Газели


Показаны записи 1-10 из 534

Ё Раб, ин дарди дилу фурқати ҷонон то кай

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Ё Раб, ин дарди дилу фурқати ҷонон то кай? * Дар дилам бори фироқу ғами хубон то кай? Ҳар нафас ҷон ба лаб омад зи ғами ҳаҷр маро, Бар ман ин ғуссаи чарху ғами ҳиҷрон то кай? Худ нагардад дилам аз даври фалак рӯзе шод, Зиндагонӣ ба мани хаста бад-ин сон то кай? Ҳар касе дар пайи кореву сару сомонест, Мани саргашта чунин бесарусомон то кай? Охир, эй бахт, маро роҳ ба манзил бинамо, Ки ба ҷон омадам, ин ранҷи биёбон то кай? Эй табиби дили ушшоқ, даво соз маро, Ҷонам ояд ба лаб аз ҳасрати ҷонон то кай? Дилбаро, кори дили хастаи ғамгини Камол Ҳамчу ҳоли сари зулфи ту парешон то кай? _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад _____________________________________ ҒАЗАЛИ МУСТАЗОД Эй рехта савдои ту хуни дили моро бе ҳеч гуноҳе. Бинвоз даме хастаи шамшери ҷафоро боре ба нигоҳе. Боди саҳар аз равзаи ризвон хабар овард имрӯз ба гулзор, Эй сарви равон, ҳаст магар пайки саборо дар кӯи ту роҳе? Кас нест, ки бар бӯи гулистони хаёлат дар боғ тараб нест, Чун лола зи ғам чок зада ҷайби қаборо в-афканда кулоҳе. Занҷири сари зулфи туро бо ҳама хубӣ сунбул натавон гуфт, Ҳаргиз накунад ҳеч касе мушки Хиторо нисбат ба гиёҳе. Бишкаст ҳама лашкари султони кавокиб бар ҳар тараф имрӯз, К-он зулфи зиреҳпӯши ту аз анбари соро оварда сипоҳе. Аз ҳоли парешони Камолат хабаре нест, ҳайҳот! Чӣ тадбир? Он кист, ки тақрир кунад ҳоли гадоро дар ҳазрати шоҳе?

Ҳар лаҳза ғамзаҳо ба ҷафо тез мекунӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳар лаҳза ғамзаҳо ба ҷафо тез мекунӣ, Боз ин чӣ фитнаҳост, ки ангез мекунӣ? Дилҳои мо нахуст ба тороҷ мебарӣ, Он гаҳ асири зулфи диловез мекунӣ. Гар хун чаконӣ аз дили ошиқ, кирост ҷанг? Шоҳӣ, ба қалб рафтаву хунрез мекунӣ. Дар баҳри дида об куҷо истад зи ҷӯш, З-ин сон, ки оташи дили мо тез мекунӣ? Хоби шабон мабанд ба чашмам дигар хаёл, Чун ҳамдамам ба оҳи саҳархез мекунӣ. Аз хуни мо чӣ тавба диҳӣ чашми мастро, Аз бодаи ҳалол чӣ парҳез мекунӣ? Шаҳри Сарой чун дилат ошуфта шуд, Камол, Вақт аст, агар азимати Табрез мекунӣ. Ҳеч шаб, эй маҳ, аз ватан ҷониби мо наёмадӣ, Ҳамчу шаҳон ба марҳамат сӯи гадо наёмадӣ. Сӯхт ғамам, чу аз дуо ҳоҷати мо раво нашуд, Ҳайкали хеш сӯхтам, чун ба дуо наёмадӣ. Омадаӣ ба қасди ҷон, ҳаҷри ту кушта шаб маро, Дарду дареғ, ҷони ман, дӯш чаро наёмадӣ? Аз сари зулфи дилкашат кас нашунид бӯи ҷон, То ба сари шикастагон ҳамчу сабо наёмадӣ. Нест сазои диданат дида, бигир оина, З-он ки ҷамоли хешро ҷуз ту сазо наёмадӣ. Ҷон нафишонда бар дари каъбаи васли дилбарон, Тавф макун, чу сари сидқу сафо наёмадӣ. Чист Камол, гуфтиям, ин ҳама дард гирди ту? Дард куҷо равад дигар, чун ту даво наёмадӣ?

Ҳар лаҳза ба ғамза дили решам чи харошӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Ҳар лаҳза ба ғамза дили решам чи харошӣ, Чашм аз назарам пӯшиву хун аз мижа пошӣ? Фарҳод шикоят зи диле дошт, на аз санг, Ҷоно, чӣ шавад, гар диле аз санг тарошӣ. Рахти дилу дин пеши бутон гар ба баҳо рафт, Эй ҷони фурӯмоя, ту боре чӣ қумошӣ?! Бо тир, ки бар сина задӣ, гӯ, дилу ҷон ҳаст, Фориғ зи чӣ биншиниву бегона чӣ бошӣ? Зоҳид, чӣ ба чанг орӣ аз ин шӯҳрату галбонг, Гирам, ки чу Бӯбакри Рубобӣ шуда фошӣ. Кас фаҳм накард аз хату лаб нақши даҳонаш, Мафҳум нашуд нуктаи мубҳам ба ҳавошӣ. Бишкаст Камол аз суханат қадри камолайн Чун аз гуҳару лаъл сипоҳониву кошӣ. Ҳар лаҳза ба мо аз ту расад тӯҳфаи дарде, Гар ин нарасад, ошиқи дарвеш чӣ х(в)ардӣ? Дил чораи дарди ту ба ин кард, ки хун шуд, Ин чора набудӣ, дили бечора, чӣ кардӣ? Месӯхт саропои вуҷудам зи дами гарм, Гар меназадам ҳар дам аз ин ғам дами сарде. Ҷонҳо кафани ман ҳама дар рӯй бимоланд, Бо хоки лаҳад гар барам аз кӯи ту гарде. Ошиқ ба шаҳи фарду ягона нанишинад, Гар нест чу фарзин зи ду олам шуда фарде. Ку ёри сабукрӯҳ, ки баҳри дили маҷрӯҳ Созем зи хоки қадамаш марҳами дарде? То чанд, Камол, ин ҳама дармон талабидан? Ранҷе бару дарде талаб аз ботини мардӣ.

Варои он чӣ саодат бувад, ки ногоҳе

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Варои он чӣ саодат бувад, ки ногоҳе * Ба ҳоли бесарупое назар кунад шоҳе? Чароғи субҳдами дилфурӯзи оламро Чӣ кам шавад, ки шавад раҳнамои гумроҳе?! Насимро чӣ зиён, гар зи роҳи ҳамнафасӣ Кунад инояти дилхастае саҳаргоҳе? Ба ҷону дил шудаам пойбанди бандагият, На аз сари ғаразе, на зи рӯи икроҳе. Чӣ гуна даст тавон дошт аз чунин сарве? Чӣ гуна рӯй тавон тофт аз чунин моҳе? Ҳилоли абрӯи ӯро зи ҳусн мӯе кам Нагардад, ар нигарад сӯи мо ба ҳар моҳе. Сухан дароз шуду ҳосили сухан ин аст, Ки чун манат набувад мухлису ҳавохоҳе. Камол иззи қабули ту аз саодат ёфт, Ки ёфт аз ҳама ақрони худ чунин ҷоҳе. _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба хати имрӯзаи тоҷикӣ ба табъ мерасад. _____________________________________ Ҳаргиз сӯи ман чашми ризоӣ накушодӣ, Гӯше ба ҳадиси мани бедил наниҳодӣ. Эй дурри гаронмоя, ки мисли ту кам афтод, Як рӯз ба дасти мани муфлис нафитодӣ. Дар дидаи ман ҷумла хаёланду ту нақшӣ, Бар хотири ман ҷумла фаромӯшу ту ёдӣ. Бо он ки ба ҷуз меҳнату дард аз ту надидам, Шодам, ки ба ранҷи мани меҳнатзада шодӣ. Аз коми дили ман наравад в-ар биравад ҷон, Ширинии он бӯса, ки гуфтиву надодӣ. Рафтӣ ба сари асп чу бод аз назари мо, Ту умри хушӣ, аз пайи он рафта ба бодӣ. Дӣ рондиву мегуфт, Камол, аз паи хайлат, Шоҳӣ, ки зи хубон ба руху асб зиёдӣ.

Нест баҳои ҷон басе, пеши ту чун кашад касе

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Нест баҳои ҷон басе, пеши ту чун кашад касе, Дар назарат ҷаҳону ҷон нест ба қимати хасе. Шодии ҷон агар тӯӣ, нест ғами ҷаҳон маро, Ғусса чӣ ваҳшат оварад бо рухи чун ту мӯнисе. Аз лабу ғамзаи туам бодапарасту маст ҳам, Бодаву соқие чунин нест ба ҳеч маҷлисе. Зери ду лаб се бӯсаам гуфтиву чашм чор шуд, Чун ба яке намерасӣ, ваъда чӣ медиҳӣ ба се?* Аз ту на ман чу булбулон ноламу бас, ки дар чаман Бе рухи зарду чашми тар нест гулеву наргисе. Саҳви қалам зи бехудӣ боз надонад аз рақам, Нуқтаи хол агар фитад дар варақи муҳандисе. Ёфт Камол васли ту, давлати нақди ӯ бубин, Нақд чунин кам уфтад, хоса ба дасти муфлисе. ____________________________ * «ба се»-ро «басе» низ метавон хонд. ____________________________ Висоли ӯст бахти ман, набинам он ба бедорӣ, Хаёлаш давлат аст, эй дил, ту боре давлате дорӣ. Ба мастону назарбозон назарҳо дорад он чашмон, Магар девонаӣ, зоҳид, ки ҷӯӣ ақлу ҳушёрӣ? Дару девор дар рақсанд, сӯфӣ, дар самоъи мо Чӣ бар девор часпидӣ, на охир нақши деворӣ?! Чу хас бар хоки роҳи ту бад-он уммед афтодам, Ки чун боди сабо оӣ, маро аз хок бардорӣ. Дили ман чун зи кор афтад ба бори меҳнатат бурдан, Расад боре маро аз ту, агар давлат диҳад ёрӣ. Каримон тӯҳфаҳо оранд бо худ пеши дарвешон, Агар оӣ, туро он беҳ, ки бар ман раҳмате орӣ. Ба сад ҷон васли ӯ хоҳӣ, Камол, аз сар бинеҳ савдо, Чу ҳечат нест он гавҳар, макун ҳар дам харидорӣ.

Надорад дилам тоқати бетуӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Надорад дилам тоқати бетуӣ, Ки кардаст чашми туам ҷодуӣ. Зи нав абрӯят сохт шайдо маро, Чунинҳо кунад моҳи нав дар навӣ. Кушуданд чашмони ту Турку ҳинд Ба новаккашиву камонабрӯӣ. Чӣ давлат, ки он пойро дар сар аст, Ки дорад ба зулфи ту ҳамзонӯӣ. Дар аёми бадҳолӣ аз ҷаври зулф Рухат кард бо мо басе некӯӣ. Мусаввир агар нусха з-он рух барад, Ба маънӣ кашад сурати монавӣ. Камол, он сари зулф ҳар дам магир, Ки бозаш биҷунбад раги ҳиндуӣ. Надонам, кай ба доми ман дарафтӣ? Чӣ хуш сайдӣ, чӣ хуш бошад, гар афтӣ. Агар сад бор афтӣ чун латифа, Дар он фикрам, ки бори дигар афтӣ. Лабаш бигзор, эй гуфтор, варна Ба гӯши ину он чун гавҳар афтӣ. Чӣ хуш уфтад маро, эй сар, туро ҳам, Зи теғи ӯ чу бар хоки дар афтӣ. Раҳи мардум ту гил месозӣ, эй ашк, Чаро дар раҳ зи мардум бартар афтӣ? Зи ташвиши ту, эй бурқаъ, малӯлам, Худоё, зудтар вақте барафтӣ. Камол, аз реши дил лахте диҳӣ шарҳ, Шаби васле, ки пеши дилбар афтӣ.

Мӯят аз анбари тар фарқ надорад мӯе

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Мӯят аз анбари тар фарқ надорад мӯе,* Нофаи мушк барад аз сари зулфат бӯе. Одами нест ҳамоно, ки зи ҳайвон батар аст, Ҳар киро нест ба хотир ҳаваси маҳрӯе. Нест имкон, ки дил аз кӯи ту баргирад дил, Ақл ҳарчанд назар мекунад аз ҳар сӯе. Пеши чашмам, чӣ аҷаб, гар наравад оби Фурот, Ҳар куҷо баҳр бувад, қадр надорад ҷӯе. Шодмонам ман аз он моҳи муборакрухи ту, Некбахт он ки бувад бандаи некӯрӯе. Бар рухат мекунад он зулфи сияҳ сайёрӣ, Саҳни фирдавс, нигар, ҷилва кунад ҳиндуе. Наравад пои Камол аз сари кӯят ҳаргиз, Хуштар аз кӯи дилором набошад кӯе. _____________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист, бори аввал ба хати имрӯзаи тоҷикӣ ба табъ мерасад. _____________________________________ Нишони хоки пои ӯ агар меёфтам ҷое, Сарам мегашт дар пое-ш ғалтон, дида дарёе. Таманно кардаам бо худ, ки дар пояш фитам бехуд, Кам афтад дар сари ошиқ аз ин хуштар таманное. Дили парвона пеши шамъ рои сӯхтан дорад, Набинам дар миёни ҷамъ равшантар аз ин рое. Ҷамолатро чу бозорест тез аз ғамзаву мижгон, Раҳо кун, то кунад зулфат ба ҳусни хеш савдое. Ба сад нақш аз хаёл орост рӯят хонаи дилро, Зи маҳрӯён киро бошад чунин рӯи дилорое? Баҳорон бе гули рӯят ба доғи дил бурун оям Чу лола, гар бурун оям ба кӯе ё ба саҳрое. Нахондӣ ин масал, ҷоно, тамошо ройгон бошад, Рухе бинмо, ситон сад ҷон, иҷозат деҳ тамошое. Маро ту чашми биноӣ, ба ту з-он дар тамошоям, Дило, макун тамошое, чу дорӣ чашми биное. Камол, аз сарвболоён чӣ мепурсӣ нишон, гуфтӣ? Маҳе меҷӯям аз ҳар сӯ, магар бинам зи болое.

Ман киям гуфтӣ, ки гӯям: Хоки наълайни манӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Ман киям гуфтӣ, ки гӯям: Хоки наълайни манӣ! Моҳи ман, то чанд наъли божгуна мезанӣ? Гуфта будӣ, доманам рӯзе ба даст афтад туро, Ваъдаи афтодагон дар пой то кай афканӣ? Дамбадам оҳанги рафтан мекунӣ аз пеши ман, Умрӣ, эй андаквафо, чун умр аз он дар рафтанӣ! Ман сазоям, гуфтаӣ, дар куштани ту, эй рақиб, Рост мегӯӣ ту, душман худ сазои куштанӣ. Аз гулистони ҷамолаш барнагирам чашми тар, Филмасал гар чашми ман чун чашми наргис барканӣ. Гар майи рангин занад дар шиша бо лаъли ту дам, Ҳар чӣ ояд з-ӯ, фурӯхӯр, з-он ки хомасту данӣ. Бе ту чун бинад ҷаҳон чашми ҷаҳонбини Камол, Чун ба чашми хеш мебинад, ки чашми равшанӣ. Новаки ғамза чу ҳар сӯ ба шитоб андозӣ, Дил шитобад, ки сӯи ҷони хароб андозӣ. Гарам аз по фиканад, холи лабат, саҳл магир, Ба магас саҳл набошад, ки уқоб андозӣ. Дил таҳаммул накунад, ҷон натавонад бардошт Бори он соя, ки бар рух зи ниқоб андозӣ. Шамъ охир шуда, ё Раб, чӣ шабе бошад он, Ки манат бӯсаму худро ту ба хоб андозӣ. Хуни дилҳо, ки кабоб аст, чу май нӯшат бод, Гар ба мастӣ назаре сӯи кабоб андозӣ! Ба мани ринд бидеҳ, то сари ҳосид шиканам, Зоҳидо, санг, ки бар ҷоми шароб андозӣ. Файз аз ин сон, ки туро мерасад аз гиря, Камол, Зуд бинанд, ки саҷҷода бар об андозӣ.

Ман авсофи ҳуснат надонам камоҳӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Ман авсофи ҳуснат надонам камоҳӣ, Вале ин қадар равшанам шуд, ки моҳӣ. Маро дар сар аст ин, ки дар пот мирам, Гадо бин, ки дорад таманнои шоҳӣ. Ба зулфи чу шастат гирифтор бошад Ману ҳар ки гирӣ зи маҳ то ба моҳӣ. Маро тавба фармудан аз холи мушкин Бувад шустан аз рӯи зангӣ сиёҳӣ. Ту дилтангии ман бипурс аз даҳонат, Ки масмӯъ набвад зи хурдон гувоҳӣ. Бикун аз дуои Камол эҳтирозе, К-асарҳост дар нолаи субҳгоҳӣ. Ман кистам, ки варзам савдои чун ту ёре? Ҳайф оядам, ки гардӣ машғули хоксоре. Кори худ аст моро бори ғамат кашидан, Хушвақт он, ки дорад з-ин навъ кору боре. Гуфтам: Ба хоки поят бошам рафиқ, лекин Тарсам, ки барнишинад бар доманат ғуборе. Зулфат чу шуд парешон, аз ҷамъи мо биронаш, К-ин ҳалқаро нашояд ҳар тирарӯзгоре. Гар сарв пеши қаддат озод шуд ба хидмат, Гулро чӣ барг бошад дар маърази ту боре? Соқӣ, зи ҷоми дӯшин дигар май ор моро, К-имрӯз гар хум орӣ, ҳам нашканад хуморе. З-он зулфи дилкаш, эй дил, навмед ҳам набошӣ, К-охир ба рӯз ояд шоми умедворе. Бастем дар ҳавоят бар худ дари ҳавасро, Ғофил касе, ки навбад дар банди ғамгусоре. Гар дасти ман бигирӣ, гардад фалак ғуломам, Маҳ чун Камол гирад, орандаш эътиборе.

Маро зебад ба чавгони сари зулфат назарбозӣ

Дата добавления: 07.12.2015 Добавил: Администратор
Маро зебад ба чавгони сари зулфат назарбозӣ, Ки сар дарбозаму чун гӯй нагрезам зи сарбозӣ. Шикастабаста чавгонест, гӯӣ, зулфи шабрангат, Ки кас бо ӯ наёрад кард ҷуз боди саҳар бозӣ. Чӣ ширин ҳуққабоз аст он лаби пуришва, к-аз мардум Даҳони танги ту чун ҳуққа пинҳон кард дар бозӣ. Ба он лаб ҳар ки бозад ишқ, аз куштан наяндешад, Магас гар фикри ин кардӣ, накардӣ бо шакар бозӣ. Чӣ омӯзӣ ба он турра, ки чун фарзин ниҳад бандам, Чу қаҷбоз асту рух дорад, макун бо ӯ дигар бозӣ. Дило, бар гардан аз зулфаш туро тавқ он гаҳе зебад, Ки дар доми бало ҷонро кабӯтарвор дарбозӣ. Камол, ар ишқ бозию назар бо он ду рух авло, Ки дар лаъби муҳаббат нест худ з-ин хубтар бозӣ. Ман он беҳтар, ки бошам ринду омӣ, Ки некӯ нест ишқу некномӣ. Навиштанд аз азал бар сар чу ҷомам, К-аз он лаб бошадам бас талхкомӣ. Бад-он соид яқин шуд лофи симам, Ки он аз содагӣ будасту хомӣ. Маҳи нав з-абрӯяш худро фузун дид, Ҳамин бошад нишони нотамомӣ. Камол, ин панҷ байт он «Панҷ ганҷ» аст, Ки монда ёдгорӣ аз Низомӣ.

Показаны записи 1-10 из 534