидаме, Чу зулфи ту зуннор барбастаме, Дар оташкада бут парастидаме. Аз он ғамза гар маст гаштӣ, Камол, Чу чашмат ба меҳроб ғалтидаме.

Показаны записи 11-20 из 534