Показаны записи 71-80 из 534
Чандин чӣ балову дард ҳаст, оҳ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Чандин чӣ балову дард ҳаст, оҳ,*
Аз ишқи ту бар дили ман, эй моҳ!
Аз миҷмари сина мебарорам
Ҳар лаҳза ҳазор накҳати оҳ.
Дар роҳи ғамаш ба сар рав, эй дил,
К-ин аст тариқу шарти ин роҳ.
Даррафт ба чоҳ лаълаш аз зулф,
Кас чун биравад ба шаб таки чоҳ?
Бовар зи ман ар надорӣ, эй ҷон,
Инак ба дуруст сумма биллоҳ.
К-ин ишқи ту бо Камоли бедил
Чун оташу мум ҳаст бо коҳ.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Хоҳам, ки кунам бори дигар бар ту назора,
Умрест, ки дорам ҳаваси умри дубора.
Гуфтӣ: Дили решат ба даво чора бисозам.
Садпора шудаст ин дили бечора, чӣ чора?
Мо ғарқаи баҳри ғаму он холи баногӯш
Биншаста чу наззорагиён хуш ба назора.
Аз шавқи руху ғамзаи шӯхат гулу наргис
Ин дидаи тар дораду он ҷомаи пора.
Ҳаргаҳ равӣ, эй бод, ба хоки сари он кӯй,
Ҳамроҳи ту бод ин дили овора ҳамора!
Ҷуз ашкфишон ҷон наравад дар сари он зулф,
Шаб роҳ буридан натавон ҷуз ба ситора.
Бардӯхт назар бе ту Камол аз ҳама хубон,
То дида набошад, натавон кард назора.
Бинам абрӯи ту пайваста маҳи нав гаҳ-гаҳ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Бинам абрӯи ту пайваста маҳи нав гаҳ-гаҳ,
Он набудаст, ки гӯянд яқил-ал-ҳарамаҳ.
Дорам аз меҳри ту гаҳ равшану гаҳ тира ду чашм,
То сари зулфи сияҳ дориву рухсори чу маҳ.
Чун равӣ ташна, дило, ҷониби симинзақанон,
Пой берун манеҳ аз раҳ, ки бияфтӣ дар чаҳ.
Бош, то нағмаи най гӯш кунӣ, эй сӯфӣ!
Чанд зикри туву фарёди ту Аллаҳ-Аллаҳ?!
Лоф зад гул ба тани нозуки ту зери қабо,
Хост узри гунаҳаш лолаву бардошт кулаҳ.
Эй хуш он дам, ки ба бӯсидани рухсору лабат
Шамъ биншонаму пеши ту нишинам он гаҳ.
Гуфтаҳои ту, ки бо он задаӣ сикка, Камол,
Ҳафт-ҳафт аст, вале чун зари холис даҳ-даҳ.
То тавонӣ дили ошиқ ба даст орӣ беҳ,
Ҷониби ёри вафодор нигаҳ дорӣ беҳ.
Бо чунин зулфи хушу холи хушу рӯи чу моҳ
Меҳрварзӣ куниву тарки ҷафокорӣ беҳ.
Соҳиби рӯи накӯро ба ҳама ҳол, ки ҳаст,
Расми дилҷӯиву оини вафодорӣ беҳ.
Гар ба болини заифон гузаре хоҳӣ кард,
Сиҳҳати хеш нахоҳем, ки беморӣ беҳ.
Ҳаваси сӯҳбати ёре агарат меафтад,
Бо рақибони мухолиф накунӣ ёрӣ беҳ.
Бирав, эй зоҳиди шабхез, зи пешам, ки маро
Бо хаёли рухи ӯ хоб зи бедорӣ беҳ.
Гар кунад тӯтии табъат ҳаваси нутқи Камол,
Бубарӣ номи лаби ёру шакар борӣ беҳ.
Ба ноз куштани ӯ бозам орзуст, чӣ чора
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ба ноз куштани ӯ бозам орзуст, чӣ чора,
Ки кас ба орзуи дил наёфт умри дубора.
Чу тифли дида расанбоз шуд ба ҳалқаи зулфаш,
Бурун шуданд зи ҳар гӯша мардумон ба назора.
Шаби фироқи ту аз ашк пуртар аст ду чашмам,
Шабе, ки маҳ набувад, чашм пур бувад зи ситора.
Бубин аломати якрангиву дурустии паймон,
Назар макун ба рухи зарди мову ҷомаи пора.
Хуш он замон, ки ману ту чу шоҳу банда ба роҳе
Равон шавем, равон ман пиёдаву ту савора.
Чӣ оятӣ ту зи раҳмат, ки то зи мо шудаӣ гум,
Наёфтем нишонат ба хатмҳои сипора.
Ҳамора вирди забони Камол ин буваду бас,
Ки бод вирди забонаш ҳадиси дӯст ҳамора!
Бе рӯи ӯ зи дидаи бино чӣ фоида?
Рафтан ба боғ баҳри тамошо чӣ фоида?
Ҷуз заҳмате, ки мерасад аз рух ба хоки пош,
Он шӯхро зи дарди сари мо чӣ фоида?
Чун ташнаро зи ҳасрати ӯ ҷон ба лаб расид,
Кардан лаби Фурот таманно чӣ фоида?
Заҳмат мабину ранҷ барои ман, эй табиб,
Ин дарди ошиқист, мудово чӣ фоида?
Гуфтам расам ба ваъдаи бӯсе, ки гуфтаӣ,
Соли нахуст, гуфт, тақозо чӣ фоида?
Зоҳид ба ҳамнишинии риндон касе нашуд,
Кажфаҳмро зи сӯҳбати доно чӣ фоида?
Шӯхони шангро марав аз пай, агар равӣ,
Дил мебаранду ақл ба яғмо, чӣ фоида?
Сад ҷавр агар бариву ҷафоҳо кашӣ, Камол,
Чун ёр бевафост, аз инҳо чӣ фоида?
Ба абрӯвони ту зоҳид чу чашм во карда
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ба абрӯвони ту зоҳид чу чашм во карда,
Туро ба гӯшаи меҳробҳо дуо карда.
Хадангу новаки ғам узв-узви мо чандон,
Ки захм карда баҳам, теғи ӯ ҷудо карда.
Ба бурдани дилу дин холро нишон дода,
Ба ғорати сару ҷон зулфро раҳо карда.
Ба тарки ҷавру ҷафо ваъдаҳо, ки дода маро,
Вафо накарда в-агар карда ҳам, ҷафо карда.
Рақиб қатъи раҳим* карда бо саги кӯяш,
Маро ба хешу бар он дар чу ошно карда.
Нигоҳ дорам то шаб барои бӯсидан
Ба рӯзи васли бӯтон дасти марҳабокарда.
Хаёли қадди латифат чу сарв дид дар об,
Чи майлҳо, ки бад-он қадди дилрабо карда.
Баҳор бе гули рӯяш чу абри тира, Камол,
Баромада ба гулистону гиряҳо карда.
____________________________________
* Раҳим – ( бо «ро», «ҳо»- ҳуттӣ ва «мим» ва ба
фатҳи «ро» ва касри «ҳо») ба маънои хешӣ, ёрӣ.
____________________________________
Ба раҳгузор қади ёр дидам аз ногоҳ,
Кадом қад? Алифе буд дар миёнаи роҳ.
Кадом алиф, ки зи лутфаш алиф надорад ҳеч,
Ба табъи рост шуд аз ҳарфи мо касе огоҳ.
Назорае ба тамошогаҳе намебинем
Беҳ аз ҷамоли ту, чандон ки мекунем нигоҳ.
Фаришта шавқи рухат гар гунаҳ нависаду ҷурм,
Саҳифаи амали банда пур бувад зи гуноҳ.
Хати туро шуда мӯрон мурид, аз он баста
Миён ба хидмату пӯшида низ ҷома сиёҳ.
Ба рақс банди қабои ту гар кушода шавад,
Зи аҳли ҳирқа барояд ҳазор нолаву оҳ.
Камол, аҳли риёро махон ба ҳалқаи зикр,
Ки арбадасту ғулув ло Илоҳа иллаллоҳ.
Эй наботи қадди сабзат шакаристони ҳама
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй наботи қадди сабзат шакаристони ҳама,*
Қади шамшодвашат сарви хиромони ҳама.
Равнақи куфр бияфзояд аз он рӯй, ки бурд
Куфри холи сияҳат равнақи бозори ҳама.
Дар сари ҳундуи зулфайни ту он савдоест,
Ки ба тороҷ диҳад ақлу дилу ҷони ҳама.
Баҳри наззора, ки дар кӯи ту оянд касон,
Ҳаст чун гӯй сарам дар хами чавгони ҳама.
Пой дар домани сабр аз чӣ кунам, чун шабу рӯз
Дасти ишқи ту гирифтаст гиребони ҳама.
Обрӯи мани дилсӯхта барбод мадеҳ,
Ки ҳасуде ба ғараз хом канад нони ҳама.
Булбули боғи висоли ту Камол аст, агар
Дар ҷаҳон баста шавад боғу гулистони ҳама.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Бо ту дар дил наёядам рухи моҳ,
Рух наёрад шудан ба хонаи шоҳ.
Дар шамоил қади ту лутфи Худост,
Ҳаст лутфи Худо ба ту ҳамроҳ.
Бинамат доиму чунон донам,
Ки накардам ҳанӯз нимнигоҳ.
Гар гуноҳ аст дар рухи ту назар,
Бод чашми пуроб ғарқи гуноҳ!
Ғарқи дарёи оташу об аст
Ҷони ошиқ миёни гирву оҳ.
Оҳ хоҳад баромад аз сари хок,
Дардманди туро ба ҷои гиёҳ.
Тиби зулфат ба хеш бурд Камол
Чунки бо хок рафт тоба сароҳ.
Эй мардуми ду чашмам мисли рухат надида
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй мардуми ду чашмам мисли рухат надида,*
Лекин ҷамоли хубат рашки фаришта дида.
Гуфтӣ ба рӯи чашмат хоҳам қадам ниҳодан,
Гуфтӣ, вале накардӣ як рӯи монда дида.
Бо орази ту зулфат карда дароз дасте,
Ё Раб, бувад, ки бинам дасти варо бурида.
Дӣ аз чаман нигорам чун шохи гул баромад,
То бо худ омадам ман, ақлам зи сар парида.
Ҳамчун Камоли бедил мардум зи иштиёқат
То зикри ту бигуфта, то номи ту шунида.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Бод орад бари ман бӯи ту ногаҳ-ногаҳ,
К-ӯ гузар мекунад аз кӯи ту ногаҳ-ногаҳ.
Андак - андак зи сабо бастадилам бикшояд,
Чун зи ҳам боз кунад мӯи ту ногаҳ-ногаҳ.
Гарчи ҳиндуст худ он зулф, чу давлат ёр аст,
Сар ниҳад бар сари зонуи ту ногаҳ-ногаҳ.
Машмурам айб, ки девонааму моҳ нав аст,
Гар кунам чашм бар абрӯи ту ногаҳ-ногаҳ.
Ҷуз ба шоҳид накашидӣ дили зоҳид ҳаргиз,
Гар фитодӣ гузараш сӯи ту ногаҳ-ногаҳ.
Ҳалқадаргӯш шудӣ, зоҳид, агар кардӣ гӯш
Қиссаи ҳалқаи гесӯи ту ногаҳ-ногаҳ.
Лаб бубастаст Камол аз сухан, аммо гӯяд
Ғазале аз ҳаваси рӯи ту ногаҳ-ногаҳ.
Эй лабу гуфтори ту ширин ҳама
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй лабу гуфтори ту ширин ҳама,
Гирди рӯят холу хат мушкин ҳама.
Хуш намудат хол пеши хат, вале
Оразат хуштар намояд з-ин ҳама.
Гарчи бо холу хатам ҷон сӯхтӣ,
Дӯст медорам туро бо ин ҳама.
Ошиқон дар мактабат дар лому бе
Карда дандон тез ҳамчун син ҳама.
Соиду зулфат ба доман в-остин
Ҷону дил бурданду ақлу дин ҳама.
Гар зи хубони Хито хоҳӣ чароғ,
Саҷда орандат бутони Чин ҳама.
Бар варақ омад суханҳои Камол
Ҳамчу ашки ӯ тару рангин ҳама.
Эй манат ҷонфишони дерина,
Доғи ишқат нишони дерина.
Ба фаромӯшият наёмада низ
Ёде аз ошиқони дерина.
Бе ту будам ҳалоки хеш гумон,
Рост кардӣ гумони дерина.
Гӯ, ғамам хӯр ҷигар, ки нест дареғ
Ҳеч аз ин меҳмони дерина.
Пир гашту ҳанӯз ҳаст рақиб,
Оҳ аз ин сахтҷони дерина.
Навгуле чун ту боядам, на биҳишт,
Чӣ кунам бӯстони дерина?!
Саги кӯят чу дид лоғариям,
Бӯ накард устухони дерина.
Барнадорад Камол то дари ҳашр
Сар аз ин остони дерина.
То чу Маҷнун бисохт дафтари ишқ,
Тоза шуд достони дерина.
Эй руху зулфи сиёҳи ту шаби тираву моҳ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй руху зулфи сиёҳи ту шаби тираву моҳ,*
Мардуми дида кӣ бошад, ки кунад дар ту нигоҳ?!
Мардуми чашми ту мотамзадаи ушшоқанд,
Варна ранги мижаҳо баҳри чӣ гардид сиёҳ?
Ошиқи рӯи туро барги гули бустон не,
Булбули боғи Ирам майл надорад ба гиёҳ.
Гар нишони қадамат бар сари роҳе ёбам,
Барнагирам рух, агар хок шавам бар сари роҳ.
Ситам аз чашми ту дар айни парешонкорист,
Худ сари зулфи ту ту дол аст, чӣ ҳоҷат ба гувоҳ?
Гуфтамаш: Рух биниҳам бар рухи зебои ту, гуфт:
Хирмани гул натавонад, ки кашад заҳмати коҳ.
Қиссаи зулфи ту , гуфтем, ба поён нарасид,
К-ин ҳикоят на ҳадисест, ки гардад кӯтоҳ.
Кас наёрад дигар афсонаи Ширин ба забон,
То дарафтод ҳадиси лаби ту дар афвоҳ.
Чӣ ҷафо монда, ки ишқат нарасонда ба Камол?
Воқифи ҳол касе нест ба ҷуз ҳазрати Шоҳ.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Эй шишаи дили мо дар зери по шикаста,
Сангиндилӣ гузида, аҳду вафо шикаста.
Бо гӯшаҳои абрӯ дилҳо шикаста ҳар сӯ,
Бисёр шиша дидам аз тоқҳо шикаста.
Буд орзуи зулфат дилҳои ошиқонро,
Он орзуи дилҳо боди сабо шикаста.
Бо қомати ту Тӯбо дар лутф карда даъво,
Шарти адаб надонист он шохи пошикаста.
Номат забони хома чун бурд пеши нома,
Аз ғуссаи ҷудоӣ ҳар як ҷудо шикаста.
Чун ғунча дарнагунҷам дар пераҳан зи шодӣ,
З-он дам ки баҳри қатлам атфи қабо шикаста.
Дӣ гуфт, хоки поям хуни Камол арзад,
Бар одати бузургон худро баҳо шикаста.
Эй хатти мушкбори ту печида гирди моҳ
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй хатти мушкбори ту печида гирди моҳ,*
Бар рӯи рӯз нуқтаи холат шаби сиёҳ.
Рухсори туст ҳуҷҷати иқрори ошиқон,
Ҳастат бар ин сухан хатти анбарфишон гувоҳ.
Васфи қамар ба рӯи ту гуфтам, бигуфт ақл:
Дар офтобу моҳ чӣ гӯӣ ҳадиси шоҳ?!
Хоҳам, ки рӯи хеш ба рӯят ниҳам, валек
Ҳаргиз кӣ дида хирмани гул ҳамнишини коҳ?
Чашмат ба ғамза гарчи рабояд ҳазор дил,
Лекин зи рӯи лутф надорад диле нигоҳ.
Оинаи ҷамоли ту, эй шамъи дилфурӯз,
Рӯзе бувад, ки ранг барорад зи дуди оҳ.
Мискин Камол аз ту ба мақсуд кай расад,
Султон чу нест бохабар аз ҳоли подшоҳ?
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Эй равон гирди дарат ашки равон пайваста,
Ба фалак бе ту маро оҳу фиғон пайваста.
Дар чаман чун варақи орази рухсори ту нест,
Гули сурх ин ҳама бар сарви равон пайваста.
То лабам пои ту бӯсиду забон номи ту бурд,
Ин ҷудо шукри ту мегӯяду он пайваста.
То ба тири мижа дил сайд кунӣ аз чапу рост,
З-абрӯвон чашми ту дорад ду камон пайваста.
Хоки пои ту зи сад мил маро дар назар аст,
Бод он сурма ба чашми нигарон пайваста.
Дар ҷаҳон ҷои ҳадиси дигаре нест, ки нест
Сухани он лабу дандон ба забон пайваста.
Ба висоли лаби ӯ ёфта, то ҷуста Камол,
Зиндагонӣ чу тани гашта ба ҷон пайваста.
Эй чу чашми хуши ту чашми касе кам дида
Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Эй чу чашми хуши ту чашми касе кам дида,*
Шакари танги ту бар тунги шакар хандида.
Ваҷҳе аз рӯи ту дар дидаи ман хуштар нест,
З-он сабаб дидаи ман дида туро дуздида.
Дидаи аҳли назар дида басе хобу туро
Бар сари ҷумлаи хубони ҷаҳон бигзида.
Ман зи меҳри рухи хуби ту зи худ бибридам,
Аз мани сӯхта бар қавли адӯ бибрида.
Ту биё сӯи висоқи мани бедил, то ман
Тӯтиёвор кашам хоки раҳат дар дида.
Набарам ҷон ман аз ин вартаи ғам, гар бошӣ
Бе гуноҳ аз мани беҷон ту чунин ранҷида.
Солҳои гуфта дуои тану ҷони ту Камол
В-аз ту ҷуз ҷавру ҷафо ҳеч дигар нашнида.
_______________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал
ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад.
_______________________________________
Эй дили реши ман аз ҷаври ту ғамгингуна,
Лабат аз хӯрдани хунам шуда рангингуна.
Баски бар хоки раҳ андохта, бишкаста дилам,
Чун сари зулфи худам сохта мискингуна.
Ҳамчу булбул ману бедориву сад гуна хурӯш,
То ки бошад гули рухсори ту бо ин гуна.
Нарасад қанд ба ширинии лабҳои ту, лек
Ба даҳонат чу расида, шуда ширингуна.
Сурхрӯӣ бувадам пеши муҳиббон ҳама вақт,
Ки ба хун ранг диҳӣ ашки маро з-ин гуна.
Гарчи ҳам риндаму ҳам дурдкашам, шукри Худо,
Ки наям боре аз ин зоҳиди худбингуна.
Бар варақ рехт магар сурхии ашки ту, Камол,
Ки суханҳост ба девони ту чандин гуна.
Показаны записи 71-80 из 534