Газели


Показаны записи 321-330 из 534

Рухи ту дидаму зоҳид наметавонад дид

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Рухи ту дидаму зоҳид наметавонад дид, Муроди мост, ки ҳосид наметавонад дид. Дигар ба савмаа хилватнишин куҷо бинад Маро, ки бе маю шоҳид наметавонад дид? Ба гардани ту нахоҳам, ки бинам он тасбеҳ, Ки ринд шакли муқаллид наметавонад дид. Касе, ки гӯшаи меҳроби абруят дидаст, Дигар касеш ба масҷид наметавонад дид. Ба нарди ишқи ту нақше зи каъбатайни мурод Варои ошиқи форид наметавонад дид. Равон нагашта ба саҷҷода ашк сӯфиро, Чӣ суди вирд, ки ворид наметавонад дид? Ба диданаш чӣ шитобад раванда бе ту Камол, Ки бе далолати муршид наметавонад дид? Рухи ту нур ба моҳи тамом мебахшад, Чу хилъате, ки шаҳе бар ғулом мебахшад. Маро, ки куштаи ҳаҷрам, зи лаб паём расон, Ки боз умри навам з-он паём мебахшад. Биёр себи зақан, гарчи нуқраи хом аст, Ки боғбон ба гадо ҳар чӣ хом мебахшад. Ҳарими васли ту чун Каъба манзил басафост, Маро сафои аҷаб он мақом мебахшад. Ба ёди зулфу рухи туст мири маҷлисро Даму нафас, ки ба ҳар субҳу шом мебахшад. Муриди бодафурӯшам, ки Шайхи Ҷом худ ӯст, Ҳар он ки з-ӯ мададе хост, ҷом мебахшад. Камол, бӯса диҳам, гуфт, бо ту, ё дашном? Ба ҳар ду нуқл хушам, ҳар кадом мебахшад.

Дидӣ, ки ёр ваъдаи худро вафо накард

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дидӣ, ки ёр ваъдаи худро вафо накард, Моро ба хеш хонду ба хилват раҳо накард. Бисёр лоба кардаму зориву бехудӣ, Он нохудойтарс дари баста во накард. Гар буд дар миёна ҳадисе, чаро нагуфт В-ар дошт шиквае зи ман он дам, чаро накард? Рафтам бад-он умед, ки ҳоҷат кунад раво, Аз дар равона кардаму ҳоҷат раво накард. Моро чу мӯи хеш парешон фурӯ гузошт В-аз рӯи лутф чашми иноят ба мо накард. Оҳам шунид, лек нафармуд раҳмате, Набзам бидид, дарди диламро даво накард. Гуфтам, ки рӯи дил ба суи дигаре кунам, Ҳусни вафову аҳди қадимаш раҳо накард. Не-не, шикояте натавон кард, эй Камол, Султони вақт гар назаре бар гадо накард. Рухат гулбарги худрӯ менамояд, Дар ӯ аз нозукӣ рӯ менамояд. Хаёли оразат дар чашми гирён Чу оби равшан аз ҷӯ менамояд. Ба рӯи дӯст монанд аст хуршед, Ба чашмам гарм аз он рӯ менамояд. Зи хубиҳо, ки дар туст, аз ҳазорон Даҳонат як сари мӯ менамояд, Рухи худ дид гул дар обу мегуфт: Агар накнам ғалат, ӯ менамояд. Чу мутриб хонд абёти ту, гӯянд, Ки ин гӯянда хушгӯ менамояд. Камол, аз рӯи он маҳ ҳар чӣ гӯӣ, Ба ваҷҳи ақл некӯ менамояд.

Дӯшина хаёлат ҳама шаб мӯниси мо буд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дӯшина хаёлат ҳама шаб мӯниси мо буд, То рӯз ду дасти ману он зулфи дуто буд. Маҷлис хушу дил ҷамъу мураттаб ҳама асбоб, Аз айш ба рӯи ту чӣ гӯям, ки чиҳо буд. Дар кулбаи мо меҳнати ҳаррӯза шаби дӯш Ташриф нафармуд, надонем куҷо буд? Ман дар аҷаб он лаҳза зи ташрифи висолат, К-он поя на дархурди мани бесарупо буд. Гар якдама васли ту харидем ба сад ҷон, Он ҳам сари як мӯи туро нимбаҳо буд. Андешаи хун рехтанам дӯш ба он чашм Бар азми ҷафо кардию он айни вафо буд. Гар дошт Камол аз ту ниҳон сӯзи ту чун шамъ, Бар сӯзи ниҳони-ш рухи зард гуво буд. Дӣ хиромон ба раҳе ёр маро пеш омад, Фитна овард ба ман рӯй, бало пеш омад. Зулфи мушкинаш агар дошт ба ошиқ сари ҷанг, Бо ман он рӯз ба сад гуна сафо пеш омад. Муҳташамвор ба ҳар сӯ, ки шуд он маҳ, ӯро Ҳама раҳ ошиқи дарвеши гадо пеш омад. Тӯҳфаи лоиқи маъшуқ чу дар даст надошт, Ошиқи зор ба зориву дуо пеш омад. Бар рухам гаҳ чу дуру гаҳ чу ақиқ омад ашк, Дидаро бе рухи ӯ бин, ки чиҳо пеш омад. Раҳ ғалат кардаму пай гум ба мулоқоти рақиб, Бозам он раҳзани дилҳо зи куҷо пеш омад? Нест дар ишқи ту хуни мижа махсуси Камол, Ки аз ин сел дар ин раҳ ҳамаро пеш омад.

Дӯшам зи қибла рӯй бар он остона буд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дӯшам зи қибла рӯй бар он остона буд, Ашкам зи дида сӯи дарат ҳам равона буд. Дар сар майи сабӯҳиву дар дидаҳо хумор, Ҷон бе лаби ту ташнаи ҷоми шабона буд. Аз холи орази ту фитодам ба банди зулф, Мурғе, ки шуд ба дом, сабаб обу дона буд. Ҷонам зи захми ғамза ба чашми ту мегурехт, Аз хастаги-ш майл ба беморхона буд. Чун дар сухан шуд он лаби ширин шакарфишон, Дар гӯшҳо ҳикояти Ширин фасона буд. Дил буду оҳу нола бар он дар кашид боз, Чун шамъи ҷонсӯхта худ дар миёна буд. Алқисса, з-ин фасона муроди дили Камол, Шарҳи ғами ту буд, дигарҳо баҳона буд. Дӯшина аз ӯ кулбаи мо шоҳнишин буд, Fамхонаи дарвеш беҳ аз хулди барин буд. Ҳам давлати султониву ҳам пояи шоҳӣ, Дар боргаҳи ишрати мо айш камин буд. Ҳоҷат ба маю нуқл нашуд маҷлисиёнро, К-он лаб ба шакарханда ҳам он буду ҳам ин буд. Аз гӯшаи хотир ба нишоти назари ӯ Андеша бурун омаду ғам низ бар ин буд. Дил рафт ба ҳайрат ҳама шаб дар сари он зулф, К-аз толеи шӯрида умедаш на чунин буд. Алқисса, ба наззораи он рӯй бирондем Айше, ки беҳ аз мамлакати рӯи замин буд. Минбаъд Камол аз аҷал андеша надорад, К-аз зиндагияш ғояти мақсуд ҳамин буд.

Дӯшам хаёли рӯи ту дар сар фитода буд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дӯшам хаёли рӯи ту дар сар фитода буд, Гӯӣ, дари биҳишт ба рӯям кушода буд. То ту зи дар дароиву маҷлис диҳӣ фурӯғ, Шаб то ба рӯз шамъ ба по истода буд. Соқӣ ба ёди рӯи туам ҳар қадаҳ, ки дод, Оби ҳаёт буд, ки хӯрдам, на бода буд. Ҷон аз лаби ту хост гузаштан ба нозукӣ, Он софдил, бубин, ки чӣ миқдор сода буд. Дар хоб дидамат, ки ба ман даст медиҳӣ, Давлат, нигар, ки дӯш маро даст дода буд. Саргаштае, ки буд ба пешат равон чу шамъ, Ҷоне ба даст кардаву бар каф ниҳода буд. Дард арчи кам набуд зи ҳар сӯ Камолро, Дӯш аз фироқи рӯи ту чизе зиёда буд. Дӯшам дил аз ғами ту бар оташ ҳаметапид В-аз дида бо хаёли лабат об мечакид. З-он лаб чу мешунид ҳадисе дили кабоб, Месӯхт, чун намак ба ҷароҳат ҳамерасид. Дар пеш мефиканд сари худ қатили ишқ, Аз шарми ин гуноҳ, к-аз он теғ мебурид. Нокарда сар қалам, сари зулфат куҷо кашем? Дол аст зулфи ту, натавон бе қалам кашид. Пеши ту рӯзу шаб чӣ барам номи меҳру моҳ, Чун меҳри дигаре натавон бар ту баргузид. Гирам, ки бод бо ту барад оҳи ин заиф, Аз бод нолаи паша камтар тавон шунид. Чашми Камол рӯи ту диду ба гиря гуфт: Чашми раванда чун ту дар иқлимҳо надид.

Дӯш чашмам зи фироқи ту ба хун тар мешуд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дӯш чашмам зи фироқи ту ба хун тар мешуд, Оҳи ман бе маҳи рӯят ба фалак бар мешуд. Ашк меомаду мешуст зи пеши назарам Ҳар чӣ ҷуз нақши ту дар дида мусаввар мешуд. Маҳ ба кӯи ту шаби чорда худбин мегашт, Чун ба оинаи рӯи ту баробар мешуд. Ҳар куҷо з-он лаби ширин сухане мекардам, Сухани қанд нагуфтам, ки мукаррар мешуд. Қадри васли ту дил имрӯз накӯ медонист, Агар он давлаташ ин бор муяссар мешуд. Ҳар насиме, ки шаб ба зулфи ту дар маҷлиси мо Мегузашт, аз дами ӯ шамъ муанбар мешуд. Сифати орази чун оби ту дар дафтари хеш Пештар з-он бинавиштам, ки варақ тар мешуд. Он ки вақте нигарон буд ба рӯи ту, Камол, Гар ҳамедид кунунаш, нигаронтар мешуд. Дӯш дар хонаи мо моҳ фурӯд омада буд, Хона равшан шуду дидем, ҳам ӯ омада буд. То бубинем маҳи талъати маймунфолаш, Қуръа андохта будему накӯ омада буд. Бо хаёли лабу он орази нозук, дар чашм Оби давлат ҳамаро боз ба ҷӯ омада буд. Медамид аз дами мушкини сабо бӯи биҳишт, Бӯй бурдем бар ӯ, з-он сари кӯ омада буд. Ҳар кӣ дидем чу чашму сари зулфаш он ҷо, Масту ошуфтаи он силсиламӯ омада буд. Нотамомии маҳ он шаб ҳамаро равшан шуд, Ки чу оина ба ӯ руйбарӯ омада буд. Дили девонаи худ сӯхта чун уд, Камол, Он парирӯи малакхӯй ба бӯ омада буд.

Дӯстонам саги ту мехонанд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дӯстонам саги ту мехонанд, Дӯстон қадри дӯстон донанд. Тезтар бошадам ба теғи ту меҳр, Ки ба теғи ту аз дарам ронанд. Бо рақибони тундхӯй бигӯй, Ки зи куштан маро натарсонанд. Кай гузоранд ҳосидон ба туам, Ки маро ҳам ба ман намемонанд? Аз рухат ҳам ҳақи назар бирасад, Гар ду зулфи ту ҳақ напӯшонанд. Чӣ дарахти гулӣ, ки аз сари шох Ҳар гуле бар тани ту ларзонанд. Ба ғуломӣ барор номи Камол, То ҳама халқ муқбилаш хонанд. Дӯш боди саҳарӣ зулфи ту меафшонид, Ҷон бадар мешуд аз он ҳалқа, ки меҷунбонид. Ёфт бӯи туву чун зулфи ту гардид ба сар, Он ки дар маҷлиси мо миҷмара мегардонид. Ваъз дар маҷлисиён ҳеч намекард асар, Дардманди ту зад оҳе, ҳамаро гирёнид. Он лаб афсӯскунон пурсиши дилҳо фармуд, Боз бар сӯхтагиҳо намаке афшонид. Дудҳо аз хату холи ту ба ҳар сӯ бархост, Партави рӯи ту то боз киро сӯзонид? Бӯи хун медамад аз хоки шаҳидони ғамат, Ин на хунест, ки бо хок тавон пӯшонид. Fамза то чанд кунӣ ранҷа ба озори Камол, Ки ба сад теғ нахоҳад зи ту дил ранҷонид.

Дили ман бе ту дигар дидаи бино чӣ кунад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дили ман бе ту дигар дидаи бино чӣ кунад? Дида бе манзари хуби ту тамошо чӣ кунад? З-он лабам менадиҳад дил, ки назар баргирам, Чашми сӯфӣ нашавад сер зи ҳалво, чӣ кунад? Доғу дарде, ки расад аз ту маро ҳаққи дил аст, Дил ҳақи худ накунад аз ту тақозо, чӣ кунад? Ошиқ аз шавқи ҷамоли ту чу гул ҷомадарон, ҳолиё кард ба сад пора, дигар то чӣ кунад? Порсо аз вараъу зӯҳд қабули ту наёфт, Бе иноят накунад фоида, инҳо чӣ кунад? Ёр бе ҷурм, гирифтам, ҳамаро кушт имрӯз, ҳеч бо худ накунад фикр, ки фардо чӣ кунад? Карда аз ҳар тарафе дарду бало қасди Камол, Дар миёни ҳама мискин тани танҳо чӣ кунад? Дили ман сӯҳбати дилдори дигар металабад, Хотирам бори дигар ёри дигар металабад. Ёри бадмеҳр ғами ошиқи мискин чу нахӯрд, Лоҷарам мӯнису ғамхори дигар металабад. Чӣ равам пеши табибе, ки чу дардам донист, Дамбадам бар дилам озори дигар металабад. Гар ниҳад бори ҷафо ёри мувофиқ бар ёр, Гарчи борест гарон, бори дигар металабад. Шуд малӯл аз лабу гуфтори мукаррар дили ман, Даҳани танги шакарбори дигар металабад. Дидаи ростназар бар гузари сарвқадон Қомати дигару рафтори дигар металабад. Булбул аст аз гули бо хор ба озор, Камол, Ки гули дигару гулзори дигар металабад.

Дил муқими дари он ҷону ҷаҳон мебошад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дил муқими дари он ҷону ҷаҳон мебошад, Хотир он ҷост, ки он ҷону ҷаҳон мебошад. Хуш бувад дилнигаронӣ ба чунон дилбанде, Ки бад-ин кас дили ӯ ҳам нигарон мебошад. Гар шудам ошиқу майхора, маро айб макун, Пири ман, к-ин ҳама дар табъи ҷавон мебошад. Ҳар куҷо мегузарам, ошиқу риндам хонанд, Ошиқ, оре, ҳама ҷое ба нишон мебошад. То насӯзӣ, нашавад шамъи дилат нуронӣ, Шамъро равшании хотир аз он мебошад. Ҳамаи шаҳр бигуфтанду нагуфтанд хилоф, Ки фалонро тамаъи васли фалон мебошад. Аз ғами ҳаҷр маяндеш, Камоло, чандин, Ки фалак гоҳ чунин, гоҳ чунон мебошад. Дили ман бори ҷафои ту на танҳо бикашад, Доғи ҷавру ситамат ҳар ду ба як ҷо бикашад. Ҷон ба яксар накунад бо сари шамшери ту қатъ, Ки чу зулфат ба қадамҳои ту сарҳо бикашад. Хуш бувад тири ту бар сина, вале он хуш нест, Ки камондори ту бозояду аз мо бикашад. Нарасад бар ту маҳи чорда бар гӯшаи бом, Гар зи хуршедрухӣ сар ба Сурайё бикашад. Ин ҳама бори ҷафо ошиқ аз он кард қабул, Ки дар он воқеа худро бикушад, ё бикашад. Қалами сунъ кунад рақсу сарандозиҳо, Дасти қудрат гар аз он сурати зебо бикашад. Мекашад нолаву оҳ аз дили ғамдида Камол, ҳар ки шуд ошиқи рӯи ту аз инҳо бикашад.

Дил, ки аз дарди ту пур шуд, ноларо чун кам кунад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Дил, ки аз дарди ту пур шуд, ноларо чун кам кунад? Марҳаму дармон куҷо ин дарди афзун кам кунад? Аз хурӯши куштагон гар заҳмате бошад туро, Fамзаи беморро фармо, ки то хун кам кунад. Оби чашмам кам нашуд, чандон ки мижгон баргирифт, Кас ба парвезан чӣ гуна оби Ҷайҳун кам кунад? Бо дусад ганҷи гуҳар гар кардамат қимат, маранҷ, Муштарӣ низ аз баҳои дурри макнун кам кунад. Гар ба ман бӯсе бубахшӣ, кам нагардад з-он ҷамол, Боз гӯӣ кай гадо аз ганҷи Қорун кам кунад? Рашкам аз зоҳид намеояд, ки гаҳ-гаҳ бинадат, Табъи номавзун чу майли шакли мавзун кам кунад. Гар чу шамъи хилватат сӯзад, забон макшо, Камол, Қиссаи сӯзи дарун ошиқ ба берун кам кунад. Дили гармам зи ту бар оташи ғам сӯхта бод! Оташи ишқи ту дар ҷони ман афрӯхта бод! Ҷон, ки хӯкарда ба ташрифи ҷафоҳои ту буд, Чун ту рафтӣ, ба балоҳои ту омӯхта бод! Ҷигари хаста ба шамшери ту гар пора шавад, Ҳам аз он кош ба як тири дигар дӯхта бод! Чун назар дӯхт ба ҳар тири ту чашм, он ҳама тир Якбаяк дар назари дӯхта андӯхта бод! Қимати банда чӣ донад, ки ба сад ҷони азиз Ҳам насими сари як мӯи ту бифрӯхта бод. Ту ба рух шамъиву парвонаи ҷонсӯз, Камол, Шамъ афрӯхта, парвонаи ӯ сӯхта бод!

Показаны записи 321-330 из 534