Газели


Показаны записи 21-30 из 534

Кошки сарвинози мо аз дари мо даромадӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Кошки сарвинози мо аз дари мо даромадӣ. То шаби ҳаҷр кам шудӣ, рӯзи ҷафо сар омадӣ. Хуш бувад ар саҳаргаҳе назди ситамрасидагон Аз дами қосиди сабо муждаи дилбар омадӣ. Дар дами охир ар будӣ бар мани хастааш гузар, Ҷони ба лаб расидаам хурраму хуш баромадӣ. Гар ба чаман даромадӣ шоҳиди сарвқадди мо, Гул зи ҳаёи рӯи ӯ сурх баҳам баромадӣ. Бандаи туст ин дилам, к-эй бути шӯхи ишвагар, Ваъда бидодӣ аз раҳе, аз раҳи дигар омадӣ. Зудтараш фурӯ равад пой ба гил дар ин ҳавас, Бар сари кӯи зиракӣ ҳар кӣ бувад саромаде. Ҷавру ҷафои беҳадаш аз дили мо бадар шудӣ, Рӯзе агар Камолро мӯнису ғамх(в)ар омадӣ. Кадом сар, ки надорад димоғи савдоӣ, Кадом дил, ки бувад холӣ аз таманное? Куҷост пои равоне, кадом дасту дил аст, Ки нест баста ба занҷири зулфи зебое? Макун маломатам, эй муддаъӣ, дар ин даъвӣ, Ки ҳаст дар сари ҳар кас ба қадри савдое. Чу субҳ агар нафасе мезанам, зи меҳри маҳест, Бувад ҳароина ин дам задан ҳам аз ҷое. Биёву сарви қади хеш арза кун бар мо, Ки ҳамчу сарви қадат нест маҷлисорое. Ҳадиси сарви чаман бо қадат наояд рост, Ки пеши ӯ натавон гуфт зеру болое. Чунон рабудаи ҳусни ту шуд вуҷуди Камол, Ки ҳеч гуна надорад ба хеш парвое.

Ошиқиву бедилӣ, бедилбарӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Ошиқиву бедилӣ, бедилбарӣ, Ин ҳама дорам, ғарибӣ барсарӣ. То ба чашми ман, ки айни мардумист, Нангарад бар ҳоли ман, гар нагзарӣ. Ин ҳама борони меҳнат худ маро Бар сар аз чашми тар омад бартарӣ. Шамъи маҷлис дӯш дур аз рӯи ёр Гунаи рухсори ман диду гирӣ.* Ҳам ба душноме чӣ бошад, эй малус, К-аз дуогӯёни худ ёд оварӣ. Бо рақибон ҳайфӣ, эй шириндаҳон, Чун дар ангушти гадо ангуштарӣ. Қиматат ҳар кас надонад чун Камол, Ҷони ман, ту гавҳарӣ, ман ҷавҳарӣ. ______________________ * Гирӣ – гирйист, гиря кард. ______________________ Қатраи қатра зи дарё чу ба соҳилҳоӣ, Гар ба дарё бирасӣ, қатра наӣ, дарёӣ! Пеши ӯ оиву дар хонақаҳ Аллаҳ гуӣ, Назди ӯ мавливу дар мадраса мавлоноӣ. Гар на бо ӯӣ, агар подшаҳӣ, дарвешӣ В-ар на бехешӣ, агар бо ҳамаӣ, танҳоӣ! Бе ғамаш дар таабӣ, бо ғами ӯ дар тарабӣ, Бе лаби ӯ магасӣ, бо лаби ӯ ҳалвоӣ. Гаҳ дилӣ, гоҳ забон, гоҳ ниҳон, гоҳ аён, Гоҳ оина, гаҳе тӯтии шаккархоӣ. Занги ҳар оина, к-он рӯй тавон дид, туӣ, Дамбадам з-оина ин занг чаро наздоӣ? Пеши рӯи ту сад оина ниҳодаст, Камол, Равшан аст оинаҳо, бингар, агар биноӣ!

Санамо, дар хати сунбул маҳи тобон дорӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Санамо, дар хати сунбул маҳи тобон дорӣ, Бар сари шохи санавбар гули хандон дорӣ. Дами Исо ҳама аз лаъли шакарбор диҳӣ, Ҳусни Юсуф ҳама дар чоҳи занахдон дорӣ. То сари зулфи ту барҳам назанад оламро, Сурати хештан аз оина пинҳон дорӣ. Эй шаҳи гулрухи шириндаҳани шӯрангез, То кай аҳволи мани хаста парешон дорӣ?! Ташна шуд лаъли ту бар хуни дили мо ҳар дам, Гарчи дар дурҷи гуҳар чашмаи ҳайвон дорӣ. То рабоӣ зи дили сӯхтагон гӯи қарор, Гирдбаргирди маҳ аз ғолия чавгон дорӣ. Нолаи зори Камол аст чу булбул шабу рӯз, То ту дар сабзаи хушбӯй гулистон дорӣ. Табиби ошиқон омад, биё, бигзор бедардӣ, Чӣ меҷӯӣ аз ин раҳмат, давое ҷӯ, ки беҳ гардӣ. Тариқи ошиқӣ баргиру сӯи дардмандон шав, Ки беишқиву бедардӣ набошад шеваи мардӣ. Рухат гар зард шуд з-ин дард, кори хеш чун зар дон, Ки чун зар сурхрӯиҳост ошиқро зи рухзардӣ. Дило, ҷуз хуни мижгоне нарафт аз пеш як корат, Даруни реши дарвеше магар бе мӯҷиб озурдӣ? Гарат нийят на рӯи ӯст аз ҳар саҷда дар қибла, Бигир аз сар намози худ, ки дар нийят хато кардӣ. Ба рӯи зард бинмоям нишони хоки кӯяшро, Ба уқбо гар бипурсандам, ки аз дунё чӣ овардӣ? Ғаму андӯҳи беёрӣ зи бедардон наояд хуш, Камол, инҳо туро зебад, ки соҳибдардиву фардӣ!

Солҳо гар бинависам сифати муштоқӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Солҳо гар бинависам сифати муштоқӣ, Монад аз шавқи ту садсола ҳикоят боқӣ. Ғоиб аст абрӯяш аз дида, дило, ҳозир бош! Тарсамат, бишканӣ, эй шиша, ки дур аз тоқӣ! Ғамзаат ҳеч фурӯдошт зи тезӣ накунад, То ба он захма ту дар раҳ задани ушшоқӣ. Эй хуш он маҷлиси холишуда аз маҷлисиён, Монда аз май қадаре боқиву он лаб соқӣ. Умри боқӣ ба ҷуз ин нест, ки дар хилвати унс Даст дар гардони ёре фиканӣ в-албоқӣ. Хол бар гӯшаи абрӯи ту бе макре нест, Набувад гӯшанишин бе ҳиялу зарроқӣ. Ҳама нақши хату хол аст ба девони Камол, Лайса илло рақам-ул-ишқ алал авроқӣ.* __________________________________ * Дар варақҳои он ҷуз номи ишқ нест. ____________________________ Ширинлабӣ, шакардаҳанӣ, сарвқоматӣ, Кӯтаҳ кунам ҳадис, ба хубӣ қиёматӣ! Гар ман дар обу оташам аз чашму дил, хушам, К-андар миёни ҳар ду ту боре саломатӣ. Эй шайх, то ба кӯи бутон мекунам тавоф. Бо ман магард, чун ту на марди ғароматӣ. З-он гӯшаҳои чашм чӣ бинӣ ту, эй салим, З-ин сон ки баста чашм ба кунҷи саломатӣ. Дил рафту ақл бори сафар басту шуд равон Эй ғам, ту хуш нишаста ба азми иқоматӣ. Дар мастие, ки чашми ту бахшид хуни ман, Ё Раб, чӣ гуфт ғамза, к-аз он дар надоматӣ? Чандон ки мекушанд туро, зиндаӣ, Камол, Соҳибназар наӣ ту, ки соҳибкароматӣ!

Зи ман, ки меҳри ту дорам ба сина, рӯй чӣ тобӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Зи ман, ки меҳри ту дорам ба сина, рӯй чӣ тобӣ?* Илло таъарризу ъайнӣ ва анта таълиму мо бӣ. Биё, муоина бингар, ки чунам аз ғами ишқат, Азоту ҳубука ҷисмӣ бишайби явма шабобӣ. Тани заифи низорам агар чунон ки бубинӣ, Тароку мислу хилолан мадо хилол наёбӣ. Азубу мин ҳасаротӣ ва мо уриду ҳаюнӣ, Гарам ба теғ занӣ беҳ аз он ки рӯй битобӣ. Лақад қасадта тақаблӣ ва мо фаъалту хатоӣ, Накарда ҳеч гуноҳе, ба куштанам чӣ шитобӣ? Камоли хастаи мискин зи ғам бимурду дареғо, Муҳаббатӣ ва ҳабибӣ қабилтанӣ бииқобӣ. _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад _____________________________________ Симинбаданӣ, сарвқадӣ, пистадаҳонӣ, Ҳар васф, ки ояд ба забонам, беҳ аз онӣ. Ороми дилӣ, дафъи ғамӣ, марҳами дардӣ, Ёри куҳанӣ, умри навӣ, мӯниси ҷонӣ. Гар дӯст бувад ҷону ҷаҳон низ хуш, эй дӯст, Ту дӯсттар аз ҷониву хуштар зи ҷаҳонӣ. Пеши назари аҳли дил азбаски азизӣ, Ҳамчун даҳани хеш на пайдо, на ниҳонӣ. Бе васли ту, эй умри гиромӣ, натавон зист, Як дам, ки чу умри гузарон ногузаронӣ. Ғалтон сӯи хоки қадамат боз биёям, Сад бор чу ашкам агар аз пеш биронӣ. Гар умри Камол аз ғами ишқи ту шуд охир, Ғам нест, гар охир ба муродаш бирасонӣ.

Зи дида дар дили вайрона рафтӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Зи дида дар дили вайрона рафтӣ, Зи манзарҳо ба хилватхона рафтӣ. Дилат мехост чун ганҷе равон гашт, Равон гаштӣ, сӯи вайрона рафтӣ. Сабо, бодат бурида по ба сад ҷо, Чаро дар зулфи ӯ чун шона рафтӣ?! Ба кӯяш омадан, эй дил, туро сохт, Ки ҳушёр омадӣ, мастона рафтӣ. Чу мӯр афтону хезон аз заифӣ Сӯи холаш ба ҳирси дона рафтӣ. Дари ӯ монда, гар рафтӣ ба Каъба, Зи Каъба бар дари бутхона рафтӣ. Камол, аз Каъба рафтӣ бар дари ёр, Ҳазорат офарин, мардона рафтӣ! Зи ман мапурс, ки аз ошиқони зори киӣ? Аз ӯ бипурс, ки маъшуқу ғамгусори киӣ? Дило, ба зулфи парешони ёр боз бигӯ, Ки беқарори туам ман, ту беқарори киӣ? Шикастаҳоливу афтодагӣ чӣ мебинӣ, Нигоҳ кун, ки шабу рӯз дар канори киӣ? Зи пеши чашм гузар мекунӣ сарандозон, Бад-ин шамоили хуш сарви ҷӯйбори киӣ? Рабуд дил хату холат ба нақшҳои ғариб, Ғарибнақшунигоро, бигӯ, нигори киӣ? Чӣ суди кӯшиши мо, аз ту нест чун кашише? Ҳама ҷаҳон ба ту ёранд, то ту ёри киӣ? Камол, ар нагазидӣ турунҷи ғабғаби ёр, Напурсамат, ба Худо, к-аз хиёрзори киӣ?

Дил мекунӣ ҷароҳату марҳам намедиҳӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Дил мекунӣ ҷароҳату марҳам намедиҳӣ, Исодамиву об ба одам намедиҳӣ. Доруи ҷон зи ҳуққаи лабҳот медамад, Бо ҷони хаста чошние ҳам намедиҳӣ. Кӯи ту Каъбаву лаби лаъли ту Замзам аст, Обе чаро ба ташнаи Замзам намедиҳӣ? Дасти рақиб низ бад-он лаб намерасад, Боре ба дев, шукр, ки хотам намедиҳӣ. Вирдам дуои туст ба меҳроби абрӯвон, К-аз дарду ғам вазифаи ман кам намедиҳӣ. Номаҳрамон куҷо ба ҳарими ту раҳ баранд? Чун раҳ дар он мақом ба маҳрам намедиҳӣ. Зебад гадоии дари дилбар туро, Камол, К-он салтанат ба мулки ду олам намедиҳӣ. Рози маъшуқ ҳадисест ниҳондоштанӣ, Эй сабо, пеши кас аз қиссаи мо дам назанӣ?! Шамъ мехост, ки ронад сухан аз хилвати роз, Нек будаш, ки баромад ба даҳон сӯхтанӣ. Воизо, наъраи мастона куҷову ту куҷо?! Ошиқаш ношуда, гармӣ макун, эй ношуданӣ! Шишаи ринд тавон зери қадам зуд шикаст, Қадам он бошаду мардӣ, ки хумораш шиканӣ. Пераҳан гар танат озурд, чӣ пӯшӣ онро? Айби Юсуф натавон кард ба нозукбаданӣ. Ғунча пеши даҳанат лаб ба ҳадисе накушуд, Расми хиҷлатзадагон аст, бале, камсуханӣ. Гуфта будӣ сарат аз теғ раҳонем, Камол, Зинда кардам зи сар ин ваъда, ки дар по фиканӣ.

Дил, ки савдои ту мепӯхт, кабобаш кардӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Дил, ки савдои ту мепӯхт, кабобаш кардӣ, Буд ғамхонаи дерина, харобаш кардӣ. Дида, к-аз гиряи бисёр тиҳӣ гашт зи ашк, Аз лабу орази худ боз пуробаш кардӣ. Бар сиришкам зи ту уфтод магар акси Суҳайл, З-он ки ғалтидатар аз дурри хушобаш кардӣ. Чашми хунрези ту дар куштани соҳибназарон Дошт дар сар, ки кунад ноз, итобаш кардӣ. Новаки ғамзаи ту сӯи дили ғамзадагон Тезтар рафт зи пайкон, чу шитобаш кардӣ. Нашуд аз раҳмати ту ошиқи содиқ навмед, Солҳо гарчи зи худ дур азобаш кардӣ. Пеши риндон ҳамагӣ айби ту пӯшид, Камол, Хирқаи зуҳд, ки рангин ба шаробаш кардӣ. Дили ман ба доғи ҷафо сӯхтӣ, Маро монда, дилро чаро сӯхтӣ? Киро сӯхт ишқат, ки ҷонам насӯхт? Маро сӯхтӣ, ҳаркиро сӯхтӣ. Басе сӯхт дар ваъдаи сӯхтан Маро интизори ту, то сӯхтӣ. Фитодӣ чу оташ ба маъвои дил, Дар он хона оё чиҳо сӯхтӣ? Дилу ҷон ба ҳам дар ту пайвастаанд, Чаро ҳар якеро ҷудо сӯхтӣ? Камол, аз дили рафта бӯе наёфт, Худо донад, ӯро куҷо сӯхтӣ?

Дил шуд зи ишқи ёрам шайдо чунон ки донӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Дил шуд зи ишқи ёрам шайдо чунон ки донӣ К-аз оби дида дорам пайдо чунон ки донӣ. Дар кӯи гулузорӣ сарве гули баҳорӣ Бозам шикаст хоре дар по чунон ки донӣ. Туркони ғамзаи ӯ баъд аз ҳазор фитна Карданд мулки дилҳо яғмо чунон ки донӣ. Дар даври чашми масташ гаштанд порсоён Шайдо чунин ки бинӣ, расво чунон ки донӣ. Аз ғамза ҳикмати айн омӯхт он маҳу шуд Дар фанни дилрабоӣ доно чунон ки донӣ. Гирам равон канораш, танҳо на бӯс гирам, Гар ёбамаш ба ҷое танҳо чунон ки донӣ. Донӣ, ки ёрпурсӣ бошад тариқи риндон, Пеши Камол боз о, ёро, чунон ки донӣ. Дил шишаест ҷои хаёли ту, эй парӣ, Кардӣ парӣ ба шиша, ҳамин аст соҳирӣ! Пайваста дар баробари чашмам нишастаӣ, Оре, маро ба чашми ҷаҳонбин баробарӣ. Дар пардаҳои чашм хаёлат мусаввар аст, Чашми бад аз ту дур, ки руҳи мусавварӣ! Азбаски дӯш бар дари ту дида дур фишонд, Бастем ҳалқа гирди дарат аз дури дарӣ. Бар раҳгузарат аз мижа, эй ашк, хорҳост, Ҳон, то наистиву равон низ нагзарӣ! Розӣ наӣ, ки қадри ман афзояд, эй рақиб, З-он рӯй ҳаргизам саги он кӯй нашмарӣ. Дигар маҷӯй манзалату қадри худ, Камол, Ин манзалат бас аст, ки бар хоки он дарӣ.

Дил рафт ба ёди дилпазире

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Дил рафт ба ёди дилпазире, Касро набувад зи ҷон гузире. Аз ишқи бутон ҷавон шавад пир, Ин нукта шунидаам зи пире. Гирам сари зулфу дорамаш гӯш, З-ин гуна кирост додугире? Сад чарх занад бар оташ аз шавқ Сайде, ки ту афканӣ ба тире. Ёбам, ки дили манат ба даст аст, Гар з-он ки гирифтаӣ замире. Бинанд магар ду дида дар об Лутфи бадани туро назире. Гум кард Камол дил дар он кӯй, Бозову биҷӯ дили фақире. Дил зи ёрони куҳан бардоштӣ, Чист чандин ҷанг пеш аз оштӣ? Зиндаам пиндоштӣ дар ҳаҷри хеш, Инчунинам куштанӣ пиндоштӣ. Гуфтам: Аз хоки раҳам ангор кам. Лутф кардӣ, беш аз он ангоштӣ. Шукри неъматҳои ту, к-аз дарду ғам Ҳеч вақтам бенаво нагзоштӣ. Ишқ варзидӣ, сазо дидӣ, Камол, Тухми меҳнат коштӣ, бардоштӣ.

Показаны записи 21-30 из 534