Газели


Показаны записи 311-320 из 534

Соқӣ, биёр бода, ки иди сиём шуд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Соқӣ, биёр бода, ки иди сиём шуд, Он маҳ, ки буд монеъи риндӣ, тамом шуд. Дардеҳ қадаҳ зи аввали рӯзам, ки баъд аз ин Ҳоҷат бад-он намонд, ки гӯянд, шом шуд. Имрӯз ҳар ки хидмати маъшуқу май кунад, Бахташ камина чокару давлат ғулом шуд. Бас хирқае, ки буд ба дукони майфурӯш, Тасбеҳу ҷома дар гарави нуқлу ҷом шуд. Бо зоҳидон магӯй зи мастиву завқи ишқ, Бар ошиқон ҳалолу бар эшон ҳаром шуд. Дар рӯи хуб гарчи тааммул мубоҳ нест, Имкони рухсат аст, ба ният чу ом шуд. Аз аҳли ишқ нанг надорад касе, Камол, Ҷуз нокасе, ки дар паи номусу ном шуд. Солҳо дил дар ҳавоят бар сари ҳар кӯ давид, Аз сабо нашнид бӯе аз туву ранге надид. Бар сари ҳар мӯям ар теғи ҷафо ронад рақиб, Як сари мӯи ман аз меҳри ту натвонад бурид. Медиҳам ҷон дар ҳавои лаъли ҷонбахшат, валек Бо чунин қалбе сияҳ натвон чунон гавҳар харид. Хоки он боди фараҳбахшам, ки аз кӯят вазид, Сайди он мурғи ҳумоюнам, ки бар бомат парид. Манзили мақсуд наздик асту раҳ эмин, Камол, Лек то он ҷо зи худ гар нагзарӣ, натвон расид.

Зи моҳтоби ҷамолат зи моҳ тоб равад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Зи моҳтоби ҷамолат зи моҳ тоб равад, Чӣ ҷои моҳ, сухан ҳам дар офтоб равад. Ту он дурӣ, ки зи пеши назар агар биравӣ, Маро зи дидаи гирён дури хушоб равад. Макун ба хуни дилам чашм сурх аз он, ки касе Тамаъ накард ба хуне, ки аз кабоб равад. Ба ҳасратат нигарам сӯи гул, вале зи сароб Зи ҷони ташна куҷо орзуи об равад? Кашидам аз ту ҷафои ҷаҳон, кӣ медонист, Ки бар ман аз малаки раҳмат ин азоб равад? Чу рафт дар сари ӯ сар, ту ҳам бирав, эй ҷон, Ки бо ту низ набояд, к-аз он итоб равад. Камол, чашми ту гар мебарад шаби ҳиҷрон Хаёли хоб, чунонаш бизан, ки хоб равад. Зи мастӣ чашми ӯ ҳаргиз ба ҳоли мо намеафтад, Ба ҳар ҷое бияфтад масту ӯ қатъо намеафтад. Ба кӯят ринди дурдикаш сабӯ бар сар барояд хуш, Чӣ майҳо дар сар аст ӯро, аҷаб, к-аз по намеафтад. Зи дурат кай тавон дидан чу бинмоӣ ба мо боло? Намебинем маҳ, то чашм бар боло намеафтад. Ба рӯзи сайд ҳар тире, ки андозиву гардад гум, Биё, он дар дили мо ҷӯ, ки дигар ҷо намеафтад. Чӣ хуш афтодааст он дурри якто бар баногӯшат, Ки бар гул қатраи борон чунин зебо намеафтад. Нахустин дидаҳо афтад бар он по, он гаҳе сарҳо, Ба хоки поят аз танҳо сари танҳо намеафтад. Шабе, к-он маҳ ба чарх ояд, Камол, он ҷо фикан худро, Ки сӯфӣ дар чунин рақсе ба давронҳо намеафтад.

Зи ғамзаҳои ту чандон ки ноз меборад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Зи ғамзаҳои ту чандон ки ноз меборад, Маро зи ҳар мижа ашки ниёз меборад. Сиришки мо зи ту борони навбаҳорон аст, Ки лаҳзае наситодасту боз меборад. Бирехт пайкари Маҳмуду чашми ӯ дар хок Ҳанӯз хун ба фироқи Аёз меборад. Зи дурии маҳи рӯят ду чашми бедорам Ситораҳо ба шабони дароз меборад. Чу хандаҳош, ки мерезадам намак ба ҷигар, Малоҳат аз лаби он дилнавоз меборад. Чу дурӣ аз рухи ӯ, бесафоӣ, эй сӯфӣ, Гар аз ҷабини ту нури намоз меборад. Зи тоби оташи рӯест оби чашми Камол, Ки ашки шамъ зи сӯзу гудоз меборад. Зулфат, ки бар суман гиреҳе анбарин занад, Тавқеи ҳусн бар варақи ёсамин занад. Мӯҳрест нақши хотами давлат, ки офтоб Онро зи меҳри орази ту бар замин занад. Ҳайф аст, агар ба хоки сари кӯят, эй санам, Ризвон дам аз латофати хулди барин занад. Суратгаре, ки нақши ту бинад, ғариб нест, Гар хатти насх дар рухи хубони Чин занад. Эй шоҳиде, ки шаҳди лабони чу қанди ту Сад бор таъна бар шакару ангубин занад. Гард аз ниҳоди гӯшанишинон бароварад, Турки камонкаши ту чу тир аз камин занад. То кай Камолро ҳаваси хоки пои ту Обе зи дида бар ҷигари оташин занад?

Зи хони васли ту то бо мани гадо чӣ расад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Зи хони васли ту то бо мани гадо чӣ расад? Ба ҷуз ҷигар ба гадоёни бенаво чӣ расад? Лабат, ки пуршакар аст, он ба ҳеч кас нарасид, Аз он даҳон, ки зи ҳеч аст кам, маро чӣ расад? Ҳазор ташна турову лаби чу қатраи об, Миёни ин ҳама аз қатрае ба мо чӣ расад? Ту кистиву ман, эй дил, ки ҷуръае з-ин ҷом Ба сад чу Ҷам нарасад, то ману туро чӣ расад? Чунин, ки бар сари кӯи ту теғ меборад, Ба ҷуз бало ба сари ошиқ аз ҳаво чӣ расад? Зи найзабозии мижгони шӯхчашмонам Синон ба сина расиду ҳанӯз то чӣ расад? Камол, чун нарасад ҷуз ҷафо зи аҳли вафо, Қиёс кун, ки зи хубони бевафо чӣ расад? Зи сӯзи ҷони ман он бевафо чӣ ғам дорад? Агар чароғ бимирад, сабо чӣ ғам дорад? Касе, ки барнакунад сар зи хоб чашмонаш, Зи оҳу нолаи шабҳои мо чӣ ғам дорад? Миёни айшу тараб подшоҳи неъмату ноз Бар остон зи ниёзи гадо чӣ ғам дорад? Дигар маро зи бало, дӯстон, матарсонед, Диле, ки шуд ҳама дард, аз бало чӣ ғам дорад? Ба кӯи ӯ наравӣ, зоҳидо, марав ҳаргиз, Ту гар биҳишт набинӣ, маро чӣ ғам дорад? Авом тири маломат ба ошиқ ар бизананд, Зи саҳми лашкариён подшо чӣ ғам дорад? Рақиб, гӯ, шунав он-ч аз дари ту хост Камол, Гадои кӯ зи саги ошно чӣ ғам дорад?

Зоҳиди борикбин лабҳои борики ту дид

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Зоҳиди борикбин лабҳои борики ту дид, Хонд «оллоҳумма борак» он даму бар вай дамид. Он ки дар хилват риёзатҳо кашидӣ солҳо, Шуд зи бӯят масту дар майхонаҳо соғар кашид. Сӯфии мо мекунад девонагиҳо дар самоъ, Оҳ, агар як оқилӣ мекарду з-ин май мечашид. Порсо гар бингарад он абрӯи шӯх аз камин, Ҳамчу чашмат беш натвонад ба меҳроб орамид. То тавон андохт худро ногаҳон дар кӯи дӯст, Ҳамчу ашки гармрав бисёр мебояд давид. Имшаб он маҳ гар чу шамъ аз хонақаҳ сар барзанад, Ҳоюҳуи сӯфиён бар осмон хоҳад расид. Бо дусад лофи каромат гар лабаш бинӣ, Камол, Боз бифрӯшӣ ба ҷоме хирқаи сад Боязид. Зи барги гул, ки насими абир меояд, Насими ӯст, аз он дилпазир меояд. Ҳадиси Кавсарам аз ёд меравад ба биҳишт, Чу нақши рӯю лабаш дар замир меояд. Бирехт хуни азизон, аҷабтар он, ки ҳанӯз Зи хурдӣ аз даҳанаш бӯи шир меояд. Надидам он руху аз ғам шудам бар он дар пир, Ҷавон ҳамеравад он ҷову пир меояд. Биё ба ҳалқаи риндон, ки он хати манзур Миёни аҳли назар беназир меояд. Касе, ки ҷома бурад бар қадат, кай ояд рост? Танат ба лутф чу беш аз ҳарир меояд. Камол дида нахоҳад зи диданат бардошт, Агар муоина бинад, ки тир меояд.

З-он миён ҳеч агар нишон бошад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
З-он миён ҳеч агар нишон бошад, Ин хабар ҳам дар он даҳон бошад. Гар миён бошадаш ба зери қабо, Хирқаи банда дар миён бошад. Гар даҳон гӯямаш, ки ҳаст он низ Сухане аз сари забон бошад. Дил зи сарви равони ӯ зиндаст, Ҳама кас зинда аз равон бошад. Гӯ, бирав ҷону ҷо ба ӯ бигзор, Ки маро ӯ ба ҷои ҷон бошад. Ақл гуфт: Ар ба ҳусн оне ҳаст, Он қаду абрӯи фалон бошад. Ин чӣ ҷои тааммул аст, Камол? Алифу нун барои он бошад. Зоҳид аз рӯи ту то чанд маро тавба диҳад? Гӯ, дуо кун, ки Худояш зи риё тавба диҳад. Гуфтаӣ, бар дари ӯ бас кун аз ин нолаву оҳ, Кас надидам, ки гадоро зи дуо тавба диҳад. Ошиқи рӯи туро з-ин ду бурун коре нест, Ё рақибаш кушад аз ишқи ту, ё тавба диҳад. Ройгон дил барад он абрӯву з-ин н-ояд боз, Шӯхи каҷбоз, кӣ ӯро зи дағо тавба диҳад? Шайх дар даври лаби ӯ ба касе тавба надод, Ҳама рафтанд ба майхона, киро тавба диҳад? Пеши лабҳои ту аз даъвии кӯчакдаҳанӣ Ғунчаҳоро ба задан боди сабо тавба диҳад. Муршид он нест, ки аз май диҳадат тавба, Камол, Муршид он аст, ки аз тавба туро тавба диҳад.

З-он пештар, ки дида ҷамоли ту дида буд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
З-он пештар, ки дида ҷамоли ту дида буд, Нақши ту бар сарочаи дил баркашида буд. Аз сояи пари магас озурда шуд рухат, Баҳри шакар магар сӯи он лаб парида буд? Рухсори зард ошиқи он рух ба зар харид, Ӯ худ чу бандагони дигар зархарида буд. Юсуф бубину ҳусн, мабин корд дар миён, Он теғи ғамза буд, ки кафҳо бурида буд. Борид теғу тир шаби ҳаҷр бар сарам, Дур аз ту, бин, чиҳо ба сари ман расида буд. Гӯӣ, ки буд акси баногӯши ёру дур Бар барги гул, ки қатраи борон чакида буд. Ғоратгари маонии маҷмӯаи Камол Дуздид, ҳар чӣ ёфт, сухан дар ҷарида буд. З-он пеш, ки ҷон дар тутуқи ғайб ниҳон буд, Акси рухи дилдор дар оинаи ҷон буд. Он дам, ки набуд аз дилу ҷон ҳеч нишоне, Бар чеҳраи ушшоқ зи номи ту нишон буд. Аз хоби адам дидаи дил ношуда бедор, Дар дидави дил нақши хаёли ту аён буд. Бо ҳалқаи гесӯи ту шӯридадилонро Ҳар ҳол, ки дар Каъба, ба бутхона ҳамон буд. Ишқ аз тарафи ёр падид омад аз оғоз, Маъшуқ шунидӣ, ки ба ошиқ нигарон буд. Ҳар нақш, ки аз коргаҳи ғайб баромад, Бурдем гумоне, ки туӣ он, на чунон буд. Дар пои ту ҷон дод Камолу зи ҷаҳон рафт, Алминнатулиллаҳ, ки таманнои ту он буд.

Рӯи чун моҳи ту ҳар бор, ки дар чашми тар ояд

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Рӯи чун моҳи ту ҳар бор, ки дар чашми тар ояд, Хубтар ояд аз он моҳ, ки дар об барояд. Дар ба занҷир бубандад ҳама вақту аҷаб аст ин, Ки дари давлатам он зулфи чу занҷир кушояд. Гӯйро турфа набошад, ки рабоянд халоиқ, Турфа он гӯи занахдон, ки дили халқ рабояд. Пераҳан лутфи танат з-он ки бипӯшид, чӣ ҳосил Остини ту ду соид чу ба ангушт намояд? Нолаву ашк чу хуноба ман аз дида набинам, Инчунинҳо ту кунӣ, эй дилу инҳо зи ту ояд. Пеши болои ту бар тарфи чаман сарви сиҳиро Боғбонон нагузоранд, ки густох барояд. Андалебаст Камол, омада дар боғи маонӣ, Ки бисозад ғазалу бар гули рӯи ту сарояд. Раҳ кушуданд, бор барбандед, Хештан зери бор мапсандед! Ин ҷаҳон дардхурда дандонест, Вораҳидед аз ӯ, чу баркандед! Баргрезони умр шуд наздик, Хира-хира чу гул чӣ механдед? Шохи бемева гар ҳама Тӯбост, Бибуредаш, ба мева пайвандед! Раҳнамоёни ишқ оинаанд, Пеши оина дам фурӯ бандед. То намояд рухи шумо ба шумо, Гар ҳама тӯтиву ҳама қандед, Ба фалак раҳбари шумост, Камол, Гар ҷаҳон зери пой афкандед.

Рӯи ту ба ҷуз оина дидан кӣ тавонад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Рӯи ту ба ҷуз оина дидан кӣ тавонад? Зулфи ту ба ҷуз шона кашидан кӣ тавонад? Қанди даҳанат шарбати хосе, ки зи лаб сохт, Дидан натавон хоса, чашидан кӣ тавонад? Чандон ки туӣ орзуи ҷони азизон, Бо орзуи хеш расидан кӣ тавонад? Дар зери лаб аз бими рақиби ту бар он рӯй Мо фотиҳа хондем, дамидан кӣ тавонад? Машшота диле дошт чу пӯлод ба сахтӣ, Варна зи чунон зулф буридан кӣ тавонад? Чун нест Камол аз суханони ту гузинтар, Касро ба сухан бар ту гузидан кӣ тавонад? Он ҷо, ки бихонанд баланд ин суханонро, Дигар сухани паст шунидан кӣ тавонад? Рӯи ту дидам, суханам рӯй дод, З-оина тӯтӣ ба сухан дарфитод. Сӯфияму мӯътақиди некувон, Кист чу ман сӯфии некэътиқод?! Хонаи чашмам, ки хаёлат дар ӯст, Ҷуз ба тамошои ту равшан мабод! З-омаданат рафт хабар дар чаман, Сарви равон ҷасту ба по истод. Маҳ, ки ниҳодӣ кулаҳи ҳусн каҷ, Рӯи ту дид, он ҳама аз сар ниҳод. Эй, ки фаромӯш наӣ ҳеч вақт, Вақт нашуд, к-оварӣ аз банда ёд?! Ёд кун аз ҳолати он, к-аз Камол Пурсиву гӯянд, туро умр бод!

Рухи чунин, ки ту дорӣ, кадом маҳ дорад

Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Рухи чунин, ки ту дорӣ, кадом маҳ дорад? Худо ҳамеша зи чашми бадат нигаҳ дорад! Бикуш нахуст маро, гар гунаҳ муҳаббати туст, Ки банда аз ҳама бисёртар гунаҳ дорад. Ғуломи он саги кӯям, ки чун шинохт маро, Бар остони ту камтар зи хоки раҳ дорад. Ба чини зулфи сияҳ чашмат оҳуи Хутан аст, Ки бар канори гулу сабза хобгаҳ дорад. Қиёмат аст ба хубӣ рухат, ки дар вай зулф Ба ҷурми зерпурӣ номаи сияҳ дорад. Чу кӯси ҳусн задӣ, қалби ошиқон машикан, Ки тоҷу тахти шаҳон зиннат аз сипаҳ дорад. Камол, фаҳми сухан нест дар гадотабъон, Сухан дур асту тааллуқ ба гӯши шаҳ дорад. Рӯят ба чунин дида тамошо натавон кард, Васли ту бад-ин сина таманно натавон кард. То дида нахуст аз ту назар вом нагирад, Наззораи он сурати зебо натавон кард. То ҳиммати воло нашавад раҳбари хотир, Андешаи он қомату боло натавон кард. Гар теғ кашад душману гар таъна занад дӯст, Қатъ аз туву савдои ту қатъо натавон кард. Дар давлати хубӣ ба гадоёни дари хеш Лутфе бикун имрӯз, ки фардо натавон кард. Ту доруву дармони дилу дидаи решӣ, Берун зи дилу дида туро ҷо натавон кард. Дарде зи ту дар ҷони Камол аст, ки онро Илло ба висоли ту мудово натавон кард.

Показаны записи 311-320 из 534